Фанни Фалсафа

Сохтори маърифати илмӣ

4.1. ДАРАҶАҳОИ ТАҶРИБАВӢ ВА НАЗАРИЯВИИ МАЪРИФАТИ ИЛМӢ

Маърифати илмӣ ду дараҷаи ба ҳам алоқаманд, вале тафовутдошта — таҷрибавӣ ва назариявиро дар бар мегирад.

Дар сатҳи таҷрибавӣ мушоҳидаи зинда (маърифати ҳиссӣ) бартарӣ дорад. Шаклҳои зеҳнӣ бошад, (мафҳумҳо, муҳокимаҳо ва ѓ.) нуфузи тобеъшаванда доранд. Объекти таҳқиқшаванда бештар аз ҷиҳати муносибатҳо ва зуҳуроти берунаашон инъикос карда мешаванд. Мазмуни маърифати таҷрибавӣ ин ҷамъоварии фактҳо, ҷамъбасти ибтидоии онҳо, тавсифи маълумотҳои мушоҳидавӣ ва озмоиши низомигардонии онҳо, таснифот ва дигар шаклҳои фаъолият ба қайдгирии фактҳо мебошад. Тадқиқоти таҷрибавӣ объектро тавассути чунин усулу воситаҳо, ба монанди: тафсир, қиёс, андозагирӣ, мушоҳида, таҷрибагузаронӣ, таҳлил, индуксия (унсури муҳими он далел мебошад) аз худ менамояд. Мафҳуми факт (аз лотинӣ, factғm — иҷрошуда, ба вуқӯъомада) чунин маъноҳо дорад: 1) қисми алоҳидаи воқеият, воқеаҳои объективӣ, натиҷаҳое, ки ё ба воқеияти объективӣ («фактҳои воқеият» ); 2) дониш дар бораи ягон воқеа, зуҳурот, ки мӯътамад буданашон исбот шудааст; 3) ҷумлае, ки дар рафти мушоҳида ва таҷрибагузаронӣ ҳосил шудааст. Маъноҳои дуюм ва сеюми зикршуда дар мафҳуми «факти илмӣ» фаро гирифта мешавад, ки ҳангоми ворид будани он ба сохтори мантиқии низоми донишҳои илмӣ ҳамин зайл мешавад. Чунончӣ, Н.Бор навитааст: «Мо бояд эътироф кунем, ки ҳеҷ кадом факти таҷрибавӣ бидуни низоми муайяни мафҳумҳо ифода карда нахоҳад шуд». Луи де-Бройл иброз дошт, ки «натиҷаҳои таҷрибагузаронӣ дар ҳеҷ маврид хусусияти факти оддиро, ки танҳо ба қайд гирифта мешавад, дошта наметавонад. Дар баёни ин натиҷа ҳамеша як ҳиссаи муайяни маънидодкунӣ ҷой дорад, аз ин рӯ ба факт ҳамеша тасаввуротҳои назариявӣ омехтааст». Ҷамъоварии фактҳои таҷрибавӣ, гарчанде ки вай доманадор ҳам бошад, бе «фаъолияти ақл» ба ошкор сохтани ягон қонунҳо ва баробариҳо оварда намерасонад. Дар фаҳмиши табиати факт ду тамоили ниҳойӣ ҷудо мешавад: а) фактуализм, ки новобастагӣ ва мустақилияти фактҳоро нисбат ба назарияҳо қайд мекунад; б) теоретизм, баръакс вобастагии пурраи фактҳоро аз назарияҳо эътироф мекунад. Ҳалли дурусти масъала дар он аст, ки факти илмӣ таъсире аз назария дошта, нисбат ба назария мустақилияти нисбӣ дорад, чунки сабаби асосиаш воқеияти моддӣ мебошад.

Набояд фактҳои алоҳида ҷудо аз ҳам баррасӣ шавад: танҳо дар он ҳолате, ки онҳо ҳамчун низоми том гирифта шудаанд, онҳо «ҳавои олим», «номи илм» мегарданд. Ҳарчанд, ки ҳар як факт сабабияти худро дар воқеият ва амалия дорад, ба ягон тарз консепсиявӣ гузаронида шудааст, яъне бо тасаввуротҳои назариявии муайяне махлут гардонида шудааст, бинобар ин, чуноне ки Алфред Уайтхед қайд мекунад, маърифати илмӣ муттаҳидшавии ду қабат аст: яке аз маълумотҳои бевоситаи дар рафти мушоҳидаи мушаххас гирифташуда ба амал меояд, дигараш аз тарзи умумии ҷаҳонфаҳмии мо пайдо мешавад. Ба ақидаи ӯ, ин қабатҳоро мутаносибан «қабати мушоҳидавӣ» ва «қабати назариётӣ», ки аз инҳо якумаш ҳамеша тавассути мафҳумҳои аз қабати назариётӣ дастрасшуда тавсиф мегардад.

Мувофиқи ақидаи Карл Поппер, агар дар фактҳо «як чизи назариявӣ ҷойгир» набошад, он гоҳ «фактҳо» асоси назария шуда наметавонад. Алҳол байни назарияҳо ва фактҳо, ки тавассути ҳамин назарияҳо тавсиф мегарданд, ҳамеша бояд «фарқияти воқеӣ» гузоштан мумкин аст. Назарияҳои аз ҷониби инсон созмонёфта метавонад бо фактҳои воқеии аз инсон новобаста бартарият  дошта бошад ва он гоҳ дар дарёфти ҳақиқат лозим меояд, ки назарияҳо ба фактҳо мутобиқ сохта шавад, ё ки аз ин назарияҳо даст кашида шавад.

Сатҳи назариявӣ бо бартарияти шаклҳои тафаккур (мафҳум, назарияҳо, қонунҳо ва ѓ.) баён мегарданд. М.Борн қайд намудааст, ки «ақли метавонад ба асрори табиат бо ёрии тафаккур дар натиҷаи ҳамоҳангии байни қонунҳои тафаккур ва қонунҳои табиат роҳ ёбад». Тафаккур — ҷараёни фаъоли инъикоси ҷамъбастӣ ва воситавии воқеият мебошад, ки дар асоси маълумотҳои ҳиссии робитаҳои қонунии он ва ифодаи онҳо дар низоми абстраксияҳо (мафҳумҳо, категорияҳо ва ѓ.)-ро ошкор месозад.

Мушоҳидаи зинда, маърифати ҳиссӣ дар сатҳи назариявӣ аз миён намеравад, балки қисми тобеи ҷараёни маърифат мегардад. Вазифаи муҳими дониши назариявӣ-дастраскунии ҳақиқати объективӣ бо ҳама мушаххасият ва пуррагии мазмунаш мебошад. Барои ин чунин усулу воситаҳои маърифатӣ истифода мешаванд, ба монанди: а) абстраксиясозӣ (муҷаррадсозӣ) — фикран ҷудо кардани хосиятҳо ва муносибатҳои алоҳидаи предмет, ки мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст; б) идеализатсия (идеаликунонӣ) ҷараёни офаридани предметҳои соф фикрӣ («нуқта», «гази идеалӣ» ва ѓ); в) синтез (таркиб) — муттаҳидсозии унсурҳо дар система, ки дар натиҷаи таҳлил ба даст омадаанд; г) дедуксия — ҳаракати маърифат аз кулл ба ҷузъ, гузаштан аз абстрактият ба мушаххасият ва ѓ. Мавҷудияти идеаликунонӣ ва моделҳои идеалӣ дар назар нишондиҳандаи инкишофи назария мебошад.

Аломати хоси маърифати назариявӣ ин самтгирӣ ба худ, рефлексияи дохилимиллӣ, яъне таҳқиқи худи ҷараёни маърифат, шаклҳо, тарзҳо, усулҳо, дастгоҳи мафҳумӣ ва ѓ. мебошад.

Тафаккур ҳамчун қисми фаъолияти маърифати назариявӣ ду дараҷа дорад: хирад ва ақл

Ақл (рассудок) дараҷаи ибтидоии тафаккур буда, дар амалиёт ба абстраксияҳо дар доираи нақшҳо, стандартҳои таѓйирёбанда ба вуҷуд меояд. Ин қобилияти ва муназзами муҳокимаронӣ, дуруст баён кардани фикри худ, дақиқ тасниф ва низомнок намудани фактҳо бо роҳи бошуурона аз эътибор соқит кардани онҳо аз инкишоф ва алоқамандии ашёҳо, чизҳо мебошад. Вазифаи муҳими ақл — ҷудосозию баинобатгирист. Умуман тафаккур бе ақл имконпазир аст. Вай ба тафаккури меқаррарии рӯзмаравӣ ворид аст. Мантиқи ақл — мантиқи шаклест, ки сохтори иброзу исботро омӯхта, ба шакли «тайёр»-и дониш, на ин ки ба инкишофи он, диққат медиҳад.

Хирад (тафаккури диалектикӣ)- дараҷаи олии тафаккур аст, ки барои он амалиёти эҷодкорона бо абстраксияҳо ва тадқиқоти бошууронаи табиати худ (худфаҳмӣ)хос мебошад. хирад метавонад моҳияти ашёҳо, қонунҳо ва зиддиятҳои онҳоро дарк намояд, амиқан ҳаматарафа ва мушаххас дар мантиқи мафҳумҳо мантиқи ашёҳоро дар алоқамандию инкишофашон ифода намояд. Вазифаи муҳими хирад — муттаҳидсозии гуногунрангӣ то ҳадди синтези (таркиби) баҳамзидҳо ва ошкор намудани сабабҳои манъшавӣ ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи зуҳуроти омӯхташаванда мебошад.

Дар ҷараёни тафаккур, ақл ва хирад таъсири мутақобила доранд ва ба ҳамдигар мегузаранд. Мисоли ин баҳамгузарӣ — берун шудани хирад аз доираи низоми тайёри донишҳо дар асоси пешниҳоди ѓояҳои нави бунёдӣ мебошад. Гузаштани ақл ба хирад ақл, пеш аз ҳама, ба амали шаклигардонӣ ва интиқоли низоми донишҳо.

Шаклҳои асосии тафаккур: Мафҳуми шаклҳои асосии тафаккур — шакли тафаккурест, ки хосиятҳои умумӣ ва муҳими падидаҳоро инъикос менамояд. Масалан, дар ибораи «инсон — мавҷудоти офарандаи олоти меҳнат», чунин хосияти муҳими инсон ифода ёфтааст, ки ӯро аз тамоми дигар анвои мавҷудоти зинда фарқ мекунонад. Барои дуруст ифода кардани инъикоси воқеии олами объективӣ мафҳумҳо бояд алоқаманд бошанд. Мафҳумҳои умумитарин ин категорияҳои фалсафӣ (сифат, миқдор, материя ва ѓ.) мебошанд.

Ҳукм — ин шакли тафаккур аст, ки ҷараёни воқеият, хосиятҳо, робитаҳо ва муносибатҳои онро инъикос намуда, одатан бо ҷумлаи ҳикоягӣ, ки мумкин ҳақиқӣ ё хато бошанд, ифода карда мешавад. Дар шакли ҳукм ҳам хосияту аломатҳои муҳим ва умумӣ, ҳам дуюмдараҷа ифода карда мешаванд. Дар мантиқи муосир аз ибтидои асри ХХ то инҷониб ба ҷои истилоҳи ҳукм аз истилоҳи гуфтор истифода мебаранд, ки он ҷумлаи ҳикоягии аз ҷиҳати грамматикӣ дуруст буда, маънои муайянеро ифода менамояд. Намудҳои асосии гуфтор — тавсифӣ ва баҳодиҳӣ мебошанд.

Хулосабарорӣ- шакли тафаккур аст, ки тавассути он аз донишҳои пешакӣ маълумкардашуда (одатан аз як ё якчанд ҳукмҳо) дониши нав (ҳамчунин дар намуди ҳукм) бароварда мешавад.

Намунаи классикии хулосабарорӣ: Ҳамаи одамон мирандаанд (қазия); Суқрот инсон аст (дониши асоснокгардонанда); хулоса: Суқрот миранда аст (дониши ҳосилшуда, ки хулоса ё натиҷа номида мешавад).

Шарти муҳими ноил шудан ба ҳақиқат на танҳо дар ҳаққонияти қазияҳо (далелҳо, асосҳо), инчунин дар риоя кардани қоидаҳои хулосабарорӣ, роҳ надодан ба вайрон кардани қонунҳо ва принсипҳои мантиқ мебошад. Хулосабарорӣ ба ду намуди ба ҳам алоқаманд ҷудо карда мешавад: индуктивӣ (ҳаракати фикр аз ҷузъӣ ба кулл) ва дедуктивӣ (силлогизмҳо), ки дар он ҷараёни баръакс ҷой дорад.

Таърихи маърифат нишон медиҳад, ки ѓояҳои нави тасаввуротҳои кӯҳнаро комилан таѓйирдиҳанда аксаран на дар натиҷаи мулоҳизаҳои пайдарпайи муназзами мантиқӣ ё ҷамъбастсозӣ пайдо мешаванд, балки дар натиҷаи ҷаҳиш, танаффусият, бетанаффусият дар ҳаракати фикр пайдо мешавад. Луи де-Бройл навишта буд, ки «илми инсонӣ дар асосҳо ва аз рӯи усулҳояш моҳиятан оқилона буда, музаффариятҳои наҷибтарини худро бо роҳи ҷаҳишҳои хатарноки ногаҳонии ақл, ки ҳангоми он қобилиятҳои аз панҷаи вазнини мулоҳиза озодшуда, ки тахаюлот, интуитсия (ҳадс), равшанақлӣ номида мешаванд, метавонад амалӣ гардонад». Нақши муҳими тахаюлот, фантазия ва интуитсия (ҳадс)-ро дар тадқиқотҳои илмӣ чандин эҷодкорони бузурги илм эътироф намудаанд. Асосноккунии пурраи мантиқӣ ва таҷрибавии ин хулосаҳо дертар дарёфт мешаванд, вақте ки онҳо аллакай ифода ёфта ба илм дохил шудаанд. Маърифат- ин ягонагии ҳиссӣ ва зеҳнӣ, таҷрибавӣ ва назариявӣ, ақл ва хирад, интуитсия ва ақлӣ (дискурсиявӣ) мебошад.

Ба қисмҳои сохтории сатҳи назариявии маърифат дохил мешаванд: масъала, фарзия, назария ва қонун.

Масъала — шакли назариявии дониш, ки мазмунашро он чи, ки аз ҷониби инсон ҳанӯз ошкор нашудааст, ташкил медиҳад. Ин саволест, ки дар рафти маърифат пайдо шуда, ба худ ҷавоб металабад. Масъала ду марҳаларо дар бар мегирад: гузориш ва ҳалли он. «Ифода намудани масъала аксар вақт назар ба ҳалли он муҳимтар аст, ки метавонад кори танҳо санъати риёзӣ ё таҷрибагузаронӣ бошад», навиштааст А. Эйнштейн. Ба ақидаи В. Гезенберг, ҳангоми гузориш ва ҳалли масъалаҳои илмӣ инҳо муҳим аст: а) низоми муайяни мафҳумҳо, ки тавассути онҳо муҳаққиқ масъаларо ба қайд хоҳад гирифт; б) низоми усулҳо, ки бо дарназардошти мақсадҳои тадқиқот ва хусусияти масъалаи ҳалшаванда интихоб карда мешаванд; в) такя ба анъанаҳои илмӣ. «Масъалаҳо, — чуноне ки К. Поппер қайд мекунад, — ба миён меоянд: а) ё ҳамчун натиҷаи зиддият дар назарияи алоҳида, б) ё ҳангоми бархӯрди ду назарияи ба ҳам зид, в) ё дар натиҷаи номувофиқатии назария бо мушоҳида».

Ба тарзи гузориш ва ҳалли масъала инҳо таъсири муҳим доранд: якум, хусусияти тафаккури замона ва дуюм, сатҳи дониш дар бораи он объектҳое, ки бо пайдоиши масъала алоқаманданд. Ба ҳар кадом давраи таърихӣ шаклҳои ҳолатҳои проблемавии худ хос аст.

Фарзия — шакли донишҳои назариявӣ, ки дар рафти ҳалли масъала пайдо мешавад ва дар худ тахминҳои дар асоси фактҳо ифодашударо дорад, ки ҳаққонияти он маълум карда нашудааст ва ба исботу асосноккунӣ ниёз дорад. Инкишофи фарзияҳои илмӣ дар се самт метавонад, ба амал ояд: а) маълум сохтани фарзия дар доираи худи он; б) худинкоркунии фарзия, пешниҳод ва асосноккунии фарзияи нав; в) табдилёбии фарзия ҳамчун низоми донишҳои эҳтимолӣ ба назарияи илмӣ. Санҷиши ҳалкунандаи ҳақиқати фарзия ахиран амалия дар шаклҳои худ мебошад, аммо нақши муайяни ёрирасоне дар исбот ё радкунии фарзияҳо, инчунин ба меъёри мантиқии (назариявии) ҳақиқат мансуб аст.

Дар рафти исботи фарзия қисме аз онҳо назарияи ҳақиқӣ мегарданд, дигарҳояш таѓйир меёбанд ва дақиқу мушаххас гардонида мешванд, сеюмиҳояш ба иштибоҳ табдил ёфта бартараф карда мешаванд. Чуноне ки фарзияи квантии аз ҷониби М.Планк пешниҳодшуда баъди санҷиш ба назарияи илмӣ мубаддал гашт, аммо фарзияҳо дар бораи мавҷудияти «теплород» (гармзо), «флогистон», «эфир» ба иштибоҳ табдил ёфтаанд. Астрофизика ва геологияи муосир бо «бешаи фарзияҳо» муҳосира шудаанд. Фарзияро ҳамчун «шакли инкишофи табиатшиносӣ» (Ф.Энгелс) баррасӣ менамоянд. Онҳо ба мушоҳида самт мебахшанд, тартиби амали маърифатиро муайян мекунанд, ба баҳогузории маънии фактҳо ва интихоби усули муайян ёрӣ мерасонанд.

Се навъи фарзияҳо иҷро карда мешаванд: а) фарзияҳое, ки бевосита барои шарҳдиҳии таҷриба пайдо мешаванд; б) фарзияҳое, ки дар ташаккули онҳо таҷриба нақши муайян доранд, аммо ҳалкунанда не; в) фарзияҳое, ки дар асоси ҷамъбасти назариёти мавҷуда пайдо шудаанд. Масалан, чунин буд, фарзияи Луи де-Бройл дар бораи мавҷудияти хосиятҳои ба ҳам зид ( корпускулярӣ ва мавҷӣ), ки баъдтар ба назария табдил ёфт.

Фарзияҳои умумӣ, ҷузъӣ ва корӣ мавҷуданд. Фарзияҳои умумӣ — ин тахминҳо дар бораи қонуниятҳои гуногуни байни ҳодисаҳо мебошад. Онҳо бунёди созмондиҳии асосҳои донишҳои илмӣ мебошанд. Фарзияҳои ҷузъӣ — ин тахминҳо дар бораи пайдоиш ва хосиятҳои фактҳои алоҳида, ҳодисаҳои мушаххас ва падидаҳои ҷудогона мебошад. Фарзияҳои корӣ — ин тахминҳое, ки чун қоида дар марҳалаи аввали тадқиқот пешбарӣ карда мешаванд ва ба сифти нуқтаи ибтидоии ҳаракати минбаъдаи андешаҳои тадқиқотӣ хизмат мекунанд.

Фарзияҳои ad hoc (аз лотинӣ, ad hocба ҳамин, барои ҳолати мавҷуда) мавҷуданд, ки назарияро муваққатан бо бартариятҳои прагматикӣ (амалӣ) таъмин менамоянд. Масалан, дараҷаи басандаи мувофиқат бо маълумотҳои таҷрибагузаронӣ. Олимон ба ёрии ad hoc-фарзияҳо «барои наҷот»-и назарияи санҷидашаванда, ки бо мушкилоти мушаххас (имконнопазирии пешгӯии фактҳои нав, мутобиқшавӣ ба маълумотҳои нави таҷрибагузаронӣ ва ѓ.) дучор меоянд, муроҷиат менамоянд.

Назария шакли нисбатан мушкилтар ва инкишофёфтаи донишҳои илмӣ мебошад, ки инъикоси томи робитаҳои қонунӣ ва муҳими соҳаи муайяни воқеиятро дастрас мегардонанд. Намунаи назарияҳо ин муханикаи классикии И.Нютон, ва назарияи нисбияти А.Эйнштейн мебошанд. А.Эйнштейн иброз карда буд, ки ҳаргуна назарияи илмӣ бояд ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошад: а) ба маълумотҳои таҷриба ихтилоф надошта бошад; б) бо воситаи маводи таҷрибавӣ санҷидашаванда бошад; в) бо «соддагии мантиқӣ»- и қазияҳо, яъне мафҳумҳои асосӣ фарқ кунад; г) аз ҷиҳати мантиқӣ худсарона интихоб нашуда бошад; д) пурназокат ва ҳамоҳанг бошад; е) соҳаҳои васеи истифодаи худро дошта бошад; ж) ба роҳҳои офаридани назарияҳои нав ва боз ҳам умумитаро, ки дар доираи он ин назария ворид бошад, ҳидоят намояд.Назарияро аксар вақт бо тӯре муқоиса мекунанд, ки барои доштани (сайд) олами воқеӣ бо мақсади даркнамоӣ, шарҳдиҳӣ ва аз худ кардани он тавсия шудааст.

4.2. ЯГОНАГИИ ТАҶРИБАВӢ ВА НАЗАРИЯВӢ, НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ ДАР МАЪРИФАТИ ИЛМӢ

Ҳарчанд ки сатҳҳои таҷрибавӣ ва назариявии маърифат аз ҳам тафовут доранд, вале онҳо ба ҳам алоқаманданд буда, ҳудуди байни онҳо таѓйирпазир аст. Набояд яке аз ин сатҳҳо бар зиёни дигараш мутлақ гардонида шавад. Тадқиқоти таҷрибавӣ тавассути мушоҳида ва таҷрибагузаронӣ маълумотҳои навро дастрас менамояд, маърифати назариявиро (ки онҳоро ҷамъбаст ва маънидод мекунад), нумув мебахшад, вазифаҳои нави боз ҳам мушкилро пеш мегузорад. Аз тарафи дигар, маърифати назариявӣ дар асоси таҷриба маънои навро инкишоф дода ва мушаххас гардонида, уфуқи васеътаре барои маърифати таҷрибавӣ пешниҳод менамояд, дар ҷустуҷӯи фактҳои нав ба он самт бахшида, ба такмилгирии усулу воситаҳои он мусоидат мекунад.Дар ҷараёни маърифати илмӣ ба вайрон кардани ягонагии назария ва амалия набояд роҳ дод.

Олим бояд алоқаашро бо амалия нигоҳ дорад, чунки, тавре ки Карл Поппер қайд намудааст, касе, ки аз он ҳазар мекунад, ҳатман ба схоластика меафтад. Далели аз ҳама пурзӯр ба манфиати ҳақиқӣ будани назария — ин «тасдиқшавии бисёркаратаи таҷрибавӣ»- и вай мебошад.

Дар раванди таърих таносуби байни назария ва амалия доимо таѓйир меёбад, чунки шаклҳои нави амалияи ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд. Робитаи назария ва амалия тарафайн аст: бевосита (аз амалия ба принсипҳо ва шаклҳои умумии тафаккур) ва баръакс- амалисозии нақшаҳои умумӣ дар маърифат ва дар ҳаёти воқеӣ. Моҳияти робитаҳои бевосита дар он аст, ки ҳамаи категорияҳои мантиқӣ, нақшаҳои назариявӣ ва дигар абстраксияҳо дар ҳадди охир дар ҷараёни дигаргунсозии предметӣ-амалии воқеият ташаккул меёбанд. Амалия ин он зина аст, ки тавассути он объективона кулл ба намуди шаклҳои мантиқӣ ба тафаккур меафтанд. Ин шаклҳо дар навбати худ боз бармегарданд, барои маърифат ва дигаргун кардани воқеияти объективӣ ёрӣ мерасонанд, яъне шайъигардии назария ба амал меояд.

Барои он ки назария шайъӣ гардонида шавад, бояд шароитҳои муайян риоя шаванд: 1) назария бояд тарафи муайяни воқеиятро эътимодбахш ва айниятнок инъикос намояд, ба фактҳои воқеӣ дар алоқамандии онҳо мувофиқат дошта бошад; 2) назария бояд ягонагии ботинӣ, алоқамандии амиқ ва таъсири мутақобилаи мафҳумҳо, қонунҳо, фарзияҳо ва ѓайраро баён намояд; 3) вай бояд тамоюли инкишофи воқеияту амалияро маълум карда тавонад, бинобар ин, бояд ҳамеша таѓйир ёбад, васеъ гардад, аниқтар ва амиқтар гардонида шавад; 4) назария (агарчи амиқу пурмӯҳтаво бошад) танҳо дар он вақт қувваи моддӣ шуда метавонад, ки агар ба шуури одамон, ки нерӯаш назарияро ба воқеият табдил медиҳад, татбиқ шавад. 5) воқеъсозии амалии назария ин ҷараёни мураккаб ва пурихтилоф буда, бо олами махсуси иҷтимоӣ-фарҳангии предметҳо, воситаҳо ё миёнаравҳо алоқаманд аст, аз ҷумла, бо олоти меҳнат, воситаҳои техникӣ (асбобҳо, таҷҳизотхо, лавозимоти ченкунӣ), забон, (табиӣ ва сунъӣ), воситаҳои методологӣ ,ниҳодхои иҷтимоӣ; 6) барои он ки назария ба ѓайр аз тарзи шарҳрдиҳӣ, инчунин усули таѓйир додани олам бошад, зарур аст, ки роҳҳои пурсамари интиқолдиҳии донишҳои илмӣ бе барномаҳои таҷрибаҳои амалӣ дарёфт карда шавад, ки онро технологигардонии дониш, гузаштан ба забони мушаххаси қарорҳо, талаботҳо, дастурҳо (танзимотҳо), ки одамонро ба дастрасгардонидани мақсадҳои дар пеш гузошта сафарбар мекунанд, талаб менамояд. Маҳз дар марҳалаи технологизатсия гузариш аз тасвири илмӣ ба низоми меъёрӣ, ки таъйиноти мақсадӣ ва амалӣ доранд, ба амал меояд.

Дар соҳаи иҷтимоӣ роҳёбии донишҳои назариявӣ ба амалия хеле мураккаб аст, чунки дар ин ҷо баромади бевосита ба амалия, истифодаи бевоситаи донишҳо дар ин ё он соҳаи иҷтимоӣ-дигаргунсозандагӣ вуҷуд надорад.

4.3. СОХТОР ВА ВАЗИФАҳОИ НАЗАРИЁТИ ИЛМӢ

Қонун ҳамчун унсури қулфкушои он

Дар методологияи муосир чунин қисматҳои асосии сохтори назариявиро ҷудо мекунанд: 1) асосҳои ибтидоӣ, ё ин ки мафҳумҳои бунёдӣ, принсипҳо, қонунҳо, аксиомаҳо ва ѓ.; 2) объектҳои идеаликунонидашуда ё моделҳои таҷдиди хосиятҳои муҳим ва равобити предметҳои баррасишаванда (масалан, «ҷисми мутлақан сиёҳ», «гази идеалӣ» ва м.и.); 3) мантиқи назария ҳамчун маҷмӯи қоидаҳо ва тарзҳои муайяни исбот, ки ҳадафи онҳоро ошкор кардан ва таҳаввули донишҳо ташкил медиҳад; 4) дастгоҳи фалсафӣ ва омилҳои арзишӣ; 5) маҷмӯи қонунҳо ва тасдиқоте, ки ҳамчун натиҷа аз мавзӯъҳо ва ҳолатҳои асосии назарияи мазкур мутобиқ бо усулҳои мушаххас бароварда мешаванд.

Навъҳои гуногуни назарияҳо мавҷуданд, аз қабили: тасвирӣ, риёзӣ, дедуктивӣ ва индуктивӣ, амалӣ ва бунёдӣ, шаклӣ ва муҳтавоӣ (мазмунӣ), «ошкор» ва «пӯшида», маънидодкунанда ва тасвиркунанда (падидашиносӣ, феноменологӣ), физикӣ, кимиёвӣ, сотсиологӣ, равонӣ ва ѓ. Ҳамин тавр, ба назарияҳои риёзӣ дараҷаи баланди абстрактнокӣ хос мебошад. Дар сохтмони назарияҳои риёзӣ усулҳои аксиоматикӣ ва фарзиявӣ-дедуктивӣ, инчунин шаклдиҳӣ (формализатсия) нақши пешбаранда мебозанд.

Назариёти илмҳои таҷрибавӣ физика, кимиё, биология, сотсиология, таърих ва ѓ. — аз рӯи дастёбии онҳо ба моҳияти падидаҳои омӯхташаванда ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: феноменологӣ ва тафсирӣ. Назарияҳои феноменологӣ хусусият ва бузургиҳои ашёҳо ва равандҳои дар таҷриба мушоҳидашавандаро тасвир мекунад, аммо ба механизмҳои дохилии он ашёву равандҳо дахолат намекунанд. (Масалан, оптикаи геометрӣ, термодинамика, аксарияти назарияҳои педагогӣ, равоншиносӣ, сотсиологӣ ва ѓ.), табиати мавзӯи таҳқиқро таҳлил намекунанд, аз ҳамин сабаб онҳо, яъне назарияҳои феноменологӣ мавзӯъҳои мураккаби абстрактиро истифода намебаранд, гарчанде ки дар баъзе мавридҳо ҳангоми омӯзиши падидаҳо аз усули идеализатсия истифода мебаранд.

Бо инкишофи маърифати илмӣ назарияҳои феноменологӣ ҷои худро ба назарияҳои тафсирӣ медиҳанд, ки онҳо муносибатҳои муҳим ва равобити падидаҳои мавриди омӯзишро ошкор месозанд.

Яке аз меъёрҳои муҳими табақабандии назарияҳо дақиқияти пешгӯиҳо мебошад. Тибқи ин меъёр назарияҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: а) назарияҳое, ки дар он пешгӯиҳо афзалият доранд, (масалан, аксари назарияҳои механикаи классикӣ, физикию кимиёии классикӣ): б) назарияҳое, ки дар онҳо пешгӯиҳо хусусияти эҳтимолӣ доранд ва вобаста ба амалиёти теъдоди зиёди омилҳои тасодуфӣ арзи вуҷуд намудаанд. Чунин навъҳои назариёти стохастикӣ (аз юнонӣ, stochasis – тахмин, гумон, фарз) на танҳо дар физикаи муосир, ҳамчунин дар биология ва илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ низ вомехӯранд.

Назарияҳо қонуниятро муайян менамоянд. Робитаи муназзам ва устувори хусусияти динамикӣ ва статистикӣ доштаро қонуният менамоянд. Қонуниятҳои динамикии классикӣ робитаҳои зарурии сабабӣ (детерминистӣ)-ро муқаррар менамоянд. Қонуниятҳои статистикӣ (оморӣ) бошанд, чунин шакли робитаҳои байниҳамдигарии падидаҳоро инъикос мекунанд, ки тибқи онҳо ҳолати низоми мавҷударо ҳолатҳои минбаъдаи онҳо на қатъан, балки бо ҳиссаи муайяни эҳтимолият муайян месозанд. Онҳо бо забони тақсимоти эҳтимолӣ тасвият мешаванд ва ҳамчун қонунҳои падидаҳои оммавӣ арзи вуҷуд менамоянд. Амали онҳо дар ҷое ошкор мешавад, ки дар пасманзари сабабҳои тасодуфии зиёд робитаҳои зарурии амиқ вуҷуд доранд. Қонуниятҳои статистикӣ ба таври мутлақ такроршаванда нестанд, вале бо вуҷуди ин, дар ҳолатҳои умумӣ ба онҳо ҳамчун ба қонуниятҳои сабабҳои доимӣ баҳо дода мешавад. Донишҳои табиӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарии муосир дар баҳисобгирии қонуниятҳои статистикӣ қисман замина доранд.

Вазифаҳои асосии назария аз инҳо иборатанд:

1. Вазифаи синтетикӣ – муттаҳидкунии донишҳои алоҳидаи саҳеҳу эътимдбахш ба системаи тому ягона.

2. Вазифаи ташреҳӣ – ошкор сохтани робитаҳои сабабӣ ва дигар робитаҳо, гуногунии робитаҳои падидаи мавриди омӯзиш қарорёфта, хусусиятҳои муҳим, қонунҳои пайдоиш ва инкишофи он.

3. Вазифаи методологӣ, ки истифодаи усулҳо, тарзҳо ва роҳҳои фаъолияти тадқиқотии назарияҳои дигар дар назарияи мавриди омӯзишро форогир аст.

4. Вазифаи пешгӯӣ, ки аз пешбинии илмии падидаҳо ва ҳодисаҳои минбаъда иборат аст.

5. Вазифаи амалӣ. Таъиноти ниҳоии ҳар як назария — «дастурамал» шудани он барои таѓйир додани ҳақиқати воқеӣ мебошад.

Чӣ тавр аз назарияҳои зиёди рақобаткунанда «беҳтар»-ашро интихоб кардан мумкин аст? Дар интихоби назария нақши муҳимро дараҷаи тафтишшавандагии он мебозад, яъне чӣ қадар ин дараҷа баланд бошад, ҳамон қадар имконияти интихоби назарияи беҳтар ва эътимодбахштар яқин аст. Ба ақидаи Карл Поппер, ҳамон назарияе қобили қабул аст, ки а) миқдори зиёди шарҳдиҳӣ ва пешгӯӣ дорад; г) имконияти тафтиши аниқи он тавассути муқоисаи маълумоти пешгӯишуда бо мушоҳидаҳо мавҷуд бошад.

Назарияҳои илми муосир на танҳо бо роҳи индуктивии хулоса аз таҷрибаҳо (ҳарчанд аз ин роҳ низ сарфи назар карда намешавад), инчунин аз ҳисоби ҳаракати амалия дар майдони қаблан сохташудаи объектҳои идеалӣ, ки ба сифати воситаҳои сохтани моделҳои гипотетикӣ (фарзӣ) – и соҳаҳои нави амали якҷоя истифода мешавад, ба вуҷуд меоянд. «Маҳз таҳқиқоти назариявӣ, ки дар заминаи истифодаи нисбатан мустақили объектҳои идеалӣ сурат мегиранд, қодир ҳастанд соҳаҳои нави моддиро пеш аз таҷриба шуданашон кашф намоянд » (В.С.Стёпин).

Объектҳои идеалӣ на фақат ҳамчун модели назариявии воқеият ҳастанд, балки ба таври номаълум барномаи муайяни таҳқиқотро дар худ доранд, ки дар сохтани назария истифода бурда мешавад. Таносуби унсурҳои объекти идеалӣ, (ҳам ибтидоӣ ва ҳам ниҳоӣ) қонунҳои назариявие мебошад, ки дар тафовут аз қонунҳои таҷрибавӣ на дар заминаи омӯзиши маълумоти таҷрибавӣ, балки бо роҳи амалиёти муайяни фикрӣ бо объектҳои идеалӣ мураттаб карда мешаванд. Қонунҳои назариявӣ ҳангоми истифодаи онҳо дар омӯзиши ҳақиқати воқеӣ ба таври муносиб мушаххас карда мешаванд. Ҳамин ҷиҳатро ба назар гирифта, Алберт Энштейн мафҳуми «воқеияти табиӣ»-ро ба илм ворид намуд ва ду маънои онро таъкид кард: а) тавсифи олами воқеӣ, ки берун аз шуур ва новобаста аз он вуҷуд дорад. «Эътиқод ба вуҷуд доштани олами беруна новобаста аз субъекти махсус — ин бунёди тамоми илмҳои табиатшиносӣ мебошад» (А.Энштейн); б) маҷмӯи объектҳои идеалӣ, ки хусусияти олами воқеиро дар чорчӯбаи назарияи физикӣ ифода мекунад. «Воқеияте, ки илм меомӯзад, ин сохтордиҳии хиради мо аст, на яқинист». Воқеияти физикӣ тавассути забони илм муайян карда мешавад ва ҳамон як воқеиятро бо забонҳои мухталиф метавон тавсиф намуд.

Вазифаи асосӣ ва муҳими назария «то ба дараҷаи умумият расонидани таҷриба», кашфи соҳаҳои воқеият мебошад. Бе муқарар намудани қонунҳо ва ифодаи онҳо дар системаи мафҳумот назарияи илмӣ вуҷуд дошта наметавонад. Қонун унсури муҳимтарини мифтоҳии назария мебошад. Мантиқдони машҳур К.Г.Гемпел ба хулоса омад, ки имконияти айният додани мафҳуми «қонуни умумӣ» ва «гипотезаи ҳафтарафаи шакл» вуҷуд дорад. Худи қонун ба тарзи зерин муайян карда мешавад: дар ҳар маврид, ки воқеаи намуди муайяни С (сабаб) дар макон ва замони муайян ҷо дорад, воқеаи намуди муайяни Н (натиҷа) низ дар макон ва замони муайяни вобаста ба макон ва замони воқеаи аввал рухдода ҷо хоҳад дошт.

Қонун робитаҳои зерини байни равандҳоро ифода мекунад: а) объективӣ, яъне хоси олами воқеӣ, фаъолияти мушаххасу муассири одамон; б) муҳим ва мушаххасу умумӣ, яъне ҳамеша ва дар ҳама ҷо амалкунанда: в) зарурӣ, яъне бо моҳият пайванди узвӣ дошта ва бо «зарурияти сангин» амалӣ карда мешавад; г) дохилӣ, ки робитаҳои амиқ ва вобастагии соҳаи мушаххаси мавриди омӯзишро инъикос менамояд; д) такроршаванда, устувор.

Ҳар як қонун чизи таѓйирнопазир набуда, баръакс падидаи мушаххаси таърихӣ мебошад. Бо таѓйир ёфтани вазъияти муносиб, бо инкишофи таҷриба ва маърифат баъзе қонунҳо дар саҳна ҷои худро барои дигар қонунҳо холӣ мекунанд, шаклҳои амали қонунҳо ва тарзҳои истифодаи онҳо иваз мешаванд.

Маърифати қонунҳо раванди мураккаб ва пурихтилоф аст. Субъекти маърифаткунанда наметавонад якбора объекти мавриди омӯзишро пурра тасвир намояд. Вай метавонад то абад ба ин идеал бо расмидан ба хулосаҳои назарии мухталиф, сохтани мафҳумҳо бо истифода аз як қатор усулҳо дар маҷмӯъ наздик бишавад.

Физики маъруфи америкоӣ Р.Фейнман хусусиятҳои қонунҳои илмиро тавсиф намуда менависад, ки «қонунҳои физика дар бисёр маврид ба таҷрибаи мо муносибати мустақими ошкоро надошта, изофаи кам ва ё беши муҷарради он мебошанд… Ва ҳам дар бисёр маврид дар байни қонунҳои оддӣ ва паҳлӯҳои асосии падидаҳои воқеӣ масофаи бузург вуҷуд дорад». В.Гайзенберг низ таъкид менамуд, ки: а) вақте қонунҳои бузурги ҳамаҷиҳатаи табиат мураттаб карда мешаванд, «сухан дар бораи аз будаш зиёд карда нишон додани воқеият меравад, на дар бораи худи он», б) ҳар қонун соҳаи маҳдуди истифодаи худро дорад, зеро, ки маҷмӯи мафҳумоти он ҳамаи падидаҳоро фаро гирифта наметавонад. Ҳамин тавр, назарияи нисбият ва механикаи квантӣ «идеализатсияи хеле умумии бахшҳои васеи таҷриба…» мебошанд.

Қонунҳо аввалан дар шакли тахмину фарзия эҷод карда мешаванд. Маълумоти нав «фарзияҳоро тоза мекунанд», баъзеашро нолозим эълон мекунанд, баъзеашро ислоҳ менамоянд, то замоне, ки қонун ба шакли муқарраршуда медарояд. Аз он ки қонунҳо ба бахши моҳият ва ё ҷавҳар мансубанд, фаҳмиши онҳо на дар сатҳи дарки табиӣ, балки ҳангоми таҳқиқоти назариявӣ сурат мегирад. Р.Фейнман моҳияти кашфи қонунҳоро шарҳ дода қайд мекард, ки «ҷустуҷӯи қонуни нав ба таври зерин сурат мегирад. Пеш аз ҳама дар бораи он тахмин мекунанд. Баъд ин тахминро натиҷагирӣ мекунанд ва аниқ менамоянд, ки агар одилона бошад, чӣ самар ба бор меорад. Сипас натиҷаҳои ҳисобу китобро бо он чи дар табиат ба мушоҳида мерасад, бо натиҷаҳои таҷрибаҳои махсус ва ё таҷрибаи мо муқоиса намуда, тавассути хулосаҳои чунин мушоҳидаҳо маълум менамоянд, ки чунин ҳаст ё нест. Агар ҳисобу китоб бо маълумоти таҷрибавӣ мувофиқат нанамояд, пас қонун нодуруст аст». Дар баробари ин Фейнман таваҷҷӯҳро ба он ҷалб менамоянд, ки дар ҳама давраҳои маърифат дастурҳои фалсафие, ки муҳаққиқ аз онҳо истифода кардааст , нақши муҳим доранд.

Бояд дар назар дошт, ки ҳарчанд қонунҳои объективӣ бо «зарурияти оҳанин» амал менамояд, вале худи онҳо «оҳанин» нестанд, баръакс хеле «нарм» мебошанд, ба он маънӣ, ки дар аксар маврид қонунҳо – тамоюлот, яъне таҷрибаи амалӣ мешаванд. Ѓайр аз ин, ҳар қонуни мушаххас амалан ҳеҷ гоҳ дар «навъи шаффоф» зоҳир намешавад, зеро ҳамеша бо қонунҳои дигар алоқаманд аст. Бинобар ин, чи хеле ки Гегел қайд мекунад, ҳар қонун «маҳдуд, нопурра, тақрибӣ» мебошад. Р.Фейнман ҳам гӯё Гегелро такрор карда мегӯяд, ки ҳатто қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ аниқ нест, «инчунин дигар қонунҳои мо аниқ нестанд. Ҳамеша дар ягон гӯшаҳои онҳо сиррест махфӣ, ҳамеша сари чизе фикр кардан лозим меояд».

Қонунҳо ва қонуниятҳои эҷодшударо одамон ҳамчун танзимгари фаъолияти амалии худ истифода бурда метавонанд. Вагарна фаъолияташон на самарабахш, балки бо усули санҷишу иштибоҳот сурат хоҳад гирифт. Одам дар фаъолияти худ ба «ҳукмронии конунҳо» такя намуда, ба дараҷаи муайян дар амалӣ шудани онҳо таъсир расонида метавонад ва ё барои сифатан то дараҷаи ниҳоӣ расонидани он шароит фароҳам меоварад, ё баръакс амали онро маҳдуд намуда, ба он таѓйирот ворид месозад. 

Таснифоти қонунҳо бо ин ё он асос сурат мегирад: а) аз рӯи шаклҳои ҳаракати материя (механикӣ, физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ иҷтимоӣ); б) аз рӯи ҷабҳаҳои асосии воқеият (қонунҳои табиат, қонунҳои ҷамъият, қонунҳои тафаккур); в) аз рӯи доираи фарогиру вусъати ҷабҳаҳои амали онҳо: куллӣ, умумӣ, махсус; г) аз рӯи моҳияти сабабӣ (динамикӣ ва статистикӣ, таҷрибавӣ ва назариявӣ); д) аз рӯи арзишмандию нақшашон (асосӣ ва ѓайриасосӣ).

Шарҳу баёни яктарафаву маҳдуд ва нодурусти қонун аз инҳо иборат аст: 1) мафҳуми қонун мутлақу муѓлақ парастиш карда мешавад, қонун ҳамчун мисли чизе ҷовидона, таѓйирнопазир, мутлақ, ки он дар амали худ аз маҷмӯи ҳолатҳои мушаххас вобаста нест ва  равиши ҳаводису равандҳоро ноилоҷан муайян мекунад, фаҳмида мешавад; 2) хусусияти объективии қонун ба эътибор гирифта намешавад, бо далели он ки на ҳаёти воқеӣ бо усулҳо ва қонунҳо мувофиқ карда мешавад, балки баръакс, охиринҳо бояд бо олами объективӣ мувофиқат намоянд, вале ин низ сарфи назар мешавад; 3) имконияти истифодаи одамон аз низоми қонунҳои объективӣ ҳамчун асоси фаъолияти гуногуншаклии онҳо инкор карда мешавад; 4) гуногунсифатии қонунҳо ва номувофиқатии онҳо низ инкор карда мешавад; 5) ҳолати қонунҳои объективиро худсарона эҷод ва ё бекор кардан ба ҳисоб гирифта намешавад; 6) қонунҳои шаклҳои нисбатан оддитарини ҳаракати материя мутлақ ҳисобида шуда, кӯшишҳои бо кӯмаки онҳо шарҳ додани равандҳои шаклҳои нисбатан олии ҳаракати материя (механитсизм, физикализм, радуксионизм ва ѓ.) ба мушоҳида мерасад; 7) қонунҳои илм на ҳамчун инъикоси қонунҳои объективии олам, балки ҳамчун натиҷаи созиши иттиҳодияҳои илмӣ шарҳ дода мешаванд;

4.4. БУНЁДИ ИЛМ ВА СОХТОРИ ОН

Ҳамаи донишҳои илмӣ, ба тафовути фанниашон нигоҳ накарда, дорои бунёди аниқу дақиқ санҷидашудаанд. Масалан, бунёди фалсафа, дин, ҳунар, сиёсат ва ѓайра фарқ доранд.

Тибқи қоидаи маъмул ба асосҳои илм инҳо дохил мешаванд: а) идеалҳо ва қоидаҳои маърифат, ки нисбат ба хусусиятҳои соҳаи мавриди таҳқиқ мушаххасонида шудаанд; б) манзараи илмии олам; в) бунёдҳои фалсафӣ; г) бунёдҳои ниҳодикунонидашуда. Асоси илм мубталои таѓйиротҳои таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мебошад. Фаҳмиши ҷомеъи илм ҳамчун шакли махсуси фаъолият, ҳамчун маҷмӯи донишҳои фаннӣ, ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ масъалаи муносибат ва таъсири мутақобилаи таркиботи зикршуда бунёди илмиро ба миён мегузорад.

Идеалҳо, қоидаҳои таҳқиқ ва андозагирии иҷтимову фарҳангии онҳо

Илм ҳамчун шакли махсуси фаъолият дар паҳнои гузоштани ҳадаф, тасмимгирӣ, интихоб ва эътирофи масъулият қарор дорад. Илм ҳамчун низоми донишҳо бояд ба меъёрҳои воқеият ва ҳаққоният ҷавобгӯ бошад ва бо ҳамин хусусияташ аз дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ (дин, санъат, сиёсат ва ѓ.) фарқ мекунад. Ҳадаф ва арзиши умдаи илм ин аст, ки ҳақиқат набояд аз сиёсат ва идеология вобастагӣ дошта бошад. Комёбшавӣ ба ҳаққоният ва айният (объективият) пайваста бо теъдоди зиёди идеалҳо ва меъёрҳо муяссар мегардад. Идеалҳо ва қоидаҳо ин дастуроти муқаррашуда ва аломатҳои танзимкунандаи фаъолияти илмӣ мебошанд, ки хусусияти  иҷтимоиву фарҳангӣ доранд. Олимони муосир чунин меҳисобанд, ки идеалҳо ва меъёрҳои илм вазифаи танзимгарии усулҳоро ба ҷо меоранд: онҳо ҳадафҳои фаъолияти таҳқиқотиро муқаррар менамоянд, ба тарзи илмӣ гузориши масъала ва шаклгирии онро ҳамчун қисми ибтидоии таҳқиқот муайян мекунанд.

Идеалҳо ва қоидаҳои илмӣ чунин муқаррар шудаанд: а) тавассути хусусиятҳои хоси объектҳои мавриди омӯзиш; б) шароитҳои мушаххаси таърихӣ. Ба низоми идеалҳо ва меъёрҳои илм инҳо дохил мешаванд: 1) идеалҳо ва қоидаҳои шарҳдиҳӣ ва тавсифӣ; 2) идеалҳо ва қоидаҳои исботшавандагӣ ва асоснок будани дониш; 3) идеалҳо ва қоидаҳои бунёд ниҳодан ва ташкили донишҳо; 4) талаб намудани соддагӣ, самарабахшӣ ва зебоӣ.

Ҳарчанд идеалҳо ва қоидаҳо ба ҳамдигар алоқаи зич доранд, вале онҳоро набояд ягона донист, аз ин қарор: а) қоида маълуму маъмул буда, ба чизҳои ҳатмӣ ва зарурӣ рӯ меорад, идеал бошад, ба шакли олии муқарраршудаи ташаккули объект, ки аз чорчӯбаи қоида берун аст, сарукор дорад; б) қоидаҳо ба амалӣ шудани ҳатмиятӣ ва қаробатӣ ниёз доранд, вале идеалҳо ҳамчун аломат хизмат мекунанд; в) қоида ҳудуди фазоро ба амалӣ намудани ҳадафҳо муқаррар менамояд, идеал бошад, ҳолати фавқулоддае мебошад, ки дар он ҳадафҳо ва арзишҳо мутобиқи якдигаранд; г) қоидаҳо мубтало ба таѓйирот ва рафъпазирианд, вале низоми идеалҳо камтаҳаввулу табдилёфтаанд, зеро ҳадафашон намунаи мукаммали дониш мебошад. Ҳангоме қоида ифодаи пурраи худро меёбад, мақоми идеалро соҳиб мегардад. Масалан, геометрияи Евклид ба идеали бунёди дедуктивии дониш табдил ёфтааст.

Тафовутҳои зикршудаи байни идеал ва қоида ба муносибати пуршиддати миёни онҳо оварда мерасонад, ки нерӯи дохилии таҳрикдиҳандаи тараққиёти илм мебошад.

Се нуқтаи назар оид ба фаҳмиши моҳият ва маънои қоидаҳо ва идеалҳо дар илм вуҷуд дорад: а) онҳо хусусияти субъективӣ дошта, ба оламдарккунии субъект алоқаманданд; б) онҳо объективианд, зеро аз маънои мусбати натиҷаҳои фаъолият дарак медиҳанд; в) онҳо мутлақ буда, хусусияти фарошахсиятӣ ва аҳамияти умумӣ доранд.

Дар замони ҳозира илми муосир ниҳоди иҷтимоии пуриқтидор буда, вазифаи танзимгари иҷтимоиро бар дӯш дорад. Он бо мақоми бартариятдошта дар таҳияи лоиҳаҳои бузургмиқёс ширкат меварзад. Бинобар ин, барои дарки механизми амали қоида дар илм хусусияти ниҳодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ доштани онро ошкор намудан муҳим мебошад. Д.Норт («классик»- и ниҳодгароии нав) қайд кардааст: ниҳодҳо чун маҳдудиятҳои расмиву ѓайрирасмии мавриди эътирофи умум қарор дошта, мувофиқати байни тарафҳо ва маҳдудиятҳои дохилии фаъолиятро дар бар мегиранд, ҳамон тавр воситаҳои муайяни иҷбориро, ки барои риояи он маҳдудиятҳо ба кор мераванд, фаро мегиранд. Ниҳодӣ будани илм бо таҳияи қоидаҳои барои фаъолияти он зарурӣ ва таъмини алоқаи байниҳамдигарии ҳамаи дараҷаҳою унсурҳо вобастагии зич дорад.

Гуфтан бамаврид аст, ки идеалҳо ва қоидаҳои илм хусусияти мушаххаси таърихӣ дошта, бо хусусиятҳои хоси иҷтимоиву фарҳангии ин ё он давра вобастаанд: идеалҳо ва қоидаҳои атиқӣ, нававрупоӣ ва баъдиѓайриклассикӣ комилан аз якдигар фарқ доранд. Масалан, илми донишгоҳии асри ҶIII (дар Болон, Париж, Оксфорд) дар шароити ҳукмронии арзишҳои динӣ озодии пажӯҳишгоҳҳои илмиро надошт. Қоидаҳои ҳатмии сабабиятии нававрупоӣ, ки тасодуфро инкор мекунад, дар илми муосир хусусияти эҳтимолӣ ва стохастикӣ (фарзӣ)-ро касб намудааст. Қоидаи илми классикӣ дур нигоҳ доштани субъект аз объекти маърифат ва воситаҳои он буд, вале дар илми ѓайриклассикӣ қоидаҳои дохилиилмии таҳқиқ рӯ ба самти баҳисобгирии алоқаи мушоҳид бо воситаҳои маърифат ва объекти он дошт. Илми баъдиѓайриклассикӣ натиҷаи фаъолияти илмиро ҳамчун иттиҳоди сохтори арзишию ҳадафии бо воситаҳои маърифат ва арзишҳои субъекти мушоҳид алоқаманд, баррасӣ мекунад.

Идеалҳо ва қоидаҳои таҳқиқи илмӣ дар танзими корҳои илмию таҳқиқотӣ, мавзӯъ ва бунёди рафти таҳқиқи илмӣ зоҳир мешавад. Позитивистҳо идеали илмро тавсифи назарии маълумоти дарки ҳиссӣ меҳисобанд ва ҷумлаҳои ҳарф ба ҳарфи забонро ҳамчун воситаҳои ибтидоии бетарафии маърифат тасаввур мекунанд. Дар фалсафаи таҳлилӣ идеал ҳамчун атомизми мантиқӣ зуҳур мекунад: объектҳои аслии маърифат фақат «маҷмӯъҳои пурраи ҳамзистӣ» дар шакли «объект-ном-далел» ҳисобида мешаванд. Файласуфони муосири илм, масалан, Макс Полани бар зидди объектҳои бехусусияти илм эътироз карда, эътироф менамоянд, ки илмро одамон меофаранд, бинобар ин дар он на ҳамаи маҷмӯи муносибатҳои арзишнокро ворид месозанд. Файласуфи машҳури илм Томас Кун ҳам нақши идеалҳои шахсиятҳои халоқро, ки ба интихоби онҳо таъсир мерасонанд, қайд намудааст.

Таъкид кардан зарур аст, ки қоидаҳо, арзишҳо ва идеалҳо нақшҳои ҳам мусбат ва ҳам манфиро мебозанд. Онҳо метавонанд ба интихоби озоди қазияҳои илмӣ ва раванди тасмимгирӣ таъсир расонида, дараҷаи созиши байни илм ва ҳукуматро қайду шарт кунанд, ҳамчунин метавонанд чун замина барои танқиди таҳқиқоти илмӣ ва ба сифати меъёр дар интихоби намунаҳои ахлоқ хидмат намоянд. Инро Поппер ҳангоми баррасии ѓояи тақсимот (демаркатсия)-и илм ва ѓайриилм хуб нишон додаст. Карл Поппер қоидаҳои тақсимот барои эҳтиёҷоти эпистемалогӣ пешниҳодшударо аз ҳудуди эпистемология берун бароварда, барои гузаронидани марзҳои тақсимотии байни ду навъи ҷомеа — озод ва пӯшида, истифода намуд. Ѓояи сохтакории ӯ (ҳама чизи радшаванда – илм, раднашаванда — догмаи ба илм бегона) низ нақши қоидаи илмро бозид. Тибқи меъёри сохтакорӣ ҳамаи консепсияҳо ва фарзияҳо бояд ботафсил танқид шаванд. Иштибоҳҳо ва ҳисобу китоби нодурусти ошкоршуда боиси тасдиқи қарорҳои ғайри қобили қабул мегарданд.

Ниҳодҳои иҷтимоӣ дастгирии ҳамон навъҳои фаъолиятро тахмин мекунанд, ки дар заминаи қоида ва идеалҳои барои сохтори додашуда мувофиқ ташкил карда шудаанд. Мавҷудияти қоида ва меъёрҳо дар сохтори бунёди илм аз хусусияти бонизом ва шаклгиранда будани он, ҳам раванди ҷустуҷӯйҳои илмӣ ва ҳам раванди ташкили фаннии дониши илмӣ буданаш шаҳодат медиҳад.

Асосҳои фалсафии илм

Ба асосҳои фалсафии илм принсипҳои бунёдӣ, моделҳо, категорияҳо ва дастгоҳи мафҳумӣ, меъёрҳо ва услуби тадқиқоти илмӣ дохил мешаванд. Ба сифати танзимкунандаи фалсафии илми муосир муносибати эҳтимолӣ ва пажӯҳишҳои алтернативии серҷабҳа, интиқол аз робита ва муносибатҳои ҳатмии сабабӣ ба асосҳое, ки ташаккули эҳтимолии ҳодисаҳоро фарз мекунад тасдиқ мешавад. Лаѓзиши дигари муҳим дар асосҳои фалсафӣ талабот ба таҳқиқоти байнифаннӣ мебошад, ки ягонагии муносибат ба падидаи мавриди омӯзишро таъмин карда тавонад. Усулҳои сабабият, объективият, умумият ва дақиқияти баррасӣ, ҳамчунин усули такомул, ки бахшҳои умдаи асосҳои фалсафии илм мебошанд, бо усулҳои ниҳодикунонӣ (шореҳи маъниҳои қоидаҳо, анъанаҳо ва «қоидаҳои бозӣ»), маромнокшавии иҷтимоиву фарҳангӣ, такомули ѓайримустақим, номуайянии усули такомул пурра гардонида мешаванд. Нақши қарордодҳо, талаботи ягонагии забон, аҳамияти афзалияти зеҳнӣ ва ибтикороти интелектуалӣ, дониши шахсӣ, мавзӯъгароӣ ва ҳамоиши равишҳои донишҳои табиӣ ва гуманитарӣ унсурҳои воқеии асосҳои илм мебошанд, ки машҳуртарин файласуфони муосири илм дар андешаи онҳоянд.

Яке аз сифатҳои муҳими асосҳои фалсафии илм ин самтгирии антропологии онҳо вобаста бо дар назардошти иштирокчии андешанда дар ҷараёни маърифат мебошанд. Дар ибтидои қарнҳои ҶIҶ-ҶҶ, вақте ки дар олами илм кашфиёти ҳангомабарангез (пошхeрии атом, падидаи радиоактивият) ба вуқуъ пайвастанд, конвентсионализм (convencio — қарордод) – барномаи усулие арзи вуҷуд намуд, ки қарордоди байни олимонро ба сифати асоси илм пазируфт. Намояндаи барҷастаи он олими фаронсавӣ А.Пуанкаре (1854-1912) фарзияи созишгароии мӯътадилро дар асарҳояш «Илм ва фарзия» (1902) ва «Арзиши илм» (1905) шарҳ додаст.

Ба зудӣ баъд аз он олимони маҳфили Вена (М.Шлик, О.Нейрат, К.Гедел, Г.Фейгл, Г.Рейхенбах, К.Гемпел, Ф.Франк, Р.Карнап ва диг.) пешниҳодҳои созишотиро (чанде тасдиқҳои оддии ибтидоӣ), ки ба онҳо чунин сифатҳоро мисли қобилияти ифодаи таҷрибаи маҳзи ҳиссии субъект, бетарафӣ, аввалияти маърифатшиносӣ, эътимодбахшӣ дода мешуд, онҳоро воситаи сабти «хабари бевосита» эълон карда буданд. Таѓйироти забоншиносӣ талаботи сохтани забони ягонаи илмро бо кӯмаки мантиқи рамзӣ ба миён овард. Барномаи таҳлили мантиқии забони илм бартарӣ пайдо кард ва даъват намуд, то ҳама гуна «афкори ѓайриилмӣ», ки на фақат духӯрагии забони маълулӣ, балки мафҳумоти метафизикиро дар бар мегирифт, аз забони илм хориҷ карда шаванд. Р.Карнап дар асараш «Алоқаи фалсафии физика. Дебочаи фалсафаи илм» таваҷҷӯҳро ба он ҷалб менамояд, ки мафҳуми сабабият «сермаъност ва онро ҳамчун «истеҳсол мекунад», «месозад», «эҷод мекунад», «даъват менамояд», таъриф кардан мумкин аст.

Олими англис М.Полани (1891-1976) пешниҳод кард, ки идеали донишро ба асоси фалсафаи илм дохил намоянд, зеро он хусусияти амиқи шахсиятӣ доштани ҷараёни маърифатро ба ҳисоб мегирад, ки тавассути он ҳақиқат эълом карда мешавад. Мулоҳизаҳои асосии фарзияи ӯ аз инҳо иборатанд: ба илм афроди мутахассис машѓуланд; ҳунари фаъолияти маърифатиро аз рӯи китоб аз худ кардан имкон надорад (он ҳангоми муоширати бевосита бо олимон ба даст меояд); афроди ба илм машѓулро бо дигарон иваз намудан ва аз донишҳояшон ҷудо нигоҳ доштан мумкин нест. М.Полани далелҳоро ба суди боварӣ ҳосил кунондан боз ҳам амиқтар бурда мӯътақид аст, ки эпистемалогия бояд объекти маърифатро дар бар бигирад, идеали ѓайрифардикунонии донишҳои илмӣ дурӯѓанд, кӯшиши хориҷ кардани дурнамои инсонӣ аз манзараи илмии олам маънӣ надорад, дониши дар мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ дарҷгардида як қисми он аст, ки дар доираи тасаввури тафаккур меѓунҷад, қисми дигари он дар доираи дониши номафҳум мебошад, ки дар натиҷаи муоширати мустақими одамон ба вуҷуд меояд. Он дар «пушти парда»-и мубоҳисоти илмӣ мемонад. Дониши номафҳум ва канориро дар шабоҳат бо «маърифати канории эҳсос»-и асбоби дар даст буда, ки бе иштироки он ҷараёни ҳадафмандонаи фаъолият номумкин аст, тафсир кардан имконпазир мебошад. Ба маҷмӯи дониши номафҳум роҳҳои шиносоӣ бо объект дохил мешавад, ки образи сохтори комилро тавлид карда, ба ташаккули малака ва маҳорат мусоидат менамояд. Ворид кардани дониши шахсӣ ба асосҳои илм масоили эътиқодро ҳамчун қисмати ҷараёни маърифат ба таври нав ҳал мекунад. Низоми эътиқоди байниҳамдигарӣ, созгориҳои ошкору пинҳон, суботкории зеҳнӣ дар заминаи эътиқод ба вуҷуд оварда мешаванд.

Бозсозии худи асосҳои илм дар «ҳудуд»-и дохилифаннӣ ва ҳам дар «ҳудуд»-и байнифаннӣ ба амал омада метавонад. Дар ҳолати ниҳойӣ фанни пешрав таѓйироти асосҳои худро ба дигар соҳаҳои якхела ва ҳатто соҳаҳои дурдасти фаннӣ интиқол медиҳад.

4.5. МАНЗАРАИ ИЛМИИ ОЛАМ, ВАЗИФАҳОИ ОН

Чунин мешуморанд, ки манзараи илмии олам асоси бунёдии илм мебошад. Манзараи илмии олам – ин манзараи васеи донишҳо дар бораи табиат ва башарият, ки назарияҳои хеле муҳим, фарзияҳо ва далелҳоро дарбар гирифта, тақозои ҷавҳари ҷаҳонбинӣ буданро дорад. Он аз низоми хулосаҳои илмии аз қазияҳои мушаххаси фанҳои алоҳидаи афзалиятноктар таркиб ёфта, ҳамчун марҳалаи ҷамъбасткунандаи ҳамгироии комёбиҳои илмӣ ба низоми ягонаю бидуни ихтилоф ҳувайдо мешавад.

Ба манзараи комили илмии олам бояд маълумоти илмҳо оид ба табиати ѓайризинда, олами органикӣ, ҷамъиятҳои инсонӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ муттаҳид карда шаванд. Бунёди манзараи илмии оламро маҷмӯи усулҳои умдаи бисёр илмҳо ташкил медиҳад. Он ҳамчун низоми қатъии ҷамъбасткунандаи натиҷаҳои шохаҳои мухталифи маърифати илмӣ зуҳур мекунад ва танҳо аз ҳамин ҷиҳат ҳаққи мавҷудият дорад. Бинобар ин, комёбиҳои на фақат илмҳои табиӣ ва техникӣ, балки комёбиҳои илмҳои иҷтимоиву гуманитарӣ низ мақоми баробар доранд.

Сохтори манзараи илмии олам аз ҷузвиётҳои зерин иборатанд: а) ҷавҳари назариявии нисбатан устувор; б) фарзияҳои бунёдӣ, ки шартан ҳамчун инкорнашаванда пазируфта мешаванд; в) моделҳои ҷузъии назариявӣ, ки ҳамеша мукаммал карда мешаванд. Ҳангоми сухан кардан дар бораи воқеияти физикии унсурҳои устувортарини манзараи илмии олам аксаран усули бақои энергия, усули афзоиши доимии энтропия, бузургиҳои бунёди физикии собитро, ки хосиятҳои асосии универсиум (фазо, вақт, материя ва майдон) аст, тавсиф мекунанд. Барои илми иҷтимоӣ ҳамеша муносибати истеҳсолот, тақсимот, мубодилот ва истеъмолот дорои аҳамият буданд.

Манзараи илмии олам вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд: 1) якҷоякунӣ, ки синтези донишҳои илмии бунёдиро таъмин менамояд. Физики ҳамасри мо А.Фридман мӯътақид буд, ҳар қадар дониши мардум ноқис бошад ҳам, вале ҳамеша хирадмандоне ёфт мешуданд, ки дар заминаи ҳамин маълумоти ночиз манзараи илмии оламро ба вуҷуд меоварданд, системанокии ҷаҳонбинии илмӣ ба ҳамин вобаста аст. Ѓояи рушд ва робитаҳои мутақобилаи равандҳои табиат ва ҷамъият дар таърихи афкори фалсафӣ шакл гирифтааст. Гегел робитаҳои диалектикии байниҳамдигарӣ ва гузариши падидаҳои механикӣ ба кимиёвӣ ва баъд аз он ба ҳаёти органикӣ ва таҷрибаро дар фалсафаи табиат қайд менамуд. «Фалсафаи рӯҳ»-и ӯ ба таълимот дар бораи рӯҳи субъективӣ (инсоншиносӣ, падидашиносӣ, равоншиносӣ), рӯҳи объективӣ (ҳаёти иҷтимоиву таърихии инсон) ва рӯҳи мутлақ (фалсафа ҳамчун илми илмҳо) тақсим мешавад. Асосгузори позитивизм Огюст Конт ду шарти асосиро барои мукаммал сохтани манзараи илмии олам зарур шуморидааст: а) ҷойгиркунии илмҳо, ки тибқи он ҳар як илм ба илми қаблӣ такя карда, барои илми оянда замина мешавад; б) ҷойгиркунии илмҳо мутобиқи рушди ҳаққонии онҳо – аз ибтидоӣ (математикию астрономӣ) то интиҳоӣ (биологию иҷтимоӣ) ба воситаи миёндаврӣ (физикию кимиёвӣ). Ҳадафи ниҳоии ҳар як системаи назариявӣ ин башарият ба шумор меравад; 2) меъёрӣ, ки дар он манзараи илмии олам дар муттако ба тасрифи меъёрҳо ва намунаҳои стандартҳои таҳияшуда, қоидаҳо, системаи муқаррарот ва усулҳои азхуд кардани универсиум иборат аст, ба ташаккули қоидаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва усулии таҳқиқи илмӣ таъсир мерасонад ва луѓоти метатаърихии ба ҳамин давра хосро ба вуҷуд меоварад. Чи тавре ки манзараи илмии олам ба иқтидори ҷомеъи илмҳои ин ё он замон такя мекунад, муҳим аст таърихияти манзараи илмии оламро дар назар дошта бошем, ки ҳудуди донишҳои дар ҳамон давраи тараққиёти худ доштаи инсониятро муайян мекунад. Мафҳуми «манзараи илмии олам» нисбатан ба мафҳумҳои «образи олам» ва ё «биниши олам» ҷиддитар мебошад, зеро ба он донишҳое дохил мешаванд, ки ҳаққоният, асоснокӣ ва исботшавандагии онҳо собит шудаанд. Талаботи муҳими объективият бо байнисубъективият ва муҳиммияти умумӣ сахт вобастааст. Байнисубъективият умумияти байни субъектҳои маърифаткунанда, шароити интиқоли дониш, аҳамиятнокии таҷрибаи як субъект барои дигар субъектро қайд мекунад. Муҳиммияти умумӣ доштан — ин идеали маърифатии дарки якхелаи ин ё он ахборотест, ки талаб дорад донишро ҳама афроди фикркунанда, ҳамаи ҷомеа аъзои қабул дошта бошанд.

Манзараи илмии олам дар чорчӯбаи вазифаҳои меъёрӣ ташаккули яклухти ҷаҳонбинии илмиро таъмин менамояд. Ҷаҳонбинии илмӣ маҷмӯи ақидаҳои илман асосноккардашуда ва мавзун мебошад, ки дар хусуси қонунмандиҳои уневирсиуми ташаккулёбанда маълумот дода, мавқеи ҳаётӣ ва барномаи рафтори одамонро муайян месозад. Фарқи ҷаҳонбинии илмӣ аз ҷаҳонбинии динӣ он аст, ки ҷаҳонбинии илмӣ манзараи комили оламро тавассути мафҳумҳо, назарияҳо, далелҳои мантиқӣ ва исбот ба вуҷуд меоварад, ҳол он ки барои дин эътиқод ба қувваҳои фавқуттабиӣ, умед бастан ба ваҳй ва исботнашавандагии мантиқии «догмат»-ҳо хос мебошад.

Дар сурати бархурди манзараи вуҷуддоштаи олам бо мисолҳои мухолиф барои беосеб нигоҳ доштани ҷавҳари назариявии марказӣ фарзияҳои иловагӣ арзи вуҷуд менамоянд, ки бо дарназардошти пайдоиши мисолҳои мухолиф навъи худро таѓйир медиҳанд. Ҳамин тавр манзараи илмии олам дорои иммунитети муайян мебошад, ки ба ҳифзи асоси консептуалии мавҷуда равона карда шудааст. Дар чорчӯбаи он андӯхти ҷамъоварии дониш ба амал меояд. 3) намунавӣ (парадигмалӣ), ки: а) аз айнияти эътиқодот, арзишҳо ва воситаҳои техникӣ, қоида ва қонунҳои ахлоқии пазируфтаи олимон дарак медиҳад; б) мавҷуддияти анъанаҳои илмиро таъмин менамояд; в) пешниҳод ва ҳалли вазифаҳои таҳқиқотӣ, рафтори олимонро қайду шарт мекунад; г) ба характери тахмину фарзияҳо маҳдудиятҳои муайяни «оқилона»-ро ниҳонданд то, ки ба ташаккули қоидаҳои таҳқиқоти илмӣ таъсир бирасонад. Тасаввур кардан душвор аст, ки олими аҳди атиқӣ ва ё давраи классикӣ ѓояи тавсифи квантию механикии объектро ҷонибдорӣ карда, ба ислоҳи қоидаҳо, воситаҳои мушоҳида ва худи мушоҳид кӯшида бошанд, ҳол он, ки ҳамаи ин талаботи созандагони механикаи квантӣ Бор, Гайзенберг, Шрединберг буд. Вазифаи намунавии манзараи илмии олам ба мӯҳлати дуру дароз муқаррар намудани системаҳои устувору ѓайримухолифи ѓоя ва донишҳои илмӣ, постулатҳои назариявӣ , меъёрҳои таҷрибаи илмӣ мусоидат менамояд. Ин система бо роҳҳои таълим, тарбия, маориф барои дастраси омма гардидан интиқол дода мешавад ва менталитети муосиронро дар бар мегирад. Ивазшавии намунаҳои илмӣ, гузариш ба марҳалаи «таркиши инқилобӣ» ивазкунии пурра ё қисмани унсурҳои манзараи илмии оламро бо худ дорад.

Се шакли таърихии манзараи илмии олам — классикӣ, ѓайриклассикӣ ва баъдиѓайриклассиро аз ҳам фарқ кардан мумкин аст. Манзараи илмии классикии олам ҳанӯз бо ѓояҳои Галилей ва Нютон оѓоз ва ташаккул ёфта, минбаъд ба худ номи «назарияи механикӣ»-ро касб намудааст. Ин назария то миёнаҳои асри ҶIҶ назарияи ҳукмрон буд.

Дар тасвири манзараи классикии илмии олам муқоисаи алоқаи байни сабабу натиҷа ҳамчун ченаки тафсир хизмат мекард. Манзараи классикии олам тасвири мавзӯъҳоеро ба амал меовард, ки онҳо мутааллиқ ба соҳаи механика буда, ба таври ҷудогона вуҷуд дошта метавонистанд. Ҳангоми маърифати чунин мавзӯъҳо шарти муҳим – ин риоя кардани талабот роҷеъ ба сарфи назар кардани ҳамаи он ангезандаҳое буд, ки хусусияти субъективӣ, эҳсосотӣ ва халалрасонандагӣ дошта, ба омилҳои ѓайримавзӯъӣ мансуб буданд. Тахмин карда мешуд, ки ҳама гуна ҳолатҳои оламро ба ҳисоб гирифтан ё пешбинӣ кардан мумкин аст.

Баъдан, таҳти таъсири инкишофи термодинамика, ки куллияти қонунҳои механикаи классикиро исбот менамуд, ҷои манзараи классикии оламро манзараи ѓайриклассикӣ ишѓол менамуд. Дар раванди инкишофи термодинамика ошкор гардид, ки маҳлулҳо ва газҳо сирф низомҳои механикӣ нестанд, бинобар ҳамин, дар манзараи ѓайриклассикии олам нақшаи нисбатан суфтаву дақиқи сабабият матраҳ гардида, дар он нақши тасодуф ба назар гарифта шудааст. Инкишофи низоми оламро шарҳ дода, намояндагони назарияи ѓайриклассикӣ дар айни замон тасдиқ мекунанд, ки он ҳам ҳолатҳои олами айнӣ, ки дар ҳар як лаҳзаи замонӣ ба вуқуъ омадаву аз байн мераванд, ё таѓйир меёбанд, омили сабабият надоранд. Манзараи ѓайриклассикии олам сабабиятро дар сатҳи инфиродӣ кор карда, дар сатҳи низоми куллӣ онро эътироф менамоянд.

Манзараи баъдиѓайриклассикии олам таҳти таъсири дастовардҳои илмии мактаби белгиявии И.Пригожин дар соҳаи омӯзиши низомҳои худташкилёбандаи ѓайримустақим, ки дар натиҷаи он принсипҳои синергетика кашф карда шудаанд, ташаккул ёфтааст Дар манзараи синергетикии илмии олам ѓояи ногузирӣ ва гуногуннавъии «шуданҳо» ва «ба вуҷуд омаданҳо» ҳукмрон буда, олам ҳамчун як арсаи ҳамзистии имкониятҳо маънидод карда мешавад.

Хусусияти муҳимтарини илми баъдиѓайриклассикӣ, — қайд мекунад файласуфи илм В.С.Стёпин, — ошкор кардани сохтори арзишҳо ва ҳадафҳо мебошад: «Илми баъдиѓайриклассикӣ майдони рефлексия (фикри шубҳанок ва мунаққидона) бар фаъолиятеро, ки дар чорчӯбаи он мавзӯъҳо омӯхта мешаванд, васеъ менамоянд. Он таносуби хусусиятҳои донишҳои ба дастомадаро на танҳо бо хусусиятҳои васоиту амалиёти фаъолият, балки бо сохторҳои арзишҳо ва ҳадафҳо низ ба эътибор мегирад».

Дар манзараи баъдиѓайриклассикии илмии олам тасаввуроти синергетикӣ роҷеъ ба сохторнокшавии номуташаккилу бешуурона ва пайдоиши низом аз бенизомӣ (хаос) нақши пешбаранда дорад. Яке аз ѓояҳои муҳиму пешбиникунандаи илми баъдиѓайриклассикӣ он аст, ки низоми мавҷудаи олам имконият дорад, ки хатти сайри худро таѓйир дода, хотираи муназзамашро гум кунад. Дар модели таъсироти мутақобила, ки дар он на ду тараф, балки бештар тарафҳо иштирок мекунанд, як навъ фазои бетартибона пайдо мешавад. Дар он фазо хатти ҳаракати баъзе ҳодисот бо тамоили ҳодисоти дигар бархӯрда, таҳти таъсири гурӯҳи сеюми ҳодисаҳо таѓйири сурат мекунанд ва ҳамаи ин ҳодисаҳо дар маҷрои ягонаи таъсироти мутақобила мантиқи мавҷудаи инкишофро бо тартиби вобастакунонии имрӯзро бо гузаштаю оянда аз байн мебаранд. Низоми олам ҳолатҳои пешинаи худро «фаромӯш» карда, бетартибона ва таваккалӣ ҳаракат мекунад. Таъсирпазирии имрӯз аз гузашта чандон назаррас нест, имрӯз низ таъсири сабабии худро ба оянда интиқолу густариш намедиҳад. Чунин вазъият далолат мекунад, ки «низоми олам хотираашро гум кардааст».

Синергетика шиддати вайроншавии принсипи инкишофи мутобиқи равандҳо ва ба вуҷуд омадани як навъ вазъиятеро ба мушоҳида гирифтааст, ки дар он вазъ сабабҳои хурду ночиз ва дуюмдараҷа бо натиҷаҳои аз лиҳози ҳаҷму қувва нисбатан глобалӣ мувофиқ мебошад. Чунин вазъият, ояндаро номуайяну пешбининопазир ва барои таѓйиротҳои нав комилан кушод менамояд. Имконияти таҳаввулоти чунин низомҳо пайдо шудани тарзҳои нави инкишофро дар оянда таъмин намуда, дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи таѓйирнопазирии низомҳо бошад, тамоили аз ҳам ҷудошавӣ ва тавлиди шохаҳои нави ҷараёни инкишофи олам шиддат мегирад. Аз ҳамин сабаб, дар манзараи муосири баъдиѓайриклассикии олам номуайянӣ ҳамчун атрибути ҳастӣ омӯхта мешавад.

Ҷиҳати муҳими давраи баъдиѓайриклассикии таҳаввули манзараи илмии олам, ин – истифодаи тарзи баъдиѓайриклассикии тафаккур мебошад, ки дар он се муҳити таҳлилӣ-таърихӣ, танқидӣ-рефлексивӣ ва назариявиро аз ҳам ҷудо менамоянд. Постанализитизм (усули таҳлили фикрии хоси илми баъдиѓайриклассикӣ, ки барои тасвири манзараи илмӣ ба кор бурда мешавад) барои бо ҳам пайвасту омезиш додани луѓати фанниву гуманитарӣ, барои дар назарияи иҷтимоӣ парвариш додани назарияи маърифат (эпистемология) ҷаҳд намуда, ба ҳисоб гирифтани алоқаи мутақобилаи омилҳои илмиву ѓайриилмиро таъкид мекунад. Манзараи баъдиѓайриклассикии олам асоси ҷаҳонбинии муосири ақлонӣ (илмӣ)-ро ташкил медиҳад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *