Шахсият ва ҷамъият
Чамъияти инсонӣ аз одамоне иборат аст, ки дар ҷамъият зиндагӣ мекунанд ва талаботи гуногуни худро қонеъ мегардонанд. Вале ин оё чунин маъно дорад, ки дар байни ҷамъият ва шахсият алоқаи узвӣ набошад? Оё ин чунин маъно дорад, ки ҷамъият аз маҷмуи механики шахсони алоҳида иборат аст? Ҳеҷ гоҳ не.
Файласуфи сотсиологҳои идеалист муносибатҳои ҷамъият ва шахсиятро ба худ маҳз ҳамин тавр тасаввур менамоянд. Онҳо ҷамъиятро аз шахсият ҷудо карда, бо ҳамин индивидуализмро ҳимоя мекунанд. Исбот кардани мешаванд, ки ба ҷамъият, ба муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста набудани шахсият шарти муҳимтарини озодии инсон аст.
Вале одамонро аз ҷамъият, аз муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷудо кардан мумкин нест. Одам фақат дар ҷамъият, дар муҳити муайяни иҷтимоӣ одам мешавад. Берун аз ин муҳити иҷтимоӣ, берун аз муносибатҳои иҷтимоӣ одам дигар одам нест. … «Моҳияти одам, — навишта буд Маркс, — абстракте нест, ки ба индивиди алоҳида хос бошад. Моҳияти одам дар ҳақиқат маҷмуи муносибатҳои ҷамъиятист».
Аз ин ру, хусусиятҳои инкишофи шахсият, моҳияти вайро фақат вобаста ба муносибатҳои иқтисодӣ, синфӣ, миллӣ, оилавӣ ва бисёр муносибатҳои дигар фаҳмидан мумкин аст, вале аз ин чунин хулоса намебарояд, ки шахс дар ҷамъият нест шуда мерафта бошад. Баръакс, хислатҳои хоси шахс боқӣ мемонад, ҳар як шахс ба инкишофи ҷамъият ҳиссаи муайяне мегузорад. Вале ҳиссаи шахс ба инкишофи ҷамъият дар форматсияҳои мухталифи ҷамъиятӣ – иқтисодӣ гуногун аст, ки ин ба муносибатҳои гуногуни иҷтимоӣ вобаста мебошад.
Дар шароити ҷамъияти синфӣ, ки дар он моликияти хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот ҳукумрон аст, дар байни ҷамъият ва шахсият антагонизм пайдо мешавад. Оммаи меҳнаткашон бераҳмона истисмор карда мешаванд, онҳо аз озодиҳои оддитарин маҳруманд. Дар ин ҷо ба нобаробарии иқтисодӣ нобаробарии иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавӣ зам мешавад. Идеалистон ақида доранд, ки созгори ҷамъият ва шахсият асоси ҷамъияти синфӣ аст. Вале асоси ин ҷамъият созгории (гармонияи) ҷамъияту шахс не, балки индивидуализми руирост, бадбинии ҳамдигар, адоват, нобоварӣ мебошад. Одам душмани одам аст – ин аст шиори ҷамъияти синфӣ, хусусан ҷамъияти капиталистӣ. Нафъи худ, тамаъкорӣ, корчаллонӣ, бахте, ки ба ивази бадбахтию ҳалокати дигарон ба даст меомада бошад – чунин аст симои маънавии ин хел ҷамъияти инсонӣ, ки шахсиятро маъюбу маслуқ карда, вайро аз маҳлуқи бошуур ба изофаи машина табдил медиҳад.
Фақат дар шароити ҷамъияти инсоние, ки дар он моликияти хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот барҳам хурда, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ пойдор мегарданд, барои ташаккули шахсияти ҳақиқатан озод шароити ҳақиқӣ фароҳам оварда мешавад.
Одами нав маҳз дар меҳнат, дар коллектив ташаккул меёбад. Ба вай индивидуализм не, балки коллективизм, дустӣ, рафоқат, ғамхорӣ дар бораи инкишофи ҷамъият, нашъунамои иқтисодӣ ва мадании ин ҷамъият хосанд. Кас худро фақат бо меҳнати бошууронаю эҷодӣ ба корҳои азими халқ шарик карда метавонад. Фақат ба воситаи меҳнат он мақсадҳоеро ба таври аёнӣ дидан мумкин аст, ки ягонагиро бо халқ ҳис кардан мумкин аст, ки ҳар кас ба ту одами наздик, бародар мешавад. Ва агар ту дар кори хурди худ мақсади калонеро дида, моҳияти калони уро ҳис кунӣ, он гоҳ меҳнати ба назари аввал оддитарин ҳам дар дили ту шуъла афрухта метавонад. Кор ба назорат матлубу азиз гардида, ба он аз дилу ҷон меҳр мебандӣ.
Ба ҳамин тариқ, фақат дар ҷамъияте, ки асосаш моликияти ҷамъиятиву коллективӣ буда, аз моликияти хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот, аз зулму истисмор озод аст, барои нашъунамои шахсият, барои ба ҳам мувофиқ кардани манфиатҳои ҷамъият ва шахсият замина муҳайё мешавад, зеро дар ин ҷо манфиатҳои куллию муҳими ҷамъият ва шахсият ба ҳам мувофиқат мекунанд. Онҳоро мақсади олӣ – сохтмони ҳаёти нави ҷамъиятӣ муттаҳид менамояд.
Бешубҳа, ба ҳам мувофиқат кардани манфиатҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ чунин маъно надорад, ки дар ҷамъият умуман дар байни ҷамъият ва шахсият зиддият вуҷуд надошта бошад. Ин гуна зиддиятҳо доимо ҳастанд, чунки дар ҷамъият одамони шуурашон олудаи урфу одатҳои гуногун ҳастанд.Одамоне низ ҳастанд, ки қоидаҳои зиндагии умумиро вайрон мекунанд. Аммо ин гуна зиддиятҳо нисбат ба моҳияти ҷамъияти нави инсонӣ дуюмдараҷа ва ҳосилавӣ мебошанд.