Илм дар фарҳанги тамаддуни муосир

3.1. ГУНОГУНИИ ШАКЛҳОИ ИЛМ ВА ТАВСИФИ ОНҳО

Мураккабӣ ва гуногунрангии раванду ҳодисаҳои воқеият гуногунии шаклҳои дониши илмӣ, фалсафӣ, динӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, муқаррарӣ, бозӣ, шахсӣ ва ҳамчунин гурeҳи калони донишҳои қарибиилмӣ (паранаука), аз ҷумлаи махфию пeшидагӣ (эзотерика), тилисмгарӣ (оккултизм) сеҳру ҷодугарӣ (магия) ва монанди инҳоро ба вуҷуд  меоварад. Шаклҳои дониш бо доштани асосҳои мафҳумӣ, рамзӣ ё бадеӣ-образиашон фарқ мекунанд. Тафаккур дар мафҳумҳо ва образҳо – ин шаклҳои табии маърифати инсонии олам буда, мавҷудияти нимкураҳои чап ва рости мағзи сарро тақозо мекунад. Фикрронӣ ва мантиқияти он аз нимкураи чап ва ҷавобгeӣ барои образнокию сермаъногии мазмунҳо аз нимкураи рости мағзи сари инсон вобастаанд.

Дониши илмӣ хусусияти айнӣ (объективӣ) ва ҳақонӣ дошта, қонунҳои оламро дар шакли мафҳумҳо инъикос менамояд. Ба амломатҳои илмият мавҷуд будани соҳаҳои предметии тадқиқот, вуҷуд дошти дастгоҳи мафҳумӣ, муқаррар кардани принсипҳо, дараҷаҳо, меъёрҳо, вобастагиҳои сабабӣ, эҷоди назарияҳо ва кашфи қонунҳои бунёдӣ мансуб мебошанд.

Щаклҳои гуногунранги дониш, ки аз донишҳои илмӣ фарқ мекунанд, ба гурeҳи донишҳои ғайриилмӣ, ҳудудӣ таалуқ доранд. Инҳо атрология (илми ботилест, ки дар аҳди қадим ва асри миёна инкишор гаштааст ва сарнавишти инсонро аз рeи ҳолати ситораҳо «таъбир» менамояд), парапсихология (тасаввуроти ғайриилмиест, ки доир ба шуури фавқуллода, нозук ва хусусиятҳои имконияти аз дур дарк кардани ҳодисаю фикрҳо аз ҷониби инсон баҳс мекунад) ва маҷмeи томи илмҳои халқӣ номидашаванда, тибби ғайрианаъанавӣ, дуохонӣ, экстрасенсорӣ (шахси дорои нерeи ҷозибавӣ) ва ғайр мебошанд. Аксари шаклҳои дониши ғайриилмӣ, масалан астрология ва алкимиё аз авлодони фаннигаштаи худ, яъне астрономия ва химия, пештар ба миён омдаанд. Дар замони ҳозира нигориш ва усулҳои ғайрианъанавии маърифат диққатҷалбкунанда шудаанд. Чунончи, Паул Фейерабенд қайд мекунад, ки илм бояд ҳамаи шаклҳои донишҳои ғайриилмии мавҷударо эътироф намояд ва мавқеи худро дар муколама бо онҳо ҳифз намояд. Илм дигар ҳамчун корези ягонаю нодири ҷамъоварии иттилоот аз олами беруна баҳогузорӣ намешавад ва муттасилан онро маҷбуран вобаста ба шароити маърифат танқид мекунанд.

Давраи муосирро метавон тавре баён намуд, ки ҳамаи маҷмeи илмҳои амалияи даркии алтернативӣ, ки дар шуури омма ҳамчун қарибиилмӣ қабул шудааст, мақоми зуҳуроти иҷтимоӣ-фарҳангӣ гирифтааст. ҳамчунин асотир, афсона, ривоят масалҳо ва ғайраҳоро мавҷуднабуда эълон кардан мумкин нест. Ба гуногунияти амалияи идрокшуда таваҷҷeҳ додан – ин маънои онро надорад, ки усулҳои онҳо ба зиёни илм ошкоро ташвиқ карда шаванд. Ин таваҷҷeҳро ҳамчун инъикоси фалсафии гуногунрангии донишҳо баҳо додан мумкин аст.

Дар байни шаклҳои гуногунранги дониши ғайриилмӣ инҳоро ҷудо кардан мумкин аст:

– донишҳои қарибиилмӣ (паранаука), мулоҳизаҳоро дар бораи падидаҳое, ки маънидодашон бо қолибҳои маърифатии илми мавҷуда созгор нестанд ва бинобар ин, ба меъёрҳои илмият ҷавобгe намебошанд. Ба донишҳои қарибиилмӣ – оккултизм, эзотеризм, герметизм, тесофия ва мистика дохил мешаванд. Оккултизм донишҳои асрорангез дар бораи нерeҳои фавқуттабииро дарбар мегирад ва донишҳоро дастраси ҳамагон мегардонад; эзотеризм рози нуҳуфтаеро мекушояд, ки барои худогоҳон пешакӣ таъин карда шудааст; теософия таълимоти динӣ-ирфонӣ дар бораи ягонагии рeҳҳои инсонӣ бо Худованд мебошад; гурметизм офаридани донишҳое, ки танҳо ба худогоҳон маълум аст, сарукор дорад; мистика (ирфон) тавассути амалҳои покшавӣ, рeҳбаландшавӣ даст кашидани инсон аз олам ва ба шуури кайҳонӣ пайвастани e мебошад;

– донишҳои ботилиилмӣ (лженаука) аз фикрҳои бофта ва хурофотию таасубомез бошуурона сeистифода мебаранд. Аломатҳои ботилилмӣ – рeҳияи чаласаводӣ, напазируфтани ҳамагуна далелҳои ботилсозанда, инчунин эҳсосоти баланд ба «доғи рeз», ҳангомаангезӣ мебошад. Донишҳои ботилиилмӣ муназзам ва куллӣ шуда наметавонанд. Ботилилмиро дар баъзе ҳолатҳо ба нуқсонҳои рeҳии ин ё он олим вобаста мекунанд;

– донишҳои зиддиилмӣ (антинаучное) – донишҳои ормонӣ ва бошуурона таҳрифкардаи тасаввуротӣ дар бораи воқеият мебошад. Ба зиддиилмият масалан, талаботи азалии нишон додани «давоҳои хаёлӣ» аз кулли бемориҳоро алоқаманд мекунанд. ҳарчанд ки пешниҳоди ошкорои чунин навъи «давоҳо» ба одамон хатар меоварад, вале аз зиддиилмият пурра наҷот ёфтан имконнопазир аст;

– донишҳои бардурeғилмӣ (псевдонаучное) – фаъолмандии зеҳниеро дар худ тасавур мекунад, ки аз маҷумeи назарияҳои маъмул сeистифода мебарад, масалан, воқеаҳо дар бораи кайҳоннавардони қадим, одами барфӣ, махлуқоти даҳшатноки баҳрӣ.

ҳамчунин донишҳои муқаррарӣ-илмӣ мавҷуданд, ки дар онҳо маълумотҳои оддитарин дар бораи табиат ва воқеияти атроф дода шудааст. Дар тафовут аз илм асоси онро таҷрибаи ҳаёти ҳаррeза, ки хусусияти пароканда ва ғайринизомӣ дошта, ба сифати маҷумeи одии маълумотҳо аст, ташкил медиҳад. Донишҳои муқаррарӣ заминаи ибтидоии ҳамагуна маърифат, аз ҷумла маърифати илмӣ мебошад. Истифода он ба низоми пешакии исботҳо ниёз надорад. Донишҳои муқаррарӣ қатиян характери ғайрихаттиро доро мебошанд. Онҳо инъикоси идеалиро низ тақозо намекунанд ва аз ҷониби инсон бешуурона истифода карда мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳатто зинаи тарзи талаффуз (артикулятсия)-ро ба инобат нагирифта, оромона амалиёти субъекро роҳнамоӣ мекунад. Зарбулмасалу мақолҳое, ки фолклори ҳар кадом умумияти этникӣ дорад, ҳикмати донишҳои муқаррарӣ-амалиро собит мегардонад.

Яке аз шаклҳои нахустини дониш ин дониши динӣ мебошад. Дар твофут аз илм он бо имону эътиқод ба Худо асос ёфтааст ва сайъу кeшиши донистани соҳаи фавқуттабиӣ, ки аз ҳудуди исботи зеҳнӣ берун аст, равона карда шудааст. Донишҳои динӣ дар худ механизмҳои танзимкунанда ва муқаррарсозандаи қодаҳои ҳаёти ҷамъиятиро доранд.

Эътиқод бо мафҳумҳо, мантиқ ва ақл вобаста набуда, балки бо дарки ҳиссиву образӣ ва рамзии олам робита дорад. Донишҳои динӣ ба исбот ниёз надоранд ва ваҳйро ҳамчун атои илоҳӣ ва натиҷаи таҷрибаи пуршиддати динӣ дар мадди назар дорад. Нишонаҳои донишҳои динӣ инҳоянд: иқона (тахтачае, ки дар он расми авлиёҳо тасвир ёфтааст), матни Навиштаҷоти Муқаддас, ояту сураҳои Қуръони Шариф, ибодат, рeзаву намоз, рамзҳои гуногуни динӣ, калисо, масҷид ва ғайра. Донишҳои динӣ ба имону эътиқод аосос ёфтаанд ва ҳамчунин ақоиду таълимотро низ эътироф менамоянд. Аммо имон ин на танҳо мафҳуми «дин», инчунин ҷузъи муҳими ҷаҳони маънавии инсон, умуман унсури фаъолияти маърифатӣ мебошад. Бинобар доир ба эътиқоди маърифатӣ (гносеологӣ), ки эътирофи ҳақиқати ягон чиз дар асоси афзалияти қабули субъективона мебошад, ҷоиз аст. Эътиқод ҳамчун ҳодисоти равоншиносӣ дар ҳолати мeътақидӣ зуҳур ёфта, бо ҳисси писандидан ё инкор кардан алоқаманд аст. Эътиқод ҳамчун ҳолати ботинии маънавӣ аз инсон тақозо менамояд, ки e принсипу муқаррароти ахлоқии ба он мeътақидбударо риоя кунад.

Навъи махсуси донишҳоро донишҳои шахсӣ ташкил медиҳанд. Агар донишҳои коллективонаро аҳамияти умумӣ ва ва фавқулшахсӣ фаро гираду мавҷудияти низоми мафҳумҳою усулҳои заруру барои ҳамагон умумиро дар назар дошта бошанд, пас донишҳои шахсӣ – ин дошинҳое мебошанд, ки дар он инсон қобилияти эҷодии худро ҳувайдо месозад. Ин амал дарки фаъоли фардии ҳаводис буда, бо ташаккули малакаю эътиқоди шахсӣ алоқаманд мебошад.

Ба шаклҳои таърихан ибтидоии донишҳои инсонӣ донишҳои фараҳафзоӣ (бозӣ) дохил мешаванд, ки дар асоси қодаҳои шартан қабул кардашуда ва ҳадафҳои интиқолдиҳандаи фавқуттаҷрибавӣ эъҷод мешаванд. Донишҳои фараҳафзоӣ (бозӣ) имконият медиҳанд, ки аз ҳастӣ, рeзмарравӣ болотар гузашта, дар бораи фоидаи амалӣ талош наварзида, дар мувофиқат бо меъёрҳои озодона қабулкардаи бозӣ амал намоянд. Донишҳои фараҳафзоӣ (бозӣ) воқеияти хусусияшонро барпо мекунанд, сифату имконияти инсонро ошкор сохта, имконият фароҳам меоранд, ки монеаҳои муошират бартараф карда шавад. Онҳо хусусияти таълимӣ-сайқалдиҳӣ дорад ва дар равандҳои таълимии муосир фаъолона истифода бурда мешаванд.

Шакли махсуси донишҳои ғайриилмӣ ин илми «халқӣ» мебошад, ки бо мавҷуд будани маҷмeи донишҳои «нонавишта»-и дуохонҳо, шифобахшон, фолбинон ва ғайраҳо алоқаманданд. Ин маҷмeи донишҳои ахборотии дастурамалӣ-карахтона дар шакли бехату алифбо аз устод ба шогирд интиқол мешуд. Дуруштиву дағалии илми халқӣ дар намуди васиятҳо, муноҷотҳо, фолҳо, насиҳатҳои ширкатварзида, дар расму маросимҳои этникӣ ва шаклҳои хотираи иҷтимоӣ маҳфуз дошта мешаванд. Тағйири шароитҳои мавҷудияти этнос боиси азмиёнравии илми халқӣ гардид, ки чун қоида барқарорнашаванда аст.

Табақоти васеи донишҳои қарибулмеъёрӣ мавҷуданд, аз қабили таълимот дар бораи асрори табиию нерeҳои рeҳӣ-равонӣ ва тарзҳои гирифтани иттилооти аз доираи илм ва дарки мафҳумӣ бароянда, қобилияти таъсиррасонӣ ба предметҳо ва одамонро дарбар мегирад. Дарки экстрасенсорӣ (телепатия – имконияти аз масофа дарк кардани ҳаводис) ва психокинезӣ фарқ карда мешаванд. Аздурдарккунӣ (телепатия) мубодилаи зеҳнии иттилоотӣ байни ду ва зиёда фардҳоро дар назар дорад. Фолбинӣ – қобилияти қабули иттилоот аз баъзе предметҳои беҷон мебошад. (масалан, аз сурати инсон ва монанди инҳо). Психокинез – ин имконияти таъсирраоснӣ ба низомҳои беруна, ки берун аз ҷабҳаҳои таҳрикдиҳандаи фаъолияти мо ва тарзҳои омезиши предметҳои ғайрифизикӣ воқеъ аст. Илм ҳанeз таибати психокинезро маънидод карда наметавонад ва чунин падидаҳоро рад низ карда наметавонад.

Устувории донишҳои ғайримуқаррарӣ вобастаанд: яукм, дар фаъолияти ҳаётии ҳаррeзааш ҳатто фарди маълумоти илмидошта муовофиқи меъёрҳои донишҳои муқаррарӣ рафтор мекунад, на аз рeи донишҳои илмӣ; дувум, донишҳои ғайримуқаррарӣ дар шароитҳои бeҳрони иҷтимоӣ мубрамтар мегарданд; сеюм, вай ҳангоми пайвастани меъёру ғояҳои шаклҳои гуногуни фаъолияти инсонӣ муайян мешавад.

ҳоло соҳаи донишҳои қарибиилмӣ васеъ гашта, кeшиши ёфтани мувофиқати байни хирадгароии тафаккури аврупоӣ ва ирфонии шарқӣ равшан зоҳир аст. Соҳаи хизматрасонӣ дар асоси қарибиилмият равнақ меёбад. Ба ин ҳолат илми расмӣ ба тарзи ниҳодӣ муқовимат нишон медиҳад. Аҳли дин низ ин хусусияти хизматрасониро маҳкум менамоянд.

Файласуфон бо амалҳои ғайриилмӣ ва дуруғиилмӣ муносибати гуногун доранд. Чунончи, файласуфи итолиёвӣ Никола Аббаняно масоили нақши астрология (фолбинӣ аз рeи вазъи ситораҳо)-ро дар ҷомеаи муосир муҳокима карда, бо файласуфи олмонӣ Теодор Адорно (1903-1969), ки дар рушди эстетикаи модернизм ҳиссаи бузург гузоштааст, баҳс намудааст. Теодор Адорно ҳанeз соли 1956 дар асараш «Ситораҳо дар бораи олам» иброз дошт, ки «Астрология олоти ғуломгардонӣ аст…», чунки вобастагии инсонро аз низому табиати олам ҳамчун далели метафизикӣ пешниҳод менамояд, ки он ботилу аз биёр ҷиҳатҳо рeҳиявӣ аст ва бояд «ҳамчун модели хурдкардашудаи истисмори иҷтимоӣ, ки дар доираи бузургтар мубталосозандаи касалии рeҳӣ аст, фаҳмида шавад». Аммо чуноне ки, Никола Аббаняно қайд мекунад, бояд сабабҳое, ки инсонро ба омeхтани астрономия иштиёқманд мегардонад, муайян карда шаванд. Ин сабабҳо соддаанд, аз қабили: дар одамон талаботи пешдид, агарчи тақрибӣ бошад ҳам, вуҷуд дорад; ин талабот бартарафнашаванда аст ва илм дар бораи ояндаи инсони алоҳида чизе гуфта наметавонад. Астрология ин талаботро қонеъ мегардонад ва «дар машваратҳои он ҳеҷ гуна зиёноварӣ ва ноҷоизӣ ҷой надорад; онҳо бо хиради халқӣ рeҳбаланд карда мешаванд, ки он ҳамеша ба эътиқоди ягонагии инсон ва табиат асос меёфт». Дурeғилмӣ – ин «бемории таърихӣ ва байналхалқӣ аст».

Илм ва фалсафа

Дар доираи натурфалсафаи атиқӣ метавон гуфт, ки нахустин файласуфони он ҳамзамон олим низ буданд. Бо мурури замон илм аз фалсафа ҷудо шуд. Вале фалсафа яке аз марказитарин масоили назарияивӣ-маърифатиро матраҳ мекард. Баҳси бисёрасраи фалсафа ва илм дар бораи «ҷамъият бештар ба чӣ ниёз дорад?» нишон дод, ки илм дар худ меъёрҳои аҳамияти иҷтимоии натиҷаҳояшро надорад. Комёбиҳои илмӣ метавонад ҳамчун фоида ва инчунин ҳамчун зарар ба инсоният татбиқ гарданд. Бо мулоҳизаҳо дар бораи оқибатҳои кашфиётҳои илмӣ худи илм дар ташвиш набуда, балки фалсафа вазифаи масъулиятшиносии илм дар назди ҷамъиятро ба дeши худ гирифтааст.

Маънои луғавии фалсафа ҳикмат мебошад. Асоси ҳикмати фалсафӣ иборат аз он аст, ки моҳияти аслию ҳақиқии мавҷудияти равандҳо, нахустсабабҳо ва қонуниятҳои инкишоф дарёфт шавад. Арасту қайд кардааст, ки «фалсафа ба ошкор сохтани нахустсабабу нахустасос равона карда шудааст, файласуф бошад – ин ҳамон кас аст, ки метавонад ошкор кардани сабабҳоро хубтар омeзонад».

Фалсафа ҳамчун замонаи дар андешаҳо фарогирифта фаҳмида мешавад (Карл Маркс) ва онро барои он арҷгузорӣ мекунад, ки ҳамчун мактаби инкишофи тафаккури назариявӣ баромад менамояд. Қарзи файласуф – таваҷҷeҳ зоҳир кардан ба ҳодисоти замона, фаҳмида гирифтани шароити номуайян, муайян кардани қонуниятҳои ҳодисоти бавуқeоянда мебошад. Бинобар ин, дар бораи фалсафа мегeянд, ки вай – моҳияти маънавии замони худ мебошад. Фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ба коркарди ақидаи том дар бораи олам ва мавқеи инсон дар он равона шудааст. Муносибатҳои маърифатӣ, арзишӣ, ахлоқӣ ва эстетикии инсон ба олам, ки аз ақидаи мазкур бармеояд, меомeзад. Предмети фалсафа «муносибати инсон-олам мебошад, ки аз нуқтаи назарҳои гуногун баррасӣ шудааст». ҳам олам ва ҳам инсон тағйир меёбанд, бинобар ин, фаҳмиши предмети фалсафа мушаххасӣ-таърихӣ мебошад.

Аз чунин фаҳмиши фалсафа таъиноти замонавӣ ва робитаи он бо ҳаёт, офаридани тасвири ҳаққонии замона, дарки маъно ва моҳияти ҳастӣ бармеояд. Ҷолиби диққат аст, ки ҳанeз файласуф ва олими фаронсавӣ Рене Декарт навишта буд: «…ҳар як халқ ҳарчи бештар мутамаддинтар ва маърифатноктар аст, агар вай фалсафаронӣ кунад, бинобар ин, барои давлат неъмати бештаре нест, чун доштани файласуфони ҳақиқӣ». Фалсафаронӣ ботинан ба ҳар кас хос аст. Чун инсон аз болои саволҳои мазмунан ҳаётӣ, ки Иммануил Кант ҳамчун «ман чӣ дониста метавонам?», «ман чӣ бояд кунам?», «ман ба чӣ умед баста метавонам?» ва «инсон чист?» ифода карда буд, ба андеша рафта, e якбора ба фазои фалсафа ворид мешавад. Файласуфи англис Дейвид Юм эътиқодмандона собит кардааст, ки дар асоси муносибат ба фалсафа ояндабинии миллатро баён кардан мумкин аст. Дар шароите, ки ба ақидаи файласуфони муосир Карл Ясперс, Мартин Хайдеггер, Эрих Фромм ва дигарон дар он тамоюли умумиятдиҳии шахс, оҷизияти маънавӣ, мулоҳизаронии ифротӣ ташаккул меёбанд, ҳикмати фалсафӣ боз ҳам серталаб мегардад. Фалсафа дар таъиноти худ – маркази фарҳанги маънавӣ будан – барои сохтани низоми мураттаби гуманистӣ мадад мекунад, ба низоми арзишҳои воло ишорат мекунад, сабақи дағалонаи вақтро маълум намуда, имон ба хирадро устувор мегардонад. Ба кайфиятҳои муваққатӣ ва таассуротҳои шароити таърихӣ фалсафа мавқеи босуботи маънавиро муқобил мегузорад.

Вобаста аз он, ки кадом навъи робита ба ҳастӣ тафаккурро ҷалб месозад, фанҳои гуногуни фалсафӣ таъсис меёбанд. Масалан, нисбат ба олам аз нуқтаи назари маърифати он гносеология – назарияи маърифат (gnosis- дониш + logos-таълимот)–ро ба миён овард, омeзиши шаклҳои асоси ҳастӣ онтология (ҳастишиносӣ) (ontos- вуҷуд + logos-таълимот)-ро ташкил дод ва таҳлили шаклҳои куллии тафаккур бошад мантиқро ба вуҷуд овард.

Гуногунии ҳамтаъсирӣ дар низоми «инсон-олам» сабаби вазифаҳои мухталифи фалсафа мебошад. Вазифаҳои асосии фалсафа – ин ҷаҳонбинӣ ва методологӣ мебошанд. Вазифаи ҷаҳонбинӣ бо ташаккулёбии мавқеи ҳаётӣ, эътиқод ва идеалҳои одамон алоқаманд аст. Вай дар ду сатҳ амалӣ карда мешавад: мафҳумӣ-категориявӣ ва эҳсосӣ-образӣ. Вазифаи методологӣ дар таъмини маърифати илмӣ ва иҷтимоӣ бо қоидаҳо, меъёрҳою усулҳои санҷидашудаи тадқиқот зуҳур меёбад. Ғайр аз ин, фалсафа вазифаҳои иҷтимоӣ-арзишӣ, фарҳангӣ-тарбиявӣ ва пешгeикунӣ ва инчунин вазифаи танқидии зидгузорӣ ба догматизмро иҷро мекунад.

Фалсафа (инчунин дигар соҳаҳои донишҳои инсонӣ) тамоми маҷмeи донишҳои илмиро дар бораи олам фаро гирифта наметавонад, илми ҳамаи илмҳо, яъне аз болои ҳамаи фанҳои ҷузъӣ ҳукмфармоӣ карда наметавонад, ҳамчунин фалсафа дар қатори дигар фанҳо яке аз илмҳои ҷузъӣ буда наметавонад. Файласуф наметавонад ва набояд кори табиб, геолог, риёзидон, химик ва ғайраҳоро ба зимаи худ гирад. Баҳси бисёрсолаи фалсафа ва илмҳо дар бораи алоқамандии воқеии онҳо ба хулосаҳои зерин овард: а) илмҳои махсус ба ниёзҳои алоҳидаи мушаххаси ҷамъият (ба техника, иқтисодиёт, таъмини қонунгузорӣ ва ғ.) хизмат мекунанд. Онҳо қисматҳои мушаххаси воқеият, порчаҳои ҳастиро меомeзанд. Гегел ақида дошт, ки тафаккури илмӣ ғарқи маводи ҳудуднок буда, бо дарки ақлии ин ҳудуднокӣ маҳдуд аст. Фалсафаро бошад, олам дар томияташ ҷазб мегардонад. Вай ба дарки мукаммали куллиёт равона карда шудааст; б) илмҳои ҷузъӣ ба ҳодисаҳои объективӣ, ки берун ва новобаста аз инсону инсоният мавҷуданд, нигаронида шудаанд. Қонуни ҷозиба, баробарии квадратӣ, системаи даврии Д.И.Менделеев, қонунҳои термодинамикӣ ва амсоли инҳо объективианд. Амалии онҳо воқеӣ буда, аз ақидаҳо, кайфият ва шахсияти олим вобаста нестанд. Илм хулосаҳои худро дар назарияҳо, қонунҳо ва формулаҳо ба тасфиб мерасонад. Аз он муносибатҳои шахсиятӣ, эҳсосотии олим ба ҳодисаҳои омeхташавандаро ва назардошти оқибатҳои иҷтимоии ин ё он кашфиётро бартараф мекунад. Дар назари файласуф олам – ин томияти мутаҳаррик мебошад. Маълумотҳои илмиро ба инобат гирифта, фалсафа масъалаҳо дар бораи моҳиятҳо, мазмуну аҳамияти раванду ҳаводисро дар доираи ҳастии инсонӣ баррасӣ менамояд. Бинобар он, масъалаи асосии фалсафаро масъала дар бораи муносибати тафаккур ба ҳастӣ (муносибати инсон ба олам) ташкил медиҳад; в) агар намояндагони илмҳои ҷузъӣ аз тасаввуротҳои муайяни фанни худ натиҷагирӣ кунанд ва масъалаи эътимодбахшии онҳо таҳлил карда нашаванд, пас фалсафа ҳамеша кeшиш ба он дошт, ки заминаҳои эътимодбахши имконияти маърифатро, меъёрҳои фаҳмишу баҳодиҳии ҳама он чизеро, ки бо ҳастии инсон алоқаманд аст (фарқи ҳақиқат аз ақида, таҷриба аз назария, озодӣ аз бесарусомонӣ, зeроварӣ аз ҳокимият ва ғ.), муайян намояд.

Масъалаҳои ҳамҳудуд – соҳаи мақбули мулоҳизоти фалсафӣ мебошад. Мантиқшиноси бритонӣ Бертран Рассел эътироф менамояд, ки «фалсафа як чизи васоитӣ миёни илоҳиёт ва илм мебошад. Вай (яъне фалсафа) тимсоли илоҳиёт аз сeйистифодаҳо оиди предметҳо иборат аст, ки дониши аниқ дар бораашон то ҳол дастнорас мондааст. Аммо монанди илм вай бештар ба ақли инсонӣ,на ба нуфуз рe меоварад, ҳатто агарчи ин нуфузи анъанаҳо ё вайҳ бошад». Фалсафа, ба ақидаи e, «Замини бесоҳиб» байни илм ва илоҳиёт буда, бинобар ин, барои ҳуҷум аз ҳарду тараф кушодааст. Ба аксари саволҳои фалсафӣ, ба монанди «ҳикмат, хайр, маънои ҳаёт чист?» ҷавоб ёфтан дар озмоишгоҳи илмӣ имконнопазир аст. Инчунин фарзияи илоҳиётшиносон дар бораи офариниш ва Навиштаҷоти Муқаддас қаноатманд карда наметавонад. Саволҳои аз нуқтаи назари илм ва илоҳиёт ҳалнашаванда насиби фалсафа мебошад; г) агар илмҳои ҷузъӣ ба коркарду муназзамгардонии донишҳои қавӣ ва объективӣ дар бораи воқеият, ба муайян кардани қонуниятҳою дастрас намудани донишҳои нав равона шуда бошанд, пас фалсафа бо муносибати назариявӣ-рефлексивӣ ва маънавӣ-амалии субъект ба объект асос меёбад. Вай тавассути ташкил намудани идеалҳо, меъёрҳо ва арзишҳои фарҳангии нав ба ҳастии иҷтимоӣ таъсири фаъол мерасонад. Тамоюли муҳими инкишофи фалсафа бо дарки мавқеи инсон дар олам, маънои мавҷудияти e, тақдири тамаддуни муосир алоқаманд аст; д) дар тафовут аз забони истилоҳӣ ва мафҳумии якмаънои илмӣ фалсафа забони хоси худро эҷод мекунад, ки ин забони категорияҳо, мафҳумҳои мақоми куллӣ ва заруратидошта: сабаб ва натиҷа, зарурат ва тасодуф, имконият ва воқеият, мазмун ва шакл ва ғайраҳо мебошанд; е) фалсафа мекeшад, ки ҳадди ниҳоии асосёбӣ ва танзимкунандаҳои ҳама гуна муносибати бошуурона ба воқеиятро дарёфт намояд. Дониши фалсафӣ на ба намуди тасвири мантиқан мураттабгардида ҳувайдо мешавад, балки ба худ намуди муҳокимаи ҳаматарафа, муқосаи танқидӣ ва баҳодиҳӣ ба роҳҳои имконии ҳалли масъалаи гузошташударо мегирад. Бинобар ин, дар фалсафа на танҳо натиҷаи дастрасшуда, инчунин раванди расидан ба ин натиҷа муҳим аст. Агар илм намуди муташаккилонаи қатъию ҷиддиро амалӣ мекарда бошад, пас фалсафа ҳар маротиба бо бунёди вариантҳои зиёдаи тасдиқоту раддия дучор мешавад. «Ба ҳама чиз шак ор» – ин аст ақидаи хиради фалсафадон; ё) дар илм ҳаракати кумулятивӣ (дар асоси донишҳои ҷамъовардашуда) ба пеш бурда мешавад (ба олим зарур нест, ки аз нав ҷадвали карат ё қонунҳои механикаи классикиро кашф намояд). Фалсафа аз иқтибоси натиҷаҳои аллакай дастрасшуда қонеъ шуда наметавонад. Чунончи, вай ба ҷавоби савол дар бораи маънои ҳаёт, ки мутафаккирони асримиёнагӣ пешниҳод кардаанд, комилан розӣ шуда наметавонад. ҳар як замона ин саволро ба тарзи худ ҳал менамояд. Хусусияти фалсафа дар он зоҳир мешавад, ки вай усули махсуси рефлексияро истифода мебарад. Ин усули ба худ фаро гирифтан, бозгашт ба заминаҳои ибтидоӣ ва ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуни нав мебошад. Барои фалсафа аз нав тасвият кардани масъалаҳои асосӣ дар давоми таърихи афкори инсонӣ хос аст; ж) илм ба далелу бурҳонҳо ва санҷишу озмоиши онҳо такя мекунад. Фалсафа бо олами моҳиятҳои тавассути ақл даркшаванда сарикор дорад. Чунончи, саволҳои «зебоӣ, ҳақиқат, хайр, адолат чист?» аз доираи ҷамъбасти таҷрибавӣ берун мебароянд. Зебоӣ ҳамчун мафҳум дар мисоловарҳои мо ҳудуд надорад: гул, кристалл, тасвири манзара ё образи занона… зебо аст. Фаҳмиши фалсафии зебоӣ ба дарки ин зуҳурот ан нуқтаи назари кулл нигаронида шудааст. Ин фаҳмиш аз доираи чизи таҷрибавии баррасишуда берун шуда, ба муайянкунии моҳиятӣ мерасад; з) агар фанҳои мушаххаси илмӣ бе назардошти таҷрибаи дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ инкишоф меёфта бошанд (масалан, физика метавонад таҷрибаи таърихи санъатро ба инобат нагирифта инкишоф ёбад, химия ба таҳаввули дин нигоҳ накарда, математика ба меъёрҳои ахлоқ эътибор надода ва биология асосҳои ҳуқуқро ба мадди назар нагирифта инкишоф ёфта метавонанд), пас бо фалсафа вазъият ранги дигар мегирад. Дар фалсафа ба сифати заминаи таҷрибавӣ ва нуқтаи ибтидоии тасаввуротҳои ҷамъбастӣ дар бораи олам маҷмeи таҷрибаи маънавии инкишофи инсоният ва ҳамаи шаклҳои шуури ҷамъиятӣ (илм, санъат, дин, сиёсат, ҳуқуқ, ахлоқ ва ғ.) истифода мешаванд; и) дар фалсафа дар баробари ҷиҳатҳои назариявӣ-маърифатӣ инчунин майлони арзишӣ аҳамияти махсус касб менамоянд. Мувофиқи таъбири мутафаккири атиқа Протогор «Инсон ченаки кулли чизҳост», аз ин рe, фалсафа то имрeз дар ҷадвали арзишҳои инсонӣ асосмандкунии худро пешниҳод мекунад. Фалсафа ҳаёти инсониятро ба сифати арзиши мутлақ эътироф карда, оқибаҳои иҷтимоии кашфиётҳоро муҳокима мекунад.

Илм ва санъат

Санъат ин шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ мебошад. Вай ба тавлиди образҳои бадеӣ алоқаманд мебошад, ки инсониятро бо тобишоти васеъи эҳсосот, ҳиссиёт ва тасаввурот, инчунин бо гуногунии таҷрибаи инсонӣ ғанӣ мегардонад. Санъати воло ба ҷаҳондарккунии инсон эътимодбахшу фаҳмо таъсир расонида, ҳисси муҳаббат, адолат, ҳусну қубҳ, ғазаболудӣ аз нуқсону камбудиро таҳвил менамояд. Санъат аз илм чунин тафовутҳо дорад: а) оламро дар образҳои бадеӣ инъикос менамояд; б) маънои ҳаёти шахсии инсони алоҳида ва наслҳоро ифода мекунад. Маънои ҳаёти санъат аёнӣ ва образнок дар тасвирҳо, киноматография, драматургия, хореография зуҳур меёбад. Инсон онро дарк мекунад ва аз он мутаасир мешавад. Мусиқӣ, суруд, адабиёт, назм, наққошӣ ва дигар тобишоти рангӣ, ба ҳолати ботинии инсон таъсир мерасонанд, андозаи арзишмандонаи идрок кардани воқеият мебошанд. ҳадафи илм иборат аз пажeҳиши қонунҳои умумӣ аст. Санъат ба ҳар як воқеаю ҳодисаи алоҳида таваҷҷeҳ зоҳир мекунад. Дар илм ҷамъбасткунӣ ҳукмфармо аст. Дар санъат фардиятсозӣ ва намудҷудокунӣ, ки дар қабои образҳои бадеӣ мавҷуданд, муҳим мебошанд. Дар тафовут аз аксиомаҳою формулаҳои илм, идеалҳои санъат таърихан мушаххас ва тағйирнопазир мебошанд. Таърихи санъат гуногунии услубҳо, тарзҳои баён, сабабҳои пайдоиши онҳо ва мeъҷиботи иҷтимоиро тасвир менамояд, аҳамияти миллию этникии ҷаҳоншиносиро нишон медиҳад. Дар тафовут аз илм санъат на ба дарки ақлӣ, балки ба дарки ҳиссӣ-робитавии тасавурот ва эҳсосоти инсон нигаронида шудааст. Ин ҳолат қутбҳои шуури бадеиро ба миён  меоварад: зебоӣ-зиштӣ, фоҷиа-мазҳака, воқеӣ-тахайюлӣ ва ғ. Барои эъҷодкор ҳаркати рeҳ, гeвоҳии дил, ҳаловатбарӣ, силсилаи тасавуротҳо нисбат ба меъёр, стандарт, мувофиқат Тасодуфӣ нест, ки санъати бадеӣ, аз қабили муболиға, иғроқ, ифроту тафрит, муҳобот ва ғайраҳо тарзи бадеӣ-образии инъикоси воќеият мебошад. Барои илм ѓояи ќонуниятњо танзимгари муњим аст, барои санъат ѓояи зебоишиносӣ асоситарин танзимгар аст. Санъат ба инсон як навъ кайфияту фарањмандї мебахшад, ки њамоњанг ба њисси лаззат аз зебоӣ аст. Санъати Юнони атиќї ба ѓояи зебої- шуљоатмандї муттако аст. Зебої ин шуљоатмандист ва шуљоатмандї ин худ зебої аст. Шўълаандўзї, покшавї, эњсоси пурраи арзишњо дар раванди мутаассиршавї аз фољиа, низоъ, драма, ки дар асарњои барљастаи санъат пешнињод шудаанд, ба вуљуд меояд.

Олимон байни санъатњои ѓарбї ва шарќї тафовут гузошта, ишора мекунанд, ки умуман санъати ѓарбї хусусияти инсонмарказї ва санъати шарќї кайњонмарказї доранд. Гумон меравад, ки дар давраи атиќа бадеияти муайянкунанда ин њайкалтарошї, дар замони Эњё – рассомї, дар асрњои ҶIҶ-ҶҶ – адабиёт, дар асри ҶҶI киноматография мебошад. Олами олим ва раванди кашфиёти илмї предмети инъикоси бадеї шуда метавонад. Санъат метавонад ба “муќаддасот”-и нобиѓонаи инсонї роњ ёбад, асрори муносибатњоро ошкор созад, рўњи инсонро донад ва ба он таъсир расонад.

3.2. ТАСНИФОТИ ИЛМҳО

Маърифати илмї – ин шакли объективонаю предметии дарк кардани воќеъият, љараёни омўзиши фактњои нав ва кашфи ќонуниятњои табиат мебошад. Илмњои муосир ба се гурўњи калон – табиатшиносї, техникї ва љамъиятшиносї људо карда мешаванд. Илмњои табиатшиносї бо муттањидсозии тафсири риёзии табиат ва тадќиќотњои озмоишї-таљрибавї асос ёфтаанд. Илмњои техникї њамчун зинаи пайвасткунандаи байни табиатшиносї ва истењсолот мебошад. Маќоми донишњои техникї баланд гардида, аз истифодаи бомуваффаќияти амалии илм шањодат медињанд. Илмњои љамъиятшиносїхусусиятњои таърихии низомњои инкишофёбандаииљтимоиро муайян менамоянд. Њамаи илмњои мукаммал дараљањои тадќиќотњои таљрибавию назариявї ва инчунин таќсимоти дохилии худро доранд. Дар замони муосир тамоюли њамгироии маърифати илмї-табиатшиносӣ ва иљтимої-гуманитарї хеле пурзўр гардидааст, ки ба дарки объектњои эњтиёљоти инсонї равона шудааст. Махсусан тадќиќотњои том ва байнифаннї ањамияти хосса пайдо кардаанд.

Таснифоти илмњо ин табаќабандї ва танзимгардонии донишњо дар асоси мувофиќати хосиятњои муайян мебошад. Ё ба таъбири дигар, таснифоти илмњо дар асоси принсипњои айниятї (объективї), зењнї (субъективї), њамоњангсозї (координатсия), мартаботї (субординатсия) ва ѓ. ошкор сохтани робитаи мутаќобили илмњо ва тартиби љойгиршавии мантиќан асосноки илмњо мебошад.

Илм дониши созмонёфта аст. Аз ин рў, дар њар илм мо бо назарияњо, мафњумњои асосї, иттилооти муайян, равишњо, воситањо, мањоратњо ва ѓ. сарукор дорем. Назария поя ва асоси созмони илмњоро ташкил медињад. Аз тариќи мафњумњои асосї, назарияи иттилоотро, ки ба василаи озмоишу таљриба ба даст омадааст, созмон медињад. Дар ин созмон робитаи мафњумњои њиссї низ равшан мегардад. Дар созмони њар илм љузъњои он ва робитаи миёни онњо мушаххас мешаванд. Муќоисаи назарияи Нютон бо он чї, ки Эйнштейн баён доштааст, наќши назарияро дар шаклгирии мафњумњо ва созмон додани умури њиссї равшан месозад. Њамчунин назарияи Фрейд дар бораи шахсият ва наќши омили бешуурї дар рафтори фард боиси тарњи мафњумњо, тавзењи амалњои фард мебошад.

Ќисме аз донишмандон вусъати доманаи маърифати инсонї, аз миён рафтани тавононии як фард дар фаро гирифтани маърифатњои гуногун, дар натиљаи таќсимоти меҳнат пайдо шудани тахассусҳои гуногунро чун далели вусъатёбию зуњури илмњои гуногун тавсия намуданд.

Ќисми дигари олимон бошанд, мавзўъњо ё масъалањои гуногунро ҳамчун далели људошавии илмњо ва пайдоиши илмњои мухталиф ќаламдод кардаанд.

Ба назари ин ду ќисми олимон барои осонии мутолиаи илмњои гуногун, вобаста ба пайдоиши њар илму иртиботи он бо дигар илмњо ва мушаххас кардани њудуди њар ришта таснифот ё табаќабандї лозим аст.

Усулњои таснифот ё табаќабандї: он чи дар навбати аввал дар таснифоти илмњо матрањ мешавад, усулњо ё меъёри таснифот (ё табаќабандї) аст. Дастае аз донишмандон навъи падидањоеро, ки мавриди баррасиву омўзиши илмњои гуногун ќарор мегиранд, меъёри табаќабандї мешуморанд. Падидањои њаётї ё мављудоти зиндаро мавзўи зистшиносї, падидањои ѓайрињаётї ё мављудоти бељонро мавзўи физика ва дигар илмњои табиатшиносї ќарор медињанд. Мавзўи илмњои гуногун мумкин аст монанд бошад. Аммо навъи масъалае, ки барои ин мавзўъ аз љињатњои гуногун матрањ мегардад, сабаби таснифоти илмњо мешавад. Масалан, инсон ба сифати як мављуди зинда мавзўи омўзиши зистшиносї (биология) ќарор мегирад ва аз назари шинохти фардияту шахсияташ мавзўи баррасии равоншиносї (психология) ва љомеашиносї мебошад. Баъзан инсон ва табиатро муќобили њамдигар ќарор дода, ба ин васила илмњои инсоншиносии монанди равоншиносї ва љомеашиносиро аз илмњои табиатшиносї људо месозанд.

Баъзан илмњои табиатшиносӣ (ё таљрибавӣ)-ро дар муќобили илмњои шаклї – риёзиёт ва мантиќ ќарор дода, ин ду гурўњро аз якдигар људо месозанд. Гуфта мешавад, ки илмњои табиатшиносӣ аз падидањои њиссї бањс мекунанд, дар сурате ки риёзиёт ва мантиќ аз усули муљаррад (абстракт) ё аломатњо гуфтугў менамоянд.

Он чи дар љараёни таснифот таъсир дорад, бо диди донишмандон вобастагӣ дорад. Агар инсонро љузъи табиат ќабул кунанд, пас миёни ў ва дигар падидањои табиї фарќе надорад. Дар ин сурат равоншиносию љомеашиносї низ љузъи илмњои табиатшиносӣ ќаламдод хоњад шуд. Дар риштањои биофизика ва биохимия ќисме аз донишмандон саъй доранд, ки падидањои њаётиро мутобиќи усули физикї ва кимиёвї баён кунанд. Бинобар ин, чунин таснифот то њадде тањти таъсири афкори ин қабил донишмандон ва мафњумњои матрањсохтаашон ќарор дорад.

Дар мавриди илмњои риёзї ва тафовути онњо аз илмњои табиатшиносӣ низ њамин масъала матрањ аст. Агар илмњои риёзї аз умури муљаррад (абстракт) ё аломатњо бањс кунанд, чи гуна метавон иртиботи наздики онњоро бо илмњои физикї тафсир намуд?

Баро чи падидањои табиатшиносӣ аз ќонунњои риёзї пайгирї мекунанд? Чи гуна моделњои риёзї ќобили татбиќ ба њаводиси табиї њастанд? Чаро ќонунњои илмњои физикї ба сурати муодилањои риёзї матрањ мешавад.

Гурўње аз олимон мавзўъоти илмиро аз ин назар, ки љанбаи амалї ё љанбаи назариявӣ дошта бошанд, ба ду табаќа таќсим мекунанд. Илмњои мањз назариявї – риёзиёт, физикаи назариро дар муќобили риёзиёти амалї ва физикаи амалї ќарор медињанд. Љанбаи амалї яке аз хусусиятњои илми муосир аст ва чунин табаќабандї низ воќеї нест. Људо кардани љанбаъњои назариявӣ аз љанбаъњои амалї низ имкон дорад, ки ба мушкилї оварда расонад.

Баъзе донишмандон илмњоро дар асоси равишњои маъмули тањќиќоти онњо табаќабандї мекунанд. Масалан, илмњои риёзиро илмњои ќиёсї ва илмњои табииро илмњои истиќрої (тањќиќї) ќаламдод менамоянд. Бояд дид, ки дар љараёни тањќиќ дар илмњои риёзї ва табиатшиносӣ кадом љанбаи таљрибавиро аз љанбаи ќиёсї људо бояд кард?

Эътибори баъзе аз усули риёзї аз тариќи мушоњида ва озмоиш таъйид мешавад. Њамин тавр назарияњои илмї дар риштањои табиатшиносӣ бештар љанбаи фикрї, натиљагирї ва тањќиќї (истиќрої). доранд Дар айни њол озмоиш дар баррасии назарияњои илмї наќши асосї мебозад.

Иосиф Љей Шваб дар китоби «Созмони маърифат ва барнома» чор меъёрро дар таснифоти илмњо зикр мекунад: 1) мавзўи илмњо ё ончи мавриди тањќиќу баррасии илмњо ќарор дорад; 2) навъи амал ё мањорате, ки дар тањќиќи як илм ба кор меравад; 3) равиш ё равишњои тањќиќ дар њар илм; 4) њадаф ё натиљаи мавриди назар ё навъи маърифате, ки дар њар илм љустуљў мешавад. Бо ин њар илмеро мумкин аст, ки ба табаќае њамроњ када шавад, масалан, равоншиносиро љузъи илмњои инсоншиносї ќарор додан. Њамин тариќ, табаќабандї низ дар ин замина ќаноатбахшанда нест, илми равоншиносї низ аз љињате љузъи илмњои табиатшиносӣ мањсуб мешавад. Аз тарафи дигар, ќарор додани ќисме аз илмњо дар табаќаи муайян мушкил аст. Масалан, биофизика ё биокимиёро наметавон маҳз љузъи илмњои физикї ё илмњои биологї ќарор дод. Умуман бояд гуфт, ки таснифот (ё табаќабандӣ)-и илмњо бештар љанбаи амалї дорад ва аз ин нуќтаи назар муфид аст.

Бояд ќайд намуд, ки масоили таснифоти илмњо дар њамаи давру замонњои тахрихї мавриди тањќиќу баррасињои мутафаккирону њакимони љањон ќарор гирифта буд. Њарчанд мутафаккирони ањди ќадим вобаста ба табаќабандии илмњо асари хоссаву људогонае таълиф накарда бошанд њам, вале кўшишидаанд, ки зимни баррасии дигар назариёти умумифалсафиашон доир ба таснифоти улум њам изњори андеша намоянд.

ҳакими мумтозу фарзонаи юнонї Афлотун (427-347 то мелод) мавзўъ маърифатро ба чор табаќа таќсим менамояд. Табаќаи аввал – маърифат кардани ќуллиёт аст. Куллиёт, аз назари Афлотун, вуљуди мустаќил ва воќеї доранд ва аќли мањзу холис ќодир аст, ки онро дарк кунад. Табаќаи дуюм – маърифатњои шартиро ташкил медињад. Ба назари Афлотун, фањм ин гуна маърифатњоро дармёбад. Табаќаи сеюм – фарогири ашё ва воќеањо мешавад. Маърифат кардани ашё ва ваќоеъ ба василаи «аќида» имконпазир мебошад . Табаќаи чорум – маърифати тахайюлї аст. Тасвири ноќиси ашёи воќеї мавзўи маърифати тахайюлиро ташкил медињад ва ин маърифат ба василаи гумон ё пиндошт њосил мегардад.

Арасту (384-322 то мелод) фалсафа ё илмњоро ба се табаќа – назариявӣ, амалї, эљодї (ибдоъї) људо мекунад. Њадафњои ин илмњо ба тартиб донистан, амалкардан ва эљод (созондан ) ё ибдоъ мебошанд.

     Илмї назариявӣ шомили се ќисмат – метафизика, риёзиёт ва табииёт њастанд. Дар ќисмати метафизика Арасту масъалањои њастї, сабабият, вуљуди Худо, њадафи љањон ва вањдати табиатро мавриди бањс ќарор медињад. Дар ќисмати риёзиёт аз мафњумњое бањс мешавад, ки мањсули эљоди зењни одамї њастанд, вале тањќиќи онњо дар хориљ ба василаи ашёи њисшаванда сурат мегирад. Дар ќисмати табииёт сухан дар бораи зуҳуроте меравад, ки дар олами беруна вуљуд доранд ва сарчашмаи мафњумњои зењнї њастанд. Њадафи ин се ќисмат дониш ё маърифат аст.

Илмњои амалї шомили тањзиби ахлоќ, тадбири манзил ва сиёсати мудун (кишвардорї) мебошанд. Њадафи ин илмњо анљом додан аст ва бо ихтиёру тасмим ва амали афрод иртибот доранд.

Илмњои ибдоъї (эљодшуда) шомили њунарњо ва муњандисї мебошанд. Натиљаи ин илмњо офаридан ва эљоди чизњои муайян аст.

Дар фалсафаи Шарќии исломї, хусусан, њикмати ноби тољику форс бо файзбардорї аз анъаноту сунатњои фалсафаи бостонии юнонї доир ба масоили таснифот ё табаќабандии илмњо андешањои љолибе баён шудааст. Тањќики ин масъала таќлидкорона набуда, балки хусусияти эљодкорона дорад ва мутобиќи табиати фањанги исломию асолати он ҳаллу фасл карда шудааст.

Абўнасри Форобї (870-950) ва Ибни Сино (980-1037) аз љумлаи шањиртарин файласуфоне мебошананд, ки рољеъ ба таснифот ё табаќабандии илмњо аќидањои пурарзише баён намудаанд.             Њатто Форобї асари махсус дар иртиботи табаќабандии илмњо бо номи «Эњсо-ул-улум» таълиф кардааст, ки њозир њам ањамияти назариявию амалии худро нигоњ доштааст, ки бо њамин маъно худи файласуф низ дар муќаддимаи њамин рисолааш нигоштааст: «Ин китоб ба донишпажўњон мадад мекунад, то мавзўи њар донишеро, ки мехоњанд фаро гиранд, нек бишносанд ва аз ќоидаву натиљаи он бархурдор шаванд ва ба онњо нерў мебахшад, ки битавонанд миёни илмњо мувозина барќарор созанд, то бартарину решадортарин ва устувортарини онњоро шиносанд ва миёни донишмандони њаќиќї ва олими намоёне, ки бидуни мояву далел дар яке аз он илмњо иддаои тасвир мекунанд, фарќ ва тамиз ќоил шаванд». Аз ин матолиб худ моњият ва њадафи табаќабандии илмњо возењона бармеояд. Китоби Форобї «Эњсо-ул-умум», ки ба панљ фасл таќсим шудааст, шаҳодати имкони ба панљ табаќаи илмњо тасниф шудани таълифоти худи мутафаккир аст.

Фасли аввали «Эњсо- ул-умум» – «илми забон» ном дорад, ки доир ба илми забон ва шохањои он сухан меравад. Ба назари Форобї, илми забон шохањои луѓат, нањв, сарф, шеър, навиштан ва хонданро дар бар мегирад. Илми забон ба таври куллї ду ќисм аст. Яке ёд гирифтани алфозе, ки дар назди миллате дорои маънї ва шинохти њудуду далолати он алфоз аст; дуюмї – шинохт ё маърифати ќонунњои ин алфоз.

Ба назари мутафаккир, пешиниён њар абзореро, ки барои баррасии ончи, ки мумкин аст одамї бидуни он хато кунад, ќонун номидаанд. Сипас e дар мавриди бахшњои њафтгонаи муњими аркони «илми забон» сухан мегўяд. Онњоро ба илмњои алфози муфрад, алфози мураккаб, ќонунњои алфози муфрад, ќонунњои алфози мураккаб, ќонунњои дуруст навиштан, дуруст хондан, ќонунњои ашъор људо мекунад ва моњияту мўњтавои њар кадоми ин илмњоро даќиќназарона тавзењ медињад.

Фасли дуюми рисолаи Форобї «илми мантиќ» ном дорад. Мутафаккир дар ин фасл далели ниёзманд будани инсонро ба илми мантиќ ва ќоидањои мантиќиву зарурати донистани онро барои касе, ки ба кори тањќиќоти илмї мепардозад, баён доштааст. Ў мавзўи мантиќро чунин шарњ медињад: «Мантиќ саноате аст, ки бо омўхтани он аз нерўе бањравар мешавем, ки метавон дар сояи он њаќро ба яќин дарк кард ва ботилро аз њаќ бозшинохт». Ин ќазияҳо (гуфторњо) иборатанд аз: бурњонї, љадалї, сафсатаї, хитобї ва шеърї. Форобї сипас аќсоми ќиёсњо ва саноати ќиёсро дар панљ чиз – яќинї, гумонї, сафсатї, басандагї (кофї), тахайюлї маълум месозад. Баъдан Форобї дар идомаи ин фасл муттако бар ќонунњои арастуї тавассути бобњои гуногуни мантиќ ба ин гуфторњо ишора мекунад. Ќонунњои арастуї аз Маќулањо (Категорияњо), Иборот (Бори арминос), Ќиёс (Аналитикаи якум), Бурњон (Аналитикаи дуюм); Мавозеи љадалї (Топика), Сафсата ё њикмати зебо (Софистикњо), Хитоба (Риторика), Шеър (Поэтика) иборатанд. Ин ќонунњо асосу мўњтавои илми мантиќро ташкил медињанд. Донистани онњо барои касоне, ки ба кори таълим мепардозанд, аз заруртарину муњимтарин муќаддамоти кор аст.

Фасли сеюми «Эњсо-ул -улум»- и Форобї – илми таолим (риёзиёт) ном дорад, ки ба њафт бахши калон – илми адад (њисоб), илми њандаса (геометрия), илми манозир (тасвирот), илми нуљум (астрономия), илми мусиќї, илми асќол (вазнњо), илми њиял (механикаи татбиќї), ё љабр ва муќобала људо мешавад.

Ба фасли чоруми рисола илми илоњї ва илми табиатшиносӣ дохил карда шудааст.Форобї дар ин бахш дар мавриди илми табиатшиносӣ, илме, ки доир ба аљсоми табиї ё сунъї аст, бањс мекунад, тафовут миёни сабабњои ѓойї (нињойї) ва фоилии (амалкунандаи) љисмњо, модда ва шакли онњоро мушаххас месозад. Доир ба њадафњои љисму мартабањои љисмњои табиї (содда ва мураккаб) сухан мегўяд. Форобї љисмњоро ду ќисм – саноъї ва табиї медонад. Љисми саноъї, монанди шиша, шамшер, порча ва ба таври куллї њар чизе, ки бо санъат ва иродаи инсон эљод мешавад. Љисми табиї, ончи ки вуљудаш ба санъату иродаи инсон вобастагї надорад, монанди осмон, замин ва ончи миёни онњост, њамчун гиёњ ва њайвон.

Сипас дар мавриди њадафњову ѓаразњое, ки боиси падид омадани љисмњои сунъї ва табиї шудааст, бањс меорояд. Дар миёни илми табиатшиносӣ, Форобї илмро бар муттакои китобњои Арасту ба њашт бахши калон таќсим мекунад ва ин њашт бахш чунин аст: 1) баррасии он асосњое, ки дар тамоми љисмњои табиї муштараканд; 2) баррасии љисмњои басит (содда); 3) баррасии кавну фасод (њаёту мамот)- и љисмњои табиї; 4) баррасии асосњои арзњо ва таъсирпазирии њисшавандаи унсурњо; (5) баррасии љисмњои маъданї; 6) баррасии гиёњ; 7) баррасии њайвон; 8) баррасии љисмњое, ки аз унсурњо таркиб ёфтаанд.

Пас аз ин Форобї ба таърифи илми илоњї (метафизика) мепардозад ва ишора мекунад, ки дар ин таъриф аз китоби «Метафизика» – и Арасту пайравї кардааст. Ў илми илоњиро ба се бахш људо мекунад: 1) бахше, ки дар он аз мављудоти чизњои дигар, ки оризи њар мављуд шавад, бањс мекунад; 2) бахше, ки дар он аз асосњои бурњонњо, дар илмњои назариявӣ – љузъї бањс мешавад; 3) бахше, ки дар он аз мављудоте бањс мешавад, ки љамъият надоранд ва дар љисмњо нестанд.

Форобї дар ин бањс ба Аввале мерасад, ки мумкин нест, ки пеш аз Ў, аввале буда бошад. Ба Ќидаме мерасад, ки мумкин нест, ќадимтар аз «Ў» чизе буда бошад. Ба Мављуде мерасад, ки мумкин нест вуљуди худро аз чизи дигаре гирифта бошад. Ва ин њамон Мављуди азалии ќидам ва Воњиди мутлаќ аст ва баён мекунанд, ки дигар мављудот дар вуљуди «Ў» муттаахиранд. Собит мекунад, ки «Ў» мављуди аввале аст, ки ба њар мављуде, савои худ вуљуд бахшидааст ва возењ месозад, ки «Ў» воњиди аввале аст, ки вањдати њар чизро «Ў» додааст.

Фасли панљуми «Эњсо–ул улум» ба шарњу баёни илми маданї, илми фиќњ ва илми калом равона шудааст. Илми маданї – ахлоќ ва сиёсат мебошанд. Форобї дар ин бахш эътироф мекунад, ки дар ин таъриф бар асоси китоби «Љумњурият»-и Афлотун ва китоби «Сиёсат»-и Арасту сухан гуфтааст. Ў илми маданиро шомили навъњои афъол, рафтори иродию ахлоќї ва ахлоќи одот медонад, ки њадаф аз ин афъолу рафторро баён мекунад. Сипас тавзењ медињад, ки кадоме, ки ношоист ва инсон бояд чи рафторе дошта бошад, то ба саодат бирасад. Ў илми маданиро ба ду бахш таќсим мекунад, ки бахше шомили таърифи саодати њаќиќї ва саодати пиндорї аст. Ва тавзењ медињад, ки даст ёфтан ба саодати њаќиќї дар зиндагии зудгузари ин љањон ѓайриимкон аст ва расидан ба чунин саодате танњо дар зиндагии љовидонаи дигар сарое имконпазир аст. Бахши дигар ба таърифи навъњои њукумат ва мадинаи фозила ихтисос дорад. Њукуматро ду навъ медонад: 1) њукумате, ки битавонад афъолу суннатњо ва малакоти иродиро, ки дар партави онњо метавон ба саодати љисмї расид, дар мардум љойгузин кунад, ки чунин њукуматро њукумат ё раёсати фозила гўянд; 2) њукумате, ки дар шањрњо ва дар миёни мардум, афъолу ахлоќро ривољ медињад, ки мояи саодати пиндорї аст, яъне дар њаќиќат саодат нест. Номи ин њукумат, раёсати љоњилї ё њукумати љоњилият аст. Ин навъи њукумат ќисмњое дорад, ки њар як муносибат ва њадафе, ки доранд, номгузорї мешаванд, монанди њукумати хиссат «њадафи он молѓункунї аст» ё њукумати каромат, «ки дар талаби бузургї ќадам бардошта мешавад». Сипас Форобї баён мекунад, ки роњи эљоди фазилат дар вуљуди инсон он аст, ки афъолу суннатњои фозила пайваста дар шањрњо ва миёни умматњо роиљ бошад ва њамагон муштаракан онро ба кор бибаранд, ин кор имконпазир нест. Макр ва василаи њукумате, ки дар партави он афъоли нек ва ахлоќи писандида дар шањрњо ва миёни мардум ривољ ёбад. Пазириши чунин њукумате танњо бо нерўи хидмат ва фазилате имконнопазир аст, ки мавриди ќабули мардум бошад.

Илми фиќњ, ки дар мавриди ин илм Форобї мегўяд: «Саноати фиќњ донише аст, ки инсон ба василаи он метавонад њудуди њар чизро, ки возењ шариат тасрењ накардааст, бо муќоиса бо он чизњое, ки њудуди мизони онњо ошкоро дар шариат баён шуда, ташхис медињад». Барои ба даст овардани ањкоми сањењ бар тибќи маќсуди возењи шариат, иљтињод (љањд) мекунад. Њар оине дорои аќоид ва афъоле аст, Худои бузург ва сифоти ўро ба мардум мешиносонад ва дар бораи олами дигари падидањо бањс мекунад. Афъол, он корњое аст, ки барои сипос ва ситоиши Худои бузург анљом мешавад, ё корњое, ки ба рафтори мардум ва муомилоти мадании онњо марбут мешавад. Ба ин сабаб илми шариат ба ду бахш таќсим мешавад, яке шомили аќоид ва ороъ аст ва дигаре шомили афъол.

Илми калом. Форобї китоби «Эњсо-ул-улум» – и худро бо тавзењи илми калом ба анљом мерасонад. Ў дар таърифи илми калом мегўяд: «Саноати калом ќиблае аст, ки инсон бо мадади он метавонад бо нерўи сухан аз ороъ ва афъоли мањдуди муайяне, ки возењ шариат онњоро сарењан баён кардааст, љонибдорї кунад ва њар чиро муолифи он аст, ботил намояд».

Матлаби чашмгири ин фасл он аст, ки Форобї илми каломро дар шумори илмњои амалї ќарор медињад ва баён мекунад, ки маќсуд аз илми калом танњо расидан ба раъй ё аќидаи яќине нест, балки њадафи он эљоди итминон ба дурустии раъй аст, ки бояд мавриди амал воќеъ бишавад. Форобї вазифаи фаќењ ва мутакаллимро бодиќќат аз якдигар људо мекунад ва мегўяд: Саноати калом ѓайр аз илми фиќњ аст. Зеро фаќењ бо ороъ ва афъоле сару кор дорад, ки возењ шариат онро сарењан баён кардааст. Фаќењ ин масоили ќатъиро асл ќарор медињад, то дигар ањкоми лозимро аз онњо натиља ё њосил кунад. Вале мутакаллим аз аќоиде љонибдорї мекунад, ки фаќех онњоро ба унвони усул ба кор мегирад, бидуни онки чизњои дигар аз он њосил (истинбот) кунад. Пас, агар шахс бар ин њарду саноат фарогир бошад, ў фаќењи мутакаллим аст, яъне чун метавонад аз шариат љонибдорї кунад, мутакаллим аст ва чун ќодир аст ба истинботи (њосили) фурўъ аз усул бипардозад, фаќењ аст.

Зери таъсири боризи китоби «Эњсо–ул-улум»-и Форобї дар олами фарњангии исломи асримиёнагї як силсила китобу рисолањои илмї–фалсафие ба миён омаданд, ки масоили таснифот ё табаќабандии илмњоро пурѓановаттару комилтар гардонид.

Китобњое, ки тањти таъсири «Эњсо–ул-улум» падид омаданд, иборатанд аз: «Расоили Ихвон-ус-сафо» (шомили 52 рисола дар чањор бахш- риёзияи таълимия, табиати љисмония, нафсонияти аќлия ва илоњиёти номусия); «Љавомеъ-ул-улум»-и Шайъо бини Фариѓун (соли таълиф 393-њиљрї): «Мафотењ–ул-улум» – и Абўабдуллоњ Муњаммад бини Ањмад бини Юсуф Котиби Хоразмї (солњои таълиф 367-372-и њиљрї ) ва шомили понздањ илм аст; рисолаи «аш-Шифо»-и Ибни Сино; «Иршод-ул–ќосид ило аснї ал-маќосид»-и Шамсиддин Муњаммад бини Иброњим Соъид ал–Бухорї ал-Акфонї; «Муќаддима»-и Ибни Халдун; «Мифтоњ ас-саода ва мисбоњ ас-сиёда»-и Тоши Куброзода; «Кашф-ул-зунунан исомї ал-китаб ва ал-фунун»-и Мустафо Абдуллоњ; «Кашофи истилоњот ал-фунун»-и Мавлавї Муњаммади Аъло бини Алї Тањонавї; «Абљадия ал-улум»-и Сиддиќи Њасан ва чандин рисолаву китобњо дар Аврупои Ѓарбї ва ѓайра.

Форобї њарчанд дар «Эњсо–ул-улум» ва он таснифоти илмњои дар он доирнамуда рољеъ ба фалсафа ё њикмат ибрози андешаи хоса накарда бошад њам, вале дар дигар осори фалсафиаш – «Китобу орои ањли-л-мадинати-л-фозила», «Китоб-ул-љамъ байна раъйи-л-њикматайни–Афлотун–ул-илоњї ва Арастутолис», «Китобу–т-танбењ ало сабили-с-саода», «Китобу–с–сиёсати–л-мадания» ва ѓайра дар иртиботи моњияту мўњтавои фалсафа ва табаќабандии соњавии он мулоњизањои амиќу даќиќ баён кардааст, ки дарку маърифати њамаљонибаи онњо дар масъалаи таснифоти умумии илмњо аз ањамияти назарию амалї ва методологї бархурдор мебошад .

Аз ин осори пурѓановати файласуфи доиратулмаориф бармеояд, ки фалсафаро ба ду бахш – назариявӣ ва амалї таќсим карда ба тамоми масоили умда ва муњими фалсафаи даврони хешро мавриди баррасиву тањќиќ ќарор додааст. Ба назари Форобї, санъате, ки њадафаш танњо тањсили њасанот аст, фалсафа ё ба маънои мутлаќ њикмат номида мешавад. Азбаски њасанот ду навъ дорад, яъне танњо илм ва илму амал, санъати фалсафа низ ба ду навъ таќсим мешавад. Ба василаи як навъи он чизеро дармеёбанд, ки њастиашон ба феъли инсон вобаста нест. Мањз дар њамин навъ истеъдоди анљом додани њасанот нињон аст. Ин навъи фалсафа фалсафаи амалї ва ё фалсафаи маданї номида мешавад (аль-Фараби. Социально–этические трактаты. Алма-Ата, 1973, стр. 34).

Фалсафаи назариявӣ се навъи илмро шомил аст: 1) риёзиёт; 2) табииёт; 3) илоњиёт. Њар яке аз ин илмњо мавзўъотеро шомил аст, ки бояд алоҳида дониста шаванд. Вале бояд гуфт, ки дар мавриди мушаххас файласуф ба маънии танг ё мањдуд ё хос танњо илоњиётро фалсафаи назариявӣ меномад, ки он аз се шоха иборат аст.

Шохаи аввали он мавзўъоти мављуд ва ашёи моддиро меомўзад. Шохаи дуюми он асосњои исботи илмњои назариявии љузъї, чун мантиќ, њандаса, њисоб ва ѓайраро баррасї менамояд Шохаи сеюмаш мавзўъоти ѓайриљисмониро, ки на љисманд ва љисмонї, мавриди тадќиќ ќарор медињад. (О классификации наук. // аль–Фараби. Философские трактаты.- Алма-Ата, 1972, стр 172-173). Аз ин гузориш бармеояд, ки арзишоти назариявӣ ва амалї-дастурии фалсафа дархўри тамоми давру марњилањои таърихї буд, њаст ва хоњад монд.

Аз тавзеҳи таснифоти илмҳо ва баррасии мавзўву моњияти фалсафа ва табақабандии онњо аз назари Форобӣ бармеояд, ки ў фалсафаи назариро мадхал ё даромади фалсафаи амалӣ медонад. Зеро дар тамоми масоили фалсафаи назариявӣ, баъдан масъалаҳои фалсафаи осори илмӣ-фалсафиаш аввал амалиро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.

Ибни Сино (980-1037) низ аз чирадасттарин ва шањиртарин нобиѓањои асримиёнагии тољик аст, ки дар осораш тамоми таровату ѓановати донишњои инсониро љамъоварї ва тамоми риштањои илмњои замони худ – мантиќ, фалсафа, илоњиёт, табииёт, риёзиёт ва тибро рушду камоли тоза бахшидааст.

Ибни Сино дар аксарияти асарњояш – «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наљот», «Донишнома», «Њикмат-ул-машриќ» рољеъ ба таснифоти илмњо ба таври хоса ибрози андеша кардааст.

Фалсафа, аз назари мутафаккир, маърифати њаќќонии ашё ба ќадри тоќат ва тавони инсонї мебошад. Мутобиќи ин таъриф тамоми дониши инсонї дониши фалсафї аст. Аз ин сабаб файласуфони ањди бостон ва асрњои миёна дар мавриди таснифоти илмњои фалсафї маљмўи илмњоро тањти мафњуми фалсафа даровардаанд.

      Ба аќидаи Ибни Сино, фалсафа ба ду бахш- назариявӣ ва амалї таќсим мешавад. Мавзўи бањси фалсафаи назариявӣ чигунагии хастии ашёи воќеї ва муродаш њаќиќати ашё мебошад ва он ба се ќисмат – табииёт, риёзиёт ва илоњиёт (фалсафаи уло) таќсим шудааст. Њар яке аз ин навъњои илмњо дар навбати худ фарогири чандин асл ва шоха мебошад. Чунончи, табииёт дорои њашт асл – 1) фанни самои табиї; 2) илми осмон ва љањон; 3) илми ќавн ва фасод; 4) илми маод ва осори улвї; 5) илми феъл ва инфиол; 6) илми нафс; 7) илми наботот; 8) илми њайвонот мебошад.Шохањои он њафтто –а) тиб; б) нуљум; в) фаросат; г) таъбири хоб; д) тилисмот;е)найранљот; ё) кимиё аст. Риёзиёт дорои чор асл аст, ки иборатанд аз 1) адад (арифметика) ;(2) њисоб; 3) њайат; 4) мусиќї. Шохањои илми адад – а) љамъ ва тафриќ; б) љамъ ва муќобала њастанд. Шохањои њандаса-масоњат (илми ҳаял); авзон ва мавозин; олоти њарбия; манозир ва мароё; наќли обњо; кураи мутањаррика; шохањои илми њайат – зайљот ва таќвим; шохањои илми мусиќї аз интихоби олати мусиќї иборат мебошанд.

Аз таснифоти илмњои риёзии Ибни Сино бармеояд, бе адад, ки онро арифметика меомўзад, бузургињои мавриди тањќиќу омўзиши њандасаро наметавон баррасї кард. Дар айни замон бе омўхтани шаклњо ва бузургињои њандасї (илми њайат), шакл, вазъ, бузургї ва масофаи байни љирмњои осмониро таъйин карда наметавонад.

Ќисмати сеюми фалсафаи назарии Ибни Синоро илми мобаъдуттабиа (метафизика) фароњам овардааст, ки фалсафаи уло ва илоњиёт номидааст. Мавзўи бањси мобаъ – дуттабиа њастии мутлаќ, масоили он њама њаводиси умда ва куллии њастї мебошад. Баъзе аз ин њаводис, масалан љавњар, араз, каммият, чандї ва кайфият ба пояи навњои њастї, бархеи дигарашон – фардият, касрат, ќувва, феъл, кулл, љузъ, имкон ва зарурат самараи њастї мебошанд. Тањќиќу омўзиши ин ќабил масъалањо бар дўши њељ як аз илмњои љузъї нест. Тањќиќи онњо вазифаи мобаъдутаббиа аст, ба сабаби баррасии умдатарин масоил ва асолати њастї фалсафаи њаќиќї ва воќеї ба шумор меравад. Ибни Сино чун дигар илмњо мобаъдутаббиаро ба панљ асл ва чандин шоха таќсим мекунад. Аслњои мобаъдутаббиа, аз назари ў инњоанд: маърифати њаводисе, ки марбути њама навъњо њастанд; тањќиќи муайянию яќиноти табииёт, риёзиёт ва мантиќ; исботи њастии Вољибулвуљуд; тањќиќи љавњарњои рўњонии заминї. Шохањои он аз таълимот дар бораи вањй ва нубувват ва таълимот дар бораи мабдаъ ва маод ташкил ёфтаанд.

Фалсафаи амалї, ки мавзўи он назари Ибни Сино, иборат аз аъмоли худи инсонњо ва ѓояташ таъмини саодати башар аст, ба се бахш таќсим карда шуда аст: 1) илми ахлоќ – назар дар тањзиби ахлоќи фарди инсонї; 2) тадбири манзил – назар дар тадбири оила ва равобити байни ањли он; 3) сиёсати мудун – таълимот дар бораи љамъияти ањли як кишвар, навъњои сиёсат, шањрњои одила ва ѓайриодила, шароити рушди як халќ ва таназзули халќи дигар, дар бораи ќонун (номус)-и њаќиќї ва ѓ.

Бояд таъкид намуд, ки Ибни Сино дар ин таснифоти илмњо ду дигаргунии хеле љиддї ворид намудааст. Яке ин аст, ки ў фалсафаро ба унвони илми куллї аз илоњиёт људо кардааст ва фалсафаи назариро аз чор ќисмати мустаќил- табииёт; риёзиёт; илми куллї; илоњиёт иборат донистааст. Дуюм, ин ки фиќњ (њуќуќ)-ро ба њайси илми мустаќил шинохта фалсафаи амалиро ба чор ќисмат – илми ахлоќ, илми тадбири манзил; илми тадбири мудун; илми фиќњ таќсим кардааст. Вале бояд таъкид кард, ки як чунин ибтикори љиддї ва аз љињати методологї пурсамари Ибни Сино дар таърихи илм ба таври бояду шояд арзёбї нашудааст. Файласуфони минбаъда аз таснифоти сегонаи фалсафї њамвора пуштибонї намуда, мавриди истифодаашон ќарор додаанд.

Аз таснифоти илмњои фалсафї њувайдост, ки фалсафаи Ибни Сино аз љомеъи илмњои замони ў иборат аст. Вале агар ба чунин аќида муттако бошем, фалсафаи илм дар бораи умдатарин усули њастї ва тафаккур аст, пас эътироф бояд намуд, ки аз маљмўи ончи, ки Ибни Сино ба фалсафа шомил месозад, фаќат мантиќ, фанни самои табиї, илмњои ахлоќ ва тадбир фалсафа аст ва пас њамаи илмњои дигар, ки њангоми таснифоти фалсафа арзёбї шудаанд, илмњои љузъии табиатшиносӣ, риёзї, биологї, динї (илоњиёт ва маънии аслии ин мафњум ва дар муќобили илми куллї, ки фалсафа аст) ва иљтимонанд (фиќњ) . Вале бояд мутазаккир шуд, ки масоили фалсафї дар доираи илмњои љузъї низ, ки Ибни Сино баррасї кардааст, камтар нест.

«Ихвон-ус-сафо ва хулон-ул-вафо» (Бародарони пок ва дўстони бовафо) – равияи маљмўавии илмї-фалсафї ва дар айни замон иљтимои махфии сиёсист, ки асри Х дар Басра ташкил ёфт. Њадафи асосии он тарвиљу роиљи донишњои илмї ва фалсафї дар миёни мусулмонон буд. Намояндагонаш – Абусулаймон Муњаммад ибни Машар ал-Муќаддасї, Зайд инби Рифоат, Алї ибни Њорун аз-Зинљонї, ал-Авфї, Абуњаёни Тавњидї, Абрурањмони Кирмонї ва дигарон буданд.

Осори илмї-фалсафї ва иљтимої-сиёсии Бародарони пок дар «Расоилу ихвон-ус-сафо» ( «Рисолањои Бародарони пок») ифода ёфтааст, ки аз 52 (панљоњу ду) љилд иборат мебошад. Расоил тамоми илмњои он замон –риёзиёт, табииёт, мусиќї, таърих, фалсафа, илоњиёт ва ѓайраро дар бар мегирад.

Ба аќидаи онњо, асоси донишро олами љисмонї ташкил медињад ва ин олам дар нафси (шуури) инсон инъикос меёбад. Нафси инсониро, ки олоти асосии маърифат медонистанд, аз назари онњо, ба колбади инсон вобаста набуда, баъзан донишро бо ёрии њис низ пайдо мекардааст. Мувофиќи назарияи онњо, нафс дар бораи олам бо се роњ –ба василаи њис, тавассути далеловарї (бањс) ва дар натиљаи тахаюл ва мушоњида дониш њосил мекунад.

Дониш бе таълим ва омўзиш вуљуд надорад. Аз ин рў, дар таълимоти онњо њама гуна дониш – дониши ѓайрииктисобї аст. Онњоро ба чор гурўњ тасниф ё табаќабандї кардаанд: 1) илмњои муќаддимавии риёзї; 2) илмњои табиатшиносї; 3) фалсафа; 4) илоњиёт. Њар яке аз ин гурўњи илмњо дар навбати худ ба навъњои гуногун таќсим мешаванд ва аз рўи мавзўи тадќиќоту робитаашон ба амалия фарќ карда мешавад. Бесабаб нест, ки дар табаќабандии онњо илмњои риёзї инсонро ба фањмиши илмњои табиатшиносї водор мекунад. Илмњои табиатшиносї бошанд, дар навбати худ ба фањмиши илоњиёт, ки маќсади хирадмандон аст, кўмак мерасонад, яъне илмњои даќиќро барои исботи таълимоти илоњии худ истифода мекарданд. Дар осори илмию фалсафии Бародарони пок таълимот дар бораи љамъият, давлату сиёсат, равоншиносї, ахлоќ ва тарбия низ маќоми хос дорад.

Афзалиддини Кошонї Муњаммад ибни Њасан ибни Муњаммад маъруф ба Бобо Афзал-файласуфи баркамолу тавонои тољику форс дар асри ХШ мебошад. Осори муњими фалсафиаш – «Минњољ-ул-мубайин», «Мадориљ-ул-камол», «Роњи анљомнома», «Арзнома», «Љовидоннома» ва ѓайраанд. Бобо Афзал чун дигар файласуфони чирадасти асрњои миёнаи тољику форс дар тањќиќу баррасии таснифоту табаќабандии илмњо, ки асосан бо замонаш мутобиќанд, наќши муайяне дорад.

Афзалиддини Кошонї дар рисолаи фалсафии худ «Љовидоннома» рољеъ ба табаќабандии илмњо чунин ишора кардааст: “Улум бар се ќисм ояд: яке аз он дунявї ва дигаре охиратї ва яке илми андеша, ки восита бувад миёни њарду. Ва аммо улуми дунявї боз ба ду бахш бувад: яке аз он илми гуфтор ва дигаре илми кирдор. Улуми охиратї ду гуна аст: яке дониши лиќои Њаќтаоло ва аз ягонагии он ба яќин расидан; дуввум дониш офариниши љањон ва мардум.

Аммо илми гуфтор бар ду мартаба аст: яке мартабаи ом, чунон ки бештарин мардумро бувад дар сухан гуфтан, ки дар бехабарї ва тифлї аз падар ва модар омўхта гардадашон, ва ин гуфтори ом ба се мартаба њосил гардад, аввалан, чизе аз онки тифл омўзад дар боби гуфтани гуфтори овоз намудан бувад, ва чун бар он тавоно гардад дар овоз њаракоти гуногун падид овардан то њуруф њаст шаванд, чунки њуруф ва њаракот дар овоз намудан бар вай осон гардад ба њам овардани њуруф омўзад то сухан шавад ба њар луѓат, ки иттифоќ афтад, тозї ё дарї ё сурї ё ѓайрион. Ва аммо мартабаи дуввум, ки мартабаи хос хондаем, чунон ки расидагонро бувад дар гуфтор, ки асл ва мояи суханро бидонанд, ки аз чист, ва фоида ва манфиати сухан то куљост, ва аз чи ќувват бар чанд њайат њаст шавад; ва аз асл ва мояи суханро шинохтан, илми мусиќї хезад, ва аз фоида ва манфиати гуфтор донистан илми мантиќ, ки тарозуи донишњост рўй дињад, ва аз њайат ва сурати таълифи гуфтор ва њаракот ва сукуноти он илми луѓат ва нањв зоид, ва њар як аз ин улуми доно он ва ањли он катаб сохтаанд, лекин аз ин љумла илми мантиќ чун миёначист миёни улуми дунявї ва улуми охиратї, аз он ки вайро дар њама роњ бувад, ва њамаи улум ба вай равшан шаванд.

Бидон, ки илми кирдор бар чањор бахш ояд: яке аз он бештарин тааллуќаш ва њаракоти андом ва љаворењ (узвњои бадани инсон) дорад, чун корњои пешаварон аз заргарї ва оњангарї ва дуредгарї ва ончи бад – он монад; ва дувум чун набиштан ва дабирї ва илми њиял ва санъати кимиё, агарчи дар он њаракати аъзо ва љаворењ ба кор аст, аммо бештар тааллуќи он на бо аъзо ва љаворењ бувад; ва саввум тааллуќ ба салоњи кори зиндагии мардум дорад бо якдигар, чун илми сиёсат ва ибодат ва илми муомилот ва никоњ ва талоќ ва итлоќ (озод карда шудани ѓулом ё каниз) ва њар чи бад-он монад ва онро шариат хонанд; ва чањорум шинохтани хўи нек ва хўи бади мардум аст, ва шинохтани роњи касби хисоли хуб ва парњез аз хислатњои бад, ва инро илми фарњанг хонанд.

Илми андеша бар чањор бахш ояд: яке шинохтани њадд ва бурњонаст, ва фоидаи њадд донистан ва шинохтани њаќиќати чиз бувад, ва фоидаи бурњон донистани пайванд ё бепайвандии ду чизи дониста бо њам бувад, ва ин њарду тааллуќ ба илми мантиќ дорад; ва бахши дуввум илми њисоб аст ва адад, ва донистани маротиби он ва њосиятњои њар ададе; ва бахши саввум илми њандаса, ва донистани њайати олам ва шакли сипењр ва анљуми даврони фалак (саёрањо ва ситорањову љурмњои фалак) ва њаракоти онњо ва азму сафари њар кавкабе, ва кайфияти сайри анљум ва даврони фалак ва шинохти тааллуќи онњо ба њаводис ва ањвол, ки дар замин афтанд, ва илми кињонат ва таъбир њам аз ин бахш бувад, ва чањорум илми табиат аст ва тиб, ва шинохтани чигунагии аносир ва омезиши онњо бо њам, ва тавлиду мураккабот аз онњо, ва тафсили мутаваллидот аз љонвар ва бељон, љунбиши љунбандагон, ва сабаби мабдаъи љунбишњо ва баъзе аз он шинохтани њоли тани мардум аст ва офариниш ва коњиши вай, ва фоидаи он ба сомон доштани ќуввати рўяндаи мардум аст, ва чун њамин илм дар иљозати мардум равад, илми фалоњат (кишоварзї) хонанд.

Ин донишњоро, ки мо онро дунявї хондаем аз он рў буд, ки фоида ва манфиати он чандон расад, ки мардум зинда бувад ва баъд аз људо шудани љон аз тан чун хобе бувад, ки дар бедорї асари он бар ёд монад, ва низ ба ранљи бисёр тавон ёфт ва ба замони дароз, ва чун ёфта шуд фоида њамчун моя бувад. Ва аммо дониши онљањонї ба муддати андак тавон ёфт, ва чун ёфта шуд, манфиаташ ба марг ва табоњии тан мутаноњї нашавад, ва чун андухтае бувад, ки ба рўзгори бехудї ва бехабарї ба даст ояд, ва ба рўзгор огањї аз он бархурдоре шавад, ва њамчунон ки фоидаи улуми инљањонї бад-он љањон кам расад ва ба кор наояд, донишњои охиратї низ дар ин љањон коргар наояд магар андаке. Ва дониши онљањонї донистани офоќ ва анфус (зоњиру ботин) аст, ки фоидаи нахустини он тавњид аст, ва шинохтани мураљљаъи худ пас аз ин зиндагї.

Улуми охиратї ду гуна аст: яке дониши лиќои Њаќтаъоло ва аз ягонагии он ба яќин расидан; ва дуввум дониши офариниши љањон ва мардум . Ва њар он ки аз ин ду дониш бебањра бувад, дидани Вай ва дарёфтани ин љањонро чун дидану дарёфтан хуфта бувад, суратњои гуногунро дар хоб, ки агарчи њамебинад ва њамеёбад, лекин аз дидан ва ёфтани худ беогањї ва бехабар бувад, ва љумлаи доно ва пайѓамбарон аз барои ин кор ангехта шуданд то халќро аз ин бехудї ва бехабарї барангезад, ва бозгашти эшон мар эшонро ёд дињанд, ки боз куљост ба ночор,  чун муаззине, ки мардумро ба бонги намоз огањї дињад, аз намоз ва замон дињад то вузў созанд, ва худро шоистаи намоз гардонанд, ва бар тањорат ва покї њамебошанд, то чун ќомати намоз шунаванд ба намоз битавонанд расид, њамчунин пайѓамбарони алайњисаллои рўз ба рўз халќро ба худ њамехонданд ва бар тањорат њамеангехтанд мардумро, то чун ќомати ќиёмат , ки он лиќои Њаќ аст бирасад ба намози њаќиќат тавонад расид. Ва ин номањоро, ки васл ба халќ расонидаанд, аз Худои таъоло чун ганљи номњост, ки бо он ба талаби ганљ бояд шитофт, на љовид дар нома хондан њаме бояд буд, чи ин пайѓомњо њаме ишорат аст ва нишон додан ба аломати офоќ ва анфус, ки андар зоњир ва ботини љањон нигоштаст ба ќалами эъљоз, то њар онки бихонад ба биної расад ва ба лиќои Њаќиќат, ва аз вањдонияти Њаќ ба дурустї огоњ гардад, ва бидонад, ки ба чи кор офарида шуд ва боз куљо хоњад шуд, ва ба донистан худро ором ёбад ва ба яќин гардад. Ва акнун ин ду бахши илм вољиб бар халќ, ки гуфта шуд, нахуст бояд, ки андар илми тавњид нигарї то аз он ба аён ва мушоњида расї, пас ба нури илми тавњид бо офариниши љањон ва мардум тавонї дид ба дурустї ва яќин. (Нигаред: Афзалиддини Кошонї. Мусаннафот. Ба тасњењи Муљтабии Минуї. – Тењрон, 1953).

Дар афкори илмї- фалсафии замонњои наву навтарини Аврупо низ як силсила таснифоти илмњо аз љониби донишмандону мутафаккирон вобаста бо таќозои давронашон пешнињод шудаанд.

Муассиси илмњои таљрибавї Френсис Бэкон (1561-1626) таснифоти илмњоро тавсия намуд, ки асоси онро ќобилиятњои рўњи инсонї – хотира, тахайюлот ва хирад ташкил медињанд. Дар таснифоти илмњои Бэкон хотира ба таърих; тахайюлот ба назм (шеърият); хирад ба фалсафа мувофиќат дорад. Тибќи пешнињоди ў назм воќеиятро вобаста аз шуур ва эњсосоти инсон ба риштаи тасвир мекашад, таърих бошад, фактњои алоњидаи воќеї ва њодисањоро тавсиф менамояд. Таърихи шањрвандї дар тафовут аз табииёт бояд зуњуроти њастии инсонро маънидод намояд. Фалсафа – маърифати нињойї-љамбастї ва куллї аст, ки ба таълимот дар бораи табиат (физика, механика, метафизика) ва фалсафаи аввал ё улло (таълимот дар бораи аксиомањо ва транседентњо) људо мешавад.

Бунёдгузори ратсионализм (аќлгарої)-и Аврупои замони Нав Рене Декарт (1526-1650) таснифоти илмњоро ба сохтори дарахт шабоњат додааст. Решаи чунин сохторро метафизика (илм дар бораи Нахустсабаб), танаашро – физика, ќуллаашро – тиб, механика ва ахлоќ ташкил медињад.

Дар табиатшиносии асри ХVШ–и Аврупо олам саросар њамчун таѓйироти шаклњо тасаввур карда мешуд. Андеша мерафт, ки њамаи вуљудоту объектњои табиат ба силсилаи занљири робитањо пайваст аст. Ин пайвастагї аз ашёњои оддї, љамодот (минералњо) оѓоз ёфта, тавассути набототу њайвонот то инсон мерасад. Тасаввурот оид ба тафовутњои сифатии “зинањои ташкилї”-и табиат аз љониби файласуфони шањиру барљастаи олмонї- Шеллинг (1775-1854) ва Гегел (1770-183) инкишоф дода шудааст. Шеллинг дар назди худ вазифа гузоштааст, ки даврањои инкишофи табиатро то пайдоиши шуур тањќиќ намояд. Табиат бо зинањои активизм, магнитизм, энергитизм ва хемизм боло меравад.

Гегел зинањои инкишофи табиатро дар даврањои инкишофи фаъолонаи «рўњи љањонї» ё «идеяи мутлаќ» инъикос намудааст. Гегел дар низоми фалсафиаш мантиќ, фалсафаи табиат ва фалсафаи рўњро муайян кардааст.

Анри де Сен-Симон (1760-1825) аќида дошт, ки илмњои љузъї унсури илми кулл, яъне унсури фалсафа мебошанд. Фалсафа вобаста ба илмњои љузъї метавонад позитивистї шавад. Ў кўшиш намудааст, ки методњои табиатшиносиро дар љамъиятшиносї љорї намояд.

Огюст Конт (1798-1857) илмњоро аз назари мавзўи онњо тасниф намуд. Дар таснифоти вай тартиби илмњо ё силсилаи маротиби онњо бо ду таваљљўњ ба ду асл соддагї ва куллиёт (мураккабї) сурат мегирад. Риёзї ба манзалаи мантиќе аст, ки бар дигар илмњо њукумат дорад ва мавзўи он миќдор низ соддатар ва куллитар (мураккабтар) аз дигар чизњо мебошад. Ба таври куллї илмњоро ба ду гурўњ – илмњои ѓайриолї ва илмњои олї таќсим мекунад. Дар гурўњи ѓайриолї- ситорашиносї, физика, химия ќарор доранд. Физиология, сотсиология ё физикаи иљтимої љузъи гурўњи илмњои олї мањсуб мешаванд.

Аз назари Огюст Конт падидањои куллитар, соддатар, муљаррадтар камтар бар падидањои дигар муттако њастанд ва ба таври даќиќтар дарк мешаванд. Равобити ин падидањо бо њам низ возењ ва ошкор аст. Илмњое,ки падидањои куллитарро мавриди бањс ќарор медињанд, пояи илмњои дигар ќарор мегиранд. Чунон ки гуфта шуд, аз мафњумњои риёзї дар илмњои физикї истифода мешавад. Њамчунин истифода аз ќонунњои физикї ва химиявї дар илмњои биологї маъмул аст. Соддагии бештар бо таваљљўњ ба асли сарфаљўї дар илмњо ва ин ки фарзияњои сањењтар онњое њастанд, ки бар усули мањдудтаре муттако бошанд, мавриди бањс ќарор мегирад. Дар айни њол мавзўъоти содда ба таври даќиќу возењ ќобили дарк њастанд. Дар силсилаи маротиби илмњо њарчи мавзўъ печидатар шавад, дарки он мушкилтар ва назарияњои марбут ба он бар усули бештаре такя доранд. Илова бар ин куллияти мафњумњои печида аз куллияти мафњумњои содда камтар аст, чунон ки куллияти мављудоти зинда аз куллияти мафњуми миќдорї мањдудтар мебошад.

Дар ин таснифот равоншиносї љузъи физиология мањсуб шудааст. Илова бар ин дар тамоми мавридњо илмњое, ки мавзўъоти онњо печидатар њастанд, бар илмњое, ки печидањои соддаро баррасї мекунанд, муттако мебошанд.

Огюст Конт барои таснифоти илмњо ду шарт – догматикї ва таърихиро муњим мешуморад. Аз рўи кам шудани абстрактнокиашон О.Конт илмњоро чунин љойгир мекунад: риёзиёт, нуљум, физика, кимиё, биология, сотсиология. Дар таснифоти илмњои О.Конт мантиќ ва равоншиносї љой дода нашудааст. Асоси таснифоти илмњои ўро принсипњои гузаштан аз содда ба мураккаб, аз абстракт ба мушаххас, аз кўњна ба нав ташкил медињанд.

Асоси таснифоти илмњоро, ки Фридрих Энгелс (1820-1895) пешнињод кардааст, табаќабандии шаклњои њаракати материя ташкил медињад. Дар ин таснифот алоќамандї ва таносуби шаклњои содда ва мураккаби њаракат ба назар гирифта шудааст. Ф.Энгелс тахмин намуда буд, ки дар сарњади илмњо кашфиёту дастовардњои азиму бузург ба амал хоњанд омад.

Махсусан дар асри ХХ дар сарњади илм соњањои нав ба вуљуд омаданд. Масалан, биохимия, геохимия, информатика ва ѓайрањо. Тафовути ин таснифот инчунин дар он аст, ки асоси фарќияти илмњоро принсипи объективият ташкил медињад. Яъне илмњо бо объект омўзишашон аз њамдигар фарќ доранд. Ин таснифот асосан љанбаи онтологї дорад, гуногунии сифатии табиат ба инобат гирифта шудааст.

Вилгелм Дитлей (1833-1911) дар асараш «Мадхали илм дар бораи рўњ» илмњоро аз рўи предмети бањсашон ба илмњои дар бораи рўњ ва илмњо дар бораи табиат људо кардааст. Дар њолати аввал мушоњида ва дар њолати дуюм эњсосот маќоми хосе доранд.

Вилгелм Винделбанд (1848-1915) илмњоро аз рўи равиш (метод)–ашон ба илмњои номотетикї (юн. санъати ќонунгузорї) ва идеографї (idea – мафњум (ѓоя)+gқaf – навиштан) људо намудааст. Илмњои номотетикї ќонунњои умумї ва тартиботи ашёю падидањоро ошкор менамояд. Илмњои идеографї зуњуроту њаводиси алоњидаро меомўзанд. Муќобилгузории табиат ва рўњ ба таснифоти илмњои гуногун пурра мувофиќат намекард.

Бинобар ин, Генрих Рикеррт (1863-1936) аќидаи Винделбандро дар бораи илмњои номотетикї ва идеографї инкишоф дода хулоса мекунад, ки принсипи интихоб ва мураттабсозии маълумотњои таљрибавї бештар таваљљўњ карда шавад. Риккерт муњити воќеият, арзиш ва маъноро фарќ мекунад, ки ба онњо шарњдињї, фањмиш, тафсир мувофиќ аст.

Дар методологияи муосир шаш (6) шаклњои асосии материя-субатомї-физикї, кимиёвї, молекулярї–физикї, геологї, биологї ва иљтимої фарќ карда мешавад. Вобаста ба табаќабандии шаклњои њаракати материя њамчунин таснифоти илмњо муайян карда мешавад. Нуќтаи назари дигаре низ вуљуд дорад, ки мувофиќи он гуногунияти олам ба се шакли њаракати материя – асосї, љуъї ва маљмўї (комплексї) људо карда мешавад.

Дар миёнањои асри ХХ В.И.Вернадский (1863-1945) таснифоти нави илмњоро пешнињод кард. Ў вобаста ба хусусияти мавзўъњои омўхташаванда илмњоро ба ду навъ људо намуд: 1) илмњое, ки мавзўъ (ва ќонун)-њои онњо њамаи воќеияти айнї – сайёрае, ки мо дар он зиндагї мекунем, биосфера (муњити зист) ва фазои нопайдоканори кайњониро фаро мегиранд. Ба таъбири дигар гўем, ин илмњо – илмњое мебошанд, ки мавзўи онњо ба падидањои асосиву умумии воќеият љавоб медињанд; 2) илмњое, ки мавзўъ (ва ќонун)-њои онњо танњо марбут ва хоси сайёраи Замин мебошанд. Мутобиќ ба чунин тарзи фањмиши илмњои гуногун ва “бо назадошти чунин њолати донишњои илмї, мо метавонем дар бунёди ноосфера (муњити аќлї) зоњир шудани таъсири ду соњаи аќли инсонї: илмњои куллї рољеъ ба тамоми воќеияти айнї (физика, астрономия, кимиё, риёзиёт), ва илмњо рољеъ ба Замин (биология, зоология, сотсиология)-ро мушоњида кунем”. (ниг: Вернадский В.И. О науке. Т.1. Научное знание. Научное творчество. Научная мысль.- Дубна, 1997. стр. 463).

Ба аќидаи В.И.Вернадский мантиќ дар миёни илмњо маќоми хоса дорад, чунки он бо фикри инсонї алоќаи ногусастанї дошта њамаи илмњоро – њам илмњои гуманитарї, ва њам илмњои табиию риёзиро як хел фаро мегирад. Њамаи ин тарафњои донишњои илмї як ќисми воњидро ташкил медињанд, ки он илм њамеша дар љараёни инкишоф буда, доираи мавзўи он низ торафт васеътар мешавад.

Ончи марбути таснифоти илмњои муосир мебошад, бояд тазаккур дод, ки ин таснифот тибќи меъёрњову асосњои гуногун сурат мегиранд. Аз рўи мавзўъ ва усули маърифат илмњоро метавон ба илмњои доир ба табиат- табиатшиносї, оид ба љамъият – љамъиятшиносї (илмњои гуманитарї ва иљтимої) ва дар бораи худи маърифат, тафаккур (мантиќ, назарияи маърифат (гносеология, эпистемология ва ѓ.) људо кард. Илмњои техникї гурўњи алоњидаро ташкил медињанд. Илми муосири риёзї бошад, бо баъзе хусусиятњои худ аз дигар илмњо фарќ мекунад. Ба аќидаи баъзе олимон, ин илм ба гурўхи илмњои табиатшиносї шомил нест, аммо муњимтарин унсури фикрии онњо ба шумор меравад.

Њар як гурўњи илмњо дар навбати худ дорои љузвиёт мебошад. Њамин тавр, механика, физика, кимиё, геология, биология ва ѓ., ки њар кадоми онњо низ ба як ќатор фанњои алоњидаи илмї таќсим мешаванд, љузвњои илми табиатшиносї мебошанд. Фалсафа, гарчанде ки онро пурра ба илм ворид кардан мумкин нест, илме мебошад, ки рољеъ ба ќонуниятњои куллии айнии њастї бањс мекунанд.

Аз рўи дараљаи алоќамандии илмњо бо амалия илмњоро ба ду гурўњи калон људо карда метавонем: бунёдї, ки онњо ќонунњо ва усулњои асосии олами воќеии айниро ошкор карда, вале бо таљриба пайванди мустаќим надоранд; ва амалї ё татбиќї – истифодаи бевоситаи натиљањои маърифати илмї дар њалли масоили мушаххаси истењсолї, иљтимої ва таљрибавї дар такя кардан ба ќонуниятњое, ки онњоро илмњои бунёдї муќаррар кардаанд. Дар баробари њамаи ин бояд дар хотир дошт, ки сарњаде дар байни илмњо ва фанњои илми алоњида вуљуд дорад, он сарњади шартї ва мутањаррик мебошад.

Барои таснифоти илмњо инчунин дигар меъёрњо (асосњо)–ро низ истифода бурдан мумкин аст. Масалан, ба назар гирифтани чунин соњањои асосии илмњои табиатшиносї, мисли материя, њаёт, инсон, замин, кайњон имкон медињад, ин илмњоро ба таври зерин табаќабандї кунем: 1) физика – физикаи кимиёвї – кимиё; 2) биология – ботаника – зоология; 3) анатомия – физиология – таълимоти эволютсионї – таълимот дар бораи ирсият; 4) геология – минералогия – петрография – палеонтология љуѓрофияи физикї – ва илмњои дигар дар бораи Замин; 5) астрономия – астрофизика – астрохимия – ва илмњои дигар дар бораи Кайњон.

Илмњои гуманитарї низ дар дохили худ ба љузвњо таќсим мешаванд: таърих, бостоншиносї, назарияи иќтисодї, сиёсатшиносї, фарњангшиносї, љуѓрофияи иќтисодї, сотсиология, санъатшиносї ва ѓ. Ин илмњо, њарчи ќадаре, ки љузвњои гуногуни илми гуманитариро ташкил медињанд, њарчи ќадаре шумораи ин љузњо меафзояд, «бо вуљуди ин њамаи онњо дар як сохтори воњид бо њам алоќаманд шуда, аз рўи мантиќ бо якдигар мухолифат намекунанд ва як илми тому ягонаро ташкил медињанд». (ниг.: асари зикршуда. с.401-402).

Дар солњои 60-уми асри гузашта файласуф ва муаррихи барљастаи илми рус В.М.Кедров низ илмњоро ба таври љолибе тасниф кардааст. Ба аќидаи ў, таснифи умумии илмњо дар замони ошкор кардани алоќаи байнињамии се ќисмати муњими донишњои илмї: илмњои табиатшиносӣ, љамъиятшиносї ва фалсафа имконпазир мебошад. Њар яки ин ќисматњо фарогири як гурўњ ё маљмўи томи илмњо мебошад. Таснифи умумии илмњо, ки В.М. Кедров муаллифи он мебошад, ба таври зерин аст: 1) илмњои фалсафї: диалектика (љадал), мантиќ; 2) илмњои риёзї: мантиќи риёзї, риёзиёт (бо иловаи кибернетика); 3) илмњои табиатшиносӣ ва техникї: механика (инчунин механикаи татбиќї ва кайњоннавардї (космонавтика), астрономия ва астрофизика (ва физикаи техникї), физика, физикаи кимиёї, кимиёи физикї, кимиё ва геокимиё, геология, география, биокимиё, биология, илмњои кишоварзї, илмњои тиббї, физиологияи одам, антропология; 4).илмњои иљтимої: а) таърих, бостоншиносї, мардумшиносї. ҷуѓрофияи иќтисодї, омори иљтимої–иќтисодї; б) илмњо рољеъ ба базис (зербино) ва надстройка (рўбино): – иќтисоди сиёсї, илм рољеъ ба давлат ва њуќуќ (илмњои њуќуќшиносї), таърихи санъат ва саъатшиносї; в) забоншиносї, равоншиносї, илмњои педагогї, илмњо рољеъ ба шаклњои алоњидаи шуури љамъиятї (ниг: Философская энциклопедия: В 5-ти т: Т.3.-М., 1964.- С.581-583).

Дар замони муосир дар байни илмњо илмњои табиатшиносӣ нисбатан муфассал тасниф карда шудаанд, гачанде ки дар ин ќабил табаќабандињо бисёр лањзањои бањсталабро низ дучор омадан мумкин аст. Масалан, оё шакли геологии њаракати материя вуљуд дорад ва агар чунин њаракат вуљуд дошта бошад, пас маќоми геология дар зинаи табаќабандии илмњо кадом аст? Таснифи илмњои иљтимої-гуманитарї он ќадар њам пухта ва мукаммал нест, сабаб чист?

Шояд сабаби вуљуд доштани чунин њолати номатлуб дар таснифи илмњои иљтимої-гуманитарї дар он бошад, ки солњои тўлонї тањлили илм ва маърифати илмї дар «ќолаб»-и донишњои табиию риёзї сурат мегирифт. Хусусиятњои хоси илмњои табиию риёзї ба дигар илмњо низ нисбат дода мешуданд, ки ин њолат алалхусус дар илмгарои табиатшиносӣ ба таври возењ ифода гардидааст. Дар солњои охир таваљљўњи фаъолияти илмї-тањќиќотї ба маърифати иљтимої –гуманитарї, ки яке аз навъњои ба худ хоси донишњои илмї ба шумор меравад, хеле зиёд шуда истодааст

3.3. ВАЗИФАҳОИ ИЛМ ДАР ҳАЁТИ ҶАМЪИЯТ

Вазифаи муњими илм њамеша тавлидоти донишњои илмї-назариявї буд, аммо дар љараёни инкишофи худ илм вазифањои навро соњиб гардид.

Инкишофи вазифањои илмро дар љараёни ташаккули таърихии он мушоњида кардан мумкин аст. Таѓйир ёфтани манзараи олам дар зери таъсири инкишофи илм вазифаи љањонбинии илмро ба миён овард. Дар љањони муосир мањз дониши илмї асоси моњиятї ва љавњари љањонбиниро ташкил медињад. Дар давоми инкишофи илм инчунин вазифањои фарњангї ва технологии он ташаккул ёфтанд. Вазифаи фарњангї ба наќши илм дар нерўи умумии фарњанг далолат мекунад. Вазифаи технологии илм сифати инкишофи тамаддунро муайян намуда, зарурати аз љониби наслњои оянда аз худ кардани нерўи технологии мављударо њамчун заминаи инкишофи минбаъда инъикос кунад.

Дар љањони муосир вазифаи нави илм њамчун омили танзими иљтимої њувайдо мегардад, ки бо таъсир намудан ба талаботњои љамъият ва муњайё намудани шароитњои идораю фаъолият алоќаманд аст. Ин бошад, самтњои ахлоќї-арзишии илми муосирро равшан месозад. Вазифаи танзими илм тавассути низоми маориф, тарбия, љалб кардани аъзоёни љомеа ба фаъолияти илмї ва ањли илм њамчунин ба василати созмонњои мутахассисњои баландихтисос амалї карда мешавад. Илм иа талаботњои иќтисодии љамъият љавобў шуда, илм худро дар вазифаи ќувваи воситаи истењсолкунанда, ки барои афзун гардонидани захирањои истењсолии љамъият нигаронида шудааст, татбиќ месозад. Мањз истењсолоти калони мошинї, ки дар натиљаи табадуллоти саноатии асрњои ҶVIII-ҶIҶ, ки бо мусоидати илм пайдо шуданд, асоси моддии ба ќуввањои бевоситаи истењсокунанда табдил ёфтани онро ташкил медод. Вай ба сифати омили муњими хољагидорию фарњангии инкишофи љомеа баромад мекунад. Њар як кашфиёти нав барои ихтирооти техникї замина фароњам меорад. Истењсолоти гуногунсоња пас аз ин њамчун татбиќи бевоситаи технологии дастовардњои соњањои гуногуни илм инкишоф меёбад.

Вазифаи иљтимоии илм ба сифати бартариятдошта хидмат мекунад, ки дар доираи он ба масоили экологї маќоми муњим дорад. Илми муосир дар толоши он аст, ки њарчи бештар дар бораи мутобиќати дастовардњои илмї-техникї бо табиат эътибор дињад.

Вазифаи нерўи иљтимоии илм њамчунин дар он њувайдо мегардад, ки усулњо ва даст- овардњои тадќиќотии он дар тартиб додани барномањои бузургњаљми инкишофи иљтимої ва иќтисодї, њангоми њалли масъалањои љањонишавии муосир, дар бењдошти идораи иљтимої истифода мешавад.

Њамчунин вазифаи лоињавї-созандагии илмро људо мекунанд, ки ќисми људонопазири њар гуна пажўҳишҳои зењнї-аќлонї мебошад. Вазифаи лоињавї- созандагї бо офаридани технологияњои сифатан нав ва санљиши пешакии он, ки дар замони мо нињоят муњим аст. Зеро чунин технологияњое мављуданд, ки ба инсон зарари хатароваре оварда метавонанд, алоќаманд аст.

Њамин тавр, ба вазифањои асосии илм инњо метавонанд дохил шаванд: а) тавлидоти донишњои илмї-назариявї; б) вазифањои љањонбинї ва фарњангї; в) вазифаҳои технологї ва илм њамчун ќувваи бевоситаи истењсолкунанда; г) вазифаи танзими иљтимоии равандњои љамъиятї ва нерўи иљтимої; д) вазифаи лоињавї-созандагї.

Махсусан наќши илм дар маориф муњим аст, ки дар асоси он манзараи илмии олам ва тарзњои илман асоснокшудаи хусусиятњои соњањои нейрофизиологї- аќлї ва њиссию иродагии инсонро ба инобат мегиранд, љой дода шудааст. Наќши илм дар маориф ба њамаи ќисматњои раванди маълумотгирї-маќсадњо, воситањо, натиљањо, присипњо, шакл ва усулњо-пањн мегардад. Раванди маълумотгирї «майдони ибтидої» дар он «вохурї»-и фард бо илм ба амал меояд. Илм ба раванди маълумотгирї таъсири самтгирона расонида, дар њолати зарурї тамоми сохтори таълимро метавонад таѓйир дињад. Принсипњои илмию љањонбинї дар худи таълимотњои маълумотдињї, тарбиявї ва сохтори фаъолияти омўзгорї вуљуд дорад, тамоми мазмуни раванди таълимї- маълумотдињиро фаро мегиранд.

Маориф ин љараёни њамоњангсозї буда, дар он ќиматњои таълимдињї, интиќол ва нигањдории анъанањо, эљодиёт љой доранд ва инкишофи фаъолияти љустуљўиву дарёфтї, худамалисозиро дар назар доранд. Таѓйирот дар илм ва техника зарурати дигаргуншавии низоми маорифро, ки ба дастовардњои илмї такя дорад, таќозо мекунад.

Фалсафа низоми маорифро бо маънои пурмўњтавои мафњумњои «шахс», «фард», «фардият», ки љавњари равандњои тарбия маълумотдињиро ташкил медињанд, таъмин менамояд. Мафњуми «фард» мансубиятро бо зоти инсонї ифода намуда ва ба тарбияти омилњои биологии ѓайриматериалї ва инстинктивии њаёту фаъолият (талабот ба хўрок, инстинкти љинсї, инстинкти худмуњофизатї)-ро ишора намуда, барои ифода кардани инсон њамчун намояндаи омма истифода мешавад. Фард ѓайрисимої ва монанд ба њамаи дигарон буда, дар борааш гуфтан мумкин аст: «ҳамин», «дигар», «сеюмї». Мафњуми «фардият» маљмўи сифатњои хоси меросї ва азхудкардаи инсонро ифода мекунад. Мафњуми «шахс» дар худ ду лањзаи асосиро дар бар мегирад: 1) хусусиятњои муњими иљтимої-психологии инсон; 2) зарурати худамалисозии иљтимоии инсон ва маќсадгузории ў. Раванди такомулоти шахс ташаккулёбии мавќеи ботинї ва амиќи бо арзишњои олї (ба њаќиќат, хайр, зебої, адолат) нигаронидашударо дар мадди назар дорад. Барои шахс эњсоси шарафи худ, њуќуќњо, озодињо, имконияти њифзи аќидаи худ, кўшиш ба њамдигарфањмї хеле муњим аст. Фалсафа масъалаи шакл ва тарзњои интиќоли донишњоро тањќиќ менамояд, ѓоя дар бораи он, ки сифатњои иљтимої ба таври меросї гирифта намешавад, дар бораи он ки тарбия, таълим ва таълимдињї воситањои муњими интиќоли сифатњои муњими иљтимої ва намунаи рафтор ба насли камолёбанда мебошад, асоснок менамояд.

Дар замони муосир камбудињои сершумори раванди таълимдињии њозиразамонро, дар коста шудани сифати он аз сабаби воридшавиаш ба муносибатњои тиљоратї ќайд карда мешавад. Маорифро њамчун яке аз шаклњои хизматрасонињои бозоргонї фањмидан нодуруст аст, чунки низоми маорифро бояд он «нардбони иљтимої» бошад, ки табаќаи иљтимоии зиёиёнро бо шахсиятњои эљодкору мењнатдўст (на ин ки афроди сарватманд) пурра гардонанд.

Муњаќиќони муосир ду вазифа њам барои маориф ва њам барои илм умумиро пешнињод менамоянд: а) самтёбии башардўстии љадид, ки дар он маќсадњои барои баќопазирии инсоният, муќаррароти ахлоќии дар худ ѓамхори дар бораи наслњои ояндадошта доранд; б) вазифаи экологї, ки ба нигањдории табиат ва шароитњои њарчи мутобиќтар барои мављудияти инсон самтгирифта равона шудааст.

Оё инсоният дар љањони техногенї мављудияти худро эмин нигоњ дошта метавонад? Ба аќидаи олимон ин аз бисёр љињат ба он вобаста аст, ки чи ќадар илм ва маориф тибќи кўшиши якљояашон дар бораи ояндаи мо меандешанд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.