Предмет ва назариёти асосии фалсафаи илми муосир
1.1. СЕ ҶАНБАИ ҳАСТИИ ИЛМ
Илм дар ҳастии таҷрибавии худ дар бисёр масъалаҳо ҳамчун объекти пурихтилоф зуҳур мекунад. Ин гуфтаҳо ба ҳастии таърихии илм бо назардошти ҳолати имрeзаи он алоқаманд аст.
Яке аз масъалаҳои зиддиятнок ин масъалаи мантиқан номувофиқ будани шаклҳои гуногуни «илм» аст: 1) давраи тоилмии шарқи бостонӣ (бобулӣ-шумерӣ, мисрӣ, ҳинди қадим, Хитойи қадим, Форси қадим); 2) илми атиқа; 3) илми асримиёнагии аврупоӣ; 4) илми классикии нававрупоӣ; 5) илми uайриклассикӣ; 6) илми баъдиuайриклассикӣ.
Хусусиятҳои давраи тоилмии шарқӣ аз инҳо иборат аст: омезиши бевосита ва тобеият ба талаботҳои амалӣ (санъати ченкунӣ ва ҳисоб, яъне риёзиёт, тартиб додани тақвимҳо ва хизматрасонӣ ба муқаддасоти динӣ, яъне астрономия, муҷаҳазсозии техникии олотҳои истеҳсолот ва сохтмон – механика ва u.); таҷҳизотнокии донишҳои «илмӣ», хусусияти пайдоиши донишҳои таҷрибавӣ ва асосноккунии он, сулолавӣ ва махфӣ будани ҷамоатҳои илмӣ.
Хусусияти зиддияти ошкорои «илм»-и мавҷудаи Юнони қадим ин буд: зеҳнӣ будан (сарашмаи донишҳои илмӣ тафаккур аст); исботи мантиқӣ, новобастагӣ аз амалия, пазироии танқиди ошкоро, демократизм. Намунаи фаҳмиши атиқии илмият, бегуфтугe асари Евклид «Ибтидо» мебошад.
Хусусиятҳои «илм»-и асримиёнагӣ: илоҳиётпазирӣ, яъне хизматгори бевоситаи талаботҳои иҷтимоию амалии ҷамъиятӣ динӣ, схоластика, догматизм ба шумор мерафт. Дар маданияти динии асримиёнагӣ илм маҷбур буд, ки нақши хизматгори илоҳиётро ба ҷо оварад ва бо он хулосаи худро мувофиқ гардонад. ҳақиқатҳои илмӣ («ҳақиқатҳои хирад») нисбати ҳақиқатҳои динӣ («ҳақиқатҳои имонӣ») мақоми тобеияти маърифатӣ доштанд. Астрология, алкимиё, тафсироти динӣ намунаҳои назарраси илми асримиёнагӣ буданд. Маълум аст, ки «илм»-и асримиёнагӣ бо хусусиятҳои донишу амали «илм»-и атиқа ва «тоилмият»-и қадим муқобил буд.
Охиран дар давраи Эҳё ва Замони Нав дар Аврупо зуҳуроти иҷтимоию амиқи падидаҳо, ки ҳаммаънои фаҳмиши имрeзаи илм мебошанд, пайдо шуданд.
Дар шароити имрeза доир ба мавҷудияти он навъи ақлонияти илмӣ ҳарф задан мумкин аст: ақлонияти мантиқӣ-риёзӣ; ҷамъияти идеалӣ; тарҳрезии аниқ, исботи расмӣ, ҳақиқатнигорӣ дар таҳлил. Ақлонияти илми табиатшиносӣ: шайъияти таҷрибавӣ, муайянияти мушоҳидавӣ-озмоишӣ (аз ҳисоби такрористеҳсоли беохири натиҷаҳои мушоҳида), исботи қисман мантиқӣ, ҳақиқатнигории таҷрибавӣ (тасдиқшавӣ ва сохтакорӣ). Ақлонияти муҳандисӣ-технологӣ: «шайъият»-ӣ-сиёсӣ, низомияти тарҳсозанда, санҷиши таҷрибавӣ, эътимоднокии низомӣ, манфиатнокии амалӣ. Ақлонияти иҷтимоӣ-гуманитарӣ: шайъияти иҷтимоӣ-арзишӣ, беихтиёрият, томият, асосмандии фарҳангӣ, мутобиқати манфиатӣ. Шиносоӣ бо ҳар кадом шаклҳои ақлонияти илмӣ мутобиқан бо пайдоиши намудҳои дониш, ки танҳо қисман аз мундариҷаи объекти ҷудокардашуда алоқаманд аст, вобастагӣ дорад. Чунки, масалан, геометрия мазмуни донишҳои физика, биологияи физикӣ, технологияи иҷтимоӣ, фалсафаи риёзиёт, таърихи техника ва ба ин монандро ба инобат мегирад.
Ба хусусиятҳои умумии «илм» дар қатори маърифати ақлониву шайъӣ буданаш, инчунин се ҷабҳаҳои дар он ҷудошаванда мансубанд: илм ҳамчун навъи махсуси донишҳо; 2) илм ҳамчун навъи махсуси фаъолият; 3) илм ҳамчун ниҳоди махсуси иҷтимоӣ. ҳамаи ин ҷанбаҳо байни худ алоқаманданд ва танҳо дар ягонагиашон имкон медиҳанд, ки фаъолияти воқеию томи илмиро пурраю айнӣ маълум карда шавад.
Илм ҳамун навъи махсуси донишҳо
Мантиқ ва методологияи илм илмро ҳамун навъи махсуси донишҳо мавриди баррасӣ қарор додаанд. Масъалаи асосӣ дар ин ҷо ошкорсозӣ ва шарҳу эзоҳи он аломатҳое мебошад, ки барои фарқ кардани дониши илмӣ аз натиҷаҳои дигари маърифат (шаклҳои гуногуни маърифати uайриилмӣ) заруранд, ба шумор меравад. Ба донишҳои uайриилмӣ, аз ҷумла донишҳои муқаррарӣ, санъат (инчунин адабиёти бадеӣ), дин (инчунин матнҳои динӣ), фалсафа (фалсафа дар қисматҳои асосиаш), таҷрибаи ҳадсию ирфонӣ, таасуротҳои вуҷудияфаҳмӣ (экзистенциализм) ва uайраҳо таалуқ доранд. Умуман, агар дар зери мафҳуми дониш танҳо иттилооти матнӣ фаҳмида шавад, пас маълум аст, ки матнҳои илмӣ танҳо қисме (мумкин аст қисми камтарин) аз он маҷмeро ташкил диҳад, ки инсоният дар ҳаёт истифода мекунад. Новобаста аз кeшишҳои беандозаи файласуфони илм (махсусан намояндагони позитивизми мантиқӣ ва фалсафаи таҳлилӣ) масъалаи аниқ маълуму баён кардани меъёри илмият ҳанeз ҳам масъалае мебошад, ки ҳалли ягонаю эътирофи умумшуда надорад. Одатан чунин меъёрҳои хоси донишҳои илмӣ номбар карда мешаванд: шайъӣ будан, як маъно доштан, муайяният, дақиқият, низомнокӣ, исботи мантиқӣ, санҷидашавӣ, асоснокшавии назариявӣ ё таҷрибавӣ, суднокӣ ва истифодаи амалӣ. Ба инобат гирифтани ин хосиятҳо бояд объективияти ҳақиқати донишҳои илмиро кафолат диҳад ва бинобар он, аксар вақт «донишҳои илмӣ» бо «донишҳои объективӣ-ҳақиқӣ» айният дода мешавад.
Албатта, агар дар бораи «донишҳои илмӣ» ҳамчун дар бораи тарҳрезиёбии назариявии методологияи илм сухан карда шавад, он гоҳ он гуфтаҳои қаблан зикршударо сарфи назар кардан мумкин аст. Аммо моҳияти масъала дар ҷои дигар аст, яъне то кадом андоза нисбати «рeзмаррагӣ»-и маърифати илмӣ, таърихи воқеъии илм ва гуногунии ҳастии муосири он ин «идеали илмӣ» тадбиқшавандаю умумӣ аст. Мутаассифона, чуноне ки таҳлили адабиёти позитивистию постпозитивистии хусусияти фалсафию методологӣ дошта, таърихи илми нимаи дуюми асри ХХ ва мунаққидони он далолат медиҳанд, ба ин савол ҷавоби мусбӣ ҳосил нашудааст. Воқеъан ҳам, илм дар мавҷудияти худ танҳо ба воҳиди «холис»-и стандартҳои методологӣ тобеъ нест. Мутлақгардонии чорчeбаи методологияи илм нисбати инсонандозагии илм, фаъолияти он, воқеъияти иҷтимоӣ-психологӣ ва u. моро аз диди воқеъии илм наздик огоҳ накарда, балки дур месозад. Идеали исботи мантиқӣ (дар фаҳмиши синтаксисии он) ҳатто дар назарияҳои соддатарини мантиқӣ ва риёзӣ тадбиқнашавандаанд (хулосагирии Черч нисбати исботи предекатҳои дуюмин, теоремаи П. Гедел дар бораи исботнопазирии расмии (синтаксисии) безиддиятии ададҳои натуралии арифметикӣ ва u.). Маълум аст, ки нисбати назарияҳои uаниву пурмуҳтавои риёзӣ, табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарӣ талаботи исботи мантиқии онҳо дар ягон сатҳи арзишнок амалинашавандаанд. Чунин арзёбиро бо истиснои баъзе ҳолатҳо нисбати амалишавии имконияти дигар меёрҳои идеалии илмият гуфтан мумкин аст. Аз ҷумла санҷишпазирии мутлақи таҷрибавӣ ё асоснокгардии назарияҳои илмӣ дар илмҳои табиатшиносию техникӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар ҳама ҳолатҳо на танҳо ба маълумгардонии мeҳтавоҳои унсури маҳдудаш, ки мазмуни мушаххаси илмӣ мебошад, ба назар мерасад. Дар ҳама ҷо ба донишҳои коллективонаю шахсии мавҷуда такя карда мешавад, доимо дар шароитҳои пурра баённашуда қабули қарорҳои муносиб, ҳангоми интиқоли илмӣ бо умеди дуруст фаҳмидан хулосаҳои экспертӣ ва ризоияти илмӣ сурат мегиранд. Аммо, агар идеали донишҳои илмӣ дастнорас бошад, аз он тамоман даст кашидан лозим аст? Не, чунки мақсади ҳама гуна идеал – ин нишон додани самти ҳаракати ба хоҳиш мувофиқ мебошад, ки ҳангоми ҳаракат дар ин самт мо эҳтимоли бештари ба даст овардани муваффақиятро нисбати ҳаракат ба самти муқобил ё тасодуфӣ дошта метавонем. Идеалҳо имконият медиҳанд, ки воқеъият мувофиқи мақсадҳо, талаботҳо ва манфиатҳои қабулгардидаи низом, фаҳмиш, баҳодиҳӣ, матраҳсозии воқеъият амалӣ карда шаванд. Маълум аст, ки онҳо унсурҳои зарурию муҳими танзимсозандаи мутобиқати инсон дар ҳар як соҳаи фаъолияташ мебошад.
Илм ҳамчун фаъолияти маърифатӣ
Дуюмин ҷанбаи муҳими таҳлили ҳастии илм – ин омeзиши илм ҳамун навъи махсуси фаъолият мебошад. Маълум аст, ки илм ин фаъолияти маърифатӣ ва зеҳнӣ мебошад. ҳар як фаъолият ин амали мақсаднок, созмондиҳанда, дорои ҷараён мебошад. Сохтори ҳар як фаъолият аз се унсури асосӣ иборат аст: мақсад, предмет, воситаи фаъолият. Дар мисоли фаъолияти илмӣ мақсад – ин ба даст овардани дониши нави илмӣ, предмет – ин иттилооти назариявӣ ва тарбиявӣ, ки дар ҳалли масъалаҳои илмӣ истифода мешаванд, воситаи фаъолият – усули таҳлилу интиқолдиҳӣ, ки муҳаққиқ дар ихтиёр дорад ва барои ҳалли бо эътирофи иттиҳодияҳои илмӣ мувофиқи масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.
Се модели асосии баёнкунандаи ҷараёни маърифати илмӣ мавҷуданд: 1) эмпиризм (таҷрибагароӣ); 2) теоретизм (назариягароӣ); 3) проблематизм (масъалагароӣ). Мувофиқи эмпиризм маърифати илмӣ аз бақайдгирии маълумотҳои таҷрибавӣ дар бораи предмети махсуси тадқиқоти илмӣ ва дар асоси онҳо пешбарӣ кардани фарзияи имконии таҷрибавӣ-ҷамъбасткунӣ, интихоби фарзия, ки бештар ба далелҳо мувофиқ аст, оuоз меёбад. Модели маърифатӣ илмӣ, ки ҳамчун ҷамъбасти индуктивии таҷриба ва интихоби минбаъдаи фарзияи беҳтарин дар асоси сатҳи баланди тасдиқшавии таҷрибавӣ мебошад, дар фалсафаи илм индуктивистӣ (ё худ неоиндуктивӣ) номида мешавад. Намояндагони машҳури ин ҷараён Ф.Бэкон, Ҷ.Гертел, В.Уэвелл, Ст.Ҷевонс, Г.Рейхенберг, Р.Карнап ва дигарон мебошанд. Аз ҷониби аксари файласуфони илми муосир ин модели маърифати илмӣ ҳамун модели беасосу камобуранг буда, на танҳо аз рeи хусусияти куллӣ надоштанаш (ҳангоми истифодаи он риёзиёт, назарияҳои табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарӣ аз мадди назар дур мемонад), инчунин аз рeи зиддиятҳои дохилии он рад карда мешавад.
Теоретизм ба усули қайдшуда зид мебошад. Теоретизм ҳамун модели маърифати илмӣ асоси фаъолияти илмиро кадом як идеяи кулл, ки дар батни тафаккури илмӣ пайдо шудааст (детерминизм, индетерминизм, дискретӣ, бетанаффусӣ, муайяниятӣ, номуайянӣ, тартибнокӣ, бетартибӣ, гуногунвариантӣ, таuйирпазирӣ ва u.), мешуморад. Дар доираи теоретизм фаъолияти илмӣ ҳамчун тарҳрезии ботинии он мазмуне, ки моҳиятан ин ё он идеяи умумиро дар бар мегирад, тасаввур карда мешавад. Таҷриба яке аз воситаҳои махсусгардонандаи идеяҳои назариявӣ мебошад. Яке аз шаклҳои маъмули теоретизм дар фалсафаи илм ин натурфалсафа (фалсафаи табиат) мебошад, ки ҳама гуна илмро фалсафаи амалӣ, мушаххасгардонии таҷрибавии uояҳои фалсафӣ меҳисобад. Аз ҷумла Георг Вилгелм Фридрих Гегел, Алфред Уайтхед, Теяр де Шерден, диалектикаи марксистии табиат ва u. мебошанд. Дар шароити имрeза натурфалсафа дар фалсафаи илм мақоми баланд надорад, аммо дигар вариантҳои теоретизм рақобатпазир мебошанд (таҳлили тематикии Ҷ.Холтон, конвенсиализми радикалии Пер Дюгем, Анри Пуанкаре, методологияи барномаҳои илмии Имре Лакатос ва u.).
Охиран варианти сеюм, ки бештар паҳншуда ва дар фалсафаи илми имрeза барои таҷассуми сохтори фаъолияти илмӣ қабул шудааст, ин консепсияи проблематизм мебошад, ки Карл Поппер дақиқ тафсир кардааст. Мувофиқи ин модел илм тарзи махсуси ҳалли масъалаҳоест, ки зинаи ибтидоии фаъолияти таҷрибавӣ ё назариявӣ буда, бо забони илмӣ тафсир карда шудаанд ва ҷавобан ҳосил кардани иттилооти нави таҷрибавӣ ё назариявиро талаб мекунанд.
Фаъолияти муосири илмӣ танҳо бо маърифат маҳдуд нест. Вай ҷиҳати муҳими фаъолияти навоварона аст, ки барои офаридани арзишҳои истеъмолӣ саҳм мегузорад. Навоварии илмӣ қисми ҷудонопазири иқтисоди муосир мебошад. Илм ҳамчун ҷузъи фаъолияти навоварона амалӣ гардонидани чунин сохторро ба ҷо меоварад: тадқиқотҳои бунёдӣ, тадқиқотҳои амалӣ, моделҳои судманд, тадқиқотҳои амалӣ-таҷрибавӣ. «Тадқиқотҳои бунёдӣ» мақсад доранд, ки дар бораи объектҳо дониши нави илмӣ ба даст оваранд; илова бар ин, дар сохтори умумии фаъолияти навоварона онҳо на зиёда аз 10 % ҳаҷми тадқиқоти илмиро ташкил медиҳанд. ҳаҷми боқимонда ба он унсурҳои сохтори фаъолияти илмӣ рост меоянд, ки барои истеҳсоли оммавии арзишҳои истеъмолии аҳамияти шаҳрвандӣ, ҳарбӣ, иҷтимоидошта тобеъ мебошанд. Илми муосир ҳанeз аз охири асри Х1Х (аз замони ташкил шудани сектори саноатии илм) бо фаъолияти амалӣ сахт омезиш ёфта, (бо пайвастагиҳои иқтисодӣ, технологӣ, ниҳодӣ, низоми «илм-техника» (технология)) тақвият ёфт. Дар ин давра нисбати дигар давраҳои таърихӣ рушду камоли илм сабаби худро дар талаботҳои амалии иҷтимоии ҷамъият пайдо мекунад. Амалигардонии ин талабот бо низоми ташкилу идораи илм ҳамун сохтори махсуси иҷтимоӣ (ниҳоди иҷтимоӣ) таъмин мегардад.
Илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ
Фаъолияти иттиҳоди илмӣ танзими маҳсулноки байни аъзоёнаш, инчунин байни илм, ҷамъият ва давлатро бо воситаи низоми махсуси арзиши дохилӣ, ки ба сектори иҷтимоии сиёсати илмӣ-техникии ҷамъият ва давлат мансубанд, инунин тавассути низоми меъёрҳои қонунгузорӣ (ҳуқуқи хоҷагидорӣ, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи муаллиф ва u.) амалӣ мегардонад. Маҷмeи арзишҳои дохилии иттиҳодияи илмӣ, ки мақоми меъёрҳои ахлоқро дорад, ҳамчун «этоси илмӣ» ном гирифтааст (этос – хислат ). Яке аз баёноти меъёри этоси илмӣ дар солҳои 30-юми асри ХХ аз ҷониби асосгузори сотсиологияи илм Роберт Мертон пешбарӣ карда шудааст. E қайд мекунад, ки илм ҳамчун сохтори махсуси иҷтимоӣ дар фаъолияти худ ба чор хосият такя менамояд: 1) универсализм; 2) коллективизм; 3) беuаразӣ; 4) шаккокияти муташаккилона. Баъдтар Б.Барбер ду хосияти дигарро низ ба он илова намуд: ратсионализм ва холисияти рeҳиявӣ.
Универсализм хусусияти объективона ва ба шахсият дахлнадоштаи донишҳои илмиро тасдиқ мекунад. Эътимодбахшии донишҳои нави илмӣ танҳо аз рeи мувофиқаташ ба мушоҳидаю донишҳои илмии қаблан санҷидашуда муайян карда мешаванд. Универсализм хусусияти байналхалқӣ ва демократӣ доштани илмро собит месозад. Мувофиқи хусусияти коллективизм натиҷаи маърифати илмӣ ба ҳамаи иттиҳодияҳои илмӣ ва дар маҷмeъ ба ҷамъият мансуб аст. Натиҷаҳои илмӣ доимо маҳсули ҳамэҷодии коллективонаи илмӣ мебошанд. Чунки ҳар як олим ҳамеша ба ягон uояҳо (донишҳо)-и олимони гузашта ва ҳамзамононаш такя мекунад. ҳуқуқи моликияти хусусӣ ба донишҳо дар илм бояд мавҷуд набошад, ҳарчанд ки олимони ба инкишофи илм ҳиссаи бузургдошта ҳақ доранд, ки аз ҳамкорон ва ҷамъият мукофоти боадолатонаи моддию маънавӣ талаб намоянд, ки мувофиқ ба эътирофи касбияти e бошад. Чунин эътироф воситаи муҳими пешбарии фаъолияти илмӣ аст. Беuаразӣ дар фаъолияти илмӣ маънои онро дорад, ки мақсади асосии фаъолияти олимон бояд хизмат ба ҳақиқат бошад. ҳақиқат дар илм набояд воситаи бадастоварии манфиати шахсӣ бошад, балки он танҳо мақсади муҳими ҷамъиятӣ бошад. Шаккокият на танҳо инкори тасдиқҳои догматикии ҳақиқатро дар илм ҷонибдорӣ мекунад, инчунин баракс ба масъулияти касбии олимон ворид кардани танқидкории назари ҳамкоронашро, агарчи барои ин амал сабаби ночизе бошад ҳам, дохил мекунад. Мутобиқан зарур аст, ки танқидро ба худ қабул кунӣ, агар он ба инкишофи илм муфид бошад. Олими ҳақиқӣ табиатан ва аз рeи шуuлаш шаккок аст. Шаккокӣ ва шубҳа чунин асбоби зарур, муҳим ва нозуки фаъолияти олим аст, чунон ки корди ҷарроҳӣ ва сeзан дар дастони ҷарроҳ аст. Арзиши ратсионализм тасдиқ мекунад, ки илм на танҳо ба ҳақиқати объективӣ мекeшад, балки кeшиши он ба мубоҳисаи исботкунандаю мантиқан муташаккил буда, меъёри олим ҳақиқатан хиради илмӣ мебошад. Холисиятии рeҳиявӣ ба шуuлдорони илм ҳангоми ҳалли проблемаи илмӣ истифодаи таъбу назокати шахсӣ ва дигар хосиятҳои муҳити ҳиссии шуурро манъ мекунад. ҳатман бояд қайд кард, ки ба этоси илмӣ назари таҷрибавӣ не, балки назариявӣ раво дониста мешавад. Зеро дар ин ҳолат илм ҳамчун объекти назариявӣ аз нуқтаи назари мавҷудияти «идеалиаш», на аз рeи ҳолати вуҷудияташ тафсир карда мешавад. Ин ҳолатро худи Роберт Мертон ҳам мефаҳмид. Инунин e медонист, ки ба тарзи дигар (берун аз ченаки арзишӣ) илмро ҳамчун сохтори иҷтимоӣ аз дигар падидаҳои иҷтимоӣ (сиёсат, иқтисод, дин ва u.) фарқ кардан мумкин аст. Шогирдон ва ҳаммаслакони Роберт Мертон дар асоси гузаронидани тадқиқотҳои васеъи сотсиологӣ дар иттиҳодияҳои илмӣ мeътақид бар он гаштанд, ки олимон дар фаъолияти ҳамарeзаи касбиашон ҳамеша дар ҳолати интихоби рафторҳои меъёрии баҳаммуқобил қарор доранд. Чунони олим бояд:
– ҳарчи зудтар маҳсули кори худро ба иттиҳодияи илмӣ пешниҳод намояд, аммо дар чопи онҳо, ки имконияти «ноқис» буданашон ё истифодаи бевиҷдонона ҷой дорад, бояд саросема нашавад;
– ба қабули эҷодкоронаи uояҳои нав омода бошад, аммо ба мeдҳои интеллектуалӣ дода нашавад;
– кeшиш намояд, ки донишҳои нав ба даст оварад, то ки сазовори баҳои баланди ҳамкорон бошад, аммо ба баҳои дигарон диққат надода, кори худро пеш барад;
– uояҳои навро ҳифз кунад, аммо хулосаҳои подарҳавою ноҷо накунад;
– бикeшад, то асарҳое, ки ба соҳааш таалуқ доранд, аз бар кунад, аммо ба хотир гирад, ки худписандӣ, ҳозирҷавобӣ дар баъзе ҳолатҳо эҷодиётро боз медорад;
– дар тафсир ниҳоят нуқтасанҷ бошад, аммо беҷо нагeяд, зеро ин бар зарари мазмун оварда мерасонад;
– ҳамеша дар хотир гирад, ки дониш хусусияти байналмиллалӣ дорад, аммо аз мадди назар дур накунад, ки ҳар як кашфиёти илмӣ шарафи он илми миллиро, ки олим намояндаи он аст, баланд мебардорад.
Маълум аст, ки интихоб бар фоидаи ин ё он меъёр доимо аз шароит вобаста буда, бо миқдори зиёди омилҳои иҷтимоӣ ва ҳатто психологӣ, ки аз ҷониби шахсиятҳои мушаххаси «муттаҳид» омода мешаванд, муайян карда мешавад. Яке аз кашфиётҳои муҳим дар тадқиқи илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ин на эътирофи низоми яклухту якпорча будани илм, балки эътироф кардани илм ҳамчун муҳити парокандагию рақобати иттиҳодҳои зиёди хурду калони гуногунманфиат мебошад. Илми муосир ин шабакаи мураккаби робитаҳои байниҳамдигарии коллективҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо мебошад, яъне аз лабораторияю кафедраҳо то донишкадаҳои давлатию академияҳо, аз коллеҷҳои «uайримуҳим» то ташкилотҳои бузурги ҳамаи нишонаҳои ҳуқуқидошта, аз инкубатору паркҳои илмӣ то корпоратсияҳои илмию сармоягузорӣ, аз умумиятҳои фаннӣ то умумиятҳои илмии миллию байналмиллалӣ мебошад. ҳамаи онҳо ба воситаҳои гуногун бо ҳам, инунин бо дигар зернизомҳои пуриқтидори ҷамъият ва давлат (бо иқтисодиёт, маориф, сиёсат, фарҳанг ва u.) алоқаманданд. Бинобар ин, дар шароити имрeза идора ва худидоракунии муфиди илми муосир беомeзиши дониши сотсиологӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкили зернизомҳо амри маҳол аст. Илми муосир ин низоми худинкишофёбанда буда, ҷонибҳои муҳими назораткунандааш бо иқтисодиёт (моддию пулӣ) ва озодии пажeҳишҳои илмӣ вобаста аст. Дастгирии ин ҷиҳатҳо дар сатҳи лозима яке аз uамхориҳои аввалиндараҷаи давлатҳои муқтадири муосир мебошад. Сиёсати илмӣ-техникии пурмаҳсул кафолати асосии таъмини мавҷудияти устуворона, рақобатпазир ва инкишофи ҳар як давлати мутамаддину ҷомеаи инсонӣ мебошад. Ин хулоса натиҷаи ногузири таҳлили фалсафии мафҳуми «илм» мебошад.
ҳамин тариқ, илмро метавон ҳамун фаъолияти маърифатии касбӣ-созмонӣ барои ҳосил кардани донишҳои нав равона кардашуда ва дорандаи хосиятҳо муаррифӣ кардан мумукин аст. Аз ҷамла хосиятҳои муҳими онро қайд мекунем: шайъияти объективона (таҷрибавӣ ва назариявӣ); аҳамияти умумӣ доштан; асоснокшавӣ (таҷрибавӣ ё назариявӣ); муайяният, дақиқият, санҷидашавӣ (таҷрибавӣ-мантиқӣ), ҳосили тасаввуротии предмети дониш, ҳаққонияти объективӣ, судмандии амалӣ ё назариявӣ. Дар соҳаҳои гуногуни илм меъёрҳои илмияти дониш, ки дар боло зикр ёфтаанд, вобаста ба хусусияти предмети омeзиш ва хосиятҳои проблемаҳои ҳалшавандаи илмӣ муайяну мушаххас гардонида мешавад.
1.2. МОҳИЯТ ВА МEҳТАВОИ МАСОИЛИ РОБИТАИ БАЙНИҳАМДИГАРИИ ФАЛСАФА ВА ИЛМ
Дар давраи қадим фалсафаро ҳамчун илми илмҳо мефаҳмиданд. Чунин ҳолати шоҳонаи фалсафа тамоми донишҳои инсониро дар худ фаро мегирифт. Аммо ҳеҷ яке аз соҳаҳои маънавиёти инсонӣ, аз ҷумла фалсафа низ қодир нест, ки дар худ тамоми маҷмeи донишҳои илмиро дар бораи олам фарогир бошад. Файласуф наметавонад кору фаъолияти мутахассисони соҳавӣ (табиб, кимиёшинос, риёзидон, мунаҷҷим ва u.)-ро анҷом диҳад ва ин тасодуфӣ ҳам нест.
Фалсафа маликаи илмҳо, яъне боло аз ҳамаи фанҳои ҷузъӣ буда наметавонад, ҳамчунон фалсафаро ба қатори илмҳои ҷузъӣ ворид кардан имконнопазир аст. Фалсафа ин ҳикматдeстӣ, шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ буда, масъалаи асосии онро муносибати тафаккур ба ҳастӣ ташкил медиҳад. Баҳсу мунозираҳои бисёрасраи фалсафа ва илм дар бораи он ки ҷамъият ба фалсафа ё ба илм ниёзи бештар дорад, чигунагии алоқамандии воқеии онҳо чандин ақидаҳоро ба миён овардааст.
Илмҳои махсус ба ягон талаботи муайяни ҷамъият хизмат менамоянд. Масалан ба техника, иқтисодиёт, таълим, қонунгузорӣ ва u . хусусиятҳои хоси омeзишашонро ҳамчун ҷузъи ҳастӣ қарор додаанд. Ба қавли Гегел, тафаккури илмӣ uарқи маводҳои ниҳоӣ буда, дар ҳудуди дарки зеҳнӣ қарор дорад. Фалсафаро бошад, таҳқиқи олами том зарурат аст, вай ба дарки комили куллиёт равона шудааст ва ягонагии тамоми вуҷудотро мавриди омeзиш қарор додааст. Дар ҳамин маъно муайян кардани фалсафа ҳамчун илм «дар бораи нахустмабдаъ ва нахустсабаб» боадолатонаю қобили қубул аст.
Илмҳои ҷузъӣ падидаҳои объективонаро, ки берун аз инсон ва новобаста аз e вуҷуд доранд, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Илм маҷмeи назарияҳо, қонунҳо ва формулаҳоро муайян карда, онро аз хусусиятҳои шахсию муносибатҳои завқии олим озод менамояд, нисбати оқибатҳои иҷтимоии кашфиётҳои илмӣ бетараф аст. Шахсияти олим, мавзунияти ақлонии e, хусусияти имониву мавқеи ҳаётӣ дар пешрафти тадқиқотҳои илмӣ аҳамияти бузург надоранд. Қонуни ҷозиба, ҳосилаи квадратӣ, системаи даврии Д.И.Менделеев, қонуни термодинамика ва дигар қонунҳо объективӣ мебошанд. Амали онҳо воқеъӣ буда, аз хоҳишу ирода ва шахсияти олим вобаста нестанд.
Дар тасаввуроти файласуф, олам на танҳо воқеяти карахту сокит, балки вуҷуди комили таҳаввулпазиру мутаҳаррик, гуногунранг, ки дар худ хосиятҳои силсилавию муназзамият ва заволёбӣ, нерeҳои нуру зулмат, ҳамоҳангиву бенизомиро дар бар гирифтааст, арзёбӣ шудааст. Хиради файласуф бояд муносибати худро ба олам муайян кунад. Тасодуфӣ нест, ки масъалаи асосии фалсафаро масъалаи муносибати тафаккур ба ҳастӣ ташкил медиҳад. Бо назардошти маълумотҳои илмӣ фалсафа пеш рафта, дар мeҳтавои ҳастии инсон масъалаҳои маъною аҳамияти равандҳо, ҳодисаҳоро баррасӣ менамояд.
Намояндагони илм тасаввуротҳои муайянро ба асос гирифта, онҳоро ҳамчун чизи додашудаи ба далеловарӣ ниёз надошта, қабул мекунанд. Ягон нафаре аз мутахассиси соҳаи муайян дар ҷараёни фаъолияти илмӣ-тадқиқотиаш савол намегузорад, ки фанни онҳо чигуна пайдо шудааст, хусусияту тафовути он аз дигар фанҳо дар чӣ зоҳир мегардад. Агар ба ин масъалаҳо дахл карда шавад, он гоҳ табиатшинос ба соҳаи таърих ва фалсафаи илм ворид хоҳад шуд. Фалсафа кeшиши муайян кардани заминаҳои ибтидоии ҳаргуна донишро дошта, самтгири муайянсозии меъёрҳои фаҳмишу баҳодиҳии ҳамаи падидаҳо мебошад (масалан ошкор сохтани фарқияти ҳақиқат ва ақида, таҷриба ва назария, озодӣ ва бехтиёрӣ, зeроварӣ ва ҳокимият ва u.)
Илм баҳри коркард ва муназзам сохтани донишҳои объективӣ дар бораи воқеъият равона карда шудааст. Илм ҳамун шакли шуури ҷамъиятӣ ба дарки қонуниятҳои олам ва тавлиди донишҳо алоқаманд аст. ҳадафи илм ин шарҳдиҳӣ, маънидодкунӣ ва пешгeӣ кардан аст. Низоми илм шартан ба илмҳои табиатшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ ва техникӣ ҷудо мешавад. Тахмин меравад, ки дар ҳар як 15 сол ҳаҷми фаъолияти илмӣ, рушди иттилооти илмӣ, кашфиётҳо, теъдоди ходимони илмӣ то ду карат меафзояд. Дар инкишофи илм бошад, ивазшавии марҳилаҳои инқилоби илмӣ, ки ба дигаргуниҳои куллии сохтори илм, принсипҳои маърифат, категорияҳо, усулу шаклҳои ташкилёбӣ боис мешавад, назаррас аст.
Фалсафа бо муносибати назариявӣ-инъикосӣ ва маънавӣ-амалии субъекту объект асос меёбад. Фалсафа ба ҳастии иҷтимоӣ тавассути ташаккули uояҳои нав, меъёрҳо ва арзишҳои маданӣ фаъолона таъсир мерасонад. Қисмҳои таркибии фалсафа, аз ҷумла онтология, гносеология, мантиқ, ахлоқ, эстетика, антропология, фалсафаи иҷтимоӣ, таърихи фалсафа, фалсафаи дин, методология, фалсафаи илм, фалсафаи таърих, фалсафаи сиёсат ва u. мебошад. Тамоюли асосии инкишофи фалсафа бо ҳаллу фасли масоили олам ва мавқеи инсон дар он, тақдири тамаддуни муосир, ягонагию гуногунии маданиятҳо, табиати маърифати инсонӣ, ҳастӣ, забон ва бо тимсоли ин масъалаҳо алоқаманд аст.
Фалсафа кeшиш дорад, ки ҳадди асосноккунӣ ва танзимсозии ҳаргуна муносибати бошуурона ба воқеъиятро ошкор намояд. Аз ин рe, нигоришҳои фалсафӣ ба худ намуди тасвироти муназзами мулоҳизотро нагирифта, балки шакли муҳокимаи васеъ, тавсифи ҷузъии кулли мушкилоти таҳлилӣ, қиёсӣ, танқидӣ ва баҳодиҳии роҳҳои имконпазири ҳалли масъалаҳои пешгузоштаро касб мекунад. Дар ин ҷо ҳукми маъруфе ёдрас мешавад: дар фалсафа на танҳо натиҷаи бадастомада муҳим аст, инунин роҳи ба ин натиҷа расидан низ муҳим аст, зеро роҳи интихобнамудаи маърифатӣ тарзи махсуси асосноккунии натиҷа мебошад.
Хитоби Исаак Нютон «Физика, битарс аз метафизика!» ҳамчун эътироз ба оҷиз донистани фалсафа дар дарёфти ҷавоби аниқ ба масъала маънидод карда мешавад.
1.3. НАЗАРИЯҳОИ АСОСИИ ФАЛСАФАИ ИЛМИ МУОСИР
Назарияҳои фалсафаи илми муосирро бо ду тарз метавон ҷудо кард: 1) Аз рeи нигариш ба муқаррароте, ки мувофиқи он фалсафаи илм дар тадқиқоти илм ба ҷараёнҳои умумифалсафӣ қаробат дорад. Дар ин ҳолат позитивизм, неопозитивизм, постпозитивизм ҳамчун назарияҳои асосии фалсафаи илм баррасӣ мешаванд. 2) Таҳлил намудани ҳалли се масъалаи ба ҳам алоқаманд – илмият, ақлоният, ҳаққония, ки дар доираи масъалаи муҳими «моҳияти дониш чӣ аст?», бо ҳам алоқаманданд.
Давраҳои асосии uояҳои фалсафаи илмро ба давраҳои инкишофи позитивизм, неопозитивизм, постпозитивизм алоқаманд дониста, зери таҳлил қарор медиҳем.
Позитивизм ҳамчун фалсафи илм
Асосгузори позитивизм Огюст Конт як чанд андешаҳои ҷолиби диққатро дар доираи фалсафаи илм пешбарӣ намудааст. Таҳлили мақоми илми замонаш eро ба он мeътақид сохт, ки илм дигар кори шахсиятҳои алоҳида ва гурeҳҳои хурди тадқиқотӣ намебошад. Мақоми илм таuйир ёфтаст. Илм нерeи оддӣ набуда, балки нерeи истеҳсолкунанда гаштааст. Илм истеҳсолотро муайян мекунад ва худаш ҳамчун қувваи истеҳсолкунанда ва ниҳоди иҷтимоӣ баромад мекунад. Барои таърифи мушаххаси илм Огюст Конт дониши илмиро ба таҷрибаю озмоиш сахт алоқаманд медонад. Танҳо донишҳои таҷрибавӣ-озмоишӣ метавонанд як натиҷаи нав диҳанд.
Чунин дониш, ки мусбӣ арзёбӣ мешавад, аз донишҳои «ақлӣ» (спекулятивӣ) фарқ мекунад. Донишҳои ақлонӣ дар навбати худ, на ба озмоишу таҷриба, балки ба сохтори фикрҳои аз таҷрибаи воқеӣ ҷудобуда такя мекунанд. Илм танҳо барои маърифати объектҳои мавҷудаи воқеият нигаронида шудааст. Чунин «объектҳо»-и назариявӣ, ба мисоли «нахсутмабдаъи ҳастӣ» дар фалсафа омeхта мешавад. Аммо аввалан, ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ дар таҷриба бо онҳо вонахeрдааст. Онҳоро тавассути васоити озмоишии илм маърифат кардан номумкин аст, ҳатто агар мумкин мебуд, чунин донишҳо ба ҳеҷ як натиҷаи судманд намеоварданд. Бинобар ин, барои Огюст Конт фалсафа (инчунин дин, санъат, асотир) илм намебошад. Ин маънои онро надорад, ки Конт мубрамият ва ҳатто зарурияти дин, фалсафа ва санъатро дар ҷомеа рад мекарда бошад. Танҳо ин шаклҳои дониши одамон илм ҳисобида намешавад. Меъёри илмият ба назари e чунин аст: а) илм он далелҳо, падидаҳо, равандҳо, ки дар таҷрибаи инсоният «ба даст оварда мешаванд», маърифат менамояд; б) илм бо амалия алоқаманд аст, дониш танҳо дар он ҳолат арзиш дорад, агар мо онро амалан истифода бурда тавонем. ҳақиқат – ин зодаи амалия аст. Амалия – меъёри ҳақиқат аст. Аз ин рe, агар мо донишро дар мақсадҳои амалӣ истифода карда натавонем (масалан дониш дар бораи нахустмабдаи ҳастӣ), дар ин ҳолат ин дониш uайриилмӣ аст; в) ба эътибор бояд гирифт, ки на ҳар донише, ки дар амалия истифода мешавад, худ ба худ илмӣ мешуда бошад. Масалан, донишҳои муқаррарии одамон бешубҳа арзишу хусусияти амалӣ доранд, аммо илмӣ нестанд. Донишҳои илмӣ дар худ назария ва фарзия доранд. Чунин дониш метавонад оламро маънидод кунад ва муҳимаш, зуҳуроти воқеиятро пешбинӣ намояд. Донишҳои илмӣ ба худ хос низоми мафҳумҳо, усули маърифати воқеиятро доранд. Масалан, методҳои индуктивӣ, дедуктивӣ ва u.; г) илми ҳақиқӣ дар бораи сабабҳои мавҷудияти кайҳон ё инсон ҳеҷ чизе гуфта наметавонад. Вай гуфта метавонад, ки «чӣ тарз» кайҳон сохтор дорад, «чӣ тарз» инсон сохту шамоил дорад ва u. Аммо дар бораи «барои чӣ» инсон ва кайҳон вуҷуд доранд чизе намегeяд. Илм бояд ба саволи «чӣ тарз» ҷавоб гeяд, на ин ки ба саволи «барои чӣ». Чунин нигориши мутаасибият фикрҳои ботилро, ки хоси донишҳои uайриилмианд, истисно месозад. Он навъи донишҳое, ки uайритаҷрибавианд, аз ҷониби Огюст Конт «поёнӣ» эълон мегарданд, аммо зарурати он дар ҷомеа эътироф мешавад. Таснифоти нави илм, ки дар осори Огюст Конт «Тавсифи умумии позитивизм» баён карда шудааст, ба қатори илм риёзиёт, нуҷум, физика, кимиё, физиология муносиб дониста, ба ҷои фалсафа – физикаи иҷтимоӣ (баъдан сотсиология ном гирифт) ва ахлоқро дохил кардааст. Воқеан мавҷудияти «фалсафаи позитивистӣ»-и нав, ки низоми ҳамаи илмҳо ва донишҳои инсониятро меофарад, бояд мақоми «низомисозанда»-и ҳамаи илмҳоро медошт. Худи «фалсафи позитивистӣ» ягон қонуну зуҳуроти воқеиятро кашф намекунад ва танҳо маълумотҳои илмҳои позитивиро истифода мебарад.
Карл Маркс ва Фридрих Энгелс андешаҳои Огюст Контро пазируфтанд ва аз мавқеи диалектикаи идеалистии Г.Гегел ва фалсафи материалистии Людвиг Фейрбах ҷадидан таҳлили моҳиятӣ намуда, дар фаҳмиши моҳияту мазмуни донишҳои илмӣ ба дастовардҳои беҳтаре ноил гардиданд. Маркс ва Энгелс масъалаҳои фалсафаи илмро махсус арзёбӣ накардаанд. Аммо Маркс uояи дар ҷомеаи сармоядорӣ дар ҷараёни истеҳсолот татбиқ ёфтани илм ва қувваи истеҳсолкунанда шудани онро мукаммал гардонд. Ин uояҳо ҳанeз аз ҷониби позитивистони асри Х1Х Конт, Милл, Спенсер, Дюи ба миён гузошта шудааст. Илм шарти инкишофи ҳамаи дигар қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият гардид. Вай нерeи сармоя гашт, вай сармоядоронро , ки онро ба хизмати худ даровардаанд, доротар мегардонд.
Маркс ва Энгелс собит карданд, ки илм дастоварди тамоми инсоният аст. Илм маҳсули заҳмати на танҳо аврупоиён, балки маҳсули ранҷи тамоми инсоният аст. Илм маҷмeи донишҳои инсонӣ мебошад, ки натиҷаи он ба тамоми инсоният таалуқ дорад. Дар истилоҳи марксистӣ илм – кулли маҳсули маънавии инкишофи ҷамъият ва чун «ҳар кадом кашфиёт – ин меҳнати умум» арзёбӣ шудааст. Илм ҳамчун шакли махсуси фаъолияти ҷамъиятӣ ва шакли шуури ҷамъиятӣ дониста шудааст. Барои маълум кардани тафовути илм аз дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ Маркс ва Энгелс чунин қайд мекунанд, ки а) илм – дониши объективона, мантиқан низомнок гардонидашуда, ҳамчун низоми донишҳо дар бораи қонунҳои ҷамъият, табиат ва тафаккур; б) илм ба амалияи ҷамъиятӣ такя мекунад ва амалия меъёри ҳаққонияти донишҳои илмӣ мебошад; в) илм дар ҷамъият таърихан ташаккул ёфтааст, вай қисми ҷомеа буда, берун аз инкишофи ҷамъият давраҳои махсуси он нофаҳмо мемонад; г) истеҳсолоти моддӣ дар назди илм ин ё он мақсадҳо мегузорад ва масъалагузориҳои асосии илмро муайян мекунад. Алҳол илм на танҳо бо истеҳсолот муайян мегардад, вай метавонад аз талаботи истеҳсолот пеш гузарад ва дар сатҳи муайяне истеҳсолотро муайян кунад. Илм ба фарҳанги ҷомеа, дараҷаи инкишофи иқтисод, техника, ахлоқ муайян мегардад, аммо илм дар навбати худ имкон дорад, ки фарҳанги ҷомеа, техника, иқтисод, ахлоқ ва u-ро таuйир диҳад. Uояҳои Марксу Энгелс барои фалсафаи илми муосир арзиши беҳамто доштанд. Маълум аст, ки таҷрибаҳои сунъӣ эҷод кардани нусхаҳои организмҳои зинда сараввал бо эҳтиёҷоти тиббӣ ба узвҳои донорӣ алоқаманд буд. Дар охири асри ХХ масъалаи клонсозӣ хусусияти умумиинсонӣ касб намуда, аз доираи талаботҳои аввалаи тиббӣ берун гашт. Дигар мисолҳоро низ аз соҳаи биология ва махсусан аз соҳаи тадқиқоти масъалаҳои энергетикӣ дар асрҳои ХХ-ХХ1 номбар кардан мумкин аст.
ҳарчанд ки Марксу Энгелс дар соҳаи фалсафаи илм uояҳои позитивизми асри Х1Х-ро инкишоф доданд, аммо дар фалсафаи худ позитивист набуданд. Умуман, низоми фалсафаи марксизм аз позитивизм фарқияти куллӣ дорад. Вале дар баъзе ҳолатҳо чанде аз муҳаққиқон монандии uояҳои позитивистон ва марксистонро дар фаҳмиши илм қайд намудаанд (Р.Арон, Б.Рассел).
Назарияи неопозитивистии фалсафаи илм
Таълимотҳои мутафаккирони асри ХХ Людвиг Витгейнштейн ва Карл Поппер дар бораи фалсафаи илм ба давраи сеюми фалсафаи позитивизм таалуқ доранд. Ин давра «позитивизми лингвистӣ» ё худ неопозитивизм номгузорӣ шудааст.
Людвиг Витгейнштейн асарҳои кам навиштааст, аммо онҳо барои фалсафаи илм аҳамияти бузург доранд: «Рисолаи мантиқӣ-фалсафӣ» (1921); «Тадқиқотҳои фалсафӣ» (баъди маргаш соли 1953 чоп шуд); «Доир ба эътимоднокӣ» (баъди маргаш соли 1969) ва u. Андешаҳои муҳими мутафаккир дар соҳаи фалсафаи илм аз инҳо иборатанд: а) илм ба покии забони худ ниёз дорад. Ин зарурият аз он сабаб аст, ки дар илми муосир иттилооти бениҳоят бисёри бо истифодаи забони муқаррарӣ алоқамандбуда мавҷуданд. Забони муқаррарии одамон ниҳоят гуногунмазмун аст. Бинобар он, интиқоли он ба забони илм боиси коҳиш ёфтани забони илмӣ мегардад. Дониши илмӣ бояд аҳамияти умумӣ дошта бошад ва бо ёрии забони махсус – забони илм дастрас гардад. Масалан, «забони риёзӣ», «забони фанҳои филологӣ», «физикӣ» ва u. Забон фикрро ифода мекунад. Витгейнштейн таъкид кардааст, ки «мантиқи забон» ҳудуди ифодаи фикрро муайян мекунад. Он чизе, бо калима ифода карда намешавад, ки дар олам вуҷуд надорад. ҳамин тариқ, барои мутафаккир ҳудуди забон бо ҳудуди ҳастӣ мутобиқат дорад. Забони илм бо таҷриба алоқамандии қавӣ дорад. Донишҳои илмӣ низ аз таҷриба бармеоянд. Танҳо он ифодаҳо барои илм арзиш доранд, ки бо таҷриба алоқаманданд (бо ҳозира ё гузашта, бевосита ё бавосита). Дар чунин ҳолат ҳақиқатҳои илм – ин мувофиқати ифодаҳо бо таҷрибаи инсону инсоният мебошанд. Людвиг Витгейнштейн принсипи верификатсияро пешниҳод намуд, ки мувофиқи он ҳама гуна ифодаҳо дар илм санҷидашаванда, яъне ҳаққонияташон ба тарзи таҷрибавӣ муайян кардашавада мебошанд.
Аммо худи мутафаккир мефаҳмид, ки баъзе гуфтаҳо аз доираи ин принсип берун мемонанд. Масалан, ифодаи ҷамъбастӣ, ба монанди «ҳамаи одамон мирандаанд», баъзе маълумотҳои таърихӣ ва u. Uайр аз ин, принсипи верификатсия масъалаи пешбарии фарзияҳоро душвор гардонд, зеро чун қоида онҳо бо таҷриба исбот намешуданд. Маълум аст, ки назарияи илмӣ бе фарзия арзиши худро гум мекунад. Чунин андешаҳо дар таълимоти мутафаккироне, ки ба верификатсия муқобил буданд (аз ҷумла Карл Поппер) ба назар мерасад. Людвиг Витгейнштейн таваҷҷeҳи муҳаққиқонро ба масъалаҳои забони илм, таҳлили забони илм, робитаи илм бо сохтору нақшаҳои риёзӣ ва мантиқи шаклӣ ҷалб намуд. Аз ин давра ин масъалаҳо ба фалсафаи илми асрҳои ХХ-ХХ1 дохил шуданд.
Карл Поппер дар рафти тадқиқоти моҳияти илм ва қонуну усулҳои он ба хулосаҳое омад, ки бо принсипи верификатсия мухолиф буданд. E дар асрҳояш «Мантиқи кашфиёти илмӣ» (1959), «Падидаҳо ва инкорҳо» (1937) ва u-ҳо uояи имконпазир будани айниятдиҳии мазмуни илм ва қонуниятҳои онро танҳо ба тасдиқот, ки бо таҷриба асос ёфтааст, яъне ба мушоҳида, озмоиш ва u-ҳо, қайд карда мегузарад. Илм танҳо ба ифодаҳои санҷидашаванда ҳамрадиф нест. Принсипи верификатсия «асимметрӣ» мебошад: исботи баъзе ҷанбаҳо меҳнати пурмашаққат металабад, аммо бо як далел рад карда мешавад. Масалан, барои исботи он, ки «дар фасли зимистон барги ҳамаи дарахтон мерезад», бояд шумораи бениҳоят зиёди дарахтонро мушоҳида кард (дар амалия ин номумкин аст). Аммо ин ҷумлаи байни тасдиқот ва инкори дониши таҷрибавӣ аст, ки ба ноустувории принсипи верификатсия ишора мекунад.
Безиддиятии мантиқӣ низ на ҳама вақт ҳаққонияти донишҳоро собит мекунад. Аксари баррасиҳои илоҳиётшиносон аз нуқтаи назари мантиқ безиддият ба сомон расонида шудааст. Аммо ин дониш албатта uайриилмӣ мебошад. «Безиддиятӣ» – ин принсипест, ки дар риёзиёт, мантиқи риёзӣ, мантиқи шаклӣ ба кор меояд, вале дар ҳамаи илмҳои муосир истифода намешавад. Таҷриба ва далелҳо инчунин дар илм доимо ба ҳақиқат намебаранд. Масалан, дар донишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, равоншиносӣ таҷрибаю далелҳо арзиши нисбӣ доранд. Далелҳо масалан, дар мeҳтавои омор ва u. пазируфта мешаванд. Карл Поппер қайд мекунад, ки дар илм ба хато осону содда мегузаранд, аммо мушкилу пурмашаққат ба ҳақиқат мерасанд. Аломати аввалини нодуруст будани назария дар он зоҳир мегардад, ки ҳамаи далелҳо дар доираи як назария маънидод карда мешаванд. Агар далелҳо дар назария маънидод карда нашаванд, пас дар бораашон чизе гуфта намешавад ё ба назария нодуруст «мутобиқ» гардонида мешаванд. Ин ҳолати илми uайриҳақиқӣ аст. Намунаи чунин илм фрейдизм дар равоншиносӣ (ва сталинизм дар фалсафа) мебошад. Илми ҳақиқӣ чанде аз далелу зуҳуротро маънидод мекунад, аммо баъзе аз ҷумлаи онҳоро маънидод карда наметавонад. Масалан, назарияи Алберт Эйнштейн, хулосаҳои Карл Поппер чунинанд: Илм ҳамон вақт илми ҳақиқӣ аст, ки агар принсипҳои он бо баъзе далелҳо инкор карда шаванд. Чунин аст маънои принсипи нави фалсификатсия (таҳриф, uалат маънидодкунӣ), ки Поппер ба ҷои принсипи «верификатсия»-и Витгейнштейн пешниҳод кардааст. Принсипи «фалсификатсия» – меъёри муҳимест барои ҷудо кардани назарияҳои ҳақиқатан илмӣ аз uайриилмӣ. Дониш илмӣ аст, агар вай бо принсипи фалсификатсия мувофиқат дошта бошад.
Дониши илмӣ, чуноне, ки Карл Поппер қайд мекунад, ҳамчун маҷмeи дарёфтҳо дар бораи қонунҳои олам, сохтори он ва u-ҳо мебошад. Вобаста ба ин, ҳаққонияти дарёфтҳоро муайян кардан хеле мушкил аст. Аммо дарёфтҳои нодуруст осон собитшавандаанд. Масалан, ҳамвор будани замин ва ҳаракати офтоб дар болои заминро фаҳмидан осон аст, аммо курашакл будани замин ва дар гирди офтоб давр задани онро бо мушкилоти зиёд дар мубориза бо калисою баъзе аз донишмандони давраи Эҳё собит карда шуд.
Методи илм ин методи санҷишу хато аст. Назарияҳои илмӣ дар ибтидо одатан ба намуди дарёфтҳои асоснок кардашуда, ки аз ҷониби одамон санҷида мешаванд ва баъди гузашти вақт ба дигар дарёфтҳои нав иваз карда мешаванд, зуҳур меёбад. Мо доимо аз назарияҳо норозӣ ҳастем, чунки онҳо наметавонанд ҳама чизро маънидод кунанд. Аммо ин ҳолати муқаррариест барои мавҷудияти илм. Дар ин бобат Карл Поппер мисоли равшане пешниҳод мекунад. E менависад, ки мо аз назарияҳо чуноне норозӣ ҳастем, ба монанде, ки аз либоси худ норозӣ ҳастем. Мутобиқи обу ҳаво либос пeшидан мушкил аст – ё гарм мешавем ё хунук мехeрем, худро дар мeҳлати ниҳоят кeтоҳ хуб эҳсос мекунем. Карл Поппер доир ба проблемаҳои фалсафаи илм ақидаҳои худро инкишоф дода, uояи се оламро пешниҳод мекунад: олами физикӣ ва психикии инсон – ин ду олам аввал мебошанд. Олами сеюм – маҳсули таъсири мутақобилаи ду ҷаҳони аввал, яъне маҳсули фаъолияти одамон мебошад. Ин олами сеюм олами илм аст. Олами илм дар забон мавҷуд буда, дар маводи китобхонаҳо ҷамъ оварда мешавад. Азбаски олами илм дар забон мавҷуд аст, бинобар он, ба қонуниятҳои забон тобеъ буда, бо қонунҳои забон робитаи мутақобила пайдо мекунад. Ба як маънӣ олами илм аз насли ҳозираи одамон вобастагӣ надорад. Чунки он (олами илм) танҳо офаридаи ин насл нест. Қонунҳои илм ҳанeз дар давраҳои гузашта берун аз доираи ҳаёти одамони муосир пайдо шудааст. Хулоса, илм унсури аз инсон мустақилияти нисбӣ доштаро низ соҳиб аст. Чунин сохтори фикр Карл Попперро ба андешидани имконпазирии маърифат бе субъекти маърифаткунанда оварда расонид. Маънои ин uояро баён намуда, К.Поппер қайд мекунад, ки шахсияти олими алоҳида метавонад натиҷаҳои дониши илмӣ ва объективияти онро нодуруст шарҳу эзоҳ диҳад. Инсон ба дониши илмӣ табъу завқи худро ворид мекунад. Бинобар он, чӣ қадаре ки шахсиятҳо дар илм зиёд бошанд, ҳамон қадар дар илм ҳаққонияту объективият камтар мешавад ва баръакс. Махсусан назарияҳои ахлоқ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар намудҳои донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ бештар таҳти таъсири шахсият мемонанд. Дониши илмӣ бояд кeшиш кунад, ки хусусиятҳои субъектро аз ҷараёни маърифат хориҷ созад, яъне ҳамаи он чизе, ки ба ҷиҳати эҳсосӣ-равонии ҷараёни дониши илмӣ таалуқ дорад, бартараф карда шавад.
Постпозитивизм. Фалсафаи илми постпозитивистии асри ХХ дар асарҳои Томас Кун, Имре Лакатос, Паул Фейерабенд, Макс Полани ифода ёфтааст. Махсусан дар ин асарҳо ба таҳлили омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангии инкишофи илм таваҷҷeҳи зиёд дода шудааст.
Томас Кун – профессори Донишгоҳи шаҳри Принстони ИМА буд. E муаллифи асари машҳури «Сохтори инқилобҳои илмӣ» мебошад. Uояи асосии асари e бо маънидоди ивазшавии назарияҳои илмӣ, механизми гузариш аз як гурeҳи назарияҳо ба дигараш вобастагӣ дорад. Томас Кун ба таърихи илм диққати махсус дода, боадолатона қайд мекунад, ки илмро берун аз таърихаш фаҳмида намешавад. Аз ин мавқеъ e Карл Попперро танқид мекунад. Илм албатта мувофиқи қонунҳои худ, қонунҳои маърифат инкишоф меёбад. Аммо илми имрeза – ин фаъолияти колективонаю касбӣ буда, дар он инсон-олим амал мекунад. Бинобар ин, қоидаҳои муносибати байни олимон, инчунин қоидаҳои нонавиштаи байни олимон ва ҷамъият вуҷуд доранд. Масалан, кодекси росткории илмии олимон, номумкин будани ҷалби ҳокимият ба ҳалли мубоҳисаҳои илмӣ ва дигар. ҳаёти илмӣ, академиявӣ арзишҳои худро дорад, ки аз арзишҳои муҳими эътирофгаштаи оммавӣ бегона нест. Аммо на ҳокимият, на пул, на қобилиятҳои физиологӣ наметавонанд инсонро олиму мутафаккир созанд. Томас Кун назарияи «парадигма»-ро пешбарӣ кардааст. «Парадигма» (намуна) – ин аз ҷониби аксарияти олимон эътироф гардидани назарияҳо, дастовардҳои илмӣ, ки барои ҷомеаи олимон ҳамчун модели гузориши масъалаҳо ва ҳалли онҳо хизмат мекунад, мебошад. «Парадигма» инчунин тарзи маъмули биниши масъалаҳо дар илм, тарзи тафаккури ҷомеаи муайяни илмӣ, низоми маъмули мафҳумҳо ва категорияҳо фаҳмида мешавад. Масалан, парадигмаи илми классикӣ.
Истилоҳи парадигма дар истифодаи Томас Кун бо мафҳуми «илми қоидавӣ» ҳаммаъно аст. «Илми қоидавӣ» ин давраи таҳаввулотӣ дар инкишофи илм буда, маҷмeи назарияҳои бо далелҳо исботшаванда дорад. Аксари олимон ин назарияҳоро ҳамчун ҳақиқат мепазиранд. ҳангоме, ки далелҳо дар доираи «илми қоидавӣ» маънидодшаванда пайдо мешаванд ва теъдоди ин далелҳо ноустувории назарияҳои маъмулиро собит месозанд, он гоҳ давраи инқилобӣ дар инкишофи илм оuоз мегардад. Инқилоби илмӣ оuоз мегардад, ки дар ибтидо ба ҳолати «илми топарадигмӣ» меоварад, яъне ба мавҷудияти парадигмаи гуногуни кeҳнаи фарзияю назарияҳо, ки сирру асрори илмиро гуногун маънидод мекунанд. Дар натиҷа ҷомеаи илмӣ варианти мақбултари назарияҳоро интихоб мекунад, ки соҳаи воқеият ё кулли воқеаҳоро маънидод карда метавониста бошад. Чунин назария ҳамчун намунаи ҳалли масъалаҳои илми муайян қабул шуда, бунёди назариявию методологии парадигмаи навро фароҳам меоварад. Пас аз ин давраи навбатии инкишофи «илми қоидавӣ» оuоз мегардад. Интихоби назарияи намунавӣ на танҳо аз бобарор будани он нисбати дигар назарияҳо дар маънидоди олам вобаста аст, инчунин ин интихоб бо омилҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва u. алоқаманд карда мешавад. Парадигмаи нав ҷузъиётҳои парадигмаи кeҳнаро қисман қабул мекунад. Масалан, назарияи Алберт Эйнштейн судманду ҳақиқӣ будани назарияи Исаак Нютонро инкор намекунад. Аммо парадигмаи нав доимо низоми шаклан дигари оламшиносӣ, принсипҳо, образҳо, мафҳумҳои дигарро ба миён меоварад. Ба Томас Кун муяссар гардидааст, ки баъзе камбудиҳои ақидаҳои позитивистиро бартараф созад. Дар илм тараққиёту гирдоварии дониш бетанаффус сурат намегирад. ҳар як парадигма фаҳмиши нодири оламро меофарад ва нисбати дигар парадигмаҳо афзалияти хосса надорад. Тараққиёти илмиро беҳтараш ҳамчун таҳаввулоти илмӣ бояд фаҳмид. Яъне ҳамагуна афзоиши донишро дар дохили парадигма таъбир бояд кард. Илм доимо падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ аст. Барои донистани илм нигариши нави таърихӣ-таҳаввулоти лозим аст. ҳақиқати илм то дараҷае таuйирпазир буда, дар доираи парадигма амал мекунад. Ин андешаҳо ба инкишофи фалсафаи илми муосир таъсири худро расонданд.
Имре Лакатос (1922-1974) – файласуфи венгерӣ-бритонӣ, равоншинос, методологи илм, профессори Донишгоҳи Кембриҷ, шогирд ва пайрави Карл Поппер маҳсуб мешуд. Асараҳои асосии худ: «Исбот ва раддия» (1964); «Сохтакорӣ ва методологияи илмӣ-тадқиқотӣ» (1970); «Мантиқи таuйирпазирии кашфиётҳои илмӣ» ва uайраро Имре Лакатос дар пайравӣ ба назарияи Карл Поппер эҷод менамояд. Принсипи фалсификатсияро ба талаботи илми замонааш мувофиқ гардонида, онро то ҳадди «фалсификатсионизми назокатбин» (истилоҳи Имре Лакатос) расонид. Имре Лакатос танқиди Томас Кунро нисбати Карл Поппер ба инобат гирифта, ба таърихи илм бештар таваҷҷeҳ медиҳад.
Моҳияти андешаҳои Имре Лакатос чунинанд: илм ҳамчун майдони мубориза, рақобати uояҳо ба назар мерасад, ки ба ивазшавии «барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ» ва «кодексҳои росткории илмӣ» оварда мерасонад. Барномаи илмӣ-тадқиқотӣ чист? Ин маҷмeи назарияҳои аз ҷиҳати генетикӣ ва методологӣ алоқаманд мебошанд. Принсипу қоидаҳое мавҷуданд, ки ин ё он масъалаҳо, методҳо роҳҳои тадқиқотро манъ мекунанд. Имре Лакатос онҳоро «эвристикаи (дарёфти) манфӣ» меномад. (Масалан, кофтукови мутаҳаррики абадӣ ва методҳои илоҳии экзистетикӣ дар табиатшиносии муосир мамнeъ аст). Қоидаҳое мавҷуданд, ки интихоби масъалаҳо, методҳо, роҳҳои ҳаллу истифодаи онҳоро муайян мекунанд. Ин «эвристикаи мусбӣ» мебошад. Дар барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ мо метавонем ҷавҳари мустаҳкам – назарияи асосӣ, назариёти маъмули асосӣ, «хати муҳофизатӣ» – назарияҳои ёрирасон, ки аз назарияи асосӣ бармеоянд ва бо он асос меёбанд, фарқ кунем. Барномаи илмӣ-тадқиқотӣ он гоҳ пешқадамона аст, ки агар «хати муҳофизатӣ»-и он афзояд, агар зуҳуротҳои нав пешгeӣ карда шаванд, на ин ки далелҳои маълум ва нав маънидод карда шаванд. Чунин барномаи илмӣ-тадқиқотӣ пешқадамона (прогрессивӣ) номида мешаванд. Дар ин ҷо чизи асосӣ – қобилияти пешгeӣ, гувоҳиёбӣ аз далелҳои нав аст. Агар далелҳои маънидодкарданашаванда нисбати далелҳои маънидодшаванда миқдоран зиёд бошанд, агар назария дигар қобили пешгeӣ кардани зуҳуротҳои нав набошад, он гоҳ вай регрессивӣ (қафомонда) аст. Дар ин ҳолат барномаи кeҳнаро барномаи нави илмӣ-тадқиқотӣ иваз мекунад, ки метавонад бештари зуҳуротҳоро маънидод ва пешгeӣ намояд. Қобили таваҷҷeҳ аст, ки аз нуқтаи назари Имре Лакатос ивазшавии барноми илмӣ-тадқиқотии кeҳна бо наваш на аз рeи маҳдудияти барномаи кeҳна дар маънидоди ягон чиз, балки дар натиҷаи пайдо шудани назарияи нав, қавитар, беҳтар маънидодкунандаи далелҳо сурат мегирад. Масалан: механикаи Исаак Нютон бо пайдоиши назарияи Алберт Эйнштейн мубрамияти худро гум кард ва ба хазинаи гузашта дохил шуд. Дар фарқият аз назарияи Томас Кун, файласуф Имре Лакатос мeътақид буд, ки дониши илмӣ аз омилҳои равонӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва uайраҳо вобастагии кам дорад. Таuйироти донишҳои илмӣ дар худи соҳаи ҳамин дониш ба амал меояд, ин таuйиротҳо бо меъёрҳои зеҳнӣ (интеллектуалӣ)–и дониш бештар андозагирӣ мешаванд, аз шароитҳои иҷтимоӣ вобастагии камтар доранд. Умуман, илм ин зиддияти беохири байни назарияҳои кeҳна ва далелҳои навпайдошуда мебошад.
Вобаста ба кодексҳои росткории илмӣ бояд қайд кард, ки онҳо низ дар навбати худ якҷоя бо барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ иваз мешаванд. Масалан, кодекси илми асри ХХ чунин буд: олим хоксор, дар тадқиқоти худ заҳматкаш, аз дастовардҳои рақибонаш рeҳафтода нашаванда, баръакс дастовардҳои олимони дигарро ба инобат мегирифта, назарияи худро то охир дифоъ кунанда, ба сохтакорию вайронкории далел машuул набуда ва u.
Паул Фейерабенд (1924-1996) – файласуфи илми америкоӣ, профессори Донишгоҳи Калифорния (Беркли) мебошад. Дар асарҳои худ «Муқобили метод»; «Очерки назарияи маърифати анархистӣ», (1975); «Илм дар ҷомеаи озод» (1978) ва u. ба андешаҳои Карл Поппер, Томас Кун ва қисман ба назариёти Карл Маркс такя кардааст.
Паул Фейерабенд uояи «пролифератсия» (афзоиш)-и назарияҳо ва uояи анархизми эпистемологиро пешниҳод намуд. Моҳияти кор дар он аст, ки – қайд мекунад мутафаккир, – олими ҳақиқӣ доимо кeшиши офаридани назарияи илмиро пеша мекунад, яъне он назарияи нотакрорро, ки бо назарияҳои мавҷуда мутобиқат надошта бошад (маълум аст, ки сухан дар бораи ҳамаи ходимони соҳаи илм нарафта, балки арбобони ҳақиқатан истеъдоднок, баландзеҳн дар назар дошта шудааст). Аз ин ҷо афзоиши доимӣ ва бетартибонаи миқдори назарияҳои бо ҳам рақобаткунанда, муборизаи назарияҳо барои илм судманд буда, ба инкишофи илм, ба бой гаштани лавозимоти илмӣ мусоидат мекунад. Дар ин ҳолат «забони илм» ҳамчун забони ягона, назарияи ягонаи маъмул вуҷуд дошта наметавонад. Мероспазирии донишҳои илмӣ ва қобилияти uуноварии дастовардҳои илмӣ дар инкишофи илм ҳамчунин нақши баланд надоранд. Пас чӣ мемонад? Гуногунандешии куллии илмӣ ва ҷаҳонбинӣ, ки дар он тeдаи бетартибонаи назарияҳои ивазшавиашон аксар вақт бо ёрии ақл маънидоднашаванда аст, мушоҳида карда мешавад. Дар назарияи маърифат (эпистемология, гносеология) ва фалсафаи илм анархизм ҳукмрон аст. Ин анархизм сиёсӣ набуда, «анархизми эпистемологӣ» аст, ки ҳар кадом догмаро дар илм инкор мекунад, арзиши ҳар як категория ва назарияро эътироф мекунад, имконияти ҳақиқати объективиро рад месозад, стандарти ягонаи методологӣ ва uайраро ботил медонад. Дар ҷомеаи озод ҳамаи анъанаҳои илмӣ мақоми якхела доранд ва релятивизми илмӣ ҳодисаи муқаррарӣ аст. Фейерабенд зарур медонад, ки ба лаҳзаҳои ирратсионалӣ (uарйхирадӣ) дар фаъолияти олимон таваҷҷeҳ зоҳир карда шавад. Дар соҳаи илм муборизаи пуршиддат на танҳо баҳри ҳақиқат, ҳамчунин барои ҳокимият, шараф, мавқеъи ҷамъиятӣ, сарват ва u. сурат мегирад. Алҳол бо ҳамин ҳолат якравии олимоне, ки назарияи «худашон»-ро ҳақ шуморида, ба танқид эътибор намедиҳанд, маънидод карда мешавад. Назарияи нав назарияи кeҳнаро на барои он иваз мекунад, ки бештар ҳаққонӣ аст, балки вай беҳтар тарuиб карда мешавад, аз ҷониби муаллиф беҳтар ташкил намуда шудааст, онро ҳокимият, сарварон ё воситаҳои ахбори умум (дар аксар маврид ҳамаашон якҷоя) ҷонибдорӣ мекунанд. Илм ҳамчун як шакли идеологияи ҷамъиятӣ аст. Илова бар ин, илм шакли беҳтарини идеология дар қиёс бо дину асотир буда наметавонад. Илм пурuавuо, дилгиркунанда, баландuурур, бо афзалшумории ҷаҳонбинии муҳаққиқон, аз ҷиҳати идеологӣ зeроварона ва u. мебошад. Умуман илмро бояд аз давлат ҷудо кард, то ки ҷамъият аз ҳукмравоии беҳаёонаи илм эмин бошад. Донишҳои илмӣ беҳтар мебуд, ки бо қобилиятҳо ва талаботҳои инсонӣ қиёс карда шаванд, мутаассифона дар асри ХХ чунин нашуд. Одамон қобилияти ошкор сохтани таносуби имониятҳои нерeии худро бо дараҷаи ақлонияту ахлоқи худ надоранд, ки дар натиҷа боиси пайдоиши масъалаҳои глобалии инсоният гашта, башариятро ба ҳадди мубориза барои зистан расонид.
Макс Полани (1981-1976) – файласуфи британӣ, профессрои Донишгоҳи Манчестер мебошад. E дар асарҳояш «Донишҳои шахсӣ», «Дар роҳи фалсафаи баъдитанқидӣ» (1958), «Дониши ноаён» (1962) ҳамчун мунаққиди ақидаҳои Карл Поппер ва мактабаш баромад кардааст. Макс Полани назариёти «донишҳои шахсӣ дар илм»-ро пешниҳод намудааст. Моҳияти ин назариётро худи олим хубтар ошкор сохтааст. «Ман нишон додам, ки дар ҳар кадом мавриди маърифат саҳмгузории ҳарисонаи шахсияти маърифаткунанда ҷой дорад ва ин илова нест, ин шаҳодати номукаммалӣ набуда, ҳамчун унсури ногузири дониш мебошад». E донишҳоро ба донишҳои «ошкоро», «марказӣ» ва «ноаён», «канорӣ», «пeшида», «имплистӣ» ҷудо мекунад. Моҳияти масъала дар он аст, ки дар раванди маърифати том на танҳо моҳияти ин томият ҷой дорад, инчунин он унсурҳои том, ки моҳияти томро инъикос карда наметавонанд, ҷой доранд. Алҳол ин унсурҳо барои донистани том муҳиманд. Масалан, делелҳои алоҳида, ифодаҳои бомавқеъ, қиёси дуруст ва u., ки хосиятҳои объекти омeхташавандаро ошкор месозанд. Маҳз чунин унсурҳоро Макс Полани дар ҷараёни маърифати моҳияти том муҳим дониста, онҳоро «донишҳои ноаён» меноманд. Макс Полани менависад, ки инсон нисбат ба он чӣ, ки мегeяд, доимо маълумоти бештар медонад. Иттилооте, ки тавассути узвҳои ҳиссӣ мегузарад, фаррохтар аст, нисбати интиқоли онҳо тавассути шуур. Мутафаккир таъкид мекунад, ки шахсияти олим дар раванди маърифат нақши бузург дошта, замони яккаэҷодкорӣ дар илм ба анҷом расидааст ва дар ҳар сурат ин далел ворид шудани олимро ба вазифаи тадқиқотӣ аз байн намебарад. Албатта олим дар асри ХХ ва имрeз асосан дар коллектив фаъолият мекунад. Аммо коллектив дар ҳолате бомувафақият фаъолият хоҳад дошт, ки агар ҳамкорон дар ин коллектив маҳорати умумии зеҳнӣ дошта бошанд. Яъне сухан дар бораи тарзҳои умумии тадқиқот, методҳо, хусусияти фаҳмиши зуҳуроти тадқиқшаванда ва uайраҳо меравад. Макс Полани боадолатона қайд кардааст, ки истеъдод ва санъати олимро бо ҳеҷ чиз иваз кардан номумкин аст. Шахс ва қобилиятҳо заруранд. ҳар як инсонро «аз кeча» оварда олим сохтан номумкин аст, зеро барои ин сифати хоси зеҳну фаросат зарур аст. Илм танҳо бо методҳо, яъне бе шахсияти муҳаққиқ, бе муоширати шахсиятҳои истеъдодманд, бе таълими шогирд аз ҷониби устод ва uайра ҳеҷ гоҳ пеш рафта наметавонад.
Назария ҳамон вақт барои олим қобили қабул аст, ки агар e ба он боварӣ дошта бошад. Танҳо пас аз ин зинаи таҳлили танқидии назарияҳо, қиёси онҳо бо дигар назарияҳо фаро мерасад. Ба назария «содиқона ворид» бояд шуд. Дар ин ҷо «эътиқоди илмӣ» ниҳоят зарур аст. Агар муҳаққиқ нуқтаҳои илмро пазируфта бошад, ба назарияи «худ» боварӣ дошта бошад, он гоҳ e ин назарияро ба дигараш осон иваз намекунад, агарчи назарияи дигар асоснок ва далелнок бошад. Интиқол аз як назария ба дигараш ҳамчунон пурмашаққат аст, ба мисли интиқол аз як имон ба имони дигар. Инак: эътиқод, боварӣ ин шарти маърифати илмӣ аст; шарти дигар – сатҳи зарурии инкишофи қобилияти шахс мебошад.
Агар фалсафаи илмро бе алоқамандӣ бо ҷараёни умумифалсафӣ, балки бо ҳалли масъалаҳои илмият, ақлоният, ҳаққоният омeхта шавад, пас дар ин ҳолат таснифоти дигари онро пешниҳод кардан мумкин аст: релятивизм, фаллибилизм, эмпиризми созанда, эпистемологияи таҳаввулотӣ ва u. Бо назардошти ин баъзе ҷараёнҳоро дар доираи ҳамин таснифот аз назар мегузаронем.
Релятивизм дар фалсафаи илм шартӣ будан ва вазъиятӣ будани донишҳои илмиро собит намуда, аз ҷудосозии назариявии он канораҷeӣ мекунад. Сарчашмаҳои илмии релятивизм дар фалсафаи илм: а) эҷоди геометрияи uайриевклидӣ. Дар нимаи дуюми асри Х1Х И.И.Лобачевский геометрияе бунёд кард, ки дар он заминаи ақидаҳои евклидӣ дар бораи параллелҳо бо чунин ҷиҳатҳо иваз карда шуд: «агар дар сатҳи нуқтаи А ростхаттаи В нахобад, он гоҳ зиёда аз як ростхаттаи тавассути нуқтаи А гузаранда ва бо В параллел мавҷуд аст». Б.Риман имконияти мавҷудияти геометрияҳои гуногуни uайриевклидиро асосонок гардонид. Ф.Клейн исбот намуд, ки геометрияи Лобачевский то ҳадде зиддиятнок аст, чуноне ки геометрияи Евклид. ҳар дуи ин геометрияҳо ҳуқуқи баробари баёнкуниро доро шуданд. «ҳеҷ кадом аз геометрияҳо, – менависад Анри Пуанкаре дар соли 1902 – нисбати дигараш ҳақиқитар нест; ин ё он геометрия метавонад танҳо қулайтар бошад». Интихоби ин ё он геометрия хусусияти қарордодӣ мегирад. Д.Гилберт имконӣ будани сохтори фазои гуногунченаки абстрактии аксиоматикиро асоснок намуд, ки фаҳмиши аксиомаҳои классикиро ҳамчун ҳолатҳои «аён» бекор кард. Ақидаҳо дар бораи имконияти назарияҳои гуногуни механикӣ ба миён омаданд.
Маншаъҳои фалсафии релятивизм дар фалсафаи илм: а) фалсафаи прагматизм (Ч.Пирс, Ҷ.Дюи, У.Ҷемс). Мувофиқи андешаи файласуф-равоншиноси америкоӣ Уилям Ҷемс (1842-1910) тафаккур ҳақиқӣ аст, агар вай бо таҷриба алоқаҳои судмандона, барои мо неъматбахшанда «барқарор намояд» (истеҳсолоти маишӣ, илмӣ, динӣ); б) фалсафаи аналитикӣ ҳамоҳангии эпистемологияро бо психология ва лингвистика таъмин менамояд. Чунончӣ, файласуф-мантиқшиноси америкоӣ Уиллард Куайн (1908) ба ҳадди кeшишҳои онтологӣ назарияро гузошт, яъне иддао дар бораи мувофиқати пурраи воқеият, мубоҳисаҳои созандаи байни пайравони назарияҳои гуногунро маҳдуд сохт. Ба релятивизм фалсафаи илми Томас Кунро мансуб донистан мумкин аст.
Фаллибилизм (анг.-гунаҳгор; «ратсионализми танқидӣ»). Бунёдгузори фаллибилизм – намояндаи фалсафаи прагматизми америкоӣ Чарлз Пирс (1839-1914) эътироф карда шудааст. Мувофиқи ақидаи e дониш ҳамеша хусусияти фарзӣ ва эҳтимолӣ дорад. Карл Поппер фаллибилизмро ба таълимоти фалсафаи талаффузӣ табдил дод, ки нуқтаҳои устувори он чунин аст: «танҳо дар он иштибоҳ нест, ки ҳамаи назарияҳо иштибоҳӣ эътироф карда шавад». Аз ин ҷо ақидаи uайриклассикӣ дар тадқиқоти илмӣ чунин аст: назарияҳо барои инкор кардани онҳо пешниҳод мешаванд. Чуноне, ки Поппер иброз дошт, лавозимоти мантиқии фалсафаро фақат дедуксияро маҳдуд месозад. E чунин меҳисобад, ки ба табиати илм пажeҳиши донишҳое, ки бо ёрии хулосабарории индуктивӣ пайдо карда мешаванд, бегона аст. Нуқтаҳои илмӣ одатан иштибоҳӣ мебошанд, ҳарчанд аз санҷишҳои ҷиддӣ мегузаранд. Бо фаллибилизм дар назариёти Карл Поппер мафҳуми «таҳрифкорӣ», ки e ба фалсафаи илм ворид кард, алоқаманд аст. Фаллибилизм имкони мавҷудияти воқеиятро дар асоси маълумотҳои таҷрибавӣ имконпазир меҳисобад, нисбати онҳо назарияҳои боварибахш, яъне ба воқеият мувофиқбуда месозад. Аммо воқеият аз диди маърифат дур мешавад ва охиран ҳамаи назарияҳо нодуруст мешаванд. Ба фаллибилиз ҳамчунин назариёти илм, ки Имре Лакатос эҷод кардааст, тааллуқ дорад.
Эпистемологияи таҳввулотӣ. Ин ҷараён солҳои 40-уми асри ХХ ташаккул ёфтааст. Асосгузорони он биолог ва файласуфи австриягӣ К.Лоренс (1903-1989) ва файласуфу табиатшиноси олмонӣ Г.Фоллмер (1943) мебошанд. Эпистемологияи таҳаввулотӣ чунин вазифаро пеш мегузорад: ошкор сохтани заминаҳои биологии маърифати инсонӣ ва моҳияти он дар назарияи муосири ҳамҷояшудаи (синтетикии) таҳаввулот. Uояи эпистемологияи таҳаввулотӣ чунин аст: одамон ҳамчун дигар мавҷудоти зинда маҳсули таuйиротҳои табиии таҳаввулотӣ мебошанд ва аз ин рe, ташаккулёбии қобилиятҳои модарзодӣ (ирсӣ, фитрӣ) ва азиҷтимоъсарзада (ментальность) дар ҳадди охир бо механизмҳои таҳаввулоти органикӣ равона мешавад. Дар маркази «назарияи таҳаввулотӣ» танҳо таҳаввулоти маърифатии инсон не, балки таҳаввули узвҳои (органҳои) маърифат ва қобилиятҳои маърифатӣ ҷой доранд. Тавассути дастовардҳои илми биология, этология, психология, нейрофизиология, антропология ва uайраҳо К.Лоренс ва Г.Фоллмер далел оварданд, ки дар рафти таҳаввулот «сохторҳои априории модарзодӣ (когнитивӣ)» ташаккул ва устувор мегарданд, ки ба зисти мавҷудоти зинда ва мутобиқати онҳо ба олами атроф мусоидат менамоянд. Саволҳои классикии назарияи маърифат – барои чӣ мо ин тарз маърифат мекунем ва ҳатман инро?; то кадом сатҳ маърифати мо дуруст аст?; эътимодбахшии маърифат ба чӣ асос меёбад? ва uайраро онҳо дар асоси табиатшиносӣ ҳал мекунанд. Чунончӣ К.Лоренс кeшиш намудааст, ки таълимоти Иммануил Кантро дар бораи априорияи транссенденталӣ бо ёрии биологияи муосир маънидод кунад.
Ду барномаи тадқиқотӣ мавҷуд аст: яке ташаккули барандагони равандҳои когнитивӣ (фитрӣ, ирсӣ, системаи асаб, узвҳои ҳис ва uайра)-ро дар рафти таҳаввулоти биологӣ меомeзад (К.Лоренс, Г.Фоллмер) дигараш кeшиш дорад, ки аз нигоҳи таҳаввули биологӣ пайдоиши uояҳои илмӣ, фарзияҳо ва назарияҳоро маълум намояд (Карл Поппер, Томас Кун ва дигарон).