Мактабхои фалсафи Хинди кадим

Нақшаи кор:

  1. Маълумот дар бораи мактабҳои фалсафи Ҳинди қадим.
  2. Шарҳи мактабҳои номбаршудаи Ҳинди Қадим

Адабиёти истифода шуда;

1.Маълумот дар бораи мактабҳои фалсафи Ҳинди қадим

Фалсафа дар Ҳинд дар асри VIII-VI то м. ба вуҷуд омадааст.

Таълимоти  динии  Хиндустони  Кадимро  брахмания,  яъне таълимоти  брахманхо  меноманд,  ки  он  дар  таълимоти  худ  ба Ведахо такя мекунад.

Қадимтарин ёдгории фалсафаи Ҳинд китоби ведҳо мебошад (Вед-дониш), ки доир ба одаму олам ва муносибати ахлоқии одамон, баъзе маълумотҳо додааст.

Ведахо  мачмуаи  сурудахо  ба  шарафи  худоён  махсуб меёбанд.  Калимаи  “веда”  аз  забони  хиндувони  кадим гирифта шуд маънояш дониш, донишварй тарчума мешавад.

 Ҳамаи ҷараёни фалсафӣ ҳиндиро вобаста ба муносибаташон ба ведҳо ба ду қисм ҷудо кардан мумкин аст:

1) маъмул;

 – ғайримаъмул;

– Мактабҳои маъмулӣ мактабҳое мебошанд, ки нуфӯзи ведҳоро эътироф менамоянд ва ба ин ҷараён чунин мактабҳо дохиланд;

а) ведантӣ;

б) сангхия;

в) йога;

г) няя;

д) миманса;

е) вайшешика;

2) мактабҳои ғайримаъмулӣ, ки нуфӯзи ведҳоро эътироф намекунад, ба ин ҷараён чунин мактабҳо шомиланд:

а) чорвака;

б) ҷайния;

в) буддоия;

2)Шарҳи мактабҳои номбаршудаи Ҳинди Қадим

Мактабҳои мазкур то андозаи характери материалистӣ доранд.Дар Ведҳо аввалин тасаввуроти динию фалсафӣ: ваҳдат (монизм) дар ҳастӣ  ва нахустали ҳастӣ баён шуда аст. Тибқи эътиқоди ҳиндувони давраи ведантӣ «Браҳмо» холиқу  офаридагори олам  ва ҳамчунин тамоми Худоён аст. «ҳама аз ӯянд ва оқибат низ ба ӯ бозмегарданд». Чунон ки шир ба ҷурғот  ва  об ба ях табдил мешавад, ҳамин тавр «Браҳмо» шакли худро дигар мекунад.

Дар охири асри ХIт.м., замони пайдоиши ҷайния ва буддоия аз дидгоҳи фалсафаи  таърих тамаддуни башар мебошад.

Асосгузори ҷаянизм Маҳавира (599-527т.м) буда, номи асосиаш Натапутта Вардҳамана аст. Асли таълимот ва фалсафа ва ахлоқи ҷайния рӯи  пояи ҷустуҷӯи роҳи  наҷот аз ранҷи «карма» ва расидан  ба сарманзили саодату висол, яъне «макшо»асос ёфтааст.

Тибқи фалсафаи ҷайния «модда», ки ҳоҷоби нури ботин аст, бояд ба тарки лаззатҳои ҷисмонӣ мағлуб гардад, то ҷанбаи  маънавии мо, ки ҷанбаи ҳақиқии  вуҷиди  мост, қувват гирад.

Дар атрофи  таълимоти  Буддо ақидаҳои гуногунанд: як гурӯҳ донишмандон онро фалсафаи соф, дигарон навъи дини баркамол  меҳисобанд. Дар таълимоти Буддо  баҳсҳои худошиносию космологӣ вуҷуд надоранд ва умуман барои  ӯ таълимот оид ба фавқуттабиат (ё моваруттабиат)ва  метафизика бегона аст. Вазифаи асосии ӯ нишон додани роҳи наҷот аст.

Буддоия вуҷуди мустақили олами моддиро инкор мекунад ва онро зуҳури олами рӯҳонӣ меҳисобад. Ҳамаи мавҷудоти олам натиҷаи ҳаракати бениҳояти дхарма-зарроти рӯҳонии ғайримоддӣ (феноменалӣ) мебошад.

Дар таъбиру тафсири «Нирвона»зиёд навиштаанд, ки раҳоӣ ёфтан аз шарри фардият ва маният ва пайвастан ба кул, бозгашт ба ҷараёни мулоими рӯди ҳастӣ аст. Нирвона нопадид шудани  нӯри шамъ дар баробари нӯри хуршед аст. Нирвона ин хомуш гардидани хостҳои дурӯғин аст, на ҳама гуна нестиву фаност.

Дар  ҳудуди асрҳои IVт.м- VII м., дар сарзамини Ҳиндустон, як қатор мактабҳои соф  фалсафӣ  ба вуҷуд меоянд. Маъруфтарин мактабҳои фалсафии ҳиндӣ инҳоянд, ки одатан  ҷуфт-ҷуфт номурда мешаванд:

-ҷорвака-локоята;

-няя-вайшешика;

-санкхя-йога;

-миманса веданта.

Мактаби материалистии чорвака-локоята асосгузораш Брихпастӣ ва шогирди ӯ Чорвака ном  доштанд. Ба сифати нахустунсури ҳасти чаҳор унсури моддӣ.

-замин; -об; -ҳаво;-оташро қабул доштаанд, ҳаёти пас  аз маргро инкор  мекарданд.

Чаравакҳо гароиши илҳодӣ-худошиносӣ доштанд ва таълимоти диниро масхара  мекарданд. Лакоятҳо низ ақоиди шабеҳи чорвакҳоро доштаанд.

Мактаби няя дар асри IVт.м. аз тарафи Готама таъсис ёфтааст. Сарчашмаи асосии он китоби «Сутра няя» мебошад. Фалсафаи няя бештар  ба масъалаҳои назарияи маърифат ва мантиқ баҳс кардааст. Няя чаҳор манбаи мустақили маърифатро қабул дорад:

*идрок; *хулоса; *қиёс; *исбот.

Фалсафаи санкхия ба сифати нуқтаи оғози ҳамаи ҳаводиси олам нахустҳаюло ё  нахустмоддаро асосӣ донистаанд. Санкхия ду воқеияти мабдаъро эътирофмекунад: практики (иллати моддӣ) ва пруша («Ман» рӯҳ шуур). Пруша практиро аз ҳодати карахтиюсукунат бароварда, ба дарқи эҷоди олами модди водор месозад.

Системаи ойга , ки асосгузораш Патанҷали мебошад, дар масоили фалсафаи табиат  ва назарияи маърифат бо санкхя шарик аст. Сарчашмаи асосии он «Йога-сутра» мебошад. Мактаби йога  як системаи комили дастёби ба ҳолати ғарқихудшавии шуур (медитатсия)ва зӯҳдро иборат  аз хашт  зина ба вуҷуд овардааст ва он системаи зӯҳди ирфонӣ аст.

ХУЛОСА:

     Мактабои фалсафаи Ҳинди қадим бо як қатор ақидаҳои дини ва ҳàñòè  бавуҷуд омада. Тибқи эътиқоди ҳиндувон давраи ведантит Бараҳмо буда холиқу олам ва ин чунин тамоми Худоён меҳисобиданд. Ва мегуфтан ки ҳама аз уянд ва ба назди у бар  мегарданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.