Пайдоиши илми фалсафа ва давраҳои таҳаввули таърихии он

2.1 ТОИЛМИЯТ ВА ИЛМ: ДУ СТРАТЕГИЯИ  БА ВУҶУД ОМАДАНИ ДОНИШ

Пайдоиши илми аврупоии асри ХVII-ро чӣ тавр маънидод кард, ки дар он замона илми хитоиён ва арабҳо (риёзиёт, нуҷум, тиб, оптика, физика ва uайра) завол ёфтанд, анъанаҳои хирадгароиро ҳамчун моҳияти илми муосир қабул карда натавонистанд?

Он далелро, ки хусусияти тамаддуни Аврупои uарбиро илм маълум намудааст, ҳамаи мутахассисони фалсафаи илми муосир якдилона эътироф мекунанд. Пас илм чист? Ба ин савол ҷавоби наздике додан мумкин аст, агар ҳолати донишҳоеро, ки тоилмӣ номида мешаванд, аз назар гузаронем. Тоилмият, тарзҳои фаъолияти маърифатии он бе назардошти фарқияти моҳияташон аз илм, бо он ҳадафи умумӣ доранд, яъне маърифат кардани ашёҳо, хосияту муносибатҳои онҳо. Дар зинаи тоилмият он предмету ашёҳо, он хосияту муносибатҳое, ки дар фаъолияти воқеии амалии одамон махлут буданд, омeхта мешаванд. Масалан, туuёни дарёи Нил ҳамаи қитъаҳои киштукоршавандаро нобуд месохт ва барои барқарор кардани ҳудуди пештараи он талабот ба вуҷуд меомад, ки манзараи умумии геометрии ин қитъаҳо дар қоuази папиросӣ (масолеҳи хатнависӣ, ки мисриёни қадим истифода мебурданд) инъикос ва нигоҳ дошта шавад. Кори нақшакашӣ дар қоuаз, ки ҳолати воқеии ҷойгиршавии шаклу андозаи қитъаи заминҳоро бо худ иваз мекард, ин кори барномаи идеалии фаъолияти тафаккур, лоиҳаи идеалисохташудаи дигар предметҳои моддӣ мебошад. Аз таҷрибаҳои ҳаррeза инчунин объектҳои ибтидоии идеалӣ, яъне лоиҳаҳо, нақшаҳо, шаклҳои геометрӣ ва uайра, ки бо «ҷисм»-и худ объектҳои воқеиро тасвир кардаанд, ҳосил карда мешуданд. Чунончи, дар ҷадвали зарбу тақсим ҳаряке аз объектҳои воқеӣ бо «воҳид»-и объекти идеалӣ иваз карда мешуд, ки бо аломати 1 (хати амудӣ) ба қайд гирифта мешуд. Шакли идеалии фаъолияти тафаккур дар чунин ҳолат дар он маълум мешавад, ки ҷамъу тарҳи на предмету ашёҳои реалӣ, балки «ивазшавандагон» (объектҳои идеалӣ)-и ададӣ ҳисобида мешуданд. Дар зинаи тоилмият тафаккур соҳиби шакли идеалии фаъолияти худ гардид, яъне чунин шакл, ки ҳамаи амалҳои ҳисоб, андозагирӣ ва u. на бо зуҳуроту ашёҳои воқеӣ, балки бо «ивазшавандагон»-и худ, ки ба сифати ҷадвалҳо, нақшҳо, тақвимҳо ва uайраҳо мебошанд, гузаронида мешуд. Ташаккулёбии моделҳои идеалӣ ва лоиҳаҳо доимо дар вуҷуду ҷараёни амалҳои ҳаётан арзишноки одамон зуҳур дошт. Бинобар он, хосияти махсуси тоилмият ин хусусияти дастурамалии ба даст овардани донишҳо мебошад. Тоилмият вобаста ба ниёзҳои фаъолияти истеҳсолӣ-ҷамъиятии Мисри қадим, Байнаннаҳрайн, ҳиндустон ва u. дар давоми даҳҳо асрҳо вуҷуд дошт ва аз ин рe, онро ба таври манфӣ ҳамчун зинаи пасти дониши то дараҷаи илм норасида ҳисобидан нодуруст аст.

Илм дар натиҷаи ҷараёни ростхатаи амиқгардонӣ, ҷамъбастсозии хислаҳои дастурамалӣ-технологии донишҳои тоилмӣ бо он фарқ мекунад, ки илм шакли назариявии тафаккур ва шуур мебошад. Дар тафовут аз барномаҳои идеалии хусусияти дастурамалӣ-технологидошта, тафаккури назариявӣ бо объектҳое сарукор дорад, ки онҳо ҳамчун предмети новобастаи тадқиқот мавҷуданд. Чуноне, ки олими рус, мутахассиси соҳаи фалсафаи илм В.С.Стёпин қайд мекунад, илм «мунтазам аз чорчeбаи сохторҳои предметии намудҳои воқеию тарзҳои амалии азхудкунии олам берун мешавад ва барои инсоният ҷаҳони нави фаъолияти предметии имконпазири ояндаашро мекушояд». Объектҳои идеалии илм аз тоилмият тафовут доранд: 1) объектҳои идеалии илм бевосита аз амалияи муқаррарӣ бароварда намешаванд, онҳо ивазкунандагони предметҳои воқеии ин амалия намебошанд. Чунин объектҳо ё аз низоми пешинаи донишҳо қабул шудаанд, ё бо роҳи «дигаргунсозӣ»-и сифатҳои воқеии предмету зуҳуротҳо, ки бо талаботу манфиатҳои амалии рeзмаррагӣ (масалан объектҳои идеалӣ: «нуқтаи идеалӣ», «ҷисми мутлақо сиёҳ» – ба фаъолияти амалии ҳаррeза муносибат надорад) вобаста нестанд, аз ҷониби олимон сохта мешавад; 2) объектҳои идеалӣ ба сифати асоси низоми донишҳо баромад карда, дар нисбати амалия «аз боло» сохта мешаванд; 3) сохторҳои аз объектҳои идеалӣ маншаъ гирифта бо амалия бевосита қиёс карда намешаванд, балки бо ёрии якчанд воситаҳо амалӣ карда мешаванд: бо ёрии таҷрибагузаронӣ, ки шакли фаъолияти муқаррарӣ-рeзмарравӣ намебошад, ё бо роҳи қиёси хулосаҳое, ки ҳангоми истифодаи ягон лоиҳаи идеалӣ ба даст омадаанд ва хулосаҳое, ки то ин дам аз санҷиш гузаштаанд; 4) объектҳо ва лоиҳаҳои идеалӣ ҳангоми ташаккулёбии донишҳои нав дар илм ба сифати «масолеҳи сохтмонӣ» истифода мешаванд.

Ин хислатҳои ишорашударо танҳо илми аврупоӣ дорад, ки мақсади аосии он – маърифати моҳияти ҳақиқии предмету зуҳуроти олами беруна, таuйироти ин олам дар мувофиқат бо мантиқи предмету зуҳуроти маърифатшуда (барои таъмини талаботҳои моддии одамон) мебошад. Чунин самти маърифатиро илми аврупоӣ ба сифати имкони ягона ва камолоти дониш қабул шуда наметавонад. Чунончи, ҳамаи анъанаҳои зеҳнӣ, масалан дар Чин бо он муқаррароти ҷаҳонбинӣ асос меёбад, ки олами атрофро набояд таuйир дод, зеро ин олам аз ибтидо ҳамоҳанг ва комил аст. Инсон ва ҷомеа дар баҳсу талоши маърифатии худ ба ин ҳамоҳангӣ таҳдид мекунанд ва бинобар ин, бояд на роҳи таuйир додани олам, балки амалияи комилсозии инсон ҷустуҷe карда шавад. Ин яке аз сабабҳое мебошад, ки вобаста ба он маданияти ҷомеаҳои анъанавӣ (Чини қадим, ҳиндустон, Мисри қадим, Бобулистон) заминаҳои пайдоиши илми навъи аврупоиро ба вуҷуд оварда натавонистанд.

ҳамин тавр, дар илм дар қатори вобастагиҳо ва қоидаҳои таҷрибавии ба тоилмият маълум, намуди махсуси донишҳо – назария офарида мешавад, ки аз қоидаҳои исботгардидаи назариявӣ ба даст овардани донишҳои таҷрибавиро имкон медиҳад. Донишҳои назариявӣ ба сифати донишҳо дар бораи объектҳои воқеият новобаста аз «ин ҷо» ва «ҳоло» дар амалия истифода шуданашон мумкин мебошад.

2.2. ПАЙДОИШИ ИЛМ ҳАМЧУН МАСЪАЛАИ ТАЪРИХИ ИЛМ

Масъалаи пайдоиши илми Замони Нав ба таърихнигории илм вобаста буда, масоили асосиаш аз инҳо иборат аст: чӣ тавр сохтори назариявии пайдоиши илм ҳақиқӣ баён карда мешавад, тавсиф ва баёни равандҳои воқеии таърихӣ, ки ба пайдоишу иҷтимоишавӣ, қонунишавии онҳо боис шудаанд; оё танҳо маърифати зеҳнии таърихии илм имкон дорад ва донисташаванда аст? ҳалли ин масъалаҳо бо мушкилоти зиёд рe ба рeй аст: Якум, таҷдиди гузашта бо ёрии тафаккури назариявӣ, ки метавонад моделҳои идеалӣ офарад, меъёре, ки мувофиқати мутлақи таҷдидкунонии нерeҳои тафаккури назариявӣ ва манзараи воқеии раванди таърихи илмро муайян карда бошад, вуҷуд надорад. Дуюм, методологияи таҷдидсозии таърихи илм бо манзуроти гуногуни муҳаққиқ муайян мегардад, масалан бо ин ё он фаҳмиши муносибатҳои ягон марҳалаи инкишофи илм ба марҳилаи дигараш (бетанаффусӣ, танаффуснокӣ ва u.), бо эътирофи инкишофи ростхата ва «uайриростхата»-и илм ва uайраҳо, ки боиси баҳсу талошҳои uоявӣ мегарданд.

Ҷонибдорони принсипи танаффуснокӣ дар инкишофи илм (П.Дюгем, А.Койре, Р.Мертон, Э.Ҷилзел, Д.Нидам, Т.Кун, М.Полани, П.Фейерабенд ва дигарон) эътироф мекунанд, ки принсипи идоматпазирӣ хатари «имрeзигардонӣ»-и таърихи илмро дошта, бо фаҳмиши нодурусти худи илм оварда мерасонад. Масалан, ба ибрози франсиканиҳои асримиёнагӣ, асосгузорони мактаби илмӣ дар Донишгоҳи Оксфорд мазмуне илова мекунанд, ки ба мазмуни uояҳои таҷрибавии илми муосир айният доранд. Хоҳиши ногузири дар ҳар ҳолат дарёфт кардани шаклҳои тавлидкунандаи илми муосирро бартараф кардан мумкин аст, агар мeҳтавои ҷаҳонбинии замона ошкор карда шавад. А.Койре муҳаққиқи фаронсавии соҳаи фалсафаи илм дар китобаш «Очеркҳо дар бораи Исаак Нютон» қайд намудааст, ки «вартаи ҷудосозандаи илми Замони нав ва асримиёнагӣ ин номувофиқии моҳиятии мафҳумҳои таҷриба дар тафаккури асримиёнагӣ, …зиддияти байни фаҳмиши асримиёнагии олам, ки бо мафҳуми юнонии бо кура маҳдудшавандаи «космос» ва тасаввуроти илмӣ дар бораи «универсум»-и беҳудуд мебошад».

Ҷонибдорони принсипи кумулятивӣ таъкид мекунанд, ки мутлақсозии принсипи ҳудуднокӣ худи имконияти машuул шудан ба масъалаи пайдоиши илмро ба зери шубҳа мегузорад.

2.3. МАДАНИЯТИ ШАҳРДАВЛАТ (ПОЛИС)-И АТИҚА ВА ТАШАККУЛЁБИИ ШАКЛҳОИ ИБТИДОИИ ИЛМИ НАЗАРИЯВӢ

Аксари файласуфон (Г.Гегел, Г.Г.Гадамер, Э.Гуссерл, М.Хайдеггер ва дигарон) гаҳвораи маънавии Аврупо ва илми аврупоиро Юнони Қадим меҳисобанд, ки дар асрҳои VII-VI-и томилод дар ин сарзамин фалсафа пайдо шуда буд. Гегел тасдиқ мекунад, ки маданияти юнониён ва румиҳои қадим «алҳол дар муддати якчанд ҳазорсолаҳо… он заминае мебошад, ки ҳамаи маданият (маданияти аврупоӣ дар назар дошта шудааст – аз муаллифон) аз он хурeҷ кардааст ва бо он иртиботи қавии пайваста дошт. Тимсоли он, ки Антей тавассути ҳамшафат будан бо замин-модар нерeи тоза мегирад, ҳар як пешравӣ ва инкишофи илму маориф аз муроҷиат ба гузаштаи қадим маншаъ мегирад».

Кадом кашфиётҳои зеҳнии атиқа заминаҳои таърихии илми аврупоии асрҳои ХVI-ХVII шуданд?

Кашфиёти якум – маълум шудани қобилияти тафаккур ба назариясозӣ, ки дар атиқа ҳудуди асрҳои VI-V-и томилодӣ ба вуқeъ пайваст. Калимаи «teoқia», яъне назария аз забони юнонӣ буда, аз феъли масдари «дидан», «таҳқиқ кардан» гирифта шудааст. Маънои ибтидоии «теория» вобаста ба ваҷдоии ирфонии мушоҳидавӣ бо қобилияти «интиқол» ба воқеияти uайримасхус алоқаманд аст, ки онро файласуфони атиқӣ ба қобилияти «фаъолиятӣ»-и тафаккур бо объекту моделҳои идеалӣ табдил додаанд. Чунончи, кeшишҳои худро баҳри дарёфти нахустҳастӣ, яъне ҳастӣ умуман, ба махсусияти ҳаёти халқи Юнон вобаста накарда, бо дарёфти мазмуни Хайр, Зебоӣ ва uайраҳо машuул шуда, файласуфони аввалин олами мафҳумҳои муҷаррад (абстрактӣ)-ро офариданд, ки дар амалияи рeзмарраи юнониҳои қадим истифода шуда наметавонистанд. Масалан, юнониҳои атиқӣ аз чигуна будани дарахти зайтун, барои кадом ҳадафҳо истифода кардани самару маҳсули он воқиф буданд ва барои шуури муқаррарии онҳо саволи файласуфон – зайтунӣ будан чӣ гуна аст? – бемавқеъ ва беақлона қабул мешуд; юнониён дар сатҳи муроқибаи ҳиссии муқаррарӣ нафосату назокати ашёҳо ва одамонро дарк карда метавонистанд. Аммо пажeҳишҳои фалсафии uояи зебоӣ барои онҳо тамоман нофаҳмо буд. ҳамчунин масъалаҳои ҷузъ ва том, фард ва кулл, мулоҳизаҳо доир ба фазо ва вақт, имконпазир ва имконнопазирии ҳаракат (апорияҳои Зенонро ба хотир оваред) ва дигар масъалаҳои бо ин монанд ба эҳтиёҷоти юнониҳои оддӣ ягон муносибат надоштанд. Афлотун таълим медод, ки «соҳаи идеяҳо»-ро бо парвози андеша танҳо холис, яъне беробита бо эҳсосот ва илова бар ин, бо ниёзҳои амалӣ маълум сохтан мумкин аст. Намояндаи навафлотуния Фулотин дар навбати худ амалиёти тафаккур бо объектҳои идеалиро ба «саёҳати осмонӣ» шабоҳат медиҳад, ки «бепой» буда, «бо дарки шабеҳидошта бо рeҳи Худо» содир мегардад. Юнониҳо, – менависад Эдмунд Гуссерл, – «бо назария ва танҳо бо назария машuуланд, фақат онро инкишоф медиҳанд». Фаъолияти назариявии аввалин файласуфон аз ибтидо бо холисгароӣ ҳамсифат буд, яъне «аз қавс берун кардан»-и манфиатҳои маишӣ-амалӣ, психологӣ, иҷтимоӣ ва дигар робитаю сабабҳо дар назар дошта шудааст. Вобаста ба ин, Эдмунд Гуссерл навишта буд: «Муқаррароти назариявӣ комилан аз амалия дур карда шудааст. Он бо канораҷeии мақсаднок аз ҳама гуна амалияи табиат, аз ҷумла аз зинаҳои олии он, асос меёбад». Мавқеи назариявии тафаккур файласуфони юнониро ба мушоҳидони манфиатнадоштаи олам табдил дод, аммо донишҳои назариявии онҳо вобаста ба дараҷаи нерeи мантиқӣ-абстрактиашон нисбати донишҳои дар раванди амалия бадастомада, инчунин аз донишҳои динӣ-асотирӣ ва шифоҳӣ афзалияти калон дошт.

Дар тафовут аз дигар натиҷаҳои фаъолияти инсонӣ – косибӣ, кишоварзӣ, ва uайра – дониши назариявӣ бо мурури замон барҳам намехeрад ва осебнапазиранда мебошад, зеро онҳо uайривоқеӣ, яъне идеалианд. Нақшаи идеалии фаъолияти тафаккур – ин моҳияти ратсионалистӣ (хирадгароёна) буда, симои маданияти тамоми халқҳои Аврупоиро муайян кардааст. Дар фаъолияти маърифатӣ хирадгароӣ ба «маърифати андешанда» ҳаммаъно дониста мешавад. Кашфи ақлоният ҳамчун маърифати андешанда ба Парменид (асри IV-и томилод) таалуқ дорад, ки дар фалсафааш «аввалин бор андешаи холис ва пердмет барои худ гардонида шудааст». Аз лиҳози пайдоиши худ олами назариявӣ (идеалӣ) дар кeшиши ворид шудан ба асрори табиат «болонишин» бар тасаввуроту ҳиссиёти муқаррарии ҳаётӣ гардид. Тамоюли «бегонашавӣ»-и олами назариявӣ аз муқаррарӣ ба вуҷуд омад: баҳои баланд додан ба фаъолияти назариявӣ нисбат ба фаъолияти косибӣ оuоз мегардад. Арасту навишта буд, ки косибон «аз рeи одат», яъне бе ёрии сухан интиқоли қобилияти «бо дастон тавонистан» амал мекунанд, аммо бо «ақл» не. Файласуфон бошанд, бо сухан эҷод мекунанд, «фаъолият бо сухан», чуноне ки файласуфи рус М.К.Петров қайд мекунад, ҳанeз дар китоби ҳастӣ, то дар достонҳои Гомер маълум шуданашон, дар асарҳои файласуфони юнонӣ таҷассум карда шудаанд. Аз ҷониби илми нававрупоӣ истифода шудани амали истиқрори объектҳои идеалӣ, дар навиштаҷоти Гадамер чунин баҳогузорӣ шудааст: «Ибтидои бунёдии тафаккури юнонии ҳастӣ нигоҳ дошта шудаас: физикаи муосир метафизикаи атиқаро дар мадди назар дорад». «Илмро офарида (сухан дар бораи илми юнонӣ меравад – эзоҳи муаллифон), юнониҳо Uарбро аз Шарқ ҷудо карда, онро ба роҳи хоси худ бароварданд».

Дар Шарқ, дар тафовут аз Юнони қадим, фалсафа ба таркиботи идеологӣ, ки анъанаро ҳифз менамуд, майл дошт. Чунончи, файласуфи конфутсиячиён ва браҳманиён дар як вақт танзимгари динӣ-идеологии рафтори одамон буд ва барои инкишофи қобилиятҳои назариянигории тафаккур мусоидат намекард.

Кашфиёти дуюми зеҳнии тафаккури атиқӣ бо табдилёбии риёзиёт ба илми назариявӣ алоқамандӣ дорад. Дар замони атиқа ба риёзиёт, аз ҷумла арифметика, геометрия, стереометрия, нуҷум, акустика, гармоника (назарияи мусиқӣ)-ро мансуб медонистанд. Гадамер мeътақид буд, ки «табиатшиносӣ не, ҳол он ки таърих як сe бошад, балки риёзиёт барои юнониҳо илми асил мебошад». Дар ташаккули риёзиёти Юнони қадим мактаби пифагорӣ нақши бузург бозидааст. Маълум аст, ки риёзиёт вобаста ба мақсадҳои амалӣ дар маданиятҳои Бобулистон ва Миср пайдо шуда буд, ҳамчун санъати оддии ҳисоб фаҳмида мешуд (масалан, бо ёрии арифметика роҳҳои ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми додани маош, миқдори нон, оби ҷав ва uайраҳо ҳал карда мешуд). Юнониҳои қадим алгебра ва арифметикаро аз маданияти Шарқ қабул карданд, аммо онро эҷодкорона инкишоф доданд: 1) аз Пифагор сар карда (асри V-и то милод) то неопифагоризми давраи эленизм (асри I-и то милод асри III-и милодӣ) бо ёрии адад моҳияти ҳамаи чизҳоро баён мекарданд, адад ва муносибатҳои ададӣ ҳамчун калиди донистани олам ва сохтори он баррасӣ мешуд. Эътиқод пайдо шуд, ки «ҳамаи чизҳо адад аст». Маҳз дар мактаби пифагорӣ андеша дар бораи он, ки «китоби табиат бо забони риёзӣ навишта шудааст», ба миён омад. Пас аз ду ҳазор сол ин андешаро Галилей такрор кард. Пифагор ададро муайянсозандаи асосии ашёҳо медонист. Адад ҳамчун фикр аст, ҳарчанд ки фикр дар бораи ададҳо ба эҳсосот ниҳоят наздик аст. Ба ин нигоҳ накарда, фалсафаи пифагориро дар қатори аввалин таҷрибаҳои назариянигорӣ ҷой дода мешавад; 2) пифагориҳо доир ба моҳияти адад масъала гузоштанд, яъне ададро аз восита ба предмету ҳадафи тадқиқот табдил доданд. Ҷустуҷeи робитаҳо ва ягонагии ҳамаи қонуниятҳои ададҳо ба вазифаи марказии тадқиқоти риёзӣ табдил ёфтанд; 3) пифагоризм, махсусан дар давраи ибтидоияш, ҳамчун маслаки динӣ вуҷуд дошт, чунки таълимотҳои он барои ноогоҳон пурасрор менамуд. (Маълум аст, ки Пифагор дар Миср буд ва мeъҷизотпарастии коҳинонро пазируфта, баъдтар дар соҳили дарёи Ганг бо браҳманиҳо ва пайравони онҳо шинос гардид). Бинобар ин, интиқолёбии тадқиқотҳои риёзӣ аз соҳаи амалӣ-таҷрибавӣ ба муқаддасот сурат гирифт, адад ҳамчун ибтидои илоҳии олам фаҳмида мешуд. Дарёфти адад ҳамчун муқаддасот то замони пифагориҳо низ вуҷуд дошт. Аммо онҳо ададро на танҳо объектҳои муқаддаси идеалӣ медонистанд, балки аввалин шуда, табиати комили онҳоро таҳқиқ намудаанд; 4) юнониҳо риёзиётро аз низоми ҳисобу андоза ба низоми дониш, ки дар асоси истифодаи қоидаи баровардани як ифодаи риёзӣ аз дигараш аст, дароварданд. Онҳо риёзиётро ба илми назариявӣ табдил доданд, чунки: а) саволи «чӣ тавр инро исбот кард»-ро истифода карданд; б) раванди исботи муназзамро ворид карданд. «Ибтидо»-и Евклид (асри III-и то милод) – яке аз аввалин шаклҳои риёзиёт (ҳандаса) –и назариявӣ буда, хусусияти асосиаш исботе мебошад, ки ба ҷои шаклҳо ва аёниятҳои ҳандасӣ фикрронии мантиқӣ истифода мешавад. Гадамер қайд мекунад, ки предмети риёзиёти атиқа «ҳастии зеҳнии холис буда, онро намунаи ҳар кадом илм меҳисобиданд, чунки вай дар низоми сарбастаи дедуктивӣ пешниҳод шудааст».

Ақидаи пифагориён дар бораи бо қонуниятҳои риёзӣ бунёд ёфтани табиатро Арасту напазируфт. Бинобар он, то давраи ислоҳотхоҳӣ илоҳиётшиносони асримиёнагӣ, ки аксари нуқтаҳои фалсафаи Арастуро қабул карда буданд, инчунин муқаррароти аҳамиятноки онтологии ададҳо ва бунёдӣ банди риёзиро нисбати физика эътироф накарданд. Танҳо дар асри ХVIII барномаи риёзии атиқӣ мубрамтар мегардад, ки мувофиқи он, китоби табиат бо забони риёзӣ навишта шудааст. Аммо дар Замони Нав фаҳмиши риёзиёт таuйир ёфт: якум формулаҳои куллии риёзӣ ки тавассути онҳо «қонунҳои табиат» ифода мешуданд, ба худ шакли алоқамандии «функсионалӣ»-и ададҳоро соҳиб гардид, ки аз маънои ирфонии худ озод буданд; аммо сониян, риёзиёт нисбати дигар илмҳо на аз рeи предметаш (чуноне, ки ин ҳолат дар атиқа мушоҳида мешуд), балки ҳамчун «тарзи комили маърифат» (Гадамер ) намуна гардид.

2.4. НАҚШИ ИСЛОҳОТХОҳӢ ДАР ТАШАККУЛИ ИЛМИ ЗАМОНИ НАВ ВА ТАUЙИРЁБИИ МАВҚЕИ МУРОҚИБАВИИ ОЛИМ

Аксари муҳаққиқон эътироф мекунанд, ки дини насронӣ нисбати динҳои Шарқи Қадим дар худ имкони пайдошавии илмро дошт. Чунончи, файласуфи рус М.К.Петров қайд кардааст, ки дар илоҳотшиносии насронӣ набзи тавлидсозандаи табиатшиносии таҷрибавии Замони нав мавҷуд буд. Ба ақидаи баъзе олимон, барои пайдоиши илм дар маданияти насронӣ якчанд заминаҳо боис гаштаанд: якум, uояи ягонагии Худо, ки бо Калом қонунҳои Кайҳонро меофарад; дуюм идеали муқаддасоти насронӣ, ки мувофиқи он инсон ба камолоти маънавию худшиносӣ расида, аз олами ҷисмонӣ тамоман ҷудо намешавад, балки дар он ва баҳри он заҳмат мекашад, онро поку маънавӣ мегардонад. Дар динҳои шарқӣ бошад, расидан ба «Нури ҳақиқат» маънои ҳамҷояшавӣ бо меҳани маънавӣ («ягона», «нирварана», «Браҳман») дошт ва канораҷeиро аз олами ҷисмонӣ пешбинӣ менамуд. Олами ҷисмонӣ – зиндон буда, ба ташаккули маърифати қонунҳое, ки Парвардигор маълум сохтааст, созгор нест.

Баъзе файласуфон, масалан Карл Ясперс тахмин мекунад, ки пайдоиши илми муосир «бе он самтгирии маънавӣ ва он набзҳое, ки сарчашмаи таърихиашон дини библиявӣ буд, ҳатто андешида намешавад». Ба чунин набзҳо – сарашмаҳо Карл Ясперс он талаботи ҳақиқатеро ки дар дини библиявӣ буд, таалуқ медонист. Ин талабот водор кард, ки дар маърифат на ин ки бозию машuулиятҳои барои истироҳат лозим дида шавад, балки кори ҷиддӣ, касбе, ки барои инсон бениҳоят зарур аст, фаҳмида шавад. Ин ҷо аз uояи офарида шудани олам аз ҷониби Худо бармеояд, ки ҳамаи он чизе, ки вуҷуд дорад, сазовори маърифат аст.

Вале аксари олимон пайдоиши илми нави аврупоиро танҳо ба насрония алоқаманд надониста, инчунин нақши протестантизмро ҳамчун конфессияи ин дин қайд намудаанд. Далелҳои онҳо нисбати ҳақиқатпазирии пайдоиши илм чунин аст: низоми сохтории манзараи олам, ки дар ҷаҳонбинии асримиёнагӣ ҳукмфармо буд, монеаи асосии бавуҷудойии илм гардид. Дар ин манзара онтологияи сифатӣ бартарӣ дошт, ки мувофиқи он фазо анизотропӣ (аз юнонӣ, anisos – нобаробар, topos – хосият), ҷои мавҷудияти ҳар як ашёи нотакрор буда, бо тайиноти он дар низоми сохтории олам мувофиқат дорад: Худо-сайёраҳо-фариштаҳо-мардҳо-занҳо-ҳайвонот-наботот. Инсоният дар зинаи низоми сохторӣ дараҷаи олиро ишuол мекунад. Тамоми табиат ба инсоният ва инсоният ба Худо хизмат мекунад. Табиат ҳамчун устуворияти низоми сохториаш бо ҳукми Худо батартибандохташуда мебошад. Дар он қонунҳои ахлоқ, на ин ки қонунҳои механика ҳукмрон аст: муҳаббат ва мақсад – хислатҳои ҷудонопазири ҳамаи мавҷудот фаҳмида мешавад. Инкишофи ашёҳо ҳамчун ошкоргардию воқеишавии имкониятҳое, ки Худо ба онҳо додаст, маънидод карда мешавад. Ана ҳамин манзараи олам дар замони Ислоҳотхоҳӣ барбод дода шуд.

Чунин фарзияи пайдоиши илмро муфассалан дида мебароем. Илм – ин шакли фаъолияти маънавӣ аст, бинобар он, пайдоиши онро дар асри ХVII бе омeзиши таuйиротҳои илмӣ-ҷаҳонбинӣ, ки ислоҳотхоҳӣ ва дигаргуншавиҳои манзараи олам ба миён овардаанд, фаҳмида намешавад. Комилан маълум аст, ки дар ин замони ҳукмронии дин ҳар як шакли нави фаъолияти маънавӣ ва маърифатӣ мебоист аз ҷониби дин ҳақ шуморида шавад. Азбаски замону фазои пайдоиши илм бо Ислоҳотхоҳӣ мувофиқ омад, вобаста ба ин фарзия дар бораи бо ёрии протестантизм амалӣ шудани интиқолоти илмии асри ХVII пайдо шуд. Олимони ин фарзияро эътирофкунанда инкор намекунанд, ки ба пайдоиши илм истеҳсолоти сармоядорӣ таъсири муҳим расонд, аммо дар баробари ин онҳо мeътақиданд, ки пайдоиши илмро танҳо ба эҳтиёҷоти истеҳсолот, навоварӣ, фаъолияти ҳарбӣ алоқаманд донистан нодуруст аст. Ин талаботҳо дар асрҳои ХVI-ХVII бавуҷудоии баъзе фанҳоро, ба монанди магнитизм, механика ва uайраро қаноатманд маънидод мекунанд. Аммо онҳо пайдоиши назарияҳои навро, ба монанди низоми офтобмарказии олам ва назарияи гардиши хунро маънидод карда наметавонистанд.

Асосгузори uояи таъсири протестантизм ба ташаккули сармоядорӣ Макс Вебер ин uояро ба пайдоиши илм низ марбут донистааст: «Майли ошкор доштани аскетизми протестантӣ ба эмпиризми дар асоси риёзиёт ратсионалигашта хеле хуб маълум аст… Бинобар ин, фанни дeстдоштаи ҳамаи насрониёни пуританӣ, баптистӣ ё пиетӣ махсусан физика ва наздик ба он фанҳои риёзии методикаи монандро истифодакунанда буд».

Сотсиологи америкоӣ Роберт Мертон uояи Веберро оиди мавҷудияти робита байни протестантизми аскетӣ ва илмҳои табиатшиносӣ ривоҷ дода, ба чунин хулосаҳо омад: а) протестантизми аскетикӣ дар самтгирии фаъолияти инсон ба сeи илмҳои таҷрибавӣ ҳиссагузор буд; б) маслаки пуританиён машuулият бо фаъолияти илмиро аз мавқеи дин дастгирӣ намуд ва боиси легитимӣ (қонунӣ) шудани он гардид; в) пуританиён ба ниҳодигардии илм саҳми калон гузоштанд.

Аммо на М.Веберу на Роберт Мертон дар бораи таъсири бевоситаи протестантизм ба илм сухан нарондаанд, чунки далелҳои раднашавандаи офаридани манзараи механистии олам ва «атомизм»-и нав аз ҷониби олимони католикимазҳаб (Галилей, Декарт, Гассенди) муайян кардаанд. Фарзияи онҳо аз рeи тахмине сохта шудааст, ки протестантҳо нисбати дигар намояндагони ҷараёнҳои динӣ ба машuулият бо табиатшиносӣ шавқи бештар доштанд, тадқиқотҳои озмоиширо ҳамчун машuулияти касбӣ ихтиёр мекарданд. Фарзияи Веберу Мертон объекти доимии мубоҳисаҳои илмӣ мебошад. Аммо то имрeз аз он бо он сабаб даст накашидаанд, ки бо ёрии он ба саволҳои зерин ҷавобҳои оқилона гирифтан мумкин аст: барои чӣ дар асрҳои ХVI-ХVII пешоҳангӣ дар навоварӣ аз кишварҳои католикимазҳаби Португалия ва Испания ба Англия ва Голландияи протестантимазҳаб гузашт ва дигар ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ яки ин мамлакатҳои католикимазҳаб барнагашт? Барои чӣ дар илм пешоҳангӣ аз Италия боз ба ҳамон ду давлат – Англия ва Голландия гузашт? Ба кадом сабаб Декарти католикимазҳаб дар Голландияи протестантӣ озодии васеъи зеҳнӣ дарёфт ва таълимоти e дар Германияи протестантӣ эҳтиёҷ пайдо кард, на дар кишвари худаш? Барои чӣ таълимоти Коперник (қоидаҳои калисои римӣ-католикӣ), мувофиқи иброзаш «асари дар баъзе ҳолатҳо барои тамоми калисо ҳамчунин судманд », дар ибтидо аз ҷониби кардинали капуанӣ Николай Шонберг ва саррeҳонӣ Тидемани Гизӣ дастгирӣ ёфт, баъдтар бошад, калисои католикӣ онро мулҳидӣ (кофирона) эълон кард? Чаро илми чинӣ ва арабӣ (риёзиёт, нуҷум, оптика, тиб, физика, ва uайра), ки дар гузашта илми мутараққии ҷаҳон буд, дар асри ХVI рe ба завол овард? Чаро дар сайёра халқҳо ва давлатҳои ду низом мавҷуданд: як гурeҳи он соҳиби илм ҳастанд ва гурeҳи дигараш аз он бенасибанд?

Пеш аз ҳама қайд мекунем, ки Ислоҳотхоҳӣ дар назди худ бошуурона мақсади эҷод кардани илм, легитимӣ ва ниҳодисозии онро пеша накардааст. Муносибати манфии протестантҳо ба баъзе кашфиётҳои илмии он замона маълум аст. Лютер бар зидди Коперник чунин бурҳон меоварад: «Ин гумроҳ хостааст, ки тамоми санъатро ба нуҷумшиносӣ мубаддал созад. Вале дар навиштаҳои Муқаддас ошкор гуфта шудааст, ки Исои Навин Офтобро аз ҳаракат боздошт, на ин ки Заминро». Аҷибияти протестантизм дар он аст, ки далеоварии онҳо дар раванди танқиди илоҳиёти католикӣ новобаста аз худашон шароити имкони пайдоиш ва қонунишавии илмро фароҳам овард. Он ҷиҳати илоҳиёти протестантиро ҷудо месозем, ки ба пайдоиши илм мусоидат кардаанд.

Илоҳиёти протестантӣ манзараи асримиёнагии оламро барбод дод. Нуқтаи муттаҳидсозандаи он принсипи низоми сохторӣ буд, ки тартиби ҷойгиршавии рeҳҳо ва ҳаракатҳоро (аз Арасту гирифтаанд), инчунин муассисоти маънавии осмониро (иқтибос аз Дионисия, ки ба афлотуния қаробат дорад) ба инобат мегирифт. Низоми сохторӣ ҷой доштани фарқияти сифатан ҷиддиро байни зуҳуроту ҷисмҳои заминию осмониро ошкор мекунад. Масалан, ҳаракати даврӣ ҳамчун мукаммалу абадӣ ба ҷисму зуҳроти осмонӣ мансуб дониста мешавад, вале ҳаракатҳои ростхата ё «омехта» ба зуҳуроти заминӣ хос аст. Бинобар он, ҳангоме, ки Каплер ҳаракати сайёраҳоро на аз рeи давра, балки ба таври элипсӣ (байзашакл) мушоҳида кард, худаш низ аз номукаммалии ҷисмҳои осмонӣ ошуфта гардид ва uазаби Галилейро барафрeхт. Ниҳодҳои калисо ва ҷомеа ҳамчунин абадан бо низоми сохтории муайянашон мавҷуданд ва ба низоми кулли сохтори коинот ворид мешаванд. Дар манзараи асримиёнагии олам фариштаҳо ва рeҳҳо вазифаи муттаҳидсозандаи низоми сохтории оламро иҷро мекарданд: Худо ҳамчун ибтидо ва мутлақ онҳоро барои интиқоли ҳаракат (ҳокимият) дар ҳамаи сатҳҳои низоми сохторӣ истифода мебурд. Низоми сохтори осмонии муттаҳидсохтаи фариштагон барои ҳақ баровардани низоми сохтори идоракунӣ, ки калисо муайян кардааст ва сохтори ҳокимияти калисо дар рeи замин хидмат мекард. Илоҳиёти протестантӣ на танҳо низоми сохтории муайян кардаи фариштагонро эътироф намекард, ҳамчунин мавҷудияти худи мартабаи маънавиро дар байни инсону Худо ва Оламу Худо низ ба инобат нагирифт, бо ҳамин низоми сохтории осмониро, ки бе он низоми сохтории калисоро ҳақ баровардан номумкин буд, нобуд сохт. Калвин ба нуфузи навиштаҷоти Муқаддас такя намуда, бар зидди низоми сохторӣ чунин бурҳон пеш меоварад: «Низоми сохторӣ номгузории нодуруст аст, чунки он дар Навиштаҷоти муқаддас истифода нашудааст. Рeҳи муқаддас чунин муайян кардааст, ки ҳеҷ нафаре дар бораи афзалият ва ҳокимият дар фаъолияти идораи калисо орзу накунад». Низоми сохториро нобуд сохта, Ислоҳотхоҳӣ томияти низоми оламро, ки насрония офарида буд, аз миён рабуд ва ба ҷои иттиҳоди маънавии олам пиндори андешидани ҳар гуна муттаҳидгароии нави нигоҳдорандаи ягонагии Олам имконпазир гардид.

Вайрон шудани низоми сохторӣ ба чунин натиҷаҳои зеҳнӣ боис шуд:

I. а) имконияти бунёди фаҳмиши нави олам пайдо гардид – бефариштаю рeҳ ва онро ҳамчун механизми илоҳӣ, ки ҷузъҳояш ба худҳаракатӣ ва худмуайянсозӣ аз рeи қонунҳои дар лаҳзаи офариниш таъиннамудаи Худо вобаста аст, тасаввур кардан мумкин гардид. Идеологияи Ислоҳотхоҳӣ ба таuйирёбии тасаввуротҳо доир ба табиат, ки аз ҷониби схоластҳои асримиёнагӣ бо ҳаёти ботинӣ, кeшиши қаробат ба Худо алоқаманд медонистанд, сабаб гардид. Акнун «…олами атроф сахт, сард, беранг, хомeш ва беҷон, олами миқдор, олами андозагириҳои риёзӣ ва ҳаракатҳои танзимшавандаи механикӣ шуд» (Иен Барбур). Танҳо дар муносибат бо чунин фаҳмиши Олам асоснок тасдиқ кардан мумкин буд, ки қонуни табиат бе забони риёзӣ навишта шуда бошад. Бенедикт Спиноза эътироф мекард, ки «агар одамон тартиби табиатро яқин медонистанд, он гоҳ онҳо ҳама чизро зарур меҳисобиданд, чуноне ки риёзиёт ҳамин тарз меомeзонад». ҳамин андешаҳоро Г.Гегел чунин арза доштааст: «Таносуби бузургиҳое, ки риёзиёт маълум кардааст, дар худи табиат ба он сабаб мавҷуданд, ки ин робитаҳои хирад, баъди маърифат шуданашон, қонунҳои табиат мешаванд». Дар интиҳо аксари андешаҳои соф риёзӣ бо маънидодкуниҳои физикӣ иваз мешуданд, «uояҳо бо ҳисоббарорӣ иваз шуданд» (Н.Бурбаки). ҳамин тавр, Нютон қонуни гардиши сайёраҳоро исбот намуд, ки то e Каплер на аз нуқтаи назари физика, балки аз нигоҳи ҳандаса кашф намуда, дар фаҳмиши физикии мафҳуми «нерe» дучори душворӣ гардида буд. Чунин тарҳи Олам гeё, ки аз назари илоҳиёт бо маърифати тавассути усулҳои илми таҷрибавӣ дошта ва ташаккули uояи марказии илм – uояи «қонуни табиат» «омода» сохта бошад. Декарт аввалин шуда истилоҳи «қонуни табиат»-ро истифода бурдааст, аммо онро дар партави динӣ маънидод кардааст: «Худо аввал материя ва ҳаракатро офарид, баъдан Олам бо «қонунҳо»-и аз ҷониби Худо дар табиат мустақар гашта, хусусан бо қонунҳои механика идора мешуд». Чунин андешаҳои Декартро Волтер баҳои баланд дода, дастовардҳои риёзии eро хеле хуб пазируфт. Аз назари Волтер, Декарт ба «баёноти бардурeu», ки бо онҳо дар давоми дуҳазор сол майнаи ҷавононро пур мекарданд, хотима бахшид. Манзараи механикии олам ҳамчун асоси дошиҳои илмии асри ХVII ба дин бетараф набуд; б) вақту фазо муайяноти сифатӣ-сохтории худро гум карданд. Дар ин ҳолат ҳар як «нуқта»-и фазою вақтӣ вобаста ба нотакрориашон хусусияти сифатии ҷисми дар ин «нуқта» ҷойгирифтаро муайян мекунад ва бинобар он вақт, фазо, ҷисм алоқаманд буданд. Алҳол «нуқта»-ҳои фазо ва вақт ҳамчун баробарҳақ ва баробарарзиш мувофиқи бесифатӣ ва холисиашон ба хосияти ҷисмҳои дар онҳо зуҳурёфта баррасӣ мешуданд. Нютон тасаввурот дар бораи фазо ва вақти мутлақро пешниҳод намуда, онҳоро чунин баён кардааст: «фазои мутлақ аз рeи моҳияти худаш, бе мутаносибӣ ба ягон чизи беруна, доимо якхела ва беҳаракат мемонад», «вақти риёзии ҳақиқӣ, мутлақ, худ аз худ мувофиқи моҳияташ, бе ягон мутаносибӣ ба ягон чизи беруна, якранг ҷорӣ аст». Фазои мутлақ ва вақти мутлақ ҳамчун ҷойҳои озоди ҷойгиршавии ҷисмҳо, ки ба хусусияти онҳо ягон таъсир намерасонанд, фаҳмида мешуд. Муаррихи илм А.Койре ин вазъро чунин шарҳ медиҳад: «… вобаста ба ивазшавии фазо, ҳамчун маҷмeи «ҷой»-и нодир бо фазои абстрактии геометрии ҳамаи ашёҳо ба як дараҷаи ҳастӣ таалуқ доранд», хусусиятҳои сифатии оламҳои заминию осмонӣ аз миён рафтанд. Агар барои Арасту ва схоластикҳои асримиёнагӣ вақт ва фазо дар олам вуҷуд дошта бошад, пас барои ҷаҳонбинии механистӣ олам дар вақту фазо вуҷуд дорад. Тасаввурот дар бораи якҷинсӣ ва беохирии фазо оламро аз ҳар гуна ҳудуд озод намуд. Файласуфи номдори рус А.Ф.Лосев қайд мекунад, ки ин гуна тасаввурот «хулосаи илм набуда, балки устураест, ки илм ба сифати эътиқодмандӣ ва таълимӣ қабул кардааст». «Олам – фазои якҷинсаи мутлақ аст. Барои ман ин чунин маъно дорад, ки он мутлақан ҳамвор, баённашаванда, нишебию баландӣ надошта мебошад. Аз чунин олам дилгиршавӣ ба машом мевазад»; в) вобаста ба фаҳмиши сабабият аз ҷониби Арасту, баъдтар фаҳмишҳои сабабҳои шаклӣ ва мақсадӣ бароварда шуданд. Арасту ҳаракатро бо ёрии чор сабаб маълум кардааст: моддӣ (аз он ашёҳо таркиб ёфтаанд), мутаҳаррикӣ (он чизе, ки ба таҳрик  меоварад), мақсадӣ (барои он ашё ҳаракат мекунад), шаклӣ (ҷанбаи тобишдошта). ҳамаи ашёҳо мекeшанд, ки ба ҳолати сокитӣ (оромӣ) расанд. Масалан, барои оташ оромӣ дар боло ва барои замин дар поён мавҷуд аст. Ҷисмҳо ва ҳаракати онҳо ба низоми сохтории мақсадҳои кайҳонӣ, ки ба мақсади ниҳоӣ ё нахустсабаб, яъне Мутлақ мерасанд, мубтало мебошанд. Шарҳи арастуии зуҳуроту ҳаракати ҷисмҳо дар намуди насронишуда дар асри миёна қабул шуд: эътимодбахшии сабабҳои мақсадӣ ба он маънидод мешуд, ки Худо бемақсадона намеофарад. Бинобар он, ҳар як ашё дар низоми сохтории заминӣ ва осмонӣ ҷои махсуси худро дорад. Даст кашидан аз сабабҳои «мақсадӣ», «шаклӣ» моҳиятан маънои рeй тофтан аз Худо, ки Неъмати Олӣ асту ҳамагон ба қаробати E мекeшанд, мебошад. Сабабиятро ҳаммаънои сабабҳои «мутаҳаррикӣ» ва «моддӣ» фаҳмида мешуд. Акнун маънидод кардани ҳамаи дигаргунию равандҳои олам берун аз категорияҳои мақсад, ҷанбаҳои табиӣ, ҷои табиӣ имконпазир гардид. Ин равандҳо дар категорияҳои вазн ва ҳаракат, ки бо қонуниятҳои миқдорӣ алоқаманданд, инъикос меёфтанд. Зарурат надоштани сабабҳои мақсадӣ ва шаклиро файласуфон Томас Гоббс ва Френсис Бэкон асоснок намудаанд. Бэкон қайд кардааст: «.. Бе парда метавон гуфт, ки физика – ин илмест, ки материя ва сабаби амалкунандаро меомeзад, метафизика – ин илм дар бораи шакл ва сабабҳои ниҳоӣ мебошад». Ин имкон дод, ки қобилияти ҳаракати материя аз ҳисоби нерeҳои дохилиаш бе дахолати фариштаву рeҳ, бе кeшиш ба мақсад ошкор сохта шавад. Ин имкониятро Галилей воқеӣ намуда, принсипи инерсияро баён сохт; г) маҳсули ниҳоии пошхeрии низоми сохторӣ ин идеяи баробарӣ мебошад, ки на танҳо дар кишварҳои протестантимазҳаб, инчунин дар ҳаёти иҷтимоӣ ва илми кишварҳои uайрипротестантӣ устувор гардидааст: назарияи офтобмарказии Коперники католикимазҳаб дар назди Офтоб баробар будани замину сайёраҳои дигарро маълум намуд; монархияи мутлақ ҳамаро дар назди қонун баробар (ё нобаробар) намуд, истиқрори муносибати бевоситаи «подшоҳ»-«раият»-ро таъмин намуд; Гарвей низоми сохтории дил, ҷигар ва «асаб»-ро дар ҷисми инсони бекор сохта, ҳамаи узвҳоро дар назди хун баробар ҳисобид; Т.Поппер назарияи сиёсии давлатро эҷод кард, ки бо uояи ҷомеаи фардҳо – аломатҳои бо ҳам баробар асос ёфта буд. Ислоҳотчиён аз Библия ду uояро, ки ба ҳақ баровардани ин машuулият мусоидат мекарданд, ҷудо карданд. Uояи якум аз Вайҳи Юҳанно (онҳо эҳё гаштанд ва бо Исои Масеҳ ҳазор сол ҳукмрони карданд) оварда шудааст, ки uояи «миллениум» ё назардошти ҳукмронии ҳазорсолаи бевоситаи Исои Масеҳ мебошад. Uояи дуюм – ин uояи барқароршавии донишҳо дар бораи табиат ва ҳукмронӣ аз болои табиат, ки ҳангоми гунаҳгоршавиҳои одам аз байн рафта буд. Ин uоя аз «ҳастӣ» бармеояд («Ва инсон бо ҳамаи чорвоҳо ва паррандаҳои осмон ва ба ҳамаи ҳайвонҳои саҳро ном гузошт.») Uояи ҳазорсола ҳамҷоя бо uояи барқарорсозӣ ормони асосии он замон гардид. Ин ормон (утопия) дар ихтиёри инсоният будани боз як ҳазорсола барои барқарор кардани он донишҳо дар бораи офариниши ашёҳо ва он забоне, ки ба одам имконияти ҳукмронӣ нисбати офаридашудаҳо (махлуқот) медод, боварибахш месохт.

ҳангоми гунаҳгоршавии одам донишҳои ибтидоӣ дар бораи табиат, ки имконияти аз болояш ҳукмронӣ карданро медоданд, аз байн рафтанд. Вале давраи ҳазорсола (миллениум) инсонро масъул месозад ва ба e ҳуқуқи барқарор кардани ин дониш ва ин ҳокимиятро вогузор менамояд. Тасодуфӣ нест, ки китоби асосии фалсафаи Замони нав, ки таъсири протестантизмро дар худ инъикос менамояд, асари Френсис Бэкон «Барқароршавии бузурги илмҳо» мебошад. Дар ин асар мутафаккир ҷараёни маърифатро ҳамчун «барқароршавӣ»-и забони Одам ва он ҳокимияти инсон дар табиат, ки ин забон таъмин менамояд, мавриди таҳлил қарор додааст. Афоризми Френсис Бэкон «дониш қудрат аст», ба ҳама маълум аст (ҳарчанд шубҳанок аст, ки ин афоризм моли Френсис Бэкон бошад. Френсис Бэкон эътироф мекард, ки «илм – uуломи илоҳиёт» аст). Хидматгузории илоҳиёт ва мақсади ҳақиқии фаъолияти илмӣ – « матҳу ситоиши Холиқ ва сабук намудани сарнавишти инсон» мебошад. Ин дидгоҳ ба қонунишавии тадқиқотҳои илмӣ ва ҳамчунин ба бехатарии олимон мусоидат мекард.

II. Протестантҳо «иродаи илоҳиёт»-и Августини Муқаддасро қабул намуданд, ки он байни табииёт ва фавқултабииёт (мeъҷиза) фарқияти муҳим нагузошта, эътироф мекард, ки «кулли олам мeъҷиза аст», ҳарчанд ки одамонро фақат зуҳуротҳои нодиру uайримуқаррарӣ ба ҳайрат  меоварад. На фақат uайрмеъёрӣ будан ба ҳайрату таваҷҷуҳ сабаб мегардад, инчунин худи меъёр ва мақсади эҷодкорӣ боиси ҳайрат аст. Бинобар он, роҳ ба сeи Худо тавассути маърифати ҳама гуна мавҷудот имконопазир аст. Фомаи Аквинӣ, дар пайравии e ҳамчунин схоластикҳои асримиёнагӣ ҳодисотро ба ҳодисаҳои сабабаш табиӣ ва дахолати нодири Худо ба рафти ҷараёнҳои муқаррарии табиӣ (яъне мeъҷиза ) ҷудо кардаанд. Чунин амал ба «иродаи илоҳиёт»-и Августини Муқаддас муқобил буд. Лютер ва Калвин бо назардошти «иродаи илоҳиёт» қайд намудаанд, ки ақли насронӣ набояд бо ҳодисоти uайримеъёрии табиӣ (яъне мeъҷиза), балки бо дарки мeъҷизаи бузурги офариниши меъёри ҳастии олам фарогир бошад. Калвин дар пайравӣ бо Августини Муқаддас тасдиқ намудааст, ки «ба куҷое назар накунед, ҳеҷ як ҷое дар олам нест, ки он ҷо ақалан шарораи бузургии Худо маълум набошад, бинобар он, омeзиши ҳам назокату латофат ва ҳам кабоҳату шақовати инсонӣ шоиста аст.Вазифаи инсон маълуму инъикос кардани иродаи Парвардигор дар ҳар як мавҷудот, аз кирм сар карда то инсон, мебошад».

Андеша дар бораи он, ки омeхтани ҳар як мавҷудот дар як вақт маърифати хосту иродаи Парвардигор аст, ба андешаи гуманистони румӣ наздик аст. Ба ин ақидаҳо мутафаккири ҳамзамони румӣ, илоҳиётшинос, муназимгари исихазм Григорий Палама ҳамраъй мебошад. E қайд мекунад, ки бовар кардан ба қобилиятҳои хиради инсон аз рeи беақлӣ аст, чунки «донистани хиради Парвардигор муҳол аст» (Рим 11, 34). Тасаввур мекунем, ки дар мо образҳои қонунҳои офарандаи ақл (Худо) вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат савол ба миён меояд: «Агар мо азалан аз он баҳраманд мебудем, пас чаро онҳоро бе омeзиш дарк карда наметавонем?». Мувофиқи ақидаи гуманистҳо ин ҳолат сабаб дорад, зеро ин образҳо дар мо таҳриф шудаанд. Чӣ чиз ба таҳриф овард? Агар ин ҳолат аз гуноҳи азалӣ бошад, «он гоҳ, – менависад Палама – худошаклӣ ва андeхти дониши ҳақиқиро риоя намуда, пеш аз ҳама лозим аст, ки аз гуноҳ пок шудан муқаррароти қонунҳои нозилгаштаро иҷро кардан, ба хайрхоҳӣ махлут шудан ва тавассути ибодату муроқибаи ҳақиқӣ ба Худо расидан мавриди кeшиш бошад». Яъне, пеш аз ҳама рeҳро аз ахлоқу таълимоти фосиқона поку беолоиш намуда, баъд ба маърифати илмӣ бояд пардохт, чунки хиради зоҳирии ҷисмонӣ, ақли ҷисмонӣ ба рeҳ худосиратӣ бахшида наметавонад, «ақл»-ро хирадманд кардан номумкин аст. Маълум аст, ки чунин мавқеъ ба ташаккули илми аврупоисифат мусоидат накард.

Идеологҳои ислоҳотхоҳ маърифати илмиро ҳамчун дарки «амали ислоҳӣ» маънидод намуда, ба он мeътақид буданд, ки самтгирӣ дар маърифати ҳақиқатӣ дар махлуқоти Холиқ инъикосгардида бояд унсури ҷудонашавандаи ҳаёти динии инсон бошад. Вобаста ба ин мавқеи идеологӣ, пас аз ин табиатшиносӣ ба сифати воситаи маърифати «Худо дар табиат» қабул гардид, ки яке аз шартҳои муҳими қонунигардии илм буд.

Илова бар ин, «иродаи илоҳиёт» иродаи инсониро аз ҷаҳоншиносии муроқибавӣ ба фаъолияти пурсамар ҳидоят кард. Ба шарофати Мартин Лютер имони динӣ хосияти одатӣ гирифт: ба ҷои эътиқод, нуфузи пайuому ривоят дар мазҳаби протестантӣ ҳукмронии субъект тасдиқ мегардад. Чунин субъект фаҳмиши навиштаҷоти илоҳиро аз нуқтаи назари худ исроркорона баён мекунад. Ин ҳолатро ба сифати заминаҳои зеҳнии ташаккулёбии тасаввуротҳо дар бораи субъект ва объекти илми Замони нав ҳисобидан мумкин аст: принсипи фаъолнокии субъект («озодии субъективият» – Гегел) афзалият пайдо мекунад. Самтгирии иродаи инсонӣ аз муносибатҳои муроқибавӣ ба ҳақиқат (ҳангоме, ки мазмунаш бо матни навиштаҷоти Муқаддас ва нуфузи Арасту алоқаманд карда мешавад) ба пажeҳиши фаъоли он дар китоби табиат аз ҷониби Френсис Бэкон чунин ифода ёфтааст: «сухан на дар бораи неъмати муроқибавӣ, балки дар бораи дастоварду саодати инсонӣ ва дар бораи ҳамагуна пурқудратӣ дар амалия меравад». Принсип ва самтгирии фаъолияти илмии олимон бо одоби пуританӣ, ки дорои ду арзиши беназир аст, мувофиқат дошт. Ин арзишҳо аз қабили манфиатҷeӣ ва таҷрибагароӣ мебошанд. Фаъолияти маърифатии олимон бо тасаввуроте, ки дар он субъект объектро uайрифаъолона муроқиба накарда, балки онро «эъҷод мекунад», асос ёфт. Асосноккунии фалсафии uояи фаъолмандии субъекти маърифатро Иммануил Кант ҳаммаънои асоснокшавии «табаддулоти коперникӣ» дар назарияи маърифат иҷро намудааст.

III. Натиҷаи uайричашмдошти илоҳиёти протестантӣ ин иҷтимоишавӣ ва ниҳодигардии тадқиқотҳои илмӣ буд; вай ҳамчун ҳамрадифи фаъолияти шоистаи насрониён, ки эҳсоси гуноҳ ва содиршавии ҷиноятро дар назди дин истисно менамоянд, эътироф гардид. Бо ин ишора метавон гуфт, ки дар ҷомеаҳое, ки ниҳодҳои иҷтимоии сершумор доштанду ба пайдоиши илм мусоидат накарданд, ба ниҳодишавӣ ва иҷтимоишавии илм монеа пеш наовардаанд.

Идеологияи Ислоҳотхоҳӣ барои қонунигардии илми тавлидшудаистода замина муҳаё кард: қонунигардии илм тавассути нигаришҳои илоҳӣ, ки ба илм муносибат надоштанд, амалӣ гардид. Имкониятҳои протестантизм дар раванди қонунигардонии илм на зарурат, балки тасодуф буд.

ҳарчанд ки масалан, инқилоби соли 1640 дар Англия бо дастгирии илм аз ҷониби идеологҳои пуританӣ амалӣ шуда бошад ҳам, аммо чунон ки Мертон иброз доштааст, ин ҳолат барои пайдоиш ва қонунигардии илм зарурати мутлақ набуд. Мазҳаби пуританӣ дастгирии асосиро (аммо uайриҳатмиро) дар ҳамин марҳилаи таърихӣ ва дар ҳамин фазо (асри ХVII дар Англия) таъмин намуд. Дар ҳар сурат ҳамаи муҳаққиқон ба он розианд, ки дар он замон на конфутсиячигӣ, на Ислом вазифаи қонунгардонии илмро дар сатҳи лозима иҷро карда наметавонистанд. Аммо протестантизм вобаста ба шароити таърихӣ ба иҷрои ин вазифа муяссар гардид.

2.5. НАҚШИ ЭПИКУРИЗМ ВА РАВОҚИЯИ АТИҚӢ ДАР ТАШАККУЛУ ИҶТИМОИШАВИИ МАНЗАРАИ МЕХАНИКИИ ОЛАМ ДАР АСРИ ХVII

Ислоҳотхоҳӣ дар идеологияи худ чунин мақсад гузошта буд: то дараҷаи баланд инкишоф додани худшиносии инсон, ба инсон омeзонидани истифода аз таҷрибаи маънавиаш. Муҳаққиқи номдори таърихи илм А.И.Косерева қайд мекунад, ки дар маданияти аврупоии асрҳои ХVII-ХVIII «майдони нерeи ахлоқӣ» ба вуҷуд омад. Хусусияти он аз талаботҳои ахлоқии ислоҳотхоҳӣ ва принсипҳои ҳаммазмун ба низомҳои давраи охири атиқа, ки худшиносии фардро ҳидоят мекарданд (эпикуризм, равоқия, шаккокия, неоплатонизм, герменизм), вобастагӣ дошт.Ин «майдон»ро, ки бо шарофати ҳаракати ислоҳотхоҳӣ ба ҷунбиш омада буд, ҳатто «деворҳои бунёдкардаи аксулислоҳотхоҳӣ» боздошта натавонист.

Лозим мешуморем, ки сабаби ба эпикуризму равоқияи атиқа рeй овардани ислоҳотхоҳон ва натиҷаи таъсири ин амалро ба ташаккули илм аз назар гузаронем. Барои протестантизм (махсусан калвинизм) ахлоқи эпикуризм аз ин ҷиҳатҳо ҷолиби таваҷҷeҳ буд. Якум, талаботи ҷовонмардӣ ва масъулияти пурраи шахсӣ барои ҳаёти худ дар мувофиқа бо дарки фардии маънои он; дуюм, инкори нуфузу нуфуздорон ва боварии комил ба хиради худ дар роҳи фароҳамсозии мувозинати дохилию сокитии рeҳ; сеюм, инкори арзиши фалсафаронии абстрактӣ ба намуди метафизикаи арастуӣ ва эътирофи манфиатҳои амалӣ ба сифати меъёри муҳими ҳақиқат; чорум, тасаввурот дар бораи оқилона ва хусусияти қарордодӣ доштани робитаҳои ҷамъиятӣ. «Дар Эпикур аввалин тасаввурот дар бораи он, ки давлат дар асоси қарордоди ҳамдигарии одамон, қарордоди ҷамъиятӣ устувор аст» (Карл Маркс), таҷссум мегардад.

Бояд ба инобат гирифт, ки атомизми эпикуриҳо маънои ахлоқӣ дошт ва бинобар ин, физикаи онҳо дар як вақт ҳамчунин асоси ахлоқ буд. Аз uояи сохтори атомистии бунёди Коинот Эпикур хулосаҳои ахлоқӣ мебарорад: азбаски олам аз атомҳо ва халоъ иборат аст, бинобар ин, инсон ба имдоди худоҳо умедвор шуда наметавонад, e бояд мардонавор бори масъулиятро барои ҳаёташ ба дeши худ гирад. Аз ин сабаб ахлоқи эпикуриро бе физика қабул кардан имконнопазир аст.

Ахлоқи эпикуриро азхуд намуда, протестантизм инқилоби зеҳнии хосcае содир намуд. Агар ба эътибор гирем, на танҳо ахлоқ, ҳамчунин физикаи эпикурӣ (атомизм) аз ҷониби илоҳиёти насронӣ маҳкум мешуд. Барои насрония таълимоти физикии эпикурӣ дар бораи азалияти материя ва пайдоиши олам аз ҳаракатҳои тасодуфии атомҳо қобили қабул набуд. Чунки мувофиқи насрония Худо тибқи барномаи оқилона ҷаҳонро офаридааст ва аз ин рe, материя ҳамон сифатҳоро дорад, ки тавассути он шаклҳои худодод – логос (logos)-ро гирифта метавонад. Физикаи «сифатҳои ҷавҳарӣ»-и Арасту ин ниёзҳоро  қонеъ карда метавонист, аммо атомизм ҷавобгeи ин талаботҳо набуд. Аз ин рe, афкори асримиёнагӣ дар симои Фомаи Аквинӣ физикаи сифатҳои ҷавҳарии Арастуро насронӣ гардонд, на ин ки атомизми Эмикурро, ки аз ҷониби католитсизм мамнeъ ҳисобида мешуд. Тасодуфӣ нест, ки Данте дар асараш «Фоҷиаи илоҳӣ» Арастуро дар ҷои имтиёзноки дeзах ҷой дода, Эпикурро ба ҷои аз ҳама даҳшатовар (дар тобути сeзони қабати шашуми дузах) мувофиқ дидааст.

ҳарчанд ахлоқи давраи ҷоҳилия ба идеологияи протестантизм мувофиқат дошт, аммо атомизми илмӣ бояд қонунишавии махсусашро аз дин мегирифт. Дар ин ҷо маҳфили Нюкасли, ки дар Англия соли 1630 пайдо шуда буд, нақши муҳим бозид. Т.Гоббс, У.Пети (иқтисодчӣ) аъзоёни ин маҳфил буданд. Аксари иштирокдорони ин маҳфил, ки дар Париж ба сифати бадарuашуда буданд, бо Р.Декарт, П.Гассенди ва дигар файласуфон иртиботи пайваста доштанд. П.Гассенди барои аз нуқтаи динӣ ҳақ баровардани атомизм далелҳои махсус дарёфт, ки дар натиҷа ба атеизм айбдор карда шуданд.

Муаллифии uояи атомизм, тасдиқ мекард e, на Левкиппу Демокрит, балки ба (финикист) як хурмопарвар таалуқ дорад, ки онро яҳудиҳои атеист қабул кардаанд.

Атеизми атомистӣ шакли баъдан таҳрифшудаи атомизми Мосха мебошад, ки мувофиқи таълимоти e сарчашмаи ҳаракат дар атомҳо набуда, балки Худо ба онҳо бахшидааст. ҳамин тавр, мувофиқати атомизм ба uояи офариниш асоснок карда шуд. Пас аз ин олимон беҳарос метавонистанд таълимоти Эпикурро истифода баранд, аз ҷумла он қисми таълимотро, ки дар он суръати якхела доштани атомҳо, ҳангоми ҳаракат дар фазои холӣ ба монеъ дучор наомаданашон, тасдиқ карда мешуд. Дар бораи суръати якхела доштани атомҳо инчунин пайрави эпикуриҳо Лукретсий Кар навишта буд: « бояд, ки ҳамаи чиз дар фазо бе монеъа ҳаракат карда, новобаста аз тафовути вазнӣ суръати баробар дошта бошанд». Ин uояи зеҳнии атиқиро олимони асри ХVII санҷидан хоста, озмоишҳои сершумор доир ба омeзиши афтиши ҷисмҳо дар вакуум гузарониданд. Атомизми эпикурӣ яке аз ҷузъҳои физикаи Бойл Мариотт ва Исаак Нютон гардид.

Вале дар мамлакатҳои католикмазҳаб аз мазҳаби протестантӣ интишор кардани атомизм ба монеаҳои калисо дучор гардид. Чунончи, Рене Декарт uояҳои механикию корпускуляриашро нашр намуда, аз моҷаро бо калисои католикӣ танҳо барои он дар канор монд, ки e манзараи олами дар он қонунҳои механикӣ ҳукмронбударо фарзиявӣ эълон кард. Аммо охиран дар соли 1644 баъди 20 соли нашри «Ибтидои фалсафа»-и Рене Декарт ин uояҳо ба «номгeи китобҳои мамнeъ»-и католикӣ ворид шуд ва Рене Декарт бо «атомизм» гунаҳгор карда шуд. Калисои римӣ Галилео Галилейро ҳамчунин маҳкум намуд: сабаби ҳақиқии маҳкум гардиданаш илҳоди коперникӣ намуда, балки атомизми демокритӣ мебошад,ки ба таълимоти асосии мазҳаби католикӣ таъсири манфӣ мерасонид.

Ин далелҳои овардашуда мавқеи фарзияи Вебер ва Мертонро, ки дар боло тавсиф карда будем, пойдор мегардонад.

Тафаккури илмӣ ҳамчун арзиши олии ахлоқӣ

Дар пеши илми тавлидёфтаистода ва мутафаккирони асри ХVII чунин вазифаи ҳалталаб меистод: аз нуқтаи назари дин тафаккури илмиро ба машuулияти аз ҳама муҳим ва беuарази инсон табдил додан, чунки дар Библия оварда шудааст: «Чӣ суд ба инсон, ки агар оламро ба даст оварад, аммо ба рeҳи худ зарар? Ё кадом дастмояро инсон бар хариди рeҳи худ пешниҳод месозад?» (Миф 16, 26).

Барои ҳалли ин мушкилот на танҳо принсипҳои диалектикаи схоластӣ, инчунин uояҳои ахлоқии Арасту низ нафъи кам меоварданд. Чунки ахлоқи Ислоҳотхоҳӣ бештар ба ситоиши фардият равона буд, uояҳои ахлоқии Арасту бошад, арзишмандии манфиатҳои умумиро тасдиқ мекарданд. Равоқиёни римӣ дар тафовут аз Арасту ба манфиатҳои шахс таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд ва аз ин рe, донишҳои абстрактиро (сохтори кайҳон, диалектика, мантиқ, риторика, сарфу наҳвро) муҳокима мекарданд. Чунки онҳо ба бунёди ҳаёту фаъолияти арзанда ёрӣ расонида наметавонад. Ин uояи равоқиён бо uояҳои протестантизм бештар ҳамоҳангӣ дошт (барои маълумот: дар Аврупои асри ХVII асарҳои Сенепа 41 маротиба нашр карда шудааст).

Қаблан қайд намудем, ки идеологҳои протестантӣ маърифати табиатро танҳо дар он ҳолат эътироф мекарданд, ки агар ин маърифат ба мақсади азбар кардани хиради Парвардигор, ба таълимгирии инсон ва мавқеи e дар олам тобеъ бошад. Барои дуруст зиндагӣ кардан бояд табиатро омeхт. Масъалаи «  чӣ тарз дуруст зист?», масъалаи ахлоқӣ аст ва дар ин ҳолат вазифаҳои маърифатӣ дар як вақт равиши ахлоқӣ пайдо карданд. Масоили ахлоқӣ, ки масъалаи марказии илоҳиёт ва амалияи ҳаёти ислоҳотхоҳон гардида буд, бо ду тарз ҳал шуда метавонистанд: а) тавассути дарки бевоситаи табиати инсон; б) бавосита, тавассути омeзиши он мазмунҳое, ки Парвардигор ба олами воқеӣ бахшидааст. ҳардуи тарзҳои зикршуда баробарвазнанд, чунки табиати инсон ва оламро мувофиқи барномаи оқилона Офаридагори ягона сириштааст. Аммо дар ниҳояти кор афзалияти тарзи дунёӣ эътироф гардид, ки сабабаш инсон бо ҳама худпарастию худписандӣ ва тобтшҳои раuбатиаш маҳсули гуноҳи аввал, хости Худоро таҳрифкарда мебошад. Олами физикӣ бошад, барои ақли маърифаткунанда қонунҳои илоҳиро ба таври холис зоҳир месозад. Бинобар ин, маърифати онҳо имкон медиҳад, ки хиради Парвардигор нисбати таъиноти инсон айниятнок фаҳмида шавад.

Вале ин ҷо масъалаи дигар ба миён омад: инсоне, ки дар худ чунин ноқисиҳо дорад, чӣ тавр метавонад қонунҳои илоҳии дар табиат падидомадаро айнан маърифат кунад? Танҳо аз худписандӣ ва дигар ноқисиҳои ба хиради инсонӣ халалрасонанда озод шуда, сазовори маърифати он қонунҳои илоҳӣ шудан мумкин аст. Фалсафаи асри ХVII ба ин супориши иҷтимоии ахлоқи протестантӣ эътиботи ҷиддӣ дода, масъалаи шаффофияти хирадро ба масъалаи марказӣ табдил дод. Масалан, Паскал гуфтааст: «то кадом ҳад дар зери асорати раuбатҳо мондани маърифати ҳақиқатро дониста, ман мехостам, ки инсон он эҳсосоте, ки иродаашро идора мекунад, дар худ бад бинад»; Бенедикт Спиноза қайд мекунад: бояд «пеш аз ҳама ба он кeшид, ки чизҳоро ҳамчунон тасаввур кард, чуноне ки чӣ маъно дар худ доранд ва монеъаҳои ҷиддӣ барои дониш, аз ҷумлаи бадбинӣ, uазаб, ҳасад, писханд задан, маuрурӣ ва uайраҳо дур карда шаванд»; Декарт чор намуди мавҳумотро, Френсис Бэкон бошад, чор гурeҳи шабаҳҳоро, ки аз онҳо хиради маърифаткунандаи инсон озод бояд гардад, ҷудо кардаанд. Дар фазои илми ташаккулёфтаистодаи асри ХVII маърифтаи қонунҳои табиат ва фаъолияти оқлонаи субъект аз аввал алоқамандии ҷудонашаванда доштанд. Тафаккури аз ноқисиҳои эҳсосӣ озодгардида ҳамчун арзиши олии ахлоқӣ баррасӣ мешуд. Чунончи, Паскал навиштааст: «Бикeшем, то амиқтар биандешем: ин аст ибтидои ахлоқ». Рене Декарт боварӣ дошт, ки ҳар нафаре ки принсипи пешниҳодкардаи eро дар бораи сохтори физикии олам фаҳмидааст, мeътақид мегардад «то кадом сатҳ хирад олим моро ба камолоти ҳаёт ва таҳкими саодат аз ин ибтидоҳо метавонад расонад». Гуфтаи Рене Декарт «Ман меандешам, пас вуҷуд дорам» на ҳукми гносеологӣ, зиёда аз ин «қоидаи ахлоқӣ» аст. Б.Спиноза таъкид кардааст, ки «…аз ҳама чизи судманд дар ҳаёт – uанигардонии маърифати худ ё хирадбуда, дар ҳамин бахти олӣ ё саодати инсон устувор аст…» ҳамаи ин гуфтаҳои зикршуда бо ахлоқи протестантӣ ва равоқиён робитаи мутақобила дошт. Онҳо ба рафъ сохтани худсарии бетартибонаи раuбатҳои инсонӣ тарuиб мекарданд ва чунин музаффариятро олимони нававрупоӣ сазовор шудааст. Аммо ин музаффарият ба натиҷаҳои манфии «uайричашмдошт» оварда расонид: инсон чун «чизи андешанда», «автомати маънавӣ», (Б.Спиноза) пешниҳод гардид. Томияти ҳаёти маънавию инсонӣ ба қобилияти андешаронии e бе такя ба имону муҳаббат ба Худои Олам, фаҳмида мешуд. Дар натиҷа ҷудошавии имон ва хирад, виҷдон ва тафаккур ба вуҷуд омад. Дар инсон хосиятҳои мустақилонаю бенуқсон аз нуқтаи назари мантиқ андешидан баланд баҳогузорӣ мешуд. Чунин мавқеъ дар фалсафаи асри ХVII (Ф.Бэкон, Т.Гоббс, Р.Декарт, Б.Спиноза, Бойл ва дигарон) исроркорона ҳақ бароварда шудааст. Тафаккури аз раuбату ноқисиҳо «покшуда» ба фаъолияти мафҳумии ақл муносиббуда фаҳмида мешуд.

Фаъолияти мафҳумии ақл дар мувофиқат бо принсипҳою қонунҳои муайяни куллии тафаккур ба миён меояд. Ин фикр бошад, тасаввурот дар бораи худайниятии субъекти маърифат, гуногунияти тадбирандешии маърифатиро ба миён овард. Баъдтар дар асоси ин Иммануил Кант uояи субъекти трансенденталиро пешниҳод намуд, ки дар ташаккули тасаввурот дар бораи субъекти маърифати илмӣ нақши муҳим бозид.

Физикаи корпускуляризми механикии асри ХVII дар инкишофи худ бо ахлоқи фардиятпазири протестантӣ, ки нуқтаҳои асосии таълимоти ахлоқии равоқияро ба худ гирифта буд, аз бисёр ҷиҳатҳо алоқаманд буд. Механитсизм ҳамчун томияти физикӣ-ахлоқӣ тавлид ёфт. Френсис Бэкон навишта буд, ки «ҳақиқат ва неъмат аз ҳамдигар фақат ҳамчун мeҳр ва изи мeҳр фарқ мекунанд, чунки неъмат бо мeҳри ҳақиқат қайд шудааст ва баракс. Тeфону боришоти ноқисию изтироб фақат аз абри иштибоҳу дурeu меразад. Физикаи арастуӣ ки ҳудунокии сифатҳои ҷавҳариро ҳамчун хосияти ҳастии табиат эътироф мекард, дар асри ХVII бо назарияи корпускулярии атомистӣ иваз гардид. Сабаби ин талаботи маълумотҳои нави таҷрибавӣ набуда, балки номувофиқатии физикаи арастуӣ бо мeҳтавои динӣ-ахлоқии замона мебошад». Л.М.Косерева навиштааст, ки тадқиқотҳои илмии Р.Декарт, Бойл, Гук, Нютонро тобишнокии арзишии ҳайратоваре фарқ мекунонанд ва бинобар он, назариёти холисияти арзишии донишҳои табиатшиносӣ (аз ҷониби позитивистон ба таври муназзам инкишоф дода шудааст), назариёти пайдоишу ҷудо шудани илм аз ҷаҳони арзишҳо (аз ҷониби баъзе постпозитивистҳо инкишоф дода шудааст) ба амалияи воқеии илмӣ мувофиқ нест.

2.6.ТАЪСИРИ ДОНИШГОҳҳОИ АСРИМИЁНАГӢ БА ТАШАККУЛИ ИЛМ

Вожаи «университет» аз забони лотинӣ – univeқsitas буда, маънои «маҷмeъ»-ро дорад, ки дар забони муосири тоҷик бо «донишгоҳ» ифода мешавад,. Дар асрҳои миёнаи аврупоӣ бо вожаи университет «иттиҳодияи шаҳрии устоҳо ва косибон»-ро мефаҳмиданд, ки то давраи эҳсоси ягонагиашон ҳамчун «маҷмeи схоластҳо» арзи вуҷуд дошт. Иттиҳодияи муаллимон ва иттиҳодияи донишҷeён намунаҳои аввалини донишгоҳҳо буд. Масалан, донишгоҳи Париж ҳамчун иттиҳоди устодон ва донишгоҳи Болония ҳамчун ҷамоати донишҷeёни ҳуқуқомeз пайдо шудаанд. Ба ақидаи И.В.Захаров ва Е.С.Ляхович бо иттиҳоди устодону донишҷeён алоқаманд гардидани вожаи Univeқsitas тамоман тасодуфӣ мебошад.

Дар Аврупо донишгоҳҳо дар аввали асри ХIII пайдо шуда, дар охири аср ба марказҳои ҳаёти фарҳангии Аврупо табдил ёфтанд, ки дар онҳо ашрофони калисою дунявӣ омода карда мешуданд. Хатмкунандагони университет uояҳои илмӣ, ҳуқуқӣ ва илоҳиётро дар ҷамъият паҳн мекарданд. Дар он замона донишгоҳҳои Болония, Париж, Оксфорд, Падуя, Кембриҷ нуфузи умумиаврупоӣ пайдо карданд. Аз рeи фаъолияти зеҳниашон донишгоҳҳо маҳсули насроникунонидашудаи анъанаҳои атиқӣ буда, ба ду гурeҳ тақсим кардани фанҳои омeхташавандаро аз атиқа мерос гирифтанд: 1.Гурeҳи «санъатҳои озод», ки вазифаи ошноӣ бо маорифро иҷро мекард ва дар курсҳои поёнӣ гузашта мешуд. Ин гурeҳ ду дараҷа дошт а) тривиум ё худ се роҳи ба хирад расидан: риёзиёт, риторика, мантиқ; б) кадривизм ё худ чор роҳи ба хирад расидан: арифметика, геометрия, астрономия, мусиқӣ; 2.Худи фанҳои маълумотдиҳанда: ҳуқуқ, фалсафа. Аммо донишгоҳҳои асримиёнагӣ мазмуни маълумотро ба илоҳиёти насронӣ мутобиқ гардонидаанд: дар гурeҳи «санъатҳои озод» се навъи фалсафаро, ки ба таълимоти Арасту асос меёфт (табииёт, ахлоқиёт, илоҳиёт, метафизика)-ро ҷорӣ намуданд, дар факултаҳои болоӣ дар қатори ҳуқуқ ва фалсафа, инчунин илоҳиёт омeхта мешуд. Дар асрҳои минбаъда донишгоҳҳои асримиёнагӣ кeшиш мекарданд, ки чор «факултаи классикӣ» – санъат, илоҳиёт, ҳуқуқ, тиббӣ – дошта бошанд.

Матнҳои Арасту ба гуруҳи фанҳои факултаҳои «санъатҳои озод»-и ҳамаи университетҳо (донишгоҳҳо) якбора ворид нашудааст. Дар асри ХII илоҳиётшиносон таълимоти Арастуро бо ҳарос пешвоз мегирифтанд. (Р.Бэкон, В.Оккам муқобилони ашадии Арасту буданд; дар соли 1270 калисо 13 қазияи таълимоти арастуии аверроесистиро маҳкум намуд; франсискансҳо онро дар асрҳои ХII-ХIV умуман маҳкум намуданд; дар донишгоҳи Париж омeхтани асарҳои Арасту то соли 1255 манъ карда шуда буд). Аммо аз нимаи асри ХIII фалсафаи арастуӣ дар ҳамаи донишгоҳҳои Аврупо (дар соли 1400 наздик ба 40 адад донишгоҳ буд) омeхта мешуд. Дар он марҳала ин фалсафа рамзи расмию маъмули калисо ва асоси назариявии схоластикаи асримиёнагӣ гардид.

Донишгоҳҳои ҷануби Аврупо (Болония, Падуя ва u) аз донишгоҳҳои Аврупои Шимолӣ (Париж, Оксфорд ва u) бо он фарқ мекарданд, ки аз сабаби то асри ХV набудани профессорон-илоҳиётшиносон байни факултаҳои санъат ва илоҳиётшиносӣ ихтилоф ба вуҷуд наомадааст.

Вобаста ба масоили таъсири донишгоҳҳои асримиёнагӣ ба ташаккули илм ду нуқтаи назар мавҷуд аст.

1.Илм берун аз низоми анъанавии академиявӣ пайдо шудааст. Вай дар муҳите ба вуҷуд омад, ки дар он ҷо натурфалсафаи Арасту бо манзараи динии олам аз назари насронӣ-схоластикӣ ҳукмфармо буд. Нуфузмандони зеҳнии ин донишгоҳҳо ки аксарияташонро схолатҳо ва устодони фанҳои гуманитарӣ ташкил медод, ба табиатшиносӣ мақоми ба фанҳои худашон баробар, алалхусус ба илоҳиёт баробарбударо додан намехостанд. ҳамчунин ҳолати ногувори илм дар донишгоҳҳое низ мушоҳида мешуд, ки афлотуниён назар ба арастуиён бартарӣ доштанд. Чунончи, афлотуниёни донишгоҳи Кембриҷ назари механистӣ ба табиатро қабул карданд, аммо бо чандин тавзеҳоти муҳим пешбарӣ намуданд: дахолати доимии Худо зарур аст, чунки амали танҳо худи қонунҳои механикӣ бо мурури замон оламро ба бенизомӣ меоварад. Бинобар он, афлотуниёти Кембриҷӣ манзараи механистии оламро, ки дар фалсафаи Гассенди, Декарт, Гоббс ҳақ бароварда мешуд, танқид намуданд. Чунки дар ин дидгоҳ дар бораи принсипҳои ҳақиқии ҳаракат – дар бораи рeҳониёт ва нерeи ҳаётӣ сухане намеравад. Ин муттафаккирон, ба ақидаи олимони Кембриҷ, аз файласуфони ҳақиқӣ ҳамон қадар фарқ доранд, чи хеле ки ҷасад ё соатҳои механикӣ аз инсони зинда тафовут доранд».

Инчунин далели он, ки донишгоҳҳо ба ташаккули илмҳо саҳм нагузоштаанд, ин аст: «дар бунёдёбии табиатшиносии нав одамони бисёре бо маънавиёти озоду дур аз анъанаҳои кeҳани ҳаёти донишгоҳӣ заҳмат кашидаанд. Коперник, Кеплер, Тихо, Герике, Абрикола, Левенгук, Грю ва бисёр дигаронро номбар кардан кифоя аст… Донишгоҳҳо баъзан ба тадқиқотҳои илмӣ-табиӣ ошкоро манфӣ муносибат мекарданд».

2.Донишгоҳҳои асримиёнагӣ ба ташаккули илм таъсир расониданд. Далелҳои тарафдорони ин нуқтаи назар чунин аст: а) донишгоҳҳо «донишмандии китобӣ»-ро инкишоф доданд, аммо дар тафовут аз дайрҳо (монастирҳо) онҳо китобро на ҳамчун хазинаи хиради илоҳӣ, балки ҳамчун воситаи маърифат қабул мекарданд. Ин имконият медод, ки матнҳо озодона тафсир карда шаванд. Дар донишгоҳҳои асримиёнагӣ схоластика ё навъи фалсафаи динӣ ҳукмронӣ мекард, ки дар муттако бо илоҳиёт ва методи ҳамҷоясозии заминаҳои догматикӣ бо тавсири ақлӣ ба матраҳи шаклӣ-мантиқӣ, ки қоидаҳои тафаккурро ҷиддӣ риоя мекунад, диққати махсус зоҳир менамуд. Схоластикаи дар онҳо ҳукмрон буд ва дар ҳамҷоягӣ бо таҳлили мантиқӣ заминаи зарурии ташаккули тафаккури илмӣ гардид. б) инкор кардани имконияти пайдоиши илм дар донишгоҳҳои асримиёнагӣ дар асоси қабул намудани манзараи механикии олам аз ҷониби афлотуниён на чандон мақбул аст. Масалан, яке аз асосгузорони илми Замони нав  Исаак Нютон, ҳамчунон ба манзараи механикии олам, ки аз ҷониби Рене Декарт пешниҳод шуда буд, норозигии худро баён кард. Сабаби чунин эътирози  Исаак Нютон эътиқоди e ба мавҷудияти uайр аз материяи мутаҳаррик ба ибтидои фаъол, ки хислати uайримеханикӣ дорад, равон шудааст. Дар «Ибтидоҳо» ном асараш  Исаак Нютон қувваи ҷозибаро физикӣ не, балки «риёзӣ» номида, аз маънидоди табиати ин қувваҳо худдорӣ намудааст. Яке аз сабабҳои чунин мавқеи эҳтиёткоронаи  Исаак Нютон бо муносибати манфии калисо нисбати таълимот дар бораи қувваи ҷозиба мебошад, ки онро калисоҳо мулҳид эълон карда буд: агар ҳама ашёҳо дар табиат ба таъсири кадом як қуввае итоат дошта бошанд, пас «барои идораи илоҳии олам ҳеҷ чиз боқӣ намемонад ва Худо аз ин сабаб то дараҷаи тамошобини бозии амалии ин қувваҳо поён фароварда мешавад». Қувваҳои ҷозибаро ҳамунин риёзӣ маънидод карда,  Исаак Нютон «заррае ҳам ба тарафи Худо ҳамчун ба офаридгор ва ҳокими мутлақи олам зарар наовард»; в) дар Оксфорд (асрҳои ХII – ХIV), ки мантиқ афзалиятнок бо риёзиёт ва нуҷум алоқамандии ногусастанӣ дошт, олимон Р. Гросситест, Роҷер Бэкон ба тадқиқоти таҷрибавии рeшноӣ оuоз намуданд. Роҷер Бэкон (асри ХIII) ба фазои исботи илмӣ – мушоҳида ва озмоишро ворид сохт, ки бо мақсади дарёфти таносуби риёзии олами табиӣ истифода мешуд. E кeшидааст, ки робитаи байни санъатҳои озод ва механика, илм ва техникаро муайян созад. Аммо Р.Бэконро асосгузори озмоишгузаронии илмӣ ҳисобидан чандон ҷоиз нест. Албатта таҷрибаҳо бо рeшноӣ гузаронида шуданд, бегуфтугe ин қадами навоварона буд, аммо баъзе поффесорони донишгоҳ натиҷаҳои тадқиқотҳои таҷрибавиро қабул кардан намехостанд. Онҳо тамоми ҳаёташонро танҳо барои мутолеаю тафсири матнҳои қадим сарф намуда, аз масъалаҳои ҳаётие, ки берун аз донишгоҳ вуҷуд доштанд, худро дар канор мегирифтанд; г) дар донишгоҳҳои асри ХIII аввалин бор кeшиш намуданд, ки назарияи «дугонагии ҳақиқат»-ро, яъне назарияи ҳаммавҷудии ҳақиқатҳои имон ва хирадро баррасӣ кунанд.

Барои фаҳмидани сабабҳои маҳсулнок гардидани ин принсипҳо илм бояд ба се савол ҷавоб пайдо намоем: а) принсипи дугонагии ҳақиқат чӣ мазмун дорад?; б) ин принсип бо кадом зарурат ба схоластҳои асримиёнагӣ лозим буд?; в) ин принсип дар ҷараёни ташаккулёбӣ ва қонунигардии донишҳои илмӣ кадом нақшро пайдо кард.

а) Принсипи дугонагии ҳақиқат аз эътирофи ҳуқуқи «хиради муқаррарӣ» дар қатори имони насронӣ, ки ба каломи Худо асос меёбад, иборат аст. Хиради муқаррарӣ – ин хиради инсон аст, ки Худо барои маърифати қонунҳои табиат ба e ато кардааст. Зарурати ваҳйи илоҳӣ, мувофиқи ақидаи Фомаи Аквинӣ, дар он аст, ки ҳақиқатҳои муҳимтарини илоҳиёт ба хирад дастрас нестанд. (Худои сегона – Падархудо, Писархудо, Рeҳулқудс (Рeҳи Муқаддас), ба инсон табдилёбии Исои Масеҳ ва uайра).

б) Тавассути ин принсип схоластикҳои асримиёнагӣ имконияти ворид кардани таълимоти арастуиро ба сохтори ҷаҳонбинии асримиёнагӣ бе назардошти тафриқаи ошкороашон ҳақ мебароварданд: Арасту зарурати табииро барои маънидоди ҳамаи зуҳуротҳои дар олам падидомада басанда дониста, маърифати илмиро ҳамчун навъи олии фаъолият медонист. Агар илоҳиётшиносони ибтидои насрония чунин амалро ҳамчун «ба чашм хок пошидан» қабул карда бошанд, пас Фомаи Аквинӣ дар асоси назариёти дугонагии ҳақиқат таълимоти Арасту дар бораи маърифати илмиро ҳақ баровард.

в) Мулоҳиза «аз рeи мантиқи муқаррарӣ» ба схоластика ҷойгир шуд, аммо бо баъзе истисноҳо: донишҳои хиради муқаррарӣ, ки аз таҷриба ва исботи индуктивӣ ҳосил шудаанд, метавонанд танҳо ҳамчун эҳтимолӣ қабул гарданд, на ин ки ҳақиқӣ. Яъне барои схоластикаи асрҳои ХII-ХIII донишҳое, ки тавассути хиради муқаррарӣ ҳосил шудаанд ва донишҳое ки аз вайҳи илоҳӣ нозил шудаанд, баробарҳуқуқ нестанд. Вале худи эътирофи имконияти ҳаммавҷудии донишҳои табиӣ ва нозилшудаи илоҳӣ аллакай барои устуворгардии ҳуқуқи табиатшиносӣ роҳ кушод. Минбаъд хиради муқаррарӣ бо вайҳи илоҳӣ ва нуфузи калисо дар як саф гузошта шуд. Дар давраи Эҳё хирад аз донишҳои вайҳи илоҳӣ бартар дониста шуд ва ин амал барои қонунигардии илму кeшишҳояш дар маърифати ҳақиқат роҳи васеъ кушод.

Дар ҳар сурат илми Замони Навро танҳо зодаи донишгоҳҳои асримиёна ва давраи Эҳё ҳисобидан комилан дуруст нест. Чунки илми Замони Нав, чуноне ки қаблан зикр намудем, беивазшавии манзараи муназзами асримиёнагии олам бо манзараи нав, ки оламро кушод, аз низомияти мутлақ озод ва инкишофёбанда баён мекард, имконнопазир буд. Чунин гузариш ба тарзи таҳаввулотӣ дар андешаи ин ё он схолат-олими донишгоҳӣ пайдо шуда наметавонист ва ҳатто агар фарз кунем, ки ба сари ягон нафаре фавқуллода фикр дар бораи бартараф кардани низоми сохторӣ пайдо мешуд, он гоҳ илоҳиётшиносони асримиёнагӣ ба паҳншавии ин «сафсатагeӣ» дарҳол «монеъа» мешуданд. Мартин Хайдеггер вобаста ба ин қайд мекунад, ки вожаи муосири «илм» маъное дорад дар қиёс бо «doctқina u scientia» (доктрина ва илм )-и асримиёнагӣ ё «episteme» (дониш)-и юнониён меояд. Гадамер бошад, иброз дошт, ки «илми Замони Нав ба шаклҳои донишҳои юнонӣ ва Uарби насронӣ ҷудоии қатъӣ ба вуҷуд овард».

2.7. МАСЪАЛАИ ТАҶРИБАИ ИЛМӢ: ТАҶРИБАГАРОӢ ВА ОЗМОИШГАРОӢ

(ЭМПИРИЗМ ВА ЭКСПЕРИМЕНТАЛИЗМ)

Тадқиқотҳои таҷрибавӣ ҳанeз то пайдоиши илм вуҷуд доштанд. Эмпиризм ҳамчун методология аз Арасту оuоз гардидааст, ки e чун Демокрит аҳамияти маърифати таҷрибавиро ҳамчун мушоҳидаи табиати атроф эътироф намудааст. То Арасту uояи афлотунии дарки моҳиятҳои идеалии «холис» ҳукмрон буд ва предмети ягонае, ки талаботи назариётро қонеъ мекард ин мабдаи абадии ҳамаи табдилоти оламро муайянкунанда буд. Омeзиши ин «нахустмабдаъ» воситае барои ҳалли масъалаҳои ахлоқӣ-ҷаҳонбинӣ буд. Дар истифода ба омeзиши табиат ин uояи маърифатӣ метавонист танҳо дар таҳқиқи соҳаи илоҳии ҳаракатҳои осмонӣ амалӣ шуда тавонад. Арасту аз он натиҷагир шуд, ки ҳамаи ашёҳои алоҳидаи таuйирёбанда ва муваққатию даргузар худашон, на ин ки баҳри ҳалли ягон масъалаи ахлоқӣ шоистаи маърифат кардан мебошанд. Арасту – методологи нотакрори услуби таҷрибавӣ-тафсирии тафаккури илмӣ аввалин олими атиқа буд, ки илм дар бораи табиат – физикаро асос гузошт ва инчунин дар он масъалаи марказиаш – ҳаракатро ҷудо намуд. Эътирофи он далел, ки ҳаракату таuйирот ба табит хос мебошад, Арастуро ба хулосае овард, ки физикаро дар заминаи риёзиёт сохтан номумкин аст, чунки риёзиёт «робитаю муносибатҳои статикӣ (устувор, доимӣ)»-ро меомeзад. Барои Арасту заминаи дониши ҳақиқӣ дар бораи олами воқеӣ «на тарҳрезиҳои зеҳнии риёзӣ, балки идрок мебошад. ҳамчунин барои e заминаи дониши ҳақиқӣ дар бораи олами воқеӣ на мулоҳизаҳои априории геометрӣ, балки таҷриба аст». А.Койре менависад, ки илми арастуӣ «ба дарки ҳиссӣ асос ёфта буд ва ҳақиқатан таҷрибавӣ буд. Он ба таҷрибаи ҳаётии эътирофи умумигашта нисбат ба илми Галилей ё Декарт мувофиқати беҳтар дошт». Вақте гуфтанӣ мешавем, ки Арасту «табиат»-ро меомeхт, бояд ба инобат гирифт, ки он дар юнониҳои атиқа ба мафҳуми ҳозираи «табиат» мувофиқ намеомад. Онҳо ба мафҳумҳои «фюзис», «космос», ки мавҷудияти хусусияти сифатии ҳар як ашё ва ҳар як кадом моҳияти ашёро ифода мекарданд, мавриди истифода қарор медоданд. Маърифати «фюзис» барои дарки сифати ашё, хусусияти таъинотӣ, мақсад ва вазифаҳои он равона карда шуда буд. Донишҳо дар бораи «фюзис» ба донишҳо дар бораи ашёҳои сунъӣ (тэхне), ки ҳамчун маърифати табиат қабул карда намешуд, зид гузошта мешуд. Таҷрибаҳои Архимед ва механикаи e ба тэхне мутобиқ дониста мешуд. Методологияи эмперизм ин методологияи муроқиба, яъне дахолат накардан ба раванди табии чизҳо, эътирофи дахолатнопазирии табиӣ мебошад. Ва бинобар ин, дарки таҷрибавӣ, ки дар доираи чунин методология гузуронида мешавад, набояд бо озмоишӣ айният дода шавад.

Имконияти истифодаи озмоиш ва мушоҳидаро натурфалсафаи асримиёнагӣ, махсусан схоластикаи минбаъда истисно намекард. Ин амал бархилофи афзалияти муқаррарот, ки мувофиқи он ҷавоби ҳамаи саволҳои инсонӣ аллакай дар матнҳои Навиштаҷоти муқаддас ва ривоят мавҷуд асту бо роҳҳои дарёфти мантиқӣ ва филологӣ, ақлӣ ва uайриақлӣ маънои онҳо ба даст овардан мумкин аст, ба миён омад. Тадқиқотҳои таҷрибавӣ чунин «ҳақ» бароварда мешуданд: Худо табиатро офарид ва инсон ба таҳқиқи таҷрибавии табиат машuул шуда, дар як вақт Худоро низ дарк мекунад. Аксари олимони асримиёнагӣ, масалан Роҷер Бэкон ва Гроссетест бо маърифати таҷрибавӣ машuул шуда, аз такя ба нуфузи Навиштаҷоти муқаддас худдорӣ намудаанд. Бинобар ин, дар бораи «эмпиризми схоластикӣ» сухан рондан ҷоиз аст. Аммо, чуноне ки муҳаққиқи рус А.В.Ахутин қайд мекунад, аз ин ҷо набояд хулоса кард, ки олимони асримиёнагӣ (Р.Бэкон, Госсеттест ва дигарон) таҳкурсии «илми таҷрибавӣ-озмоишӣ»-ро дар фаҳмиши муосираш гузошта бошанд. Онҳо дар доираи ҷаҳонбинии насронӣ меандешиданд, зарурат ва ҳатто афзалияти дарки таҷрибавии «ҳақиқатҳои илоҳӣ»-ро тавассути мушоҳидаи тартиботи эъҷозшуда тасдиқ менамуданд. ҳеҷ афроде аз онҳо ба низоми сохтории «илмҳои асримиёнагии бо илоҳиёт ва метафизикаи роҳнамоикунанда» сeиқасд накардаанд. Эмпирия (таҷрибаи натуралистӣ) барои олимони асримиёнагӣ ҳамчун «канизак»-и донишҳои муқаддас, зинаи гузариш ба таҷрибаи ирфонии дарки бевоситаи ҳақиқатҳои илоҳӣ барои муроқибаи ботинӣ ва таҷҷалиёбанда лозим буд.

Заминаҳои иҷтимоӣ-мадании пайдоиши усули озмоишӣ (таҷрибагузаронӣ) ва муттаҳидшавии он бо тафсири риёзии табиат: Галилео Галилей, Фрэнсис Бэкон.

Методологияи озмоишгароӣ (экспериментализм) дар тафовут аз методологияи таҷрибагароӣ (эмпиризм) имконӣ ва барҳақ будани дахолати инсонро ба рафти табии ҳодисот бо мақсади зеҳнӣ дар он ҷудо кардани «объекти идеалӣ», эътироф менамояд. Озмоиш, ки дар асоси он илми Замони Нав бунёд гардидааст, шароити «лобораторӣ»-ро дар назар дорад. Ин шароит барои ҷудо сохтану назорат кардани низоми тадқиқшаванда мусоидат хоҳад намуд. Дар рафти озмоиш олим воқеияти физикиро идора намуда, онро маҷбур мекунад, ки аз рeи «рeзнома»-и назариявӣ амал намояд. В.Гейзенберг қайд мекунад, ки озмоиш ин тарзи гузориши «саволҳои мушаххас ба табиат» буда, ҷавоби онҳо бояд дар бораи қонуниятҳо иттилоот диҳанд.

Пайдоиши озмоишро бо номи Галилео Галилей алоқаманд медонанд. Дар атиқа дар зери мафҳуми таҷриба таҷрибаи ҳаётии эҳсосӣ-идрокӣ ва дар асрҳои миёна таркиббандӣ аз маълумотҳои таҷрибавиро, ки дар доираи ҳақиқати вайҳи ҳосил шудааст, фаҳмида мешуд. Барои Галилей «таҷриба» ин таркиббандии зуҳуроти муайяне дар асоси маълумоти таҷрибавӣ ва заминаҳои муайяни назариявӣ мебошад, ки аз ҷониби худи олим ифода карда шудааст. Галилей ҳиссиётро таuйири хиради муҳаққиқ дарёфтааст. Акнун маърифаткунӣ на ба назариёти зеҳнӣ-муроқибавию мушоҳидаи таҷрибавии аз ҳама гуна заминаҳои назариявӣ ҷудогашта марбут дониста мешуд. Галилео Галилей сохтори расмии офаридани назарияҳоро, ки Евклид ихтироъ карда буд, аз нав муайян сохт: e аввал объектҳои ибтидоии идеалӣ (қувва, нуқтаи моддӣ ва uайра) офарида, баъд аз ин онҳоро барои офаридани объектҳои идеалии «дуюм» ки ба сифати он модели зуҳуротҳои табиат баромад мекарданд, истифода мебурд. ҳалли масъалаҳои аз Арасту расидаи тавсири афтиши сангро Галилей на аз мушоҳидаи таҷрибавӣ, балки аз фарзияи назариявӣ оuоз намуд, ки мувофиқи он «табиат кeшиш мекунад, ки дар ҳамаи ҷиҳозҳои хурд воситаҳои соддатарин ва осонтаринро истифода барад». «ҳангоме ки ман, – менависад e, – ҳис мекунам, ки санги баланди афтидаистода боз ва боз ҳам афзоиши суръатро доро мегардад, оё андешиданам лозим нест, ки чунин вусъатёбӣ дар шакли соддатарин ва ошкоро ба дигар ашёҳо рух медиҳад? Афзоиши соддатарине нест чун афзоише, ки мунтазам суръат мегирад». Тахминҳои назариявӣ (новобаста аз он, ки аз эпикуриҳо ё аз равоқиҳо қабул шудааст) дар бораи он, ки афзоиши суръати ҷисми афтанда доимо мунтазам аст, барои созмони озмоиши фикрии физикӣ асос мебошад, ки дар раванди онҳо объектҳои ибтидоии идеалӣ – ҷисм, ҳаракат дар ҷои холӣ, муҳит ва uайра – офарида мешаванд. Тавассути ин объектҳои ибтидоии идеалӣ Галилей модели идеалии зуҳуршавии ҳодисаи физикии афтиши ҷисмро меофарад ва баъд онро ба таркибдиҳии муҳандисӣ, аз қабили ҳамвориҳои суфтаи моил, кураҳо ва монанди инҳо табдил медиҳад.

Дар чунин «табдилёбӣ» хусусияти озмоиш ифода меёбад: модели идеалии назариявӣ ва «маводи таҷрибавӣ» алоқаманд мебошанд. Вай озмоиши моҳият (сохти идеалии риёзии объектҳо) ва мавҷудият (ашёҳои воқеии эҳсосшаванда)-ро муттаҳид месозад: «агар ба сифати объектҳои идеалии риёзӣ моҳият эътироф шавад, пас лаҳзаи мавҷудият ба ихтиёри ашёҳои воқеии эҳсосшаванда хоҳанд монд ва озмоиш ҳамчун василаи воқеии муттаҳидшавии онҳо – моҳияти идеалӣ мегардад, ки дар дигаргунсозии воқеии танқидии ашёи воқеӣ ошкор мегардад». (А.В.Ахутин).

Галилей нахустин шуда фаҳмид, ки дар илм мавҷудиятро танҳо ба объектҳои «моҳиятӣ» (идеалӣ), ки дар озмоиши таҷрибавӣ иҷро ва ба тариқи риёзӣ ифода мешаванд, муносиб дидан мумкин аст. Дар акси ҳол, идеалисозиро бо муайянияти пуррааш илмӣ ҳисобида намешавад. Шаъигардии таҷрибавии идеалисозӣ – ин талаботи қатъии гносеологии илмҳои озмоишӣ мебошад. Модели идеалӣ дар як вақт тарзи «дигаргунсозӣ»-и ашёҳои воқеӣ (озмоиши фикрӣ) ва тарзи маърифати онҳо мебошад.

Озмоиш ду дараҷа дорад: 1) озмоиши фикрӣ, ки бо баасосгирии принсипи назариявии муайян ё тахмин оuоз мегардад ва ҳамчун тасвири сунъии мақсадноки раванду ҳаводиси табии дар намуди моделҳои идеалӣ, ки таuйири шаклию назорати бошууронаи рафъи аломату ҷуъиёти ин ҳаводису равандҳоро дар назар дорад, ба миён меояд; 2) озмоиши воқеӣ, яъне иҷрои техникии озмоиши фикрӣ. ҳар дуи ин дараҷаҳо робитаи ногусастанӣ дошта, тобеи мақсади ягона мебошанд – тасдиқи ин ё он қонун ва ин ё он тахмини назариявӣ. Мартин Хайдеггер қайд мекунад, ки «озмоиш тарзи амалест, ки дар омодагӣ ва иҷроишаш бо қонунҳои ба асоси он гузошташуда асоснок гардидааст, онро дастурамал қабул кардааст ва мақоми он маълум сохтани далелҳое мебошад, ки қонунро тасдиқ ё инкор мекунад».

Аммо ин ҷо сухан дар бораи тасдиқи (ё инкори) озмоишии қонун дар доираи фаҳмиши муайяни табиат меравад, ки дар маданияти нававрупоӣ ҳамчун «низоми дар худ сарбастаи маҷмeи нуқтаҳои мутаҳаррикӣ дар вақту фазо самтгирифта» мебошад. Чунин «тасвири нотакрори табиат» чунин таърифотро дар бар мегирад: «ҳаракат ҷойивазкунӣ дар фазо мебошад; ҳеҷ гуна ҳаракат ва самти он дар байни дигаронаш фарқ намекунад; ҳар як ҷой дар фазо ба ҳар яки дигараш шабеҳ дорад; ҳеҷ як лаҳзаи вақт дар назди дигараш бартарӣ надорад; ҳар як қувва, вақт … он чизест, ки вай ба маънои ҳаракат дода метавонад, яъне … ба маъноии бузургии ҷойивазкунӣ дар фазо ба воҳиди вақт мебошад. Дар дохили ин тасвири умумии табиат бояд ҳар кадом раванди табиӣ ҷои худро пайдо кунад» (М. Хайдегер) ва дар дохили ин тасвири умумии табиат озмоиш имконпазир аст. Озмоиш усули маърифати илмӣ аст, ки тавассути он дар таркиббандии пешакии назариявӣ ва баъди он шароитҳои аз ҷиҳати технологӣ назоратшаванда доир ба хосиятҳои объектҳо, ҳаводис ва инчунин робитаи онҳо (пеш аз ҳама робитаҳои сабабӣ) дониш гирифта мешавад.

Галилей озмоишро бо маънидоди риёзӣ алоқаманд намуда, ба идеалисозии физикӣ хусусияти риёзӣ бахшид. ҳамчун пифагориҳо e мeътақид буд, ки қонунҳои табиат ба забони риёзӣ навишта шудаанд. Аммо барои юнониҳои атиқӣ риёзиёт ягона илми асил буд, ки чуноне риёзидони олмонӣ Герман Вейл қайд кардааст, «хосиятҳои назариявӣ-ададӣ»-ро ки ҳамчун сарчашмаи қувваҳои ирфонии адад хизмат мекарданд, меомeхт. Барои Галилео Галилей дар табиатшиносӣ ирфони ададӣ не балки «хосияти онҳо ба сифати бузургӣ» аҳамият дорад. Ин нуқтаи назарро пеш аз Вейл ҳанeз Лейбниц иброз карда буд. E тасдиқ мекунад, ки ададҳо вобаста ба хусусияти бузургӣ доштанашон метавонанд ба маънидоди табиат кашида шаванд. Баъдтар Эдмунд Гуссерл низ тасдиқ намуд, ки Галилей риёзиётро ба «техникаи тадқиқотӣ» ва тарзи мукаммалтарини маърифати миқдории паҳлeҳои ҳаводису равандҳо табдил дод. Бо ёрии баробариҳои риёзӣ ҳаракати кураро дар рeи ҳамвории моил тасвир намуда, Галилео Галилей намунаи риёзии маънидоди озмоишро пешниҳод намуд. E аз абстраксияҳои дарози вақт, суръат, ки чен кардан ва бо аломаҳои риёзӣ ифода намудан мумкин буд, истифода карда, масъала гузошт – қонунҳои табиатро тавассути муносибатҳои риёзии таuйирёбандаҳои ченшаванда ифода карда шавад. Eро масъалаи «барои чӣ ашёҳо ҳаракат мекунанд?» ҷалб накарда, балки «онҳо чӣ хел ҳаракат мекунанд» мутаваҷҷеҳ сохтааст. Таваҷҷуҳи илмии e на ба дарёфти сабабҳои мақсадию расмӣ, ки ба моҳияти сифатии предмет вобаста аст, балки ба омeзиши сабабҳои амалкунанда, ки маънидоди миқдориро имкон медиҳанд, равона карда шудааст. Галилео Галилей ба табиатшиносии озмоишӣ-риёзӣ асос гузошт.

Аммо ҷаҳони хосиятҳои аз назари риёзӣ тасвирёбанда олами ҳаёти инсон шуда наметавонист. Дар ин универсиуми механистӣ инсон тасодуфан ҷой ишuол намудааст ва олам бошад, дар ин ҳол бе e вуҷуд дошта метавонад. Олами фардӣ, олами донисташаванда, олами арзишҳои маънавӣ, эҳсосоту андешаҳо, олами даркшудаву озод робитаи худро ба олами илм, ки дар он сабабият ҳукмрон аст, гум мекунад. Манзараи илмии олам – ин оuози расидан ба олами васею фарохи таҷрибаи инсонӣ, ба он оламе, ки дар он одамон худашонро бо ҳаловату гуворо эҳсос мекунанд ва бо он робитаи ногусастанию ботинӣ доранд. Олами илм, ба таъбири Френсис Бэкон, мубталои чунин озмоишҳо мешавад, ки вай бетанаффус асрор ва розҳои худро мекушояд: ва фақат ҳамин олам – олами объекту предмети ҷазбкунии технологӣ мебошад.

Бо инкишофи илм таҷассумкунонии табиат маҳдуд намегардад. Қадам ба қадам ин раванд тамоми соҳаҳои нави дониш ва табиати зинда, ҷамъият ва ахиран инсонро дар худ фаро гирифт. Эдмунд Гуссерл менависад, ки «Галилей ягона олами воқеӣ ва ба тарзи таҷрибавӣ эҳсосшаванда, дар олами таҷриба мавҷуда – олами ҳаёти ҳаррeзаи моро ба олами моҳиятҳои идеалӣ, ки бо риёзиёт асоснок карда мешавад, иваз намуд». Дар чунин «ивазкунӣ» моҳияти маърифати илмӣ маълум мешавад. Г.Коген, Т.Наторп, Э.Кассирер (кантчиёни ҷадид) Галилео Галилейро асосгузори на танҳо илми нав, инчунин пешгузаштаи  Иммануил Кант медонанд. Чунки пеш аз Иммануил Кант вай нишон дод, ки илм предемети худро ба вуҷуд меоварад, воқеияти тадқиқшавандаро дар намуди моделҳои идеалӣ меофарад. Илова бар ин, бояд қайд кард, ки вазифаи илм танҳо ҷамъбасти таҷрибаҳои озмоишӣ намебошад.

Истифодаи ба тарзи риёзӣ ифодаёфтаи назарияю озмоишҳо, ки аз Галилей оuоз ёфта буд, аз ҷониби  Исаак Нютон давом дода шуд. Физикҳои ибтидои асри ХХ инчунин робитаи ногусастании байни ҳодисаҳои озмоишии сохторҳои риёзиро тасдиқ намуданд. Н.Бурбаки (ҷамъоварандаи тахаллусҳои риёзидонҳо дар Франсияи ибтидои асри ХХ) ин делелро шарҳ дода навишта буд, ки «дар шакли аксиоматикиаш риёзиёт маҷмeи шаклҳои абстрактӣ – сохторҳои риёзӣ мебошад. Баъзе ҷанбаҳои воқеияти озмоишӣ гeё дар натиҷаи муайянсозӣ ба баъзе шаклҳо вогузор мешавад… ба мо сабабҳои ин тамоман маълум нестанд… мумкин, ки мо онҳоро ҳеҷ гоҳ дониста натавонем». Озмоиш ба хазинаи усулҳои маърифати илмӣ ба сифати яке аз воситаҳои асосиаш дохил гардид. Дар асри ХХ Н.Бор бо ҳамроҳии Алберт Эйнштейн масъалаҳои гносеологии физикаи атомиро муҳокима намуда, навишта буд: «бо истилоҳи «озмоиш» мо чунин вазъиятро ишора менамоем – мо дигаронро хабардор кунем, ки маҳз мо чӣ кор кардем ва маҳз мо чиро донист тавонистем».

Кашфи илми таҷрибавӣ-озмоиширо аксар вақт ба амали Галилео Галилей не, балки ба файласуфони ҳамзамони e Френсис Бэкон нисбат медиҳанд. Френсис Бэкон uояи зарурати табиатшиносии таҷрибавиро пешниҳод намуда, таҷрибаҳои илмиро ба «самарабахш», ки ба истифодаи технологӣ муносибат дорад ва ба «нурбахш», ки ба илми холис вобаста аст, ҷудо мекунад. Аммо Френсис Бэконро асосгузори илмҳои озмоиши номидан мушкил аст. Френсис Бэкон бар хилофи Галилео Галилей ақида дошт, ки илм мушоҳидаро бе тахминҳои назариявӣ тасниф менамояд, роҳ ба сeи кашфиётҳои илмӣ тавассути индуксия (мушоҳида ва ҷамъбасти натиҷаҳои он) мебошад. Бинобар ин, вай метавонад ба тарзи механикӣ бе сохтани моделҳои идеалӣ ба амал ояд. Френсис Бэкон ба тарзи назариявӣ дар илм ба таҷриба такя намуданро қайд кард. Аммо маърифати таҷрибавиро то шакли озмоиши илмӣ расонида натавонист. ҳатто uояи таҷрибаҳои «самарабахш» аз ҷониби e то дараҷаи пешниҳоди амалӣ расонида нашуд.

Чанде аз ҳолатҳои ба пайдоиши uояи озмоиш мусоидаткунандаро номабар мекунем: 1) дар асрҳои миёна илмияти схоластикӣ аз амалияи касбӣ, ки аз асрори технологияи истеҳсоли ашёҳо ва олоти меҳнат бархурдор буд, дар канор буд. Дар давраи Эҳё ҳудуди байни илмияти дар канормонда ва фаъолияти косибӣ бартараф карда шуд. Чеҳраҳои нави илмии пайвасткунандаи илми «аъло» бо санъати косиб (масалан, Леонардо да Винчи) пайдо шуданд, ки амали онҳо ҳамчун пайравӣ ба истеъдоди Худо фаҳмонида мешуд. Ин вазъ барои озмоишҳо дар илм роҳи васеъ кушод, фаъолияти олими озмоишкор ҳамчун миқёси хурди ҳамшабеҳ ба офариниш баррасӣ мешуд. Чунин офариниш барои дар табиат маърифат кардани қонунҳои оқилонаи илоҳӣ равона карда шудааст; 2) дар асри ХVII аз ҷониби дин мамнуъ эълон шудани тасаввурот дар бораи «берeҳӣ» ва механистӣ будани табиат сабаби устувор гардидани ақидаҳо доир ба зарурати маърифати қонунҳои оқилона дар табиат шуд. Барои донистани ин қонунҳои оқилона мушоҳида лозим набуда, балки «таҳқиқи пешакӣ»-и ба худ хос, ки дар он инсон ба табиат савол дода, барои ба онҳо ҷавоби муносиб гирифтан объектҳои табииро мувофиқи саволҳои додашуда ва ҷавобҳои эҳтимолӣ фаъолона дигаргун месозад; 3) принсипи судҷeӣ, ки дар маданияти протестантӣ собит гардида буд, заминаҳои ахлоқии пайдоиши озмоишро ба вуҷуд овард. Бенедикт Спиноза дар асараш «Ахлоқ» («Этика») менависад, ки «назардошти судҷeии мо талаб намекунад, ки ҳеҷ чизи табииро uайр аз инсон дифоъ намоем. Аммо моро ба ҳифз, маҳвсозӣ ва истеъмоли он барои эҳтиёҷотамон муттаносибан бо дигар фоидаҳо, ки аз ин ҷо бармеояд, меомeзонад». Мувофиқи ин муқаррароти ахлоқӣ дар асри ХVII озмоиш дар соҳаҳои табиати ҷамодот, наботот ва ҳайвонот иҷозат дода мешуд; 4) тасавуурот дар бораи ҳамҷинсии таркибии фазо ва вақт, барбод додани муқобилгузории соҳаҳои осмонӣ ва заминӣ шарти ташаккули озмоиши физикӣ гардид, ки дар ин озмоиш такрорёбиро дар ҳар кадом нуқтаи фазо ва дар ҳар кадом лаҳзаи вақт дар назар дорад. Дар заминаи чунин ҷаҳонбинӣ Галилео Галилей барномаи эвристӣ (дарёфтӣ), ки аз нуқтаи назари асримиёнагӣ фавқуллода буд, ифода намуд. Дар ин барнома омeзиши қонуниятҳои ҳаракати аҷсоми осмонӣ мувофиқи қонуни механика, ки дар озмоиш санҷидашавандаанд, вазифагузорӣ карда мешуд.

Бо мурури замон илми озмоишӣ аз худ «масолеҳи сохтмонии илмӣ-маънавӣ»-ро мунтазам дур мекунад. Усули озмоишӣ маънои қаблии муносибат бо табиатро (ҳамчун бо ҳамкори оқилу барандаи иродаи илоҳӣ) гум кард.

Кашфи озмоиши илмӣ мубоҳисаҳои сершумори идеологӣ ва методологиро ба миён овард. В.И.Вернадский навишта буд, ки кашфи усули озмоишӣ-риёзии маърифати илмӣ аз ҷониби ҳамаи олимони асри ХVII дарҳол пазируфта нашуд. «Истинтоқи табииёт» (ифодаи Галилео Галилей), ки ба усули озмоишӣ марбут дониста мешуд, на танҳо мавриди маҳкумсозӣ аз ҷониби илоҳиётшиносон гардид, инчунин файласуфон низ онро ботил сохтанд. Чунончи, Жан Жак Руссо навишта буд: «ҳамааш хуб, аз дасти Офаридгори ашёҳо берун шуда, ҳама чиз дар дастҳои инсон аз нав тавлид мешавад». Гёте ҳамчун натуралисти бузург то охири ҳаёташ манзараи нютонии оламро, ки бо эътирофи uояи озмоишӣ-риёзӣ асос меёфт, қабул накард, ҳарчанд ки аллакай дар солҳои зинда будани e uояҳои Исаак Нютон махсули худро дар физика ва механикаи осмонӣ дода тавонистанд. Гёте муътақид буд, ки uояҳои Нютон ба сифати маънидоди сатҳию сохтакоронаи ҳаводиси табиат ҳувайдо мегардад.

Дар байни олимони асри ХХ муддати тeлонӣ баҳсу мунозира доир ба ин савол давом кард: озмоиш ба инсон дар маърифати ашёю ҳаводиси табиат роҳ мекушояд ё монеъа пеш меоварад. Дар физикаи классикӣ тахмини хомeшонае ҳукмрон буд, ки мувофиқи он мушоҳида ба объект таъсир намерасонад, рафтори он ва худи объект алоҳида, новобаста аз саволи озмоишии гузошташуда омeхта мешаванд. Н.Бор тасдиқ кардааст, ки «мувофиқи постулат (ҳақиқати собитгардида)-и квантӣ ҳар кадом мушоҳидаи падидаҳои атомӣ чунин таъсири мутақобилаи онҳоро бо ёрии воситаҳои мушоҳида дар худ фаро мегирад, ки онро аз эътибор соқит донистан нораво аст. Мувофиқи ин воқеияти мустақили маънои муқаррарии физикидоштаро ба ягон зуҳуроту воситаҳои мушоҳида нисбат додан имконнопазир аст… Рафтори объектҳои атомиро аз таъсири мутақобилаашон ба асбобҳои ченкунӣ, ки шароити ба амал омадани зуҳуротро ба қайд мегиранд, қатъиян ҷудо сохтан номумкин аст».

Масъала ба миён омад: дар озмоиш чӣ омeхта мешавад – худи ашё ё таъсири мутақобилаи он ба асбоб? Дар баҳсу мунозира доир ба ин савол Н.Бор, А.Эйнштейн, В.Гейзенберг, М.Планк ва дигар физикҳо ширкат варзиданд. Аксарияти онҳо ба хулосаҳое расиданд, ки аз ҷаҳонбинии классикӣ фарқияти ҷиддӣ дошт. Чунончи, В.Гейзенберг қайд карда буд: «мо аз ибтидо дар маркази робитаи байниҳамдигарии табиату инсон ҷой дорем ва табиатшиносӣ танҳо қисме аз ин равобит мебошад, бинобар ин, қабули эътирофи умумгаштаи тақсими олам ба субъект ва объект, олами ботинӣ ва зоҳирӣ, ҷисм ва рeҳ дигар қобили пазироӣ нест ва ба мушкилот дучор мегардонад».

2.8. ИБТИДОИ ТАДБИҚИ АМАЛИИ ДОНИШҳОИ ИЛМӢ

Uояи аз дониш фоида ба даст овардан ва ҳукмрони табиат буданро протестантҳо аз Библия мутолиа карданд. Вале дар он ҷо дар бораи чӣ тавр ба технология татбиқ кардани донишҳо, яъне чӣ тавр аз дониши илмӣ ба даст овардани фоидаи амалӣ чизе гуфта намешуд. Маълум аст, ки олимон кeшиши амалисозии чунин намуди тадбиқотро чандин маротиба пеша намудаанд, аммо ба комёбӣ сазовор нагаштаанд. ҳамин тавр, соли 1670 Гюгенс ва Гук кeшиш намуданд, ки соатро такмил диҳанд, аммо хронометр (вақтсанҷ)-ро тақрибан дар ҳамин вақт дуредгар Хэррисон кашф намуд. Мошини буuиро дар шакли технологии мақбул новобаста аз ҳамдигар муҳандиси ҳарбӣ Сейвери ва оҳангар Нюкомен офариданд. В.И.Вернадский қайд намудааст, ки кашфиёти технологӣ «…аз ҷониби коргарон, косибон, ки аксаран маълумоти муқаррарии замонавӣ нагирифтаанд, ба сомон расонида шудааст», яъне он одамоне, ки аз доираи илм чақримҳо дур буданд.

Uайримуқаррарӣ будани ин ҳолат дар он аст, ки илм таҷрибавӣ гашта, назария ва амалияро муттаҳид намуд ва дар нақши он озмоиш баромад мекард. Аммо ин амалияи маҳдуд буд. Ворид шудани илми таҷрибавӣ ба соҳаи тадбиқи васеи технологӣ ҷудоии назария ва амалияро аниқтар ифода мекард.

Истифодаи технологии донишҳои илмӣ аз охири асри Х1Х оuоз ёфт. То ин вақт амалиядонон бе муттако ба дониши илмӣ кашфиётҳои технологӣ мекарданд ва танҳо баъд аз ин илм ба маълум кардани принсипу қонунҳои он шурeъ мекард. Чунончи, Сади Корно дар ибтидои асри Х1Х барои илман асоснок намудани кори ҳаракатдиҳандаи дарунсeз амалиёти мошини буuиро, ки беёрӣ ва новобаста аз илм сохта шудааст, мавриди омeзиш қарор дод. Дар охири асри Х1Х Дизел бо роҳи муқобил рафт: e аввал ҷиҳатҳои илмӣ-назариявии масъаларо омeхта, баъд ҳаракатдиҳандаро сохт.

Тадбиқи технологии донишҳои илмӣ аз ҷониби амалидонҳо воқеӣ карда мешавад, ки омодагии илмӣ дошта бошанд. Аммо чунин омодагиро чӣ гуна метавон воқеӣ кард? Роҳи омeзиши асарҳои нотакрори олимон барои амалидонҳо роҳи мушкил ва дарозмуддат аст: амалиядон бояд дар ибтидо асарҳои илмиро аз худ намояд, сатҳи дониши худро то дараҷаи назариётчӣ, ки кашфиёт кардааст, баланд бардорад ва танҳо пас аз ин бо коркардҳои технологӣ машuул гардад. Комилан маълум аст, ки дар чунин ҳолат мeҳлати вақт аз кашфиёти илмӣ то тадбиқи амалӣ-технологӣ меафзояд ва сабаби натиҷаҳои манфии технологию иқтисодӣ мешаванд. Бинобар ин, лозим буд, ки раванди азхудкунии донишҳои илмиро барои амалиядонҳо осон гардонида, ин раванд тезонида шавад. Барои ин мақсад лозим буд, ки донишҳои илмӣ-назариявӣ «қолабӣ» карда шаванд, яъне бо имкониятҳои физикӣ ва зеҳнӣ барои омeзиши осону босурати он мувофиқ гардонад. Ин амал бо ду тарз иҷро карда мешавад: якум, омода намудани омeзгорон, ки бо чунин дониши «қолабӣ» машuул шуда, онро ба шогирдон омeзонанд; дуюм, донишҳои илмиро то дараҷаи луuату китобҳои дарсӣ фишурда сохтан ва омeзонидани истифодаи онҳо мебошад.

ҳардуи ин тарзҳои номбаршуда аввалин бор дар Олмон амалӣ карда шуд. Бо ибтикори Гумболдт дар Донишгоҳи Берлин штати «профессорӣ» ё «приват-дотсентӣ» кушода шуд (1808-1810), ки вазифааш иборат аз мутобиқ сохтани маҷмeи тадқиқотҳои нодири илмӣ ба тасаввуроти зудазбаршаванда мебошад. Лабораторияи кимиёвӣ, ки Либих дар Гисена ифтитоҳ кард (1826), макони омода кардани кимиёшиносони баландихтисос ва гузаронидани тадқиқотҳои илмии дараҷаи муайян гардид. Навовариҳои академикии Гумболдт ва Либих олимонро дар тадбиқи техникии донишҳои илмӣ ба дараҷаи мамалакатҳои мутараққии ҷаҳон бароварданд. Дар нимаи дуюми асри Х1Х дар бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти олмонии кимиёи органикӣ, нуриҳо, модаҳои тарканда, таҷҳизоти электротехникӣ пайдо шуданд, ки онро танҳо одамони аз илм воқиф сохта метавонистанд. Дар ҳамин вақт дар Англия, дар ватани uояҳои  Исаак Нютон ва Френсис Бэкон, илм машuулиятҳои хусусии фароuатӣ шумурда мешуд. «Илми ба қитъа фиристодашуда дар муддати тeлонӣ барои Англия ҳамчун духтархонд боқӣ монд»- навиштаанд И.В.Захаров ва Е.С.Ляхович. Дар чоряки дуюми асри Х1Х дар Англия Донишгоҳи Лондон кушода шуд, ки дар он бо тафовут аз донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ модели «профессорӣ»-и донишгоҳи Берлин ҷорӣ карда шуд ва таълим аз риёзиёту илмҳои бунёдии табиию амалӣ оuоз гардид.

Оuози тадбиқи васеи технологии донишҳои илмӣ ба ташаккули ақидаи муосир доир ба илм ҳамчун ба сегонаи ҷудонопазир а) тадқиқотӣ, б) амалӣ ва в) академикӣ дар илм мусоидат кард. Чунин фаҳмиши илм дар асри ХVII мавҷуд набуд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.