Анъанаҳои илмӣ ва инқилобҳои илмӣ

Навъҳои ақлонияти илмӣ

6.1. АНЪАНАҳОИ ТАЪСИРИ МУТАҚОБИЛА ВА ПАЙДОИШИ ДОНИШҳОИ НАВ

Бо кадом роҳ пайдо шудани донишҳои нав дар илм дар таърихи илм яке масъалаҳои асоситарини фалсафаи илм шуморида мешавад. Ба ин хотир, аксар олимон ақида доранд, ки навоварӣ дар илм берун аз анъанаҳои илмӣ имконнопазир аст.

Анъана – ин расму русуми дар қолиби муайян муқарраршудаест, ки тартибот ва қоидаҳои ахлоқиро дар бар мегирад. Навоварӣ дар илм ба миён овардани маҷмӯи донишҳои наве мебошад бо роҳи рафъ сохтани нофаҳмоиву нодиданиҳо ба амал меояд. Файласуфи машҳури рус М.А.Розов дар ин бора навиштааст: нофаҳмӣ – ин хусусияти хоси дониш аст. Яъне агар олим дарк намояд, ки оиди ин ё он масъалаи илмӣ фаҳмиш надорад, гуфта метавонад, ки: «ман, он чиро, ки надидам ё аз он бехабарам, ба он сарфаҳм рафта наметавонам». Масалан, сабаби пайдоиши ягон фарзияи физикӣ ё фарҳангӣ ва моҳияти онро нафаҳмад, барои фаҳмидану дорои ҳамаҷонибааш кӯшиш ба харҷ медиҳад, пас, дар ин ҳолат падид омадани донишҳои нав имконпазир мегардад. Моҳияти ин зуҳурот дар он аст, ки илми нав натиҷаи ҳаракатҳо ва ҷадалҳои пешибинишудаи олимон мегардад. Яъне дар ин марҳала  донишҳои нав чун васеъкунандаи донишҳои аллакай маълумгардида корбурд мешаванд.

Бехабарӣ ё худ надидани объектҳо нисбати «нофаҳмӣ» бо он фарқ мекунанд, ки дар он намуди тасдиқият чунин аст: «ман намефаҳмам, он чиро, ки надидаам, ё аз он бехабарам». «Ман, он чиро, ки надидаам, ё аз он бехабарам» дар ҳақиқат он чиро, ки инсон аз ӯ бехабар аст, дарк намуда, онро мақсаднок боз намуда наметавонад. Бинобар он, усули эътирофгардидаи бартараф намудани нодидани объектҳо, ки дар он ашёи таҳқиқ номаълум аст, вуҷуд дошта наметавонад. Ва ягон нафар, ягон вақт бо мақсад кашф накардааст, яъне илми фалсафа ҳама кашфиётҳоро нисбӣ меҳисобад. Бо худ тасаввур намудан душвор аст, ки олиме кашфиёти то ҳол ягон кас накарда ё дар бораи он маълумот надоштаро ба нақша гирад. Худи олимон танҳо «пешакӣ» тавассути тафаккури мантиқӣ дар бораи кашфиёт ва нақшаашон дарак медиҳанд.

Аз ин рӯ, донишгоҳи нави аслиро дар пешрафти илм ҳамчун натиҷаи фаъолияти ақлӣ ҳисобидан мумкин нест. Кашфиётҳои асилро дар илм ҳанӯз аз илмҳои мавҷудбуда хориҷ намудан ғайриимкон аст. Масалан, кашфиётҳои илмие, ки барои кашфи ихтилофҳои электрикӣ ва радиоактивӣ равона шудаанд, ба ҳисоб гирифтан мақсаднок мебошад. Ва ин намуд кашфиёт дар илм таҳаввулот дохил карда метавонанд. То кушудани кашфиёт ин падидаҳо дар курраи надидани объектҳои аслӣ меистоданд ва тавре, ки М.А.Розов навиштааст «раванди хирадӣ»-и ҳанӯз номаълум худ объекти ковишҳои илмианд. Ин ҷо мафҳуми раванди ақлӣ бо кашфиёт сарҳади худро дорад.

Ҳиссиёт дар илм кор ва омӯзиши тӯлонии илмиро ба тафаккури мантиқӣ мубаддал менамояд ва аз ин лиҳоз, он чун «мантиқи печида ва сахтшуда» ҳисоб меёбад. Аммо дар ҳама ҳолат ҳиссиёт инъикоскунандаи тафаккури хос аст, ки худ боиси ба вуҷуд омадани равандҳои мутафаккирона мегардад ва натиҷаи дурусти кашфиёти илмиро акс менамояд. Шахс дар раванди ҳиссиёт роли калон бозида метавонад. Ва дар ин ҷода чанд илмҳоро, аз қабили мусиқӣ, суханварӣ, назмшиносӣ ва фалсафӣ мисол овардан мумкин аст. Мушкилоти норасоии донишҳои (ақлӣ) маърифатӣ дар осори фалсафии А.Шеллинг, А.Шопенгауэр, С.Керкегор, Ф.Нитсше, А.Бергсон ва дигарон баррасӣ шудааст. Масалан, Шопенгауэр чунин меҳисобид, ки ба умқи асрорангези олам на танҳо тавассути фаҳмишҳои мантиқӣ, балки тибқи мушоҳида ва ҳиссиёти бевосита метавон ворид шуд.

Аз нуқтаи назари ӯ, воситаҳои хирадии идрок, аз ҷумла хирад, мафҳум, категория, ғоя, муҳокима ва ғайраҳоро ҳар як шахс аз худ намуда метавонад, ки зинаҳои илмро тай намуда соҳиби унвонҳои илмӣ гардад.

Аммо, умуман дастовардҳои навинро на олимони қаторӣ, балки нобиғаҳои илм (гений) меофаранд. Нобиға (нубуғ) – ин на танҳо фаъолияти бодиққати тафаккури мантиқӣ, балки ҳиссиёти ақлнорас мебошад.

Эътироф намудани донишҳои ақлнораси ақлӣ баъзан то ҳадди муайяне, ки ба инкори пурраи маънои хирадӣ дар идрок мебарад. Вале инкор намудани вазифа ва аҳамияти фаҳмишҳои хирадӣ дар идрок аз ин шаҳодат медиҳад, ки таркиби донишҳо фаҳмишҳои ақлнорасро тасвир намуда, ҷойи онро дар доираи фаҳмиши бошуурона ва таносуби онро бо фаҳмиши ақлӣ дарк намуда, мо тартиби идроки ақлиро ба иҷро мерасонем. Албатта, дар доираи фаҳмишҳои ақлнорас (ирратсионалӣ) хусусиятҳои хоси фаъолияти хирадӣ мавҷуд аст, ки тибқи он ба хулосае омадан мумкин аст, ки тавзеҳи мантиқии пурраи ин доира ғайриимкон буда пурра таҷассум кунонидани он: ҳамеша як навъ «сирре» барои тафаккури мантиқӣ боқӣ мемонад. Ин «сир» сарвати таассурот, ҳиссиёт, тасаввурот ва дигар қоидаҳои идрок ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, чи гуна ҳал шудани масъалаи таъсири мутақобилаи анъана ва навовариро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Файласуфи машҳур Т.Кун дар рушди илм ду марҳаларо нишон додааст: а) марҳалаи «муътадилии илм» ва б) марҳалаи инқилобӣ, ки аз рӯи муносибати худ бо парадигмаи илмӣ фарқ мекунанд. Парадигмаи илмӣ – «намунаи», умумиэътирофи «якчанд намунаҳои умумиэътирофме, ки аз амалияи ҳақиқии тадқиқотӣ илмӣ – намунаҳое, ки қонун, назария, тадбиқи амали ва лавозимоти зарурии онро фаро гирифтааст». Ба ибораи дигар парадигма анъанаи илмии хос аст.

Дар марҳалаи «муътадил» илм парадигма (анъана)-и муайяни илмӣ комилан ҳукумрон аст, аммо тадқиқот дар ин марҳалаи рушди илм «ба кркарди он падида ва назарияе, ки мавҷудияти парадигмаро дар назар дорад», нигаронида шудааст.

Дар марҳалаи «муътадил»-и илм навоварӣ шакли бартарафкунии нодониро дорад (ҳарчанд худи Т.Кун ин истилоҳро истифода набудааст). Дар ин ҷо фаъолияти илмӣ чунин тавсиф мешавад: 1) муҳаққиқон ба «ҷорӣ намудани тартибот» машғул буда, минбаъд барои эҷод кардани назарияҳои нав мақсад намегузоранд ва тибқи қоида «ба эҷоди назарияҳои нави дигарон низ муносибати оштинопазир» доранд: 2) тадқиқот худ падидаи кумулятивӣ буда, дар он: а) воқеоти муайяни шарҳи муфассалдошта, ки дар парадигма (намуна) ҷой доранд, ба танзим медароянд; б) дар матни назарияҳои беҳтарин воқеиятҳои нав кушода мешаванд; в) таҷрибаи ҳалли мушкилоти масоили аллакай маълумбуда такомул меёбанд; г) уламо масъалаҳоеро ҷудо карда мегиранд, ки «ба туфайли алоқаҳои консептуалӣ ва техникии бо мушкилоти аллакай ҷойдошта, мумкин аст ҳалли худро дарёбанд». Ин марҳалаи рушди илм барномаи амиқи фаъолиятдошта омилҳои ҷудокунандаи ҷараёнҳои илмӣ ва кашфиётҳои имконпазиру ғайриоддиро тавсиф медиҳад. Пайвастани донишҳои илмӣ дар марҳалаи «муҷтадил»-и илм дар шакли бартараф кардани нодонӣ, вале на бехабарию ғофилӣ сурат мегирад.

Гузариш ба мафҳуми бехабарӣ чӣ тавр ба амал меояд? Дар раванди ин анъана, муқовимати номуайнҳо, олимон, мувофиқи ақидаи Т.Кун, тасодуфан ва ба таври иловагӣ, дар доираи волоияти назария ва методологияи норавшан, ба нодурустии воқеият ва мавҷудият дучор мешаванд. Бинобар ин, зарурияти иваз кардани тартиботи тадқиқоти илмӣ ва шарҳҳое, ки ҳатман таназзули парадигмаҳои кӯҳан ва таъсиси парадигмаҳои ҷадидро мутаҳид сохта ва нодурустиро ба низом дароварда, ҳамзамон назарияҳои навро тасвир мекунад, пайдо мешаванд. Дар робита бо ин оиди бехабарӣ донишҳое тавлид меёбанд, ки на танҳо ба фосидшавии парадигмаҳои кӯҳна бурда мерасонанд, балки боиси ихтилофи байни ҷонибдорони парадигмаҳои кӯҳна ва нав мегарданд. Кашфиёти олимоне, ки ба парадигмаҳои олӣ мувофиқат намекунанд, тибқи қоида аз ҷониби пайравони он дастгирӣ намеёбанд.

Аз ин рӯ, кашфиётҳои илмӣ, ҳамчун парадигмаҳои нав, муддатҳои тулонӣ ғайримақбул мемонанд. Масалан, таълимоти Коперникро дар давоми зиёда аз садсолаи баъди вафоти Коперник танҳо як гурӯҳи ками аҳли илм, эътироф намудаанду халос. Дар давоми зиёда аз панҷоҳ соли зуҳуроти «Ибтидо», – менависад Т.Кун, корҳои сомондодаи Нютон низ мавриди пазироии нагаштааст.

Эътироф намудани кашфиётҳои нави илмие, ки ғофилӣро аз байн мебаранд, чӣ тавр сурат мегиранд?  Воқеан, дар давоми панҷоҳ то сад сол ивазшавии чандин насл ба назар мерасад ва ин шаҳодати он аст, ки Макс Планк иброз медорад – ҳақиқати нави илмӣ бевосита барои бовар кунонидани ҳарифон ва водор сохтани онҳо ба дидани ҳаёт дар олами нав ва аниқтараш барои он, ки он ҳарифон дер ё зуд аз олам мегузаранду ба ҷойи онҳо насли наве ба камол мерасад, ки ба он ҳақиқат одат кардааст, роҳи музаффариятҳоро мекушояд. Ҳамчунин, вақте, ки хамасрон навовариҳои илмии Дарвинро эътироф накарданд, ӯ хеле афсӯс хӯрда, танҳо ба насли нав умед баста буд.

Аммо тартиботи ивазшавии парадигмӣ, дар баррасиҳои Т.Кун, бисёр лаҳзаҳои норавшанро дар бар мегирифт, ки яке аз онҳо чунин аст: чи тавр олим метавонад, далелҳои наверо, ки бо назарияҳои нолозим дар доираи ин парадигмаҳо мавҷуданд, қабул намояд. Бо вуҷуди он, ки вай «кунҷ»-и назар ва он чизеро, ки аз ҳудуди биниши вай берун аст ва ҳамин тавр қабул намешаванд, муайян намуд. Масалан, вақте, ки олимони физик, барои дидани «из» (нақш)-и электрон, дар камераи Вилсон, кӯшишҳо ба харҷ доданд, ба хулосае омаданд, ки ин «из» шакли «дуроҳа»-ро дорад ва онҳо ин натиҷаи бадастомадаро иштибоҳи озмоиш ҳисобиданд. Ва танҳо пас аз кашфиёти позитрон, ки амали Дирако буд, моҳияти ҳақиқӣ (аслӣ)-и изи дуроҳа дар камераи Вилсон равшан шуд.  Намунаи таъсири мутақобилаи анъана ва навоварие, ки аз тарафи Т.Кун пешниҳод гардида буд, зери танқиди аксарият қарор гирифт. Масалан, файласуфи америкоӣ Ст. Тулмин, чунин меҳисобад, ки фарзияи нодурусти Т.Кун, дар он бора аст, ки дар марҳалаи «муътадил»-и рушди ғояҳои назариявии илмӣ, ки дар доираи парадигмаҳои мавҷудбуда пайдо мегарданд, ба ҳама олимон тақсим карда мешаванд ё баръакс бо сабаби он, ки байни парадигмаҳои кӯҳна ва нав монеаҳои бартарафнашаванда ба вуҷуд меоранд, комилан ба парадигмаҳои нав намегузаранд. Ст. Тулмин бо дарназардошти он ки «Таҳаввулот дар илм, тибқи нақшаҳои назариявӣ, ҳамеша то андозае нопурра мебошанд» ва дар байни кӯҳна ва нав монеаҳои касногузар мавҷуд нестанд, моҳияти анъанаро бозҳам «устувор» мекунад. Аҳамиятнок будани анъанаро дар раванди гирифтани дониши нав Ст. Тулмин зикр дошта, байни афкори ғайриоддии парадокси озодии сиёсии баррасидоштаи Ж.Ж.Руссо («Инсон озод тавлид мешавад, аммо дар ҳама ҷо ӯ зери асорат аст») ва афкори ғайриоддии озодии ақлонӣ («Зеҳнан инсон қобилиятнок ва бо тафаккури бемисл тавлид мешавад, вале ин аслият дар ҳама ҷо сарҳади хоссаи нуқтаи назари авлодии ӯро маҳдуд мекунад») хатти мувозӣ мегузорад. Аммо дар ин ё дигар ҳолат, қайд медорад Ст.Тулмин, анъана нақши мусбӣ мебозад: ишкелҳои сиёсӣ – васоити зарурии таъсирбахши озодии сиёсӣ, вале ишкелҳои мусбӣ-ғоявӣ – васоити зарурии таъсиррасони тафаккуранд. Ақидаи фардӣ танҳо дар чорчӯбаи мавҷуд будани мафҳумҳои илмӣ дар анъанаоти мазкур имкон дорад, аммо таҷассумёбии шифоҳии он дар мавҷудияти забони маъмул тахмин мешавад. Ст.Тулмин тафсири худро ба раванди воқеии тағйирёбии ғоявӣ, ки дар чорчӯбаи ин ё он анъаноти ақлонӣ ба вуҷуд меояд, пешкаш медорад. Дар тамоми анъаноти зеҳнӣ ҳамеша расму қоида мавҷуд мебошад: а) навоварӣ, вақте ҷонибдорони анъанаи мавҷуда пешниҳоди тарзҳои гуногуни инкишоф ва мукаммалнамоии онро мекунанд; б) интихоб, иборат аз он аст, ки олимон бо нерӯи кадом авзоъ, ки на ҳамеша метавонад фаҳмо ифода ёбад, бархе навовариро интихоб мекунанд ва бо ёрии онҳо анъанаҳоро тағйир медиҳанд.

Навоварӣ ва гуногунҷанбагии анъанаот

Дар вақтҳои охир ақоиде пайдо аст, ки тибқи онҳо  донишҳои нав дар матнҳои гуногунҷанбаи анъаноти илмӣ, ки аз рӯи мазмун, вазифа, ки дар илм мебозанд, падид меоянд. Ҳамин тавр, аз рӯи тарзи мавҷудият метавон анъанотро ҷудо намуд: а) шифоҳӣ (дар намуди матни монография ва китобҳои дарсӣ мавҷудият доранд) ва б) ғайришифоҳӣ (пурра ба шакли матн ифода наёфтаанд), донишҳои носаҳеҳ норавшан мебошанд. Мафҳуми «дониши норавшан»-и, ҷоринамудаи олими бритонӣ М.Полани (охири солҳои 50-уми асри ХХ), чунин маъноро инъикос мекунад, ки ба куллӣ наметавонад саҳеҳ ва пурра бо ёрии забони шифоҳӣ ифода ёбад. Ҳамин тавр, хеле мушкил аст дар намуди шифоҳӣ ё худ нишондод амалиёти воқеъбудаи байни олимонро ифода дошт, чӣ тавр «зебо» иҷроиши ҳадаф, эҷодсохтаи назарияи «зебошиносӣ», «латиф», гузошташудаи санҷиш ва ғайра. Тамоюли арзишманди олимон хусусиятҳои онҳо (моҳирона далелорӣ)-и дар муҳокима ҳамчунин ба донишҳои норавшан марбут мебошанд.

Донишҳои носаҳеҳ дар сатҳи намунаҳо аз муаллиме ба талаба аз як насли олимон ба дигар мегузаранд. М.А.Розов ду навъи намунаҳоро дар илм ҷудо мекунад: а) намуна-амалиёт ва б) намуна-самара. Намуна-амалиёт имкон медиҳад, ки технологияи истеҳсоли предметро намоиш дод. Метавон қиёсан осонии натиҷаи амалиёти ин ё он таҳлили химиявӣ, ҳалли баробарии математикӣ ва ғайраро намоиш дод. Намуна-самара, мисол, аксиомаи ин ё он назарияи илмӣ, ё худ «дастурамал»-и бунёди такмили бомуваффақона чунин хусусият мегирад, ки нақшаи амалиётро нишон дод, бо ёрии онҳое, ки гирифта шуданд ва то ҳол ба ҳеҷ кас муваффақ нагардиданд. Ин нақшаҳои амалиёт, воқеан на комилан фаҳмо шуданд, ҳамчунин барои бунёдгари худи аксиома, табақабандӣ ва ғайра. Ҳамин тавр, ҳеҷ кас намедонад, чи тавр Евклид «Мабдаъ»-и худро бунёд гузошт, зеро ӯ ягон тарзи фаҳмониданро оид ба ин боб надодааст, вале ба ояндагони худ намуна-маҳсули тайёрро гузошт, ки аз он метавон истифода бурд.

Эътирофи он далел, ки анъанаи илмӣ баробар бо донишҳои саҳеҳ донишҳои норавшанро бар худ дохил медорад, имконият медиҳад хулоса барорем: парадигмаи илмӣ – ин қишри сарбастаи меъёр ва нишондодҳои фаъолияти илмӣ нест, низоми кушода, дохилкунандаи намуноти днишҳои норавшан, дарёфт кардан на танҳо аз қишрҳои фаъолияти илмӣ ҳамчунин аз дигар қишрҳои ҳаётии олим мебошад. Воқеист агар ба ёд оварем, ки бисёр олимон дар эҷодиёти худ таъсири мусиқӣ, асарҳои бадеӣ, таҷрибаи динии сӯфиёна ва ғайраро озмуданд. Олимон на дар чорчӯбаи шадиди тамйизшудаи парадигмаи Т.Кун кор мекунад, балки мубталои таъсири ҳамаи маданиятҳо гаштанд, ки имкони гӯёи гуногунҷабҳагии анъаноти илмиро акс медорад.

Эътирофи мухталифии анъанот имконияти зиёди мушаххасан фаҳмидани алоқаи навоварӣ ва анъанаро медиҳад. Аслияти консепсияи алоқаи навҷӯиро бо гуногунҷанбҳагии анъана Ҷ.Холтон, мутахассиси америкоӣ дар соҳаи физика ва таърихи илм, пешниҳод кард. Олимон мувофиқи ақидаи ӯ ҳамчун рӯи матни ин ё он мавзӯъот кор мекунанд. Масалан, назарияи атомӣ, бетанаффусият, ки нақши гуногунҷабҳагии бетаваққуфи анъана. Мавзӯъот дар бештари мафҳумоти илмӣ, методҳо, тасдиқот ва фарзия ва новобаста аз «қадимият»-и онҳо доиман аз нав ба вуҷуд оварда мешаванд, дар давраи мӯътадилии илм, ҳамчунин дар вақти инқилоби илмӣ иштирок мекунад. Намунаи мавзӯоти атиқӣ – антитезаи муҳит ва холигӣ, ки дар ибтидои садсолаи баҳсҳои илмӣ оид ба «воқеияти» молекула «ошкор шуд». Шумораи умумии мавзӯъ, масалан, дар илми физика хеле маҳдуд ва пайдоиши мавзӯи нав воқеан нодир аст. Намунаи мавзӯи нав, ки соли 1927 падид омад, ин мукаммал кардан аст. «Метавон чунин гуфт, – менависад Ҷ.Холтон, – навоварии наздик ва оянда то чӣ андоза қатъӣ, онҳо боэътимод натавонистанд ифода ва афзалияти худро дар истилоҳоти мавзӯъҳои имрӯз мавриди истифода қарор гиранд. Одатан мавзӯъҳо тарзи дурусти ифодаро дар корҳои интишорёфтаи олимон,  баҳсҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, луғатҳо ва ғайра ҷойгузин созанд.

Мавзӯъҳо табиатан маҳдуданд, ки дар онҳо олимон кор мекунанд, ҳарчанд, мувофиқ ба ақидаи Ҷ. Холтон, олимон «қудрати мубаддал кардани чунин сарҳади сиришти тасаввуроти илмии худро аз заифии нерӯ соҳибанд», чи тавре инро Эйнштейн нишонрас карда навишта буд: «Пайравии ғояи бетанаффусӣ дар ман инкишоф меёбад на аз ғалатфаҳмӣ, балки аз он ки ман наметавонам ивази узвии онро фикр карда ёбам».

Муҳим нест, ки на танҳо ғояи алоқаи навҷуӣ ва гуногунҷанбҳагии анъанаро эътироф кард, балки бояд механизми ин алоқаро нишон дод. Н.А.Розов якчанд намунаи механизмҳои пайдошавии куллии донишҳои навро бо гуногунҷабҳагии анъана пешниҳод намуд.

Баъзеи онҳоро дида мебароем. Консепсияи «муҳоҷирҳо». Дар кадом як илм олимон аз дигар соҳаҳои илм меоянд. Ба анъанаҳои нави илми худ алоқа надошта, «муҳоҷир» ҳалли вазифаҳои он ва масъалаҳоеро бо воситаи методҳои илми «худ» оғоз мебахшад. Ё худ як анъанаи илмиро барои ҳалли масоили илми дигар истифода мекунад. Воқеист, муваффақият роҳнамо ба он олим – «муҳоҷир» аст, ки «пайвасти» методҳои он илмҳоро, ки ба онҳо дохил шудаанд ва он методҳое, ки аз дигар илм омадаанд, пайдо мекунад. Ғояи «пайваст» ба файласуфи рус И.И.Лапшин, ки эътироф дошта буд, ки барои кашфиёт муҳим аст фарохии «майдони комбинатсионии тасаввуроти эҷодӣ, вақте олим байни худ қишрҳои ҳодисотро наздик месозад», вақте он бар худ қудрати «ба василаи тасаввурот ва ақидаҳои зиракона аз сарҳади бевоситаи майдони мушоҳида берун меояд ва назар ба воҳаи ҳодисоти берун аз сарҳади худ, ки он ҷо метавон дар шакли норавшан боқимондаи омилҳо, ки сабабгори ҳодисаи мазкур маҳсуб ёбанд, пайдо кунад», – мансубият дорад.

Консепсияи натиҷаи дуюмдараҷаи тадқиқот. Олимон ба анъанаҳо кор карда баъзе вақт тасодуфан натиҷа ва самараи изофагиро ба даст меоваранд, ки ба нақша нагирифта буданд. Ҳамин тавр, дар таҷрибаи Галвано дар ғуҳо падид омад. «Фавқулоддият» фаҳмондадиҳиро талаб мекунад, ки чӣ ворид шуданро ба чорчӯбаи танги як анъана дар фазои маҷмӯоти дахлдошта, дар марҳилаи мазкури анъанаи илмӣ имконот пеш меоварад.

Консепсияи «Ҳаракат бо ҷойивазкунонӣ (гузариш)». Гирифтани натиҷаҳои иловагии беихтиёр дар чорчӯбаи яке аз анъанаҳо, ки барои мо «беманфиат» аст, ба анъанаи дигар метавонад муҳимият оварад. М.А.Розов ин консепсияро чунин тавсиф мекунад: «Инкишофи тадқиқот ба хотир овардани ҳаркатро бо гузариш: аз як анъана, ки моро ба пешравӣ талқин медорад, мо чӣ тавре метавонем ба дигаре кӯчат дорем, ибтидо меёбад». Бешак, ҳамин тавр қонуни баҳамтаъсири зарядҳои электрики Кулон кашф гашт. Дар анъанаи чунин илмҳо ҳамчун муқовимати мавод ва назарияи чандирӣ кор карда, ӯ ҳисси тобонидани тарузуро барои муайян кардани қувваҳои кам фикр кард. Аммо қонуни Кулон метавонад ҳамон вақте пайдо шавад, ки вақте ин дар таълимот оид ба асбоби барқикунонӣ истифода шавад.

Мадди назар гирифтани намунаҳои донишҳои нави илмӣ дар бораи муҳиммияти нақши анъанаҳои илмӣ шаҳодат медиҳанд. Метавон иброз кард, ки пеш аз кашфиёт бояд бештар рӯи анъанаҳо кор кард.

6.2. ИНҚИЛОБИ ИЛМӢ ҳАМЧУН

ТАҒЙИРДИҳИИ АСОСҳОИ ИЛМҳО

Марҳилоти инкишофи илмҳо, алоқамандӣ бо тағйири стратегии тадқиқот, ки ба асосҳои илмҳо мудохилат дорад, метавон номи инқилоби илмиро гирифт. Қисмати асосии далелҳои илмӣ, мақсадҳои олӣ ва усулҳои тадқиқот: тасвири илмии олам; ақида ва нуқтаи назари фалсаро ташкил медиҳанд. Мутаносибан асосҳои илмҳоро файласуф ва муаррихи илмҳо А.Койре чунин қаламдод мекунад: «Таърихи афкори илмӣ ба мо меомӯзад, ки: а) ақидаи илмӣ ҳеҷ гоҳ пурра аз афкори фалсафӣ ҷудо набуд; б) инқилоби бузурги техникӣ ҳамеша садама ва тағйиротҳои консепсияҳои фалсафиро муайян мекунанд. Дар ин ҳол ӯ бе баҳс ҳақ буд.

Истилоҳи «инқилоби илмӣ» дар луғати илмӣ аз тарафи Т.Кун дохил карда шуд. Т.Кун қиёси инқилобҳои сиёсӣ карда, тасдиқ медорад, ки инқилоби илмӣ «аз эҳёи шуур оғоз мегарданд, ки намунаи мавҷуда шаклгирии фаъолро дар тадқиқи он паҳлӯҳои табиат, ки ин намуна пешрав роҳи худро гузашта буд, бозмедорад». Оид ба инқилоби илмӣ сухан гуфта, менависад, ки онҳо дар худ на танҳо тағйиротҳои намунаро таҷассум медоштанд, ҳамчунин бештар тағйиротҳои асосӣ, ки алоқа бо азбарнамоии намудҳои нави дониш оид ба ин ё он ҳодиса дар чорчӯбаи илмҳои алоҳида доранд, аҳамиятнок меҳисобад. Ба «инқилобҳои илмӣ» бояд назар карда шаванд ҳамчун ба воқеияти вуҷудаш инқилобӣ, танҳо дар муносибат ба он соҳат, он намунае, ки онҳо ба он мудохилат дорад. Масалан, мунаҷҷимон метавонанд қабул доранд, ки кашфи нурҳои рентгинӣ ҳамчун шакли оддии афзунии донишҳо, ҳарчанд ки намунаи онҳо ба мавҷудияти нави шӯоъдиҳи мудохилат надоранд.

Дар рафти инқилоби илмӣ асосҳои илмҳо тағйир меёбанд. Дар вобастагӣ аз он, ки кадом қисмати асосҳои илмҳо аз нав ба вуҷуд оварда мешаванд. Ду навъи мухталифи инқилоби илмӣ аз ҳам фарқ карда мешаванд; а) мақсадҳои олӣ ва меъёрҳои тадқиқоти илмӣ бетағир монда, вале тасвири олам мавриди назар қарор мегирад; б) дар як вақт бо тасвири олам ба таври қатъӣ на танҳо мақсадҳои олӣ ва меъёрҳои илмҳо, ҳамчунин асосҳои фалсафии он иваз мешаванд.

Инқилоби якӯми илмӣ (ҶVII – нимаи аввали асри ҶVIII),ки ба пайдошавии табиатшиносии классикӣ оварда расонд, боиси тағирёбии тасвири олам, азнавтағирёбии рӯшании воқеияти физикӣ, бунёди идея ва меъёри табиатшиносии классикӣ шуд. Инқилоби дуюми илмӣ (охири асри ҶVIII – ва нимаи авали қарни ҶIҶ) ҳарчанд дар маҷмӯъ бунёди табиатшиносии классикӣ анҷом пазируфт, аммо шароити мусоид барои оғози ташхиси мақсадҳои олӣ ва меъёрҳои дониши илмӣ, ки дар давраи инқилоби якӯми илмӣ шакл гирифта буданд, овард. Саввум (охири асри ҶIҶ – ва миёнаи садои ҶҶ) ва чорумин (охири асри ҶҶ ва ибтидои қарни ҶҶI) инқилобҳои илмӣ ба назар кардан бо тамоми нишоннаҳои қисматҳои болоии асосҳои илмҳои классикӣ овард. Ин саволҳоро дар зер муфассалан дида мебароем.

Шароити асосии пайдоиши идеяи инқилоби илмӣ ин эътирофи таърихияти ақл, бешак таърихияти донишҳои илмӣ ва мувофиқоии он ба намуди ақлоният мебошанд.

Файласуфон-хирадгароёни асри ҶVII ва нимаи аввали асри ҶVIII хирадро ҳамчун ғайритаърихӣ, худайниятдиҳии қудрати инсонӣ меҳисобанд. Қоида ва меъёрҳои муҳокимоти ақлонӣ, бо ёрии он, ки донишҳои ҳақиқиро илова медорад, эътирофи пайваста дар ҳар давраи таърихӣ ёфтанд. Вазифаи худро файласуфҳо дар он медиданд, ки бояд ақлро аз субъективият («бут», чӣ тавре онҳоро Ф.Бэкон номида буд) «тоза»  кард, ба ғалат маънидод кардани дониши ҳақиқӣ роҳ надиҳанд. Ҳатто И.Кант, ки дар назарияи маърифати «коперникӣ» таҳаввулот ворид кард, нишон медиҳад, ки предмет дониш намедиҳад, балки шаклҳои таҷрибавии эҳсосот ва хиради маърифаткунандаи субъектро муаёян мекунад, ҷуз ин тасаввуротро оид ба ғайритаърихӣ будани хусусияти ақл тарафдорӣ менамояд.

Аз ин рӯ, ба сифти субъекти маърифат дар фалсафаи Кант субъекти зеҳнӣ иштирок мекунад. (субъект чӣ тавре, ки ҳаст – ҳусусиятҳои фарҳангӣ-таърихӣ надошта). Танҳо дар асри ҶIҶ тасаввурот оид ба ғайритаърихӣ будани ақлу хирад дар шубҳа гузошта шуд. Позитивистони фаронсавӣ (О.Конт ва дигарон) марҳилоти таърифатро дар таърихи инсоният ҷудо карданд, ва файласуфони олмонӣ баъди марҳилаи кантӣ, ҳамчунин Гегел мафҳуми зеҳнии субъекти кантиро ба мафҳуми субъекти таърихии маърифат иваз намуданд. Агар субъекти маърифат таърихӣ бошад, пас ин дар навбати аввал таърихияти ақлу хирадро ифода мекунад, бо ёрии оне, ки раванди маърифат дарк карда мешавад. Усули таърихии ақл инкишофи минбаъдаро дар фалсафаи марксистӣ, гигелчиёни нав, кантчиёни нав ва фалсафаи ҳаёт ёфт. Ин комилан аз рӯи масъалагузорӣ ва тарзи ҳалли онҳо аз ҷониби макотиби фалсафӣ мухталиф буда, эътирофи характери конкретӣ-таърихӣи ақли инсониро мутаҳид сохт.

Дар миёнаи асри ҶҶ равияҳои тадқиқотие пайдо шуданд, ки унвони «маърифати сотсиологӣ»-ро гирифтанд. Ҳадафи худро ин равияҳо дар омӯзиши сабабияти иҷтимоӣ, шартҳои иҷтимоии маърифат ва дониш, шаклҳои дониш, навъҳои тафаккур, характернок барои давраҳои муайяни таърихӣ, ҳамчунин вобастагии сохторҳои иҷтимоии истеҳсолоти маънавӣ дар маҷмӯъ медиданд. Дар чорчӯбаи ин равия дониши илмӣ ҳамчун маҳсули иҷтимоӣ мадди назар қарор гирифт. Бо дигар маънӣ тарзи фаъолияти субъектҳои дониши илмӣ вобастагӣ ба дараҷаи инкишофи ҷамъият, ҳастии мушаххаси таърихии он эътироф гардид.

Дар табиатшиносӣ ва фалсафаи табиатшиносӣ тезис оид ба таърихияти ақлу хирад, ҳамчунин нисбати дониши ҳақиқӣ то ибтидои асри ҶҶ, новобаста аз таркиши асосҳои математикӣ, кашфи далели афзунии низоми мантиқӣ ва ғайра эътироф наёфт. Ва танҳо аз оғози солҳои 60-уми асри ҶҶ тарзи муносибати таърихӣ ба ақл ва дониши илмӣ возеҳ мавриди муҳокимаи муаррихону файласуфони илм қарор гирифт. Постпозитивистҳо Г.Кун, И.Лакатос, Ст.Гулмин, Ҷ.Агасси, М.Варгофски, П.Фейерабенд ва дигарон кӯшиши бунёди тарҳи мушххаси таърихии илмро карда, як қатор намунаҳои онро пешниҳод карданд:

Усули таърихият, дар таҳлили донишҳои илмӣ саволи калидӣ маҳсуб ёфт ва ба Т.Кун имкон дод, ки инкишофи илмиро ҳамчун ивази таърихии намуна пешниҳод намояд. Чӣ тавре дар боло тазаккур ёфт давраи «мӯътадилии илмҳо» ба охир мерасод, вақте масъала ва ҳадафҳо, ки дар чорчӯбаи намунаи мавҷуда, роҳи ҳал пайдо намекунанд. Он вақт вай «метаркад» ва ба ҷои он намунаи нав ба вуҷуд меояд. Ҳамин тавр дар илм инқилоб рух медиҳад, қайд медорад Кун.

Консепсияи инқилоби илмии Кун чанд маротиба мавриди танқид қарор гирифт. Мисол, К.Поппер падидаи инқилоби илмиро дар тафриқа аз Кун, ки зикр дошта буд: илм – ин раванди «инқилоби муттасил», аммо нерӯи ҳаракатдиҳандаи он на «адоват»-и намуна, балки танқиди ақлонӣ аст, рад намекунад. Лакатос бо нуқтаи назари Поппер ризоятманд мебошад: «Шӯҷоатмандии фаҳм иборат аз он нест, ки боэҳтиёт ва аз ғалатҳо бигрезӣ, аз он иборат, ки бо созиш ислоҳи онҳоро намоӣ. Ҷасур бош, фарзияҳоро пешниҳод кун ва беҳарос онҳоро рад кун».

Агар нуқтаи назари Кунро қабул дошт, менависад Поппер, инқилобҳои илмӣ ақлонӣ, вобаста ба пешрафти донишҳо ба вуҷуд намеоянд, балки аз даъватҳои гуногунҷанба ба эътиқоди нав пайдо мешаванд.

Ба ҳар ҳол Кун хато накард: дар раванди инкишофи илм воқеан ҳам ҳодисаи ивазшавии намудҳои ақлонияти илмӣ ба амал меомаданд, ки онҳоро ҳамчун натиҷаҳои хоссаи инқилобҳои глобалии илмӣ фаҳмидан мумкин аст.

6.3. ИНҚИЛОБИ ГЛОБАЛИИ ИЛМӢ ВА ИВАЗШАВИИ НАМУДҳОИ ХИРАДГАРОИИ ИЛМӢ

Глобалишавии инқилобҳои илмӣ дар он ҳувайдо мегардад, ки онҳо ба бозсозии асосҳои илм ва ба ивазшавии намудҳои хирадгароии як навъи идеализатсияи мавҳуманд, бо вуҷуди ин муаррихон ва файласуфон чандин намудҳоро ҷудо мекунанд.

Қайд намудан зарур аст, ки хирадгароӣ танҳо ба илм дахл надорад. Кулли фарҳанги аврупоӣ дар зери таъсири хирадгароӣ ташаккул ва инкишоф ёфтааст, ки он принсипи ташаккулдиҳандаи ҳаётии одами аврупоӣ, фаъолияту муносибати ӯ бо табиат ва дигар одамон гардидааст. Хирадгароӣ лаёқати мустақилона фикр рондан ва қарор қабул кардани одамро дар назар дошт. И.Кант чунин меҳисобид, ки хирадгароӣ принсипи асосии Маорифпарварӣ мебошад. Моҳияти ин принсип дар он аст, ки субъекти тафаккури хирадӣ ба мӯҳтавои фикри худ комилан масъул мебошад. «Мардонагии бидуни раҳнамоии касе аз ақли худ истифода бурданро дошта бош», – ин аст шиори Маорифпарварӣ, – чунин мешуморид файласуф. Эътиқод ба мухторият ва худкифоягии хиради инсонӣ ташаккул ёфт, ки нерӯи он дар фаридани илму техника зуҳур кардааст.

Ба шарофати он, ки дар хирадгароии Аврупо нақши асосиро илму техника бозидан оғоз карданд, тамаддуни нодири саноатӣ ба вуҷуд омад. Имрӯз равшан эҳсос мегардад, ки кули масоили глобалиро ин тамаддун, ки шакл ивал карда, аз марҳалаи саноатӣ ба марҳалаи баъдисаноатӣ, иттилоотӣ гузаштааст, ба вуҷуд овардааст. Маҳз таҳдидҳои ҳаётӣ-амалие, ки фарҳанги хирадии Аврупо додаст, нисбати масъалаи хирадгароӣ умуман ва хирадгароии илмӣ ҷузъан таваҷҷӯҳи зиёд ангехтанд.

Чун хирадгароӣи аврупоӣ бештар ба илм нигаронида шуда ва он (яъне илм) то миёнаи асри ХХ ба ҳайси намунаи хирадгароӣ пазируфта шуда буд. Баррасии масъалаи хирадгароии илмӣ ба яке аз мавзӯъҳои асосии файласуфони илм табдил ёфт. Аз солҳои 60-уми асри ХХ таҷдиди назари танқидӣ оид ба иддаои намунаи хирадгароӣ будани илм шурӯъ мешавад. Баъзе файласуфон ва файласуфони илм ба тасдиқи он оғоз карданд, ки нахуст, илм прототипи хирадгароӣ нест; дуюм, иддаои илм доир ба хирадгароии ҳақиқӣ буданаш як навъи «хирадгароӣ» мебошад (П.Фейерабенд). Аммо ин мавқеъҳо ифротианд. Файласуфони позитивист Т.Кун, Ҷ.Агасси, И.Лакатос, Ст.Тулмин ва диг. дар ҷараёни таҳияи моделҳои методологии илм ба масъалаи навъҳои таърихии хирадгароӣ вохeрданд.

Вале қабл аз он ки роҷеъ ба навъҳои хирадгароии илмӣ арзёбӣ намоем, ҳамон хирадгароии аз ҷиҳати таърихӣ ибтидоиро, ки дар Юнони Қадим кашф гардида буд, мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Ин замон (давраи байни солҳои 800 – 200-и то милод) бо тағйироти қатъӣ дар ҳаёти маънавии се кишвар: Чин, Ҳиндустон, Юнон тавсиф карда мешавад. Дар Юнон – ин замони шоир Гомер, файласуфон Парменид, Гераклит, Афлотун, муаррих Фукидид, олими риёзӣ Архимед мебошад. Дар ҳамин давраи замонӣ Конфутсий, Лао-тсзи фалсафаи чиниро ба вуҷуд оварданд, дар Ҳиндустон бошад, Буддо мезист ва «Упани шадаҳо» пайдо шуданд. Илова бояд кард, ки ҳамзамон дар Эрон таълимоти Зардушт оид ба муборизаи хайр ва шарр падид меояд ва дар Фаластин Илия, Исайя, Иеремия, Исайяи Ду пайғамбарӣ менамуданд. Ин замони пайдоиши хирад ва лаёқати фикрронии худро дарк кардани инсон мебошад. Лекин азбаски хирадгароии аврупоӣ дар фарҳанги антиқии Юнон маншаъ дорад, хусусияти хоси хирадгароии дар ин фарҳанг бавуҷудомадаро баррасӣ менамоем.

Кашфи хирадгароӣ дар фалсафаи атиқӣ

Асоси ниҳонӣ ё аёнии хирадгароӣ эътирофи айнияти тафаккур ва ҳастӣ мебошад. Худи ин айният аз ҷониби файласуфи юннонӣ Парменид кашф гардида, ки ӯ онро ин тавр ифода кардааст: «Фикр ҳамеша фикр дар бораи он аст, ки вуҷуд дорад. Тафаккур ва он чӣ, ки оид ба вай фикр ронда мешавад, ҳарду ҳамон як чизанд». Фикр ҳеҷ гоҳ холӣ буда наметавонад.

Тавсифи моҳиятии айнияти тафаккур ва ҳастиро, ки Парменид кашф кардааст, арзёбӣ менамоем. Аввало, ӯ зери мафҳуми ҳастӣ на воқеияти мавҷудбуда, балки кадом як чизи нобуднашаванда, ягона, ноҷунбон, дар як вақт поённопазир, тақсимнашаванда, бениёз, аз сифатҳои ҳиссӣ ориро мефаҳмид. Ҳастӣ – ин мавҷуди аслии Воҳид (Худо, Мутлақ) мебошад. Худи Парменид Воҳидро чун томияте, ки дар он ҳама чиз ҳаст, чун кура, чун нур, чун чизе, ки бо Ҳақиқат, Накӯӣ, Неъмат айният дорад, тавсиф кардааст. Ҳастӣ воқеияти раббонӣ ва фавқулэҳсосиест, ки дар таҷрибаи эҳсосии ба шунавоӣ ва биноии ҷисмонӣ такякунанда тавсиф додан наметавон. Хирадгароӣ – ин кор бо ҳақиқат, яъне бо мӯҳтавои собиту тағйирнаёбанда, масалан бо ғояҳо, мебошад.

Дуюм, айнияти тафаккур ва ҳастӣ лаёқати аз ҳудуди олами эҳсос баромадан ва «кор кардан» бо «моделҳо»-и идеалиеро, ки ба тасаввуроти муқаррарии ҳаётӣ оид ба ҷаҳон мувофиқ намеоянд, мефаҳмонд.

Баъдан Афлотун, ки аз Парменид таъсир пазируфта буд, таълимотро оид ба ғояҳо, ки мо онҳоро танҳо тавассути парвози холис, яъне парвози беруназҷисмии фикр ошкор карда метавонем, ба вуҷуд овард. Навфлотунӣ Афлотин (Плотин) чунин идроки ақлониро гурез аз олами эҳсосӣ номидааст. Идроки Парменид ҳастиро чун фикр – кашфи фикри махсусест, ки қобил аст бо моделҳои идеалии воқеияти фавқулэҳсосӣ кор бикунад. Бо таъбири ҳозиразамон гӯем, хирадгароии атиқӣ имконпазирии идроки назарии объектҳои мушоҳиданашавандаеро чун ҳастӣ (Парменид), ғояҳо (Афлотун), Нахустмутаҳаррик (Арасту) эътироф кард.

Нақшаи иедалии фаъолият умуман минбаъд яке аз таърифҳои асосии навъи муносибати хирадӣ бо воқеият ва пеш аз ҳама бо хирадгароии илмӣ гардид. Кори фикр бо объектҳои идеалӣ, ки аз ҷониби юнониён кашф шуд, ба анъанаҳои назариётӣ асос гузошт. Дар назария инсон ба олами абадият ворид мешавад, ҳаракати назариявии фикр кушода мебошанд. Андозаи идеалии тафаккур, ки дар замони атиқа кашф гардид, барои фарҳанг ва илми Аврупо омили сарнавиштсоз шуд.

Сеюм, тафаккур қобилияти бо моделҳои идеалӣ «кор кардан»-и худро танҳо дар сухан татбиқ карда метавонад. Хирадгароӣ ба сухани моваровазъиятӣ, яъне ба сухане, ки на вазъияти ҳолоина (кунунӣ), балки як чизи умумиеро, ки аз инкори таҷрибавии маъниҳои сухан дар забони муқаррарӣ болотар аст, ифода мекунад, ниёз дорад. Арасту таъйид мекард, ки ҳама гуна мафҳум ва ҳама гуна илм бо умум кор дорад. Аз ҳамин ҷост дар фарҳанги Аврупо аз даврони атиқӣ сар карда ба сухан ва тарзи талаффузи он таваҷҷӯҳи зиёд дода мешуд. Айнияти мӯҳтавои фикр ва ҳастӣ имконияти ифодаи айнии ин ва он мӯҳтаворо дар сухан зери назар дорад. Чунин имконият ҳамон вақт амалӣ гашта метавонад, ки калимаҳо маънои дақиқ ва муайян дошта бошанд. Ба ҷустуҷӯи роҳҳои ифодаи объектҳои иедалӣ дар забон ошкор кардани қишри мафҳумҳои зебоӣ, накӯӣ ва неъматро умуман ифодакунанда Афлотун таваҷҷӯҳи зиёд сарф мекард. Сухан – ин шакли ҳузури ғоиб (барои идроки ҳиссӣ) мебошад. Имконияти бо ғоиб «кор кардан» тавассути падидории ӯ дар сухан пайдо мешавад. Маҳз ҳамин аст идроки хирадӣ, ки бо таваҷҷӯҳи ғайриамалӣ тавсиф карда мешавад. Дониши хирадиро бо ёрии суханоне, ки маънои «обшуста» доранд, созмон додан номумкин аст. Муайянӣ, дақиқӣ ва якмаъногии сухан шарти ҳатмии бунёди дониши хирадӣ мебошад. Тасодуфӣ нест, ки Арасту қоидаҳои мантиқ, сарфу наҳв (грамматика), назмшиносӣ (поэтика) ва балоғат (риторика)-ро ба тартиби муайян даровард.

Чорум, файласуфони антиқӣ тафакурро чун «мушоҳидае, ки рӯҳро бо Худо айният медиҳад» (Афлотин (Плотин)), чун ваҳйи зеҳние, ки ақли инсониро ба ақли Худовандӣ айният медиҳад, мефаҳмиданд. Қазияи «тафаккур ва он чӣ, ки оид ба вай фикр ронда мешавад, ҳарду ҳамон як чизанд» барои ба мантиқ дахл доштани тафаккур имкон намедод. Дар ҳақиқат, «он чӣ, ки оид ба вай фикр ронда мешавад, Воҳиди Раббонӣ, яъне ҳамзамон ҳам Ҳақиқат, ҳам Накӯӣ, ҳам Неъмат аст, бинобар ин наметавонад танҳо бо ёрии тартиботи мантиқӣ айнан дарк ва ифода карда шавад. Парменид ба фикр вусъати кайҳонӣ бахшида буд. Бо таъкиди он, ки ҳастӣ тафаккур аст, ӯ Хиради кайҳониро дар назар дошт, на фикри субъективии одами алоҳидаро. Мазмуну мӯҳтавои олам барои инсон мустақиман тавассути Хиради кайҳонӣ ошкор мешавад. Ба таъбири дигар гӯем, на одам Ҳақиқатро ошкор менамояд, балки Ҳақиқат баҳри одам кушода мегардад. Бинобар ин, аз нигоҳи Парменид, далелҳои мантиқиро набояд чун гувоҳии қудрати танҳо ақли инсон пазируфт: онҳо дар Хираде маншаъ доранд, ки аз ҳама гуна амали мантиқии фикри субъективӣ болотар аст. Вақте Парменид дар мулоҳизаҳои худ муҳокимаву далелҳои мантиқиро истифода мебурд, таъкид мекард, ки ӯро Хиради олӣ (илоҳӣ) роҳнамоӣ мекунад. Азбаски инсон некӯиву неъмат аст. Инсони бохирад тибқи таъйинот зишт буда наметавонад: тафаккури ӯ ҳиссае аз Хиради илоҳӣ мебошад, ки комилияти онро ягонагии Ҳақиқат, Некӯӣ ва Неъмат ташкил медиҳад».

Панҷум, вазифаи асосии хирад дар идроки сабаби мақсаднок шуморида мешуд. Мафҳумҳои мақсад, неъмат, беҳтарин танҳо ба хирад дастрасанд. «Он чӣ ба хотири вай» -ин мақсадест, ки ба хотири он «дигаре мавҷуд аст» (Арасту). Мақсад чун принсипи созмони табиат амал мекард. Ҳама мавҷудот дар табиат, мувофиқи назари Арасту, ҳамеша ба самти мақсади объективӣ ҳаракат карда, зимнан таъйиноти худро амалӣ мегардонад. Хусусияти мақсади ҳаракат тамоми ҷисмҳо бо мақсади илми ниҳоӣ, ки тартиботи ҷаҳониро умуман идора менамояд, муайян карда мешавад. Мақсади ниҳоӣ ба таври онтологӣ вуҷуд дорад ва ҳамзамон хирад дар бораи вай медонад. Агар мақсади ниҳоӣ вуҷуд намедошт, ҳама чиз дар ҷаҳон ва дар рафторҳои инсонӣ нокомилу беҳудуд мебуд. Тибқи назари Арасту, «онҳое, ки (ҳаракати) беҳудудро эътироф мекунанд, беихтиёр неъматро аслан инкор менамоянд». Эътирофи сабаби мақсаднок ба табиат, ки чун як чизи томи мувофиқати объективиро дарбаргирифта дониста мешуд, маънӣ мебахшид. Эътирофи мақсади ниҳоӣ, ки ҳамаро чун «ишқ» таҳрик медиҳад ва ҳама ба сӯи он чун ба неъмати олӣ мешитобад, иҷоза намедод, ки ба табиат ҳамчун ба объекти истисмор ва тағйирдиҳӣ муносибат карда шаванд.

Шашум, қобилияти бо объектҳои идеалӣ кор кардани тафаккур, ки дар давраи атиқӣ кашф гардидааст, нуқтаи назареро тақвият дод, ки мувофиқи он хиради инсонӣ ва таҷриба қобилиятҳои универсалии инсон дар муносибат бо ҳама гуна ҷамъиятҳо ва фарҳангҳо мебошанд. А.Ухтомский навиштааст: «хирадгароён олимпиёнеанд, ки аз қуллаҳои кӯҳии худ байни ҳам бо аломатҳои шартӣ мухаббира карда, чунон ҳамдигарро айнан мефаҳманд, чунон барои ҳамдигар шаффофанд ва ҳамоно якдигарро такрор мекунанд, ки барои якдигар вуҷуд надоранд, – бисёршуморӣ вуҷуд надорад, балки оромиши афзуншавандаи фикри холис, кристалл (булӯр)-и мусаффои картезиании Универси геометрӣ, ё «баҳри шишагин», ки оид ба он дар китоби куҳан дарҷ аст, вуҷуд дорад». «Баъзан хаёли бузурги хирадии дар фикри холис оромидан бо забони беҳамто ҷилвагар мешавад! Вале баъзан на камтар аз ҷунуни ифротӣ ба назар мерасад!»

Нахустин инқилоби илмӣ ва ташаккули навъи илмии хирадгароӣ

Мо тамоми навъҳои хирадгароӣро на танҳо дар муттако ба далелу ғояҳои табиатшиносӣ, балки ҳамчунин дар муттако ба фалсафа тавзеҳ медиҳем, ки вай ин ғояҳоро ҳақ баровардааст, асоснок кардааст, ё баръакс, аз ҷиҳати танқидӣ таҷдиди назар намудааст. Танҳо табиатшиносӣ ва фалсафа дар якҷоягӣ имконият медиҳанд то он навъи тафаккур ва он навъи хирадгароӣ, ки дар раванди инқилобҳои илмӣ ташаккул ёфтаанд, таҷдид карда шаванд.

Нахустин инқилоби илмӣ дар асри ҶVII оғоз гардид. Тавре А.Койре менависад, вай аз пайдиши илми классикии Аврупо, қабл аз ҳама, механика, баъдан физика шаҳодат медиҳад. Дар ҷараёни ин инқилоб навъи хоси хирадгароӣ ташаккул ёфт, ки номи хирадгароӣи илмиро гирифт.

Навъи илмии хирадгароӣ аз давраи атиқӣ ба куллӣ тафовут дошт, вале бо вуҷуди ин, ду принсипи хирадгароӣи атиқиро, агарчи ба шакли дигаргун бошад ҳам, такрор кард: нахуст, принсипи айнияти тафаккур ва ҳастӣ, дуюм, нақшаи кори фикр. Навъи қаблан тасвиршудаи хирадгароӣ, ки ба эътирофи айнияти тафаккур ва ҳастӣ асос дошт, мунтаҳо фалсафаи Арасту ташаккул ёфт ва хусусиятҳои бунёдии худро то замони Р.Декарт ҳифз карда омад, ки шартан пайдоиши хирадгароӣи илмиро аз ҳамон замон шурӯъшуда ҳисобидан мумкин аст. Навъи хирадгароӣи дар илм пайдогардидаро бе назардошти дигаргуниҳое, ки дар фаҳмиши фалсафии айнияти тафаккур ва ҳастӣ рух додаанд, таҷдид кардан имконнопазир аст. Ин дигаргуниҳоро баррасӣ мекунем.

Аввало, бо Зоти Мутлақ, Худо айният додани ҳастӣ анҷом ёфт, Кайҳони мӯҳташами атиқии дар ҷаҳони ниҳоӣ ва аз ҷиҳати мақомот мураттабсохтаи Арасту ва асрҳои миёна бо гардуни беохири тавассути тавъамии унсурҳои худ ва якнавъии қонунҳои худ ба як воҳиди бутуни маҷмӯъшуда иваз гардид. Кайҳон бо табиат, ки чун воқеияти ягонаи аслӣ, чун универсиуми моддии аз он ҳама гуна қисмати маънавӣ нобудшуда ҳисоб меёфт, айният дода мешуд. Чуноне А.Койре мешуморад, ҳандасикунонии фазо, яъне ҷойивазкунии фазои мушаххас (маҷмӯи ҷойҳо)-и Арасту бо фазои маҷҳули (номаълуми) ҳандасаи Уқлидус рух дод. Объектҳо ғолибан чун асбобҳои механикӣ, низомҳои хурди дорои унсурҳои камшумори дар майдони таъсиррасониҳои нерӯӣ ва робитаҳои дурушти сабабиву натиҷавӣ қарордошта дониста мешуданд. Зимнан хусусиятҳои том ба ҳосили хусусиятҳои ҷузъҳои он бурда расонда мешуд, ҷараён бошад, чун ҷойивазкунии ҷисмҳо дар фазо фаҳмида мешуд. Вақт дар табиатшиносии классикӣ чун кадом як бузургии берунӣ пазируфта шуда буд, ки ба хусусияти ҳодисаҳо ва равандҳо таъсир намерасонад.

Дуюм, хиради инсонӣ андозаи кайҳонии худро гум кард, на ба хиради илоҳӣ, балки ба худ шабоҳат дошта ва мақоми мустақил ёфтанро оғоз намуд. Вай худаш аз худаш принсипҳо, қоидаҳо, талаботҳоро ташаккул медод, худ ҳуқуқҳои худро барои дарки ҳақиқат асоснок мекард. Эътимод ба фароқодирӣ ва ҳамаҳокимии хиради инсон дар давраи Маорифпарварӣ таҳким ёфт. Мутафаккирони ин давра аз субъекти идоракунанда талаб менамуданд, ки хирадро аз ҳаргуна «таҳрифот» пок карда, он ба ҳолати хиради «холис» ё «маҳз» наздик карда шавад, ки ин, ба андешаи онҳо, барои имконияти ба ҳастӣ мушобеҳ шудани тафаккур тибқи мӯҳтавои худ кафолат медод. Дар назар дошта мешуд, ки хиради «холис» сохтори мантиқӣ-мафҳумӣ дорад, ки бо тамоюлоти арзишии дар худ мақсадро фарогиранда махлут нагаштааст. Фаҳмиши комилан муайяни фаъолияти идрокӣ, ки тавассути хирад амалӣ мегардад, ташаккул ёфт: аз раванди идрок тамоюлоти арзишӣ, кулли ақидаҳо оид ба тавозун, камолот, маънӣ, мақсад ва ғ. нобуд карда шуданд. Дониши тағйирнопазир, умумӣ, ба ҳама чиз бетафовут идеали хирадгароӣи илмӣ гашт. Аз ин рӯ Б.Спиноза таъкид мекард, ки ҳақиқат «на хандидан, на гиристан, на лаънат хондан, балки фаҳмиданро тақозо мекунад».

Объективизме, ки ғолиб меомад, ки ба тасаввуроти он, ки дониш дар бораи табиат аз талаботи татбиқмекардаи муҳаққиқон вобаста нест, такя менамуд. Хиради инсонӣ аз ашё фосила мегирифт. Чунин ҳисобида мешуд, ки объективият ва таъйидияти дониши илмӣ танҳо он вақт дастрас мегарданд, ки аз тавсифу фаҳмондадиҳиҳо ҳама чизи бо субъект ва воситаҳои аз ҷониби он истифодамешудаи идрок хориҷ карда шаванд. Табиатшиносӣ аз ҳама муносибатмандӣ бо субъекти идрокшаванда муҷаррад гашта, ба мақоми илми дақиқ оид ба ҷисмҳои табиӣ иддао мекард. Табиатшиносии риёзии ҷадид ба комёбиҳои калон ноил мегардид, вале чунон ки Гуссерл мешуморид, ин ҳисоби гум кардани робитаҳо бо ҷанбаи гуманистии ҳаёт воқеъ мешуд: «Илм дар бораи мо-одамон чун субъектҳои озодӣ, чӣ гуфта метавонад? Худ аз худ маълум, ки ҳеҷ чӣ»

Сеюм, илми Замони Нав қобилияти бо объектҳои идеалӣ кор карда тавонистани тафакурро, ки фалсафаи атиқӣ кашф кард, доираи онҳоро танг намуд: ба ғояи идеалиёт ғояи артефакт илова гашт. Ин бошад, чунин маъно дошт, ки хирадгароии илмӣ ҳаққонияти фақат он объектҳои идеалиро эътироф мекард, ки онҳоро маротибаи бешумор дар таҷриба зери назорат гирифта, ҳосил кардан мумкин аст. Ба озодии тафсири олам ҳудуд гузошта шуд: ба харитаи илмии олам танҳо ончӣ роҳ дода мешуд, ки онро амалан объективӣ кунонидан ва назорат кардан имкон дорад. Таҷриба моҳиятан воситаи ташреҳи олам аз нигоҳи идеалӣ бо такрор назоратшаванда шуд.

Чорум, мӯҳтавои асосии айнияти тафаккур ва ҳастӣ имконияти ҷустуҷӯӣ чунон сохтордиҳии идеалиеро эътироф кардан мумкин аст, ки вай комилан ба объекти омӯхташаванда мувофиқат кунад ва бо ин якмаъногии мӯҳтавои дониши ҳақиқиро таъмин созад. Моделҳои риёзӣ, алгоритмҳо, тарҳҳои назариявии бо ёрии тафаккур сохташуда ҳамчун мушобеҳи воқеият пазируфта шуда буданд. Хирадгароии илмӣ ба идроки воқеият «чунон ки худаш ба таври худ ҳаст» бе омезиши субъективияти инсонӣ иддао мекард. Дар айни замон масъалаи фикр, мафҳумҳо ва тасаввуротро бо мӯҳтавои зуҳуроти омӯхташаванда мувофиқ кунонидан тобеи истеъмоли мушобеҳи забон гардонда мешуд. Масалан, Л.Болсман ҳанӯз дар охири асри ҶIҶ навишта буд: «Мо бояд калимаҳоро чунон мувофиқат диҳем, ки онҳо дар ҳама ҳолат нисбатан як хел «додашуда»-ро ифода кунанд, ки робитаҳои байни калимаҳо барқарор шуда ҳаддалимкон дар ҳама ҷо бо робитаҳои воқеият як хел бошанд». Дар фалсафаи классикӣ ақидае роиҷ буд, ки «агар сухан ягон чизро ифода кунад, пас бояд чизе бошад, ки вай онро дар назар дорад».

Гегел алоқаи мустақими тафаккур ва забонро дифоъ карда, такид менамуд, ки дараҷаҳои мантиқии тафаккур, пеш аз ҳама дар забон нуҳуфтаанд, аз ин рӯ мантиқ ва грамматика бо ҳам алоқаманданд: шаклҳои грамматикиро таҳлил намуда, дараҷаҳои мантиқро ошкор кардан мумкин аст. Пас, аз нигоҳи ӯ, забони қобилияти якхела ифода намудани хусусиятҳо, сохторҳо, қонунҳои воқеияти объективиро дорад. Ин ҳама итминон бар онро дод, ки имкон дорад назарияи ҳақиқии ягонае таҳия гардад, ки далелҳои исботкунандаи он ниҳоӣ ва шубҳанопазиранд. Аз ин сабаб чунин ҳисобида мешуд, ки яке аз назарияҳо ё консепсияҳои рақобаткунанда ҳатман бояд ҳақиқӣ бошанду боқимондаҳои бо вай номувофиқ нодурустанд. Ақидае ҳукмфармо буд, ки ҳақиқати илмӣ ба тағйироти таърихӣ мубтало  нест.

Панҷум, илм ба тартиботи фаҳмондадиҳӣ дохил кардани на танҳо мақсади ниҳоӣ чун ҷузъи асосии коинот ва фаъолияти хирад, балки умуман мақсадро рад кард. Чунин мавқеи илмро файласуфони он замон дастгирӣ менамуданд ва ҳақ мебароварданд. Масалан, Р.Декарт ақидаеро аз нигоҳи фалсафӣ асоснок мекард, ки нисбати ашёи табиӣ ва ҷисмӣ мафҳуми сабаби мақсаднокро истифода бурдан мумкин нест, Б.Спиноза бошад, таъйид менамуд, ки «табиат мувофиқи мақсад амал намекунад». Афкори Р.Декарт ва Б.Спиноза оид ба сабаби мақсаднок бо таълимоти Арасту роҷеъ ба ин масъала кушоду равшан ихтилоф доштанд. Рафъи сабаби мақсаднок табиатро ба иродаи нокомили зуҳурот ва хулосаҳое табдил медод, ки онҳо бо маънии дохилии мукаммали органикиро тартибдиҳанда байни ҳам вобаста нестанд. Бе мафҳуми «мақсад» Коинот ба фазои якхелаи беохир мубаддал мегардад. Ва азбаски илм ба эътирофи принсипи айнияти тафаккур ва ҳастӣ такя мекард, инкори мақсаднокии табиат ҳамзамон танг кардани сохтори хирадро, ки аз он мафҳуми мақсад истисно карда шуда буд, ифода менамуд. Акнун фаҳмонидани ҳақиқии зуҳуроти табиӣ анҷомёфта шуморида мешуд, агар сабаби амалкунандаи механикӣ нишон дода шуда бошад.

Натиҷаи инқилоби нахустини илмӣ ташаккули навъи хоси хирадгароӣ гардида, ки дар он дигаргуншавии мӯҳтавои мафҳумҳои «хирад» ва «хирадгароӣ» рух дод. Назарияи механистии олам мақоми онтологии универсалии илмӣ ёфт. Принсипҳо ва ғояҳои ин манзараи олам вазифаи асосии фаҳмондадиҳиро иҷро мекарданд. Масалан, дар нимаи дуюми асри ҶVII Р.Бойл пешниҳод кард, ки ҳама зуҳуроти кимиёвӣ дар асоси тасаввурот оид ба ҳаракати корпускулаҳо фаҳмонда шаванд, Ламарк бошад, ба тасаввурот роҷеъ ба «флюидҳо»-и (барқӣ, ҳароратии) дар назарияи механистии олам вуҷуддошта такя карда, ғояи таҳаввулоти биологиро пешниҳод кард. Анҷомёбии ниҳоии ғояҳо ва меъёрҳои хирадгароии илмӣ дар асри ҶIҶ сурат гирифт, ки онро бисёр пажӯҳишгарон асри илм меноманд. Дар зери таъсири ғояҳои Маорифпарварӣ мафҳуми «хирадӣ» амалан ба мафҳуми «илмӣ» айният дода мешуд. Бинобар ин ҳама навъҳои дониш, ки аз дониши илмӣ тафовут доштанд, ғайрихирадӣ дониста ва ба эътибор гирифта намешуданд.

«Асосҳои риёзии фалсафаи табиӣ»-и Гегел музаффарияти механикиро дар тӯли асри оянда муайян карданд. Дар ибтидои асри ҶIҶ механика ягона соҳаи риёзикунонидашудаи табиатшиносӣ буд, ки ба дараҷаи назаррас барои мутлақгардонии усулҳои он ва принсипҳои маърифат, инчунин навъҳои ратсинализми ба маърифат мувофиқ мусидат кард.

Инқилоби дуюми илмӣ ва дигаргуниҳо дар навъи хирадгароӣ

Инқилоби дуюми илмӣ дар охири асри ҶVIII ва нимаи аввали асри ҶIҶ рӯй дод. Ва ҳарчанд дар ибтидои асри ҶIҶ идеали табиатшиносии классикӣ ба дигаргуниҳои калон мувоҷеҳ нашуд, бо вуҷуди он, оид ба инқилоби дуюми илмӣ сухан рондан асос ҳаст. Гузариш аз илми класикӣ, ки асосан ба омӯхтани зуҳуроти механикӣ ва физикӣ нигаронида шуда буд, ба илми мураттабу муташаккил рӯй дод. Пайдоиши илмҳое, мисли биология, химия, геология ва ғ. ба он мусоидат кард, ки манзараи механистии олам аз умумимуҳимӣ ва умумиҷаҳоншиносӣ будан маҳрум гашт. Талабот ба навъҳои нави фаҳмондадиҳӣ, ки ғояи инкишофро ба назар мегирифтанд, пайдо шуд. Муносибат ба манзараи механистии олам ҳамчун ба манзараи ягонаи имконпазир ва ҳақиқӣ хароб гардид, дасткашии зина ба зина аз талаботи бо истилоҳоти механистӣ шарҳ додани ҳама гуна назарияҳои табиатшиносӣ оғоз мегардад. И.Кант, хусусияти объекти зиндаро тавсиф намуда, навиштааст: «Ҳеҷ чиз дар он беҳудаву бемақсад вуҷуд надорад ва ҳеҷ чизро ба механизми кӯр-кӯронаи табиат муносибат додан мумкин нест». Мафҳуми асосии биология «ҳаёт» мафҳуми мақсадро дар бар мегирифт, бинобар ин илм оид ба ҳаёт назарияи азалияти Арастуро қонунӣ мегардонд. Ғояҳо ва меъёрҳои хирадгароии классикӣ боз аз он ҷиҳат барои илмҳои дар бораи ҳаёти зинда камманфиат буданд, ки омӯзиши ҳаёт муносибати аз лиҳози ҳиссӣ ва арзишӣ орододашудаи муҳаққиқро ба он фаро мегирад. «Бузургиҳои шахсиятии дониши биологӣ бо аёнияти махсус дар истиораҳои истифодашаванда, дар эҳсоси эстетикии табиат чун яклухтӣ, дар эҳсоси ахлоқии динии нодир будани ҳаёт ифода шудаанд» (А.Огуртсов).

Аммо инқилоби дуюми илмиро на танҳо пайдоиши илмҳои фаннӣ ва бъектҳои хоси онҳо ба вуҷуд овард. Дар худи физика, ки ҳамчун илми классикӣ танҳо дар охири асри ҶIҶ ташаккул ёфт, унсурҳои навъи нави хирадгароӣи ғайриклассикӣ пайдо шуданд. Ҳолати мутазод ба вуҷуд омад. Аз як тараф, ташаккули физикаи классикӣ анҷом ёфт, ки аз ин бобат пайдоиши назарияи электромагнитии Максвелл, физикаи статистӣ ва ғ. шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон ҷараёни ташаккулёбии ниҳоии навъи классикии хирадгароӣ сурат мегирифт, ки идеали тахфифи механикӣ, яъне ба алоқамандиҳои механикӣ муносибат додани ҳама зуҳурот ва равандҳоро дар бар дошт. Дар давраи инқилоби дуюми илмӣ ин идеалҳо бунёдан тағйирнопазир монд. Аз тарафи дигар, тағйирёбии мӯҳтавои ин тахфиф равшан буд: вай бештар риёзӣ карда шуда ва камтар объективӣ мешуд. Ба таъбири дигар гӯем, навъи фаҳмондадиҳии илмӣ ва асосноккунии объекти мавриди омӯзиш тавассути таҳияи модели айнии механикӣ ҷояшро ба навъи дигари фаҳмондадиҳӣ месупорид, ки вай дар талаботи тасвири риёзии беихтилофи объект, ҳатто бар зиёни аёният, ифода ёфта буд. Тамоил ба риёзикунонӣ имкон медод, ки ба замони риёзӣ на танҳо равандҳои соф сабабӣ (детерминистӣ), балки тасодуфиро низ таҳия карда шаванд, ки онҳо мувофиқи принсипҳои хирадгароии классикӣ метавонистанд танҳо чун ғайрихирадгароӣ ҳисоб гарданд. Дар ин иртибот бисёр олимони физик ба дарки нокифоягии навъи классикии хирадгароӣ оғоз мекунанд. Аввалин ишораҳо доир ба зарурияти дохил намудани омили субъективӣ ба мӯҳтавои дониши илмӣ пайдо мешаванд, ки ин ногузир ба сустшавии принсипи устувори айнияти тафаккур ва ҳастии хоси илми классикӣ оварда расонд. Чуноне маълум аст, физика пешоҳанги табиатшиносӣ буд, бинобар ин майлони олимони физикро ба ҷониби тафаккури ғайриклассикӣ, бешубҳа чун оғози пайдоиши парадигмаи илми ғайриклассикӣ ҳисобидан мумкин аст.

Ба тағйироти методологии дохили парадигмаи механистӣ, ки оқибат ба ивазшавии навъи хирадгароӣ сабаб гаштанд, асарҳои Максвелл ва Болсман мусоидат намуданд. Ин олимон расман ҷонибдори тахфифи механистӣ буданд, вале бо вуҷуди ин ба вайроншавии вай мусоидат карданд. Гап дар сари он ки ҳарду ба асосҳои фалсафӣ ва методологии илм таваҷҷӯҳи зиёд доштанд ва як қатор ғояҳои эпистемалогиро тавзеҳ доданд, ки онҳо ба харобпазирии устувори принсипи айнияти тафаккур ва ҳастиро барҳам заданд. Онҳо чӣ гуна ғояҳо буданд? Файласуфи илм Т.Б.Романовская ошкор намуд, ки нахуст, ҳам Болсман ва ҳам Максвелл ҷоиз будани бисёр тафсирҳои имконпазири назариявиро дар физика эътироф мекарданд. Ба ҳайси намунаи чунин имконият мавҷудияти ҳамзамон ду назарияи рӯшноӣ: мавҷмонанд ва корпускулярӣ хизмат карда метавонад. Дуюм, ҳарду оид ба харобнопазирии қонунҳои тафаккур шубҳа зоҳир мекарданд, ки ин маънои таърихияти онҳоро эътироф кардан дошт. Агар дар давраи инқилоби аввалини илмӣ ақидае ҳукмфармо буд, ки табиат мувофиқи дараҷаҳои тафаккури мо таҷзия шудааст, пас дар давраи инқилоби дуюми илмӣ нигаронӣ роҷеъ ба ин масъала пайдо гардид: чи тавр аз он бояд гурехт, ки тимсоли назарияи «худаш ба назар ҳастӣ нанамояд»? (Болсман).

Пасон, ба метдологияи илмӣ истилоҳи «истиораи илмӣ»-ро дохил карда, Болсман ва Максвелл имконияти мӯҳтавои тафаккур ва воқеияти аз ҷониби вай омӯхташавандаро якхела ва якмаъно ифода кардани суханро зери шубҳа гузоштанд. Дар дохили худи физикаи классикӣ аллакай нашъаҳои фаҳмиши нави идеалҳо ва меъёрҳои илмӣ пеш зада мебаромаданд. Вале маҷмӯаи «Инқилобҳои якуму дуюми илмӣ дар табиатшиносӣ чун ташаккулёбӣ ва рушди илми классикӣ ва услуби тафаккури он ҷараён гирифтанд» (Т.Б.Романовская).

Инқилоби сеюми илмӣ ва тафаккури навъи нави хирадгароӣ

Инқилоби сеюми илмӣ аз охири асри ҶIҶ то миёнаи асри ҶҶ –ро фаро мегирад. Вай бо пайдоиши табиатшиносии ғайриклассикӣ ва навъи ба он мувофиқи хирадгароӣ тафсир карда мешавад. Дигаргуниҳои инқилобӣ якбора дар бисёр илмҳо рух доданд: дар физика назарияҳои релятивистӣ ва квантӣ, дар биология генетика, дар химия химияи квантӣ ва ғайраҳо арзи вуҷуд карданд. Ба маркази барномаҳои таҳкиқотӣ омӯзиши объектҳои олами сағир гузошта мешавад. Хусусияти хоси ин объектҳо таҳдиди назар кардани меъёрҳо ва идеалҳои маърифати илмии классикиро  тақозо менамуд. Аллакай худи номи «ғайриклассикӣ» ба тафовути принсипиалии ин марҳалаи илм аз марҳалаи гузашта ишора мекунад. Хусусиятҳои хоси  омӯзиши олами сағир ба тағйирёбии минбаъдаи принсипи айнияти тафаккур ва ҳастӣ, ки барои ҳама гуна навъи хирадгароии бунёдӣ мебошад, мусоидат карданд. Дар фаҳмиши идеалҳо ва меъёрҳои дониши илмӣ дигаргуниҳо рух доданд.

Аввало, мӯътақид буданд, ки барои тафаккур объект на дар ҳолати «табиӣ-отифӣ» дода шудааст: вай на объектро, чунонки худаш ба сари худ ҳаст, балки онро меомӯзад, ки таъсири мутақобилаи объект бо асбоб чи гуна пайдо шуд. Ин мавқеъро олимон ва файласуфони шӯравӣ зери танқид гирифта «идеализми асбобӣ»-аш номиданд, ҳарчанд он баъдан дар нимаи дуюми асри ҶҶ эътироф карда шуд. Маълум гардид, ки дар физикаи классикӣ аз натиҷаи таъсири мутақобилаи асбоб ва объект, бо сабаби заифии ин таъсири  мутақобила сарфи назар кардан мумкин буд. Масалан, мо ба ҷадвал дарозии шайъро чен карда, сатҳи ченкардашавандаро тағйир медиҳем, вале ин тағйирёбӣ хеле хурд аст, бинобар ин онро ба ҳисоб гирифтан раво дониста мешуд. Аммо вақте «андоза кардан»-и ҷойгиршавӣ ва ҳаҷми электронро анҷом медиҳанд, «ғалаён»-и ба фазои ҳастии вай тавассути нурафкании электромагнитӣ дохилгардида, ки воситаи мушоҳида мебошад, чунон бузург аст, ки онро ба ҳисоб нагирифтан мумкин нест. Аз ин рӯ ба сифати шарти зарурии объективияти тавзеҳу тасвир дар физикаи квантӣ талабе оғоз ёфт, ки таъсири мутақобилаи объект ба асбоб, алоқаи байни донишҳо оид ба объекту хусусияти воситаҳо ва амалиёти фаъолияти олим ба ҳисоб гирифта ва қайд карда шавад. Иртиботи мутақобилаи байни қоидаҳои онтологии илм ва хусусияти усуле, ки тавассути он объект аз худ мегардад, дарк карда мешавад. Бо ёрии асбобҳо, моделҳои риёзӣ ва ғайра муҳаққиқ ба табиат «саволҳо» медиҳад, ки вай ба онҳо «ҷавоб мегӯяд». Вобаста ба ин дар тартиботи фаҳмондадиҳӣ ва тасвир ба васоит ва амалиёти фаъолияти маърифатӣ истинод карда мешавад.

Дуюм, тасаввурот оид ба фаъолиятнокии субъекти маърифат актуалӣ (мубрам) менамуд. И.Кант ғояеро асоснок мекард, ки дониши илмӣ на воқеиятро, чунон ки вай худ ба сари худ ҳаст, балки воқеъиятеро тавсиф медиҳад, ки онро андешаву эҳсос таҳрезӣ намудаанд. Дар асри ҶҶ ин ҳолати маърифатиро файласуфи олмонӣ М.Хайдегер чунин шарҳ дод: «Ҳастии мавҷуд субъективӣ шуд», «акнун уфуқ аллакай худ ба худ нур меафканад ва вай фақат нуқтаи назар»-и инсонест, ки аз ҳар гуна маҷҳулот даст кашидааст. Мухолифати устувори субъект-объект, ки хоси табиатшиносии классикӣ буд, маҳдудияти худро нишон дод. Дарки имконнопазир будани ҳадди қотеъ гузоштан миёни субъективӣ ва объективӣ ҳанӯз дар механикаи квантӣ шурӯъ гашта буд. Масалан, Э.Шредингер навиштааст, ки «субъект ва объект ягонаанд. Гуфтан мумкин нест, ки монеаи байни онҳо дар натиҷаи комёбиҳои илмҳои табиӣ барҳам зада шуд, чунки ин гуна монеа вуҷуд надорад». Луи де Бройл оид ба он, ки баъзе олимон «псифунксия»-ро на чун натиҷаи «санҷишии таъсири мутақобилаи байни асбоб ва объект», балки фақат чун идроки Мани худ» тафсир карданд, навиштааст: «Ибораи Мани ман, ки худро аз функсияи мавҷӣ ҷудо мекунад», барои ман хеле асрорангез метобад, нисбат ба кадом як таъсири мутақобилаи байни объект ва асбоби ченкунанда…». Назарияи мавҷи «пси» психологӣ мегардад. Файласуфони илм ва донишмандон ба он розӣ шуданд, ки ҳар илм воқеияти худро месозад ва онро меомӯзад. Физика воқеияти «физикӣ»-ро меомӯзад ва химия – «химикӣ»-ро ва ғайра.

Сеюм, олимон ва файласуфон оид ба «ношаффофият»-и ҳастӣ масъала гузоштанд, ки ин имкониятҳои субъекти маърифатро дар мавриди амалигардонии моделҳои идеалӣ ва лоиҳаи коркарднамудаи шуури хирадиро муттаҳид мекард. Принсипи айнияти тафаккур ва ҳастӣ ба «вайроншавӣ»идома медод.

Чорум, бар муқобили идеали назарияи ягонаи илмие, ки объектҳои омӯхташавандаро «аксгирӣ» мекард, дурустии якчанд тасвироти назариявии аз ҳам мутафовити ҳамон як объект ҷоиз мегашт. Муҳаққиқон ба зарурияти эътирофи дурустии нисбии назарияҳо ва манзараҳои табиатро, ки дар ин ё он марҳалаи инкишофи табиатшиносӣ таҳия шудаанд, рӯ ба рӯ омаданд. Давраи самтгирӣ ба номотетика (аз юнонии nоmоsқонун) ва эъломи догматики «қонунҳои ҷовидонаи табиат», ки тавре П.Фейерабенд мешуморад, аз «хирадгароӣ»-и тосуқротиён оғоз ёфт ва дар охири асри ҶIҶ ба авҷи камолоти худ расид».

Инқилоби чоруми илмӣ: тамоюлоти бозгашт ба хирадгароӣи атиқӣ

Инқилоби чоруми илмӣ дар сеяки охирини асри ҶҶ ба вуҷуд омад. Вай ба он вобаста аст, ки низомҳои таърихан инкишофёбанда (Замин чун низоми таъсири мутақобилаи ҷараёнҳои геологӣ ва техногеннӣ; Коинот чун низоми таъсири мутақобилаи олами сағир, олами кабир, мегаолам ва ғайра) объектҳои омӯзишу баррасии илм мегарданд. Илми баъдиғайриклассикӣ ба вуҷуд меояд ва хирадгароии навъи баъдиғайриклассикӣ ташаккул меёбад. Хусусиятҳои асосии он аз инҳо иборатанд: Якум, агар дар илми ғайриклассикӣ таҷдиди таърихӣ ғолибан дар илмҳои гуманитарӣ (таърих,бостоншиносӣ, забоншиносӣ ва ғайра), инчунин дар як қатор илмҳои табиӣ, ҳамчун геология, биология истифода мегардид, пас дар давраи баъдиғайриклассикӣ таҷдиди таърихӣ чун навъи дониши назариявӣ дар кайҳоншиносӣ, астрофизика, ҳатто дар физикаи зарраҳои элементарӣ ба кор бурда мешуд, ки ин ба дигаргуншавии манзараи олам оварда расонд.

Дуюм, дар рафти коркарди ғояҳои термодинамикаи равандҳои нобаробарвазн дар фанҳои илмӣ равияи нав – синергетика пайдо шуд, ки вай а) ба ташаккулёбии манзараи нави олам мусоидат кард, б) консепсияи пешбари методологӣ дар фаҳмиши равандҳои инкишофи низомҳои бесубот шуд, в) ба амиқшавии тасаввурот оид ба фаъолиятнокии субъекти идрок, ба ташаккули хулоса оид ба он мусоидат намуд, ки субъекти идрок бо таъсири идрокии худ ҳар маротиба майдони ҳолатҳои имконпазири низомҳои баробарвазнро тағйир медиҳад, яъне иштирокчии асосии ҳодисоти дар онҳо ҷараёндошта мешавад. Дар ин ҳолати идрокӣ (маърифатӣ) амалиёти субъект бояд бо хеле эҳтиёткоронагиаш фарқ кунанд, чунки онҳо метавонанд ҳамон «таъсири хурди тасодуфӣ» шаванд, ки ба гузариши баргаштнопазири (ва барои муҳаққиқ номатлуби) низом аз як сатҳи тартиб ба дигараш имкон медиҳад.

Сеюм, аён гашт, ки зимни омӯзиши низомҳои нобаробарвазн, ки одамро бо фаъолиятнокии маърифатиаш дар бар мегирад, идеали классикии арзишӣ-нейтралии маърифати илмӣ номақбул аст. Бар ивази омӯзиши хунсардонаи арзишӣ-нейтралии мантиқӣ-мафҳумии қонунҳои табиат ба парадигмаи илмҳои табатшиносӣ тамоюлоти арзишӣ чун кадом як идеалҳои гуманитарӣ дохил карда мешаванд. Донишҳо ва арзишҳо набояд бо ҳамдигар мухолифат варзанд. Постулати И.Кант «дониш аз ахлоқ болост», ки ба хирадгароии классикӣ ва ғайриклассикӣ мувофиқ буд, бояд таҷдиди назар карда шавад: мақоми худкифоӣ ва хударзишии дар тӯли мавҷудияташ ташаккулёфтаи илм бар манфиати эътирофи худкифоии бештари қаринаҳои ахлоқӣ ва арзишӣ азнавбаҳодиҳиро тақозо мекунад. Дар навъи хирадгароии баъдиғайриклассикӣ, чуноне ки файласуфи муосири илм В.С.Стёпин мешуморад, «мутаносибии хусусиятҳои донишҳои ҳосилшударо оид ба объекти на танҳо бо махсусиятҳои васоит ва амалиёти фаъолият, балки инчунин бо сохторҳои арзишӣ-ҳадафии он» ба ҳисоб гирифта мешавад.

Чорум, хусусияти объектҳои илми баъдиғайриклассикӣ ба мақсадҳо ва барномаҳои таҳқиқотии дохилиилмӣ шомил намудани шаклҳои маърифатии беруназилмӣ, тохирадӣ ва беруназхирадиро талаб менамояд. Ба манзараи илмии олам донишҳое «роҳ дода мешаванд», ки дар фарҳангҳои анъанавӣ ташаккул ёфта, ба ҷаҳоншиносии устуравӣ-кайҳонӣ ва динӣ-ахлоқӣ тобеанд. Хирадгароии илмӣ ҳуқуқҳои мутлақи худро оид ба асосноккунии кулли ғояҳои ҷаҳоншиносӣ-иҷтимоӣ, ахлоқӣ, динӣ ва ҳоказо гум мекунад, ки ин дар натиҷа ба муқобили аврупомарказӣ «кор мекунад». Мухолифати тамаддуни техногеннии ғарбӣ ба фарҳанги ҷомеаҳои анъанавӣ, ки онҳо акнун зарурияти кӯчонидани илми аврупоиро ба муҳити анъанавии худ, инчунин зарурияти пайгириро аз стратегияи модернизатсияи «таъқибкунанда» зери шубҳа мегузоранд.

Ҷиҳати муҳими инқилоби чоруми илмӣ ташаккули кайҳоншиносӣ дар 10-15 соли охири асри ҶҶ чун фанни илмие буд, ки мавзӯи омӯзиши он Коиноти том шуд (минбаъд аз таҳқиқоти анҷомдодаи А.Н.Павленко истифода мебарем). То ин замон кайҳоншиносии анънавӣ ҳукм меронд, ки дар он аз Кант-Гершел-Лаплас то Шмидт мафҳуми «Коиноти том» вуҷуд надошт, зеро маълум набуд, ки том чист. Бинобар ин, Коинотро аксаран ба Галактика, ки беҳаракату таҳаввулнопазир мебошад, айният медоданд. Риёзидони рус А. Фридман ҳанӯз дар сеяки авали асри ҶҶ назарияи таҳаввулоти Коинотро дар тамомият офарид, ки назарияи мазкур тағйироти сифатии хусусиятҳои Коинотро дар замон эътироф мекард. Назарияи таҳаввулоти Коинот ногузир ба гузориши масъала оид ба оғози таҳаввулот (тавлид) ва анҷоми он (марг) оварда расонд. Аммо тавлид ва марги Коинот ҳамчун равандҳои азими кайҳонӣ бе «шоҳидон» ба вуҷуд меояд. Дар вақти тавлидшавии вай (Коинот танҳо як бор зода мешавад) инсони мушоҳид ҳанӯз нест, дар вақти марги вай инсони мушоҳид аллакай вуҷуд надорад. Пас, тавлид ва марги Коинот принсипан далелҳои мушоҳиданашавандаанд. Коиноти таҳаввулкунанда аслан мушоҳидашаванда нест. Аммо принсипан мушоҳиданашаванда тибқи таъйинот транссендентии шомили доираи метафизика мебошад. Дар метафизика воситаи асосии маърифат идроки холис (маҳз), басират тавассути ақл аст, ки онро файласуфони атиқӣ, аз Парменид сар карда, эътироф менамуданд.

Баъди он ки физики назариётчӣ А.Д.Линде кайҳоншиносии инфлятсиониро таҳия кард, мақоми кайҳоншиносии илмӣ чун фанне, ки объектҳои принсипан мушоҳиданашавандаро меомӯзад, мунтаҳо тасдиқ ёфт.

Назарияҳои зикршудаи кайҳоншиносӣ барои дар навъи хирадгароии баъдиғайриклассикӣ пайдо гаштани унсурҳои бо хирадгароии атиқӣ мувофиқ мусоидат намуданд: 1) мафҳуми «Коиноти том» ба мафҳуми атиқии Космос қаробат дорад, вале бе сифати «Раббонӣ»; 2) бо пайдоиши назарияи таҳаввулоти Фридман мафҳумҳои илми классикӣ, монанди назария, озмоиш (таҷриба), дониши илмӣ ва ғайра ба маънои доро шуданро оғоз мекунанд: назария «холис» ва бе тавассути озмоиш мешавад, ки он умуман дар муносибат бо Коинот принсипан имконнопазир аст. Дониши илмӣ хусусиятҳои дониши метафизикӣ, яъне донишҳои танҳо бо ёрии ақл ҳосилшударо ба худ мегирад, ҳарчанд бо тафоввути аз даврони атиқа, ақл дар илми кайҳоншиносӣ ба таври истисно ақли инсонист ва бо Логоси кайҳонӣ вобастагӣ надорад. Дар анъанаи атиқии афлотунӣ ва навафлотунӣ барои ба даст овардани дониши асил зарурияти таҷриба эътироф карда мешавад, вале таҷрибаи «оқилона», ки онро рӯҳ «мегузаронад» ва бе мадади эҳсосоти ҷисмонӣ. Таҷрибаи рӯҳ – ин баррасии танҳо ақлонӣ аст. Худи рӯҳ аслан субъекти идрок мебошад. Афлотун чунин мешуморид, ки рӯҳ худаш «худро пурсидаву ҷавоб дода, тасдиқу инкор карда» бо худ  муҳокима меронад. Зимнан вай барои дастгирӣ ба эҳсосоти ҷисмонӣ муроҷиат намекунад; 3) меъёрҳои ҳақиқатнокии назарияи кайҳоншиносӣ, одатан, меъёрҳои дохилиилмие мешаванд. ки онҳо ба принсипҳое чун мувофиқат, ҳамандозагӣ, таносуб асос ёфтаанд. Вале ба ин принсипҳо Афлотуни атиқӣ низ такя мекард, дар ибтидои асри ҶҶ бошад, Эйнштейн афзоиши даркшавии назарияҳоро дар ҳолатҳое, ки мафҳумҳо ва аксиомаҳои асосии назарияҳо дар муносибат бо далелҳои принсипан мушоҳиданашаванда тартиб дода мешаванд, пешбинӣ карда буд. Ӯ оид ба «беҳимоятии эмпирӣ»-и илмҳои назарӣ ҳушдор дода буд. Оқибатҳои методологие, ки аз кайҳоншиносии муосир бармеоянд, аз ҷониби баъзе файласуфони муосири илм манфӣ қабул карда шудаанд. Масалан, Ст. Тулмин кайҳоншиносиро «дини табиӣ» номидааст; 4) дар фалсафаи атиқӣ инсон ҷузъи ҷудонопазири Кайҳон ҳисобида мешуд. Афлотун навишта буд: «Кайҳон – зеботарин ашёи пайдошуда аст, халлоқи он бошад – беҳтарин сабабҳост». Мавҷуди инсонӣ, ки мувофиқи принсипи «таносуби кайҳонӣ» офарида шудааст, ба туфайли комилияти Кайҳон комил мебошад. Мушобеҳи ин дар физикаи муосир торафт оид ба принсипи антропӣ изҳор кардан оғоз гардид, ки тибқи он Галактика чунон сохта шудааст, ки ба имконияти пайдоиши инсон иҷозат медиҳад. Дар Коинот принсипи антропӣ амал мекунад, ки мувофиқи он он чи мо «мушоҳида карданашро интизорӣ мекашем, бояд бо шароити барои мавҷудияти мо чун мушоҳидагарон зарурӣ маҳдуд карда шавад. Агарчи мақоми мо ба таври ҳатмӣ марказӣ нест, ба як маънӣ вай бартариятнок аст». Тафсирҳои «заиф» ва «зӯр»-и принсип вуҷуд доранд. Тафсири «заиф»: мақоми мо дар Коинот бо зарурият ба он маънӣ бартариятнок аст, ки он бояд бо мавҷудияти мо ба сифати мушоҳидачиён мувофиқ бошад. Тафсири «зӯр»: Коинот бояд он гуна бошад, ки дар ягон марҳалаи таҳаввули вай мавҷудияти мушоҳидачиён ҷоиз аст. Принсипи антропӣ инсон ва бузургиҳои бунёдии ҷаҳониро, ки онҳо амалиёти қонунҳои ҷозиба, электромагнитизм, таъсироти мутақобилаи зӯру заифи зарраҳои элементариро муайян мекунанд, зери тобеияти муайян мегузорад. Масалан, агар бузургии таъсири мутақобилаи электромагнитӣ, ки ифодаи шуморавии он 1/37 аст, дигар хел бошад, атому молекулаҳо вуҷуд намедоштанд, пас на ҳаёт пайдо мешуду на одам. Вале дар чунин ҳолат инсоният бояд Кайҳонро на ҳамчун як чизи хориҷӣ ва аксаран душман, балки ҳамчун ҳастии худ бипазирад. Ва он гоҳ ба инсони муосир бояд ҷӯшу хурӯши Афлотун фаҳмо бошад, ки Кайҳонро чун зеботарин  ва комилтарин ашёи офридашуда тавсиф кардааст. Дар чунин ҳолат инсони муосир бояд аз муносибати прагматикӣ ба олам, ки дар фарҳанг ва илми нававрупоӣ пайдо гаштаву ҳукмронӣ дошт, даст кашад; 5) кайҳоншиносии муосир нахустин маротиба аз замони натурфалсафаи юнонӣ чунин саволро ифода кард: «Чаро Коинот маҳз ҳамин тавр сохта шудааст, на ба таври дигар?» Масалан, чаро фазо сеандоза асту вақт якандоза ва ғайра. Дар кайҳоншиносии анъанавӣ савол дигаргуна ифода меёфт: «Кайҳон чӣ тавр сохта шудааст?» Саволи «чаро?» дар нисбати объектҳои метафизикӣ, чуноне ки Коинот дар яклухтӣ ҳаст, саволест оид ба нахустмабдаъ ва нахустсабаб, ки онро ҳанӯз файласуфи атиқӣ Арасту пеш гузошта буд; 6) шабеҳи навъи хирадгароӣи антиқӣ ҳамчунин дар он ҳувайдо мегардад, ки сарҳади байни назарияи элементарӣ ва назарияи Коинот ба вайроншавӣ оғоз кард. Ин «вайроншавӣ»-и сарҳадҳо он гоҳ шурӯъ гардид, вақте ошкор шуд электрон ба таври антиномӣ рафтор мекунад, яъне ба ду навъи ҳамдигарро истиснодакунандаи қонуниятҳо: мавҷнок ва корпускулярӣ тобеъ аст. Аммо ҳанӯз Кант медонист, ки вақте мо оламро том меҳисобем, ногузир ба ақидаҳои антиномӣ дармерасем: олам дар вақту фазо ибтидо дорад – олам дар вақту фазо беинтиҳост; дар олам сабабҳои зиёд вуҷуд доранд – дар олам зарурият ҳукмрон аст ва ғайра. Электрон ончунон антиномӣ рафтор мекунад, ки чун «олами том»-и ба мо номаълум рафтор мекунад. Аммо антиномияҳои нисбати олам ҳамчун томият ифодакардаи Кант ба доираи фалсафа тааллуқ доранд. Н.Бор яке аз аввалинҳо шуда фаҳмид, ки тафсири маъноии антиномӣ будани электрон на дар соҳаи физика, балки дар соҳаи фалсафа низ имконпазир аст ва хусусиятҳои моҳиятии электрон ҳамчунон назарӣ ва мутазоданд, ки хусусиятҳои олам дар томият. Ташаккули ақидае оғоз ёфт, ки зарраи элементарӣ ба нисбате ҳамон қадар ҳамафарогир аст, ки саросари олам ва он қутби дигари Кайҳон аст. Ва ҳангоме кайҳоншиносӣ пайдоиши оламро бо таркиши Бузург вобаста кард, ҳамон замон масъала ба миён омад: олам аз кадом «воҳид»-и худ оғоз гардидааст?» Таркиши Бузург чун «офаридан аз ҳеҷ» қаблматерияи бешакли номуайян фаҳмида мешавад, ки аз он шаклгирии зарраҳои элементарӣ оғоз ёфт. Маҳз ҳамонҳо «воҳидҳо»-е буданд, ки ба бунёди кулли олам оварда расонданд. Назорияи зарраҳои элементарӣ ва назарияи кайҳоншиносӣ чунон ба ҳам зич пайваст шудан гирифтаанд, ки меъёри ҳақиқӣ будани назарияи зарраҳои элементарӣ озмудани он аз ҷиҳати «комилияти кайҳонӣ» гардид. Фаҳмиш ба давраи атиқӣ наздикии он пайдо шуд, ки ҳама чиз бо ҳама чиз вобаста аст, « ҳама дар ҳама ҳаст». Ҳамин тавр, физика ва кайҳоншиносии муосир ба хирадгароии баъдиғайриклассикӣ унсурҳои мушобеҳи хирадгароии атиқиро дохил кардаанд. Онҳо ба фазои асосҳои илмии худ масъалаҳоеро роҳ додаанд, ки дар илми классикӣ ва ғайриклассикӣ ба фалсафа тааллуқ доштанд: чаро Коинот ҳамин гуна сохта шудааст, на ба гунаи дигар; чаро дар Коинот ҳама бо ҳама вобаста аст ва ғайра. Лекин масъалаҳои фалсафиро дар муттако ба меъёру идеалҳои маърифати илмӣ, ки дар ҳудудҳои хирадгароии классикӣ, ғайриклассикӣ ва ҳатто баъдиғайриклассикӣ таҳия шудаанд, омӯхтан номумкин аст

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.