Танқиди ақидаҳои идеалистӣ

 

Дар атрофии ин масъалаҳо кайҳо боз муборизаи шадиди идеологӣ давом дорад. Аксарияти таърихшиносон, философҳо ва сотсиологҳои пеш аз Маркс ва Энгелс, ки ҳодисаҳои ҷамъиятиро ба тарзи идеалистӣ мефаҳмиданд, чунин мепиндоштанд, ки таърихро оммаи халқ не, балки шахсони алоҳида – шоҳон, сарлашкарон, қонунгузороне меофаранд, ки тамоми воқеаҳои муҳими таърих ба онҳо вобаста аст. Ин ақида рол ва аҳволи таҳқиромези оммаи меҳнаткашонро дар ҷамъияти синфӣ, кинаю адоват ва тарсу бими синфҳои ҳукумронро дар назди меҳнаткашон инъикос мекард ва инъикос менамояд.

Идеологҳои синфҳои ҳукумрон оммаи халқро бо тамасхур издиҳом, халқи авом меномиданд, ки вай гуё ба бунёдкорӣ не, балки фақат ба харобкунӣ қодир бошад. Ин нуқтаи назар дар ақидаҳои файласуфҳои немиси асри XIX Бруно Бауэр, Штирнер, дар ақидаҳоифайласуфони англис Томас Карлейл ва бисёр дигарон равшан ифода ёфт. Ба ақидаи Карлейл, таърихи умумиҷаҳонӣ тарҷумаи ҳоли одамони бузург будааст. Таърихро гуё одамони барҷаста – пайғамбарон, сарлашкарон, хирадмандон меофаридаанд. Тамоми он чӣ ки дар таърих ба амал омадааст, – мегуфт вай, – фақат таҷассуми фикри одамони бузург аст. Ин идеологи буржуазияи англис ба оммаи халқ бо тамасхур нигоҳ карда, роли онро фақат аз сабурӣ ва фармонбардорӣ ба истисморгарон иборат медонист.

Энгелс ақидаҳои Карлейлро танқидкунон гуфта буд, ки вай инсониятро ба ду рама тақсим мекунад: ба гусфандону бузҳо, ба ҳокимону мутеон, ба ашрофону халқи авом, ҷанобону аблаҳон. Дар Россия халқчиёни либералии солҳои 80 – 90 – ум пайравони ин ақида буданд. Онҳо халқро бо тамасхур издиҳом, мардуми номуташаккил номида мегуфтанд, ки он кур – курона аз қафои қаҳрамонон меравад. Халқчиёни либералӣ даъво мекарданд, ки прогрессии инсоният фақат ба «шахсони аз нуқтаи назари танқидӣ фикркунанда» вобаста аст. Онҳо қонунҳои объективии таърихро инкор карда, воқеаҳои таърихиро фақат аз амалу рафтори шахсони барҷаста иборат дониста, тактикаи ташкили суиқасдҳо ва террори индивидуалиро тарғиб мекарданд, ки он барои муборизаи инқилобии синфи коргар тактикаи бағоят зараноку хафнок буд.

Тасодуфӣ нест, ки В.И.Ленин дар асарҳояш ин ақидаҳоро ба зери тозиёнаи танқиди беамон гирифта, нишон дод, ки ақидаҳои мазкур ягон асосе надорад ва комилан реактсионианд. Вале ие «назарияҳои» субъективӣ – идеалистӣ, ки роли оммаи ҳалқро паст зада, шахсони алоҳидаро таърифу тавсиф мекунанд, ҳозир ҳам аз байн нарафтаанд.

Ин «назарияҳо» дар идеологияи фашизми немис, ки нисбат ба оммаи халқ руирост кинаю адоват тарғиб карда, ба онҳо ҳукми фавқулинсон, фюрерро муқобил мегузошт, дар шакли зишттарин таҷассум ёфтаанд.

Решаи гносеологии ин ақидаҳо дар он аст, ки ҷиҳати берунӣ, зоҳирӣ ва тасодуфии воқеа аз буданаш зиёд карда нишон дода, ба ҳадди мутлақ бардошта мешавад, ба ҷои ҷиҳати зарурӣ унсурҳои тасодуфӣ, ба ҷои унсури ботинӣ унсури ғайриасосӣ гузошта мешавад, яъне асоси инкишофи воқеаҳои таърихӣ таъриф карда мешавад.

Боз як нуқтаи назари дигар – нуқтаи назари объективӣ – идеалистӣ ҳаст, ки он роли шахсро дар таърих инкор мекунад. Тарафдорону пайравони ин ақида даъво менамоянд, ки қазову қадар, тақдир асоси тараққиёти ҷамъият буда, одамон фақат бозичаю лухтаки дасти тақдири муқтадир мебошанд. Масалан, файласуф – идеалисти барҷастаи немис Гегел одамони бузургро фақат вакилони руҳи ҷаҳонӣ меномид. «Дар таърих, – мегуфт вай, – ҳама чизро руҳи ҷаҳонӣ муайян менамояд ва одамон фақат амри руҳи ҷаҳониро ба амал меоранд».

Дар баробари ақидаҳои субъективӣ – идеалистӣ ва фаталистӣ ба таърих дар давраи пеш аз Маркс ҳам баъзеҳо кушиш карда буданд, ки ба фаҳмиши материалистии таърих наздик шаванд ва роли оммаи халқ ва шахсро дар таърих дуруст фаҳманд. Файласуфи итолёвӣ Вико, таърихшиносони Давраи Таҷаддуд Минбе, Терри, Гизо ва дигарон ба ҳалли ин масъала саҳми калон гузоштанд. Ин таърихшиносон мегуфтанд, ки тағйироти куллӣ дар ҷамъият на ба амали шахсони барҷаста, шоҳу амирон, балки ба амалиёти оммаи халқ ба муборизаи онҳо вобаста аст. Дуруст аст, ки таърихшиносони мазкур оммаи халқ гуфта, синфҳои доро – «табақаи сеюм» – ро мефаҳманд, ки сарвараш буржуазия буд. Ба фикри ин таърихшиносон, таърихро маҳз ҳаминҳо (на ин ки оммаи халқҳо) эҷод мекунанд, ки дар ақидаҳо, нуқтаи назари маҳдуди синфиашон ифода меёфт. Дар баробари ин онҳо роли шахсро дар таърих инкор карда, бо ҳамин ба мавқеи фатализм ғелида мерафтанд.

Дар фалсафаи пеш аз Маркс масъалаи роли оммаи халқ ва шахсро дар таърих демократҳои револютсионии рус Гертсен, Огарев, Белинский, Чернишевский, Добролюбов, Писарев ва дигарон муайян карда буданд. Чунон ки В.И.Ленин мегуфт, нуқтаи назари онҳо ба таърих бо руҳи муборизаи синфӣ фаро гирифта шудааст. Онҳо дар асарҳои худ қайд мекарданд, ки шахс не, балки халқ қувваи асосии таърих мебошад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.