Ҷамъият. Моҳити мафҳуми ҷамъият.

 

Ҳамбастагии ҷамъият ва табиат. Хусусияти баррасии ва методологии масоили бахамтаъсиррасонии табиат ва ҷомеа ба зарурияти дарки масъалаҳое алоқамандӣ дорад, ки дар маҷмуъ метавон дар шакли зерин тасвир намуд: ҷомеа дар ташкил ва рушди материя, характер ва қонуниятҳои  умумии равобити байни табиату ҷомеа:         таносуби қонуниятҳои табиӣ ва чамъиятӣ дар равобити байниҳамдигарии ва табиат; тамоюлҳои таърихӣ дар рушди муносибатҳо табиату ҷомеа; вежагиҳои робитаҳои байниҳамдигарии онҳо дар форматсияҳои гуногуни ҷамъиятӣ-ихтисодӣ; миёни табиату ҷомеа чун омили рушди ҷамъиятӣ; гуногунрангии аҳамияти (арзиши) табиат барои инсон, аҳамияти падидаҳои мухталифи иҷтимоӣ: табиат ва истеҳсолот, табиат ва илм, табиат ва санъат, табиат ва тандурустӣ ва ғ. байниҳамдигарии омилҳои табиат ва иҷтимо дар рушди истеҳсолот; таносуби табиат ва бошууронагии амалӣ одамон дар муносибатҳо байни табиат ва чомеа ноосфера (соҳаи хирад) чун ифодаи вахдати ҳаводиси табиӣ ва ҷамъиятӣ; қонунияти ташаккул ва рушди ноосфера.

Ин номгуро метавон идома бахшид ва муфассалтар кард. Вале мухим ин аст, ки бе дарки мукаммали масъалаи баҳамтаъсиррасонии табиат ва ҷомеа тавзеҳи дурусту ҳамаҷонибаи бисёр масъалаҳои фалсафӣ, ба мисли моҳияти масъалаи асосии фалсафа, ваҳдати моддии олам, ташкили сохтори материя, қонуниятҳои рушди материя, озодӣ ва зарурат, масъалаҳои марбут ба назарияи маърифат ва бисёр дигар масоили методологии табиатшиносӣ имконнопазир аст. Дар ҳоли ҳозира мафҳуми табиат дар ҳар ду маъно истифода мегардад: аввалан, чун муродифи умуман олам, коинот, материя дар хама шаклхои зуҳуроти он; сониян, ҳамчун ҷузъи олам, ки илмҳои табиӣ онро меомӯзанд. Дар хамин истифодаи охирини мафҳум бештари маврид проблемаи баҳамтаъсир- расонии табиату ҷомеа мавриди дарку баррасӣ карор мегирад. Ин ҷо табиат ва ҷомеа ҳамчун ду ҷузъи томи воҳид, яъне материя баромад мекунанд, ки дар ҳадҳои ваҳдати моддии олам зич пайванданд. Ҳамрадиф бо кулл, ки ҳам табиату хам ҷомеа хусусиятҳои хоси худро дороянд, ки онҳоро ҳамчун сифатҳои худхосса тавсиф медиҳад (сифатҳое, ки дар онҳо хосиятҳои материя ба тарзи худ ифода мешаванд, қонуниятҳои умумии он ба тарзи вожа зохир мегарданд).

Асоси ба ҷомеа ҳамчун ба чузъӣ табиат назар афкандан ба он алоқаманд аст, ки кулли хаёти ҷамъиятӣ ва қабл аз ҳама истеҳсолот, худи инсон, шуури у дар асосии омилҳои табиӣ мавҷуданд ва дар алоқамандӣ бо қонуниятҳои табиӣ ташаккул меёбанд. Дар ин иртибот ҷомеа яқинан ҷузъӣ табиат аст ва ин проблемаро (чуноне ки дар мавриди баррасии муносибатҳои шаклҳои ҳаракати материя буд) бо ба асос гирифтани принсипи вобастагии шаклҳои оддитарини ҳаракати материя аз шаклҳои олии ҳаракати материя ва ҳамзамон расонданашавандагии олӣ ба паст ҳаллу фасл карданд.

Он қисмати ташкили ҷамъиятӣ, ки аз равандҳои физикӣ, химиявӣ ва биологӣ иборат аст, ҷузъӣ табиатро ташкил медиҳад. Аммо сухан дар ин ҷост, ки на ҳамин равандҳо қабл аз ҳама ҷомеаро тавсиф медиҳанд. Ҷомеа бар масолеҳи табиат бунёд шудаю қонуниятҳои онро истифода карда соҳиб ба  моҳияти худ аст ва бо равандҳою сохторҳояш ҳолати худ хоси материя мебошад. Ҷомеа ин сатҳи ташкили материя, равандҳои меҳнатии дар рафти коркард аз ҷониби ҳайвонот пайдошуда, шуури дар ин маврид кушодаю рушаншуда аст, ки ба равандҳои мехнатӣ имконияти характери мақсаднок ва мувофиқ; ба ин муқарарсозии муносибатҳои хоса ҳам миёни аъзоёни ҷомеа ва ҳам байни ҷомеа ва табиати иҳотакарда медиҳад.

Асосҳои табии хаёти ҷамъият. Ҳаёти чамъиятӣ дар алоқамандии бевосита бо табиат инкишоф меёбад. Табиат аслан дар маънои васеаш ҳамчун олами материалӣ дониста мешавад ва бинобар хамин ҳам аксар маврид он бо мафҳуми материя ҳаммаъно дониста мешавад. Дар ин маъно таърифи табиат дар шакли зерин баён карда мешавад: «Табиат ин олами моро иҳотакарда бо тамоми шаклҳои гуногуни беохири зоҳиршавияш мебошад. Табиат ин воқеияти объективии новобаста аз шуури мо вуҷуддошта мебошад. Вай дороӣ аввалу интиҳо нест ва дар вақту фазо беохир буда, дар ҳаракату тағйироти беохир қарор дорад». Аз ин чиҳат дар самти баррасии алоқамандии табиат ва ҷамъият яке аз масъалаҳои муҳимтарин ин таҳлили таносуби онҳо ва мақомашон дар низоми ташаккулу инкишофи материя мебошад. Дар ин ҷо зарурияти ҷустуҷуи ҷавоб ба саволи «оё ҷамъият ҷузъи табиат аст ё дар доираи ягонагии материалии олам дороӣ  моҳияти мустақил аст?» ба миён меояд. Вобаста ба чигунагии ҷавоб ба ин савол заминаи муайяни таҳлили робитаи табиат ва ҷамъият ба даст меояд. Агар табиат ва ҷамъият моҳиятан аз ҳамдигар куллан фарқ кунанд пас зарурияти дар муносибати онҳо қонунмандиҳои сифатан гуногунро ҷустуҷу намудан пайдо мешавад. Вале агар ҷомеа хамчун ҷузьи табиат тасаввур карда шавад, пас муносибати байниҳамдигарии онҳоро метавонем ҳамчун Муносибати байни ҷузъ ва том баррасӣ намоем. Дар ин маврид ҷомеа ҳамчун яке аз падидаҳои табиат зоҳир гашта, хусусиятҳои хоси онро на бо хусусиятхои хоси табиат дар мачмуъ, балки бо Хусусиятҳои ҷузъҳои дигари табиат, масалан олами зинда, метавон мукоиса намуд.

Ҷамъият  ҳамин  тавр як ҷӯзъи ҷуднашавандаи томи бузургтар, яъне табиат аст. Аз ин рӯ дар фалсафа баррасии масъалаи пайдоиши ҷамъиятро дар заминаи манзараи таъсири мутақобилаи таърихан тағйирёбандааш бо табиат матраҳ мекунанд. Дар ин маврид пайдоиши ҷамъиятро бо раванди зина ба зина ташаккулёбии сифатҳои иҷтимоии одамон, ки ҳамчун ҷузъи табиат тавассути меҳнату муоширати байниҳамдигарӣ батадриҷ табиатро низ дигаргун сохтаанд, бояд мадди назар дошт. Аз ин ҷиҳат он қисми табиат, яъне муҳити географие, ки ҳамчун муҳити ҳаётгузаронии инсон дониста мешавад тули ин муддат тагғиротҳои беназирро дидааст. Бо дарки қонунҳои дар табиат амалкунанда инсон тавассути олоти меҳнат ба он таъсир расонида, захираҳои онро барои қонеъ гардонидани талаботҳояш мавриди истифода қарор медиҳад. Дар натиҷа муҳити табиӣ бо чизу ашёҳои бо дасти инсон офаридашуда, ки дар табиат дар шакли тайёр мавҷуд нестанд, пурра гашта баъдан он табиати «дуюм» ном мегирад.

Ҷамъият дар заминаи табиат ташаккул ёфта, ба он дар навбати худ таъсири назаррас мерасонад. Новобаста аз он ки инсон ва дар мачмуъ ҷамъият табиатро зина ба зина тағир медиҳад, вале ин амал уро аз табиат ҷудо намекунад, балки инсон, ҷомеа ҳамеша як чузъӣ он боқӣ мемонад. Танҳо дар асоси донистани қонунҳои дар табиат амалкунанда инсон метавонад табиатро манфиатнок мувофики талаботҳояш тағйиру такмил диҳад. Муайянкунандаи сифату дараҷаи муносибати инсон ба табиат аз хусусияти қувваҳои истехсолкунанда, талаботҳои иҷтимоии аъзоёни ҷомеа ва характери муносибатҳои истеҳсолӣ вобаста аст. Яъне хусусияти муносибати ҷамъият ва табиат дар раванди истеҳсолоти моддӣ, ки дар ҷараёни он табодули моддаю энергия миёни онҳо сурат мегирад, аён мегардад. Дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда муайянкунадаи дараҷаи азхудкунии табиат аз ҷониби инсон аст. Аз сабаби он ки муносибатҳои истехсолию қувваҳои истеҳсолкунанда хусусияти мушаххаси таърихӣ доранд пас муносибати ҷамъият ба табиат низ ҳамин гуна хусусиятро доро мебошад. Бинобар ҳамин ҳам дар зинаи ибтидоии инкишофи ҷомеа таъсири он ба табиат асосан хусусияти масрафкунандагӣ, тасарруфкунанда дошт. Бо мурури истифодаи амалӣ, техникӣ пайдо кардани донишҳои ҳаётӣ ва илмии инсон сифати муносибати ҷамъият ба табиат низ тағйир ёфт ва он алҳол низ идома дорад. Моҳияти ин тағйирёбиҳо аз он иборат аст, ки бо мурури дарк шудани қонунҳои дар табиат амалкунанда инсон предмету чизҳои дар шакли тайёр дар табиат мавҷуднабударо меофарад, суръати баъзе равандҳои табиатро меафзояд ва ҳамин тавр ба тадриҷ манзараи муҳити зисти табии ҳаёти инсон, ки онро биосфера меноманд, тавассути фаъолияти инсон аз ҳолати аввалааш дуртар мешавад. Ин боиси ба ҳолати сифатан нав, яъне ноосфера гузаштани биосфера мегардад, ки он тавассути инкишофи илм, дастовардҳои техникӣ, фаҳмиши илмӣ ва меҳнати иҷтимоии ба илм асосёфта ташаккул меёбад.

Дар фалсафа таърихи ташаккули алоқамандию муносибати ҷамъияту табиатро ба таври умумӣ аз зинаҳои муайян иборат медонанд. Барои зинаи ибтидоии чунин алоқамандию муносиботи ҷамъияту табиат азхудкунию истеъмоли бевоситаи мансулотҳои тайёри табиат ба воситаи олотҳои соддаю бадавии (ибтидоӣ) менҳат хос буд. Пас аз он ки ҷомеаҳои инсонӣ бо шароитҳои гуногуни муҳити замин рубару шуданд ҷомеаҳои гуногун падид омаданд. Онҳоро вобаста ба шакли баҳрабардорияшон аз муҳити табии атрофашон ба шаклҳои гуногун табақабандӣ мекунанд. Дар сатҳи аввал ҷомеаҳои ба шикор, гирдоварии хурок, шубонӣ, бӯстонкориро қарор медиҳанд. Хоҷагидориҳои дар ин зина ташаккулёфта иборат аз ҷамъоварию шикорчигӣ, моҳидорӣ иборат буда, ба сифати истиқоматгоҳ истифодабарии паноҳои табиӣ(ғору мағораҳо) истифода бурда мешуд.

Дастоварди азимтарини ин давра, ки иборат аз кашфи оташ, интихоб ва рому парвариши навъҳои алоҳидаи ҳайвоноту растанӣ мансуб меёбанд, барои гузариш ба зинаи минбаъдаи пешрафтатари барқарории муносибату муроқибаи ҷамъияту табиат заминаро муҳайё сохтанд. Яке аз хусусияти барҷастаи давраи дуюми ташаккули алоқамандию муносиботи тарафайни ҷамъияту табиат, ки зинаи тосаноатӣ номгузорӣ шудааст, аз такомули тадриҷии шуғли кишоварзӣ, домпарварӣ, косибӣ, васоити ҳамлу нақл тавассути аспу ароба, пайдошавию сохтмони нахустин шаҳрҳо ва гайраҳо мебошад. Дар охири ин давра тарзи ибтидоии истеҳсолӣ молӣ яъне мануфактураҳо пайдо мешаванд ва ин барои истифодаи минбаъдаи нерӯи боду об барои ба даст овардани энергия замина фароҳам меорад. Он чизе ки ин давраро бо зинаҳои пештараи такомули алоқамандии ҷамъият ва табиат ба ҳам мепайвандад ин ҳануз ҳам аз талаботи ҷомеа дида фаровон будани захираҳои табиат аст. Дар зинаи минбаъда, ки зинаи саноатӣ номгузорӣ шудааст, инсоният сарчашмаҳои навини энергияи бевосита дар табиат мавҷуднабударо кашф менамояд ва бо ин илмро ба яке аз воситаҳои муҳими истеҳсолӣ табдил медиҳад. Рушди ҷомеа дар ин зина муносибату муроқибаи ҷамъиятро ба табиат куллан дигаргун намуд. Акнун муносибати инсоният ба захираҳои табиат на ҳамчун сарчашмаи беинтиҳову хушкнашаванда, балки дар алоқа ба болоравии талаботи техникию хоҷагидории ҷомеаҳои пешрафта ва эҳтиёҷи наслҳои минбаъда хусусияти маҳдуддоштаро ба худ касб намуд. Яъне захираҳои табиат хусусияти махдудӣ дошта, талаботҳои инсони муосир хусусияти номаҳдудӣ пайдо карда истодааст. Болоравии ҳарчи бештари дарки ин масъала зарурияти интихоби муносибати ҳасанаи инсонро бо табиат ба миён овард. Равшан гашт, ки бо пайравӣ танҳо аз таъмини талаботҳои рузафзуни тамаддуни саноатӣ хатари ҳарчи бештар ба камшавии захираҳои табиӣ, ба вайроншавии мувозинати «табиат-ҷомеа» рӯ ба рӯ шудани инсоният меафзояд. Бинобар ҳамин ҳам дар ин зина кушиши ҷомеа дар баробари азхудкунии захираҳои табиат барои таъмини инкишофи худ инчунин ба ҷустуҷуи роҳҳои ба эътидол овардани вусъату дахолати фаъолияти амалию дигаргунсозии инсон ба робитаҳои таббиии биосфера нигаронида шудааст.

Чуноне ки баён шуд робитаи ҷамъият бо табиат якчониба набуда, он дар асоси таъсири мутақобилаи онҳо сурат мегирад. Зеро табиат низ ба инкишофи ҷомеа таъсири муайян мерасонад. Дар таърих назарияҳое мавҷуд буданд, ки таъсири табиатро ба ҷамъият то ҳадде муболиғаомез ҷилва дода, ҳодисаҳои ҷамъиятиро пурра дар асоси натиҷаи ин таъсирот шарҳ медоданд. Масалан тарафдорони назарияҳои хусусияти детерминизми ҷуғрофӣ  дошта ( Геродот, Ибни Халдун, Монтескё) чунин меҳисобиданд, ки ҳам хусусияти руҳии одамон, ҳам тарзи ҳаёти ҷамъиятии онҳо бевосита ба шароити таббиии маҳалли муайян вобастагӣ дорад.

Воқеан ҳам шароити табиӣ ба инкишофи ҷамъият ба таври назаррас метавонад мусоидат ё, баръакс, мамониат кунад. Омилҳои мусоидаткунандаи муҳити табиӣ пеш аз ҳама дар шаклу усулҳои хоҷагидории ҷомеаҳо таъсири бузург дорад. Ин пеш аз ҳама дар таъсири он ба ҷойгиршавӣ ва инкишофи сохаҳои гуногуни истеҳсолот, суръат бахшидан ба пешрафти истеҳсолот, аз ҷихати сарфи энергия сермасраф ё каммасраф кардани раванди истеҳсолот ва ғайра ифода меёбад. Дар навбати худ дараҷаи инкишофи истеҳсолот ҳар қадар баланд бошад ҳам, вале ҷараёни тағирёбии раванди ҳодисаҳои дар табиат амалкунанда хусусияти идоранашавандагияшонро нигох медоранд. Муҳити таббиии ҳаёти ҷомеа низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи коинот тахти таъсири фаъолияти амалии инсон таҳаввул ва инкишоф меёбад. Бинобар ҳамин ҳам дар заминаи таълимотҳои фалсафии муосир таъкид мешавад, ки сайёраи мо чунин тахаввулоту дигаргуниҳо борҳо ҷой доштанд ва онҳо боиси барҳам хурдани хелҳои гуногуни набототу ҳайвонот ва пайдоиши хелҳои нави онҳо гардиданд.

Ин раванди   бебозгашти     таҳаввулоти   муҳити  табиии ҳаётгуза-ронии ҷомеа, яъне биосфера (муҳити тамоми мавҷудоти зинда) ба ноосфера (соҳаи ақлу хирад, дарбаргирандаи фаъолияти оқилонаи инсон) мебошад. Ин мафҳум аввалан аз ҷониби Тейяр де Шарден пешниҳод шуда, баъдан онро олими рус Вернадский шарҳу эзоҳи мукаммал додаст. Ба андешаи Вернадский инсоният бо мурури азхуд намудани қонунҳои дар табиат амалкунанда ва дар заминаи он рушд додани техникаю технологияи муосир табиатро вобаста ба талаботҳояш дигаргун месозад, яъне ноосфераро меофарад. Вале барои он ки чунин дигаргунсозиҳои табиат хусусияти идорашавандаро дошта бошанд ва баъдан ба зарари худи ҷомеа анчом наёбанд, зарур аст, ки инсон шартҳои оқилонаи муносибатро бо табиат барқарор намояд. Дар ҳамин замина илми экология ташаккул ёфт, ки ҳадафи аслияш ба дарки қонуниятҳои таъсири мутақобилаи мавҷудоти зинда ва шароити берунии сукунати он бо мансади таъмини мувозинати динамикии низоми «ҷамъият- табиат» нигаронида шудааст. Зеро вазъи имрузаи вусъати дахолати фаъолияти амалии дигаргунсозии инсон ба робитаҳои табиии биосфера аз инсон чунин муносибатеро ба табиат талаб менамояд, ки он бояд хусусияти ҳамзистии осоиштаро бо ҳамдигар дошта бошанд. Яъне инсоният бояд муносибати худро бо табиат ҳамчун воҳиди том дарк кунад ва аз захираҳои он оқилона истифода барад ва роҳҳои барқарор намудани наслу навъҳои гуногуни набототу ҳайвоноти имруз маҳвшавандаро пайдо намояд. Ташаккули шуури экологӣ яке аз заминаҳои муассири дастёбӣ ба ин мақрад дониста мешавад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.