Маърифат ҳамчун мавзӯъи таҳлили фалсафӣ

Маърифат раванди фаъолонаю мақсадноки инъикоси воқеият дар майнаи инсон буда, таъиноташ дастрас кардани донишхои мувофиқ дар бораи олам мебошад. Маърифат раванди ичтимоӣ-таърихии фаъолияти эчодии одамон аст. Дар ҷараёни он қишрҳои мухталифи ҳастӣ, тарафу чиҳатҳои дохилӣ за берунаи зуҳуроту предметҳо маълум карда мешаванд, инчунин худи субъекти ҳамин фаъолият (яъне инсон ва чомеа) аз чониби инсон омухта мешавад. Мусаллам аст, ки маърифат кардани воқеият дар ҳаёти ҳар як инсон ва умуман инсоният нақши муҳим дорад. Алҳол дар ҳаёти рузмарраи худ одамон бо маърифаткунӣ машғул шуда, амиқ намеандешанд, ки он чигуна сурат мегирад, кадом заминаҳо, шаклҳо, қонуниятҳо дорад.
Ҳануз дар марҳилаҳои ибтидоии пайдоиши фалсафа масъалаи донисташавандагии олам ба миён омад. Оё олам донисташаванда аст? Чунин шакли анъанавии суолгузорӣ талқин менамояд, ки гуё як қисми файласуфон маърифатпазирии оламро пурра инкор мекунанд, қисми дигар баръакс – эътироф мекунанд. Инҷо ба содафаҳмию дағалкорӣ роҳ додан лозим нест. Суол дар бораи он, ки «оё олам донисташаванда аст», дар маърифатшиносӣ чунин тасвият карда мешавад: фикрамон дар бораи олам ба худи ин олам чигуна муносибат дорад? Оё тафаккури мо қодир аст, ки олами воқеиро маърифат кунад? Оё мо тавассути он тасаввур ва мафҳумҳо, ки дойр ба олам дорем, воқеиятро дуруст инъикос карда метавонем? Аз ин чост, ки суоли «оё олам донисташаванда аст?» бо мазмуни аслиаш аз чониби ҳеҷ кадом файласуф гузошта нашудааст. Масъала ин аст: мо предметҳоро, ҳамчунин моҳият ва зуҳури моҳияти онҳоро эътимодбахш маърифат карда метавонем ё не? Ин дар ҳақиқат масъалаи фалсафӣ аст.
Вобаста ба ин саволҳои зикршуда файласуфон якчанд нуқотро пайравӣ мекунанд: гноститсизм, скептитсизм, агноститсизм ва ғайраҳо. Гностикҳо маърифатпазирии оламро қабул доранд. Скептикҳо ба донисташавандагии олам шакку шубҳа мекунанд. Агностикҳо донисташавандагии оламро намепазиранд. Хамин тавр, дар таърихи фалсафа ду мавқеи асосӣ доир ба ин масъала устувор гаштаанд: маърифатӣ-реалистӣ ва агностикӣ (инкори маърифат). Барои файласуфоне, ки ягонагии нисбӣ ва мутлақро дар маърифат эътироф мекунанд, ҳам догматизм ва ҳам релятивизм қобили қабул нест. Релятивизм эълом дорад, ки кули донишҳои мо нисбӣ, номукаммал, тағйирпазир буда, ягон чизи мутлақ, доимӣ надоранд. Релятивизм ба сӯи скептисизм (мавқеи шубҳаи кул) ва агностисизм (инкори маърифат) роҳ мекушояд. Агноститсизм таълимот аст, ки имконияти эътимодбахш маърифат карда шудани моҳияти низомҳои материалӣ, қонуниятҳои табиат ва ҷамъиятро инкор менамояд. Агноститсизм шаклхои гуногун дорад. Маърифат кардани худи маърифат аз қабили масъалаҳое мебошад, ки тахлили махсусро талаб мекунад. Аз давраҳои қадим масъалаи шинохти маърифат андешаҳои файласуфонро банд кардааст. Ба ҳалли он дар фалсафа назарияи маърифат –гносеология (аз юн. gnosis-дониш, маърифат + logos-таълимот), инчунин онро эпистимология (episteme-дониш + logos-таълимот) меноманд, машғул аст. Таъиноти гносеология ҳамчун қисми фалсафа аз таҳқиқи сарчашмаҳо ва методҳои маърифат, аз муайян кардани шарти эътимодбахшӣ ва ҳаққонияти донишҳо иборат мебошад.
Маърифат равандест, ки барои пайдо кардани донишҳо самтгир шудааст. Дониш ҳамчун натиҷаи ин раванд, ба мазмуни шуури инсон махлут мегардад ва аз рӯи табиати худ идеалӣ мебошад.
Маърифат субект ва объекти худро дорад объекти маърифат материалӣ ва идеалӣ буда метавонад, вале дар ҳар ду ҳолат вай фақат он қисми воқеият мебошад, ки ба доираи фаъолияти маърифатии инсон ворид карда шудааст. Объекти маърифат-қисми олами объективӣ, ки ба доираи муносибатҳои маърифатӣ-амалӣ дохил карда шуда, аз ҷониби субъект таҳқиқ карда мешавад, ба он таъсир расонда, дигаргун карда мешавад. Объектҳои маърифат ба тарзи тайёр дода нашудаанд. Худи инсон дар таҳрезӣ ва муайян кардани онҳо фаъолона ҳиссагузорӣ мекунад. Чунки объекти маърифат аз вокеият бояд ҷудо карда шавад. Ин бошад, аз инсон, ҳамчун аз субъекти маърифат, талаб менамояд, ки дар он қисм ва тарафҳои алоҳидаро фарқ карда тавонад, фикран ҳадду ҳудуди онҳоро аниқ намуда, воқеиятро ба кисмҳои таркибӣ тақсим сохта тавонад. Хар кадом объекти маърифат қисми аз муҳити атроф ҷудокардашуда ва бо сарҳади шартӣ маҳдудкардашуда мебо¬шад. Ҳамон як объектро аз ҷиҳату тарафҳои гуногунаш таҳқиқ, кардан мумкин аст, ки ҳар кадоми ин ҷиҳату тарафҳо дар навбати худ, ба сифати предмети махсуси тадқиқот баромад мекунад.
Дар сохтори раванди маърифат, албатта, субъекти маъ¬рифат – инсон мавқеи муҳимро дорост. Вале субъект на ҳамту мавчуди табиӣ, балки мавчуди ичтимоӣ, аъзои чомеа мебошад. Рочеъ ба субъекти фардӣ ва коллективонаи маърифат гуфтан чоиз аст, ки фаъолияташон дар шаклҳои тавассути маданият фароҳамшуда сурат гирифтааст. Субъекти маърифат – фард, коллектив, ҷамъият, ки шуур дорад ва қобили бомақсадонаю эчодкорона дигаргун сохтани объект аст.

test

Добавить комментарий