Гуногунӣ ва ягонагии ҳастӣ

Масъалаи ҷавҳарият (субстанция)

 

Ҳастӣ категорияи аввалинӣ фалсафа ба шумор рафта, ҳамаи мавҷудоти оламро фаро мегирад. Дар қаъри Замин ва дар рӯи он қариб 30 ҳазор минералҳо вуҷуд дорад. Дар иқлимҳои гуногуни саёраи мо наздики 500 ҳазор намуди ҳайвонот ва миллионҳо намуди растанӣ вуҷуд дорад. Кишварҳои гуногун, маданият ва тамаддунҳои гуногун мавҷуданд. Дар худи галактикаи мо на кам аз 100 млрд. ситора. Дар коинот бошад аз рӯи ҳисоби астрономияи муосир қариб 10 млрд. галактика вуҷуд дорад. Инсон гуногуншаклӣ ва беинтиҳоии оламро тасаввур карда, ба чунин масъала рӯ ба рӯ мешавад, ки новобаста ба ин гуногунӣ оё ягон сарчашмаи ягонае вуҷуд дорад, ки ҳамаи ҳастиро бо ҳам муттаҳид намояд, агар бошад, пас ӯ чигунааст?

Ҳалли ин масъла таълимотҳои фалсафии зеринро ба вуҷуд овард:

Плюрализм, дуализм, монизм.

Плюрализм (калимаи лотинӣ pluralis- бисёр, бисёрӣ) ягонагиро инкор намуда якчанд шаклҳои  ҳастии мустақил ва новобаста аз ҳамро эътироф менамояд.

Таълимотҳои баъзе файласуфони Шарқ ва Юнони қадим мазмуни плюралистӣ доранд. Масалан, Эмпедокл гуногуншаклии ашёро аз чаҳор аносир медонист: хоку, бод, об, оташ. Дар Замони Нав системаи плюралистиро Лейбниц офарид. Аз рӯи он ҳама аз ҷавҳари руҳонии беҳисоби тақсимнашаванда-монад, ки олами ақлро ташкил менамояд, иборат мебошанд.

Дуализм (лотинӣ dualis- духелагӣ) ду мабдаи мустақилро эътироф менамояд: моддӣ ва маънавӣ. Намояндаи барҷастаи ин таълимот Р. Декарт мебошад, ки ду ҷавҳари баробарҳуқуқи новобаста аз ҳамро сарчашмаи ҳастӣ ҳисоб менамояд.

Монизм (юнонӣ. якто, ягонагӣ) мабдаи оламро  як ҷавҳар медонад. Монизм кушиши исботи робитаи дутарафаи мода ва рӯҳро накарда, ибдои офариншро танҳо ба як ҷавҳари мустақил нисбат медиҳад. Ин масъаларо ҳал намуда, ягонагии олам ва асоси ягонаи ҳастиро тасдиқ менамояд. Вобаста ба он, ки чунин мабдаъ чист- ҷавҳари рӯҳонӣ аст ё моддӣ, монизм ба ду равия ҷудо мегардад: идеалистӣ ва материалистӣ.

Монизми идеалистӣ ба ҳайси мабдаи аввал рӯҳро ҳисоб менамояд, зеро модда худ фаъол нест ва ниёз ба рӯҳ дорад. Олам ягона аст, чунки натиҷаи фаъолияти рӯҳ ба ҳисоб меравад. Монизми идеалистӣ бо шаклҳои гуногуни худ дар Юнони қадим ба фалсафаи Суқрот, Афлотун, Арасту дар Шарқи асриҳои миёна ба фалсафаи Ибн Сино, Носири Хусрав ва ғ. хос мебошад.

Монизми материалистӣ ба ҳайси нахустмабдаъ модда (ҳаюлоро) эътирф намуда, моддаро асоси ҳамаи мавҷуот ҳисоб менамояд. Чунин мавқъ ба таълимоти материалистии антиқа: файласуфони мактаби милет хос мебошад. Дар даврони Эҳё ин ақида тасдиқи худро дар системаи фалсафии Н. Кузанский, Ҷ. Бруно ва ғ. меёбад. Материяро ҳамчун ҷавҳари ягона инчунин материалистони франсуз, файласуфи олмонӣ Л. Фейербах, файласуфони рус Герцен, Чернишевский эътироф намудаанд. Барои фалсафаи маркисистӣ ин ақидаи бунёдӣ гардид.

Агар оғози фалсафа аз муайян намудани ҳастӣ (табиат, ашёи алоҳида, равандҳо ва ғ.) ибтидо гирад, пас қадами навбати дар ин самт ба амиқтар аз худ намудани ҳастӣ, ба пайдо намудани асос ва  мустақилияти ҳастӣ вобаста аст. Барои ҳамин масъалаи ҷавҳарият низ дар фаҳмиши ҳастӣ мақоми аввалиндараҷаро дорад. Пас ҷавҳар чист?

Ҷавҳар ин асоси ҳамаи чиз буда, дар ҳама ҳолат бе таъғир ва устувор мемонад ҳастии дигар ашё марбут ба  ҳастии ӯст. Дар муқобили ҷавҳар дар фалсафа араз вуҷуд дорад, ки ҳастии он марбут ба ҳастти ҷавҳар аст. Ҷавҳар бе таъғир мемонад, араз бошад таъғир меёбад. Проблемаи ҷавҳар ва араз ҳануз аз замонҳои пеш яке аз масъалаҳои асосии баҳси фалсафа ба шумор мерафт. Ҳаким Носири Хусрав ҷавҳару аразро чунин шарҳ медиҳад:

Ҷавоҳир бошад он, к-ӯ аст доим.

Ба зоти хештан пайваста қоим.

Араз қоим ба зоти ҷавҳар омад,

Хирадро ин суханҳо бовар омад.

add

4 комментария

  1. Таълимотҳои фалсафии Чин аз куҷо дастрас намоем ҳамин мавзуъро?

  2. Дар сомона поиск кунед дар ин мавзуъ маълумотхо хаст.

  3. Админ ба ман нависед

  4. Салом Ба админ муроҷиати шуморо расонидем. Вай хамтан тариқи почта ба шумо ҳамсуҳбат мешавад. Почтаатонро бинед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.