Прогрессии ҷамъиятии замони ҳозира ва хусусиятҳои асосии он

 

Аҳамияти ин мавзуъ барои фалсафаи иҷтимоии ҳозира хеле бузург аст. Дар пеши аҳли ҷамъият саволе ба миён мояд, оянда ба одамон чиро ато мекунад, ҷамъияти инсонӣ ба куҷо меравад? Маънои пешрафти одамон дар чист? Маънои пешрафти одамон чист? Ва ғайра, яъне маънои пешрафти ҳаёти одамонро чӣ гуна фаҳмидан мумкин аст.

Онон, ки куҳан буванду онон, ки наванд,

Ҳар як паси якдигар як бишаванд,

Зин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,

Рафтанду равему боз оянду раванд.

Ин саволҳо дар пеши тамоми таърихи ҷамъият кундаланг меистоданд ва ба онҳо мутафаккирони давраҳои гуногун ҷавобҳои мухталиф медоданд.

Ғояи прогрессии ҷамъиятро дар асрҳои XVIII – XIX мутафаккирони бузург Тюрго, Кондерсе, Гердер, Гегел, Волтер, Дидро, Руссо, Сен – Симон, Ш. Фуре, Д.Рикардо ва даҳҳо олимони ҳозира ба пеш гузашта, ҷавобҳои гуногун додаанд. Ба ин масъала дин ва намояндагони он ҳам нуқтаи назари худро баён кардаанд.

Масалан, дин пешрафти ҷамъиятро дар ҳафт фалокати олам, дар рафти гирдбоди абадӣ мебинад. Олими машхур Чон Батист Вико дар пешрафти сиклноки, ки он гуё даврахои муайянро дар шакли сиклхо (даврахо) мегузаронад, мебинад. Мутафаккирони Олами кадим Гесиод дар асараш «Мехнат ва айём» гояи «асри зарин» – ро пешниход мекунад, ки гуё таърих якчанд давраро (5 давраро) аз сар гузаронида, ба «асри зарин» мебарад, ки гуё одамон дигар бе мехнату машаккат хама чизи лозимаро тайёр ёфта метавонанд.

Файласуфхои томарксисти хам пешрафти чамъият ва меъёри онро баён карда натавонистанд.

Онхо ба таври идеалисти меъёри пешрафтро дар аклу хирад, интеллект дарки озоди (Тюрго, Кондерсе, Гегел) медиданд. Ё ба таври гайридиалектики, бе зиддиятхои пешрави, бор охи рости эволютсиони, бе чахишу зиддиятхо (О.Конт, Спенсер) мухокима меронданд. Баъзе дигари файласуфо назарияи пешрафти чамъиятро дар доираи як форматсия, яъне чамъияти капиталисти (материалистхои асри XVIII Монтеске ва гайра) медиданд, ки гуё аз капитализм он тараф пешрафти чамъияти нест ва намешавад.

Масъалаи мохият, меъёр ва куввахои пешбарандаи прогрессии чамъияти аз тарафи файласуфхои марксист дар миёнаи асри XIX равшан муайян карда шуд. Онхо ин проблемаро ба тарзи истехсолоти чамъияти бевосита вобаста намуданд ва ягонагии куввахои истехсолкунандаю муносибатхои истехсолиро хамчун меъёри прогрессии (пешрафти) чамъияти инсони пешгуи кардан два нишон доданд (ба таблитсаи 18 нигаред).

«Инкишоф» барои равшан кардани ин масъала мафхумхои «Тараккиёт», «Прогресс» ва «Регресс» – ро равшан кардан лозим аст.

Инкишоф – тараккиёти бебозгашт, тараккиёти конуни, зарури, тараккиёти сифати, мохиятдор ва такроршаванди чизхо, ашёхо, ходисахои олами модди мебошад.

а) Тараккиёт гуфта, хамагуна тагйирёбиро меноманд: тагйирёбии аз поён ба боло, аз боло ба поён, аз сода ба мураккаб, аз мураккаб ба сода, аз чузъи ба умуми, аз умуми ба чузъи, аз тасодуф ба зарурат, аз зарурат ба тасодуф, аз сабабият ба натича, аз натича ба сабабият, аз шакл ба мазмун, аз мазмун ба шакл, аз мохият ба вукуъ, аз вукуъ ба мохият ва гайраву гайрахо.

б) Прогресс (аз лотини – пешрави, мувафакият (успех)) бошад, он тараккиётеро меноманд, ки майли пешравии он аз поён ба боло, аз сода ба мураккаб, аз чузъи ба умуми, аз номаълум ба маълум ва гайра мебошад.

в) Регресс (аз лотини – акси пешрави, бемувафаккияти) майлаш аз боло ба поён, аз мураккаб ба сода, аз умуми ба чузъи, аз маълум ба номаълум ва гайра мебошад (ба таблитсаи 19 нигаред).

Ин мафхумхо дар назария ва бештар дар амалияи тибби хамавакт истифода бурда мешавад (бемори прогрессиви карда истода аст, холати бемор ба регрессиви рафта истодааст ва гайра).

Фалсафаи ичтимои анику равшан намуд, ки мохияти пешрафти чамъияти ба тарзи истехсолот вобаста буда, асоси пешбарандаи он аз поён ба боло мебошад, ба баъзе качу килеби, акибравихои муваккати нигох накарда хама вакт чамъияти инсони ба пеш харакат мекунад. Шохиди он ин аст, ки куввахои истехсолкунандаи чамъияти бетанаффус майли инкишоф доранд, чунки асоси онхо олоти истехсолот, воситахои он ва одамон мебошад, ки доимо кушиш менамоянд, онхоро такмил диханд, мукаммал кунанд, ки истехсолот ва такрористехсолро ба чо оваранд ва чамъиятро бо хамаи компонентхояш ба пеш баранд.

Прогрессии чамъияти дар он зохир мешавад, ки хар як форматсияи чамъияти, ки паси хамдигар меоянд, аз хамдигар фарк мекунанд ва пешкадамтар мебошанд. Ин пешрафт дар дохили хар як форматсияи иктисодии антагонисти хам дида мешавад, чунки вай дар ибтидои инкишофаш характери прогрессиви дошта, дар охири умраш то як дарача характери пусандаги ва реаксиониро мегирад.

Пешрафти чамъият дар сохахои алохидаи хаёти чамъияти низ дида мешавад: иктисодиёт, дар маданият, ахлоку аклу хирад, дар инкишофи дин, прогрессии илм, адабиёт, санъат, техника ва гайра. Масалан, прогрессии илми – техники, инкилоби илми – техники ва гайра.

Инкишофи прогрессии илми дар асоси конуни фалсафаи инкори инкор ба амал меояд, яъне хар як форматсияи чамъиятие, ки ба вучуд меояд, инкори форматсияи чамъиятии гузашта буда, тарафхои мусбати онро мегирад ва истифода мебарад. (Геометрияи евклиди ва гайриевклиди дар илмхо ва гайра).

Худи протсесси ба дигар форматсия мубаддалшавии онхо мунтазамии тараккиёту пешравиро ифода мекунад. Масалан, агар ташаккулёбии чамъияти обшинаи ибтидои як миллион солро дар бар гирифта бошад, чамъияти гуломдори 3 – 3,5 хазор солро, феодали 1,5 – 2 хазор солро дарбар гирифт, хол он ки капитализм хамаги дар байни 400 сол ташаккул ёфт.

Меъёри прогрессии чамъияти, чих еле ки дар боло таъкид шуд, куввахои истехсолкунанда бо якчоягии муносибатхои истехсолии ба онхо мувофик мебошанд, чунки элементхои асосии он олоти истехсолот, воситахои он ба худи олам бо мохияти фаъолию аклии дар чамъият доштаи он мебошад. Омили инсони дар прогрессии чамъияти роли мухимро мебозад.

Дар таърих роли омили инсони ахамияти беш аз пеш пайдо мекунад.

Ин чараёни комилан конуни ва объективист. Сабаби ин дар он аст, ки сахми омили бошуурона дар амалияи чамъиятии таърихи назар ба амалияи стихияви торафт зиёд мешавад. Ин шояд окибати он бошад, ки дар шароити васеъ шудани арсаи фаъолияти инсон, мураккабии хелу шаклхои он, хамчунин дар микёси умумичахони бо хам вобаста будани одам, табиат ва чамъият, инсон факат туфайли дар майдони калони ичтимои бошуурона ташаккул кардани фаъолияташ ба пешрафт умед баста метавонад.

Типхои прогресси чамъияти дар асоси форматсияхои иктисоди муайян карда мешавад. Хар як форматсияи чамъияти типи муайяни пешрафти он мебошад ва дорои зиддиятхои чукури чамъияти аст, ки ба тарзи истехсолот ва дигар сохахои он вобастаанд.

test

Добавить комментарий