Пешгуихои ичтимои ва масоили
Накша:
Пешгуикунӣ чист7 Меъёр ва навъҳои пешгўикунӣ.
- Инқилоби илмӣ – техникӣ ва оқибатҳои он.
- Масоили мубрами муосир ва роххои халли онхо.
- Айёниятҳо: Маводи сайёри №Пешгўи – дониш дар бораи оянда, яъне дониш дар бораи он аст, ки хануз дар вокеият вучуд надорад, танхо дар шакли заминахои имконпазири зехнию айнии чараёни инкишоф: шароити моддию техники, захирахои гуногун, нерухои зехни, максади муайяни одамон, таносуби нерухои ичтимоию сиёси ва гайра мавчуд мебошанд.
Асоси назарияи пешгуиро кобилияти инъикоси пешакии вокеият аз чониби системаи олии асаб ташкил медихад. Бо баробари пешрафти илму техника ва афзоиши давраи фаъолияти амалии одамону чомеъа кобилияти пешгуи, натича ва окибатхои дури табиию ичтимоии онхо барои инсоният ахамияти бузург пайдо мекунад.
Бояд гуфт, ки барои ташхиси мархилахои пешгуйии инкишофи инсоният тахлили илмии гузаштаи он дорои ахамияти бузург аст.
Мархилахои инкишофи ояндаи инсониятро тахкик карда, дар бораи ояндаи бевосита, ояндаи мушохидавӣ, ояндаи эхтимолӣ низ метавон сухан ронд. Яъне, хар кадар аз имрўза дур бишавем, ҳамон қадар донишамон дар бораи оянда камтар ва тахминӣ мешавад.
Инкилоби демографӣ, бархам хурдани акибмонии иктисодии кишовархои ру ба рушт, интикол ба чомеъаи демократию инсонгарои аз байн рафтани фарки байни шахр аз дехот, мехнати чисмони аз фикри ва гайра тавассути ояндаи мушохидави чашмхурдор мегардад.
Пешгуии хилофи фатализм (казову кадар, такдиру насиб) аст.
Пешгуи усулхо ва навъхои мухталифи худро дорад.
Роххои пешгуикуни инхоянд:
Имтидодӣ
- Киёсӣ ё шабохати таърихӣ
- Тарх ё намунасозии компютери. 4. Тахрезии манзараи оянда. 5. Баходихии экспертиХар як усул дорои бартари ва камбудист
Имтидодӣ – дониш аз гузашта ба имрўз ва аз он ба оянда аст. Чунин усули пешгуикуни аст, ки ба илм такя карда, донишро ба дарки оянда равона мекунад.
Киёси ё шабохати таърихӣ – ба ин усул метавон имруза ва ояндаро бояд ба хусусиятхои гузашта шабохат дод. Дар ин бобат файласуфи олмони Георг Вильгельм Гегель менависад: «Ба хокимон, шахсиятхои давлати ва халкхо маслихат медихад, ки аз тачрибаи таърихи сабак, омузанд, вале тачрибаи таърихи нишон медихад, ки халкхою хокимият хеч гох аз таърих чизеро намеомухтаанд ва тибки сабакхое, ки аз таърих андухтан зарур буд, амал накардаанд».
Санчишӣ – усулест, ки бо тасаввуроти амики илми такя намуда, натичахои бадастомадаро дуруст шарх медихад.
Пешгуихо вобаста ба мохияташон чор навъ мешаванд:
Чустучуи – чи тавр будани ояндаро тарх мекушад.
- Меъёри – дар оянда чи тавр ба даст овардани максадхои муайянро инъикос мекунад.
- Тахлили – барои муайян кардани арзишхо усули воситахои тахкикро дар оянда муайян мекунад.
- Огохкунанда – ба хотири таъсири бевоситаи зехну рафтори одамон, ки аз ояндаи дарназардошта чилавгири бояд бикунад, тартиб дода мешавад.
- II. Инқилоби илми техники нимаи дуюми асри ХХ сурат гирифт. Техника аз ин хотир худ маънои хунар, махоратро пайдо кард. Рушди ин соха пеш аз хама дар инкишофи куввахои истехсолкунанда табаддулоти азими технологи ворид кард. Яъне, чои мехнати дастиро воситахои техники иваз намуданд. Хусусан, инсоният ба чунин дастовардхо: компютер, неруи атом, ракетахои кайхони, нури лазери, биотехнология ва гайра, ки олами кунуниро ба таври кули тагир метавонистан дод,махз дар ин ноил гардид.Самти асрсии давраи нави инкилоби илми – техникиро мироэлектроника, информатика, техникаи автомати, биотехнология, асбобхои, неруи атомию саноати кайхони ва гайра муайян мекунад.
Илму техника на факат чихати мусби, хамчунин манфи низ дорад.
Монанди: Чанги термоядрои, бухрони экологи ва гайра.
III. Ба масоили муштараки муосир дохил мешаванд: Чилавгирӣ аз чанги чахонии термоядрӣ, аз байн бурдани акибионии иктисоди; бархам додани махви бесаводи, аз байн бурдани бурхони экологи; ба эътидол овардани рушди бо суръати нуфус (таркиши демографи); мубориза алайхи терроризм, истеъмоли маводхои мадхушкунанда, мубориза алайхи касалихои сирояткунанда ва гайрахо. Мафхуми «масъалаи муштарак» солхои 60 – уми асри ХХ дар Аврупо мавриди истифода карор гирифт. Ба рушди он асосан, клуби Рим такони зиёд дод.
Окибатхои чанги термоядрои нишон медихад, ки барои ба халокати сахт дучор шудани сайёра 5% — аслихаи захирахои давлатхои бузург басанда мебошад.
Дар давоми 500 – соли охир аз 3 – ду хиссаи чангалзорхо аз чониби инсоният дар замин нест карда шуданд.