Адолати иҷтимоӣ аз назари Ҳамадонӣ

Идеяи адолат, маънавият, ахлоқ, маданият дар тамаддуни ҳар қавму миллат дар муносибат ба таърихи худ гуногун зуҳур намуда, ба чеҳраҳое, ки воқеияти таърихиро аз ягон ҷиҳат мушаххас медоранд, муайян мешавад. Фикр дар хусуси адолат, баробарӣ, бародарӣ, нобаробарӣ, беадолатӣ ва дигар мафҳумҳои умумиинсонӣ дар маддӣ назари пешқадамтарин шахсиятҳои умумиҷаҳонӣ қарор гирифта, сабабгори зиндагии шоистаи одамон ва пешрафтҳои илмиву технологӣ гардиданд. Интихоби чунин роҳи душвор, яъне мубориза баҳри адолат, озодӣ ва баробарӣ танҳо дар замири фарзандони фарзонаи хонадони одам месабзад ва оламро бо чароғи умедбахшаш мунаввар мегардонад. Ин шахсиятҳо дар кадом макон ва замон наоянд,  бо тамоми ҳастии хеш барои як чиз, яне дарёфти идеяи адолат зиндаги мекунанд ва дар ин роҳ худфидоӣ менамоянд. Яке аз чунин мутафаккирони гузаштаи миллат ва ҷаҳони ислом Мирсайидалии Ҳамадонӣ маҳсуб меёбад. Қабл аз ҳама ғояву андешаҳои интишорёфтаи ӯ дар тафаккуру ҷаҳонбинии ҷомеа нақши равшан гузоштааст. Асарҳои пурарзиши Ҳамадонӣ, ки зиёда аз шашсадсол ин тараф одамонро ба заҳматкашӣ, ростандешӣ, поквиҷдонӣ, адлу адолат, дӯстиву сулҳ, садоқат, некӣ ва некӯкирдорӣ, ҳидоят кардаанд, арзишҳои маънавии кӯҳнанашаванда гардидаанд. Аз зиндагиномаи ин шасияти заҳматписанд хоҳем дид, мақому манзалат ва осори вай дар таҳкими илмҳои динӣ ва ғояҳои ахлоқӣ ва бунёди рукнҳои он хеле боиси омӯзиш буда, одамонро ба моҳияти фаҳмишҳои сиёсиву динӣ наздик месозад. Аз ҷумла ақидаҳои сиёсиву давлатдории Ҳамадонӣ, ки дар асари барҷастааш “Захирату-л-мулук”буда, шуур ва фаросати сиёсии мутафаккирро инъикос мекунад, дар мавриди омӯзиши мо қарор гирифт. Асари мазкур “муҳимтарину бузургтарини осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аст, ки мавзӯи он илми ахлоқ ва сиёсати маъданӣ аст ва шояд дуввумин китоби муҳими форсӣ бошад, дар сиёсати маъданӣ таълиф гардидааст (пас аз “Ахлоқи Носирӣ” таълифи Хоҷа Насриддини Тӯсӣ тав.672), вале аз лиҳози мазмун беназир ва бо ҳеҷ як қобили муқоиса нест”.[1]

Ҳамадонӣ ҳамчун илоҳиётшиносӣ закӣ ва намояндаи бузургӣ тасаввуф дар чаҳорчӯби идеалҳои дини ислом ба масъалаҳои сиёсати идоракунӣ ва вазифаи сарварон назари махсус намудааст. “Захирату-л-мулук” ва “рисолаи қуддусия”- и мутафакир дорои фикрҳои сиёсиву иқтисодӣ, ахлоқиву психологӣ ва фалсафӣ низ ба ҳисоб меравад. Дар асосӣ таҳлилҳои иҷтимоии Ҳамадонӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки давлату давлатдориро кори саҳл намедонад. Ҳамадонӣ решаҳои аслии масъалаи адолатро аз нигоҳи фалсафаи дин ва сиёсат маънидод мекунад ва ба ҳокимони замон роҳи рушди ҷомеаро нишон медиҳад. Барои идораи ҷомеа ба ҳокимон ва арбобони сиёсии давлат даҳ шартро ҳатми медонад. Ҳар гуна вақеа ва ҳодисае, ки дар ҷомеа зуҳур мекунад, бояд ба андешаи Ҳамадонӣ: “подшоҳ ва ҳоким худро яке аз раоё дар он воқеа тасаввур кунад ва дигаре баробари худ ҳоким бинад ва дар он ҳол ҳар ҳукм, ки аз дигаре бар худ раво намедорад, мисли он аз худ бар дигаре раво надорад ва ҳар чӣ бар худ намеписандад, бар ҳеҷ мусулмон написандад”.[2] Масъулияти таърихӣ доштани подшоҳ ва ҳокимро дар назди ҷомеа аз нигоҳ доштани баробарии иҷтимоӣ мебинад. Баробарӣ дар ҳамон маъноест, ҳокимон набояд, ки худро аз ягон афроди ҷомеа боло ҳисобанд. Ғами халқ бояд ғами подшоҳ бошад. Ҳоким шахсияти саривақтист дар сарнавишти одамон. Дар ояндабинӣ яъне тасаввур кардани ҳодиса ва фоҷиаҳое, ки дар ҷомеа минбаъд аз ягон сабаб ва норасоии иҷтимоӣ рух медиҳанд, ҳоким пеш аз ҳама огоҳ бошад ва чораҳои махсус барои он пешниҳод созад. Воқеан ҳам дар асоси ин андешаҳои мутафаккир таҳлили ҳаёти сиёсӣ, тарзи системаи идоракунӣ ва омилҳои бунёдии адолати иҷтимоиро дарк кардан мумкин аст. Аз таҳлили идеяи шарти аввал бармеояд, ки мутафаккир дар вақти таҳлил ва муайян намудани вазифаи ҳокимон ба эҳсосот дода намешавад ва тавофути назариявӣ нисбати пешгузаштагонаш дорад: ” Агар аксари мутафаккирон подшоҳро фиристода дар рӯи замин ва сояи Худо донанд ва ҳукми подшоҳро мутлақу худи ӯро аз ҳама волову дастнорас шуморанд, Ҳамадонӣ аз шоҳ талаб мекунад, ки ӯ дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва воқеаи пешомада худро баробари дигарон тасаввур намояд ва дигаронро ҳокиму хешро ба ҷои эшон бинад”.[3] Аввалан баён карда тавонистани чунин андешаҳои ақлонӣ ва мантиқӣ дар замоне, ки гуногунфикрии сиёсӣ (плюрализм) инкишоф наёфта буд ва қабули тафаккури хосу ом ба он тайёр набуд, кори душвор ва ҷиддӣ барои олим мебошад. Ба вазифаи дуввуми подшоҳ менависад:“шарти подшоҳи мусулмон он аст, ки пайваста мунтазири ҳоҷоти мӯҳтоҷон бошад ва чун донад, ки мусулмоне бар дари хонаи ӯ мунтазир ва мӯҳтоҷ аст, то ҳоҷати ӯ кифоят накунад, ба ҳеҷ ибодате машғул нашавад ва ба ҷиҳати роҳати нафси худ эҳмоли ҳоҷоти мусулмонон раво надорад”.[4] Ин нигоҳи мутафаккир объективона буда, аз ҷониби субъекти сиёсӣ амалӣ карда мешавад. Дар асоси ин гуфтаҳо метавон хулоса намуд, ки мутафаккир адолатро дар маънои васеъи фалсафаи сиёсӣ ва динӣ мефаҳмад. Вақте, ки одамон бо хӯрдан, пӯшидан ва хонаю ҷой таъмин нестанд, ба ибодат машғул шудани ҳокимро ҷоиз намеҳисобад. Пеш аз ҳама барои ӯ хизмат кардан ба халқ ин хидмат кардан ба Худованд маҳсуб меёбад. Подшоҳ бояд бо ғами дигарон зиндагӣ кунад ва инро қарзу фарзӣ азалии хеш ҳисобад. Касе, ки сарварии як халқро ба ӯҳда мегирад, хӯру хобу роҳатро фаромӯш намояд ва ба сарнавишти дигарон набояд бепарвоӣ зоҳир намояд. Ҳамвора дарду ҳасрати одамонро шунида тавонад ва ниёзмандонро ҳеҷгоҳ навмед насозад. Подшоҳ агар шароитҳои иқтисодиро рушд надиҳад, ҷомеа ба бӯҳрони маънавию моддӣ гирифтор мешавад. Азбаски одамон гуногунтабақаанд олим мехоҳад, ки онҳое, ки имкониятҳои бузург доранд, бояд ба мӯҳтоҷон кӯмак расонанд. Ҳоким бояд дар партави некӯкорӣ ва қонуну усулҳои мушаххаси баробарҳуқуқӣ масъалаҳои муҳими иҷтимоиро ҳал созад. Барои ҳаллӣ муаммоҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ шоҳро  лозим аст, ки ба моҳияти дониш, фаҳмиш, қудрат, тасаввурот ва эътимоду эътиқод сарфаҳм равад. Дониши роҳбари давлат ба муқобили беадолатӣ ва бетартибӣ бояд аз таҷрибаи ҳаёт сарчашма гирад. Бо доштани таҷриба ва амалкардҳои бошуурона ҳамчун шахсияти сиёсӣ вазифаи таърихии хешро дар назди кишвараш иҷро намояд. Шахсияти подшоҳ барои ҷомеа бояд аз ҳар ҷиҳат ибратпазир бошад. Одамон адолатро аз шоҳ медонанд ва дар хусуси амалкардҳои ӯ мулоҳиза меронанд. Барои подшоҳ фоҷиа аст, ки мардум аз кирдору пиндору гуфтораш норизо бошанд..

Дар навбати севум:  “он, ки дар хӯрдан ва пӯшидан иқтидо ба сирати хулафои рошидин кунад ва нафсро ба таомҳои хуш хӯрдан ва ҷомаҳои баталлуф одат накунад”.[5] Агар муносибати подшоҳ ба хӯрдан ва пӯшидан дар доираи одоб ва ахлоқ суръат гирад, метавонад шахсияташро ҳамчун инсони хоксор, нексиришт ва бекарруфар нишон диҳад. Бо хӯрдану пӯшидани зиёд сарнавишти инсон дигаргун намешавад, балкӣ идоранакардани эҳсосҳои нафсонӣ шахсияти подшоҳро дар ҷомеа беқадр месозад. Мардум ба рафтори ҳоким нигоҳ карда ба оянда эътимод мекунанд. Ҳоким бояд ба халқаш комилан эътимод намояд ва донад, ки тафаккуру тасаввуроти он дар кадом сатҳ қарор дорад. Мутафаккир менависад дар шарти чаҳорум: “он, ки дар ҳукм сухан ба мадоро гӯяд ва ба мӯъҷиб дурушти накунад ва аз шунидани ҳуҷҷати бисёр малул нагардад ва аз сухан гуфтан бо заифон ва мискинон нанг надорад”.[6]     Ҳамадонӣ ба хуби дар карда буд, ки он подшоҳи замон, ки аз ҷониби халқ интихоб шудаст, бояд ба тамоми одамон эҳтиром зоҳир намояд. Хислати хубтарини ҳоким дар он зоҳир мегардад, ки ба ҳамаи одамони дар як замон зиндагикунанда баробар нигоҳ карда тавонад, яъне новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсиашон. Дар вақти сухан гуфтан набояд ба ҳиссиёт дода шавад. Агар дар вуҷуди инсон такаббур ҷой гирад, ӯ наметавонад ба ҳамагон якранг нигарад. Шахсияти худро дар осмони бекарон тасаввур менамояд. Одамон ба ҳокими худписанд наметавонанд камбудиҳоияшонро баён созанд ва ормонҳои қалбашонро изҳор доранд.   Худписандии ҳоким натанҳо муносибати ӯро аз халқ дур месозад, балкӣ ба адолат барин падидаи нодир шикаст меорад. Аз ин мебарояд, ки ҳоким бе ахлоқ ва маънавиёт ба амалҳои бузург наметавонад, ки даст занад ва ба эҳтироми халқ сазовор гардад. Бо назардошти моҳияти фалсафӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ доштани муносибат, Ҳамадонӣ низ тарафҳои равонӣ доштани масъалаи идоракуниро нишон медиҳад. Дар рӯҳияи ахлоқӣ тарбия намудани шоҳон баробарии иҷтимоиро таъмин месозад. Тайғир додани рӯҳия ва тафаккури халқ кори мушкилтарин аст. Шуури ҷамъияти то он вақте, ки рушд накунад, одамон имкониятҳои якдигарро поймол менамоянд. Рушд ва дигар сохтани тасаввуроти одамон дар бораи ҳаёти иҷтимоӣ, метавонад зиндагии онҳоро сифатан нав созад.

Дар шарти панҷум олим мегӯяд: “он, ки ба ҷиҳати ризои халқ дар ҳукм сустӣ ва мудоҳанат накунад ва барои хушнудии ҳар кас мухолифати шаръ ва Ҳақ раво надорад ва бидонад, ки хосияти ҳукумат он аст, ки пайваста нимаи халқ аз ҳоким нохушнуд бошанд, зеро ки ду хасм ба ҳақ хушнуд натвон кард ҳусули ризои ҷомеа халқ аз ҳокими одил мумкин нест”.[7]  Рисолати шоҳро Ҳамадонӣ дар назди ҳақиқат аз ризоияти умум боло медонад. Агар одамон ба қарори ӯ розӣ набошанд, ин ҳоло маънои онро ифода намекунад, ки подшоҳ беадолатона ҳукм кард. Подшоҳ бояд ҳақиқатро чун арзиши умумиинсонӣ қабул намояд ва барои он мубориза барад. Ҳеҷ вақт ризоят, амният ва баробарии иқтисодии ҷомеа мутлақ буда наметавонад ва хушбатии умум баробар ҳосил намешавад. Ҳамаи ин муносибатҳо нисбианд. Бояд одамон барои адолати умум баробар кӯшиш намоянд ва он мутлақ ба амалкардҳои подшоҳ тобеъ буда наметавонад. Ҳамадонӣ рисолати хешро ҳамчун олим дар мубориза алайҳи нобаробарӣ, бевиҷдонӣ, камбизоатии маънавӣ, фиребгарӣ, душманӣ дарк намуда, тавассутӣ идеяҳояш ба шоҳон ҳушёрӣ медиҳад, ки аз чунин хислатҳои инсонсӯз эмин бошанд. Дар ҳақиқат, манфиатҳои умум чун сармояи муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ буда, барои дифои он плдшоҳро заковату чораандешии сиёсӣ лозим аст. Ҳамин тавр эҷоди қонунҳо ва ҳукмномаҳо аз ҷониби подшоҳ ба вуҷуд омада, дар пойдории баробарии иҷтимоӣ ва тартиботи ҷамъияти хизмат менамояд. Барои мутафаккир подшоҳ дар ҷомеа мурабии беназир мебошад. Зеро, он натанҳо ба ҳодисоти замон ҳукм ва қонун эҷод мекунад, балки он роҳи ояндаро равшан менамояд.

Шашумин шарт “он, ки аз хатари ҳукумат ва вилоят ғофил набошад ва яқин донад, ки мансаби иморат ва ҳукумат олатест, ки бад-он ҳам саодат ва некномии охират метавон касб кард ва ҳам шақоват ва бадномӣ ва гирифтории абадӣ бад-он ҳосил мешавад ва бештари мулук ва ҳуккоми рӯзгор аз ин қабиланд, ки ба давлати муқаддари фонӣ мағрур шуданд”.[8]  Таърихи давлатдории инсоният шаҳодат медиҳад, ки чандин подшоҳон роҳи бехатарии миллиро таъмин карда наметавонистанд. Бинобарон дар таърих ҳодисаҳои эҳсосоти бештаранд. Аз ин рӯ ғофилии шоҳ ҷомеаро ба бадбахтӣ мебарад.  Давлат одамонро мутаҳид месозад ва он воқеияти оқилона мебошад. Пароканда шудани давлат аз сабаби сустии дастгоҳи идоракунии шоҳ ба амал меояд. Давлат барои олим асосӣ қувваи адолат буда, индикатори он подшоҳ маҳсуб меёбад. Аз сабаби он, ки иродаи халқ ба ҳокимият тобеият дорад ва ҳаёти одамон вобастаи он аст, пас заифии шоҳ, сустиродагии идоракунандагон  ба ҳукумат хатар меорад. Некномии шоҳ дар дасти худи ӯст, агар қудраташро ба система дарорад, онгоҳ мушкилиҳои зиёди ҷомеаро ҳал менамояд. Тафаккури ояндабинӣ надоштани подшоҳ ва ҳал накардани муамоҳои кӯчак, оҳиста-оҳиста ҷомеаро ба бӯҳрони иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ғ. гирифтор мекунад. Ҳар як хатар ба тавлиди хатари нав сабаб мешавад. Дар назди шоҳ вазифаи аслӣ, пеш аз ҳама рисолати бузурги худшиносӣ ва таъмини адолат меистад.

Ба шарти ҳафтум «он, ки дар зиёрат ва сӯҳбати сулаҳо ва уламои дин роғиб бувад, агарчи ин қавм дар ин рӯзгор камёфт ва азизанд, хоса дар ин диёр».[9]  Дин барои Ҳамадонӣ ахлоқи сиёсиро нигоҳ медорад. Олимони ин соҳа дар таҳлили муносибатҳои иҷтимоӣ иштирок менамоянд. Подшоҳ бояд бо ҳамаи қишри ҷомеа сӯҳбат намояд ва аз андешаҳои онон хабардор бошад. Ҳар як минтақаи кишвар ба худ хос урфу анъана ва минталитетро соҳиб аст. Ба ҳамаи мардуми минтақа муносибати баробар доштани ҳоким адолатро пойдор сохта, одамонро зери қонунҳои ахлоқӣ муттаҳид менамояд. Муносибати наздик доштани шоҳ бо уламо амали хирадмандона аст, зеро барои идораи халқ андешаи дигаронро ба инобат гирифтан зарур мебошад. Ҳокимон дар баррасӣ намудани масоилҳои умдаи ҷомеа машварати уламоро зарур шуморанд. Дар навбати худ уламо низ аз маслиҳати ҳокимон дар канор еабошанд.   Таҳлилҳои Ҳамадонӣ дар асосӣ идеалҳое бунёд шуданд, ки қариб дар бештари давраҳои таърихӣ дуруст меоянд.

Ҳаштум бошад: «он, ки ба сабаби таҷаббур ва такаббур халқро аз худ муставҳиш нагардонад, балки ба адл ва эҳсон ва шавқат бар заифон ва зердастон худро маҳбуби раоё гардонад».[10]  Ҳокими беҳтарин барои мутафаккир ҳамонест, ки халқ ба ӯ эътимод дорад ва ӯ ба халқ садоқат дорад. Бадтарин ҳоким ҳамонест, ки халқ аз ӯ нафрат дорад ва ӯ низ ба халқ содиқ нест.  Чизе, ки подшоҳро бо халқ наздик менамояд, ин мавҷудияти ҳиссӣ муҳаббат ва адолат нисбати халқ мебошад ва онро ҳар як субъекти ҷомеа мунтазир мешавад. Дар чунин суръат, метавонад подшоҳ манфиатҳои объективиро аз манфиатҳои субътивӣ боло гузорад. Такаббур ҷараёни ба эҳсосоти негативӣ роҳ додани шоҳ маҳсуб меёбад. Ба худ иҷозат додани эҳсосҳои негативӣ ва идоранакардани манфиатҳои фардӣ шоҳро дар назди ҷомеа беқадр мегардонад. Дақиқтар карда гӯем, сарчашмаи ҳар гуна маданият, маърифат, заҳмат, фарҳанг аз амалкардҳои шоҳ сарчашма гирифта, ба ҳаёти дигарон ибрат нишон дода ва оммаи бузургро ба ин роҳ даъват мекунад. Ин андешаҳо танҳо ба дар рӯҳияи шоҳон тарбия намудани ахлоқ набуда, балки фаротар аз он рушд додани илм, адабиёт, фарҳанг ва санъат мебошанд. Зеро инсоният ба ин арзишҳо дар ҳамаи давраҳои таърихӣ  ниёз дорад. Дар ростои таҳлили масъалаҳои номбаршуда метавон гуфт, ки мутафаккир нақши шоҳро дар таърих хуб дарк карда, сабабгори тараққиёту бӯҳронӣ бемисл шудани онро бо нигоҳи фалсафӣ баён кардааст.

Дар нӯҳумин шарт менависад: «Ва чун зулм ва хиёнати яке зоҳир шавад,(сиёсатмадоронро дар назар дорад-А.С) ӯро ба муохаза ва уқубат ибрати дигарон гардонад ва дар сиёсати подшоҳӣ мусоҳалат раво надорад ва арбоби давлатро ба насиҳат ва сиёсат муҳаззаб гардонад».[11]   Дар воқеъ, вазъи ҳаёти ҷомеаро муносибати байниҳамдигарии гурӯҳҳои иҷтимоӣ муайян менамояд. Чизи хеле муҳим рушдиёбии сатҳи руҳиву ҷисмонии (психофизикӣ) инсонҳо мебошад. Зеро ташаккул наёфтани шахсияти ҳоким сабабгори монеаҳо дар муносибат бо одамон мегардад.  Амалҳову рафторҳои арбобони давлатро подшоҳ бояд назорат намояд ва мувофиқ бар он мукофот диҳад. Беназоратӣ ва бематонатии подшоҳ мумкин аст, ки сарчашмаи ҳар гуна нобаробарӣ ва норозигии умум гардад. Подшоҳ дар доираи фаъолияти худ метавонад, ки рафтори субъектҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайраро мушоҳида намояд ва аз қобилияту истеъдоди эшон хабардор гардад. Таҳлили воқеи доштани ҳоким нисбати ҳаёти ҷамъиятӣ нишони худшиносии он маҳсуб меёбад. Ҷаҳонбинии баланди сиёсӣ ва иқтисодӣ доштани подшоҳ сатҳи зиндагии мардумро аз камбизоати наҷот медиҳад. Камбизоатии мардум аз сабаби камбизоатии ақл ва ахлоқ тавлид мегардад. Подшоҳ дар кадом рӯҳия ҷомеаро тарбия намояд,  ба ҳамон самт онҳо ҳаракат мекунанд. Мутафаккир мехоҳад, ки подшоҳ аввалан гурӯҳи идоракунандагони ҷамъиятро аз фардҳои  некӯкор, таҳаммулгаро, дурандеш, хоксор, илмдӯст интихоб намояд. Ҳамадонӣ шуҷоатмандона ҳокимонро даъват менамояд, ки ба одамони бенавоъ ва роҳгумзада ба маврид сӯҳбат орянд. Ба василаи сӯҳбатҳо метавонанд аз рӯзу рӯзгори мардум дарак ёбанд ва дар кадом сатҳи иқтисодӣ қарор доштани ононро бифаҳманд. Ҳоким ва ё мансабдоре, ки ба ҷиноят даст мезанад бояд ҷазо бинад, то дигарон худро дар таъмини амну адолат эҳсос намоянд. Ба фикри мутафаккир «мансаб ин чизест, ки ба воситаи он ҳоким метавонад ё соҳиби саодат ва некноми шавад ё гирифтори лаънати мардуму бадномӣ гардад».[12] Миқёси таърихӣ ва нуфузи ғоявии асари Ҳамадониро пешрафти маънавии ҷомеа, ба камолоти ақлони расидани ҳокимон, ташаббускориву корнамоӣ, эҳёи анъанҳои инсонӣ ташкил медиҳанд. Мутафаккир ҳиссӣ озодихоҳии инсонро аз сифату суннати шуур ва муҳити иҷтимоӣ медонад. Гузашта аз ин олим на фақат таълимоти динӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ ва сиёсиашро барои ҳокимон пениҳод кардаст балки фаротар аз он ба ҳамаи фарзандони инсон тавсия намудааст. назари олим дар тасвири ҷомеа басо рангин буда, дар рӯҳия тарбияи эстетикӣ, тарбияи эҳсосотӣ ва зебопарастӣ навишта шудаанд. Ҳамадонӣ чун фарзанди замони худ ба қувваи насиҳат ва гуфтори хеш ва ба таъсири он ба шуури ҷамъиятӣ бовар дорад. Албатта назария дар шакли насиҳат яку якбора шуури сиёсии ҷомеаро рушд намедиҳад ва ин раванди мураккаб ва дароз ба шумор меравад ва оқибат натиҷаҳои дилхоҳ меорад. Бештари андешаҳои инсоншиносон ва ҷомеашинон дар хусуси ахлоқ, ба раванди ҳаёти амалии ҷомеа нисбӣ таъсир мерасонанд ва ин назарияҳои этикӣ роҳ ба сӯи   идеалҳои баробарӣ мебошанд.

Ва шарти даҳӯм «он, ки фаросат бар ҳоким ва подшоҳ воҷиб аст, ки дар мабонии ҳудуси ҳаводис ва маонии вуқӯи воқеъ ба имъон назар кунад ва дар мазҳари фаҳм ва ақл ҳақиқати ҳар ҳукмро мушаххас гардонад».[13] Фаросат падидаи фалсафию ахлоқӣ буда ҷумла фарзандони одам аз азал ниёманди он буданд ва то абад ҳамин тавр хоҳад монд. Ин заковату фаросати истеъдоди фитрии олим аст, ки ба дониш, таҷриба ва ба шинохти воқеият такя карда ба ҷаҳониён ҳар лаҳза худсозию хештаншиносиро тавсия медиҳад. Ҳоким ҳамон вақт ба эҳсосот, рӯҳафтодагӣ, ҳарос, дудилагӣ, дода намешавад, ки ба фаросати сиёсии худ эътимод намояд. Мутафаккир хеле ҷидди дарк мекунад, ки фаросати сиёсӣ, қобилияти таҳлил надоштани ҳоким ҷомеаро ба бӯҳрони ҳуввият гирифтор менамояд.  Зимнан бояд гуфт, ки то имрӯз давлатҳо ва миллатҳо тавассути идеяи хирадгаёнаи сиёсатмадорон ва бо заҳмати одамони таърихӣ пойдор ва аз ин ҳисоб ҳаёт дар рӯи замин давом дорад. Ҳамадонӣ ҳарчанд ҳаёти худро ба илҳои сиёсатшиносӣ ва психологӣ набашида бошад ҳам метавон гуфт, ки фикрҳои ӯ перомуни давлат ва давлатдорӣ хеле дақиқ ва ба воқеияти иҷтимоӣ наздик навишта шудаанд. Дар фаҳмиши умум, ҳисси адолатхоҳӣ на танҳо сифати ахлоқии ҳокимро инъикос менамояд, балки ҳамчун корнамоӣ дар  фаъолияти вай ҷойгаҳи устувор пайдо мекунад;  афкори солими ӯ ҳамоҳангии  рафтору кирдор ва таффакури тозаро  оид ба маънавиёти халқ фароҳам месозад ва сипас ғояи ташаббус дар ҷомеа ҳукмрон мешавад. Ташаббускор гардидани одамон имкониятҳои сарватмандшавиро афзун мегадонад. Бинобарон подшоҳро зарур аст, ки эътимоди халқро ба ин аслҳои бунёдӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ устувор намояд. Ҳамин тариқ, рӯҳияи комили гуманистии ҳокимон, ки бадбинӣ ва беадолатиро инкор намуда, хосияти ихтиёрии худташаккулдии одамонро тавқият мебахшад ва барои инкишофи шахсият замина меофарад. Ҳамадонӣ дар тасвири адолати иҷтимоӣ тамоми нерӯи ақлониву зеҳнии худро сарфа намуда, ва ба ҳаёти одамон мазмуну моҳияти хушбахтиро фароҳам овардан мехоҳад. Миёни муносибатҳои динӣ ва сиёсӣ дӯстиро ворид кардан мехоҳад ва онро роҳи расидан ба ҳамдигарфаҳмии ҷомеа маънидод мекунад. Давлат барои ӯ асоситарин дастгоҳи идоракунӣ, дифокунандаи ҳуқуқҳои табиӣ ва амалишпвии орзуҳои умумиинсонӣ мебошад. Подшоҳону ҳокимон дар назди имрӯзу ояндаи сарнавишти одамон ҷавобгар мебошанд. Ҳамин тавр барои мутафаккир дар ин асари бунёдӣ мафҳумҳои бародарӣ, инсондӯстӣ, муҳаббат, наранҷондан, наҳаросидан, иродаи матин доштан, ҳокими бофаросат, маърифату ҳикмат, ба сарнавишти зердастон беэътибор набудан аз омилҳои калидӣ барои нишон додани ҷомеаи боадолат истифода шудаанд.

[1] М.Риёз. Аҳволу осор ва ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (бо шаш рисола аз вай) Маркази таҳқиқоти Эрону Покистон, 1991, Исломобод, Душанбе, Ирфон, 1995, 248 саҳ. С-121.

[2] М.С.А.Ҳамадонӣ. Захиратулмулк. Душанбе., 2008. С-123.

[3]  Андешаи миллии тоҷикон. Хуҷанд., 2011. С-303.

[4] М.С.А.Ҳамадонӣ. Захиратулмулк. Душанбе., 2008. С-124.

[5] Ҳамон асар. С-124.

[6] Ҳамон асар. С-124.

[7] Ҳамон асар. С-124.

[8] Ҳамон асар. С-125.

[9] Ҳамон асар. С-125.

[10] Ҳамон асар. 126.

[11] Ҳамон асар.  С-126.

[12] Абдураҳимов Қ.С. Афкори педагогии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Нашриёти «Ирфон», Душанбе- 2003. 250 саҳ. С-113.

[13] М.С.А.Ҳамадонӣ. Захиратулмулк. –Душанбе., 2008. С-126.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.