Фалсафаи сулҳ

Дар мақола идеяҳои фалсафаи сиёсӣ оид ба равандҳои муосири муносибатҳои байналхалқӣ зери таҳлил қарор гирифтаанд. Муаллифон кўшиш намудаанд, ки нақши давлат ва субъектҳои сиёсиро дар ташаккули сулҳ миёни миллатҳо нишон диҳанд. Рушди инсоният асоси сулҳ маънидод карда мешавад.                           

 

Калидвожаҳо:  бархўрди тамаддунҳо, гуфтугўи тамаддунҳо, шуур, модернизм, глобализатсия, интегратсия, сулҳ.

 

«Чуноне, ки офтоб ба ҳар як атоми эфир курраи ба худии худ мукаммал ва дар баробари ҳамин танҳо атоми як воҳиди томи аз ҷиҳати бузургиаш барои инсон ақлнорасе мебошад, ҳамин тавр ҳар як шахсият дар дил мақсадҳои худро мепарварад ва зимнан онҳоро барои он мепарварад, ки ба мақсадҳои умумии барои инсон ақлнорас хизмат кунанд»[1. с. 296].  Ин нуқтаи назари Л.Н. Толстой ба номутаноҳии тафаккуроти инсон ва системаи томи ҷаҳонбиние, ки ба ў насиб гардидааст, ифода менамояд. Дар шуури субъектҳо тайѓири фикрӣ дар лаҳзаҳои муайяни ҳаёт ба вуҷуд меояд ва ин бар он далел, ки рушди хирад хоси тамоми давраҳои инсоният аст.

Аммо баҳси мо бевосита дар атрофи шахсият ё худ масъалаҳои ба худ хоси феноменологии он нест. Балки баҳси мо дар бораи шуур ва ҳиссиёти инсон оид ба воқеият мебошад. Дар даврае, ки равандди ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии бемайлони байналхалқӣ суръат мегирад, то куҷо субъектҳо ва иродаи халқҳо ба идеяи сулҳ тобеъ мешавад?. Идеяи ахлоқ ва ақл чӣ нақше барои рушди инсоният гузошта метавонад?. Назарияҳое, ки рўи кор омаданд, то кадом андоза барои сулҳ хидмат карда метавонанд?. Мо инро танҳо аз нигоҳи методолияи фалсафаи сиёсӣ дида мебароем.

Қофиласолори номуси оламиён Чингиз Айтматов аз зумраи нависандагоне буд, ки дар хусуси тақдиру толеъи ояандаи башар сўзнок меандешид. Дарде ки қалби ўро ором намегузошт, изтироби адонашавандаро мемонад. Нависандаи қирѓиз зимни кашфиётҳои илмию техникӣ ҳамвора аз оқибатҳои он андеша карда навишта буд, «имрўз мо ҳамагӣ дар даруни як кишти ҷой гирифтаем; дар киштие, ки шояд дар фазои беинтиҳои коинот ягона маҳалли маскун бошад»[2. с. 351]. Киштие, ки ҳаёти одамонро вобастаи ҳам намудааст, бо изҳори Акбари Турсон ҳамроҳ шавем «чунон танг, нозук ва ноустувор бувад, ки аз як такони ногаҳонӣ, эҳтимол, чаппагардон шавад; хусусан, ки киштинишастагон ҳамақидаву ҳаммазҳаб нестанд ва низ ҳар яке бо яроқу аслиҳаи қатли ом саропо мусаллаҳанд»[2. с. 352]. Агар инсоният бо сулҳ зиндаги намуданро наомўзад, ҳатман ҷои онро ба ҷанг медиҳад. Эйнштейн ҳам аз он меҳаросид, ки дараҷаи баланди тафаккури техникӣ чӣ оқибатҳои нохуше дорад ва онро, кӣ идора мекунад?! Инсони заҳматкаши имрўза, фаротар аз қаҳрамони оддии асарҳои бадеӣ аст. Одамоне, ки ниҳодашонро мо заҳматӣ мепиндорем дар селоби ҳаракати таърих нақши калидӣ доранд. Ҳеҷ вақт таърих то мисли имрўз озодии инсонро надидааст. Инсони имрўза метавонад аз ҳамаи дастовардҳои замон норози бошад, аммо ҳеҷ гоҳ аз тақдири худ набояд дилгир шавад.

Демократияи ҳозираззамон тамоми зиндагии инсонро ҳамчунон ба маҷрои нав ҳидоят кард, ки барои аз тақдиру толеъ нолидан ҷое боқӣ намемонад. Аммо ин озодӣ ҳеҷ вақт дар маънои мутлақ натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Озодии дар имконият фарорасида, ба кор андохтани сохтори тафаккуру тасаввурро талаб менамояд. Ҳар як идеяи озодӣ дар охир натиҷаи хоси худро ба бор меорад.  Хемингуэй меандешид, ки “вақт тавонмандии аз байн бурдани афкори бузургро надорад”.  Ин ҳақиқат дар замираш як навъ ҳикмати зиндагиро дорад. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳамаи одамон новобаста аз таҷриба ва омўзишҳояшон, новобаста аз ихтисосашон ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ баҳо медиҳанд. Мо тарафдори фикри одил ҳастем ва дар ҳаёт соҳиби фикри шахсӣ шудани ҳар фардро эътироф менамоем. Фаҳмидани он душвор нест, ки ҳар як идея,  ҳар як назария, ҳар як китоб дар тафаккури одамон дигаргуниро ворид намуда метавонанд. Аммо гуфтани он душвор аст, ки ин идея ва назарияҳо то куҷо ба ҳаёт наздикӣ доранд ва дар сарнавишти одамон мушкилӣ эҷод намекунанд. Назарияҳо ба пайдоиши ҳодисаҳо сабаб мешаванд ва зиндагии одамон маҳсули идеяҳояшон мебошанд. Ҳар як инсон дар ҳаёт барои худ қонуни тиллоии виҷдонро дорад. Ва ҳамаи одамон вобаста ба ҷаҳонбинӣ рамзи бовиҷдониро дар ниҳоди худ мепарваранд. Пеш аз он, ки ҳар як ѓоя барои мардум  пешниҳод карда шавад, бояд фикр, фикр ва боз ҳам фикр кард, аз оқибати он, аз натиҷаи он… ин аст қонуни тиллоии виҷдон.

Давлат барои он сохта мешавад, ки одамонро аз бадбахтиҳои бузург наҷот диҳад. Одамон бояд ба давлат эътимод кунанд.       Сиёсатшиноси японитабори амрикоӣ Фукуяма исбот кардани мешавад, ки бештари дастовардҳои мусбат ва манфии дар ҷаҳон зуҳур намуда, маҳсули давлат буданд[6]. Фукуяма дар асари машҳури худ муаммоҳои байналхалқиро зери таҳлилҳои илмӣ мегирад ва роҳи ҳаллӣ онҳоро ба «давлати абарқудрат» мегузорад. Давлат агар қудрати худро ба системаи муайян дароварда, онро  истифода карда тавонад, он гоҳ мушкилиҳои бузургро ҳал мекунад. Аз назари Фукуяма муаммои сусти дастгоҳи давлатӣ ва зарурати  сохтори давлати абарқудрат ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар давоми солҳои тўлонӣ вуҷуд дошт ва ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню-Ёрк инро хеле равшантар нишон дод ва ин ҳодисаи мудҳиш нишонаи сустии системаҳои идоракунӣ ва тадқиқотии давлатӣ буд.

Ҷаҳонишавӣ вазифаи давлатҳоро зиёд намуд. Муаммоҳои глобалӣ ба давлатҳое бештар таъсир расонида истодааст, ки нерўи сусти идоракунӣ доранд. Давлатҳое, ки онҳоро ҷанг таҳдид мекунад, натиҷаи амалкардҳояшон мебошад, зеро давлат натиҷаи хирад ва образи воқеият аст.

С.Хангтингтон, ки мўътақиди ҷаҳони бархўрд аст ва бо этиқодот ѓолибияти тамаддуни бузургро эътироф менамояд ва ногузир ба ҳамин назария миёни тамаддунҳо низои оштинопазир ҷараён гирифтанашро фарзия мекунад»[7].

Назарияи дигаре, ки инкори мутлақи «бархўрди тамаддунҳо»–ро дар буняаш дорад ин «Гуфтугўи тамаддунҳост». Гуфтугўи тамаддунҳо ба шакли васеъ ва ҳамчун роҳи ҳалли диллемавӣ тавассути Муҳаммад Ҳотами собиқ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1998 гузошта шуд, ки дар он омадааст: «Дар арсаи фикрӣ ва фарҳангӣ мо пениҳоди гуфтугўи миёни тамаддунҳоро мекунем, метавонем фарҳангҳои худамонро дошта бошем. Дин ва дигар арзишҳои ҳувиятамонро дошта бошем»[3].

Гуфтугўи тамаддунҳо ҷаҳонро меҳвари муносибат медонад на монанди назарияи бархўрди тамаддунҳо майдони ҷанг.

Деҳае, ки инсоният сукунат дорад аз азали шинохти ҷавҳари худ ба адолат қудрат, ахлоқ, ирода ва ба ҳастии маънавӣ такя менамояд. Ин назарияест, ки сиёсати сулҳҷўёнаро дар арсаи ҷомеи ҷаҳонӣ тарѓиб намудан мехоҳад. Сокинони сайёраро ба таҳаммулпазирии фарҳангӣ ва дарёфти ѓояҳои башардўстона мебарад. Ин идеалҳо ормонҳои фалсафаи сиёсиро аз таҷрибаи тамаддуни Шарқиён ва ҳамоҳанги бо арзишҳои Ѓарбиён ва пайвастгардидани меёрҳои сиёсат ва ахлоқ дар санъати муносибатҳо медонад. Ин гуфтугўе тамаддуние, ки қонунияти таърихи тамоми имрўзро аз саргаҳи идеологи имконпазир медонад утопия аст ё амалишаванда?. Иддае аз сиёсатшиносон аз баҳси ду назария муқоисаро бар канор гузошта ба раванди кунунии ҷаҳон ба пайбурди ҳодисаҳо анҷом ёфта истодани гуфтугўи тамаддунҳоро ҷараёноти дар амалия буда медонанд. Агар Морган поёни инкишофи рўҳи тамаддунро ѓолибияти аҳли инсон ба қудрати халлоқии арзишҳои худ дониста бошад ва онро анҷоми ҳамин тамаддун пиндорад яъне зинаи расидан ба озодии ақл ва сазовор будани инсон ба категорияҳои фаласафӣ ва дарёфти ҳақиқати худ, ки боиси шинохти ҳуввият ва дигар арзишҳо дар ҷомеаи идеалӣ ва баробарии иҷтимоӣ, ки дар фаъолияти эҷодкоронаи мунтазами инсон омада расиданаш лозим аст ва худ инро Морган саҳнаи охирини демократия медонист[4. с. 356].

Кунун Ф. Фукуяма сарнавишти қазову қадари инсонро, ки худ офарандаи ҳамин саҳна аст ва бо назардошти он, ки ин драмма бо чи меанҷомад ва тасвири илмии эпизоти ў, ки поёни таърихро пешгўи мекунад яъне саҳнаи таърихиест, ки идеал ва арзишҳои чанд асраи инсониятро дар бар мегирад ва ѓолибияти ин ҳақиқати бебаҳсро ба либерал демократия медиҳад.

Марксизм бо кашфиёти оламшумулаш «арзиши изофа» ва ё «сатсиолизми утопиявӣ»-ро, ки аз кайҳони орзуҳо замини сохт яъне онро ба илм мубаддал кард ва бо чунин кашфиётҳои барои башар ақлнораскардааш «коммунизм»-ро поёни таърих медонист. Зин-рў Фукуяма на бархўрд миёни тамаддунҳо, на гуфтугўи шадид, балки тазод миёни афкори сиёсии ва ба қувваи маѓлубнашаванда табдил ёфтани либерал демократияро дар назар дорад. Фукуяма ва Хантингтон идеяи асри муосир будани либерал демократия назари мувофиқ доранд.Ҷомеаи лебералӣ, ки фардро табиатан озод медонад янеъ маҳдудиятҳои суннатиро инкор мекунад. З-ин рў дар бархўрд мизони тавонои ва нерўи қудрат танҳо ба тамаддуне омада мерасад, ки аз шахсиятҳои ақлонӣ иборат бошанд.

Либерализм мўътақид бар он аст, ки моҳияти ҳаёт ва қонунҳои хирад дар сурати ба вуҷуд омадани озодии фард ба даст меояд ва танҳо ҷомеи либералиро натиҷаи ҳаёти амалӣ ва адолати иҷтимоӣ медонад. Пас ѓолибияти як тамаддун яъне шикасти сойир тамаддунҳо гардад ва ин ҳамон системаеро иникос менамояд, ки на арзишҳои ҷомеи ҷаҳонӣ пайванд шуданд ва нерўи ҷаҳони шуданро гирифтанд, балки арзшҳое ки тамаддунҳои маѓлуб доштанд дар ҳамин ҳассосияти бархўрд нобуд мешаванд. Зеро ба тавоноии ҷаҳонигардонидани арзишҳояшон, ки ҳамгироӣ “интегратсия” фароҳам меорад фаразан ба идеалҳои муваффақи худ нарасанд комилан ба эҳёи ҷаҳонисохтан муяссар нахоҳанд гашт. Миллатҳое, ки сохтмони фарҳангиашон дар ниҳодҳои утопистӣ реша доранд ва дар натиҷа ин унсурҳо дар дохили худ хароб мегарданд.

Чашмрастарин идеали офаридаи тамаддуни Ѓарб ин бунёди ҷомеаи либерал-демократияи онҳост. Гузашта аз ин идеологияи либерализм ба асрҳои 17 – 18 рафта мерасад. Сониян дар ихтирооти ин назария мутафафакирони маъруф Ҷон Лок, Ш.Л.Монтиские дар худи ҳамон қарн ин бунёди афкори фалсафии сиёсиро эҷод карда баромаданд. Пеш аз ҳама дар ҷомеаи либералӣ ба озодии иқтисодии фард эътибор дода мешавад. Ва минбаъд муаффакирон ин мафҳумро ба дараҷаи системаи илмӣ бардоштанд, ки аз монеаҳои депресияи солҳои 30 – уми асри гузашта низ ба инкишофи ин таҳдид мекард гузаштааст. Аммо ин идеологияи сиёсиро, ки вазифаи «посбони шабона»-ро ба ўҳда дорад дар сиёсати ҷаҳонӣ мавқеъ ва мақоми хосро соҳиб гардид. Ѓарбиён арзишҳои ин идеологияро дар ҳаёти амалӣ ва иқтисодӣ ва тадбиқи онро ба ҳаёти иҷтимоӣ зарур донистанд. Сиёсатшиноси Бритони Э. Белей ѓамхории асосии лебералҳоро на озодии шаҳрванд балки сармояи озодро низ ҷонибдори мекунанд.

Пас иддае аз Ѓарбиён дар шинохти озоди ва роли он дар офариниши тамаддуни ягона мўътақиданд. Ва з-ин рў аз нигоҳи фалсафи ҳуқуқии асосгузорони анархо-индивидуализм муҳаққиқони Амрикои И.Уорена, Б.Танер бармеояд, ки «ҳар як инсон бояд чунин соҳаи фаъолиятеро дошта бошад, ки бо он ягон кас ҳуқуқи дахолат карданро надошта бошад». Аввалан баҳри ин амал сиёсатмадороне аз доираи иштирокчиёни гуфтушунидҳои байналхалқӣ дар конфронсҳои системаи гуманитариро дарбаргиранда дар тамоми соҳаҳо аз ниҳодҳои худ берун рафтани афкори либералиро эътироф мекунанд. Дар системаи сиёсии ҷомеаи капиталисти ду нав шакли ҳаракат дар рушди инкишофи таърих ба назар мегиранд: ҳаракатҳои фишороварандаи калон ва ҳаракатҳои оммавию демократист. Пас тафаккуроти сиёсӣ раҳои аз сиёсатзадаги тарзи омўзиши қолабҳои динӣ ва бунёдсозии ҷомеаи тавлидкунанда метавонад дар олами муосир тамаддуни пешқадамтаринро асос гузорад. Ва имрўз Ѓарбиён зимнан сабабгори тафккури ихтирокорашонро аз субъекти худшинохта мансуб медонанд.

Шинохти ҳаёт ва моҳияти он агар дар тасавури одамон нодуруст шакл гирад сабаби низоъ ва дигар ҳодисаҳои негативӣ мегардад. Масалан Тойинби яке аз маруфтарин муарих дар мавриди шакл гирифтани тамаддун менависад: «Тамаддун замоне шакл мегирад, ки тамоми корҳои ақлонии як миллат ба суръати одат дароянд». Мактабҳои илмии Ѓарб дар ташакули ҳаёти амалиашон фаъолияти индивидуалиро асоси рушд медонанд. Чунин мактабҳои илмӣ метавонанд дар сохтмони тамаддунҳои ҷаҳон андешаи худсозӣро тарѓиб намоянд.

Файласуфон  дар ҳама замонҳои таърихӣ  ба идеяи сулҳ, дўстӣ, муҳаббат, таҳаммулпазирӣ одамонро даъват менамоянд. Ба ҳамдигар муносибат пайдо накардани тамаддунҳоро оқибати манфии ба асорат гирифтор шудани одам дарк намуданд.

Муколамаи диниву дунявӣ, ки хислати фалсафӣ дорад ва дар давлатҳои ба форуми демократӣ ва тамаддуни башарӣ чи медиҳад?. Эътироф намудан лозим аст, ки ҳамзистии тамаддунҳо дар ҳар давраи таърихӣ мавриди аввалияти мантиқии назар меистад

Ҳанўз А. Зейферт ба назарияи муносибатҳои муосири тамаддуни нигарони  карда буд:   «Ҳанўз то 11 сентябр мавҷудияти ниёз ба таѓирдиҳии парадигмаи муносибатҳо байни Аврупои дуняви ва намояндагони дунявии ҳукумат, аз як тараф бо ислом аҳолии мусалмон баргузидагон ва ҳаракатҳои сиёси аз дигар тараф аён гашт. Ҷанги шаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муноқиша дар Чеченистон ва задухўрдҳои мусаллаҳона бо ҳаракати исломӣ дар Ўзбекистон солҳои 1999 ва 2000-ум хушдори ҷидди буданд. Мутаассифона аз ин ҳодисаҳо ягон хулосаи муҳим бароварда нашуданд ва садамаи 11-сентябр лозим омад то ба дарки ҳадди ақали масъала ноил бигардем. Имрўз гуфтан душвор аст, ки ин барои симои тамаддуни давлатҳои Осиёи Маркази чи оқибатҳо хоҳанд дошт ва дар навбати худ ба Аврупо ва мамолики ИДМ чигуна таъсир хоҳад расонид» [5. с. 12].

Ин таҳаввулоти шиддатёбии бархурди муносибатҳои диниву дунявиро Зейферт хатари кулли дар ҳолати нашудани пешгириаш алалхусус дар суботи дохили, ки шарти муҳимтарини амнияти минтақа ба ҳисоб меравад нигарон буд ва баҳри ифодаи муносибатҳои дунявию исломи бояд стротегияи суботоваре, ки ба дарёфти созиш байни тамаддунҳо равона карда шудааст амали шаванд ва зимнан хусумати дини тамаддунориро ҳаттал имкон бояд аз байн раф карда шавад ва пеши ин роҳро мебояд гирифт. Яъне ин мавзуъият ҳам гуфтугўи тамаддунҳоро имконпазир медонад.

В-аз ин рў З.Бжезинский ва Хантингтон дар китоби худ «Ҳокимияти сиёсӣ: ИМА ва Итиҳоди Шўраввӣ» соли 1964 бо таҳлили назарияҳо муайян намуданд, ки аз сохтори системаи тоталитарӣ ва авторитарӣ дида демократия мувофиқ ба миллатҳост.

Аз таҳлилҳои назирии интилигенсияҳои маъруфи мунозираи сиёсӣ Маркс, Фукуяма, Хантингтон ва Бжезинский ба хулосае омадан мумкин аст, ки на ҳамаи равандҳои умумиҷаҳонӣ ба глобализатсия вобаста мебошанд. Гуфтан лозим аст, ки ба саволе, ки Толстой гузошта буд яъне «кадом қуввае халқҳоро ба ҳаракат меорад?» моҳиятан наздиктарин ҷавоб он аст, ки агар мо дар ин ҷо нақши давлат ва идеяҳои ҳукмроне, ки аз фардиятҳо сарчашма мегиранд дида бароем. Баъзе глобалистон паҳн гардидани бемории СПИД, сатҳи баланди қашшоқӣ дар мамлакатҳои гуногун, ё худ дар мудати кўтоҳ давлати муқтадир гардидани Хитой ва Ҳиндустон ва фоҷиаи 11-сентябро аз зуҳуротҳои глдобализатсия ҳисобанд. Аммо муқобил барин Фукуяма онро нишони «давлати суст» манидод кард. Нишондоди нави қувваҳои арсаи ҷаҳони асри ХХI дар раванди муосир геополитикаи нав чунон гузошта мешавад, ки ҳолатҳои пешрафтаи иқтисодӣ ба он вобаста мебошанд.

Миллатҳо аз якдигар таълим мегиранд, ба фарҳанги ҳамдигар муқобил иебароянд ё худ эътироф мекунанд ва  ин гуна гуфтугузор ба тавлиди омезишҳо, пайдо гардидани меъёри рақобати озод  ва ба рушди ҳаёти мухталифи  иҷтимоии ҳамдигар сабаб мегарданд. Гузашта аз ин бо назардошти плюрализми сиёсӣ глобализатсия бо демократия ҳамқадам мегардад. Сохтори давлати абарқудрат ин ҳамон масъалаест, ки миллатҳои дорои арзишҳои бузурги тамаддун ба худ хос кўшиш харҷ менамоянд. Кўшиши хоси гегемонӣ низ дар хотираи миллатҳостанд.

Ҷаҳон то кунун ин ранг ба таври зудҳаракати яъне фарҳангу тамаддунҳо ҳеҷ замон ба ин андоза, ки доранд боталотум ба ҳам мерезанд набудаанд. Инкишофи босуръати интернет ин метавонад фазои гуфтугўҳоро наздик намояд ва ҳамчун олати дастрастарин ба ҷомеаҳо хидмат намояд. Чунин пешрафтро мебояд дар тарозуи «қонуни нисбият» баркашид то вақте, ки чашмрастарин нуфузҳои ѓайри ахлоқӣ дошта ҳамчун кўҳи бесарват ба қалби ҷомеаҳо ва дар қасри манавиёти онон соя хоҳад афканд.

Раванди глобализатсия бе бархўрди андешаҳо, гузашта наметавонад. Чунки зидият ин қонуни доимист. Аммо набояд зиддияти андеша аз эҳсосот сарчашма гирад.

Ҳаёти халкҳо ин маҳсули арзишҳои амалии онҳост. Аз назарияе, ки Хантингтон портрети онро кашидааст наметавон розӣ шуд. Зеро рушди шуури инсоният метавонад ҳар гуна модели муносибатро эҷод намояд. Бархўрди тамаддунҳо натиҷаи эҳсосоти халқиятҳо аст. Гуфтугўи тамаддунҳо натиҷаи рў овардан ба илм, ахлоқ ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ мебошад.

Назарияи “Бархўрди тамаддунҳо” ин пеш аз ҳама фарзия аст. Сустии ҳар гуна назария аз таҳлили ѓалатноки таърихӣ пайдо мешавад. Мутафаккирони маъруф ва ё фардиятҳои нобиѓавӣ ба доираи як фарҳанг як тамаддун ва як халқ ҷой гирифта наметавонанд. Имрўз таърих бардўши модернистон, перениалистон (абадпарастон), конструктивистон, глобалистон ҳосили коргаҳи ақлу хирад ин ҳама нест гўён гузоштани мантиқи фалсафиро талаб мекунад. Фаҳмидани он ба таври воқеи мушкил нест, ки ҳамаи фарҳангҳо новобаста аз таърихият, пешрафт ва таназзул, эҳсосотӣ ва кўҳнапарастона буданашон барои тамоми ҳаёт ҳуқуқ ба арзи ҳасти намудан доранд.

                                                 Адабиёт:

  1. Толстой Л.Н. «Ҷанг ва сулҳ» ҷ.4. Душанбе., 1962.С-296.
  2. Айтматов Ч. Дуроҳаи бўронӣ. Душанбе.,  С-351.
  3. Cуханронии С.М. Ҳотамӣ дар иҷлосяи маҷмааи умуми СММ. (53-умин /1998).
  4. Маркс К. Энгелс Ф. Душанбе.,1965. С-356.
  5. Истиқрори бовари миёни исломиён ва дунявигароён- таҷрибаи тоҷикон». – Душанбе., 2004.

6. Фукуяма Ф. Сильное Государство. М.,- 2009

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.