Мафҳуми озодӣ ва ихтиёри инсон

 

Барои инсон аз озодӣ дида дигар арзиши азизтару болотаре нест. То имрӯз ду фаҳмиш дар бораи озодӣ вуҷуд дорад. Ба маънои маҳдуд озодӣ худмухтории инсон, мустақилияти ӯ ва  фишор наовардан ба он аст. Ин фаҳмиши на умумию мутлақ ва бе сабаб муайян кардани озодӣ аст. Вале дар олам ягон инсонро ёфтан мумкин нест, ки дорои  озодии мутлақи аз ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз новобаста бошад. Инсон қисми табиат аст, дар ҷамъият кору фаъолият мекунад ва бо ҳазорҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шудааст. Ӯ  аз қонунҳои объективии табиату ҷамъият озод буда наметавонад, фаъолияту зиндагиаш аз муносибатҳояш бо дигарон, ахлоқу одоби инсонӣ вобастагӣ  дорад. То ҳоло дар фалсафаи инсоншиносӣ озодӣ гуфта маърифати заруриятро мефаҳманд ва онро ҳодисаи соф иҷтимоӣ маънидод мекунанд. Вале бояд онро ба назар гирифт, ки дар фалсафаи антропологӣ сухан на фақат дар бораи озодии ҷамъият, миллат, синфҳо, қишрҳо ва умуман оммаҳо, балки инчунин дар бораи озодии ҳар як одами алоҳида меравад. Таносуби озодӣ ва зарурат нафақат барои фаъолияту маърифати инсон ҳамчун субъекти иҷтимоӣ зарур аст. Инсон  ҳамчун дорандаи маънавияту қобилияту эҷодӣ бо зарурияти беруна маҳдуд шуда наметавонад. Дар зиндагиву фаъолият алоқамандии озодӣ ва зарурат сатҳи пӯшидаи ҳастӣ ва маҳдудияти инсонро ифода мекунад. Вале инсон, сарфи назар  аз маҳдудияти худ, нисбатан мустақил аст. Аллбата озодӣ бидуни сабабият вуҷуд надорад, инсон аз шароиту мухити зиндагӣ озод нест, вале ӯ қобилияти интихобкуниро дорад, метавонад мавқеи  муайянро нисбат ба муҳит ва шароити зиндагии худ ишғол намояд. Дар ин маврид интихоб кардан ба инсон ҳамчун  ба субъект таалуқ дорад ва на ба зарурат, ки кобилияти интихоб карданро надорад, харчанд, ки зарурат инсонро ба содир кардани ин ё он амал водор месозад.

Дар хусуси озодӣ фикру ақидахои зиёди хилофи ҳамдигар вуҷуд доранд. Озодӣ номаҳдудӣ ва новобастагӣ аст, мегӯянд баъзеҳо, ҳама дар олам маҳдуданд иброз медоранд дигарон ва ба хулоса меоянд, ки озодӣ умуман вуҷуд надорад. Албатта озодии мутлақи бехаду ҳудуд, озодие, ки аз ҳаргуна сабабу қонуниятҳои объективӣ новобаста бошад, имконнопазир аст.

Вале озодӣ вуҷуд дорад. Гап дар он аст, ки онро чи тавр фаҳмидан мумкин аст. Агар озодӣ вуҷуд намедошт, дар бораи он сухан рондан ҳам мумкин намебуд, ҳар гунна маънидодкунӣ ва  манъкуниҳои он ҳам беҳуда мебуд. Озодиро фақат дар таносуби  муайян бо зарурияти зиндагиву фаъолият, интихобу масъулият, иродаву ахлоқи инсон ва муносибатҳои ӯ бо дигарон баррасӣ кардан мумкин аст. Озодиро бе масъулиятшиносӣ тасаввур кардан мумкин нест. То вақте, ки озодӣ бо масъулиятшиносӣ пурра гардонда нашудааст, дар таносуб бо масъулиятшиносӣ амалӣ гардонда нашудааст, ба маънои пурра дар бораи озодӣ сухан рондан мумкин нест. Дар фалсафаи Гегел ва Спиноза озодӣ ҳамчун зарурати маърифатшуда муайян карда мешавад Ф.Энгелс озодиро нафақат зарурати маърифатишуда, балки бо кордонӣ дигаргун сохтани зарурат муайян мекунад. Файласуфи рус В.Лосский қайд кардааст, ки озодӣ аз худ ҷудо кардани аст, он ба инсон имконият медиҳад, ки худро аз дигаронон ҷудо куна два шахсияти худро бишиносад. Ба ақидаи файласуфи дигари рус Н.Бердяев, озодӣ эҷодкорӣ аст.  Инсонро офаридгор ҳамчун эҷодкор ва нобиға офарида аст. Озодиро фақат он кассе дӯст медорад, ки онро барои дигарон муҳайё месозад.

Бисёр файласуфон озодиро дар худшиносии инсон медиданд, ки гуё вайро аз ҳар гуна маҳдудиятҳо раҳо медиҳад. Масалан, файласуфони Юнони қадим  озодиро аз руи рафтори оқилона ва одилонаи одамон муайян мекарданд. Ба фикри онҳо, озодӣ ғуломиву бандагиро истисно мекунад. Демокрит барои он инсонро озод ҳисоб мекард, ки инсон барои зарурияти беруна дастрас нест. Афлотун озодиро идеали ҷамъияти адолатпеша ҳисоб мекард. Арасту ба фаъолиятнокӣ ва масъулиятнокии инсон аҳамияти калон дода, чунин ҳисоб мекард, ки фаъолиятнокӣ ҳамеша фаъолиятнокии озодонаи шахс аст. Спиноза фаъолиятнокии ақлу хирад, худшиносӣ, худкамолёбӣ ва озодии инсонро ба ҳам зич вобаста медонист. Кант чунин ҳисоб мекард, ки фаъолиятнокии инсон дар шуури он аст, инсон бо олами руйдодҳое сару кор дорад, ки онҳоро худи у бо қобилияти созандагӣ ва маърифатӣ бунёд месозад.

Озодӣ дар онтогенез (инкишофи фардӣ) ба комёбии шахс эҳсосу шинохти ҳуқуқҳои худ, майлу рағбати ба арзишҳои инсонии пайдокардаи ӯ алоқаманд аст.

Сатҳи инкишофи озодии шахсиро худшиносӣ ва интихоби шахсӣ муайян мекунад. Омилҳои фардии озодиро боварӣ ба имконият, кувваву кобилияти худ, амиқии фаҳмиши сабабҳо ва маҳдудияти фаъолиятнокии худи шахс, арзишҳои аз сатҳи фардӣ боло, яъне арзишҳои умумиинсонӣ, миллӣ ва ғайра муайян мекунанд.

Аз ин нуқтаи назар, озодӣ қобилияти худмуайянкунии инсон ҳамчун субъект ва дар назди худ мақсад гузоштан ва бошуурона воқеӣ гардонидани он аст. Ҳадду андозаҳои зуҳуроти озодии шахсӣ бо он муайян мегардад, ки то кадом андоза арзишҳои интихобкардаи ӯ ба зиндагӣ ва фаъолияташ айниятноку созгоранд, ба эътиқоду боварии ботиниаш табдил ёфтаанд. Сатҳи озодии шахсӣ аз бисёр чиҳатҳо аз он вобаста аст, ки то чи андоза шахс ҳамчун субъекти озодӣ ба озодӣ ҳамчун ба арзиши олии инсонӣ муносибат дорад. Озодӣ уфуқҳои инсонро васеъ мегардонад ва аз инҷост, ки аз он амалиёти озодро талаб мекунад. Одами фаъолу фархангӣ ва озод дар як кутби зиндагӣ ҷой     намегирад, ақлу хирад, масъулиятшиносӣ, дар сурате, ки аз онҳо истифода бурда тавонад, ба ӯ имконият медиҳад, ки зиддиятҳои зиндагиро дарёбад, онҳоро ба мувозинат дарорад.

Фатализм – назарияи қазову қадар, чунин тасаввуроту таълимотест, ки мувофиқи он тамоми рафти таъриху зиндагии инсонҳо аз азал пешакӣ муайян гардидааст ва онҳо дар зиндагию фаъолияти худ аз ин нақшаи пешакӣ муайян гардидашуда ҳамчун фармуди тақдир берун баромада наметавонанд, якумрӣ  побанди онанд. Ва ин пеш аз хама фармуди илоҳӣ, зуҳуроти иродаи Худо аст. Мувофиқи тасаввуроту таълимотҳои фаталистӣ, тамоми рафти зиндагӣ, рафтору амал, рафтору кирдори инсон фармуди такдиру қисмат аст, ки дар паси он иродаи Худо истодааст. Фатализм дар шаклҳои дигар – «фатализми табиӣ», «фатализми таърихӣ», мутлақан муболиға кардани конунҳо ва вазъиятҳои объективӣ ва ғайра зоҳир мешавад. Тарафдорони фатализми табиӣ қонунияту протсессҳои табииро аз меъёр зиёд муболиға карда, инсонро дар назди онҳо очизу ночиз медонад, маърифату шуур ва фаъолияти дигаргунсозандаи онро паст мезанад. Фатализми таърихӣ айнан ҳамин хел мақоми инсонро дар маърифату истифодабарии конунҳо ва протсессҳои таърихӣ паст мезанад, ӯро дар назди онҳо заифу бечора ҳисоб мекунад. Асоси фатализмро тасаввурот дар бораи тартиботи азалан муайяншудаи олам ташкил медиҳад. Дар он ҳамаи руйдодҳои табиӣ, чамъиятӣ ва шахсӣ пешакӣ муайян шудаанд ва аз онҳо рӯ гардонидан мумкин нест.

Таълимотҳои детерминистие ҳам вуҷуд доранд, ки ҳамаи ҳодисаву руйдодҳоро дар табиату чамъият ва зиндагии инсон катъиян бо руйдодҳои пешина ҷойдошта муайян мекунанд. Мувофиқи ин таълимотҳо, агар зиндагиву фаъолияти инсонро ба назар гирем, ба чуз руйдодхои пешина дар онхо чизи нав ба вуҷуд намеояд, дар зиндагиву фаъолияти инсон интихоби мустақиле, ки интихоби озодӣ худи у бошад, вуҷуд надорад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.