Арзиш ва аксиология

 

Нақша:

  • Арзиш ва аксиология. Навҳои арзиш.
  • Манфиат ва талабот. Навъҳои талабот.
  • Айёниятҳо: Маводи сайёри №Мафхуми арзиш дар фалсафа барои ифодаи тамоми шаклхои мавчудоти ходисахои олам, ки фаъолияти инсону муносибати вай дохиланд ба сифати «мавзуи арзиш» ё «максади муносибатхои арзиш», карор гирифта, макеи фоидаву, зарар, некию бади, ростию дуруг, зебоию безеби, мумкину номумкин, адолату беадолат, бахо дода мешавад.

    Арзиш зухуроти айни буда ба ашёву ходисахои олам хос мебошад ва аз фаъолияти харрузаи одамон барои конеъ гардонидани талаботхои моддию маънавии онхо бармеояд.

    Дар фахмиши инсони мафхумхои фоиданоку зарарнок, арзишноку беарзиш бошуурона дарк карда мешавад.

    Масалан мафхумхои «арзиш» ва «боигарӣ» гарчанде хаммаъно бошанд, хам як нестанд. Чунин холатро дар таносуби мафхумхои «боигарии модди» ва «арзиши моддӣ» дидан мумкин аст.

    Масалан вобаста ба мафхуми «озодӣ», ки хамчун арзиши ичтимои-сиёси боигари вале хеч гох модди шуда наметавонад.

    Арзиш хосиятест, ки баро конеъ гардонидани талаботи одамон зарур аст. Чунончи дар бораи оксиген сухан ронда фоиданокии онро таъкид кардан кифоя нест, зеро барои мавчудияти инсон оксиген на танхо фоиданок балки зарур аст. Аз ин рў мафхуми «фоиданокӣ» на меъёри кули арзиш, балки хосияти чузъии он ба назар мерасад.

    Мафхуми «арзиш» бошад танхо ба чихатҳои бо хам ахамиятнокии ходисахо алокаманд аст.

    Арзиш – ифодаи мохияти ашёю ходисахо, ва хосияти онхо, (зарур, фоиданок, гуворо…) мебошанд, ки дар муносибатхои чамъиятии одамон синфхо, гуруххои ичтимоӣ ва шахсони алохида хамчун воситаи конеъгардонии талаботу манфиатхо, гоя ва майлу рагбати онхо зухур ёфта дар шомили норма, максад, ё идея арзи вучуд мекунад.

    Дар мухити вокеи ашё, чиз, ходисае нест, ки инсон нисбати он муносибатхои арзиши зохир накунад. Дар адабиёти фалсафа арзишхои вокеии экзистенциали,фикри, меъёри, идеали ва гайра арзёби мешавад. Арзишхои вокеи арзишхоянд, ки дар чомеа бо таври айни арзи вучуд доранд.

    Чомеа доимо дар инкишофу тагирёбист. Вобаста ба ин арзишхо низ тагйир ёфта гани мегарданд. Чунончи холо дар назди чомеа бунёди давлати хукукӣ, демократию дунявӣ хам он холо хам вокеӣ нест, балки максаду орзуи чомеа мебошад чунин арзишхоро арзишхои ормону арзуи меноманд.

    Баъзе файласуфхо арзишхоро соф меъёри ва максаднок мехисобанд. Решахои ин акида аз таълимоти И. Кант бармеояд. Вай мафхуми арзишро ба ахлок марбут медонад. Пайравони у кантчиёни чадид В. Виндельбанд. Г. Риккарт арзишхоро ба сохахои маданият низ чори намудаанд.

    Таснифоти дигари арзишхо низ вучуд дорад. Онро ба арзишхои хаёт ва арзишхои мадиният чудо мекунанд. Хаёти инсон табии вале маданият натичаи фаъолияти одамон мебошад. хаёт ва фаъолияти инсон асоси бунёди маданият ба хисоб меравад.

    Арзишхои маданият ба моддию маънавӣ чудо мешаванд. Инчунин арзишхои ичтимоию сиёсӣ низ ба назар гирифта шудааст.

    Ба акидаи сотсиологи англис Р. Мертон инкишофи илм ба 4- арзиши асоси такя менамояд.

    Арзиши унверсали, 2.Арзиши умуми. 3. Арзиши бегаразона. 4. талқонияи мутташакил.Аксиология – аз калимаи юнони «axia» ва «Logos» – таълимот гирифта шуда мавзуи бахси он мохияти фалсафаи арзишхо мебошад.

    Аксиология хамчун таълимот дар бораи арзишхо дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX, ташаккул ёфта аз тарафи равияхои гуногуни фалсафӣ, аз чумла фалсафаи марксистӣ эътироф шудааст.

    Мафхуми аксиология аввалин бор аз тарафи файласуфи фаронса П. Лапи ва файласуфи олмони Э. Гартман истифода бурда шудааст.

    Аксиология дар фалсафаи идеалистӣ дорои хусусиятхои зерин аст.

    а) Фахмишу маънидори идеалистии ходисахои чамъияти;

    б) Хамчун илм инкор намудани фанхои чомеа шиноси дар бораи таткики конуниятхои айни инкишофи чомеа, хасти, ва шаклхои шуури чамъияти;

    в) Химоятгари арзишхои ичтимои, сиёси ва фархангии чомеаи сармоядори.

    Дар аксиология равияхои зерини назарияи арзишхо чудо карда мешаванд: натуралисти, равони, трансендентали, аналогизими персонали релтавизми мадани – таърихи, сотсиологи ва гайрахо.

    Намояндагони шинохтаи назарияи арзишхои натуралисти А. Мейнонт, Р. Пери, Ч. Дьюи, К. Льюис мебошанд. Хусусияти хоси назарияи натуралисти дар он аст, киталабохои биологию равонии инсон натичаи мушохидаи империкии вокеият мабдаи арзишхо хисобида мешаванд.

    2) Аксиологияи транссендентали (зехни), ки кантчиёни падид В. Виндельбанд, Г. Риккери, Кон аз пайравони ин чараёнанд, арзишхоро чун хастии идеалис мехисобанд, ки на ба хиссиёти, ба яки танхо ба шуури транссендентали мансутанд.

    Масалан, дар таълимоти М. Жилер зинахои арзишхои инсони ба таври зайл муайян шудаанд. а) Мукаддас; б) дохӣ ё нобига; в) кахрамон; г) дохии маънавӣ; д) рассом.

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.