Низоми ҳастӣ

 

Зери мафҳуми низоми ҳастӣ чунин мақсад дар назар аст, ки ҳамаи мавҷудот ба таври беартибона берун аз низоми муайян мавҷуд набуда, балки дорои низом ва тартиби муайяне мебошанд. Ҳамаи  онҳо бо ҳам дар алоқамандӣ қарор доранд. Олам як сохтори мураккабе мебошад, ки аз зерсохторҳо ва элементҳои зиёд, ки дар алоқамандии зич қарор доранд, иборат мебошад.

Сохтор-ин элементҳои (таркиб) зиёди маҳдудшуда, ки дар алоқамандии қавӣ қарор доранд. Зери мафҳуми элемент объекте фаҳмида мешавад, ки дар бисёр маврид ҳангоми баррасии сохтор дигар қисматҳои ӯ тақсимнашаванда мебошанд. (агар чанд дар мавридҳои дигар ӯ низ ҳамчун сохтор шинохта шавад). Масалан, Замин метавонад ҳам элементи Системаи офтобӣ баррасӣ шавад, ҳам монанди сохтори иборат аз элементҳо. Сохторҳои мураккаб дорои зерсохторҳо мебошанд. Масалан маданият ҳамчун сохтори мураккаб аз се зерсохтор иборат мебошад: моддӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ.

Сохтори аз ҳама бузург ин Коинот мебошад, ки аз зерсохторҳо ва элементҳои зиёде иборат аст.

 

Коинот

¯

Системаи галактикаҳо

¯

Галактикаи мо

¯

Системаи офтобӣ

¯

Замин, сайёраҳо

¯

Табиати зинда ва ғайризинда дар рӯи Замин

¯

Молекулаҳо

¯

Атомхо

¯

Ядрои атомҳо

¯

Заррачаҳои элементарӣ

 

 

 

Ин  сохтори бузургро метавон ба се зерсохтори азим ҷудо намуд: мироолам-зарачаҳои элементарӣ, ядрои атомҳо, атомҳо, молекулаҳо; макроолам-табиати зинда ва ғайризинда дар рӯи Замин; мегаолам-Замин, саёраҳо, системаи офтобӣ, Галактикаи мо, системаи галактикаҳо, Коинот. Ҳар яке аз ин зерсохторҳо таносубан дорои системаи мустақил мебошанд.

Микроолам (юнонӣ. micros- хурд) – системае, ки аз объектҳои бағоят хурде, ки бевосита ба чашм ноаён иборат мебошад.

Макроолам (юнонӣ, macros-калон) – ин система дорои ду зерсохтор мебошад: табиати зинда ва ғайризинда.

Мегаолам (юнонӣ, megas- азим)- ба ин Коинот дохил мешавад, ки масоҳат бавоситаи рушноӣ чен мегардад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.