Таснифи шаклҳои дониш

  1. маърифати ҳиссӣ
  2. маърифати ақлӣ (зеҳнӣ)

 

Ба шаклҳои маърифати ҳиссӣ дохил мешаванд: эҳсос, идрок, тасаввур.

Эҳсос – инъикоси хосияти алоҳидаи объект, ки ҳангоми таъсир расонидани он ба узвҳои ҳисс пайдо мешавад. Кулли иттилооти ибтидоӣ дар бораи олам ба шуури инсон тавассути эҳсос мерасад. Дуруст аст, ки узвхои хисси инсон на хамаи хосиятҳои воқеияти объективиро муайян карда метавонанд. Вале бо истифодаи асбобҳои лозима инсон имкониятҳои табиии хешро васеъ намуда, он чиро ки у бевосита эҳсос карда наметавонад, барои узвҳои ҳисси худ дастрас мегардонад. Аз ин лиҳоз, маҳдудияти имкониятҳои ҳиссиёти мо дар роҳи маърифат кардани олам монеъаи ногузар буда наметавонад.

Идрок – инъикоси нисбатан томи объект, ки ҳангоми таъсири он ба узвҳои ҳис пайдо мешавад. Идрок натиҷаи фаъолияти мураккаби психикӣ мебошад, ки эҳсосҳои гуногунро дар том ҳамҷоя мекунад, яъне дар асоси эҳсосҳо ба вуҷуд меояд. Идрок бо фаҳм алоқамандӣ дорад: ягон объектро идрок карда, инсон шабоҳатнокии онро ба дигар объектҳо дарк мекунад, онро мешиносад ва ба ягон синф ё намуди муайян мансуб медонад. Ба мазмуни идроки инсонӣ манфиатҳо, вазъи кайфиятй, хоҳиш, таҷрибанокӣ таъсир расонида метавонанд.

Тасаввур – образи аёнии он объекти идрокшуда, ки алҳол ба узвҳои ҳис таъсир намерасонад. Мазмуни тасаввур дар асоси идрокҳои пешина ташкил мешавад. Неруи тасаввуркунӣ ба инсон имкон медиҳад, ки дар ақли худ образхои нави аз чизхои дидааш фаркдоштаро офарад. Дар ҳар сурат, маълумотхои ҳиссии аз идрокҳои пешина гирифташуда маводе мебошанд, ки барои офаридани образи нав зарур аст. Тасаввур нисбати идрок начандон возеху равшан аст. Гузашта аз ин, тасаввур бештар хусусияти чамъбастиро дорост. Дар ташаккулёбии тасаввур нақши дониш, таҷриба, мақсадгузорӣ, сарфаҳмравӣ меафзояд.

Маърифати зехнӣ бо воситаи тафаккури мантиқӣ амалӣ мегардад. Тавассути он инсон аз ҳудуди таҷрибаи ҳисси бевосита берун шуда, имкон пайдо мекунад, ки он чизхои эҳсонашаванда, идрокнашаванда ва хатто тасаввурнопазирро дониста тавонад. Шаклхои асосии тафаккури мантиқӣ инҳо мебошанд: мафҳум, ҳукм, хулосабарорӣ.

Дар мафҳумҳо ҳамон фаҳмиши моҳияти предметҳо, ки дар сатҳи муайяни маърифат имконпазир гаштааст, ифода меёбад.

Мафхум – ин фикр, ки тавассути нишон додани ягон нишон предметхоро аз мачмуъ ҷудо менамояд ва ҳамаи предметҳо чунин нишона доштаро дар синф (гурӯҳ) муштарак месозад. А нуқтаи назари семантикӣ, ҳар кадом мафҳум ду ҷиҳати муҳим дорад: мазмун ва ҳаҷм.

Мазмуни мафҳум – ин нишонахое, ки дар он андешида мешаванд. Мафхумро таъриф дода, ҳатма нишонахои мухими предметро, ки барои фарқ кардани он аз кулли предметҳои дигар зарур ва кифоя аст, бояд нишон дод. Ҳаҷми мафҳум – ин маҷмуи предметхое мебошад, ки нишона мазкурро доранд. Мафхумҳои фардӣ (ҳаҷмашон аз як предме таркиб ёфтааст) ва мафхумхои кулл (хачмашон предметхо сершуморро дар бар мегирад) фарк; карда мешаванд.

Хукм – ин фикр, ки дар ягон предмет ҷой доштани ягон чизро тасдиқ ё инкор мекунад.

Хулосабарорӣ – ин муҳокимаронии мантиқӣ, ки тавассути он аз як ё якчанд ҳукм (муқаддима) ҳукми нав (хулоса) бароварда мешавад.

Вобаста ба масоили маърифат дар таърихи инкишофи афкори фалсафӣ ҷараёнҳои зерин ба вуҷуд омаданд: эмпиризм, ратсионализм, скептитсизм.

Эмпиризм (аз юн., етрета – танриба) талқин мекунад, ки илм бояд ба таҷриба такя намуда, қонунҳои табиатро дар асоси ҷамъбасти хирадии (мантиқии) маълумотҳои таҷрибавӣ муайян намояд. Заифии мавқеи эмпиризм дар он зоҳир мегардад, ки маҳдудияти таҷрибаи инсонӣ ҳукмҳои умумитаринро ба таври эътимодбахш асоснок карда наметавонад. Аз ин бармеояд, ки методҳои эмпирикӣ (тачрибавӣ) барои илм нокифоя мебошанд: танҳо бо такя ба онҳо, мо назарияҳои илмии дорои қонунро барпо карда наметавонем.

Ратсионализм (аз лот., Ratio-ақл) муътақид ба он аст, ки илм ба «ҳақиқати хирад» бояд такя намояд, аз мафҳумҳои тавассути хирад ҳосилшуда бо ёрии муҳокимарониҳои мантиқӣ қонунҳоро ба тасвиб расонад. Ратсионализм низ ҳақонияти ҳукмҳо нисбати қонунҳоро, ки дар соҳаи «тафаккури соф» муайян гардидааст, бе муроҷиат ба маълумоти таҷрибаи ҳиссӣ асоснок карда наметавонад.

Скептитсизм мавқеи махсусро ишғол менамояд: ҷонибдорони ин ҷараёни фалсафӣ на танҳо ба маърифати қонунҳои табиат шакку шубҳа дорад, инчунин ба мавчудияти ин қонунҳо шубҳа мекунанд

test

Добавить комментарий