Проблемахои умумибашари ва роххои халли онхо
Дар фалсафаи ичтимои чои муайянро проблемахои умумибашари (ё глобали) ишгол мекунанд. Проблемахои умумибашари барои он номида мешавад, ки халли онхо ба ин ё он мамлакат ё давлати алохида вобаста нест. Ингуна проблемахоро бо кувваи хамаи мамлакату халкхо ё аксарияти давлатхо хал намудан мумкин аст. Дар замони хозира дар чахон чунин шароит ва низоми иктисодию сиёсие ташаккул ёфтааст, ки бисёр масъалахои гуногунро хама халку мамлакатхо бояд якчоя хал намоянд, чунки онхо характери умумибашари доранд (ба таблитсаи 20 нигаред). Кадоманд ин проблемахо? Масалан, киштие ки бо одамон дар бахр шино мекунад. Хама фикри тезтар ба лаби он расиданро дорад, хол он ки хар шинокунанда марому максади махсуси худро дорад.
Масалан, проблемаи чанг ва сулх , экология ва демография, озукавори, саломатии инсон ва чамъият (касалии СПИД, касалихои насли, шинондани узвхо ва гайра).
Масалан, дар замони хозира чунон шароити чамъиятие дар чахон ба амал овардааст, ки хеч як давлати алохида чангро бо дигар давлат сар карда наметавонад, агар онро дигар давлатхо пуштибони ва монеъ шаванд. Масъалахои сулху амониро факат бо кувваи хамаи ин аксарияти давлатхои чахон хал намудан мумкин аст. Барои ин дар чахон бисёр ташкилоту иттиходияхо, созмону хамкорихои умумибашари ва байналмилали (СММ, САХА, ЮНЕСКО ва гайра) мавчуданд ва онхо проблемахои чанг ва сулхро халу фасл мекунанд. Масалан, проблемаи ШМА ва Ирокро гирем Америка ба монеъгии СММ итоат накард.
Ё ин ки проблемахои экологи (мухити зист, табиат ва гайра) – ро гирем. Проблемахои демографии хам. Халли онхо ба манфиати хамаи давлату мамлакатхои чахон мебошад, чунки онхо сархад надоранд, душвори ва халли онхо ба манфиати хамаи халкхо вобаста аст. Проблемаи оби нушоки ва г.
Проблемаи саломатии инсон бошад, дар замони хозира чунон характери актуалиро гирифтааст, ки хеч давлату мамлакат ёфт намешавад, ки ба он манфиатнок набошад. Саломатии инсон пеш аз хама саломатии чамъиятро ташкил, одамон ки солиму сихат бошанд, чамъияти инсони хам саломат вучуд дошта метавонад.
Масалан, дар замони хозира хамаи давлатхо дар байни худ шартномахо дар бораи ба хисоб гирифтани одамони дучори касалии СПИД ва чорабинихои зидди он, пешгирии онро имзо кардаанд. Дар байни бисёр мамлакатхои чахон дар бораи доду гирифти узвхои саломати иваз мешудаги (дар бораи трансплантатсияи узвхо), дар бораи истифодаи методхои пешкадами табобати, касалихои дилу чигар ва насли, касалихои силу тропики шартномахои асоси илми дошта мавчуданд, ки аз руи онхо амал мекунанд. Якчоя ва бомаслихат бо методхои навтарини илми ва тачрибаи пешкадам, амалиёт гузаронидани чаррохихои мураккабтарин аз тарафи духтарону олимони сохаи тиб ва дигар чорабинихои тиббии умумибашари гарави бомуваффакият саломат нигох доштани инсоният ва чамъияти инсони мебошад.
Мубориза ба мукобили терроризми байналмилали, ба мукобили экстремизми динии хозира ва муборизаи зидди нашъамандию нашъачалоби низ проблемахои хозираи умумибашари ба шумор мераванд.
Дар баробари ин проблемаи бархам додани камбизоатии одамон ва баланд бардоштани сатхи зиндагии онхо ба проблемаи умумибашарии замони хозира мубаддал шуда истодааст. Тамоми инсонияти тараккипарвар ва хамаи созмонхои байналмилали барои халли ин проблемахо кушиш карда истодаанд.
Хамаи проблемахоро чамъбаст карда, ба фикри файласуфи машхур А.Г.Спиркин рози шудан мумкин аст. Вай таъкид мекунад, ки бехамтоии вазъи хозираи чахон хамин аст, ки то хол инсон ба маъное хокими офаридахои руи замин буд, ки пешрафти инсонро на куввахои табиат махв карда ё хатто боздошта метавонист ва на касе аз одамон. Инсоният аз кадимулайём бухронхоеро медонист, ки окибати амали куввахои стихиявии табиат, аз чумла окибати заминчунби, обхези, хушксоли, касалихои вабо ва гайра буданд. Вале ин бухронхо окибати таъсири сабабхои барои инсон беруни буда, худи вай факат курбони онхо мешуд. Вале бухронхое, ки инсонияти хозира ночор дучор шудааст, окибати фаъолияти худи олам буда, характери «антропогени», аниктарашро гуем характери ичтимои доранд. Инсоният имруз ба чунон хадди таърихиаш расидааст, ки халли масъалаи хакикатан хам хамлети ба худаш вобаста аст: инсон сар ба саломат бурда метавонад ё не? Чунин дарачаи маърифати табиат, онро аз бар кардану тахти назорат гирифтани инсон барои кисмати инсоният касофатангез гардидааст, ки он имкон дод бомбаи атоми тарконда шавад.
Такдири пешрафти чамъияти ба халли босамараи масъалахои умумичахоние вобаста аст, ки якум, муносибати комплекс ива дуюм, муайян намудани стратегияи байни давлатиро (ва хатто стратегияи умумисайёравиро) талаб мекунанд.
Хануз хам барвакт аст бигуем, ки чунин стратегия муфассал тадкик шуда, макоми назарияро пайдо кардаасту акнун онро факат дар амал татбик намудан зарур будааст. Агар консепсияи марксисти – ленинии хамзистии осоишта чандин дахсола боз инкишоф додав а дар амалия собит мешуда бошад, пас масъалаи проблемахои умумичахони ва проблемахои оламшумули ичтимои факат хозир ташаккул меёбанд. Вале аз хозир равшан аст, ки бед арки хусусиятхои нави оламшумули инкишофи ичтимоии байналмилали, бе тасхехи дахлдор максаду манфиат, амалиёти сиёси ва иктисодии давлатхо, бе муайян намудани меъёру принсипхо ягонаи маънавии хамкории чамъият ва табиат стратегияи томи амали давлатхоро дар олам тавре баён карда амри махол аст, ки он манфиати хар давлатро бо манфиатхои тамоми инсоният харчи пурратар мепайваста бошад. Ин стратегияро хар давлат ба танхои ва ноалокамандона бо давлатхои дигар муайян карда наметавонад, онро факат дар натичаи муоширати фаъолонаю окилонаи онхо, ба туфайли хамкории маданиятхо муайян кардан мумкин аст, ки дар он манфиати давлатхои чудогона бо манфиати умумиинсонии бакои ум рва тараккиёт мутобик намуда, бо манфиати тамоми тарзи хаёти чахон тобеъ хохад шуд.
Инсоният бояд дар олами беш аз пеш интернатсионалию ба хам вобасташаванда зистанро ёд гирад, принсипхои нави хамкории давлатхоро, ки на ба кушиши хар кадоми онхо дар рохи ба гардани дигарон илко кардани манфиату кимат ва максадхои худ, балки ба махорати реалистона ба назар гирифтани манфиати мамлакатхои дигари хурду калон асос ёфта бошад, муайян кунад. Проблемаи умумичахонии хифзи хастии инсоният ва таъмини шароити худинкишофии минбаъдаи прогрессиви, ки дар назди инсоният истодааст, талаб менамоянд, ки тафаккури нав ташаккул ёбад. Гарави маънавии сулх ва бакои умри инсониятро факат бор охи бартараф намудани муносибати чохилона ба халкхои дигар, бор охи хамфикрии хамдигар пойдор гардонидан мумкин аст. Инсоният рохеро ёфта метавонад ва бояд биёбад, ки субъекти конструктивона ва бошуурона амалкунандаи таърихи ягонаи умумичахони шавад.
«Раванди ходисоти чахон ва хифзи неъмати бузургтарини башар, яъне хаёт тамоми сокинони сайёраро водор месозад, ки ин аидаро (акидаи чудоиандозии Шарку Гарбро) ботил созад ва бо икдомхои окилона собит намоянд, ки замин гахвора ва арсаи камолоти ахли башар аст ва масъулияти хифзи хаёт дар сайёра ба души хама баробар кадр дорад», — таъкид кардааст Президенти Чумхурии Точикистон Э.Ш.Рахмонов дар паёми худ ба Мачлисии Олии мамлакат.