Санъат ва давраи нав

Аз он вақте, ки дар осмон офтоб фурўзон буда дар гирдаш сайёраҳо чарх мезананд, ҳеҷгоҳ дида нашудааст, ки дар ҳамаи замонҳо одамон дар хусуси тақдиру толеъ, хушбахтиву бадбахтӣ, озодиву ахлоқ, муҳаббат ва санъат барин падидаҳои умумиинсонӣ фикр накарда бошанд. Зеро, аз назари инсоншиносии файласуфи маъруф Кароматулло Олимов: “Ҷаҳони ботинии инсон падидаи хеле мураккаб аст, ки ҳамеша тилисме буда, ҳаст ва хоҳад буд ва онро то охир кашф кардан номумкин аст. Ин ҷаҳони зеҳнӣ омезиши тасаввуроти илмӣ, динӣ, сиёсӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, эҳсосотӣ ва ѓайра мебошад”.  Аз ҳамин сабаб се ихтисоси вазнин дар рўзгори одамизот вуҷуд дорад: инсон сохтан, муҳаббат доштан ва табобат кардан.

Дар замоне, ки мо онро пасомодернизм мехонем дарёфт кардани арзишҳои аслии ҳаётӣ ва сохтани “инсони заҳматкаш” чизи аз ҳама муҳим ва мураккаб маҳсуб меёбад. Инсони заҳматкаш дар маънои имрўзааш шахси масъулноктарин ва ба сарнавишти шуури миллат нақши калидӣ доштаро дар назар дорем. Албатта ин натанҳо дар маънои шахсиятҳои умумиҷаҳонӣ, балки ба ҳар фарди худогоҳ ва эҷодгар наздики дорад. Тасодуфи нест, ки миллионҳо афкору андешаҳо перомуни санъат ва санъаткорон садо медиҳанд. Аммо гап дар сари он меравад, ки то куҷо ин андешаҳо ба ҳаёти воқеӣ наздиканд ва одамонро ба сўи ахлоқ, озодӣ, хирад, тафаккур, тасаввур ва гуманизм ҳидоят мекунанд. Бидуни муносибати бошуурона нисбат ба санъат ҳатто дарки муаммоҳои умумиинсонӣ амри маҳол аст. Эҳсосот ва воқеияти фикрии инсонҳо дар доираи санъат то куҷо рушд кардааст ва муаммоҳои вуҷудии онҳо кадом андоза тавассути ин падидаи нодир роҳи ҳалли худро меёбанд. Аз ин рў чизе, ки моро ба фикр кардан маҷбур менамояд, ин аст, ки санъат дар сохтмони инсон то куҷо нақш ва мақоми арзишманд дорад.

Санъат ва сулҳ

Санъат монои дарёи бесарҳад аст. Аз ин рў, гоҳо дар болои он ҳар касу нокас мехоҳад киштӣ ронад. Ҳамин муносибатҳои беадолатона азалӣ ҳастанд ва ҳамин зиддиятҳо дар як навбат одамонро ба пеш мебаранд  ва дар навбати дигар ба равони ҷамъиятӣ осеб мерасонанд.  Зимнан барои он таъсир мерасонанд, ки дар ҷомеа одамон онро ҳамчун зуҳури маърифат ва маданият қабул мекунанд. Аммо бояд ба назар гирифтки муборизаҳо ва рақобатҳо дар олами санъат бошуурона ва бешуурона мешаванд. Аз ҳамин лиҳоз, “одамон метавонанд бо ҳамдигар муросо кунанд, аммо ҳамагӣ ба як равишу як қолаб фикр карда наметавонанд, ба шартеки сифатҳои одамиашонро аз даст додан нахоҳанд, ба шарте ки чун одам боқӣ монданро авло шуморанд”. Таваҷҷўҳ намоед ба ҳамин андешаҳои фалсафии нависандаи забардаст Чингиз Айтматов, ки (ниг.Дуроҳаи бўронӣ) ба инсонҳо мантиқӣ, ақлонӣ ва одилона зиндаги карданро меомўзонад. Бо ҳамин инсонҳо аз эҳсосот роҳи даст кашиданро меомўзанд ва ба эҳтироми азалии Одамӣ рў меоранд. Яке аз сабабҳои рушди Аврупо ҳам дар фаҳмиши гуногунгуфикрии (плюрализм) азалии инсоният мебошад. Ин гуногунандеши маҳсули асарҳои безаволест, ки аз “ашрафи махлуқот” “инсони комил” сохтан мехоҳад. Асарҳои бадеъи хусусияти инсонсозона доранд ва хислатҳои миллии халқҳоро нишон медиҳанд.     

Фантастика ва санъат

Чехов ҳақ буд, ки мегуфт: “дар муҳаббат, дар сиёсат, дар тиб мардум ва ҳатто ҳақтаолоро ҳамингуна мавридҳо низ буданд- фиреб додан мумкин аст, вале дар санъат фиреб додан набояд!”.

Эҳтимол, мудҳиштарин таззоди кунунии асри мо дар он бошад, ки идеяҳои эҷодии инсоният ҳадду ҳудуд надоранд, лекин зуҳури зиддиятҳои сиёсӣ, геополитикӣ, идеологӣ ва нажодӣ, ки худи ҳамин инсони муосир ба майдон овардааст, ба ояндаи худи башар таъсири манфӣ гузорад. Дар ҳамин ваъзият рисолати адабиёт, санъат ва нависанда беш аз ҳарвақта дида мушкилтар мегардад. Имрўз асарҳо ва кинофилмҳои фантастикие зуҳур доранд, ки вуҷуди онҳо пояҳои ахлоқу маънавиёти инсониятро коҳиш медиҳанд. Дар ин маврид шикастабанде лозим мешавад, ки шикастаҳоро бо нури хирад мўмиёи кунад. Фантастика бояд қоидаҳои ахлоқи азалии инсониро риоя кунад. Он дар ҳадде навишта ва офарида шавад, ки то бинанда ва хонанда наздикии онро ба ҳақиқат дарк кунад. Фантазияи асар ва кинофилмҳо шуур ва равони инсонҳоро бунёд мекунанд. Вақтеки фантазияи асарҳо ва кинофилмҳо воқеи нестанд, заминаи ҳаёти надоранд, онгоҳ  натиҷаи дилхоҳ барои одамони дар як давр зиндагикунанда дода наметавонанд. Тамоман ба назар нагирифтани онки гўё ҳеҷ як асар, кинофилм, медолдрама ё сериалҳои дарозмуддат ба шуури ҷамъиятӣ таъсир намерасонанд, фикри ѓайривоқеӣ мебошад. Филмҳо равон ва шуури  ҷомеаро шакл медиҳанд, хислатҳои миллии халқҳоро тайѓир медиҳанд, ба тақлидкорӣ ва эҷодкорӣ сабаб мешаванд.   Ба ҳамин хотир нависанда ҳаётро дар маҷрои нав ва идеалӣ нишон додан мехоҳад. Ҳамин андешаи нигорандаи Амрикоӣ Исҳоқ Азимов воқеият дорад: “Барои он ки ақидаи худро роҷеъ ба оянда ҳақ барорад, нависанда аз хатарҳои билқуввае, ки ба мо таҳдид мекунанд, андеша меронад ва оқибатҳои имконпазири онҳоро зери қалам меорад. Вале нависанда намегўяд: ана он чизе, ки ногузир бояд сурат гирад. Вай гапи дигар мегўяд: агар мо чорае наандешем, ана инхел воқеа рўй дода метавонад”.

Фантастикаи бадеӣ бояд дар заминаи ҳодисаҳое навишта шаванд, ки онҳо дар кадом сатҳ қарор доштани идеяҳои индивидуалӣ ва ҷаҳонбинии одамони дар як давр зиндагикунандаро нисбат ба ҳаёт тасвир намояд. Дар ҳамин зина навишташудани асар аз истеъдод ва шинохти ҳақиқатнигории нависанда вобастагӣ дорад. Асареки дар бораи пешомади имконпазири насли башар, рушду бўҳрон, равон ва шуури ҷамъиятӣ ҳамвора фикр менамояд, бешубҳа асари санъат маҳсуб меёбад. Асар бояд ҳақиқатро нишон диҳад, одамонро ба роҳи ростин ҳидоят кунад, сабабҳои хушбахтӣ ва нокомиро ошкор намояд. Имрўзро ҳамонтавре тасвир созад, ки ояндаи норавшан эҳтимолан, то ҳадди имконпазир маълум гардад. Бояд адабиёт қарзи худро дар назди башар адоъ намояд. Он вақт он моли санъат ҳисобида мешавад.

12-соли интизорӣ

Ба наздики 12-соли интизорӣ-ном филми нави тоҷикӣ рўи экранҳои калон намоиш дода шуд. Дар он чизи аз ҳама аҷиб барои ман ҳамин будки нақши як идеяи равоншинос барои дигар шудани тақдири қаҳрамони филм асосӣ буд. Дар филм то ҷое сабабҳои вайроншавии “оилаҳои ҷавон” ва заифии “психологияи ҷамъиятӣ” инъикос ёфтаанд. Дар ин масъалаи муҳим худи ҳозир фикр намудан зарур аст. На фақат фикр кардан, балки тавассути санъат роҳҳои рушди шуури психологӣ ва санъатдўстиро бедор сохтан муҳим мебошад. Зеро маҳз санъат беҳтарин роҳи муборизаҳо, комёбиҳоро дар роҳи сулҳ, адолат, озодӣ, хушбахтӣ ва ахлоқ нишон дода метавонад.

Романтикаи муосир

Боиси таассуф ва нигарони аст, ки то ҳол одамони зиёд ва хосатан ҷавонон романтикаро дар маънои воқеӣ ва ақлониву ахлоқӣ намефаҳманд. Он ҳаргиз маънои шаҳватпарастӣ ва ишратпарастиро  надорад. Романтика- ин муҳаббати ҳақиқии вуҷудӣ дар ботини инсон аст. Дар он сухан перомуни муборизаи ниҳоии инсонҳо барои хушбахтшавӣ меравад. Инсонеки ба дараҷаи фаҳм кардани маънои “муҳаббати ҳақиқӣ”нарасидааст, зимнан ба қадр кардани асли арзишҳои умумиинсонӣ кўшишҳои идеалӣ карда наметавонад. Аксарияти инсонҳо аз кинофилмҳои дидаашон хулосаҳои ҳаётан муҳим бароварда наметавонанд. Хислатҳояшон дигаргун намешавад, эҳсосҳои негативӣ барҳам намехурад ва ҷаҳонбиниашон рушд намекунад. Муаммо на дар кинофилмҳо, балки дар худи ҳамин инсонҳо ниҳон аст. Дар сомонаҳои интернети баҳодиҳии ҷавонон ва афкори онҳоро нисбат ба кинофилм ва мелодрамаҳои навтарин ( масалан мелодраммаи Аруси замонавӣ ва ѓ.) хондаистода дили кас ба ҳайрат меояд. Аз чизи оқилона хулосаҳои ноодилона бароварда шудаанд. Ҷавонон ба моҳияти ин асарҳо ва кинофилмҳо бояд сарфаҳм раванд. Аз он сабақ омўзанд. Тақдири худро асос гузоранд.

Санъат бизнес- нест

Санъаткори асил- барои пул эҷод намекунад, балки пул барои ў кор мекунад!. Ў аз пайи шўҳратпарастӣ намеравад, балки шўҳрат ҳамеша ҳамроҳи ў меравад. Санъат воситаи беҳтарини худро муаррифи намудан нест. Он яке аз роҳҳои кушодани зиндагии хуб барои инсонҳо мебошад. Имрўз дар мисоли клипҳо ва сурудхониҳо дидан метавон, ки барои сохтани як клип ба ҳисоби миёна 500-600 доллар маблаѓ сарф мешавад. Дар натиҷаи мебинем, ки ҳамин клипҳо ба шуури ҷамъиятӣ таъсири мусбӣ расонида наметавонанд. Одамонро аз нокомиҳо наҷот намедиҳанд, аз бадфикрӣ, бадгумонӣ, эгоистӣ раҳо намекунанд. Пас мавҷудияти онҳо чи маъно дорад?…  Аз ин рў, суруд хондан- ҳоло маънои санъаткор буданро надорад. Ҳаваскорӣ- санъаткорӣ нест. Овозу симои зебо доштан-кафили санъаткор шуданро намедиҳад. Ҳатто матни баъзе сурудҳо моҳияти муҳаббат ва ҳаётро нодуруст ифода мекунанд. Ҳамон тавре, ки “нависандаи бад- хонандаро ба роҳи ѓалат мебарад”, ҳаргуна амалкардҳои сохтакорона низ дар олами санъат- одамонро аз ахлоқ берун мекунанд. Аз ҳаминҷо зуҳур мекунад рақобатҳои носолим дар шуури ҷавонон. Суруд бояд хушбахтии ҳақиқиро нишон диҳад, ҳисси муҳаббатро ба ҳаёт пайдо намояд, мақсади зиндагиро бигўяд.

Хулоса:

 Санъат шакли бадеъӣ, маърифатӣ, фалсафӣ, идеалӣ, эҳсосотӣ ва ахлоқии ҳаёт аст. Он аз овони кўдакӣ, навҷавонӣ, ҷавонӣ ва барои тамоми ҳаёт-дар шуур ва равони инсонҳо таъсир расонида, ҷаҳонбинии онҳоро шакл ва маъно мебахшад.  Бинобарон санъат натиҷаи талошҳои тўлонӣ,  мантиқӣ, ақлонӣ ва кўшишҳои идеалӣ аст.

Ҳадафи авалин ва охирини санъат инсонсозӣ аст. Инсонеки барои тамоми умр содиқ мемонад ба инсоният, ба муҳаббат, ба Ватан. Содиқ бо худ. Аз ин рў, ҷавонони мо бояд ба санъат аз кунҷи назари фикрониҳои танг неву, балки аз дарвозаи васеъи фалсафӣ нигоҳ кунанд. Имрўз бояд санъати тоҷик олитарин ва заифтарин хислатҳои миллии моро нишон диҳад. Орзуҳо, ормонҳо ва талошҳои моро дар роҳи сулҳ ҳидоят намояд. Озодӣ ин нестки инсонҳо ҳар кореки мехоҳанд бикунанд. Санъаткорона зиндагӣ кардан озодӣ аст.

test

Добавить комментарий