Ҳаракат ва инкишоф

 

Таълимот оид ба ҳаракат дар тулии таърихи фалсафа ҳамеша мавриди баррасии донишмандон буд. Алакай дар давраҳои ибтидоии инкишофи маърифати инсонӣ донишмандони дунёи қадим ба таъғирпазирии ҳастӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Анаксимандр оиди табдили апейрон ба чор унсур ва гузариши байниҳамдигарии онҳо андешаронӣ намудааст.  Асосгузори диалектикаи қадим Гераклит таълим медод, ки «ҳама чиз дар ҷараён аст, ҳама чиз таъғир меёбад».

Дар тули инкишофи фалсафа ва илм оид ба фаҳмиши моҳияти  ҳаракат ва инкишоф ду нуқтаи назар ва ду равия эҷод ва ташаккул ёфтаанд. Яке оламро дар ҳолати оромӣ ва беҳаракатӣ, дигаре бошад онро дар ҷараёни инкишоф меҳисобид. Ҳамин тариқ ду консепсияи инкишоф ба вуҷуд омаданд- метафизикӣ ва диалектикӣ.

 

Метафизика

Истилоҳи «метафизика» (калимаи юнонӣ «баъди физика») дар асри I-и п.а.м барои  нишон додани он қисмате аз таълимоти Арасту, ки дар он мабдаи назарии фаҳмиши ҳастӣ ва маърифат таҳқиқ шудааст, ба вуҷуд омадааст. Худи Арасту ин таълимотро «фалсафаи аввал» меномид. Аз давраи антиқа сар карда истилоҳи «метафизика» кор фармуда мешуд ва имрӯз ҳам ҳамчун муродифи фалсафа истифода мегардад.

Ҳамчун методи тадқиқоти табиат метофизика дар илми Замони Нав ташаккул ёфт.  Ӯ табиатро ба қисмҳои таркибӣ ҷудо намуда, ҳар яки онҳоро  ба таври алоҳида бидуни  таъғироту инкишоф мавриди омӯзиш қарор медод. Чунин муносибат ба тадқиқоти табиат асоси таърихӣ дошт: пеш аз он ки алоқаи мутақобила ва таъғироти  ашёро дида бароем, худи ин ашёро бояд шинохт, ки чи маъниро онҳо ифода мекунанд. Ба шарофати метафизика табиатшиносии Замони Нав ба натиҷаҳои намоён ноил гардид. Дар баробари он метафизика ҳамчун консепсияи умумии фалсафӣ ва методи  универсалии маърифат ҳисобида мешуда. Дар натиҷа манзараи статики олам эҷод гардид, ки дар он ҳастӣ ва шаклҳои мухталифи он дар ҳолати устувору бетаъғир қарор доранд. Масалан, макон ва замон ҳамчун ҷавҳари мустақил новобаста аз модда ва аз ҳамдигар ҳамчун шароити берунаи мавҷудияти ҷисм ба ҳисоб мерафтанд.

Инкишофи дониш оиди олам,  кашфиётҳо дар соҳаи табиатшиносӣ маҳдудияти назари метафизикиро оид ба олам нишон дод. Метафизика аз тарафи файласуфони зиёд мавриди интиқод қарор гирифт. Дар нимаи дуюми асри XIX ҷои метафизикаи кӯҳнаи классикиро метафизикаи шакли нав –неометофизика ишғол менамояд. Неометафизика ҳарчанд инкишофро инкор намекард ҳам барои шарҳ додани бисёр падидаҳо ва равандҳои табиат қодир набуд. Дар фалсафа консепсияи инкишофи диалектикӣ ташаккул меёбад, ки хамаи ҳодисоти оламро мутағайир ва инкишофёбанда медонад.

 

 


Диалектика

Диалектика ҳам таърихи худро дорад. Дар ҷамъияти Юнони қадим деалектикаро ҳамчун суҳбати олимон, санъати мубоҳиса, ки дар раванди он бо роҳи бархурди андешаҳои муқобил ҳақиқат ба даст меояд, фаҳмида мешуд. Элиатҳо, Софистҳо, Суқрот ва дигар мутафаккирони юнони қадим, ҳато дар асрҳои миёна низ дилектикаро ба чунин маънӣ мефаҳмиданд. Бо чунин маънӣ диалектика ҳам чун  ифодакунандаи назарияи бурҳоноварӣ фаҳмида мешуд.

Бо мазмуни дигар диалектика  ин таълимот оид ба алоқа ва инкишоф, зиддият ва ягонагии ба ҳам зидҳо мебошад.  Бо ҳамин мазмун низ диалектика реша дар таълимотҳои антиқа дорад. Ба таълимоти элеатҳо доир ба бетаъғирии ҳастӣ Гераклит таълимот оид ба таъғирёбии ҳастӣ муқобил гузошт.  Ин як назарияи номуташакили диалектикӣ  ба олам буд.

Ақидаҳои диалектикӣ дар тули таърихи фалсафа инкишоф ёфтаанд. Саҳми беандозаро дар консепсияи диалектикӣ намояндагони фалсафаи классики олмон, пеш аз ҳама Гегел гузошта буд.   Гегел диалектикаро ҳамчун назарияи универсалӣ ва методи умумии маърифатӣ инкишоф дода, онро бо метофизика чун бо антидиалектика муқобил гузошт. Дар системаи Гегел ҳамаи олами моддӣ ва маънавӣ  дар намуди ҷараён дар ҳаракати доимӣ, таъғирёбанда, инкишофёбанда дар натиҷаи мубориза ба ҳам зидҳо нишон дода шудааст. Сарчашмаи ин протсес мабдаи рӯҳонӣ-идеяи мутлақ мебошад. Аз рӯи моҳияти худ диалектикаи Гегел идеалистӣ мебошад.  Ӯ ҳамчун шакли дуюми диалектика ба ҳисоб меравад.

Дар фалсафаи марксистӣ диалектикаи Гегел аз нигоҳи материалистӣ шарҳ дода мешуд. Дар ин фалсафа диалектикаи олами объективӣ, ки иникоскунандаи он диалектикаи субъективӣ – тафаккури диалектикӣ мебошад эътироф карда мешавад. Диалектикаи эҷодкардаи Маркс ва Энглс ҳам чун шакли таърихии сеюми диалектика ҳисоб меёбад.

Диалектика ҳам назария ва ҳам метод мебошад. Ҳамчун  назария ӯ манзараи динамикии оламро ҳам чун ҷараёне, ки дар он ҳамаи падидаҳо дар алоқамандӣ ва  дар таъғиру инкишоф қарор доранд, нишон медиҳад. Ҳамчун метод ӯ одамро ба фаъолияти маърифатии ӯ равона менамояд, ки дар он усулҳои диалектикӣ истифода мешаванд.

Принсипи  асосӣ ва ибтидоии диалектика ин принсипи алоқаи умумӣ ва инкишоф буда, қонунҳои асосии он қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо, қонуни гузариши таъғироти миқдори ба сифатӣ ва баръакс, қонуни инкори инкор мебошанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.