Глобализатсия ва шаклҳои идоракунии олам

 

Мулоњизањои муосир, ки ба раванди муносибатњои љањонї аз нуќтаи назари амрикомарказї ва махсусияти он сарчашма мегиранд, такя ба ѓояњо ва тарњњои тотаљрибавї ва махфидории њолати объективї  мекунанд, ки њокимияти умумиљањонии барои глобалистон (глобократия) лозимаро пешбинї менамояд. Глобализатсия  ё худ раванди  љањонишавї, ки  асосњои идеологии онро ѓояњои неолиберализм, сотсиал-дарвинизм, неокнсерватизми амрикої, нажодпарастї ва кўшишњои ташкил ва таъмини идорашавандагии олам ба манфиати глобократњо ташкил медињанд, тамоюли интиќоли  ваколатњои стратегии идоракунии давлатї ба зинањои фаромиллї мебошад, ки «ба сифати бесарусомонии идоршаванда, њамчун яроќи иљтимоии љањондорони мењвари системаи сармоядорї дар мубориза бањри бадастории назорат аз болои олам истифода мегардад»[1].  Омили њавасмандкунандаи глобализатсия проблемаи махсусият (исключительность) ё худ имтиёзнокии Амрико мебошад, ки оќибатњои нињоии онро муайян менамояд.  Тамоюлњои калидии байналхалќии асри бистуяк, хусусиятњои ташаккули тартиботи љањонии муосир,  мавќеи давлатњои хурду бузург дар сиёсати байналхалќї, мавќеъ ва ањамияти омилњои энергетикї, њарбиву сиёсї, иќтисодї ва иттилоотиву технологї ва ѓайра аз њалли проблемаи мазкур вобаста хоњанд буд.  Моњияти глобализатсия дар он аст, ки бояд њар як давлат на ба халќи худ, балки ба тиљорати фаромиллї њамчун «канселярия»  ё  «аробача» дар «маркази савдои худ» хизмат намояд. Зери пардаи мафњуми глобализатсия љанги репрессивии љањонї, лабораториякунонии инкишофи љањонї, ба «нафаси сунъї» гузаронидани инсоният, табдили олам ба анбуњи глобалии кишварњои стерилизатсиякардашуда  ва ба таври зурї дар чорчубаи якќутбият нигањдории олам  рафта истодааст, ки худро њаќ бароварда натавониста истодааст. Глобализатсия ин таъмини олами якќутба њаст, ки имрўз њарду њам ба бўњрон гирифтор гардиданд.

Муайяннамоии нисбатан амиќи глобализатсияро формулаи  «бањамвобастагии нобаробар»  метавонад таќвият дињад.  Ба њайси субъекти асосї, «мудири» раванди мазкур Ѓарби пасосаноатї баромад мекунад, ки ба боќимонда олам њамчун ба  объект муносибат мекунад. Чунки «он муносибатњое, ки мо онњоро њамчун «азњамвобастагї» муайян менамоем, њељ кафолате буда наметавонад, ки ба фоидаи тарафайн анљом ёбанд»[2].  Дар Ѓарб пинњон намедоранд, ки глобализатсия танњо ба давлатњои мутараќќї манфиат меорад. З. Бжезинский тасдиќ мекунад, ки «глобализатсия идеологияи ѓайрирасмии элитаи сиёсиву кории  ШМА гардид: вай наќши Амрикоро дар олам муайян намуда, онро бо неъматњои эњтимолие, ки марњилаи нав бо худ меорад, тавъам медонад».  Бо ошкорбаёнии бесобиќа нисбати наќши ШМА дар раванди глобализатсия Г. Киссинљер дар яке аз маърузањояш чунин гуфт: «Тањдиди асосї дар он аст, ки он чиро ки глобализатсия меноманд, дар асл мафњуми нав барои ишоракунї, номи дигари (ба љои империализм) наќши  њукмрони Штатњои Муттањида мебошад»[3].

Г. Киссинљер   муаммои асосии марњилаи њозираи глобализатсияро «аќибмонии љиддии глобализатсияи «сиёсї»  аз бахши иќтисодии он»[4]  мењисобад. Чунки, бо назардошти системаи инкишофи љамъиятии имрўза – капитализм аз љињати иќтисодї системаи бесарњад ё худ бозори љањонист. Аз руи тарњи сиёсї бошад маљмуи давлатњост. «Насаби духтарии (аслии) глобализатсия» – ин бартараф кардани зиддияти (номувофиќатии) порча-порчагии сиёсї ва яклухтии иќтисодии  системаи сармоядорї  мебошад, ки вазифаи амалинашаванда аст.  Дар шароити нав  бартарафнамоии зиддияти мазкур дар шакли бунёди низоми нави глобалии иќтисоди таќсимкунанда – моњиятан шакли бесобиќаи назорати ќатъии «кишварњои истеъмолкунанда» аз болои «кишварњои истењсолкунанда» ба роњ монда мешавад.  Кўшишњои хастагинопазири нухбагони синфи сармоядории љањонї бањри бартараф кардани монеањо  аз пеши роњи сармоя  ва бунёди механизме чун њукумати глобалї (болосохти фаромиллї) аз ин љо сарчашма мегиранд, ки давоми асри XIX њамчун заминаи идорашавандагї ва тарњрезишавандагии таърих пайдо шуданд ва ба њайси масъалаи таъхирнопазир гузошта шуданд.

Имрўзњо нобурдборињо  дар самти  «демократикунонии олам», «мубориза бо терроризм», буњрони иќтисодии олам,  дигаргунї дар тавозуни љањонии ќуввањо ба эрозияи гегемонияи амрикої («передозировка однополярности») њамчун усули ташкили муносибатњои байналхалќї оварда истодааст, ки натиљаи лаззатбардории глобалии ШМА аз васвасаи идоракунии умумиэволютсионї мебошад.  Њолати мазкур элитаи Амрикоро маљбур мекунад, ки  роњњои альтернативии бењбудии миллї ва љањонсозиеро дарёфт намоянд, ки боз Амрико аз сари нав  ќувваи бартариятдоштаи њукмрон гардад.  Барои ноилгардї ба ин њадафњо ба Амрико шакли нави идоракунии олам  ва «нафасросткунї» лозим аст.  Дар ин бора роњбари яке аз институтњои зењнии геостратегияи амрикої, «Шўро оид ба муносибатњои байналхалќї» (Council on  Foreign Relations, CFR) Ричард Хаас  дар консепсияи беќутбии[5]   худ, ки дар он сохтори глобалии олам ва наќши субъектони  фаромилливу  Амрикоро дар  он дида баромадааст ва њамчунин олимони дигари амрикої Чарльз Капчан ва Адам Маунт менависанд.  Аз нигоњи  Р. Хаас марњилаи пас аз барњамёбии ИЉШС  марњилаи якќутбї  не, балки лањзаи якќутбї  мебошад, ки камтар аз 15 сол давом кард. Ба андешаи ў олами якќутба  ба беќутба  иваз мешавад.  Тафовути хосаи олами беќутба  дар он зоњир мегардад, ки  субъектони ќавии марњилаи мазкур на давлат, балки акторњои ѓайридавлатї, дањњо субъектони дигар, ки мансубияти муайяни давлативу фазои надоранд: шабакањои террористиву љиноятї, наркокартелњо,  ташкилотњои байналхалќї, содиркунандањои бузурги захирањои энергетикї, њизбњои сиёсї, бузургтарин ширкатњои фаромиллї, ќисмњои ѓайридавлатии њарбикунонидашуда, доираи васеи ташкилотњои ѓайрињукуматї, њамчунин вирусњои воќеиву виртуалї ва ѓайра  мебошанд ва хоњанд буд.  Ба андешаи Хаас, њоло њокимият дар даст ва маконњои гуногун ќарор дорад.  Беќутбигиро њамчун натиљаи ногузири глобализация, ки «њаљм, суръат ва ањамияти љараёнњои фароњудудиро зиёд гардонид»,  муайян намуда, Ричард Хаас  ќайд мекунад, ки «олами беќутбаро» худи Амрико ба вуљуд овард.  Мутобиќан муносибати Хаас ба сиёсати љањонї гузариш ба концепцияи «бесарусомонии идорашаванда» мебошад, ки бо воситаи содироти нооромиву буњронњо ба амал бароварда мешавад.  Намунаи озмоишии боварибахши таѓйири  муносибатњои назариявї ба сиёсати љањонї  муносибат ба Шарќи Наздик гардид, ки субъектони ѓайридавлатї (дар ќатори онњо  «Давлати исломї») дар миќёс ва шакли нав ба кор андохта шуданд.

Р. Хаас се омилро ќайд мекунад, ки ба хотимаи лањзаи якќутбї тасир расониданд:

– субъектони наве пайдо шуда истодаанд, ки ин равандро боз доштан ѓайри имкон аст;

– Амрико  бо  рафтори худ мавќеи худро заиф сохта сабабгори пайдоиши олами беќутба мегардад (бо назардошти љанги Ироќ);

– глобализация суръат, њаљм ва ањамияти љараёнњои фароњудудиро зиёд мекунад.

Хаас таъкид мекунад, ки муносибатњои байналхалќии шакли нав бояд дар асоси равобити бисёрљониба, мультилатерализм бунёд ёбанд, ки алоќаро на дар сатњи давлатњо, балки дар сатњи он субъектоне, ки  барои њалли масъалањои тактикї  бо онњо муттањид шудан муфид аст, бояд ба роњ монд.  Аз ин бармеояд, ки ташкилоте чун СММ барои њалли бисёр масъалањо љалб карда намешавад.   Роњбари  CFR,  Хаас,  дар воќеъ системаи вестфалии давлатњои  миллиро  ба  нобуди  мањкум  намуда,   дар як ваќт   ѓояи империяи Амрикоро инкор накарда онро ба сатњи нав мегузаронад, ки он на њамчун давлати миллї, балки њамчун сохтори шабакавии муайян  фањмида мешавад.  Илова бар зикри марњилаи беќутбї, Хаас боз оиди «беќутбии мувофиќакардашуда»  (согласованная бесполярность) мулоњиза меронад, ки аниќтараш наќши Амрикоро дар мувофиќакунонї мебинад.      Ричард Хаас таъкид мекунад, ки «Бунёди клуби  марказї бо дарбаргирии  њукуматњо ва дигар субъектони  ба мультилатерализм содиќ ќадами бузурге ба пеш мегардид.  Инро «беќутбии мувофиќакардашуда» меномем».  Хаас мувофиќакунониро дар он мебинад, ки Амрико дар амалкарди худ ба розигии  дигар ќудратњо эњтиёљ надорад, ба он ёрии онњо лозим аст, то ки муваффаќият ба даст орад.  Дар маљмуъ олами беќутбї ѓояи назорат ва њукмфармоии глобалии Амрикоро рад  намекунад.

Ба андешаи Хаас, дар натиљаи љанги Ироќ  наќш ва таъсири ШМА кам гардид.  Дар масъалаи камшавии иќтидори глобалии Амрико њаминро ќайд кардан зарур мењисобам, ки  бо иштироки Россия дар амалиётњои њарбї дар мубориза бар зидди «Давлати исломї»  монополияи ШМА ва пайравони он  дар истифодаи ќувва  барои дурнамои дарозмуддат вайрон гардид.   То ин ваќт Амрико бо интихоби худсарона ба маконњои муносибдида метавонистанд мушак партоянд,  зарба зананд ва бомбаборон намоянд.  Назорати  глобалии олам аз љониби Амрико маросимњо ва механизмњои навро талаб мекунад.  Чунки дар доираи як системаи рационалии љањонї  халќњо ва њудудњоро муттањид карда наметавонад.  Ба љои он принципи «бесарусомонии идорашаванда»-ро дар музофоти љањонї роњандозї  ва механизми шабакавии назорати глобалиро  аз болои нуќтањои «рушди лозима» ба роњ мемонанд, ки њадаф ва мазмуни консепсияи Хаас њам њамин мебошад.

Глобализация ин кўшиши таъмини  якќутбият мебошад. Он чиро  ки Хаас «беќутбї»  мегуяд,  махфидории њолати объективї,  намунаи ягонаи универсалии ѓарбиро дар назар дорад.   Концепцияи беќутбии Хаас тасаввурот ва  гузариш ба њолати амрикомарказї дар низоми љањонї  мебошад ва фазои геополитикии умумиљањонї дар тасаввуроти ў чунин тасвир шудааст, ки равандњои калидии љањонї аз љониби ягона субъекте идора,  назорат ва ба самтњо равона карда мешаванд, ки он фаъолияти хориљии худро мустаќилона  ва дар њолати ба худ муносибдида бо ёрии иттифоќчиён ва кишварњои тобеъ ба Ѓарб ба амал мебарорад.  Олами якќутбаи пас аз барњамёбии Иттињоди Шўравї бунёдкардаи Амрико бо назардошти он ки аз њисоби буњрони  иќтисодї-молиявии охир (2008)  ноустувор гардид, дар гузашта намемонад.  Амрико дар як ваќт суверенитет ва  системаи хољагидорињои миллиро вайрон карда, глобализацияи  умумии хољагидории љањониро дар асоси арзишњои ѓарбии англосаксонї  пеш  мебарад.

Оиди эњтиёљоти Амрико ба шакли нави идоракунии олам ва «нафасросткунї» олимони амрикої Чарльз Капчан ва Адам Маунт дар маќолаи худ «Идоракунии автономї»[6] менависанд.  Ба андешаи онњо Амрико нуфузи худро аз даст дода истодааст ва бояд  бо назардошти таѓйирёбии воќеият дар муносибатњои худ таѓйирот дароварда ба сохтори давлатњои гуногун, аз љумла ѓайридемократї  ањамият надињад.  Талаботи асосї – давлатњо  бояд «хушинтизом» ва «масъул» бошанд, ки ин ба шањрвандони худ ситамгарї накарданро талаб менамояд.  Аз руи муайяннамоии муаллифон меъёрњои «хушинтизомї»  инњо мебошанд:  давлатњо бояд ба бењбудбахшии њаёти шањрвандони худ тибќи талаботи онњо кўшиш намоянд; ба ањолии худ ситам накунанд; аќќалиятњои миллиро дучори мањрумият нагардонанд; ба терроризм мусоидат накунанд ва монанди инњо.  Давлатњои ба ин нишондодњо љавобгў набуда  «дарранда», яъне вањшї  эълон карда мешаванд ва дар ин њолат роњандозии «њуљуми  профилактикї ва гуманитарї»  ба амал омада боиси эътироф мегардад.  Муаллифон менависанд, ки агар давлат «идоракунии худро ба манфиати шањрвандони худ ба роњ монад, ба чунин давлатњо   бояд кафолати истиќлолияти њудудї  дода шавад».  Капчан ва Маунт бо истифода аз талаботњои возењ асоснокнакардашудаи «хушинтизомї»   ва  «беинтизомї»  мафњуми «давлат-дарранда» – ро фаъол мегардонанд, ки чунин давлатњо  дар ќиёс бо давлатњои «муртад»  ягон имконияти мављудияти шоиста  надоранд. Яъне ки «дарранда» мањкуми мањв мегардад, дар њоле ки «муртад» бошад бо муњосира ва фишор рањої меёбад. Нисбат ба талаботи демократикунонї  дида ин меъёрњо барои бунёди заминаи дахолати беруна муосидат мекунанд.  «Рафтори вањшиёнаро»  бо њар роњ метавон ба вуљуд овард, ки  амали љавобиро ба дунбол хоњад овард.  Дар ягон давлат тоифа ё гурўње вуљуд надорад, ки аз чизе шикоят нанамояд.  Рафти дањсолањои охир нишон дод, ки ба шумори «дустон» ва «даррандањо»    ворид гардидан аз руи сатњи тобеият ва кушодагї дар муносибат бо Амрико  ва омодагии ба он «туњфа» кардани захирањои табиї муайян мегардад.  Давлатњои нофармонбардор ва дорои захирањои  бой метавонанд сазовори тамѓаи «дарранда» гарданд, ки ин  метавонад аз паи худ дахолати берунаро ба вуљуд орад, давлат ё ќисми њудуди он зери тобеият ва идоракунии беруна гузарад.    Аз он ки  ба давлатњои «хушинтизом» суверенитетро лоиќ мебинанд, фаќат ба онњо боварї карда мешавад, ки  давлатњои «даррандаро»   љазо дињанд.  Аз эътирофи муаллифон бармеояд, ки Ѓарб дигар имконияти дар алоњидагї  идоракунии оламро надорад.   Онњо   ќайд мекунанд, ки ќувваи Ѓарб барои идоракунии бевоситаи олам (автономї ва бовосита лозим)  намерасад.

Онњо интиќоли ваколатњоро ба берун аз Ѓарб (ба ѓайр аз ШМА – Аврупо –Љопон),  бартариятан ба  сохторњои минтаќавї  зери роњбарии кишварњои «хушинтизом» ва «масъули» «ѓайридемократї»   дар шакли «идоракунии бисёрљониба» эътироф мекунанд. Мањз ба субъектони минтаќавї интиќол додани ваколатњо дар њалли мушкилоти оламро муносиб мебинанд.  Яке аз вазифањои интиќоли ваколатњо ба сохторњои минтаќавї дар зери роњбарии кишварњои авторитарї ин ба сарфакорї маљбурнамоии онњо ва мањдудкунии рушди иќтисодии раќибон мебошад. Ќобили таваљљуњ аст, ки  аз ташкилотњои минтаќавии Авру-Осиё  ёдовар намешаванд, дар њоле ки Созмони њамкории Шанхай (СЊШ) ва Ташкилоти Шартнома оид ба амнияти дастаљамъї (ТШАД) дар бартарафсозии буњронњои минтаќавї пуриќтидор ва босамар мебошанд.  Фикр мекунам, ки муаллифон бо такя ба бартарияти манфиатњои ѓарбї ва нодидагирии априории воќеияти муосир дар коркарди «идоракунии автономии» худ  пешакї хостаанд, ки дар дохили ташкилотњои мазкур кишварњои «нохушинтизом»  вуљуд дошта бошанд.

Капчан ва Маунт талаб менамоянд, ки ташкилотњои ѓарбї (НАТО) бигузор берун аз њудудњои минтаќавии худ фаъолият накунанд ва њалли мушкилот дар дигар гушањои олам ба таври «идоракунии автономї» – ба кишварњои ѓайриѓарбї ва авторитарї вобаста карда шавад. Чунин вонамуд мешавад, ки гуё институтњои пештара ташкилкардашуда вуљуд надоранд.

Муњаќќиќони амрикої ошкоро ќайд мекунанд, ки «Бо ба њисобгирии он далеле, ки  амалиётњои дар Ироќ ва Афѓонистон идомаёфтаистода аз Ѓарб харољоти зиёдро талаб мекунад, махсусан дар шароити буњрони иќтисодї ба ташкилотњои минтаќавї вогузор кардани ваколатњои васеъ ба демократияњои атлантикї имкон медињад, ки ќисми бори гаронро бар души дигар иштирокчиёни раванди љањонї гузошт». Ба кишварњои ѓайриѓарбї ва ѓайрилибералї вогузор кардани вазнинї маънои онро надорад, ки Ѓарб аз наќшањои моњиятан таѓйирнаёбандаи худ даст мекашад. Ин аз як танаффус беш нест, ки Капчан ва Маунт ба Амрико   эълон карданиянд:  «Парвариши иштирокчиёни нави раванди љањонї, ба бозингарони минтаќавї ваколатгузорї кардани масъулият аз болои муносибатњои байналхалќї ва њамчунин гузариши иќтисоди љањонї ба тањкурсии нисбатан устувор ба ШМА танаффуси лозимаро муњайё мекунанд, то ки барои барќароркунии тањкурсии пешрафти миллї худро ба даст гиранд».

Глобализация характери буњронии сармояандузии глобалї мебошад. Бо сармоякунонии Хитой ва кишварњои собиќ Иттињоди Шўравї, ки олам пурра капиталистї гардид,  глобализация барои сармоя дигар њудудњои нав пайдо кунонида наметавонад.  Амрико низ дигар  ќувват ва воситањои бе љанг идоракунии оламро надорад.  Ќариб чоряк аср инљониб њарчи ќадар Амрико њарбї кунонида шуда истода мавќеи оламро «танг» карда истодааст, њамон ќадар мавќеъ ва иќтидори худро низ мањдуд ва аз даст дода истоддаст.  Акнун Капчан ва Маунт шабењи «олами беќутбаи мувофиќакардашуда» – и Ричард Хаас бо каме  тафовут ва шеваи дигар аздастравии ќобилияти гегемонии Амрикоро  дар таќсимнамоии уњдадорињо ба якчанд субъектони ќавї – њамчун аќибнишинї дар  шакли идоракунии автономии олам институтсионалї карданро тавсия менамояд.  Њифзи манфиатњои «глобалии»  Амрико ба роњбарияти давлатњои бузурги ѓайримузофотї вогузор карда мешавад, ки онњо бо дарёфти ваколат ва њуќуќњои муайян  метавонанд дар муайяннамоиву муљозоти «даррандањо», азхудкунии мустаќилият ва захирањои онњо иштирок намоянд ва аз њиссаи мањсулоти глобалии мусодирашуда бањраманд гарданд. Њамин тавр як «плюрализми коллективї».

Ба ѓайр аз ташкилотњои минтаќавии ТШАД ва ТЊШ, муаллифон Хитойро низ «надидаанд», ки он наќши тобеъро ќабул намекунад. Капчан ва Маунт дар масъалаи чи тавр ба шакли автономии идоракунии олам (ШАИО) њамроњ кардани Хитой љавоб дода наметавонанд.

Олимони амрикої  дар доираи геополитикаи заиф  (постгеополитика) мулоњиза меронанд, ки вазифаи он ба дигар тараф бурдани диќќат аз болои сохти воќеии олам мебошад.  Тибќї геополитикаи заиф, пас аз аз байнравии девори Берлин, пас  аз аз байн бардоштани таќобул фарњанги ѓарбї  умумиљањонї мегардад.  Бањр, ки хушкиро шуста  вайрон мекунад, глобализация њам  њаммонандињои миллї-мањаллиро њамшакл мегардонад.  Гўё дигар сарбанди љањонї вуљуд надорад. Аммо худи далелњои авзои воќеияти муосир ба чунин муносибат ва нигоњи амрикої ба олам мухолифт мекунанд.   Тасдиќ кардан мумкин аст, ки  гузариш ба ШАИО  интиќоли Ѓарб ба олами нав мебошад, ки дар он маќоми бузургќудрати ягона вуљуд дошта наметавонад. Идомаи пирўзии  хотимаёбандаи Ѓарб (Амрико)  аз чи гуна суратгирї ва паси саркунии «танаффус»  ва ба дарозо кашидани раванди нигоњдории «роњбарии олами мувофиќакунонидашуда» вобаста аст.

Чи гунае, ки мо дар бањодињии глобализация кўшиш накунем вай раванди олами якќутбаро мефањмонад.  Кўшишњои њамаљонибаи рўйпўшнамоии хусусияти якќутбии глобализация дар  баёни «демократикунонии муносибатњои байналхалќї», «идоракунии автономї»,  «мувофиќакунонї»,  «бисёрљонибагї» ва ѓайра инъикос мегарданд.  «Бархурди тамаддунњо», «Мубориза бар зидди терроризм»  ва акнун «даррандањо» – ин шиорњо барои њаќбарории зуроварие мебошанд, ки   Амрико  бо ба худ муносиббинии легитимияти болоњуќуќї ва кўшиши табдили њуќуќи зурии худ ба њуќуќи универсалї  дар тамоми гушаву канори олам ва дар њар лањза ба он даст мезанад. Яке аз воситањои чунин њаќбарорї  истењсолоти судии байналхалќї  ва системаи њуќуќии наве  мебошад, ки дар сатњи глобалї бар ѓояи «њифзи њуќуќи инсон» асос ёфтааст ва дар амалияи њуќуќии боломиллї ба аз байн бурдани истиќлолият ва  системаи њуќуќии кишварњо  аз руи принсипи «ѓайриќонунї, вале легитимї» нигаронида шудааст. Хотимаи маљмўии асри бист ба таври боварибахш нишон медињад, ки  њама гуна шаклњо ва натиљаи якќутбабинии олам харобиовар мебошад. Яке аз муњимтарин таркиботи љањонсозии  нави амрикоии  имрўза  ин мубориза бар зидди терроризми байналхалќї мебошад, ки худи Амрико  сабабгори пайдоиш ва эквиваленти маънавии  он мебошад.

Бо назардошти кўтоњшавии ваќт, США њамчун кластери ширкатњо ва сохторњои фаромиллї њама ваќт кўшиш менамоянд, ки дар як ваќт    якчанд стратегияро  пеш баранд.  Агарчи Хаас мегуяд,  ки њокимият дар даст ва  маконњои гуногун ќарор дорад,  Капчан бошад мегуяд,  ки онро бояд ба акторњои «боэътимод»  таќсим кард. Дар њарду њолат њам стратегияи «нафасросткунї» дида мешавад. Олами беќутбаи Хаас  ин бесарусомонии идорашаванда мебошад, ки  яке дигареро пурра менамояд.  Њолати якќутба  дигар имконнопазир аст, аммо бесарусомонї ногузир аст, ки системаи нави муносибатњоро ба вуљуд меорад.

Љумњурии Тољикистон дар њайати   Осиёи Марказї,  ки имрўз дар геоиќтисод (хатњои коммуникатсионї, уран, газ, тилло, нефт) ва геополитикаи  љањонї њамчун минтаќаи гузаргоњи наќлиётї,  захирањои обї,  интиќоли мухаддирот ва майдон барои мушкилсозии  Россия,  Хитой ва Эрону Њиндустон марказияти навро касб карда истодааст,  дар зери «микроскоп» ва дурбини  ќудратњои бузург  ќарор дорад ва  дар  канори равандњои глобализтсионї  нест ва буда њам наметавонад.  Бо  назардошти он ки имрўз аз нав ташкилдињии Шарќи Наздик ба њайси  воситаи мубориза бањри тасарруфи Авруосиё рафта истодааст, сохтор ва ќуввањои манфиатдор  њаматарафа кўшиш ва чораандешї мекунанд, ки нооромиро дар Осиёи Марказї пањн кунанд,  берун бароранд ва бо мушкилсозии Хитой алангаи нооромии минтаќаи мазкурро бо алангаи  шарќиназдикии он аз руи принсипи бесарусомонии муташаккил пайваст намоянд. Аз ин ру шинохти «афзалият»  ва  номусоидињо дар равандњои таъсиротии глобализатсионї ва шаклгирињои нави олам хеле актуалист.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.