Роли шахс дар таърих

 

Инак, мо дидем, ки дар таърих роли асосиро оммаи халқ мебозидааст. Вале аз ин ё он чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки фалсафаи иҷтимоӣ роли шахсро дар таърих, таъсири вайро ба рафти воқеаҳои таърих инкор мекарда бошад? Ҳеҷ гоҳ не.

Фалсафаи иҷтимоӣ баръакс роли ҳалкунанда доштани оммаи халқро дар таърих исбот карда, дар баробари ҳамин ба фаъолияти шахсони барҷаста ҳам дар таърих баҳои баланд медиҳад. Вале фаъолияти шахсони барҷаста фақат ба шарте муваффақиятнок мешавад, ки агар шахс дар рафтору кирдори худ орзую ҳаваси худсаронаи субъективиро не, балки талаботи модии ба амали қонунҳои объективӣ вобастаро асос гирад. «Ғояҳои детерменизм, – навишта буд В.И.Ленин, – бо ин ки зарурати рафтори инсонро исбот ва афсонаи пучи озодии иродаро рад мекунад ва ҳеҷ вақт на ақли инсонӣ, на виҷдон ва на арзиши амалиёти инсонро маҳв намекунад. Тамоман баръакс, фақат бо доштани ақидаи детерминистӣ ба масъала баҳои саҳеҳ ва дуруст додан мумкин аст, на ин ҳама чизро ба гардани иродаи озод задан. Монанди ҳамин ғояи зарурати таърихӣ ҳам роли шахсро дар таърих заррае кам намекунад: таърих ҳамагӣ маҳз аз амалиёти шахсҳо, ки бешубҳа қувваи фаъол мебошанд, бо ҳам меояд».

Дар таърих бисёр шахсони барҷастае маълуманд, ки фаъолияташон нисбатан прогрессивӣ бошад ҳам, азбаски ин арбобон сабабҳои тараққиёти таърихиро ба тарзи идеалистӣ мефаҳмиданд, дар ниҳояти кор дар рафтору кирдорашон қонунҳои объективӣ, талаботи моддии инкишофи ҷамъиятиро не, балки ғояю назарияҳои субъективиро сармашқи амал мекарданд.

Фаъолияти халқчиёни револютсионии рус низ ҳамин тавр буд. Гарчанде онҳо дар бораи халқ фикр мекарданд, вале объективона аз он дур буданд, роҳҳои ҳақиқии тараққӣёти Россияро намефаҳмиданд. Бинобар ин фаъолияти онҳо ҳам барор нагирифт. Халқ мақсади ин арбобонро нафаҳмид ва аз қафои онҳо нарафт.

Ҳамон арбобони таърихие ҳам, ки ҳаракати босуръати таърихро боздоштанӣ, чархи онро ақиб гардонданӣ мешуданд, шикаст хурданд ва шикаст хурда истодаанд.

Пас пайдоиши шахс дар таърих ба чӣ вобаста аст? Оё ба майдон омадани шахсони барҷаста зарурати таърихист ё як чизи тасодуфист? Таносуби зарурат ва тасодуф дар ин масъала чӣ гуна аст?

Шахсони таърихие, ки манфиати ин ё он синфро ифода менамоянд, одатан дар давраи дигаргунии қатъии таърих, яъне вақте ки дар назди ин синфҳо вазифаҳои муайяни таърихӣ баромада меистад, ба майдон меоянд. Маҳз дар ҳамин давраҳо ба шахсони ин вазифаҳоро ба ҷо оварда метавонистагӣ талабот пайдо мешавад. Аз ин ру, пайдоиши ин қабил шахсон ба талаботу эҳтиёҷоти ба ин шахсон доштаи синфҳо вобаста аст. Зарурати таърихӣ маҳз дар ҳамин ифода меёбад. Вале масъалаҳои дар назди ин ё он синф истодаро шахси конкретӣ мувофиқи характер, лаёқат ва майли худ ҳал менамоянд, ки ин бешубҳа тасодуфист. Зарурати таърихӣ ҳам, ба воситаи худи ҳамин тасодуф (пайдоиши шахсони конкретӣ) зуҳур меёбад.

Энгелс дар мактабаш ба Штаркенбург навишта буд: «Чунин ҳолат, ки маҳз анна ҳамин одами бузург дар мамлакати муайян, дар вақти майян пайдо мешавад, албатта тасодуфи холист. Аммо агар мо ин одамонро дур кунем, дар он сурат барои бо каси дигар иваз намудани у талабот пайдо мешавад ва ин гуна ҷонишин ёфт мешавад – ҷонишини каму беш муносиб бошад ҳам, аммо бо мурури замон ёфт мешавад. Ин ки Наполеон, маҳз ҳамин корсикагӣ, он диктатори ҳарбӣ буд, ки ба Республикаи Франсияи аз ҷанг бемадоргардида даркор шуда монд – ин як тасодуфи буд. Аммо агар Наполеон намебуд, роли уро каси дигар ба ҷо меоварад. Ин бо ҳамин исбот мегардад, ки ҳамеша ин хел одам дар вақти даркорӣ ёфт мешуд: Сезар, Август, Кромвел ва ғайраҳо».

Ҳамин тавр, пайдоиши шахсони барҷаста ба талаботи таърихӣ вобаста аст. Вале ин ки дар замони муайян инсон шахси конкретие ба майдон меояд, ки ин талаботро Каму беш муваффақиятнок ифода мекарда бошад, тасодуфист. Типии одамое ҳам, ки вазифаҳои муайянро иҷро менамоянд, аз бисёр ҷиҳат ба талаботи синфҳо, ба вазифаҳои дар назди онҳо истода вобаста аст. Масалан, вақте ки буржуазия синфи нисбатан прогрессивӣ буда, ба муқобили муносибатҳои феодалӣ мубориза мебурд, манфиатҳои вайро Дидро, Голбах, Волтер, Руссо барин бисёр одамони аҷибе ифода мекарданд, ки инсонияти тараққипарвар то ҳол аз онҳо фахр мекунад.

Маълум аст, ки вазифаҳои бузурге, ки дар назди пролетариат ҳамчун синфи нав истода буданд, роҳбарони тамоман нав, мутафаккирони барҷастаю гениалӣ – Маркс, Энгелс, Ленин, ҳамсафону, шогирдонашонро ба майдон оварданд, ки онҳо хислатҳои беҳтарини пролетариат, ғайрати бепоёни инқилобии омма, ақлу хиради коллективонаро таҷассум карданд. Алоқаи зичтарин бо муборизаи инқилобии оммаи халқ, ба ҳам пайваста тавонистани назарияи инқилобӣ ва амалияи инқилобӣ – чунинанд хислатҳои хоси роҳбарони типии нав, ки ин хислатҳо ба роҳбарони мазкур қувваи азим мебахшиданд ва ба оммаи халқ онҳоро наздик мекарданд. Одамони намоёну пешқадам ва шахсони роҳбарикунандаи ҳозира, бояд ин хислатҳоро дастури амалиёти худ гардонанд.

test

Добавить комментарий