Фанҳои илмии иҷтимоӣ-гуманитарӣ

9.1. ПРЕДМЕТИ ИЛМҳОИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ. ФАЛСАФА – ШАКЛИ ҶАМЪБАСТИИ ДОНИШҳОИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ

ҳамаи илмҳо ҷанбаҳои ҳам иҷтимоӣ ва ҳам гуманитарӣ доранд, зеро ҳар кадом илм маҳсули фаъолияти инсон ё гурӯҳи олимон, ҷамоаи илмӣ ва ғайра мебошад. Бинобар ин, илмҳо бо тарзҳои гуногун бо ҷамъият алоқамандӣ дошта, сабабиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ доранд. Ғайр аз ин, ҳамаи илмҳо самти умумии омӯхтани қонунҳои ё табиат, ё ҷамъият, таърих, фарҳанг, ё худи маърифат, тафакурро доранд. Дар ҳар ҳолат сухан дар бораи қонунҳои олами воқеӣ (на фавқултабиию транссендентӣ) меравад, ки моҳияти ашёҳо ва зуҳуротро, робитаҳои байни онҳо устуворгаштаро инъикос менамоянд. Дар ҳамаи илмҳо назарияҳо офарида мешаванд, фарзияҳо пешбарӣ карда мешавад, усулҳои умумиилмӣ ва махсус кор фармуда мешавад, фактҳо истифода карда мешаванд ва ғайра.

Дар аснои сухан кардан доир ба омӯзиши равандҳо ва зуҳуротҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ (ҷамъият, фарҳанг, инсон), мо метавонем чунин фарқияти донишҳои иҷтимоӣ-гуманитариро аз донишҳои табиатшиносӣ қайд намоем, ки дар ҷамоаи илмии муосир эътирофи умум пайдо кардааст:

1. Қонунҳои ҷамъият, дар тафовут аз қонунҳои табиат, дар ҷараёни ҳаёту фаъолияти одамон пайдо мешаванд, онҳо бо ҳаёти рӯзмарраи одамон ва ҷамъият алоқаманданд (новобаста аз он, ки одамон онҳоро дарк намекунанд ё қувваи фавқултабиӣ хоҳанд ҳисобид).

2. Давомнокии амали қонунҳои ҷамъият ва фарҳанг нисбат ба қонунҳои табиат маҳдудтар аст: онҳо «таърихӣ» мебошанд. Ин махсусан дар мисоли қонунҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ хубтар мушоҳида карда мешавад.

3. Одамон ҷамъият ва фарҳангро на танҳо меомӯзанд, балки онҳоро эъҷод мекунанд. Бинобар ҳамин ҳам, муносибатҳои шахсиятии муҳаққиқ нисбат ба предмети тадқиқоташро «бартараф кардан» номумкин аст. Дар маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ (дар қиёс ба маърифати табиатшиносӣ) бештар мавқеи арзишии олим, мақоми иҷтимоии ӯ, пазироии мазҳабӣ ва ахлоқӣ, хислатҳои рӯҳиявии шахс, таъсири сиёсати давлат, манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷамъият, худпарастию нуфузпарастии баъзе олимону ҷамоаҳои илмӣ ва ғайра назаррас мебошанд. Мазмуни донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, ғояҳо ва назарияҳои он берун аз доираи манфиатҳои ҷамъиятии он гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки объекти асосии ин назарияю фарзияҳо мебошад, норавшан мемонад.

4. Донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ усуслҳоеро истифода мебаранд, ки дар табиатшиносӣ «кор намекунанд».

5. Маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ дорои хусусияти арзишӣ-баҳодиҳӣ мебошад: субъект объектро на танҳо меомӯзад, инчунин ба он баҳо медиҳад. Меъёрҳои баҳодиҳӣ дар назарияҳои иҷтимоӣ ҳамеша гуногун, вале ҳамеша бо намуна, меъёр ё ҳолати идеалии ҷамъият вобаста мебошанд. Чунончӣ, ба сифати меъёри баҳодиҳӣ ба аҳамиятнокии назарияи иҷтимоӣ метавонанд истифода шаванд: сатҳи озодии ҷамъият ва шахс, майл кардан ба демократия ё ба коммунизм, инкишофи сифатҳои зеҳнӣ-ахлоқии шахс, инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият ва ғайра. Аксаран чунин ҳолати идеалии ҷамъият фаҳмиши «пешрафт» ва «таназзул»-ро муайян намуда, ҳамчун ченаки баҳодиҳӣ ба ҳаракати ҷамъият ба сӯи мақсадҳояш хизмат мекунад.

Ин нуқтаҳои қайдшуда ва дигар хусусиятҳои донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ба фаҳмиши предмети илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ таъсир мерасонанд. Мутафаккирони гуногун ин предметро гуногун муайян кардаанд. Чунончӣ, файласуф ва фарҳангшинос Михаил Михаилович Бахтин иброз кардааст, ки предмети илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ «ҷамъият, таърих, фарҳанг, шахс» мебошанд. Ба ақидаи Георг Вилгелм Фридрих Гегел ба ин предмет «фаъолияти мақсадноки одамон» мувофиқ аст. Генрих Риккерт мазмуни предмети ин илмҳоро иборат аз «раванди фарҳанг», «инсонияти бофарҳанг» донистааст. Ин ҷо баъзе чизҳоро равшан бояд сохт. Ғайр аз мутафаккирони номашон дар боло зикршуда, ҳамчунин қариб, ки ҳамаи файласуфони номӣ (Фридрих Энгелс, Макс Вебер, Теодор Адорно, Иля Пригожин, Владимир Соловев, Р.Рорти ва дигарон) масъалаи предмети илмҳои иҷтимоӣ-гуманитариро мавриди таҳлил қарор додаанд. Алҳол мазмуни нигориши онҳо хусусияти худро дошта, танҳо аз ҷониби мутахассисон-файласуфон айнан фаҳмида мешавад. Бинобар ин, мо онҳоро мавриди таҳлили амиқ қарор намедиҳем.

Дар доираи ин воситаи таълимӣ мо лозим донистем, ки ҷанбаҳои бо таҳқиқи инсон алоқаманди предмети илмҳои иҷтимоӣ-гуманитариро, ки сазовори эътирофи аксарияти олимон аст, мавриди омӯзиш қарор диҳем. Бо истифода аз усули истисно бояд қайд кунем: а) илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ организми биологии инсонро намеомӯзанд. Бо ин биология, тибб ва дигар илмҳо машғул мебошанд; б) хусусияти фардии психикаи инсон, хусусияти тафаккури фардӣ, идрок, таълим ва тарбия бешубҳа ба донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ таалуқ доранд, аммо онҳо ҷавҳари илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ намебошанд; в) донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ба омӯзиши муносибатҳо дар доираи системаи «инсон-ҷамъият» ҷалб шудаанд ва инсон ҳамчун хориқаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар ҳудуди зуҳуротҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, экологӣ ва дигар зуҳуротҳои иҷтимоӣ омӯхта мешавад. Предмети донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ «холис инсон» набуда, балки ҳампайвастагии «инсон ва олам», «инсон ва ҷамъият» мебошад.

Фалсафа аз ибтидои пайдоишаш то имрӯз ҳамчун шакли ҷамъбастӣ гардонидашудаи донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ мебошад. Кифоя аст хотиррасон намуд, ки аксари илмҳои иҷтимоӣ (сотсиология, сиёсатшиносӣ, иқтисоди назариявӣ, назарияи ҳуқуқ ва ғайра) ва аксари илмҳои гуманитарӣ (риторика, психология, педагогика, фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ ва ғайра) аз фалсафа «баромаданд», яъне дар доираи донишҳои фалсафӣ ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтаанд ва баъдтар аз он ҷудо шудаанд; ин ҷараёни «ҷудошавӣ» имрӯзҳо низ идома дорад. Низоъшиносӣ, фалсафаи ҳуқуқ ва дигар илмҳои муосир аз мисоли гуфтаҳои зикршуда мебошанд.

Фалсафа аз ибтидои пайдоишаш ҳамчун шакли назариявии инсоншиносӣ ҳатман вазифаи синтези донишҳои иҷтимоӣ-гуманитариро ба ӯҳдаи худ мегирад. Агар илмҳои мушаххаси иҷтимоӣ-гуманитарӣ фаҳмиши маҳдуди олам ва инсонро («инсони сиёсӣ», «инсони иқтисодӣ», «инсони истеҳсолкунанда», «инсони эҷодкор» ва ғайраро) пешниҳод намоянд, пас фалсафа метавонад мафҳуми «инсон умуман»-ро пешниҳод намояд, чӣ (кӣ) будани инсонро умуман маълум намояд, манзараи умумиилмии оламро баён намояд, ки аз доираи предмети илмҳои ҷузъӣ берун аст. Гузашта аз ин, фалсафа қодир аст, чунин манзараи оламро офарад, ки он ғайр аз донишҳои илмӣ инчунин донишҳои аз дин ва санъат ҳосилшударо ба инобат гирад, яъне манзараи бениҳоят умумии олам бошад. ҳоло, дар ибтидои асри ХХI, дар вазъияте, ки мо зиддиятҳои тарафайни динҳои бузург, фарҳангҳои ғарб ва шарқро мушоҳида менамоем, фалсафа метавонад вазифаи синтези донишҳо ва фарҳангҳоро иҷро намояд, имкониятҳои ягонагии арзишӣ ва ҷаҳонбинии тамаддуни муосирро нишон диҳад ва бо ҳамин васила маданияти маънавии инсониятро аз хатари ҷудошавиаш ба ғояҳо, арзишҳо ва ҷаҳонбиниҳои сершумори оштинопазир нигоҳ дорад.

Фарқияти муҳими фалсафа аз дигар илмҳои мушаххаси табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар чист?

1.Илмҳои мушаххас объекти тадқиқоти худро муайян намуда, онро берун аз низоми муносибатҳои худи он меомӯзанд (масалан: инсон ҳамчун мавҷудоти биологӣ, инсон ҳамчун субъекти ҳуқуқ). Ин имкон медиҳад, ки дақиқии предметӣ, аниқии дастгоҳи мафҳумҳо, исботпазирӣ ва ғайра ба ин илмҳо муяссар гардад. Фалсафа ба чунин дақиқӣ кӯшиш надорад. Мафҳумҳои фалсафа нисбатан фасеҳтар буда, қонунҳои умумитарини ҳастӣ, ҷамъият ва тафаккурро маълум менамоянд, ки дар илмҳои мушаххас ин имкон ҷой надорад.

2.Маърифат дар фалсафа хусусияти худро дорад ва ҳамчун фаҳмиши маъноҳои зуҳуротҳои таҳқиқшаванда баррасӣ мегардад.

3.Файласуф на танҳо худи зуҳуротҳоро, инчунин маънои ин зуҳуротро барои инсон меомӯзад. Михаил Михаилович Бахтин фалсафаро маҳз ҳамин тарз фаҳмидааст: «Мавқеи фалсафа. Вай дар он ҷое оғоз мегардад, ки он ҷо дақиқияти илмӣ итмом ёфта, дигарилмият оғоз мегардад. Онро ҳамчун метазабони кулли илмҳо (ва кулли намудҳои маърифат ва шуур) муайян кардан мумкин аст». Фалсафа нафақат ба таҷрибаи як ё якчанд илмҳо, балки ба ҳамаи таҷрибаи маърифатии инсоният такя мекунад. Вай умуман ба сифати худшиносии фаъолияти назариявӣ баромад мекунад ва бинобар ин, ҳеҷ кадом методологияи илмиро мутлақ намегардонад. ҳеҷ яке аз илмҳои дигар ба ин қодир нест. Ин хусусияти фалсафа вайро аз маҳдудияту нисбӣ будани ҳар кадом донишҳои илмҳои мушаххас боло мегузорад. ҳамчун шакли шуури арзишӣ, фалсафа бояд низомҳои арзишии ҳосилкардаи фарҳангро ҷамъбаст намояд ва ба инсону инсоният пешкаш кунад. Озодии инсон аз бисёр ҷиҳат аз имконияти интихоби низоми арзишҳо, ки бо воситаи он худро дар олам амалӣ менамояд, вобаста аст. Маҳз аз ин сабаб олимони бузурги сершумор дар фалсафа «роҳ ба озодӣ»-ро дидаанд.

4.Фалсафа – шакли ҷамъбастии донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ мебошад. Вай дар низоми илмҳо (умуман дар фарҳанги башар) мавқеи хосса дорад, чунки маълумотҳои илмӣ ва шаклҳои донишҳои ғайриилмиро (дин, санъат) синтез намуда, ҷаҳонбинии том ва манзараи томи оламро ба миён меоварад, ба инсону инсоният самтгирии арзишӣ ва зеҳнӣ пешкаш месозад.

9.2. СОХТОРИ ФАННИИ ДОНИШҳОИ ИЛМИИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ ВА САБАБИЯТИ ИҶТИМОИЮ ФАРҳАНГИИ ОН

Аввалин шуда Арасту нақшаи фанҳои илмиро пешниҳод карда буд, ки дар оянда, дар амали сохтордиҳӣ ба маҷмӯи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ таъсири ҳалкунанда расонид. Арасту пешниҳод намуд, ки илмҳо вобаста аз ҳадафҳои пешгирифтаи онҳо фарқ карда шаванд.

ҳамин тавр, се намуди илмҳо ҷудо карда шуданд: 1) назариявӣ (риёзиёт; илмҳо дар бораи табиати зинда ва ғайризинда); 2) амалӣ (барои идораи рафтори одамон: ахлоқ, сиёсат, иқтисод); 3) техникӣ (барои роҳбарӣ ҳангоми офаридани предметҳо, аз ҷумла сохтани предметҳои санъат барои истифода ё лаззати бадеӣ: зебоишиносӣ, риторика – санъати сухан).

Мантиқ ҳамчун «олот»-и илм, ки шакл ва қонунҳои тафаккурро меомӯзад ва «фалсафаи якум» («метафизика»), ки табиатро, ҷавҳару нахустсабабҳои абадиро меомӯзад, алоҳида қайд гардидаанд. Дар номгӯй ва мазмуни асарҳои Арасту тасниф ва сохтори илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, ки то ҳол арзи вуҷуд доранд, равшан сохта шудаанд. Инҳо – фалсафа, сиёсатшиносӣ, иқтисодшиносӣ, филология (риторика), санъатшиносӣ, таърих, илми ахлоқшиносӣ, мантиқ, психология. Бегуфтугӯ мазмун, шакл ва усулҳои фанҳои зикргардида тағйир ёфтаанд, аммо онҳо чун дар гузашта бандубасти илмҳои иҷтимоӣ-гуманитариро дар асри ХХ ва ибтидои ҶҶI ташкил медиҳанд.

Низоми муосири илмҳои иҷтимоӣ–гуманитарӣ дар охири асри ХIХ–ибтидои асри ХХ ба вуҷуд омадааст. Вай худро ҳамчун «инсоншиносии маҷмӯӣ» муаррифӣ менамояд. Илмҳое, ки организми инсонро меомӯзанд, мавқеи дигаргунтар доранд: тибб, биология, физиология, физиологияи фаъолияти олии асаб ва ғайра. Одатан фанҳои хусусияти иҷтимоӣ-гуманитарӣ доштаро ба фанҳои бунёдӣ ва амалӣ ҷудо мекунанд, аммо бояд қайд кард, ки ҳар кадом фани бунёдӣ чандин фанҳои амалиро дар худ фаро мегирад. Барои равшан сохтани гуфтаҳои боло ҷадвали зеринро пешниҳод мекунем.

ФАНҲОИ  БУНЁДӢ ФАНҲОИ ХУСУСИЯТИ  АМАЛИДОШТА
ФАЛСАФА Ахлоқшиносӣ, эстетика, мантиқи шаклӣ ва ғайра.
ИҚТИСОДШИНОСӢ Менеҷмент, эргономика, иқтисоди ҷаҳон ва ғайра.
  СОТСИОЛОГИЯ   Низоъшиносӣ, микросотсиология, сотсиологияи дониш ва ғайра.
  ҲУҚУҚШИНОСӢ Ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи ҷиноӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва ғ.
  ПСИХОЛОГИЯ Психологияи меҳнат, ҳаёти оилавӣ, психологияи иҷтимоӣ ва ғайра.

Ин мисолҳоро идома додан мумкин аст. Қайд кардан муҳим аст, ки доираи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ сарҳади пӯшидаю ногузар надорад. Масалан: таҳлили иқтисодии ҷамъият донистани ҷанбаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва дигари зуҳуроти омӯхташавандаро тақозо дорад.

Миқдор ва мазмуни фанҳо аз сатҳи инкишофи ҷамъият, талаботи он, аз сатҳи фарҳанг ва дараҷаи инкишофи тамоми низоми илму маорифи ҷамъияти мушаххас вобаста мебошанд.

9.3.МАРҲИЛАҲОИ ИНКИШОФИ ИЛМҲОИ ИҶТИМОӢ- ГУМАНИТАРӢ

Илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар инкишофи худ якчанд марҳиларо гузоштаанд. Марҳилаҳои классикӣ, ғайриклассикӣ, баъдиғайриклассикӣ ҷудо карда мешавад.

Марҳилаи классикӣ дар инкишофи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ аз ҷониби олимон гуногун баён карда шудааст. Агар илмҳои гуманитарӣ ҳамчун илмҳои омӯзандаи маҳсули ҳаргуна фаъолияти инсон, пеш аз ҳама маҳсули фаъолияти маънавӣ, эҷодӣ бошанд ва илмҳои иҷтимоӣ ҳамчун илмҳои омӯзандаи ниҳодҳои иҷтимоии ҳаёту фаъолияти ҷамъиятӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра бошанд, пас марҳилаи классикии инкишофи онҳо бояд аз давраи пайдоиши фалсафа дар Юнони Қадим (асри VI то милодӣ) то хотимаи фалсафаи классикии олмонро (асри ХIХ) дарбар гирад.

Мувофиқи ақидаи дигар марҳилаи классикии инкишофи илм дар доираи аз асри ХVI то нимаи дуюми асри ХIХ маҳдуд карда мешавад. Бар замми ин, Замони Нав аз асри ХVII то ХVIII ҳамчун давраи бунёдгузории асосҳо, ғояҳо, принсипҳои илм махсус қайд мегардад.

Намунаҳои гуногуни фаҳмиши моҳият, ҳудуд, мазмун, усулҳои инкишофи марҳилаи классикии илм дар асрҳои Роберт Мертон, Томас Кун, Карл Поппер, Паул Фейерабенд, А.Койре баррасӣ шудаанд. Ҳангоми омӯхтани ин масъала ҳамчунин бояд асарҳои С.С.Аверенсев, Б.М.Кедров, П.В.Копнин, Л.М.Косарева, В.С.Степин, А.П.Огуртсов, А.Л.Никофоров, Л.А.Микешина ва дигарон ба инобат гирифта шаванд.

Мо дар ин таълифот марҳилаи классикии инкишофи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитариро дар ҳудуди давраи аз асри ХVI то нимаи дуюми асри ХIХ дида мебароем. Ин марҳилаи инкишофи донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ чӣ хусусият дошт? Кадом усулҳо ба сифати усулҳои асосӣ пешбарӣ гардид? Дар шакли соддаю фаҳмотар ҷавоби ин суолҳоро баён месозем. Инкишофи риёзиёт ва механика намунаи донишҳои илмӣ ва идеалро ба вуҷуд оварданд, ки илмҳо дар бораи ҷамъият ба он мекӯшиданд. Аз асри ХVII ин идеали донишҳои илмӣ аз ҷониби илмҳои физикӣ боз ҳам пурқуваттар гардонида шуд ва бинобар ин, кӯшиши амалӣ сохтани ин идеал ҳатто дар фалсафа зуҳур меёфт. Мисоли равшан – асари бузурги Бенедикт Спиноза «Ахлоқшиносии ба тарзи геометрӣ исботшуда…» мебошад, ки дар он файласуф дар такя ба қонунҳои механика, риёзиёт ва мантиқи шаклӣ хостааст қонунҳои ахлоқи инсонӣ, дин, зуҳуротҳои психологиро асоснок намояд.

Мисоли дигар – назарияи ҳуқуқии Гуго Гросия мебошад, ки дар он ҳамаи давлатҳо ва одамон (субъектҳои ҳуқуқ) ҳамчун объектҳои мутлақо якхела, тобеъ ба қонунҳои «дуруст» нишон дода шудаанд. Қонунҳои «дуруст» дар навбати худ хусусияти куллӣ дошта, ба сифати онҳо қонунҳои табиат баромад мекунанд ва охиран, онҳо барои ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсон умумӣ мегарданд. Чунин мавқеи назариявӣ ба принсипҳои динӣ зид набуданд. Аз нигоҳи динӣ Худо танҳо қонунҳои «дуруст»-ро «меписандад, чунки Ӯ ин қонунҳоро ба бунёди мавҷудияти Олам ниҳодааст». Барои дастгирӣ намудани чунин ақида дар бораи қонунҳои «дуруст» ҳамчунин дигар файласуфон, аз ҷумла Томас Гоббс (1588-1679) ва Иммануил Кант (1724-1804) майл зоҳир намудаанд. Мавқеи назариявӣ, ки дар он илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ба методологияи табиатшиносӣ пайравӣ доранд, натурализм номида шудааст. Моҳияти он чунин аст: қонуниятҳои табиат ҳамчун принсипи умумии шарҳдиҳии ҳамаи зуҳуротҳои ҷамъиятӣ ва зуҳуротҳои бо шаклҳои ҳастии инсон алоқамандбуда пазируфта мешаванд. Ҳатто ахлоқ ва зебоӣ дар доираи натурализм тавассути қонунҳои табиат шарҳ дода мешаванд. Чунончӣ, назарияҳое мавҷуданд, ки дар онҳо қонунҳои ҷамъият вобаста бо шароитҳои обу ҳаво, бо хусусиятҳои нажодии одамон ва дигар омилҳо шарҳ дода шудаанд; ахлоқ бо хусусиятҳои биологии организми инсон вобаста карда шуда, қонунҳои он ба қонунҳои физиологӣ ва психологии «табиати инсон» айният дода мешуд ва зебоӣ, ҳуқуқ аз қонунҳои коинот «бароварда» мешуд ва ғайра. Кушиши пайравӣ ба принсипҳо ва усулҳои табиатшиносӣ дар омӯхтани ҷамъияту ҳаёти маънавии инсоният ногузир принсипҳои дар натурализм маъмули робитаи сабабӣ-натиҷавиро дар омӯхтани зуҳуротҳои маънавӣ, баҳогузории ҳатмии миқдориро дар омӯхтани ҷомеа, кӯшиши офаридани илми ягонаи комилан эътимодбахш ва ғайра ба миён овард.

Марҳилаи ғайриклассикӣ дар инкишофи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ аз нимаи (махсусан аз чоряки охири) асри ХIХ оғоз мегардад. Дар ин давра гузариш аз натурализм ба антинатурализм мушоҳида карда мешавад. Нигоришҳои нав дар бораи фаҳмиши моҳияти донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, предмету усулҳои он пайдо шуданд. Рушди босуръати донишҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, сотсиологӣ, психологӣ, фалсафӣ ва фарҳангшиносӣ дар охири асри ХIХ аксари муҳаққиқонро водор сохт эътироф намоянд, ки илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ аз табиатшиносӣ комилан фарқ доранд, дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ муқаррароти методологии табиатшиносиро истифода бурдан мумкин нест. Ғоя дар бораи мақоми махсуси илмҳо дар бораи «рӯҳи инсон»-ро ҳанӯз Артур Шопенгауэр, Сёрен Керкегор, Николай Бердяев ва чандин файласуфони асри ХIХ–ибтидои асри ХХ ҷонибдорӣ намудаанд. Вале махсус масъалаи мақоми хоссаи илмҳои иҷтимоӣ–гуманитариро Вилгелм Дилтей, Георг Зиммел, Анри Бергсон, Генрих Риккерт, Вилгелм Винделбанд, Эдмунд Гуссерл ва дигарон таҳлил намудаанд. Дар асарҳои ин олимон ғояҳои нави ба натурализм зидбуда ва «мағз»-и назариявӣ-методологии марҳилаи ғайриклассикии инкишофи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитариро ташкилдиҳанда баён шудаанд.

Хусусияти марҳилаи ғайриклассикӣ дар он аст, ки акнун самти дониш ба омӯхтани ҳаёти одамон равона шуд, на ба омӯхтани ҳаёти табиат. Чунин самтгирӣ муҳаққиқонро бо чандин манзурҳои методологӣ, ҷамъбастсозиҳо, ки имрӯзҳо низ аҳамияти худро гум накардаанд, рӯбарӯ намуд. Якум, дар тафовут аз табиат, ки дар бораи мақсади пайдоишаш, будан ё набудани ҳудуди он, маҳз барои чӣ чунин будани қонунҳои он мо чизи аниқ гуфта наметавонем, алҳол ҳудуди мақсадҳо, қонунҳои фарҳанг аз диди пайдоиши таърихии мазмуни мушаххаси зуҳуротҳо ва мақсадгузории онҳо бештар фаҳмотар мебошанд. Дуюм, дар фаъолияти одамон ва маҳсули ин фаъолият (яъне дар фарҳанг) чунин қонунҳои устувори «абадӣ», ки мо дар табиат кашф мекунем ва барои шарҳдиҳии зуҳуроту равандҳои муайяни табиат истифода мебарем, вуҷуд надоранд. Бинобар ин, илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ на танҳо қонунҳои ҷамъияту маънавиётро маълум менамоянд, на танҳо фактҳоро тавсир ва низомнок мегардонанд, балки маъно ва арзиши онҳоро баён менамоянд. Онҳо усули беғаразонаю холисонаи таҳлилу баррасиро истифода карда наметавонанд, чунки таҷрибаи шахсии олим аҳамияти калон пайдо менамояд. Сеюм, омӯхтани зуҳуротҳои маънавӣ, зуҳуротҳои иҷтимоӣ дар доираи усулҳои миқдорӣ хеле маҳдуд аст. Истифодаи онҳо он самараи гносеологиеро, ки дар табиатшиносӣ медиҳад, дар ин ҷо дода наметавонад. Маълумот ва фактҳои ададӣ дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ҳамеша гуногун тафсир ва баҳодиҳӣ карда мешаванд. Масалан, афзоиши тавлид ё пастравии он дар назарияҳои Т.Р.Малтус ва К.Маркс гуногун тавсир ёфтааст, нобаробарӣ дар иқтисод ва ҳуқуқ метавонад гуногун баҳогузорӣ шавад ва ғайра. Чорум, илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ муколимаро ҳамчун усули методологӣ ба ҷараёни фаъолияти маърифатӣ дохил мекунанд. Ғайр аз ин, дар ин илмҳо як назарияи аз тарафи ҳамаи ҷамоаҳои илмии ҷаҳонӣ пазируфташуда нест ва буда ҳам наметавонад: баҳсу мунозираҳо нисбат ба ризоият бештар моҳияти «инсоншиносӣ»-ро баён мекунанд. Асосҳои бунёдии фалсафа, фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносӣ, илми иқтисодиёт ва ғайра хусусияти мубоҳисавии равшан ифодаёфта доранд. Ризоияти ҷамъиятӣ бо роҳи мувофиқагардонии ақидаҳои тарафҳои мухолифаткунанда ба даст оварда мешавад. Аммо ба ҳар ҳол донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ тамоман нисбӣ намебошанд, онҳоро маҷмӯи оддии ақидаҳо пиндоштан нодуруст аст. Дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ҷой доштани ҳақиқати объективӣ имконпазир аст, чунки объекти маърифат аз субъекти маърифат тафовут дорад, хулосаҳои ин илмҳо дар ҳолати аз санҷишҳоии далелӣ ва мантиқӣ нагузаштанашон метавонанд рад карда шаванд.

Илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар марҳилаи ғайриклассикӣ чунин усулҳои таҳқиқи равандҳо ва зуҳуротҳои фарҳанг, таърих, соҳаи маънавии ҳаёти инсон ва ҷамъиятро истифода мебаранд, ки онҳо дар марҳилаи классикӣ вуҷуд надоштанд. Инҳо пеш аз ҳама усулҳои феноменологӣ ва герменевтикӣ мебошанд. Усулҳои зикршуда метавонанд ҷиҳатҳои фардиятӣ-шахсӣ, расмиятӣ нашуда ва ҳатто ба тарзи интуитивӣ ифодашудаи иҷтимоиётро равшан намоянд. Олимоне,ки ин усулҳоро маълум ва истифода кардаанд (Анри Бергсон, Ганс Георг Гадамер, Kарл Ясперс, Мартин Хайдеггер, Хосе Ортега-и-Гассет), масъалаҳои «фаҳмиш», «фикри солим», «тафсир»-ро ҳамчун масъалаҳои муҳим барои донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ пешниҳод кардаанд.

Донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ дорои аҳамияти умумӣ нестанд, чунки дар донишҳои аҳамияти умумӣ дошта рӯҳи инсон, ҳиссиёти инсон, шахсияти инсон мавҷуд нест. Донишҳои дорои аҳамияти умум ҳаммаънои донишҳои илмӣ, зеҳнӣ ва (мутаассифона) аз шахс «ҷудобуда» мебошанд. Асоси «инсоншиносӣ»-и «ҳақиқӣ» – ин фаҳмиш ва фикри солим аст, ки нигоҳдошти хосиятҳои инсониятиро дар инсон имкон медиҳад. Фаҳмиш ва фикри солим бо таҷрибаи олами ахлоқии инсоният вобаста аст ва бинобар ин, инсонӣ аст. Фаҳмида тавонистан, фикри солим доштан баъзан аз донистан ҳам муҳимтар аст. Олими табиатшинос медонад. Файласуф ва психолог – мефаҳманд. Мисол, қонунҳои ҷанг нишон медиҳанд, ки пеш аз ҳама «қувваҳои зинда»-и душман ҳатман нобуд сохта шаванд. Вале дар ҳамаи ҷангҳо, ҳатто дар ҷангҳои «оштинопазир» фикри (ақли) солим мухолифонро маҷбур менамояд, ки роҳҳои сулҳбандӣ, асиршавӣ, ҳифзи ҳаёти одамонро пешниҳод намоянд. Донистани қонунҳои биологии ҳаёти инсон ба мо имкон медиҳад, ки ба сохтори генетикии инсон роҳ ёбем. Аммо фаҳмиши ғайриахлоқӣ будани ин «роҳёбӣ» моро водор месозад, ки аз тағйир додани коди генетикии одамон, клонсозӣ ва ғайра худдорӣ намоем.

Марҳилаи баъдиғайриклассикии инкишофи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ бо номҳои мутафаккирони машҳури Ғарб (асосан фаронсавӣ ва америкоӣ) Жил Делез, Жак Деррида, Жан Лиотар, Мишел Фуко, Р.Барт, Ж.Батай ва дигарон, ки эҷодиёташон ба солҳои 50–70-и асри ХХ рост меояд, алоқаманд мебошад. Ин марҳила дар адабиёти махсус ҳамчунин постмодернизм (равияи баъдиимрӯзигардонӣ) ва фалсафаи баъдимуосирӣ низ номгузорӣ мешавад. Азбаски ғояҳо ва асарҳои мутафаккирони постмодерн бениҳоят гуногунранг аст ва баёни онҳо дар доираи таълифоти мазкур мувофиқи мақсад нест, мо тасмим гирифтем, ки дар бораи чор аломатҳои муҳими донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарии баъдиғайриклассикӣ мухтасар истода гузарем.

Зуҳуротҳои нав дар инкишофи фарҳанги ҷамъият баъди солҳои 60–уми асри ХХ дар соҳаҳои санъат, иттилоот, илм, равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ роҳҳои нави дарк кардани олам ва ифодаи нави худэҳсоскунии инсони замонаи муосирро ба вуҷуд овард. Ғоя дар бораи арзиши «хаос» ва «олами бесарусомон» пешниҳод шуданд. Ба ҷои ғояи олами банизомомада ғояи «махлутсозии бетартиботӣ ба тартибот» омад. Олам пояи худро гум мекунад, маъною тартиботаш ва оқилона буданашро гум мекунад. Дар олам иттилоот беш аз беш аст ва ҳарчӣ камтар маъно, гуфта буд файласуфи постмодерн Ж.Бодрийяр.

Аз ин ҷост, ки дар фарҳанги ҷаҳони муосир «эътиқод ба маъно» коста мегардад ва шуури ҷамъият ҳамчун маҳсули дарк кардани бетартибият (хаос) – «ҳастии бемаъно» баён мегардад. Азбаски маъно бо тартибот (бонизомӣ, ҳамоҳангӣ) алоқаманд аст, бинобар ин, талафёбии маъно талафёбии тартиботро ифода менамояд.

Бо гуфтаҳои зикршуда фаҳмиши нави озодӣ ҳамчун «озодӣ аз ҳар он чизе, ки бошад», яъне озодӣ аз ҳаргуна меъёрҳо ва анъанаҳои ҳаёти ҷамъият, аз ҳамаи нуфузу нуфуздорон, пеш аз ҳама аз нуфузи давлат, дин, ахлоқ падид омад. Дар қатори чунин принсипҳои озодӣ ҳамчунин озодӣ аз ҳамагуна методологияи илмии эътирофи умум гардида, иловатан «озодӣ аз хирад» ҷойгир аст. Чунин «озодӣ» гӯё инсониятро аз ҳар хел ҷабри ҳукмфармо раҳо менамояд, ки ба ақидаи назариётчиёни постмодер ин «ҳадафи асосии инсоният» мебошад. Рӯй гардонидан аз хирад, албатта, рӯй гардонидан аз эътирофи арзиши ҳақиқати маърифатшуда мебошад, ки худи ин масъаларо бемаъно эълон медорад. Азбаски фаъолияти хирад тавассути забони ифодакунанда зуҳур меёбад, бинобар постмодернистҳо пешниҳод менамоянд, ки ҳукмфармоии қонунгузоронаи (илмии) хирад бо воситаи «вайрон кардани ҷумлабандии матнҳои том» ва «бетартибияти забонӣ» бартараф карда шавад.

Вайрон кардани тартиби ҷумлабандӣ (деконструксия) – ин амалҳои ба қабатҳо ва қисмҳо ҷудокунӣ, тақсимкунии сохторҳои лингвистӣ, этимологӣ, таърихӣ ва дигари гуфторҳо ва матнҳо бо мақсади муайянсозии мавҷудияти ниҳонии «дигарияти дигар» мебошад. Мисол, Жак Деррида гуфта буд, ки ҳар кадом матн даъфаҳои беохир тафсир шуданаш мумкин аст ва ҳар даъфа як хел дуруст ё як хел нодуруст. Р.Барт пешниҳод намуд, ки аз маънои устувори калимаҳо даст кашида шавад, ҳамон як ашё гуногун номгузорӣ шавад, меъёрҳои грамматикӣ ва услубӣ риоя карда нашавад, бо ҳамин «ҳукмронии забон» бартараф карда шавад. Ғояи «бозиҳо» бо аломатҳои ифодакунанда бартарӣ пайдо мекунад, ки дар амал ба интисохи мантиқ аз матн ва мулоҳизаҳо, ба кӯшиши «зистан аз рӯи ҳеҷ кадом қоида», ба муносибати тақлидкорона ва киноявӣ ба ҳар кадом зуҳуротҳои фарҳангии инсонӣ оварда мерасонад. Чунончӣ, Жан Лиотар иброз намудааст, ки ҳар кадом дониш «бозии забонӣ» буда, дар он субъект масъулияти маълум кардани қоидаи бозиро ба ӯҳдаи худ мегирад ва онро ҷорӣ менамояд. Муҳимаш дар дониш – ин навигарии сухангӯӣ аст, ки метавонад ҳаловат бахшад. Ғоя дар бораи моҳияти шаҳвонии забон пайдо шуд.

Яқин аст, ки дар ин ҳолат ҳамаи кӯшишҳои дарёфти моҳияти ҳастӣ, қонунҳои табиат, қонунҳои ҷамъият ва тафаккури инсонӣ бемаъно эълон карда мешаванд. Файласуфон ва олимоне, ки бо ин масъалаҳо сарукор доранд, «васвосӣ», «маҷзуб» ва «таҳрифкор» (дар самти фаъолияти маънавӣ) ном дода мешаванд. Воқеан, Жил Делез, ки чунин хислатҳоро ба нобиғаҳои илму фалсафа раво дида буд, худро низ ба «таҳрифкорон» мансуб донистааст.

Умуман марҳилаи баъдиғайриклассикӣ дар инкишофи донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ имрӯзҳо мубрамияти худро итмом бахшидааст. Ғояи асосии баъдиғайриклассикӣ – деконструксия (вайрон кардани тартиби ҷумлабандӣ) ба офаридани ғояҳои нави мусбӣ оварда нарасонид ва дар вайронсозиҳои сохторҳои гуногун баҳри вайронсозӣ нобуд шуд. Аммо чанде аз мавзӯъҳо ва масъалаҳое, ки файласуфони постмодерн бардоштанд, диққати олимонро ба худ ҷалб намуданд. Аз ҷумла, ғояи постмодерн дар назарияи «рушди гуногунсамти фарҳанг» ва назарияи садамаи Р.Том ба инобат гирифта шуда, ба тафсири комилан нави падидаҳои муваққатӣ (даргузаранда) дар синергетика мусоидат намуданд.

test

Добавить комментарий