Фанни Фалсафа

Хусусияти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ

10.1. МОНАНДӢ ВА ФАРҚИЯТИ «ИЛМ ДАР БОРАИ ТАБИАТ» ВА «ИЛМ ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТ»: ФАҲМИШИ МУОСИРИ МАСЪАЛА. ХУСУСИЯТИ ОБЪЕКТИ МАЪРИФАТИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ

Илмҳо дар бораи табиатро табиатшиносӣ меноманд. Дар ин илмҳо табиат ҳамчун макони ҳукмронии қонунҳо ва қонуниятҳо, ки кашфи онҳо мақсади фанҳои табиатшиносиро ташкил медиҳад, тасаввур мегардад. Илмҳо дар бораи ҷамъият умуман ҷамъиятро, ҷузъҳои асосии сохтории онро, қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва қонуниятҳои инкишофи онро, шаклҳои сохти ҷамъиятӣ ва ғайраро меомӯзанд. Онҳо масъалаҳои мавҷудияти инсон дар ҷомеаю таърихро ифода намуда, тарзи ҳаракати «нерӯи иҷтимоӣ», меъёру арзишҳои ҳаёту фаъолияти инсониро муайян менамоянд, дар дигаргунсозиҳои ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд.

Масъалаи таносуби илмҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносиро мавриди таҳқиқ қарор дода, муҳим аст, ки қайд намоем: а) донишҳои иҷтимоӣ-гуманитариро бо донишҳои табиатшиносӣ қаробатнок донистан нодуруст аст; б) донишҳои табиатшиносиро ба ҳадди меъёри мутлақ набояд пазируфт; в) донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва донишҳои табиатшиносӣ аз қабили донишҳои ҳамдигарро истиснокунанда намебошанд; г) бадному маҳкумсозии ҳам илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва ҳам табиатшиносӣ мутлақо нораво аст.

Масъалаи қонун ва қонуният аз масъалаҳои нозуктарини ҷамъиятшиносӣ ба шумор меравад. Зеро интихоби роҳҳои дарёфти қонуният дучори мушкилиҳо мегардад. Тасаввуроте мавҷуд аст, ки мувофиқи он ҷамъиятшиносӣ хусусияти субъективӣ дошта, бо баҳои фардӣ ва писанди шахсии муҳаққиқ асос ёфтааст. Дар баъзе ҳолатҳо бо назардошти ин тасаввурот қонуниятҳои инкишофи ҷамъият инкор карда мешаванд. Инкишофи ҷамъият баъзан ҳамчун қисми таҳаввулоти коинот баррасӣ мегардад ё ба инкишофи ғояҳо тобеъ карда мешавад.

Агар мавҷудияти қонунҳои ҷамъият эътироф карда шавад, пас бояд ба инобат гирифта шавад, ки: а) онҳо таърихӣ мебошанд, яъне амали онҳо бо замони мавҷудияти давраи муайяни инкишофи таърихӣ маҳдуд мебошанд. Аксари қонунҳои табиат, баръакс амали доимӣ ё дарозмуддат доранд; б) қонунҳои ҷамъият тавассути фаъолияти бошууронаи одамон вуҷуд дошта метавонанд, дар ҳолате, ки қонунҳои табиат худ ба худ, новобаста аз шууру иродаи одамон амал мекунанд. Физик ба «самимият»-и табиат умедвор аст. Ҷамъиятшинос дар ҳолате қарор дорад, ки бинобар тағйир ёфтани ақидаҳо, мақсадҳо, талаботҳо ва манфиатҳои одамон дар раванди фаъолият, дастрасгардонии онҳо низ мушкил мегардад. Ақида меравад, ки воқеияти иҷтимоӣ, ки дар он муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва психологӣ бо ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд, аз воқеияти табиӣ мураккабтар аст.

Ҷамъиятшиносӣ аз табиатшиносӣ ҳамчунин бо усулҳои тадқиқоташ фарқ дорад. Усулҳои таҷрибавии қиёс ва мушоҳида алҳол дар ҳардуи ин илмҳо истифода мешаванд. Аммо усули озмоишгузарониро, ки дар табиатшносӣ маъмул аст, дар маърифати ҷамъият тадбиқ кардан номумкин аст. Тафсир ва ҷамъбасти фактҳо, таҳлили мантиқӣ-назариявӣ, муайян кардани сабаби ягон зуҳурот, сохтани моделҳои инкишоф барои ин илмҳо умумӣ мебошанд. Дар сотсиология усулҳои миқдорӣ ва оморӣ истифода мешавад, ки аз наздикии ҷамъиятшиносӣ ба табиатшиносӣ далолат мекунад. Аммо барои маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ муайян кардани махсусияти сифатии ин ё он намуди зуҳуроти иҷтимоӣ бештар хос аст. Дар ҷамъиятшиносӣ фаҳмондадиҳии телеологӣ ва баёну маънидоди герменевтикӣ истифода мешаванд (телеология – аз юнонӣ, – мақсад + илм). Илмҳои иҷтимоӣ саршори матнҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва анъанаҳо мебошанд. Аз дониши иҷтимоӣ-гуманитарӣ «лаҳзаи шахсиятӣ»-ро, ки бо низоми муайяни арзишҳои ин ё он олим вобаста аст, истисно кардан имконнопазир аст. Бинобар ин, шарҳдиҳию тафсир хусусияти фарқкунандаи маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ мебошад.

Ба иддаои илмҳои иҷтимоӣ дар кашфи қонуниятҳо чунин далелҳои ҷиддӣ муқобил гузошта мешаванд: агар инқилоби мушаххас вобаста бо афзоиши норозигии қисми зиёди аҳолӣ маънидод карда шавад, пас дар ин маънидод муназзамият дар назар дошта мешавад, вале ифодаи қонунияти умумӣ дар бораи дараҷаю шакли норозигӣ ва шароити зиндагии инқилобофар бениҳоят мушкил аст.

Диалектикаи материалистӣ, ки ҷамъиятро низомнок меҳисобад, се қонуни куллии дар табиат, ҷамъият ва тафаккур амалкунандаро ҳақ мебарорад: қонуни ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳо, қонуни инкори инкор, қонуни баҳамгузарии тағйиротҳои миқдорӣ ва сифатӣ (қонуни якум ба сарчашмаи инкишоф, дуюм – ба самт ва сеюм – ба механизми инкишоф ишора менамоянд). Парадигмаи синергетика ҷамъиятро ҳамчун низоми кушоду худташкилёбанда медонад, ки дар он қонунҳои умумии «сабабӣ-натиҷавӣ» не, балки қонунҳои эҳтимолият ва оморӣ (статистикӣ) амал мекунанд.

Қонуниятҳои оморӣ бо забони тақсимшавандаҳои эҳтимолӣ ифода карда шуда, дар асоси бузургиҳои ададӣ ҳамчун қонунҳои зуҳуротҳои сершумор зоҳир мегарданд. Пиндошта мешавад, ки амали қонунҳои оморӣ дар ҷое ошкор мегардад, ки агар дар он ҷо дар як вақт дар қатори сабабҳои тасодуфии сершумор инчунин робитаҳои зарурӣ мавҷуд бошанд. Чунин қонунҳо такроршавии мутлақро кафолат дода наметвонанд, аммо дар ҳолати умумӣ ба онҳо ҳамчун ба қонуниятҳои сабабҳои доимӣ баҳо додан дуруст аст. Барои илмҳои иҷтимоӣ усули ҷудосозӣ, ки бо таҳқиқи зуҳуротҳои алоҳида вобаста аст, аҳамияти хоса дошта усули умумиятдиҳӣ, ки дар табиатшиносӣ аҳамияти муҳим дорад, мақоми дуюмдараҷа мегирад. Мубоҳисаю муоширати байни одамон низ дар донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ нақши муҳим доранд.

Масъалаи қонуниятҳои иҷтимоиро детерминизми ҷуғрофӣ ба тарзи худ ҳал намуда, афзалияти таъсири муҳити зистро ба ҷаҳонбинию ҷаҳондарккунии этносҳо (халқҳо, мардум) қайд мекунад. Вале шароитҳои ҷуғрофиро, масалан, дар аснои маънидоди хусусиятҳои санъат, анъанаю одатҳои ин ё он халқиятҳо ба инобат гирифтан мумкин аст, аммо аз тафсири шароити ҷуғрофӣ ҳосил кардани қонуниятҳои инкишофи иҷтимоӣ кори басо душвор аст.

Қонуниятӣ будани инкишофи ҷамъиятро инчунин ҷараёни инстинктивизм кӯшиши маънидод кардан дорад, ки инстинктҳо ва хоҳишҳоро, аз ҷумла гуруснагӣ, ташнагӣ, талаботи шаҳвонӣ ва ғайраро нерӯи ибтидоии иҷтимоӣ эълон кардааст.

Дар бораи табиатшиносию ҷамъиятшиносӣ сухан ронда, бояд чунин нишонаҳои умумиашонро ҷудо кард:

1. Ба раванду сохтори маърифати ҳардуи ин илмҳои номбаршуда махлут аст: а) мақсад – маърифати ҳақиқат; б) давраҳои тафсир ва ҷамъбасти далелу фактҳо; в) истифодаи таҳлили назариявӣ ва мантиқӣ; г) сохтани модели фикрии объекти маърифатшаванда; д) истифодаи абстраксияҳо ва мафҳумҳои умумӣ.

2. Ҳангоми маънидоди ҳодисоти иҷтимоӣ-таърихӣ дар баъзе ҳолатҳо қонунҳои умумии дар физика, кимиё, биология муайяншуда истифода мешаванд. Масалан, маълум кардани санаи таърихӣ аз рӯи ҳалқаҳои солонаи дарахтон бо истифодаи қонуниятҳои муайяни биологӣ асос меёбад. Ҳангоми санҷидани аслияти ҳуҷҷатҳо, расмҳо ва сиккаҳо аз усулҳои физикӣ ва кимиёвӣ истифода бурда мешавад.

3.Табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ ҳангоми ҷустуҷӯи қонуният сохторҳои умумии мантиқиро, ки экспланандум (тафсири зуҳурот) ва экспланансро (маҷмӯи ҳукмҳо, ки барои  маънидоди ягон зуҳурот оварда мешавад) дарбар мегирад, истифода менамоянд. Экспланандум бояд мантиқан аз эксплананс бароварда шавад – чунин аст шарти мантиқии айният. Эксплананс бо ҳамаи маводҳои таҷрибавӣ, ки шарти таҷрибавии айниятро ташкил медиҳанд, бояд тасдиқ гардад.

4.Ҳам дар табиатшиносӣ ва ҳам дар ҷамъиятшиносӣ принсипи маънидоди сабабӣ амал мекунад, ҳарчанд, ки байни маънидоди далелӣ ва сабабӣ фарқияти расмӣ вуҷуд дорад. Маънидоди далелӣ хусусияти телеологӣ дорад, аммо маънидоди сабабӣ бошад, хусусияти дедуктивӣ-номотетикӣ дорад. Дар табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ мафҳуми эмерҷент (аз англисӣ, – пайдоиш) истифода мешавад, ки бо ёрии он зуҳуротҳои нави назариявии ғайричашмдоштӣ, маънидоднашаванда ва пешгӯинашаванда ба қайд гирифта мешаванд.

Вале мутлақ донистани монандии табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ нодуруст аст. Масалан, ин ҳолат дар амали асосгузори позитивизм Огюст Конт (1798-1857) ба назар мерасад, ки вай сотсиологияро ҳамчун физикаи иҷтимоӣ эътироф намуда, ба он статикаи иҷтимоӣ ва динамикаи иҷтимоиро ворид карда буд. Файласуфони олмонӣ Вилгелм Винделбанд (1848-1915) ва Генрих Риккерт (1863-1936) байни табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ фарқият гузошта, илмҳои идиографӣ ва номотетикиро ҷудо мекунанд. Илмҳои идиографӣ зуҳуротҳои алоҳида ва такрорнопазирро тафсир намуда, ба омилҳои далелӣ-маъноӣ, арзишӣ ва вобастагии мақсаднок таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Илмҳои немотетикӣ хосияту ҳодисотҳои умумию такроршавандаро меомӯзанд.

Ҳамчунин таъкид бояд кард, ки дониши иҷтимоӣ-гуманитарӣ хусусияти илмӣ ва ғайриилмӣ (ормонӣ) пайдо карда метавонад. Фарқ кардани ин навъи донишҳо ба масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст. Чунончӣ, Ҷорҷ Сорос истилоҳи «илмҳои иҷтимоӣ»-ро «ибораи маҷозии бардурӯғ» ва донишҳои иҷтимоиро як намуди алкимиё фаҳмидааст.

Дар шароити имрӯза зарурати пайвастани илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ бо табиатшиносӣ масъалагузорӣ карда мешавад. Ба ақидаи аксари олимони номӣ  асоси чунин пайвастгардонии илмҳоро принсипи таҳаввулотгароии глобалӣ ташкил медиҳад, ки ба ташаккулёбии он мусоидат кардаанд: а) назарияи ғайристатсионарии олам; б) назариёти биосфера ва ноосфера; в) ғояи синергетика. Принсипи таҳаввулгароии глобалӣ имкон медиҳад, ки инсониятро ҳамчун маҳсули таҳаввулоти табиӣ ва тобеъи қонунҳои асосии он дониста шавад. Олимон қайд мекунанд, ки раванди таҳаввул аввал дар популятсия оғоз гардида, баъд этносро фарогир мешавад. Одамон, ки этносҳоро ташкил медиҳанд, иттилоотро дар бораи табиати атроф (обу ҳаво, захираҳо) ва муҳити иҷтимоӣ (рафтор, қонунҳои ҳамзистӣ) ҷамъ меоварданд ва ин иттилоот асоси мутобиқати мадании онҳо гардид. Анъанаҳои ҷамъиятро чун тимсоли ирсияти раванди таҳаввулоти биологӣ тафсир мекунанд. Оне, ки дар таҳаввули биологӣ «мутант» номида мешавад, дар таҳаввули иҷтимоӣ «бидъаткор» ва «муртад» номида шудааст. Ҳамаи инҳо фардҳое мебошанд, ки қобилияти ғайрианъанавии андешидан ва амал кардан дошта, қолаби муқаррарии ҳаётиро мешикананд.

Чуноне, ки таърих гувоҳӣ медиҳад, чунин  фардҳо («қолабшиканҳо») гирифтори таъқиб, нобудсозӣ ё каноришавӣ мегарданд. Дар таҳаввули иҷтимоӣ ду тарзи амалигардӣ имконпазир аст. Якум: аксарияти одамон ба афзоиши нуфуси аҳолӣ нигоҳ накарда, ҷойҳои муқимиашонро аз тарси дигар шудани шароит иваз кардан намехоҳанд. Дар ниҳояти кор, дар ин музофот фишори демографӣ эҳсос мегардад ва баъд аз он бӯҳрони демографӣ-экологӣ пайдо мешавад. Тарзи эҳтимолии танзим кардан ё раҳоӣ ёфтан аз чунин вазъияти ноқулайи баамаломада дар оғоз кардани ҷанг ё пешакунии сиёсати боздошти афзоиши демографӣ мебошад.

Роҳи дуюм бо фаъолияти «мутант»-ҳои иҷтимоӣ алоқаманд мебошад. Онҳо ҳамчун навоварони соҳаи иҷтимоӣ ва техникӣ ба ташаккули сохторҳои нави иҷтимоӣ, ки ҳолати демографиро танзим менамоянд, мусоидат карда, роҳҳои нави инкишофи ҷамъиятро кашф мекунанд. Вобаста ба ин онҳо ба такрористеҳсоли анъанаҳои насли кӯҳансол монеъа шуда, ба равандҳои иҷтимоӣ таъсири бузург мерасонанд. Ба туфайли навовариҳои онҳо ҷамъият ҷаҳиши сифатӣ мекунад. Дар баробари ин бояд қайд кард, ки таҳаввули ҷамъияти инсонии бо равандҳои робитаноки инкишофи сохторҳои иҷтимоӣ, шуури ҷамъиятӣ, низомномаҳои иқтисодӣ, илм, техника, маданияти моддӣ ва маънавӣ амалишаванда бояд бо нигаҳдошти асосҳои гинетикии намуди homo sapiеns воқеӣ гардад. Хусусияти таҳаввули муосири ҷамъияти инсонӣ пеш аз ҳама бо таҳаввули техникӣ-технологӣ вобастагӣ дорад. Таҳаввули техникӣ нисбат ба таҳаввули биологӣ босуръат афзоиш ёфта, таҳаввули ҳамҷояю ҳамоҳанги табиату инсониятро номумкин мегардонад. Дар натиҷа таҳаввули биологӣ аз таҳаввули техникӣ-технологӣ оқиб мемонад, ки ба пайдоиши бемориҳои давояшон номаълум, афзоиши фавт ва ноқисҳои гинетикӣ сабаб мегардад. Бинобар ин, амалигардонии принсипи ҳамтаҳаввулӣ – ин шарти зарурии таъмини ояндаи инсоният мебошад.

Хусусияти объекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ

Объекти илм он чизест, ки фаъолияти муҳаққиқ ба он равона карда шудааст ва ба ӯ ҳамчун воқеияти объективӣ муқобил меистад. Объекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ ин «воқеияти инсонӣ» бо ҳамаи мураккабию гуногунрангии ҳастии иҷтимоию таърихиаш мебошад. Ғайр аз таҷассуми берунаи маданияти моддӣ, гуногунии муносибатҳои ҷамъиятӣ, равандҳои соҳаи маънавӣ, инчунин ба объекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ иловатан худи инсон бо тафаккуру шуураш, ҳамчун ҷалбшуда ба робитаҳои ҷамъиятию шаклҳои коллективонаи фаъолият, дохил мешавад. Маълум аст, ки чунин объект дар асоси фанҳои табиатшиносӣ (анатомия, физиология, биология ва ғайра) мукаммал омӯхта нахоҳад шуд.

Хусусиятҳои муҳими объекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ нуқтаҳои зерин буда метавонанд: а) «инсонандозагӣ»: чунки инсон ҷанбаҳои иҷтимоию биологӣ ва маънавӣ дошта, имконияти ба рафти ҳодисоти иҷтимоӣ таъсир расониданро дорад ва бинобар ин, дар объекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ анбeҳи бешууронаю бошуурона, эҳсосотию хирадӣ ва ғайрихирадӣ бо ҳам печидаанд; б) гуногунтаркибии табиати он ва фавқулодда мураккабии он, чунки воқеияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ доимо аз тафаккур ва фаъолнокии инсон вобаста аст ва ногузирии иштибоҳ дар тафаккури иштирокчиёни ҳодисаҳои иҷтимоӣ ба ҳодисот хосиятҳои номуайянӣ ва гуногунтариқавӣ мебахшад; в) нодирӣ ва фардияти ҳодисоту зуҳуротҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, ки ҳамчун арзиш вонамуд мегарданд. Макс Вебер вобаста ба ин дар бораи воқеияти фардии фарҳангӣ-маънавӣ сухан рондааст, ки нисбати онҳо умумиятдиҳӣ ва ҷамъбастсозии дар табиатшиносӣ васеъ истифодашаванда то ҳадди лозима истифода шуда наметавонанд; г) бетанаффусият: объект ба бисёр наслҳо ва шаклҳои гуногуни тамаддунҳо «паҳн» мешавад, ченакҳои фардӣ ва иҷтимоиро дарбар мегирад. Масалан, арзишҳои маънавӣ ва принсипҳои ахлоқии ҷомеа аз насл ба насл мегузаранд; д) тағйирпазирӣ, яъне принсипи инкишоф ба объекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ тадбиқшаванда аст; е) объекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ мубталои озмоиш шуда наметавонад, ҳарчанд, ки озмоиш амали муҳимест дар табиатшиносӣ; ж) ба он «сабаби оянда» будан хос аст, ҳангоме, ки ҳолати тахминии объект аз бисёр ҷиҳат хати инкишофи ҳозираро муайян мекунад.

Хусусиятҳои номбаршудаи объекти иҷтимоӣ-гуманитарӣ ҳамчунин хусусияти маърифати онро муайян мекунанд: а) субъективияти инсониро аз донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ хориҷ карда намешавад. Дар ин донишҳо ба инобат гирифта мешавад, ки инсон ба ҳамаи ҳодисот ҳамроҳ буда, имконияти ба равандҳои иҷтимоӣ таъсир расониданро дорад. Аз ин сабаб, дар маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ ягонагии объективӣ ва субъективӣ ба назар гирифта мешавад; б) мазмуни донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ бояд ҳамеша тағйир ёбад, аз паи инкишофи объекти худ равон гардад; в) чунин маърифатро ба дараҷаи лозима сохторбандию навъбандӣ карда намешавад ва инчунин бо забони «дақиқ» пурра ифода карда намешавад. Барои забоне, ки бо он мазмуни донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ баён мешавад, образнокӣ, рамзият, истифодаи маҷозҳо хос буда, дастгоҳи мафҳумиаш аз мафҳумҳои антропология, маданиятшиносӣ, психология, сотсиология, сиёсатшиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ ва дигарҳо таркиб ёфтааст; г) таҳкурсии таҷрибавии маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ метавонад воқеанома, маводҳои бойгонӣ, бозёфтҳои археологӣ, ҳуҷҷатҳо, мактубҳо, навиштаҷотҳо ва ғайра бошад.

Объекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ ҳамчун низоми мураккаб усулҳои таҳқиқи худро муайян мекунад, ки аз ҷумла инҳо мебошанд: нуқтаи назари шарҳдиҳанда ва тафсирӣ, методикаҳои фаҳмондадиҳӣ, усулҳои оморӣ-эҳтимолӣ, инчунин усули танқиди зеҳнӣ, ки тартиботи воқеии ашёҳоро оштинопазирона зери танқид қарор медиҳад. Барои донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ «ягона назарияи ҳақиқӣ» ва «ягона тартиботи дурусти ҷамъиятӣ» вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин донишҳо ҳамчун маҷмӯи назарияҳо ва таълимотҳои сершумори рақобаткунанда зуҳур меёбанд.

Дар замони ҳозира муқобилгузории ҷомеаҳои кушод ва пӯшида, ҳамчун ду намуди ташкили воқеияти иҷтимоӣ, дар афкори ҷомеашиносӣ васеъ паҳн гардидааст. Хусусиятҳои асосии ҷомеаи пӯшида: авторитаризм, низоми сахти амру фармоишӣ, тартиботи дараҷаҳои мансабу мартаба, устуворӣ-карахтӣ, маҷбурсозӣ, тафаккури якранги «ҷамоати ҳамфикрон». Дар ҷомеаи пӯшида механизми таъсиру зӯроварӣ, тадбирҳои сӯйистифода аз идораи рафтори одамон бартарӣ дорад. Инкишофи ин ҷомеа ба худҳифзгардонӣ ва таъмини натиҷаи пешакӣ ба нақша гирифташуда равона шудааст. Дар ҷомеаи пӯшида муносибати одамон дар асоси меъёрҳои фавқулшахсӣ ба амал меояд, ки ба тарзи ғайриихтиёрӣ азбар карда шудаанд. Ҷомеаи пӯшида ба организм, ки тобеъи савқи табиӣ аст ва ҷомеаи кушод бо таъсиси озодонаи тобеъи хирад қиёс карда мешавад. (Анри Бергсон). Дар ҷомеаи кушод ташаббуси шахсӣ, муносибатҳои сермаҳсули ба тараққиёт самтгирифта тамоюлҳои афзалиятдор мебошанд. Шароити зиндагии шоиста, моликияти хусусӣ, озодӣ, адолат, ҳуқуқ, баробарҳуқуқӣ, мутаҳидӣ ва ғайра – арзишҳои ҷомеаи кушодро ташкил медиҳанд.

10.2. СУБЪЕКТИ ФАРДӢ ВА КОЛЛЕКТИВОНАИ МАЪРИФАТИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ

Ба таври умумӣ субъекти маърифат гуфта, фард ва гурӯҳи фардҳои фаъолона амалкунанда дар назар дошта мешавад. Бинобар ин, ҷоиз аст, ки ҳам дар бораи субъекти фардӣ ва ҳам дар бораи субъекти коллективонаи маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ сухан ронда шавад. Субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ ин мушоҳидакунандаи ғайрифаъол не, балки иштирокчии воқеии худи раванди маърифат аст.

Категорияи «субъект»-и маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ якчанд дараҷаҳои тафсири мазмунӣ дорад. Гуфтан мумкин: 1) дар бораи субъекти таҷрибавӣ, яъне дар бораи инсони дар таърих воқеан амалкунанда; 2) дар бораи субъекти коллективона, ки ба ҳайси он ҷамоатҳои илмии олимон буда метавонанд; 3) дар бораи субъекти транссенденталӣ, ки ҳамчун «шуур умуман» фаҳмида мешавад.

Субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ иштирокчии раванди маърифат мебошад, ки дар ҷараёни маърифати олам ба донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ мавқеи шахсии худро интиқол медиҳад, боргоҳи маданияти ҷаҳониро бо хусусиятҳои биниши шахсиаш ғанӣ мегардонад, донишҳои «шахсӣ» меофарад. Тасодуфӣ нест, ки ҳамаи намуду шаклҳои донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ бо номи муаллифонаш алоқаманд мебошанд. Аксари ин муаллифон ба равандҳои олам танқидӣ назар мекунанд, «оқилона будани воқеият» ва тартиботи мавҷудаи ашёҳоро ба зери шубҳа мегузоранд, аз чорчӯбаи анъанаю одатҳо берун мебароянд.

Намояндаи ҳар кадом халқият, олим, мутафаккир, адиб, эҷодкор, кинодраматург, инчунин пешво, роҳбар, ходими ҷамъиятӣ ва  дигарон ба сифати субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ шинохта шуданашон мумкин аст. Нафаре, ки равандҳои ҷамъиятиро таҳлил мекунад, рӯҳияи замонаро ва мақсаду мароми насли мавҷударо баён мекунад, дар инкишофи мазмунии донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ (дар соҳаҳои гуногуни фаннии он) ҳиссагузор аст, ҳамон нафар субъекти он аст. Аз мушоҳидаи силсилаи печ дар печи тасодуфии ҳодисот ва амалҳои инсонӣ субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ кӯшиш мекунад, ки қонуниятро дарёбад. Самти инкишофи воқеияти иҷтимоиро маънидод намуда, дар бораи нодирии шароити таърихӣ муҳокима ронда, ин субъект нерӯҳои вазифаи лоиҳавӣ-таҳрезкории тафаккурро истифода мебарад ва ин ё он модели  инкишофи иҷтимоиро метавонад пешниҳод созад.

Азбаски субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ ба олами зиндагӣ ворид аст, бинобар он, вай абстраксияи гносеологӣ набуда, балки мавҷудоти тому дар як вақт маърифаткунанда ва ботаасурот мебошад. Ҳангоми сифат кардани субъекти фардии маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ ин нуқтаҳо мавриди таваҷҷӯҳи махсус қарор мегиранд:

1. Салоҳияти ҳамаи пешоҳангҳо ва роҳбарони гуногунмартаба, яъне шахсоне, ки ягон ҷамоати иҷтимоиро бо худ муаррифӣ менамоянд, аз номи он баромад мекунанд ва дар бунёди образи иҷтимоӣ-фарҳангии воқеият овози ҳалкунандаро соҳибӣ мекунанд. Субъекти фардии чунин хосиятдошта бояд ғояҳо, рӯҳия, саъю кӯшиши одамонро ҷамъбаст намуда, ҳарчӣ эътимодбахш баён намояд ва ба масъалаҳои замона баҳо диҳад, пешомади нави ҷамъиятӣ ва тағйиротҳои мусбиро дида тавонад. Субъекти фардии иҷтимоӣ-гуманитарӣ иловатан ба сифатҳои фаъолнокӣ, соҳибиродагӣ, масъулиятшиносӣ, инчунин бояд сифати патерналистӣ (патер – аз лотинӣ, – падар), саъю кӯшиши муттаҳидсозӣ барои фаъолияти ҳамҷояро дошта бошад. Фаъолияти ӯ доштани ҳам барномаи аниқи амал ва ҳам қобилияти дарки саривақтию ҳалли бобарорро тақозо мекунад, ки бояд бо худдорӣ аз амалҳои ифротии (максималистии) шитобкорона пайваста бошад. Маҳз дар ин ҷо фаъолнокии субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ яқинтар зуҳур меёбад, мувофиқати субъекти маърифат ва субъекти амал ошкор мешавад.

2. Хусусияти фарқкунандаи субъекти донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ инчунин дар он мебошад, ки вай нисбат ба масъалаҳои ҳастии фардию умумиинсонӣ мулоҳизаи мукаммал дорад. Кӯшиши донистани моҳияти замона, мавқеи инсон дар олам ва маъною таъиноти вай, тағйироти таъриху фарҳанг ва дигар масъалаҳо мутаносибан ҳалли худро металабанд. Бинобар он, муҳокимаи ғанӣ, фасеҳу дар як вақт дақиқ, далелнок ва боварибахш – ин ташкилдиҳандаҳои зарури лабораторияи ботинии субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ мебошанд.

3. Субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ объекти худро омӯхта, дар як вақт масъалаи худамалисозиашро ҳал менамояд, чунки асарҳои офаридааш аз нерӯҳои имконии худи инсон-эҷодкор дарак медиҳанд, давомёбии ҳёти мавнавии ӯро таъмин менамоянд.

4. Субъекти иҷтимоӣ-гуманитарӣ хусусияти истифода кардани қобилияти баланди шуур (мантиқи мавзун ва далелноккунӣ) ва инчунин нерӯҳои бешууронаю ҷаҳонфаҳмии фаросатиро дорад. Маҳз дар соҳаи дониши иҷтимоӣ-гуманитарӣ гуногунии шаклҳои дониш (илмӣ, муқаррарӣ, бадеӣ, динӣ, бозӣ, шаклҳои фикрии амалия ва технология) зоҳир мешаванд ва бо ҳам устувор мепайванданд.

5). Барои субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ мақсаду арзишҳои ҳақиқатан гуманистӣ аҳамияти калон доранд. Тафаккури ӯ бояд самти мусбӣ ва созанда дошта бошад. Образи олам, ки илмҳои гуманитарӣ меофаранд, бояд бо «охирату қиёмат» алоқаманд набошад, балки бо некбинӣ, бо фаҳмиши зарурати таъмини тараққиёти аҳли инсоният саршор бошад.

6. Ба дӯши олим-намояндаи донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ вазифаи бузург вогузор шудааст. Ӯ дар амалгардонии назорати гуманитарӣ дар соҳаҳои энергетикаи атомӣ, муҳандисияи генӣ, таъсири психологӣ ва ғайра ба сифати коршинос (эксперт) баромад мекунад. Илми иҷтимоӣ-гуманитарӣ вазифаи таъмини ахлоқияти илми муосирро пурра ба ӯҳдаи худ гирифтааст. Олимони соҳаи иҷтимоӣ-гуманитарӣ ба саодату накӯаҳволии инсоният бепарво нестанд. Онҳо тарафдорони устуворгадии арзишҳои асили фарҳангӣ мебошанд, аҳамияти эҳсосот, таасурот, эътиқод ва идеалҳоро дар ҳаёти инсон хуб мефаҳманд.

7. Субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ самтгири усулҳои илмҳои техникӣ ва табиатшиносӣ, аз ҷумла усули риёзигардонӣ буда наметавонад, чунки ин амал ба коҳишёбӣ дар шаклҳои механитсизм, физикализм ва биологизм оварда мерасонад. Агар дар табиатшиносӣ шакли дарки объект монолог бошад (чунки табиат «хомӯш» аст), пас субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ ба муколама омода аст (дар назар дошта шудааст, муколамаи фарҳангҳо, матнҳо, муаллифон, муколамавӣ будани фаҳмиш). «Забони холиси мушоҳида» вуҷуд надорад. Субъект худаш таҷрибаро меофарад, ғанӣ мегардонад ва бо ҳамин воқеияти иҳотакардаи фарҳангӣ-таърихиро тағйир медиҳад. Дар салоҳияти ӯ таъкид кардани аҳамияти санъат, адабиёт, ахлоқу маънавиёт дар ҳаёти ҷамъият ва дар ҳалли масъалаҳои мубрами мавҷудияти инсонӣ мебошад.

Толкотт Парсонс зарурати мубодилаи мутаносибу ногусастании байни ҷамъият ва олимонро қайд намудааст. Ин андешаҳои Толкотт Парсонс дар ҷамъияти баъдибӯҳронии мо дастгирӣ намеёбад: муносибат ба кормандони соҳаи илм бепарвоёна буда, дар ҳаққи онҳо ғамхории лозима карда намешавад. Таҳлили мақоми олими муосири тоҷик дар доираи масъалаҳои сершумори ҳастии ӯ (психологӣ, моддӣ, ниҳодӣ, касбӣ ва ғайра) ба хулосаҳои таскиннопазир меоваранд. Чунончӣ, аз рӯи нишондиҳандаи иқтисодӣ олими муосир то ҳадди тоқатнофарсо расидааст. Иқтидору нерӯи олимон пурра истифода бурда намешванд. Дар чандин давлатҳои Европа ҷалб кардани олимони шоиста ба ҷараёни муҳокимаи қарорҳои муҳими давлатию идоракунӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ин таҷриба сазовари ибрат аст.

Паул Фейерабенд ба саволи гузоштааш «шахсияти олими муосири мо чӣ гуна аст?» посух дода, сифати назариявии дӯсташ файласуф Имре Лакатосро тасвир намудааст. Олиме, ки аз созишкории сабабаш тарс (конформизм) даст мекашад, метавонад ба комёбӣ ноил гардад. Вай бо тамоми ҳастиаш шарафи илмиро ҳифз менамояд, ба ҳеҷ кадом ташкилот ва идеология абадан дӯстдорӣ ё бадбинӣ намекунад. Шахсияти олими муосир дутаасурота аст: ӯ дар алоҳидагӣ ё тавассути гурӯҳи муташаккил ба мақсадҳояш  мерасад.

Мафҳуми «субъекти коллективона» ифодакунандаи низоми муташаккил мебошад, ки аз ҷамъи муҳаққиқони дар ин соҳа машғулбуда таркиб ёфтааст.

Субъекти коллективонаи маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва паҳнкунандаи ғояҳои такмили ҷамъият, чуноне, ки таърих гувоҳӣ медиҳад, зиёиён буданд. Зиёиён ба далелнок намудан аз номи хирад ва виҷдон, ки бо эҳсосу таасурот дар бораи идеалҳо, маъсулият, адолат, нафъи умум ва лаҳзаи ҷорӣ алоқаманд аст, доимо тайёранд. Зиёӣ ба афзалияти дағалона дар соҳаи иҷтимоӣ моил нест ва бинобар ин, чун қоида ҷоҳилиро тарафдорӣ намекунад. Инкор кардани нақши созандагии зӯроварӣ – ин яке аз сифатҳои муҳими зиёӣ будан мебошад.

Аммо бароии фаъолияти солими субъекти коллективонаи маърифат ғайр аз зиёиён, инчунин миқдори муайяни одамоне, лозиманд, ки анбӯҳи навовариҳои зеҳниро тақвият бахшанд ва қобилияти ташаббуси зеҳнӣ дошта бошанд. Субъекти фардии маърифат ташаббускори ғояҳои «аҳмақона» (Н.Бор) буда метавонад, ки аксаран бо гузашти чанд вақт дархост мешавад ва аз ҷониби ҷомеаи илмӣ пазируфта мешавад. Субъекти коллективонаи маърифат бошад, ба коркарди стратегияи умумии кофтукови илмӣ, ки намояндагони обрӯманди тахассусҳои ҷомеаи илмӣ маъқул шуморидаанд, ҷавобгӯ аст. Стратегияи интихобшуда ва муттаҳидсозии алоқамандонаи асосҳо, қонунҳо, принсипҳо, дастгоҳи мафҳумии ин ё он соҳаи фаннӣ ифодаи худро дар китобҳои таълимӣ ва дастурамалҳои таълимӣ пайдо менамоянд, ки дар онҳо асосҳои бунёдии ин ё он фан оварда шудаанд.

Ба хусусиятҳои фаъолияти субъекти коллективонаи маърифат мансуб мебошанд: зарурати дифоъ ва оммавӣ гардонидани дастовардҳои нави илмӣ, ташкили конфронсҳо, чопи нашрияи илмӣ. Дар замони муосир вобаста ба пешрафти технологияи иттилоотӣ ҳаҷми ахбор, суръати коркарду интиқоли он чандинкарата афзудааст. Истифодаи оммавии Интернет, ки ахбори гуногунрангу гуногунмазмун пешкаш менамояд, интихобу интиқоли донишҳои муҳимро душвор мегардонад ва стандартҳои ҷиддии таълиму назариётҳоро вайрон мекунад. Вобаста ба ин, ҳангоми таҳлили хусусиятҳои субъекти  коллективонаи маърифат омӯхтани робитаҳои байни субъектҳо, ки сифатҳои муайяни байнисубъективӣ ва аҳамияти оммавӣ-иҷтимоӣ доранд, хеле муҳим аст.

Сохтори субъекти коллективона таърихан таҳаввул ёфтааст. Аз ҷумла, ҳамкории олимон ва муносибати байни аъзоёни ҷомеаи илмӣ дар тӯли таърих тағйир меёфтанд – аз литсейҳои атиқӣ ва академияҳо то донишгоҳҳои имрӯза. Муҳимтарин қисми сохтории субъекти коллективонаи маърифат ин мактабҳои илмӣ мебошанд. Мактабҳои илмӣ – ин сохторҳои илмии муташаккил ва идорашаванда мебошанд, ки бо умумияти мавзӯъ, барномаи тадқиқотӣ, услуби тафаккур муттаҳид гаштаанд ва чун қоида, олимони варзида ба он роҳбарӣ мекунанд. Баъди интишори асари Томас Кун «Сохтори инқилобҳои илмӣ», бо «субъекти коллективонаи»-и маърифат ҷамоати илмӣ ифода карда мешавад, ки чунин маънидод шуданаш мумкин аст: а) ҳамчун ҷомеаи ҳамаи олимон (яъне аҳли кормандан ва ходимони улум); б) ҳамчун ҷомеаи илмии миллӣ; в) ҳамчун ҷомеаи мутахассисони соҳаи муайяни дониш; г) ҳамчун гурӯҳи муҳаққиқон, ки дар ҳалли ягон масъала муттаҳид шудаанд. Муҳим аст, ки мувофиқати фаҳмиши хусусияту вазифаҳои фанни соҳавӣ ва сохтори тафаккур дар асоси комёбиҳои маълумбуда ҷой дошта бошад. Барои субъекти коллективона мувофиқгардонии баҳогузориҳо ба натиҷаҳои фаъолияти маърифатӣ, низоми ягонаи меъёру идеалҳои фаъолияти илмӣ, инчунин забони ягона, маҷмӯи тартибу одатҳои шабоҳатнок ва тафсиркунӣ хос мебошад.

Азбаски субъекти коллективонаи маърифат соҳаи муайяни предметро меомӯзад ва дигар соҳаҳо аз мадди назараш дур мемонанд, бинобар ин, яке аз хислатҳои зарураш иртиботпайдокунӣ мебошад. Сифати байнифаннии субъекти коллективонаи маърифат муҳимтар мегардад, ки дар он мутаҳидшавии олимони соҳаҳою фанҳои гуногунро ҳамчун сабабгорони муваффақияту маҳсулнокии назарияю ғояҳои нав, дар назар дошта мешавад. Байнифанният дар худ механизми «маълумшавӣ»-и фанҳо ба ҳамдигарашон, пуррагардонии ҳамдигар ва инчунин ғанигардонии тарафайнро дорад. Барои гузаронидани тадқиқоти пурсамар аъзоёни коллективи байнифаннӣ дар аксар ҳолатҳо ба гурӯҳҳои масоилӣ ҷудо мешаванд.

Коллективи байнифаннӣ ҳамчун субъекти коллективонаи ҷараёни маърифат аз мактаби илмӣ бо он фарқ мекунад, ки вай олимони сатҳи гуногуни тайёрию мӯтақидии назариявӣ дошта ва гуногунманфиатро фаро мегирад. Аммо барои мактабҳои илмӣ чунин ҳолати таркибёбию ташкилшавӣ номумкин аст. Зеро коллективи мактаби илмӣ бо дастури ягона, ғояҳо ва ақидаҳои барои ин коллектив умумӣ мутаҳид карда шудааст. Ин гурӯҳи ҳамфикроне мебошад, ки дар атрофи роҳбари худ – тавлидгари  ғояҳо ҷамъ  омадаанд. Дар марҳилаи ҳозираи инкишофи илм дар бораи пайдоиши шаклҳои дурагаи (гибрид – истилоҳ аз П.Вайнгарт) ташкили фаъолияти олимон сухан карда мешавад, ки маънояш пайвастани кормандони илм аз як намуди фаъолият ба дигараш мебошад.

Аз рӯи сохтораш субъекти коллективонаи маърифат ба муҳити ғурӯшавӣ шабоҳат дорад. «Ғурӯшаҳо», яъне гурӯҳи муттаҳиди илмӣ, ки унсурҳои нави илмиро коллективона меофарад, ҳаққоният, эътимодбахшӣ ва бозёфтӣ будани онро дар мунозира бо дигар гурӯҳҳои илмӣ дифоъ менамояд. Барои дифои коллективонаи фанни илмӣ дар ҳама замонаҳо дараҷаи лозимаи ҳамоҳангии илмии мақсадҳои зеҳнӣ ва дастуроти фаннӣ талаб карда мешуд. Бинобар ин, ҳамеша нақши хоссаи роҳбарон ва нуфузмандон дар ҷомеаи илмӣ махсус қайд карда мешуд.

Хислатҳои афзалиятдоштаи ҳам субъекти фардии маърифат ва ҳам субъекти коллективонаи маърифат аз инҳо иборат мебошанд: а) хусусияти умумии меҳнати илмӣ, ки ҳамчун ошкоршавии натиҷаҳои илмӣ, сарвати умум гаштани он фаҳмида мешавад; б) объективӣ ва эътимодбахш будани натиҷаҳои бадастомада; в) холискорӣ, ки ба мақсади умумии илм – дарёфти ҳақиқат мувофиқ аст; г) муносибати инъикосӣ-танқидӣ ба натиҷаҳои кори худ ва ҳамкорон. Шиори фаъолияти субъекти маърифат ҳамеша чунин буд: «Донистан барои пешбинӣ, пешбинӣ барои дуруст амал кардан».

10.3. КАТЕГОРИЯИ ВАҚТ, ФАЗО, ХРОНОТОП ДАР ДОНИШ ВА  МАЪРИФАТИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ

Вақти объективӣ ва субъективӣ

Инсон дар ҳаёти ҳаррӯзааш оламро дар сатҳи муроқибаи ҳиссӣ дарк мекунад, ки дар он материя, ҳаракат, вақт ва фазо аз ҳамдигар ҷудо нестанд. Ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ вақту фазои «холис», ҷисмҳои моддии берун аз вақту фазоро дарк накардааст. Аммо фалсафа дар давоми таърихи худ кӯшидааст, ки чӣ будани вақт ва фазоро фаҳмад.

Арасту вақт ва ҳаракатро айният дода, навишта буд, ки ҳам дар вақт ва ҳам дар ҳаракат ҳамеша ҳолати «пеш» ва «баъд» вуҷуд дорад. Маҳз вобаста ба ҳаракат мо «ҳоло»-ҳои фарқиятдоштаро мефаҳмем. Вақт – ин тартиби «ҳоло»-ҳо, ивазшавии онҳо, шумораи онҳо мебошад. Вақт – «миқдори ҳаракат вобаста ба ҳолати гузашта ва оянда» мебошад.

Исаак Нютон дар бораи вақти мутлақ сухан карда, қайд намудааст, ки вай «худ ба худ аз рӯи моҳияташ, бе ягон робита ба чизи беруна, баробар ҷорӣ мешавад ва ба тарзи дигар дарозӣ номида мешавад». Инчунин И.Нютон фазои мутлақро «махзан»-и ҷисмҳо номидааст. Таърихан дар давоми асрҳои ХVIII-ҶIҶ назариёти вақти мутлақ ва фазои мутлақ (баъзан субстансионалӣ меноманд) дар фалсафа ва табиатшиносӣ назарияи асосӣ буд.

Ин назариёт метафизикӣ буд, чунки дар он робитаи материяи муҳаррикро бо фазо ва вақт ба инобат гирифта намешуд: эътироф мешуд, ки фазои «холис»-и берун аз материя ё вақти «холис»-и бо равандҳои моддӣ умуман новобаста вуҷуд дошта метавониста бошад. Ба ҳар ҳол ин тасаввуроти метафизикӣ дар бораи фазо ва вақт асосҳои таҷрибавии худро дошт. Дар олами кабир, ки муҳити асосии зиндагии инсон аст, робитаи бевоситаи фазо, вақт ва ашёи ҳаракаткунанда эҳсос карда намешавад. Объект мумкин аст, ки аз ҷои муайяне дур шавад, аммо баъди ин худи ҷои фазоӣ тағйир намеёбад ва дур намешавад. Ҳамин тарз, вақт низ ҳамчун ба объект муносибатнадошта фаҳмида мешуд.

Ҳанӯз дар даврае, ки илм метафизикию механистӣ буд, ин тасаввуротҳо мавриди танқиди Г.Гегел қарор гирифтанд. «Мо, – менависад ӯ, – ҳеҷ кадом фазоро маълум карда наметавонем, ки фазои мустақил бошад; вай ҳамеша фазои фарогирифта мебошад ва аз фарогирифтаҳои худ тафовут надорад», «на дар вақт ҳама чиз пайдо ва табдил мешавад, балки худи вақт ҳамин ташаккулёбӣ, пайдоиш ва гузариш мебошад». Яъне ҳанӯз то Алберт Эйнштейн файласуф Г.Гегел дар асоси методи диалектикӣ доир ба алоқамандии материя, вақт ва фазо хулоса кардааст. Далелҳои илми табитшиносӣ, ки тасаввуроти метафизикии табиати фазо ва вақтро инкор мекарданд, танҳо дар охири асри ХIХ ҷамъ  карда шуданд.

Дар назарияи махсуси нисбият (соли 1905) Алберт Эйнштейн муайян намуд, ки хосиятҳои геометрии фазо ва вақт аз тақсим шудани ҷисмҳои ҷозибавӣ дар онҳо вобастаанд: дар қарибии объектҳои вазнин хосиятҳои геометрии фазо ва вақт аз евклидӣ ба дуршавӣ дучор мешавад ва суръатнокии вақтӣ суст мегардад. Назарияи умумии нисбият, ки соли 1916 Алберт Эйнштейн анҷом бахшид, вобастагии хосиятҳои фазоӣ-вақтиро аз суръати ҳаракат ва таъсири мутақобилаи низомҳои моддӣ нишон дод: ҳангоми наздик шудани суръати ҳаракати ҷисм ба суръати рӯшноӣ вазн меафзояд, аммо ҷараёнҳои вақтӣ суст мешаванд. Худи Алберт Эйнштейн моҳияти назарияи нисбиятро шарҳ дода, навишта буд: «Моҳият ин тавр аст: пештар чунин мешумориданд, ки агар бо мӯъҷизае ҳамаи чизҳои моддӣ якбора нест мешуд, пас фазо ва вақт боқӣ мемонд. Мувофиқи назарияи нисбият бошад, якҷоя бо чизҳо ҳам фазо ва ҳам вақт нест бояд шавад».

Вақти объективӣ – ин шакли мавҷудияти материя мебошад, ки давомнокии мавҷудияти ҳамаи объектҳо, тартиби ивазшавии ҳолати онҳо, яъне тағйирот ва инкишофро ифода менамояд. Вақт на танҳо тартиби вақтиро ташкил медиҳад, ҳамчунин сохтори сабабии оламро ифода менамояд. Хосияти умумӣ доштани вақт маънои онро дорад, ки вай ба ҳамаи сохторҳои ҳастӣ мансуб буда, аммо дар ҳар кадом сатҳи ташкили материя худро мушаххас баён месозад.

Вобаста ба ин, дар бораи микро -, макро – ва мегаолам, материяи зинда (вақти биологӣ ва психологӣ) ва ташкили иҷтимоии материя (вақти иҷтимоӣ) ҳарф мезананд. Объективӣ будани вақт маънои онро дорад, ки вай дар мағзи ҳамаи сохторҳои ҳастӣ, новобаста аз имконияти идрокшавӣ ё идрокнашавиашон, ҷой дорад.

Олимон хосиятҳои метрикӣ (ченакӣ) ва топогенӣ (мавзеӣ)–и вақтро ҷудо мекунанд. Дарозӣ ва лаҳза хусусиятҳои асосии метрикии вақт мебошанд. Лаҳза – ин ҳадди тақсимнашаванда, ё худ кванти дарозӣ мебошад. Дарозӣ ҳамчун маҷмӯи лаҳзаҳое, ки дар байни лаҳзаҳои ибтидоӣ ва интиҳоии мавҷудияти объект ҷойгиранд, фаҳмида мешавад. Дарозӣ – ин давомнокӣ мебошад, ки дар муддати он мавҷудияти объект нигоҳ дошта мешавад. Лаҳза ва дарозӣ хосиятҳои ҷудонашаванда, сабаби ҳамдигарӣ ва мутақобилаи вақт мебошанд.

Ба хосиятҳои топологии вақт яксамтӣ, якандозагӣ, барнагардандагӣ мансуб мебошанд. Бояд қайд намуд, ки ин хосиятҳои зикрёфта то имрӯз дар адабиёти илмӣ ба таври бояду шояд асосманд карда нашудаанд. Инҷо бомаврид аст, ки дар бораи аҷибият (парадокс)-и вақт хотиррасон намоем. Аҷибияти вақтро Арасту мухтасар ифода карда буд ва Августини Муқаддас ба он илова дохил намуд. Арасту чунин музоҳиза рондааст: «Гузашта аллакай вуҷуд надорад, оянда ҳанӯз мавҷуд нест, бинобар ин, танҳо ҳозира мавҷудияти воқеӣ (актуалӣ) дорад». Агар тахмин кунем, ки худи ҳозира ба лаҳзаи бедарозӣ тӯл мекашад, он гоҳ хулосаи Августин дар бораи он, ки ҳозира ҳамчунин вуҷуд надорад, ҳаққонӣ мебошад. Ҳамин тавр, ба назар мерасад, ки гӯё вақт умуман воқеият надошта бошад. Ин хулосаи нодуруст дар бораи «ғайб задани вақт» вобаста аз фарзияи берун аз объектҳои моддӣ вуҷуд доштани вақт бармеояд.

Вақт – яке аз падидаҳои нодир аст, ки бо ду тарз тафсир карда мешавад: а) гузашта-ҳозира-оянда; б) пештар-дар як вақт-дертар. Ин намуди тафсирҳо вобаста ба он далел аст, ки дар фаҳмидани вақт ҳам ҷиҳати меъёри миқдорӣ ва ҳам тобиши субъективӣ-психологии дарки ҷараёни вақт, баҳои ҷаҳонбинонаи маҷрои вақт ҳузур доранд. Дар мавриде, ки хусусияти миқдории вақт қайд карда мешавад, он гоҳ тафсири дуюм авлотар дониста мешавад. Маслан, 4–дақиқа пештар, 5–дақиқа дертар ва ғайра. Ҳампайвандии мафҳумҳои «гузашта-ҳозира-оянда» барои беҳтар баён кардани тасвири психологӣ ва сифатан мазмунии вақт истифода мешавад. Ин ду забони вақтӣ соли 1908 аз ҷониби Ҷон Мак Таггар ҷудо ва ҳудудгузорӣ карда шудааст, ки тавассути он муайян кардани тафовути вақтҳои объективӣ ва субъективӣ муяссар гардид. Ҳодисоти гузашта, ҳозира ва оянда муайянияти вақтии худро бетанаффус иваз мекунад: ҳодисаи гузашта боз ҳам дуртар ва оянда боз ҳам наздиктар мешавад. Вақти ҳамчун дарозии ченакикунонидашуда дар ҳаёти инсон аҳамияти калон дорад. Фард ба ҷараёнҳои вақтӣ ҳамчун мушоҳидачӣ ва иштирокчӣ ворид буда, рафту маҷрои ҳодисот аз бисёр ҷиҳат бо ӯ вобаста мешаванд. Мафҳуми вақти субъективӣ маҳз ҳамин вобастагиро инъикос менамояд. Агар инсон аз болои вақти физикӣ ҳокимӣ надошта бошад, пас ташкил намудани ҳаёту фаъолияташ ва мавзунияти онҳo аз инсон вобастаанд. Инсон дар вақт хосияту қобилиятҳояшро ошкор мекунад, то ки вақтро судманд ва оқилона истифода намояд. Аз нуқтаи назари таҳлили тарҷеӣ (ретроспективӣ) ҳамаи ҳодисаҳо дар хати занҷираи вобастагӣ саф оростаанд ва алоқаи ҷиддӣ ва аниқӣ байни гузашта, ҳозира ва оянда ба назар мерасад. Аммо ба оянда назар афкандан кифоя аст, ки маълум намоем – оянда ҳолати пешакӣ додашуда набуда, аз фаъолият ва интихоби инсон вобаста мебошад. Файласуфи олмонӣ Ганс Рейхенбах вобаста ба ин масъала қайд карда буд, ки мо гузаштаро тағйир дода наметавонем, аммо мо метавонем ояндаро тағйир диҳем. Мо зикри воқеаи гузаштаро карда метавонем, аммо ояндаро не.

Қайд кардан мумкин аст, ки мавҷудияти инсон ҳамчун: а) макросистемаи мураккаб; б) организми зинда ва в) мавҷудоти иҷтимоӣ гӯё, ки дар миқёси гуногуни вақтӣ бо суръатҳои нисбати ҳамдигаронаш гуногун дар ҳамон меъёри ягонаи вақти физикӣ мегузарад.

Вақти субъективӣ – ин дарозии ченакикунонидашудаи аз вақти объективӣ сифатан фарқкунанда мебошад, ки дар шуури мо дар асоси ҳаҷми иттилооти хотираи психологиамон силсилаи ҳодисоту ҳолатҳои баргузоршуда, мавҷуда ва эҳтимолиро инъикос менамояд. Вай тобиши рӯҳиявӣ (психологӣ) дошта аз шиддати ҳиссиёти ботинӣ, таҷрибаи рӯҳ, хотира, тасаввурот ва ғайрати инсон вобаста мебошад. Вақти субъективӣ манзараи иттилоотиро таҷдид намуда, на танҳо ба мавҷудияти физикии гузаштаю ҳозираи ҳодисоту равандҳо, ҳамчунин ба аҳамиятнокии онҳо барои инсон ишорат менамояд.

Дар доираи вақти субъективӣ инъикоси назариётӣ ва идрокии вақт фарқ карда мешаванд. Инъикоси назариётӣ тавассути донишу тасаввуротҳоямон амалӣ мешавад. Инъикоси идрокии вақт – ин эҳсоси вақт дар дарки ҳиссии одамон аст. Вақти субъективӣ ба монанди вақти объективӣ андозанок аст: гузашта, ҳозира, оянда. Аммо бо ҳамин фарқият, ки дар вақти субъективӣ табдили иттилоотӣ-имконӣ мумкин аст: яъне инсони воқеан ва ҷисман дар вақти ҳозира мавҷудбуда имкон дорад, ки ба кӯдакӣ «ғарқ» гардад, аз таасуроти гузашта ба ваҷҳ ояд, гаронии талафоти имкониро эҳсос намояд ва ғайра. Ба вақти субъективӣ ҳаракат бо тири вақт аз лаҳзаи ҳозира ба оянда ва гузашта ё такрор намудани ҳодисоти ҳозира дар таасурот хос аст. Вақти субъективӣ ба равандҳои воқеии гузаштаистода хусусияти аҳамиятнокӣ мебахшад, баҳо, эҳсосот ва  шиддати  таасуротро ба он мегузаронад. Вақти субъективӣ умуман нобаробар буда, дар он ченаки ягонаи ҳақиқӣ вуҷуд надорад.

Нақшҳои ҳодисоту ҳолатҳои азбайнрафта дар сохтори нейронии мағзи сар боқӣ мемонанд ва аз ин «бойгонӣ» бозгирифтаю фаъол гардонида мешаванд. Офарандаи кибернетика Норберт Винер фарзия баён карда буд, ки мувофиқи он дарки фаросатии вақт бо назми майнаи инсон, аз ҷумла бо алфа-ритм, ки фаъолнокии инсонро муайян мекунад, вобастагӣ дорад. Эҳсоси вақт инчунин бо раванди мубодилавии организм вобаста карда мешавад. Азбаски дар пиронсолӣ суръати мубодилаи моддаҳо дар организм  нисбатан камтар мешавад, бинобар он, рафти «механизми соат»-и ботинӣ низ суст мегардад. Дар организмҳои зинда як навъ «соати биологӣ» бино ёфтааст, ки кори худро бо назмҳои биологӣ мувофиқ мегардонад. Назмҳои биологӣ бо назмҳои геофизикии ивазшавии фаслҳои сол ва вақти шабонарӯзӣ вобастагӣ доранд. Илова бар ин, вақти ботинӣ на соат дораду на сония.

Дар нисбати оянда инсон дорои он «нақшҳои инъикосӣ» нест, ки дар сохтори мағзи сар ҷойгир бошанд, аммо дар сатҳи психикӣ модели ҳодисоти дарпешистода ва манзараи ояндаи эҳтимолиро сохта метавонад. Дар асоси чунин пешдид ва моделсозӣ як навъ барномаи ҳолати оянда, рафтору фаъолияти минбаъда сохта мешавад, ки аҳамияти муайянкунанда-самтбахшандагӣ дорад. Ҷараёни вақти ба оянда бо тарзи иттилоотӣ давомёбанда ва модели иттилоотии оянда ба вуҷуд меояд, ки бо нерӯи шуури худи субъект офарида мешавад. Хусусияти хоси ояндаи вақти субъективӣ дар ҳамин зоҳир мегардад.

Бо вақти субъективӣ идрок кардани  ҳозираро В.Вундт ҳамчун «идроки даряклаҳзагӣ»-и якчанд ҳодисаҳои пайдарҳам маънидод кардааст (гуфтан мумкин аст, ки сухан феълан дар бораи нусхабардории дарозии вақт меравад). Инсон дискретии (танаффуснокии) ҳарсониягии вақтро намефаҳмад ва идрок намекунад, баръакс ӯ худро дар муҳосираи вақти континуалӣ (доимӣ, бетанаффус) ҳис мекунад. Квант (ҳадди хурдтарин)-и вақти субъективӣ метавонад дар худ ҳам пайғоми иттилоотии гузаштаро дошта бошад, ҳам дар худ ирсолоте барои оянда дошта бошад. Дар воқеияти ботинии субъективаш инсон ба осонӣ «дар вақт ҷой иваз мекунад» ва бинобар он, лаҳза ҳамчун лаҳза боқӣ монда, ҷоришаванда ва давомёбанда намоён мешавад. Ин хоси ҳолатҳое мебошанд, ки «таасуроти дучарха» ном гирифта аст. Дар ин ҳолат риққат (стресс) чунон пурзӯр мегардад, ки инсон лаҳзаҳои гузаштаи ҳаёташро ҳамчун селаи таасуроти вақти ҷории ҳозираро роҳбаладикунанда тасаввур мекунад.

Файласуфони маъруфи асри ҶҶ Анри Бергсон, Эдмунд Гуссерл, Мартин Хайдеггер, Освалд Шпенглер ва дигарон дар таълимоти худ ба масъалаи дарки хосиятҳо ва хусусияти вақти субъективӣ ҷойи муҳим додаанд. Дар бораи ҳисси ботинии вақт ва «дарозӣ»-и он аввалин шуда, дар ибтидои асри ҶҶ файласуфи фаронсавӣ Анри Бергсон ҳарф задааст. Ба ақидаи ӯ маҳз ҳамин вақт, ки барандааш субъект аст, ҳақиқӣ мебошад. Вақти берунаро ӯ ҳамчун мансубияи олами атроф ба дарозии вақти ботинӣ маънидод кардааст. Освалд Шпенглер ҳамчунин дар китобаш «Ғуруби Аврупо» қайд карда буд, ки бо калимаи «вақт» як навъи шахсӣ, як чизе, ки бо мӯътақидии ботинӣ эҳсос мешавад, ҳамчун он чизи муқобил ба чизҳои бегонаи ба ҳаётамон дахолаткунанда ифода карда мешавад. Эдмунд Гуссерл мафҳумҳои «вақт-шуур», «вақти ботинии ҷараёни маърифат»-ро, ки бо таасурот алоқамандӣ доранд, истифода кардааст. Мартин Хайдеггер дар бораи «ҳузури вақтӣ» ҳамчун дар бораи тарзи ҳастии инсони даргузаранда (зиндагиаш итмомдошта) сухан кардааст. Дар ин «ҳузури вақтӣ» қобилиятҳои худи инсон ошкор мешаванд ва барои ӯ олам ошкор мешавад. Карл Ясперс «вақти меҳварӣ»-ро барои ифодаи таносуби гузашта, ҳозира ва ояндаи таърих ҷудо кардааст.

Ба мавзӯи вақт ҳамчунин масъалаи гуногунии намудҳои робитаҳои вақтӣ мансубанд. Ғайр аз вақти субъективӣ ба онҳо вақти ботинӣ ва зоҳирии низом (система), вақти ҳастии инсон, вақти фарҳангӣ-таърихии замона ва ғайра таалуқ доранд.

Вақти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-таърихӣ

Ҳастии иҷтимоӣ мисли олами объектҳои моддӣ воқеӣ буда, бинобар он, вақти худро дорад. Вақти иҷтимоӣ – ин маҷмӯи робитаҳои дар доираи вақт баамалояндаи ҷамъият, бузургиҳои вақтии фаъолияти одамон, ки равандҳои тағйирпазирро дар ҷамъият ифода мекунанд, мебошад.

Вақти иҷтимоӣ муташаккил ва сохторнок аст: а) вақти таърихи халқ ва инсоният; б) вақти равнақёбии миллатҳо ва халқиятҳо, ин ё он низоми ҷамъиятӣ-сиёсӣ, ягон давлат ё мамлакат; в) вақти ҳастии инсон.

Дигаргунсозиҳои таърихӣ вақти иҷтимоии ҷамъиятро инъикос намуда, аз нобаробарии он шаҳодат медиҳанд. Вақти иҷтимоӣ раванди зиддиятнок буда, марҳилаҳои алоҳидаи сустшавӣ ва вусъатёбӣ, карахтӣ ва таркишӣ, даврӣ ва бебозгаштӣ дорад. Чунончӣ, дар замони дигаргунсозиҳо вақти таърихӣ вусъат меёбад, аз ҳодисаҳои замона пур шуда, «зичтар» мешавад. Тамаддуни муосири мо суръати инкишофашро метезонад, ҳоло он, ки дар давраҳои ибтидоии инкишофи ҷамъияти инсонӣ онҳо сусттар буданд.

Дар сохтори вақти иҷтимоӣ такроршавӣ ва тавҷеҳ ба анъанаро ҷудо кардан мумкин аст. Албатта, сухан дар бораи такроршавии мутлақ не, балки дар бораи такроршавии нисбӣ меравад. Вале ҷамъият бояд ҳамеша ҳамаи даврҳои инкишофашро такрор намояд: истеҳсол, тақсимот, мубодила ва истеъмол. Дар акси ҳол, вай нобуд мешавад. Одамон низ дар рафти ҳаёту фаъолияташон бояд нақшу вазифаҳои иҷтимоии тақсимшударо ҳамаҷониба такрор намоянд, сохторҳои ҷамъиятӣ дар навбати худ меъёрҳои ниҳодиро риоя намоянд. Вобаста ба ин вақти иҷтимоии синхронӣ (мувофиқати вақтии равандҳо ва таъсири мутақобилаи воқеии онҳо) ва диахронӣ (таъсири мутақобилаи пайдарҳам дар давоми вақт) фарқ карда мешаванд. Аз номувофиқати равандҳои синхронӣ ва диахронӣ дар вақти иҷтимоӣ метавонанд зиддиятҳое пайдо шаванд, ки ҳаллашон амали фаъолона, иштироки омили инсониро талаб намоянд.

Дар сохтори вақти иҷтимоӣ муназзамӣ ва пайдарҳамӣ ҷудо карда мешаванд. Муназзамӣ – ифодакунандаи такроршавии муайяни ҳодисоту равандҳои дар як вақт ё пайдарҳам мавҷуда мебошад. Ба муназзамӣ номуназаммӣ муқобил аст. Ин дар ҳолате, ки дигаргуншавии ҷамъият ва ҳаёту фаъолияти ҷамъият хусусияти бетартибӣ пайдо мекунанд, муайян мегардад. Ягонагии тағйирот ва устуворӣ марҳиларо ба вуҷуд меоварад. Масалан, ҷомеаи мо марҳилаҳои ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, дар марҳилаи устуворсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ қарор дорад.

Сохтори вақти иҷтимоӣ нисбати фаъолияти инсон аввал аст. Аз он, ки назми ҳаёту фаъолияти инсон бо назми ҷамъият мувофиқ аст ё аз он оқиб мемонад, сифати ҳаёти инсон вобастагӣ дорад. Дар ҷамъияти баъдисаноатии муосир суръати вақти иҷтимоӣ меафзояд ва «зичтар» мешавад. Назмҳои табиӣ-биологии организми инсон бо назмҳои болоравандаи вақти иҷтимоӣ номувофиқ мешаванд, ки ин ба натиҷаҳои манфӣ сабаб мегардад. Бар зидди «дав»-и беандозаи вақти ҷамъияти баъдисаноатӣ эътироз пайдо мешавад. Гузаштан ба инкишофи босуръати ҷомеа маҳдуд кардани талафёбии вақти иҷтимоиро дар назар дорад. Аммо худи ибораи «сарфаи вақт» танҳо нисбати вақти иҷтимоӣ истифодашаванда аст, на ба вақти физикӣ, ки андозаашро табиат муайян кардааст. Вақти иҷтимоӣ барои фард метавонад ҳаловатбахш бошад ё нисбати ӯ бегонаю душманона баромад намуда, назму суръати тоқатнофарсоро маҷбуран бораш кунад. Бинобар ин, тасвири иҷтимоии лоиҳаи оянда барои инсон хеле муҳим аст. Ин лоиҳакашӣ шаклҳои гуногун мегирад: а) утопияҳо, яъне он чӣ, ки воқеан иҷронашаванда, ормонӣ аст; б) парастиши оянда, ки барои оянда аз ҳисоби ҳозира қурбонӣ карданро пеш меоварад. Аммо дасткашӣ аз тасвири лоиҳаи оянда ба пайдоиши мақсадҳое сабаб мешавад, ки мувофиқи он «лаҳзаро дастгирифтан», бо як рӯз зистан, ба эътибор нагирифтани гузашти вақт муҳим буда, аз интиқоли таҷриба аз насл ба насл даст кашида мешавад.

Чунин рафтҳои вақтро низ ҷудо намудан мумкин аст: а) суст ҷорӣ шудани вақти иҷтимоӣ; б) вақти муборизаи шадиди байни гузашта ва оянда; в) вақти таркишмонанд ё рафти ҷаҳишмонанди вақт; г) вақти даврӣ. Шаклҳои дигари баҳсноталаби вақти робитаҳои сохторҳои иҷтимоӣ ҷудо карда шуданаш мумкин аст: а) вақти хаёлонаю ботилона; б) вақти номӯтақидӣ, ки бо суръатнокшавии номунтазам ва номуайянии вазъи иҷтимоӣ-ҷамъиятӣ вобаста аст; в) вақти оҳистараванда, ҳангоми, ки гузашта дар ҳозира падид меояд ва нақш мебандад; г) вақти хуш ва нохуш, бомуваффақият ва бемуваффақият ва ғайра.

Вақти фарҳангӣ-таърихӣ дар он ифода меёбад, ки вай хусусияти инкишофи таърих ва фарҳангро маълум менамояд. Вақти фарҳангӣ-таърихӣ давомнокии мавҷудият ва ивазшавии сифатии тамаддунҳоро, ки вақти пайдоиш, равнақёбӣ ва таназзул доранд, баён мекунад. Вақт дар фарҳанг бо эҳсоси бебақо будани ҳаёт, бо таасуроти маънавии инсон ва ҷустуҷӯи ҷавоб ба суолҳо дар бораи маънои ҳаёти инсон, маъно ва мақсади таърих вобастагии ногусастанӣ дорад. Вақти фарҳангӣ-таърихӣ ба давраҳои то тавлидшавии пайғомбар Исои Масеҳ ва баъди он тақсим мешавад (аммо истисно набояд кард, ки барои баъзе ҷомеаҳо чунин «даврабандӣ» эҳтимол қобили қабул набошад). Дар таърихи фарҳанг мафҳуми вақти «маросимӣ» вуҷуд дорад, ки ба он одатҳо, қурбонӣ кардан ва  ғайраро марбут донистаанд. Дар дин вақти инсонро ба таври хос ҳамчун табдилшавӣ тасаввур карда мешавад: марги ҷисмонӣ ҳамчун тавлидшавӣ барои ҳаёти нав, тавлиди ҷисмонӣ ҳамчун роҳи пурмашаққати тайёрӣ ба тавлидоти нав (марг) талқин карда мешавад. Истиораҳои зиёд мавҷуданд, ки дар онҳо хусусиятҳои вақти фарҳангӣ-таърихӣ нишонрас ифода ёфтаанд: «вақти масҷид», «вақти тоҷирон», «вақти ситамгарон» ва ғайра.

Хусусияти вақти фарҳангӣ-таърихӣ ин фардиятӣ таҷассум ёфтани он мебошад. Яъне вақт номи махсус гирифта, мубоҳисаи фарҳангиро истиоравӣ ҳусн мебахшад: толеъ, тақдир, асри тиллоӣ, қиёмат, маризии замона ва ғайра. Фардиятӣ таҷассум кардани вақт дар асотир, ашъор, адабиёти бадеӣ васеъ паҳн шудааст ва ба нутқи муқаррарӣ низ роҳ ёфтааст. Чуноне, ки файласуфи рус Николай Бердяев қайд намудааст, ин масъалаи мазкури вақт бо масъалаи марг вобаста аст.

Тасаввурот дар бораи вақти фарҳангӣ-таърихӣ ба фаҳмидани «нерӯ»-и вақт мадад мерасонад, ки он бо хусусияти ҳар кадом таъсисоти фарҳангӣ вобаста аст. Раванди инкишофи фарҳанг дар вақт, дар маҷмӯи арзишҳои фарҳангӣ, ки ҳар як насли оянда мерос мегирад, сабт шудааст. Вақти фарҳангӣ-таърихӣ ба алоқамандии анъанаҳо ва навовариҳо, ба статика ва динамикаи вақт ишорат мекунад. Вақти фарҳангӣ-таърихӣ, ки хусусияти хос дорад, бо вақти физикӣ алоқаи мустаҳкам дорад. Чунончӣ, санадҳои таърихӣ асосан кашфиётҳо, воқеаҳои бузург ва комёбиҳои олии ягон давраи инкишофи ҷамъиятро нишонгузорӣ намуда, таърихи гузаштаро дар хотироти инсоният нигоҳ медоранд, ки бе он ҳозираи ҷамъият ва халқ мавҷуд буда наметавонад.

Мафҳуми «хронотоп» ҳамчун ифодаи мушаххаси ягонагии хосиятҳои фазоӣ-вақтӣ

Дар воқеияти ҷорӣ хосиятҳои фазоӣ-вақтии раванду ҳодисотро ҷудо намудан имконнопазир аст. Дар ин бора олимони машҳури табиатшинос чандинкарата гуфта гузаштаанд. Чунончӣ, Г.Минковский менависад: «Аз ин пас фазо худ ба худ ва вақт худ ба худ пурра ба салтанати сояҳо меравад ва танҳо як навъ иттиҳоди ҳардуи ин мафҳумҳо мавҷудияти мустақилонаро нигоҳ медорад». Барои инъикоси ин ягонагии мушаххас мафҳуми «хронотоп» мавриди истифода қабул шуд.

Хронотоп (аз юнонӣ, – вақт + ҷой) – ифодакунандаи ягонагии бетанаффуси андозанокии фазоӣ-вақтӣ, ки бо маънои фарҳангӣ-таърихиии ҳодисоту зуҳурот алоқаманд аст, мебошад. Яке аз аввалинҳо шуда, ин мафҳумро нейрофизиолог А. Ухтомский истифода бурдааст: «Аз нуқтаи назари хронотоп, аллакай нуқтаҳои таҷридшуда не, балки ҳодисоти зинда ва фаромӯшнашаванда мавҷуд аст; аллакай каҷхатиҳои таҷридшуда дар фазо не, «хатҳои ҷаҳонӣ», ки тавассуташон ҳодисоти гузаштаи дур бо ҳодисоти лаҳзаи мазкур ва бо воситаи онҳо бо ҳодисоти аз дурӣ ноаёни оянда мепайвандад, мавҷуд аст». А.Ухтомский мафҳуми «хронотоп»-ро ба психология ва неврофизиология ворид карда, онро ҳамчун доминантаи шуур, марказ ва манбаъи ангезиш, барангезандаи организм ба амали муайян дар шароити мушаххас, баҳогузорӣ намудааст. Михаил Михаилович Бахтин мафҳуми «хронотоп»-ро дар адабиётшиносӣ ва зебоишиносӣ истифода кардааст. Инҳо аз аввалин таҷассумҳои андешавии алоқамандии бетанаффуси робитаҳои фазоӣ ва вақтӣ дар доираи донишҳои гуманитарӣ буданд. Мафҳуми «хронотоп» робитаҳои куллии фазоӣ-вақтиро инъикос менамояд: вай на танҳо нисбати равандҳои моддӣ, инчунин нисбати равандҳои рӯҳӣ истифодашаванда аст. Омӯзиши фарҳанг талаб мекунад, ки он аз назари континуалӣ омӯхта шавад, яъне ҳастии он бо назардошти ягонаии андознокии фазоӣ-вақтӣ омӯхта шавад. Бозёфтӣ (эвристӣ) будани мафҳуми «хронотоп» ҳангоми омӯхтани «марказ» ва «музофот»-и фарҳангҳо, ҳангоми таҳлили хусусиятҳои ба ҳамдигар монанди фарҳангҳо ва дуршавии фарҳангҳо, наздикшавии фарҳангҳо, омезиши онҳо ва ғайра зоҳир мешавад.

Мафҳуми «хронотоп»-ро барои андешидани алоқамандии ҳодисоти вақтӣ ва фазоӣ дар доираи асарҳои бадеӣ истифода бурда, Михаил Бахтин дар қатори хронотопи фарҳанги атиқа ҳамчунин се намуди хронотопи романӣ-эпосиро ҷудо кардааст: саргузаштӣ, саргузаштӣ-маишӣ ва биографӣ. Михаил Бахтин таъкид менамуд, ки чунин мафҳуми хронотоп бояд танҳо дар доираи адабиёт истифода шаванд. Аммо имкон ҳаст, ки ин мафҳум васетар истифода шавад. Чунончӣ, аз рӯи хусусияти муносибати санъатҳои гуногун ба вақту фазо онҳоро ба намудҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: а) вақтӣ (мусиқӣ); б) фазоӣ (ҳайкалтарошӣ, рассомӣ); в) фазоӣ-вақтӣ (адабиёт, театр). Дар бораи хронотопи фарҳангии Шарқи Қадим ё Юнони  Қадим, насронӣ ё мусулмонӣ, давраи Эҳё ё Замони Нав ҳарф задан мумкин аст, ки инъикос кардани майлони арзишии афзалиятдоштаи ин фарҳангҳоро имкон медиҳад. Бо воситаи он хусусияти фардии ҷаҳонфаҳмӣ, инчунин хусусияти маънои вақт ва фазои этникӣ, таърихӣ, фарҳангиро ифода кардан мумкин аст. Дар назариёти Михаил Бахтин хронотоп категорияи универсиалии фалсафӣ набуда, балки модуси мавҷудияти худи маънои фарҳанг аст. Хронотоп – ин ягонагии одии вақт ва фазо набуда, балки таасуроти амиқ дар бораи ин ягонагӣ мебошад, ки дар эҳсосоти кас давом меёбад. Ягонагии мазмунии фазоӣ-вақтӣ амали ҷазбшавии рӯҳҳоро ошкор мекунад, чунки дохилшавӣ ба фазои мазмунӣ «ҳамкорӣ»-и фаъоли ин рӯҳҳоро металабад. Таассурот бо гузашта меравад, ҷои худро ба мазмун ҳамчун ба ҳозира мегузорад ва саъйю кӯшиш ба ояндаро тавлид мекунад. Маҳз дар ҳамин аст «асрор»-и хронотопи бадеӣ. Хронотоп ҳаммавҷудиятии замонаҳои гуногунро дар «вақти бузург»-и ягона дар назар дорад. Вай механизми иттиҳодкуниро ба кор дароварда, «мубодилаи асар бо ҳаёт»-ро ба роҳ мемонад. Олами муаллиф, олами қаҳрамон ва олами мутолеакунанда (ё шунаванда) пайваст шуда, як навъ ягонагии махсуси фазоӣ-вақтиро ташкил медиҳанд.

Бояд ба инобат гирифт, ки то ворид кардани мафҳуми «хронотоп» эътироф карда мешуд, ки мо фазоро маърифат мекунем, вақтро бошад, арзишмандона ҳис мекунем. Мафҳуми «хронотоп» «вазни арзиши Ман ва дигар»-ро дар доираи тому дар як вақт давомноки замона инъикос намуд. Мо ҳам равандҳои бо вақт алоқамандро, ҳам тарҳи фазоӣ, манзараҳо, услуби замонаҳои гузаштаро ҳис мекунем, ки ба мо тавассути асарҳои санъат дода шудаанд. Образи эстетикии фазо он нерӯи иловагиро меофарад, ки беҳтарин андешаҳои инсониро ба вуҷуд оварда, онро ба накӯгардонии муҳити зист равона мекунад. Зиёда аз ин, ин ё он образи фазо метавонад рӯҳияи идона, ваҷҳу шодӣ, ғамгинӣ, мотамӣ, парешонхотирӣ ба вуҷуд оварад. Образи фазо ҳамчунин бо намуди фаъолият алоқаманд карда мешавад: фазои корӣ, фазо барои истироҳат, варзиш, ҷамъомад ва охиран, фазои натиҷабарорӣ. Офаридани ин ё он образи фазо вазифаест, ки дар ҳудуди имконпазираш бо имкониятҳои инсонӣ ҳамандоза аст. Албатта, ба қафо гардонидани ҷараёни дарё ё ҳамвор кардани кӯҳсори рӯи замин  ва бо чунин «амал» манзараи муҳити атрофро тамоман дигаргун кардан дуруст нест. Бешубҳа, инсон ҳамеша фазоро дар мувофиқат бо услуби замона, афзалияти эстетикӣ ё бо таъиноти иқтисодию хоҷагидориаш ташкил менамуд. Қарорҳои архитектурӣ ҳангоми сохтани шаҳр ё маҳалла – ин соҳаи фаъолияти инсонӣ аст ва дар як вақт образи фазои бо вақти фарҳангии ягон замона мувофиқ мебошад. Вақти фарҳангӣ-таърихӣ дар образҳои фазоӣ бо таъзиқ ҷойгир карда шудаанд. Бинобар ин, дар бораи ҳокимияти инсон нисбати фазо ва вақти фарҳангӣ кардашудаи замона гуфтан ҷоиз аст.

Ҳамин тавр, мафҳуми «хронотоп» наҳамту ба ягонагии хосиятҳои фазоӣ-вақтӣ ишорат мекунад, инчунин маҳз ягонагии мушаххасу таърихӣ, яъне чунин ягонагиро қайд мекунад, ки дар он афзалият ба хронос, ба вақт дода мешавад. Ин ҷо вақт дар «намуди содиршуда»-и худ маълум мешавад. Тасодуфӣ нест, ки маҳз истилоҳи «хронотоп», на ин ки «топохрон», интихоб шудааст. Мафҳуми хронотоп ба инсон имкон медиҳад, ки ба мазмуни бо ҳаёт вобастаи фазоӣ-вақтӣ роҳ ёбад. Ҳолати «инҷо ва ҳоло»-и ҳастии фарҳангиро қайд намуда, хронотоп ба он имконият медиҳад, ки тақсим ва гуногуннамуд шавад. Д.Лихачев вақти «пӯшида»-ро ҳамчун вақти дар доираи мундариҷаи муайян ҷоришаванда ва вақти «кушод»-ро, ки ба селаи васеътари ҳодисоти таърихии замона дохил аст, ҷудо мекунад.

Васеъ кардани доираи истифодаи мафҳуми «хронотоп» ба А.Ухтомский хос аст. Ба ақидаи ӯ «хронотоп» имконият фароҳам меоварад, ки симои дигар шахс дида шавад. Яъне «дидан ва донистани ҳам Суқроту ҳам Спиноза», ки як навъ воқеӣ ба мо наздик ва маълум мешаванд, дар назар дошта мешавад. Вобаста ба ин, ӯ пешниҳод мекунад, ки категорияи Чеҳра, ки дар фазои вақти таърихӣ вуҷуд дорад, дохил карда шавад. Чеҳраро ӯ ҳамчун «ягонагии зинда, сарҷамъ, мушаххаси ба таърихи ҷаҳонӣ омада барои ворид кардани як чизи фавқулоддаи бо ҳеҷ чиз ивазнашаванда, – яъне мавҷудоти беҳад масъулиятшинос ва илова бар ин, аз дигарон нисбати худ масъулияти баланд талаб кунанда» мефаҳмад. Хронотоп воқеан аз «ҳампайвастагии фазо ва вақт», инчунин аз алоқамандии  инсон бо ҳодисоти фазоӣ-вақтӣ шаҳодат медиҳад. Таҷрибаи ҳаётии наслҳо, ки бо нигориши сухан ва рeзғор интиқол шудааст, камолёбии худро барои амалан ошкор шудан ва зуҳур карданаш талаб мекунад – ин аст, маҳз «хронотоп дар ҳастӣ ва доминанта барои мо».

Дар шароити имрӯза, вобаста ба равандҳои глобализатсия аҳамияти мафҳуми хронотопро барои мулоҳизаи ягонагии фазоӣ-вақтии ҷараёнҳои гузаришҳо қайд кардан мумкин аст. Имконияти бо мафҳуми «хронотоп» офаридани образи томи олам созгор аст, ки на танҳо хосиятҳои умумии ҳаёт ва тамоюли инкишоф муайян карда шавад, инчунин ченаки инсонии олам ва равандҳои таърихӣ умуман муайян карда шаванд. Дар ин ҳолат масъулияти инсон барои созмони «хатҳои ҷаҳонӣ»-и ҳодисот, ки А.Ухтомский қайд кардааст,   намоён мешавад.

Чунин масъулият пештар аз ҳар гуна мулоҳизоти ақлӣ ташкил мешавад. Чунки,  тарзе А.Ухтомский қайд кардааст, «қалб, фаросат ва виҷдон – аз ҳамаи оне, ки мо дорем, дурбинтарин аст». Набзи ҳодисоти донисташаванда ва назардоштӣ дар ояндаи хронотопии худ қисми муҳими пешдидҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва самгирии ҷаҳонбинӣ мегарданд.

10.4. АҚЛОНИЯТИ ИРТИБОТӢ

Фаҳмиши муосири табиати ақлоният бо ғояи ақлонияти иртиботӣ ғанӣ гардонида шудааст. Ин ғоя таваҷҷӯҳро на ба хиради қонунгузор, балки ба раванди муошират ҷалб менамояд. Моҳияти масъалаи ақлонияти иртиботӣ дар ҳамин аст: Ҳарчанд, ки раванди муошират дар ҳаёти одамон нақши бузург мебозад, аммо он ҳеҷ гоҳ ҳамчун омили инкишофи иҷтимоӣ баррасӣ нашуда буд. Илова бар ин, такрористеҳсоли зоти инсонӣ бе интиқоли механизмҳои ҳамдигарфаҳмӣ, тарзҳои мутобиқат, малакаи рафтор дар ҳамаи соҳаҳои ҳам маънавӣ-зеҳнӣ ва ҳам ҳаёту фаъолияти амалӣ имконнопазир аст.

Таҳаввули иҷтимоӣ бо фаъолияти иртиботӣ, ки воситаи дигаргунсозии низоми иҷтимоӣ мебошад, вобастагӣ дорад. Ақлонияти иртиботӣ – ин ҷиҳати нав дар фаҳмиши мукаммали ақлоният буда, бо раванди муошират ва муҳокимаҳои тарафайн, ки дар он ҳам «гӯянда» ва ҳам «шунаванда» муҳим аст, вобаста мебошад. Ақлонӣ будани иртибот дар он аст, ки «гуфтан» ва «шунидан» мувофиқи меъёру арзишҳо ва «қоидаҳои бозӣ», ки нақши санҷишҳои шароит, мутобиқати иҷтимоӣ ва ҳуввияти шахсро иҷро мекунанд, тартиб дода мешаванд. Худи иртибот – ин шакли таҷассумии мазмунҳои иҷтимоӣ дар ҳамдигарфаҳмии фардҳо мебошад.

Ақлонияти иртиботӣ аз робитаи муқаррарӣ бо он фарқ мекунад, ки вай бомақсадона буда, барои комёб шудан ба фаҳмиши тарафайн равона карда шудааст. Бинобар ин, вай дар илм лоиқи истифода аст. Модели «ақлонияти иртиботӣ» аз ҷониби файласуфи олмонӣ, офарандаи назарияи амали иртиботӣ Юрген Хабермас (таваллудаш соли 1929) пешниҳод шуда буд. Ӯ нишон дод, ки агар барои амали олотӣ дар меҳнат (ақлонияти олотӣ) натиҷабардорӣ муҳим бошад, пас амали иртиботӣ (ақлонияти иртиботӣ) ба ҳифзи анъанаҳо, аз яктараф ва таҷдиди нерӯҳои захиравии фарҳангӣ, аз дигар тараф, равона шудааст. Амали иртиботӣ ҳамчун воситаи муттаҳидгардонии иҷтимоӣ хизмат намуда, ба шаклгирии ҳуввияти шахс, яъне дарк кардани хислатҳои муҳим ва мустақили шахсияти инсон мусоидат мекунад.

Ақлонияти иртиботиро ҳамчун «хиради иртиботӣ» шарҳ додан мумкин аст. Вай асоси ҳамдигарфаҳмӣ буда, ҳамчун раванди муҳокимаи тарафайн, ки аз қаринаҳои «номаълум»-и сершумор вобастааст, намоён мешавад. Муошират алҳол дар байни ду нафар мувофиқи меъёрҳои қабулшуда, арзишҳо ва «қоидаҳои бозӣ» низом мегирад. Ҳам раванди «гуфтан» ва ҳам раванди «шунидан» муҳим аст. Чун қоида, агенти амалкунандаи ин робита ба дуруст ё ба ҳақиқат монанд будани суханаш даъво мекунад. Юрген Хабермас иброз мекунад, ки хиради иртиботӣ дар тафовут аз хиради қонунгузор, ки соҳаи мулоҳизотро назорат мекунад, ба худ вазифаи назорати раванди муоширатро намегирад. Вай имкон медиҳад, ки инсон мавқеи шахсӣ, ақидаи шахсиашро бо назардошту ҳамкорӣ бо ақидаҳои дигарон дарк кунад, барои амалисозии имкониятҳои ҳамдигарфаҳмӣ фазо кушояд. Ақлонияти иртиботӣ ба асосмандгардонии далелноки мақсад, хоҳиш, амал, даъвоҳои инсон мусоидат мекунад ва дар як вақт соҳаи «масъалавӣ шудан»-и онҳо мебошад. Бинобар ин, ақлонияти иртиботӣ ба иҷтимоишавии инсон, ба ташаккули мавқеи шахсӣ ва умуман ба ташаккули худи шахс мусоидат мекунад. Дар доираи ақлонияти иртиботӣ мубодилаи таҷриба ва мазмуни амалҳои иҷтимоӣ вусъат меёбанд. Ин имкон медиҳад, ки ақлонияти иртиботӣ дар қаринаи гносеологӣ ҳамчун назарияи махсуси маърифатӣ баррасӣ гардад. Зеро муоширати одамон онҳоро то дараҷае баҳраманд мегардонад, ки онҳо дар натиҷа соҳиби дониши муайян мегарданд.

Дар фазои ақлонияти иртиботӣ ташаккулёбии «механизм»-ҳои ризоияту ҳамфикрӣ ба амал меояд. Гӯянда шароитро инъикос менамояд, аксуламалашро нисбати он хабар медиҳад ва ба шунаванда таъсир мерасонад. Бинобар ин, ақлонияти иртиботӣ соҳаи байнифаннӣ ва байнишахсии таъсирҳои гуногуни ҳамдигарро буррандаи  воқеан ба инсон асаркунанда мебошад. Дар ин ҷо ҳам ҷузъиётҳои психологӣ, ҳам майлони иҷтимоӣ-меъёрӣ, ҳам талаботи ахлоқӣ, ҳам имкониятҳои забонӣ муҳиманд. Аммо асос дар он аст, ки ин ҷо шахс метавонад махсусияту фардияти дар манфиату талаботаш зоҳиршавандаро ифода намояд. Ин муошират аз номи «Ман» аст, ки метавонанд шифоҳӣ ва эҳсосотӣ худро ифода созад, дар як вақт ба худифодасозӣ тағйиротҳое ворид кунад, ки дар он ақида ва хоҳиши дигарон ба инобат гирифта шуда бошад. Дар ин ҳолат мустақилияти муносибату таасуроти шахсӣ нигоҳ дошта мешавад ва боиси пайдоиши навъи таҷрибаи безӯроварӣ мутақидкунию мутаҳидсозӣ мегардад, ки ҳамчун маҳорати «итоаткардан» ба нерӯи нутқи далелнок ва бо овози «хуш» обурангдошта дониста мешавад. Ақлонияти иртиботӣ мадад мерсаонад, ки дар илм ҳамаи намудҳои созиш муқаррар гардад, ҳамдигарфаҳмӣ пайдо шавад ва бо ризоият қарорҳо қабул карда шавад. Ҷомеаи илмиро маҷмӯи эътиқодҳо мустаҳкам месозад, ки дар раванди амали иртиботӣ ташаккул меёбанд ва қабул мегардад. Чунончӣ, парадигмаи илмӣ метавонад ҳамчун ивазкунандаи кулли «маҷмӯи ҳамтаъсирӣ»-и субъектҳои робита, ҳамчун натиҷаи «созиш»-и мавқеҳо, мулоҳизаҳо ва далелҳои музокиракунандагон бошад. Маҳз дар майдони ақлонияти иртиботӣ қиёс кардани андешаҳо бо мақсади пайдо сохтани манзараи муайяну мувофиқ гардонидашудаи олам имконпазир аст. Яъне ақлонияти иртиботӣ механизми мувофиқгардонии амали субъектҳоро дорад ва ба «самтгирии иродаи умум» (Юрген Хабермас) мусоидат мекунад. Инчунин ақлонияти иртиботӣ самти экспертӣ (коршиносӣ) дошта, ба соҳаҳои ахлоқ, ҳуқуқ, сиёсат, илм ва санъат дахл дорад.

Дар доираи ақлонияти иртиботӣ интихоб ва муҳокимаи меъёру арзишҳои дар ҷамъият ва дар илм воқеан амалкунанда ба вуҷуд меояд, инчунин меъёру арзишҳои нав ба миён оварда мешаванд. Ақлонияти иртиботӣ имконият медиҳад, ки мавқеҳои зиддиятноку баҳснок мавзӯбандӣ ва «коркард» карда шаванд, заминаҳои тайёр кардани чораҳои муқобил андешида шаванд.

Ақлонияти иртиботӣ – ин соҳаи ошкорбаёнӣ буда, охиран хати инкишофу фаъолияти иҷтимоиро муайян мекунад. Илова ба ин, бояд ба инобат гирифта шавад, ки ақлонияти иртиботӣ – ин шамшери дудама аст: аз як тараф, вай робитаҳои байни фард ва ҷамъиятро ифода карда, ҳамчун воситаи муҳими зидди сӯйистифодаи ихтиёр (раъй)-и шахс баромад мекунад, аммо, аз дигар  тараф – дар сохтораш маҷбур кардан ҳамчун хоси ақлоният, ки мувофиқи ақидаи мунаққидон хусусияти ҷазодиҳандагӣ дорад, қоидаҳои рафтору андешаро илқо мекунад.

Маълум аст, ки ҳамаи тактикаи мунаққидони ақлоният барои паст кардани сатҳи ҳукмронии он равона шудаанд. Юрген Хабермас ақлониятро ҳифз карда, чунин аҷибиятро қайд мекунад: аз як тараф, имрӯзишавӣ (модернизатсия)-и ҷамъият ақлониятро талаб дорад, аз тарафи дигар – оқибатҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии имрӯзишавӣ на ҳамеша оқилонаанд, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва фарҳанг зуҳур меёбанд. Чунончӣ, ба ақидаи психологҳо бӯҳрони ақлоният, аз ҷумла дар бӯҳрони мотиватсионӣ (мақсадгузорӣ) зоҳир мешавад. Яъне ҳангоме, ки одамон мақсади ҳаёти худро дарк карда наметавонанд ва гуфта наметавонанд, ки чӣ мехоҳанд. Ин аҷибиятҳо ва танқиди ақлоният мавзӯи ақлонияти иртиботиро ба масъалаи мубрам табдил дода, барои тадқиқоти минбаъда роҳ мекушояд.

Ақлонияти иртиботӣ ҳамчун раванд сохтори худро дорад, ки онро худи Юрген Хабермас чунин шарҳ додааст: «Ҳангоме, ки гӯянда дар доираи рӯзмарравӣ дар бораи чизе сухан мекунад, ӯ на танҳо ба робита бо ягон чизи воқеии олами объективӣ (ҳамчун маҷмӯи он чизҳои ҷой дошта ё имконӣ) ворид мешавад, инчунин ба як чизе дар олами иҷтимоӣ (ҳамчун танзими қонунгузоронаи муносибатҳои байнишахсӣ) ва ба як чизе дар олами субъективии худ (чун маҷмӯи таасуротҳои намоишёбанда, ки ба ӯ дастрас аст) дохил мешавад». Гуфтаҳои Юрген Хабермасро шаклӣ баён карда, чунин ҷузъҳои сохтори раванди иртиботӣ-ақлониятиро ҷудо кардан мумкин аст: 1) субъект, ки мазмунҳоро тартиб медиҳад; 2) олами берунаи объективӣ ё олами модалӣ, яъне ҳамаи он чизҳое, ки метавонанд ё эҳтимолан, ё аз рӯи зарурат, ё тасодуфан ба вуқӯъ оянд; 3) маҷмӯи робитаҳои иҷтимоии муқаррар кардашуда; 4) олами амиқи таасуроти субъективӣ.

«Изҳо»-и ин ҷузъиётҳои раванди воқеии иртиботӣ-ақлониятӣ дар ҳастии рӯзмарравии ҳар инсон мавҷуданд, дар раванди ҳаёту фаъолият ноаён дар ҳар кадом муносибати оддии инъикосии инсон ба олам ҷой доранд.

10.5. ТАБИАТИ ИРТИБОТИИ ДОНИШҲОИ

ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ

Табиати иртиботии донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ хусусияти аҷоиб дорад: вақте, ки низоми ин донишҳо ба ташхиси худ оғоз мекунад ва ҳар он чизе, ки дар он ё берун аз он баамалояндаро ба қайд мегирад, он гоҳ вай худэҷод, яъне дорои қобилиятҳои худбаёнкунӣ ва таҷдидгари маънои худ мешавад. Дар раванди иртибот мубодилаи мазмунҳо, интиқоли иттилооти семантикӣ, эҳсосотӣ, лафзӣ ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Майдони фаррохи иртиботӣ ҳувайдо мегардад, ки ҳудудаш бо ҳудуди худи ҷомеа омезиш меёбад ва ба гузаштаю оянда паҳн мешавад. Иртибот метавонад тарафҳои мусбӣ ва манфии робитаи тарафайн бошад. Тамоюли ибтидоӣ ба ризоият дар он вуҷуд надорад. Дар ин мазмун сатҳи иртибот – ин соҳаи пурғулғулаи бо нигоришу нерӯҳои гуногунсифат пуршуда мебошад. Ҳолати иртиботи энтропӣ (бенизом, бетартиб) имконпазир аст.

Ҳарчанд, ки шаклгирии иртибот бе бақия нест, аммо аксаран амали он маҳз ба пайдо сохтани тарзҳои таъсиррасонӣ нигаронида шудаанд. Г.Шедровитский се намуди амалҳои иртиботиро ҷудо кардааст: а) тақдимот (презентатсия); б) сӯйистифодаи хоҳишу иродаи дигарон (манипулятсия); в) созиш (конвенсия). Тақдимот бо пешниҳоди хусусиятҳои асосии мазмунию мундариҷавӣ алоқаманд аст. Сӯйистифодаи хоҳишу ирода ба тарзи маҷбурӣ бор кардани мақсади бегона (дигар)-ро дар назар дорад ва бинобар ин, дар он механизмҳои ниҳонии таъсиру амал истифода карда мешавад, ки дарки иртиботиро вайрон мекунад, фазои бесалоҳиятиро ба миён меорад. Созиш баҳри муваффақ шудан ба ризоият равона шудааст ва бо он ифода меёбад, ки субъектҳо ҳангоми ҳалли масъалаҳои иҷтимою байнисубъектӣ бо ҳамдигар шарику ёвар ҳастанд. Ин амалҳои номбаршудаи иртиботиро «модератор»-ҳо, ё худ мӯътадилсозандагони иртибот меноманд .

Сохтори умумии иртибот инҳоро дарбар мегирад: а) интиқолдиҳанда (фиристонанда)-и иттилоот; б) иттилоот; в) қабулкунандаи иттилоот.

Вобаста аз хусусияти қабулкунанда раванди иртиботӣ ба чунин намудҳо тақсим мешавад: а) меҳварӣ (аксиалӣ), ҳангоми фиристодани иттилоот ба фардҳои алоҳида; б) раванди шабакавӣ (ретиналӣ), ҳангоме, ки иттилоот ба якчанд гирандаҳо-адресатҳои эҳтимолӣ фиристода мешавад. Дар ҳардуи ин ҳолатҳо маҳакҳои иртибот, ки барояшон мақсаднокӣ ва амалиҷрокунӣ хос мебошанд, ҷой доранд. Бинобар ин, ҳарзагeӣ амали иртиботӣ  дониста  намешавад.

Аз рӯи шаклҳои ташкилашон иртиботҳо ин гуна тақсим мешаванд: а) корӣ; б) машваратӣ; в) тақдимотӣ.

Аз рӯи намуди ҷоришавии раванди иртиботӣ ҷудо мекунанд: а) монолог; б) диалог; в) полилог.

Вобаста аз хусусияти ҳамтаъсирии иштирокдорони иртибот ҷудо карда мешаванд: а) муқобилият; б) созиш; в) ҳамкорӣ; г) канорагирӣ; бетарафӣ.

Инсон аз рӯзи тавлид шуданаш ба шабакаи алоқаҳои бевоситаи иртиботӣ дохил мешавад, ки хоси фарҳанги мавҷуда аст. Ташаккулёбии инсон берун аз таъсиррасониҳои иртиботӣ андешида намешавад. Дониши иҷтимоӣ-гуманитарӣ табиати иртиботӣ дорад, ки метавонад инчунин бавосита зуҳур ёбад (китобҳо, арзҳои шайъишудаи фарҳангӣ ва хазинаи нубуғаи инсонӣ).

Илмҳои гуногуни иҷтимоӣ-гуманитарӣ ҷанбаҳои муайяни иртиботро меомӯзанд. Фалсафа дар иртибот яке аз хосиятҳои ҷудонопазиру доимии ҳастиро мебинад, ки бо худ ибтидои гуногунии иттилоотиро дорад. Сотсиология алоқаю муносибатҳои иртиботии гурӯҳу табақаҳои гуногуни иҷтимоиро меомӯзад. Сиёсатшиносӣ равандҳои сиёсиро аз нуқтаи назари мубодилаи иттилоотӣ меомӯзад. Фарҳангшиносӣ ба равандҳои интиқоли арзишҳои фарҳангӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Лингвистика бо масъалаҳои иртиботи шифоҳӣ, инкишофи забон ва нутқ, ки воситаҳои муҳимтарини муоширати байниинсонӣ аст, машғул мебошад. Психология дар табиати иртибот ҷузъиётҳои хирадӣ, ҳиссиётӣ ва образӣ-ассотсиативиро, ки механизми мутобиқашавии инсон ба оламро ташкил медиҳанд, меомӯзад.

Созишкории илмӣ ва масъулияти ахлоқии олимон

Масъалаи созишкорӣ (конвенсия) дар соҳаи донишҳои илмӣ дар охири асри ХIХ ба миён гузошта шуд ва то ҳозир хеле баҳсталаб боқӣ мемонад. Асоснок кардани созишкорӣ ҳамчун унсури муҳими тадқиқотҳои илмӣ бо номи риёзидони машҳури замона Анри Пуанкаре алоқаманд аст. Мувофиқи ақидаи ӯ созишкориро бояд ба бунёди илм ҷой кард, зеро вай ба инкишофи бомуваффақияти донишҳои табиатшиносии классикӣ мусоидат карда буд. Анри Пуанкаре чунин иброз кардааст: «Баъзе асосҳои ибтидои илмро ҳамчун созишкорӣ бояд фаҳмид, ки ризоияти шартан қабулшуда буда, бо воситаи он олимон тасвири мушаххаси назариявии зуҳуротҳои ҷисмониро аз байни тасвиротҳои гуногуни имкони якхела дошта интихоб мекунанд». Шартӣ будани созишкориро таъкид намуда, Анри Пуанкаре дар баробари ин ҳамеша ихтиёрӣ будани онро инкор мекард. Вай далел меовард, ки агар мо ба олами дигар (масалан, ғайриевклидӣ) кӯчонида мешудем, он гоҳ дар дигар ҳолат мебудем.

Созишгароӣ (конвенсиализм)-и мӯътадил ва қатъиро ҷудо кардан мумкин аст. Аз нуқтаи назари созишгароёни мӯътадил, ки Анри Пуанкаре пайрави он буд, таносуби сатҳи назариётии илм ва воқеият аз интихоби воситаҳои мафҳумӣ, қоидаҳо, инчунин аз меъёру идеалҳои прагматикӣ вобаста аст. Дар ин мазмун унсурҳои созишотӣ аз тану мағзи илм бартарафнашаванда мебошанд. Мантиқшиносони машҳур Рудолф Карнап ва Казимеж Айдукевич аз мавқеи созишгароии қатъӣ баромад кардаанд. Онҳо мӯътақид буданд, ки дар илм принсипи таҳаммул танҳо бо созишкории илмӣ вобаста буда метавонад. Дар асоси созишкорӣ ҳамкории байналхалқиии олимон, инчунин муттаҳидшавии олимон дар ҷомеаи илмӣ имконпазир аст. Ин дар соҳаи мантиқи рамзӣ равшантар ба назар мерасад, ки дар он ҳар як олим метавонад низоми мантиқӣ офарад ва ҳамагуна аксиомаю қоидаҳои синтаксисӣ пешниҳод кунад. Дар нисбати фанҳои илмӣ, ки ҳастии воқеиро инъикос мекунанд ва манзараи оламро меофаранд, ихтиёрӣ будани фарзияҳо маҳдуд аст.

Дар шароити имрӯза, вобаста ба хатари бӯҳрони глобалӣ масъалаи масъулиятшиносии кормандони соҳаи илм ва ахлоқи олимон боз ҳам мубрамтар мегардад. Фарогиршавии инкишофи бебозгашти техногенӣ, ифлосшавии муҳити атроф, инкишофи селмонанди иттилооти илмӣ омилҳои қулфатовар (патогенӣ)-и ҳаёти одамон мешаванд. Инсон дар назорати инкишофи тамаддуни пуриқтидори  муосир оҷиз мондааст. Биомедитсинаи муосир имкониятҳои назорати техногениро ривоҷ дода, ба масъалаҳои тавлиди табии инсон, ба ҷараён ва хотимаи ҳаёти инсонӣ дахолат мекунад. Усулҳои гуногуни репродуксия (тавлидот)-и сунъии инсон, иваз кардани узвҳои зарардида, дахолат ба асрорҳои гинетикии инсон, таъсири фаъол ба раванди кӯҳансолшавӣ ва ғайра ба пайдоиши хатари нобудшавии асосҳои аслии биогенетикии ҷисм ва психикаи инсон сабаб мешаванд. Тиҷоратӣ шудани чунин соҳаҳои фаъолияти тиббӣ ба монанди шинондани узвҳои донорӣ, навовариҳои техногении истеҳсоли доруҳо ва ғайра масъалаҳои махсусро пеш меоваранд. Масъала ба миён меояд: илм «барои инсон» ё «бар зидди ӯ» аст; барои кашфиёт ва тадбиқсозии амалии он олимон то кадом андоза масъул мебошанд. Талабот ба офаридани ахлоқи нави илмӣ ташаккул меёбад. Дар доираи он бояд аз нав кодекси рафтори олимон, асосҳои ахлоқи ҷомеаи илмӣ, андозаи ҷавобгарии ҳам олимон ва ҳам сохторҳои ҳокимиятӣ дар ҳолати ба оқибатҳои манфӣ расонидани тадбиқи ягон кашфиёту лоиҳа мавриди баррасӣ ва мулоҳизот қарор гиранд. Масъалаи офаридани ахлоқи экологӣ пеш омадааст. Дараҷаи баланди ахлоқи илми муосир ва олимон – ин заминаи муҳимтарини инкишофи минбаъдаи илм мебошад.

Яке аз лаҳзаҳои табиати иртиботии маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ ин индоктринатсия, яъне тадбиқ, интишор ё талқини (бомақсадона ё ғайримақсадонаи) ягон таълимот (доктрина) мебошад. Умуман, индоктринатсия ин амали ба фазои семантикӣ тадбиқ кардани ягон таълимот мебошад, ки метавонад аз тағйир додани шуур то ҳадди талафоти фардияту ҳуввияти инсон ҳамқарин бошад. Дар таърихи мамлакатамаон дар шуури ҷамъиятӣ аксар ғояҳо бомуваффақият тадбиқ карда шуда буданд: «ҳокимияти халқӣ», «душманони халқ», «коммунизм ҳамчун ояндаи дурахшон», ғояи «маҳкумкунии шахспарастӣ», ғояи «азнавсозӣ» ва охиран, ба ҷои онҳо, ғояи падидомадаи «бозоргонӣ» ҳамчун механизми натиҷабахши инкишофи марҳалаи баъдисаноатӣ. Тадбиқу интишори кулли ин ва дигар ғояҳо тавассути механизмҳои ташаккули шуури ҷамъиятӣ таъмин мегардид.

Индоктринатсияро ҳамчун раванди мақсаднок баррасӣ намудан мумкин аст. Мақсади он иборат аз алоқаманд ва муттаҳид намудани фардҳои гуногун бо ёрии якранг сохтани тафаккур, мафкура ва ҷаҳонфаҳмии онҳо мебошад. Индоктринатсия як навъ воқеияти нав меофарад, ки метавонад бо воқеияти мавҷуда зиддият дошта бошад. Субъекти иҷтимоӣ иттилоотро дар бораи воқеият қабул намуда, аз таҷрибаи иҷтимоишавии худ, аз тасаввуроти воқеии худ дар бораи воқеияти мавҷуда дур мешавад. Гӯё, ки як навъ ҷудошавии субъект аз олами воқеии иҳотакарда ва воридшавӣ ба фазои фикрронии махсус офаридашуда бо ҷамъи махсуси арзишҳо ва афзалиятҳояш ба амал меояд.

Раванди индоктринатсия бояд ҷавобгӯи талаботҳои муайян бошад: а) таълимоти афзалиятдошта бояд чунин хусусиятҳои «хуб» дошта бошад: томият, мукаммалӣ, безиддиятӣ, дорои ғояҳо ва мақсадҳои муайян будан, ҳамарофарогиранда будан; б) «воридшавӣ» ба таълимот бояд пурра бошад. Яъне шартҳои бомуваффақият гузаштани раванди индокринатсия аз ҳамарофарогирандагӣ тоталитаризм ва назорати куллӣ иборат мебошад, ки на танҳо ба калонсолон, инчунин ба кӯдакон таъсири худро мерасонад; в) раванди индоктринатсия бояд механизми сахтгири ҷазодиҳӣ дошта бошад, ки хизматгузорӣ ба таълимоти мазкур, эътиқод ба он, мувофиқат кардан бо арзишҳои асосӣ ва ғояҳои танзимкунандаи онро дарбар мегирад.

Ба сохтори индоктринатсия дохил мешаванд: а) ҷавҳари дағалу сахтгир: ғояи асосӣ ва маҷмӯи принсипҳои асосӣ, ки аз он бармеояд; б) қишрҳои ҳалқаҳои ҳифзкунанда: мақсадҳо, рамз, низоми урфу одатҳо, маҷмӯи қоидаҳои рафтор, ки ҷавҳари индоктринатсияро муҳофизат мекунад; в) механизми маън кардан ва иҷозат додан, ҷазо ва мукофот, ки кори механизмҳои ҳифзкунандаро кафолат медиҳанд.

Индоктринатсия нисбати рафтори минбаъдаи фардҳо, бо назардошти хусусияти иҷтимоӣ-психологии онҳо, бо худ иттилоот ва амр мерасонад. Ин иттилоот барои пиндошту рамзкушоии фаросатӣ пешбинӣ шудааст, ки на танҳо равандҳои андешавӣ, инчунин равандҳои ҳиссӣ-таасуротиро дарбар мегирад. Вобаста ба ин, аҳамияти воситаю тарзҳои талқинкуниро махсус бояд қайд кард, ки барои талқини фавқулақлӣ равона карда шудааст. Дар номгӯи тарзҳои таъсиррасонии талқинӣ муҳимаш барномасозӣ ва таъсири барномасозӣ ба фардҳо мебошад. Раванди муттаҳидшавии фардҳо яке аз нишондиҳандаҳои муваффақиятнокии худи раванди индоктринатсия мебошад. Ҳисси мансубият ба ягон хел мақсади умумӣ, фазои умумиятӣ ва иттиҳодӣ, омили ҳампайвастагӣ ва ғайра ҳамчун арзишҳои асосию муҳими раванди феълии индоктринатсияро ҳамроҳикунандаю онро ҷазбмандсозанда паҳн мешаванд.

Ба паҳншавии васеъи индоктринатсия дар шароити имрӯза чунин мушкилотҳои шароити иҷтимоӣ-фарҳангӣ мусоидат мекунанд: зeроварона (агрессивӣ) ва саршор будани муҳити иттилоотӣ; таъсири афзояндаи масъалаҳои глобалии замона; муқовимати геополитикӣ, бесаводии психологӣ ва маҳрум будани қисми асосии аҳолӣ аз ҳифзи психологӣ, ки худро аз таъсири иттилоотӣ эмин нигоҳ дошта наметавонанд; омилҳои манфиатҷӯии иқтисодӣ дар индоктринатсия; мавҷуд набудани чораҳои ниҳодии воқеан амалкунанда, ки ба индоктринатсияи намудҳои гуногуни мазҳабҳо, мактабҳо, гурӯҳҳо, амалҳо ва ғайра бояд монеъа бошанд.

Мувофиқи натиҷагириҳои фалсафӣ-методологӣ, мақсади асосии равандҳои индоктринатсия дар ҷаҳони муосир иборат аз коста намудани гуногунандешӣ, тамоюлгирӣ ба афзалияти айниятисозӣ, миёна кардани ғояҳои идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ мебошад. Аммо агар фарз кардем, ки танҳо як идеология ғолиб гардад ва самти инкишофи ҷамъиятро яксамта муайян намояд, пас ин ҳамчун омили таназзул, ҳамчун фишори механизми таназзуловари монизм, ки як навъ ғояро дар шакли муқаррароти исботшуда тасдиқ мекунад, арзёбӣ карда мешавад.

Рафтори худхоҳонаю авторитарӣ, напазируфтани танқиду ақидаи дигарон, даъвои дарёфти ҳақиқати ҳадди охир, писандидани амалҳои асардуздӣ, таҳрифи далелҳою далелноккунии дурӯғилмӣ, муносибати беҳурматона бо рақибону мазаммати «маслакфурӯшон», истифодаи психотехника барои комёбиҳои шахсӣ ва дигар нияту кирдори ношоистае, ки ба ахлоқи илмӣ бегонаанд, барои илми ҳаққонӣ қoбили қабул шуда наметавонанд.

Оё дар илм индоктринатсия ҷой дорад? Ҳа, махсусан дар доираи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, ки дар онҳо аксаран мақсади таъмини осебнаёбии назария-таълимотҳои «лозима» ва интишори бомуваффақияти онҳо пеша карда мешаванд. Агар донишҳои ягон таълимоти илмӣ  комилан баҳснопазир ҳисобида шавад, он гоҳ вай манбаи парастиш шуда, намуди хоси қаноатмандӣ аз мансубият ба онро ба вуҷуд меоварад. Инсон ба  баргузидагони илм ё шахсиятҳои хосса, ки дониши қавъӣ дошта, аз принсипу усулҳои махсуси махфӣ огоҳанд, худро муқарраб ҳис мекунад.

Он олиме, ки гирифтори индоктринатсия нашудааст, ба кӯшишҳои ба маълумоташ расонидани далелҳои ғайриилмӣ муқовимат нишон медиҳад. Вобаста аз возеҳтар будани аксулдалел ва бузург будани тағйирот дар шуури индоктрининашуда муқовимат низ сахттар мешавад. Индоктринатсия дар илм ҳамчун воситаи пурқуввати таъсиррасонӣ ба олим, ба нобуд кардани фардияти ӯ, озодии интихоб, ақида ва мавқеъ,ба косташавии тафаккури танқидӣ сабаб шуда, имконияти эътирофи ҳамагуна дигарақидагиро истисно мекунад.

10.6. МАСЪАЛАИ ҲАҚИҚАТ ВА АҚЛОНИЯТ ДАР  ИЛМҲОИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ

Таълимоти классикӣ ва ғайриклассикии ҳақақат дар маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ

Новобаста аз он, ки маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ ин омӯзиши арзишӣ-мазмунии объектҳои нотакрор ва фардӣ буда, худи инсон, субъектро дарбар мегирад, вай чун донишҳои табиатшиносӣ даъвои инъикоси айниятии воқеиятро дорад ва мақсадаш ноил шудан ба ҳақиқат мебошад.

Муҳокима дар бораи чӣ будани ҳақиқат таърихи зиёда аз ду ҳазорсола дорад. ҳанӯз Афлотун дониши ҳақиқиро (эпистеме) аз ақида (докса) ҷудо карда буд. Таърифи ҳақиқат, ки Афлотун дода буд, баъдтар ба сифати классикӣ эътироф шуд. Дар он чунин омадааст: ҳақиқат – ин мувофиқати фикр бо предмет, дониш бо воқеият мебошад. Дар назари аввал фаҳмиши ҳақиқат ҳамчун мувофиқати фикр ва воқеият хеле некбинона аст, чунки дар он ҳақиқати объектҳои мавҷуднабуда ғайриимкон мебошад. Аммо ҳангоми таҳлили амиқ мушкилот пеш меояд: 1) истилоҳи «мувофиқат»,масалан, бо маъноҳои гуногун истифода мешавад (мувофиқати байни рамз ва объект, байни ном ва ашё ва ғайраҳо); 2) чӣ ба чӣ бояд мувофиқат дошта бошад – фикр ба предмет ё предмет ба фикр? Барои Георг Вилгелм Фридрих Гегел (ва тамоми фалсафаи идеализми объективӣ) воқеият бояд ба фикр, ба идеяи мутлақ мувофиқат дошта бошад. Материалистон бошанд, мувофиқати тасаввуроту фикрҳои моро дар бораи воқеият бо худи воқеият асоснок менамоянд. Бинобар ин, таърифи классикии ҳақиқат талаб мекунад, ки мафҳуми «мувофиқат», аз ҷумла эътирофи айниятӣ будани тафаккур бо воқеият маънидод карда шавад. Вобаста ба ин мафҳуми «ҳақиқати объективӣ» мубрамтар мегардад. Ҳақиқати объективӣ – ин донишҳое, ки мазмунашон аз инсону инсоният вобаста намебошанд. Мустақилияти ҳақиқат аз субъекти маърифат маънои онро дорад, ки ҳақиқат дар худ таҳрифи аз ҷониби субъект содиршударо надорад, балки бо худи объекти маърифатшаванда муайян мешавад.

Хатои назарияи маърифати метафизикӣ (зидди деалектикӣ) дар он буд, ки ҳақиқатро як навъ ҳолати мукаммали инъикоси пурраи объект мефаҳмид. Дар чунин нуқтаи назар барои таҳаввул ва инкишофи мазмуни он ҷой намемонад.

Ҳарчанд Фрэнсис Бэкон қайд карда буд, ки «ҳақикат – духтари вақт аст, на духтари нуфуз», аммо танқиди асосноки назарияи ҳақиқати метафизикӣ бори нахуст аз ҷониби Г.Гегел баррасӣ гардид. Г.Гегел нишон дод, ки ҳақиқат раванди беш аз беш мувофиқат кардани предмет бо мафҳум мебошад, «ҳақиқат эътирофи хушку холӣ набуда, моҳиятан раванд аст». Сабаби равандӣ будани ҳақиқат аз ҳамтаъсирии беохири субъект ва объект, аз ҷудо кардани порчаҳои нав ба нави воқеияти айнӣ вобастагӣ дорад.

Ошкор аст, ки дар донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ комёб шудан ба ҳақиқат бо баҳсу мунозираҳо алоқаманд аст. Таърихи маърифат, ба қавли Алберт Эйнштейн, ин «фоҷиаи ғояҳо», ивазшавии як назария бо дигараш мебошад.

Фаҳмиши ҳақиқат ҳамчун раванд лаҳзаҳои нисбӣ ва мутлақ будани онро дарбар мегирад. Истилоҳи «ҳақиқати мутлақ» се маъно дорад: 1) истиораи дониши дақиқу мукаммали ҳамаи воқеятро то «ҳадди охир» дарбаргиранда, як навъ идеали гносеологӣ, ки дар ҳеҷ кадом дараҷаи маърифат пурра воқеӣ намешавад; 2) бақайдгирии як навъ донишҳои оддии тағйирнаёбанда, ки ба ҳадди дақиқ муайяншуда ва тағйирнопазир мебошанд. Мисоли ин навъи ҳақиқат: Лоиқ Шералӣ соли 1941 таваллуд ёфтааст, унсури кимиёвӣ вазн дорад ва ғайра; 3) чунин дониш, ки ҳангоми инкишоф ёфтан ва ғанӣ гардидани тамоми низоми донишҳо вай аҳамияти худро гум намекунад. Масалан, қонунҳои механикаи классикии Исаак Нютон баъди кашфи назарияи нисбияти Алберт Эйнштейн аҳамияти худро нигоҳ доштанд.

Бо ҳақиқати мутлақ донишҳое алоқаманд карда мешаванд, ки дар рафти инкишофи минбаъдаи илм инкор нашуда, балки танҳо бо мазмуни тоза ғанӣ гардонида мешаванд. Ин маънои муҳими истилоҳи «ҳақиқати мутлақ» мебошад, ки абстрактӣ набудани ҳақиқат, мушаххас будани онро қайд мекунад. Низоми томи донишҳо унсурҳои мутлақан ҳақиқӣ ва нисбатан ҳақиқиро дарбар мегирад.

Назариёти классикии ҳақиқатро назарияи мувофиқат ё назарияи корреспондентӣ (мукотиботӣ)-и ҳақиқат меноманд. Ин назариёти ҳақиқат нусхабардории оддии воқеиятро бо «мувофиқат» мепайвандад. Вале инсон дар маърифат кардани олам на бо олами «дархуд» балки бо он, ки ин олам чӣ тарз инъикос, ҳиссӣ ва зеҳнӣ дарк карда мешавад, сарукор дорад. Маърифат ҳамчун «инъикоси инъикос» тасаввур карда мешавад. Олами далелҳо хусусияти фитрӣ дошта, тавассути мафҳумҳо бо тафсир алоқаманд аст.

Дар назариёти классикии ҳақиқат тасдиқотҳо аз ҷумлаҳои ҳикоятии оддӣ фарқ карда мешаванд. Ҳақиқат на бо ҳар кадом ҷумлаҳои ҳикоятӣ, балки бо ҳамонаш, ки хусусияти тасдиқотро дорад, алоқаманд карда мешавад. Аммо на ҳар як тасдиқот бо худ дониши ҳақиқӣ дорад. Дар назариёти классикии ҳақиқат танҳо ҷумлаҳои тафсирӣ (дескриптивӣ) ба сифати ҳақиқат қабул мешаванд. Чунин фаҳмиш ба мушкилот дучор месозад, чунки олами фитрии дар назарияҳо офаридашудаи объектҳои идеалии назариявӣ бо талаботҳои тафсирот мувофиқат дошта наметавонад, чунки вай маърӯзачӣ надорад. Агар сухан дар бораи иброзу тасдиқоти кулли хосиятҳо равад, он гоҳ мушкилоти санҷиши онҳо ба миён меояд, хусусияти тафсиротии онҳо ба зери шубҳа гирифта мешавад, чунки маърeзачии ин иброзҳо ҳузур надорад. Дар мантиқи классикӣ ҳаққонияти мантиқиро ҳамчун ҳақиқати ҳамаи оламҳои имконӣ фаҳмида мешавад.

Ба назарияҳои ғайриклассикии ҳақиқат назарияи ҳамбастагӣ (когерентӣ)-и ҳақиқат мансуб мебошад. Дар ин назария кӯшиш карда шудааст, ки маҳдудиятҳо ва мушкилотҳои назарияи классикии ҳақиқат бартараф шаванд. Назарияи ҳамбастагии ҳақиқат ду тарз баён карда мешавад: 1) мафҳуми «ҳамбастагӣ» (когерентӣ) ба ҷои мафҳуми пешинаи «мувофиқат» гузошта мешавад; 2) тасдиқ карда мешавад, ки мувофиқат танҳо тавассути ҳамбастагӣ муайян шуданаш мумкин аст.

Дар фаҳмиши ҳақиқати ҳамбастагӣ диққат аз «мувофиқат» ба худҳамоҳангии унсурҳои низоми дониш ҷалб карда мешавад. Инҷо ҳақиқат дар он нест, ки донишҳо бо воқеият мувофиқат доранд, балки дар он аст, ки донишҳо низоми худҳамоҳангро ташкил медиҳанд. Назарияи ҳамбастагии ҳақиқат дар бораи муносибати донишҳои ботинан ҳамоҳанг бо олами айнӣ, ки онро инъикос менамоянд, маълумот намедиҳад. Ҳамин тавр, назарияи ҳамбастагии ҳақиқат мушкилоти фаҳмиши классикии ҳақиқатро бартараф намуда, бо дигар масъалаҳои ҳалталаб рӯбарӯ мешавад.

Назарияҳои ғайриклассикии ҳақиқат пешниҳод менамоянд, ки моҳияти ҳақиқат на дар мувофиқати воқеият бо фикр, балки дар мувофиқат бо меъёрҳои интихобӣ баррасӣ карда шавад. Дар партави чунин нигориш назарияи прагматикии ҳақиқат маълум мегардад, ки мувофиқи он фоидабахшии амалӣ ва судмандии донишҳо дар комёбшавӣ ба мақсад ҳамчун ҳақиқат дониста мешавад. Агар назарияи прагматикии ҳақиқат мутлақ карда шавад, он гоҳ назарияи умумии нисбият ва дигар кашфиётҳои бунёдии фоидаи бевоситаи амалӣ надошта аз мазмуни ҳақиқиашон бенасиб мемонанд.

Ба назарияҳои ғайриклассикии ҳақиқат, ғайр аз назариёти прагматикӣ ва ҳамбастагӣ, инчунин назарияи семантикии ҳақиқатро мансуб медонанд. Семантика низомҳои аломатиро аз нуқтаи назари маъно ва мундариҷаи онҳо меомӯзад. Вай бештар назарияи мантиқӣ буда, зарурати гузаштан аз забони муқаррарӣ ба забони шаклиро исбот мекунад. Барои муҳокимаи ҳаққонияти ифодаҳои забони шаклӣ гардонидашуда зарурати забони махсус (метазабон) эътироф карда мешавад.(Метазабон – ин забоне, ки тавассути он забонҳои дигар ҳамчун объект таҳқиқ карда мешаванд. Аз нуқтаи назари шахси бо забони тоҷикӣ гуфтугузор дошта, ки забони арабиро меомeзад, забони тоҷикӣ метазабон буда, забони арабӣ ба сифати забони объектӣ мебошад).

 Назарияи семантикии ҳақиқат бо номи риёзидон, мантиқшинос ва файласуфи лаҳистонӣ Алфред Тарский (1902–1983) алоқаманд мебошад. Ба ақидаи ӯ мафҳуми «ҳаққонӣ» таносуби байни низоми ифодаҳои аломатӣ ва объектҳо ё вазъи соҳаи тафсиркуниро муайян мекунад. Инчунин Алфред Тарский қайд кардааст, ки муҳокимаи мантиқан безиддияти масъалаҳои семантикӣ номумкин буда, мафҳуми ҳаққониятро тавассути воситаҳои забони таҳқиқшаванда муайян кардан ғайриимкон аст.

ҳақиқат ва ростии экзистенсиалӣ

Масъалаи ҳақиқат доманадор буда, аз доираи масъалаи баррасии ҳаққонияти донишҳои илмӣ берун мебарояд. Дар ҳаёту фаъолияти худ инсон аз рӯи зарурат бо идеалҳои марказии ҷаҳонфаҳмӣ, ба монанди ҳақиқат, ростӣ, эътимодбахшӣ, алоқаманд мебошад. Ҳақиқат гуногунҷабҳа буда, яке аз ҷабҳаҳои муҳимаш ин ҳақиқати экзистенсиалӣ мебошад. Ҳангоме, ки сухан дар бораи зебоии ҳақиқӣ, адолат ва ҳадафҳои ҳаққонӣ меравад, он гоҳ онҳо на ҳамчун мафҳумҳои абстрактӣ, балки ҳамчун арзишҳои мавҷудияти инсонӣ ба назар мерасанд. Дар ҳаёти рӯзмарраи худ одамон бештар калимаҳои гуногуни бо мафҳуми ҳақиқат ҳаммаъноро истифода мебаранд. Онҳо дар бораи муҳаббату рафоқати ҳақиқӣ, садоқати ҳақиқӣ, поквиҷдонии ҳақиқӣ ва ҳатто дар бораи ҳаловати ҳақиқӣ сухан мекунанд. Ҳатто мулоҳиза ҳам ҷой дорад, ки гeё ҳар нафар ҳақиқати худро дорад. Ба Т.Гексли ин суханони шоёни таваҷҷӯҳ таалуқ доранд: «Ҳаргуна ҳақиқат ҳамчун сафсата тавлид мешавад ва ҳамчун хаёли воҳӣ мемирад». Баъзан баҳс дар атрофи ҳақиқат хусусияти ҷаҳонбинӣ мегирад. Он чизе, ки дар доираи як низоми сиёсӣ ҳақиқӣ эътироф шудааст, дар доираи низоми дигар чунин шуморида намешавад.

Фаҳмиши экзистенсиалии ҳақиқат алоқамандии ҳақиқат бо мазмуни ҳастии инсонро қайд мекунад. Ба фаҳмиши экзистенсиалии ҳақиқат на танҳо шарҳдиҳии мафҳумӣ-мантиқии олам, инчунин тафсири маънавиии он дохил мешавад. Г.Гегел захираи бузурги нерӯи фаҳмиши экзистенсиалии мафҳуми ҳақиқатро эҳтимол пай бурдааст, ки менависад: «Ҳақиқат сухани бузург аст, зиёда аз ин, кори бузург аст. Агар рӯҳу ҷони инсон ҳанӯз сиҳат бошад, пас дар ӯ ҳангоми садои ин калима бояд қафаси синааш боло бидамад». Дар шарҳдиҳии маънавӣ-динӣ ҳақиқат тавассути эътиқод дастрас шуда, ҳеҷгуна исбот ва асосмандкуниро талаб намекунад. Ҳақиқати экзистенсиалиро бо фаҳмиши мантиқии он маҳдуд кардан лозим нест: вай ба инсон ҳамчун яқинии пурраи маъною мазмуни воқеаи феълан ҷорибуда зуҳур меёбад. Қайд намудан бомаврид аст, ки дар забони юнонӣ ҳақиқат – aletia маънои «панаҳ набудан, махфӣ набудан»-ро дорад.

Дарки экзистенcиалии ҳақиқат бо таасурот вобастагии ногусастанӣ дошта, ҳамчунин ҷанбаи иҷтимоӣ-маънавӣ дорад, зеро он боиси ташаккулёбии ин ё он мавқеи ҳаётӣ мегардад. Он шароитҳое, ки инсон дар доираашон вуҷуд дорад, он талаботу арзишҳое, ки ҳастии рӯзмарраи ӯро фаро гирифтааст ва дар ҷаҳонбинаш инъикос мешавад, ӯро маҷбур менамоянд, то ки худро ба табақаи муайян мансуб донад, худро тарафдори мавқеҳои либералӣ, бозоргонӣ, давлатӣ ва ғайра ҳисобад.

Мартин Хайдеггер намояндаи шоёни баёнсозандагони фаҳмиши экзистенсиалии ҳақиқат ҳисобида мешавад. Ӯ дар асараш «ҳастӣ ва вақт» ҳақиқӣ буданро ҳамчун яқинии олам, бевосита ба инсон дода шудани он, чун озодии инсон нисбат ба олам тасаввур намудааст. Ҳақиқати экзистенcиалӣ барои инъикоси томияти аз ибтидо ҷудонашавандаи «инсон-олам» ва сарфаҳм рафтан ба он таъинот дорад. Аммо чунин дарккунӣ танҳо тавассути воситаҳои таҳлили зеҳнӣ таъмин карда намешавад: барои он экзистенcиалҳо лозиманд. Экзистенcиалҳо – ин категорияҳои махсус мебошанд, ки дар тафовут аз категорияҳои мантиқӣ на асолатҳои умумии ҳастии табиат, балки асолатҳои умумии ҳастии инсон дар оламро ифода мекунанд: «инҷо-ҳастӣ» (Dasein дар М.Хайдеггер), «ҳастӣ – бо – дигарон», «ҳастӣ – ба – марг», «ҳарос», «ҷасорат», «орзу» ва дигар экзистенcиалҳо, ки хосиятҳои ҳастии ба мавҷудияти инсонӣ муҳимро ифода мекунанд. Азбаски ҳадди экзистенcия (мавҷудият) ин итмом (марг)-и он мебошад, бинобар он, ҳақиқати экзистенcиалӣ хусусияти вақтӣ дорад: ин ҳақиқат таърихӣ буда, аз шароит вобастагӣ дорад. Илова бар ин, ҳақиқати экзистенcиалӣ дар тафсири файласуфони экзистенcиалисти фаронсавӣ Жан Пол Сартр ва Албер Камю дорои қобилияти транссендишавӣ мебошад (транссендишавӣ – яъне беруншавӣ аз ҳадди худ ва расидан ба моҳияти фавқулинсонӣ).

Файласуфи рус Павел Александрович Флоренский (1882–1937) истилоҳи «ҳақиқати экзистенсиалӣ»-ро истифода накарда бошад ҳам, ба он таърифи доманадор додааст: ҳақиқат он чизе, ки мавҷуд аст ва он мавҷудияти бевоситаю яқинан додашуда дар таасуротамон дарк карда мешавад.

Дар муродифи мафҳуми «ҳақиқат» инчунин мафҳуми «ростӣ» дар донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ истифода мешавад. Муқоисаи мафҳумҳои «ҳақиқат» ва «ростӣ» алоқамандии онҳоро ва дар як вақт фарқияташонро нишон медиҳад. Аз ҷиҳати этимологӣ калимаи «ростӣ» бо калимаҳои «ҳақ», «дурустӣ», «порсоӣ», «росткорӣ» алоқамандӣ дорад. Ҳақ маънои намунавӣ будан, ба меъёр ҷавобгӯй буданро дорад. Дар фолклори тоҷик ростӣ ба каҷрафторӣ зид гузошта мешавад, чуноне, ки ҳақиқат ба дурӯғ зид гузошта мешавад. Ростӣ – ин рост рафтан аз пайи оне, ки самтгир намудааст, каҷрафторӣ – дуршавӣ аз он, каҷравӣ, фиреб мебошад. Ю.С.Семенов фарҳанги русро омӯхта, қайд кардааст, ки ҳақиқат ин муайянияти пешакӣ додашуда ба қонун ё дастур ва ростӣ бошад – ин намунаи рафтору меъёрҳои аз ботини инсон бармеомада мебошад; ростӣ – ин пайравӣ ба майлу нияти ботинӣ мебошад. В.Дал инчунин навишта буд, ки «ростӣ – ин ҳақиқат дар амал» мебошад. Гумон аст, ки ягон ифодаи аксиоматикиро (масалан, суммаи кунҷҳои секунҷа ба 1800 баробар аст) ростӣ номида шавад, зеро ин ҳақиқат аст. Аммо ифодаҳои рӯзмарравӣ, ки ба моҳияти чизҳо ҷавобгӯанд (масалан, вай ғамгин аст) ҳамчун ростӣ фаҳмида карда мешавад, на ҳамчун ҳақиқат. Ин аз он гӯвоҳӣ медиҳад, ки ҳақиқат ва ростӣ аз ҷиҳати семантикӣ мафҳумҳои фарқиятдошта мебошад. Дар ҳақиқат мазмуни куллро ва дар ростӣ хусусияти алоҳида, мушаххас, хусусиро бояд дид. Дар ростӣ «мувофиқат ба мушоҳида» қайд мешавад. Ростӣ, ҳақ, дурустӣ, порсоӣ – ин ҳама яқинан дода шудаанд. ҳақиқат ҳамчун моҳияти амиқ, ки бояд кашф шавад, андешида мешавад.

Дар давоми асрҳо ростӣ ҳамчун мақсади асосии ҷустуҷӯҳои ғоявии чандин наслҳо, мутафаккирон ва файласуфон фаҳмида мешуд. Ҷустуҷӯи ростӣ, мубориза барои ростӣ – мақсади ҳаёт дониста мешуд. Ростӣ маънои эътимодмандии ботинӣ ба ҳақбуданро дошт ва бо мавқеи шаҳрвандӣ пайваст карда мешуд, дар як вақт унсури одоб мегардид. Агар ифодаи «Афлотун дӯсти ман, аммо ҳақиқат қиматтар аст» дахолатнопазирӣ ва фавқулшахсиятии ҳақиқатро ба қайд гирад ва ифодаи «симои зишти ҳақиқат» маънои барои инсон ваҳмангези онро инъикос намояд, пас дар мафҳуми «ростӣ» ҷанбаи ахлоқӣ вуҷуд дорад.

Бояд қайд кард, ки агар ростӣ бо қонунҳои расмӣ қиёс карда шавад, пас аксаран бо қонунҳои ҳуқуқӣ зид гузошта мешавад. Чунин ифодаҳоро дучор шудан мумкин аст: ростӣ-ҳақиқат, ростии ҳақиқӣ, ҳақиқат-адолат. Владимир Соловев навишта буд, ки дар як калимаи «ростӣ» ду мафҳум, яъне адолат ва ҳақиқат мувофиқ омадаанд: ростӣ – ин зуҳуроти амалии ҳақиқат ва адолат мебошад. Николай Бердяев яке аз асарҳояшро «ҳақиқати фалсафӣ ва ростии зиёиёна» номгузорӣ кардааст. Зиёиёни рус, ки аз мавеқи танқидӣ фикрронӣ кардан, дарки воқеият ва ба он баҳо доданро ба худ лоиқ медонистанд, худро «барандаи ростӣ» тасаввур мекарданд. Ҳақиқати фалсафӣ, дар навбати худ, аз тарафи онҳо ҳамчун дониши мантиқан асоснокшуда ва далелнок исботшуда фаҳмида мешуд.

Бошуурона ва мақсаднок таҳриф кардани ҳақиқат бо мафҳуми «дурӯғ» ифода карда мешавад. Ифодаи бардурӯғ ҳолати воқеии чизҳоро қайд намекунад, бинобар онро ба ифодаи бемаърӯзачӣ таалуқ донистан мумкин аст. Дар мавридҳои ахлоқӣ ифодаи «дурӯғ баҳри халосӣ» ҷой дорад, ки ин падидаро дар ҳастии воқеӣ ҳақ мебарорад. Дар тафовут аз дурӯғ, ки аномалияи шуур ва натиҷаи интихоби мақсаднок аст, иштибоҳ бо маҳдудиятҳои таърихан ногузири имкониятҳои маърифат ва равандӣ будани он алоқаманд аст. Иштибоҳ дар ин ҳолат лаҳзаи ногузири маърифати ҳақиқат мешавад. Ба маънои васеъ иштибоҳ ин мувофиқат накардани дониш бо предмети тадқиқот мебошад. Сабабҳои асосии иштибоҳ аз инҳо иборат мебошанд: табиати мураккаби объекти омӯхташаванда; вайрон кардани қоидаҳои қатъии хулосабарории мантиқӣ, мутлақгардонии ягон лаҳзаи маърифат, ягон хосият, муносибат ё аломати алоҳида; ҷудо кардани объект ё зурҳурот аз тамоми низоми робитаҳо; бе таҳлили танқидӣ муносиб донистани хусусиятҳои як навъи зуҳуротҳо ба дигараш; мамониятҳои субъективӣ (оташинӣ, фиреби узвҳои ҳис, ақлро халадор кардани ирода); гуногунмазмунӣ, истиоравӣ, ассотсиативӣ будани нутқи шифоҳӣ ва ғайра.

Иштибоҳ на танҳо хоси маърифати илмӣ, инчунин хоси баҳогузории одамон ба ҳодисаҳои зуҳурёбандаи иҷтимоӣ мебошад. Дар ин ҳолат сабабҳои иштибоҳи одамон, аз ҷумла бесаводӣ, бемаърифатӣ, ғафлатзадагӣ, ҷоҳилӣ, ғаразнокӣ ва ғайра маҳдудияти амалияи таърихӣ-ҷамъиятӣ буда метавонанд. Намуди махсуси иштибоҳро идеалогия ба миён меоварад.

Плюрализм, релятивизм, психологизм, таърихият дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва масъалаи ҳақиқат

Плюрализм, релятивизм, психологизм муддати тӯлонӣ зуҳуротҳои манфӣ шуморида шуда, барои бартараф кардани онҳо кӯшиш карда мешуд. Плюрализм (аз лотинӣ, plғқalis – гуногун) – маънояш ҷой доштани ибтидоҳои гуногунмазмун мебошад. Вай бо монизм, ки гуногунии оламро вобаста аз як ибтидо маънидод кардан мехоҳад, муқобил мебошад. Яке аз намунаҳои қадимтарини плюрализм – ин таълимоти файласуфи атиқӣ Эмпедокл (тахминан дар ҳудуди солҳои 490-430 то мелод зистааст) дар бораи чор ибтидоҳои олам мебошад. Худи плюралистон мавқеашонро баланд баҳогузорӣ мекунанд, зеро он имкон медиҳад, ки аз баҳсҳои фалсафӣ дар бораи муносибати рӯҳ ва табиат, шуур ва материя худро канор гиранд. Намунаи плюрализми фарҳанги нававрупоӣ фалсафаи Готфрид Лейбнитс (1646-1716) буда метавонад. Мувофиқи таълимоти e, олам аз монадаҳои сершумори тақсимнопазири табиати фардӣ, мустақил, фаъол ва худбасандагӣ дошта, иборат мебошад.

Плюрализм мавҷудияти оламҳои сершумор ва навъҳои гуногуни фарҳангӣ-таърихиро боисрор таъкид мекунад. Дар сотсиология вай барои асоснок кардани инкори нақши муайянсозандаи бунёди ягонаи ҷомеаю назарияи ягонаи инкишофи он хизмат мекунад. Мувофиқи тафсироти пурқуввати плюрализм ҳамаи омилҳои гуногуни муайянсозанда баробарҳуқуқанд ва мувофиқи тафсироти сусти он дар байни асосҳои гуногун афзалиятнокаш вуҷуд дорад. Аз ҷониби плюрализм эътироф карда шудани баробарарзишӣ ва баробарҳуқуқии назарияҳо масалаи муайян кардани ҳақиқатро душвортар мегардонад.

Бинобар ин, дар назарияҳои классикии маърифат ба хотири як назарияи ҳақиқат лозим дониста мешуд, ки плюрализм бартараф карда шавад. Аммо гуногунрангии азалии олами иҷтимоӣ-фарҳангӣ, мавҷуд набудани якрангии анъанаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ имкон намедиҳанд, ки плюрализм аз илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ берун карда шавад. Мавҷудияти плюрализм дар ин илмҳо бо пажуҳиши зуҳуротҳои таърихӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии яккаю нотакрор ва махсус алоқаманд аст. Бинобар ин, ҳаммавҷудиятии назарияҳои гуногун аз рӯи принсипи иловатӣ имкон дорад ва таҳаммулкорӣ нисбат ба плюрализмро дар маддӣ назар мегузорад.

Маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ бо воқеияти таърихан тағйирёбанда ва ҳодисаҳои нодири таърихӣ сарукор дорад. Ҳамеша ҷорӣ будани шароитҳои ҳаётӣ, тағйиротҳои иҷтимоӣ сабаби ҷой доштани унсурҳои релятивизм дар донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ мебошад. Релятивизм (лотинӣ, қelativғs – нисбӣ) дар ҷараёни инъикоси объекти таърихан тағйирёбанда ногузир мебошад. Релятивизм натиҷаи омӯзиши чунин объектҳо аст, ки дар вақт доимӣ намебошанд ва вазъиятӣ буда, ба доираи фаъолияту муоширати одамон дохил шудаанд. Релятивизм тағйирпазирии ҷиддии дониш ва тасдиқоту хулосаҳои онро инъикос мекунад, инчунин амали мураккаби тафаккурро, ки гузариши суръатнок аз як силсилаи маърифат ба дигарашро имконпазир меҳисобад, ба қайд мегирад. Догматизм (лотинӣ, dogma – ҳақиқати эътирознопазир) ба релятивизм зид буда, устуворӣ ва тағйирнопазирии хулосаҳои дар ҷараёни маърифат ҳосилшударо мутлақ мегардонад.

Масъалаҳои релятивизмро сотсиологи муосир Карл Манхейм (1893-1947) омӯхтааст. Вай қайд карда буд, ки релтивизм ба гуногунӣ ва тағйирпазирӣ таваҷҷӯҳ намуда, ба асос мегирад, ки дар ҳар кадом лаҳзаи вақт дар ин ё он асос якҷоя маҷмӯи омилҳои гуногун вуҷуд доранд. Интихоби ин ё он омил ба сифати афзалиятнок, аммо бо имконияти дар оянда «азнавинтихобшавӣ»-и он аз амалҳои мақсадгузоронаи релятивизм шаҳодат медиҳанд. Карл Манхейм мафҳумҳои «стандартҳои тағйирёбандаи тафаккур ва амалия», «ҳақиқати тағйирёбанда», «нигариши тағйирёбанда»-ро ворид кард, ки аз нуқтаи назари гносеологӣ ҳамчун наздикшавӣ ба объектӣ «равона, муҳаррик» аз мавқеи «равона» ифода карда шуданашон мумкин аст. Мавҷудияти намудҳои гуногуни назарияҳо ва фарзияҳои ибтидоӣ, аз як тараф, инчун нигоришҳои гуногуни диди олам (мантиқӣ, психологӣ, онтологӣ), аз дигар тараф, сабаби имконпазирии релятивизм мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки мундариҷаи дониш метавонад иваз гардад, вай асоси устувор надорад.

Релятивизм метавонад мӯътадил ё дағал бошад. Хатари релятивизми дағал (ҳангоме, ки ба як дарё ду бор не, ҳатто як бор даромадан имконнопазир аст, чунки ҳама чиз ҷорӣ ва тағйирёбанда аст) ҳанӯз дар замони атиқа дарк шуда буд. Софистҳо Протагор, Горгий, Афлотун, баъдтар шаккокияи атиқӣ, ки ғояҳояш дар шаккокияи Замони Нав инъикос гардидааст, мавқеи релятивизми мӯътадилро дастгирӣ намудаанд.

Методологияи релятивизм умуман дар давраҳои тағйиротҳои инқилобӣ ва аз ҷумла, дар давраҳои инқилобҳои илмӣ, ки дар натиҷаи он асосу ҷавҳари назарияҳои пешина иваз мешавад, нерӯи тоза мегирад. Дар баъзе ҳолатҳо дар бораи релятивизми «солим» ва «вулгарӣ» ҳарф мезанад. Чунончӣ, дар доираи донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ «вулгарӣ» (лотинӣ, vғlgaқisсодда), яъне соддаю дағал сохтани ягон донишу принcипҳо ин хусусияти релятивизми ахлоқӣ мебошад: дар шакли релятивизми мӯътадил вай устуворияти принcипҳои ахлоқиро инкор намуда, нисбӣ ва шартӣ будани меъёрҳои ахлоқро тасдиқ менамояд; дар шакли релятивизми дағал бошад, вай умуман зарурияти ахлоқро инкор менамояд.

Дар бораи ногузир будани релятивизми мӯътадил дар маърифату дониши иҷтимоӣ-гуманитарӣ ҳарф зада, бояд қайд намуд, ки шакли донишҳои илмии норавшан, ҳамеша тағйирёбанда барои илм самаранок нест. Бинобар ин, зарур аст, ки фарқ карда шавад: а) релятивият ҳамчун хосияти худи дониш, ки тағйирпазирии объект, шароитҳои мавҷудияти он ва тарзҳои таснифи онро инъикос менамояд; б) релятивизм ҳамчун мақсад гузоштан ба мутлақсозии донишҳои нисбӣ, ба идроки ҳастии фарҳангӣ-таърихии аз устуворӣ, доимият ва томият дар вақт маҳрумбуда мебошад. Дар ин мазмун релятивизм аз ҷиҳати методологӣ метавонад хатарнок шавад.

Нуқтаи назари психологизмро баён мекунем. Психологизм – ин нуқтаи назари фалсафӣ буда, нақшу аҳамияти механизмҳои воқеии психологӣ ва хусусиятҳои тафаккури инсониро дар фаъолияти маърифатӣ эътироф менамояд. Нигоришҳои психологизм вобаста аз он, ки объекти маърифатшаванда аз идроки субъект алоқамандӣ дорад, хеле таъсирнок гардиданд. Маърифат тимсоли нусхабардорӣ аз воқеият шуда наметавонад. Донишҳоро дар бораи олам худи инсон истеҳсол мекунад, бинобар ин, онҳо аз хосиятҳои субъективӣ озод буда наметавонанд. Психологизм алҳол дуруст маънидод мекунад, ки маърифатшаванда аз амали маърифатӣ ҷудо буда наметавонад, аммо ба хулосаи нодуруст меояд, ки мувофиқи он тафовути бузурги байни амали механизми ассотсиативӣ ва мулоҳизаи аз он ҳосилшуда бояд бартараф карда шавад. Психологизм ҳамчунин мавҷудияти унсурҳои иродатиро дар дониш, ғаразнокии мулоҳизаҳо, хусусияти инсонии шинохтани оламро эътироф мекунад.

Психологизм ба идеализми субъективӣ хеле наздик мебошад. Дар доираи идеализми субъективӣ тасаввурот ва тафаккури субъекти воқеии маърифаткунанда ҳамчун барпосозандаи объект фаҳмида мешавад, аммо айнияти онҳо инкор карда мешавад. Шакли дағали идеализми субъективӣ солипсизм мебошад, ки мувофиқи он «чизҳо аз моҳияти эҳсосот»-и инсон иборат мебошад». Дар ин суханони файласуфи англис Ҷорҷ Беркли олам ҳамчун маҳсули эҳсосоти субъекти фардӣ қабул мешавад ва берун аз он вуҷуд надоштани чизҳо эътироф мешавад. Илова ба ин, дар доираи мутобиқшавӣ ва ҷараёни эпистемологияи таҳаввулотӣ исбот карда шудааст, ки психика, тафаккур ва дастгоҳи маърифатии инсон механизми мутобиқшавӣ буда, дар раванди таҳаввули биологӣ инкишоф ёфтааст. Дар давоми миллионҳо солҳо системаи асаб, узвҳои ҳисс ва тамоми сохтори психологӣ ба тариқе инкишоф ёфтаанд, то ки ҳадди зарурии инъикоси айнии воқеиятро таъмин намоянд. Психологизм кӯшиши зиёд дорад, то ки ба фаҳмиши барангезандагони рафтору амали инсонӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардад. Мантиқаш на ин аст, ки модели ягонаю куллии равандҳои фитрӣ, балки ҷузъи ин равандҳо эътироф карда мешавад. Психоголизм дар шаклҳои содда, мӯътадил ва дағал метавонад зуҳур ёбад.

Дар воқеъ, таҷрибаи инсонӣ хусусияти субъективӣ-психологӣ дорад. Ҷомеаи гуманитаришиносон, зиёиёни бадеишинос ба ин таҷрибаи инсонӣ боварии калон доранд (ҳамчунин ба фаросат). Аммо хусусиятҳои биниши мушаххаси шахсиро ба маърифат дохил карда, лаҳзаи офариниш, яъне эҷоди мазмуни навро қайд намуда, психологизм масъалаи объективияти донишро боз ҳам мубрамтар мегардонад. Дар ҳар сурат, дар мавриди таҳқиқи зеҳни сунъӣ ба психологизм рӯ меоранд, ки метапсихологизм ном мегирад.

Ташаккули таърихият бо ғояи таҳаввулот вобаста буда, образи олами бо «хиради фавқулзамон» асосёфтаро сарнагун месозад. Таърихият ин принсип ё нуқтаи назар аст, ки зуҳуротҳоро ҳамчун тағйирпазир ва инкишофёбанда баррасӣ менамояд. Дар шакли баркамолаш вай ба маърифат якчанд талаботи худро пеш меоварад: а) донистани он, ки зуҳурот чӣ тарз пайдо шудааст; б) кадом марҳилаҳоро гузаштааст; в) алҳол дар кадом ҳолат аст.

Аз ин маълум мешавад, ки барои таърихият инъикоси дигаргуниҳо, ҳаракатҳо, тағйиротҳо, афзоиш ва табдилотҳои босубот муҳим аст. Таърихият бо ғояи пешрафти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вобаста буда, ғояи ҳамешагӣ ва тағйирнопазирӣ, айнияти абадиро рад менамояд, утопиявӣ будани фавқулзамонии низоми арзишии идеалҳоро ошкор мекунад. Аммо ба он зиддияти ботинӣ хос аст, ки «берун аз таърих» вуҷуд доштани ҳам объект ва ҳам субъекти маърифатро эътироф менамояд. Муҳаққиқ бояд донад ва дарк кунад, ки ӯ таърихан вуҷуд дорад, ба замона, анъана, фарҳанг ва мактаби муайяне таалуқ дорад. Нақши бузург дар инкишофи ғояи таърихият ба Г.Гегел таалуқ дорад. Дар таълимоти ӯ раванди таърих ҳамчун раванди худинкишофи рӯҳ ва ғояи мутлақ баррасӣ шудааст. Фаҳмиши материалистии таърих (материализми таърихӣ) дар таълимоти Карл Маркс ва Фридрих Энгелс равшан ифода шудааст. Пешрафти таърих ҳамчун раванде, ки дар он зиддияти байни қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ҳал мегардад, маънидод карда мешуд.

Баъд аз Карл Маркс баёни маҳз материалистии ҷамъият ва таърихияти он коҳиш ёфт, эътиқод ба қонунҳои зарурати таърихӣ суст шуд. Таърихият ҳамчун дастури омӯзиши рӯҳияи фарҳанг, мутассилии таҷрибаи таърихӣ, таасуроти ҳаётии инсон зуҳур ёфт. Вақте, ки фаҳмиши ғарбӣ-аврупоии пешрафти ростхатӣ ҳамчун қолабӣ ва афзалиятнок эълон шуд, таърихият марказаврупоӣ гардида, гуногунрангии таърихии фарҳангҳоро ба эътибор нагирифт.

Плюрализм, релятивизм, психологизм, таърихият дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ масъалаи меъёри ҳақиқатро тафсир мекунанд. Меъёри ҳаққонияти дониш – ин қоидаи баҳогузорӣ ба натиҷаҳои маърифат дар асоси мувофиқати онҳо ба стандартҳои илм буда, онҳо аз рӯи нишондодҳо, талаботи қатъӣ, мамнӯъҳо, маҷмӯи дастури коршиносӣ муқаррар мешаванд. Онҳо имконият медиҳанд, ки мансубияти намудҳои гуногуни донишро ба илм муайян карда шавад. Дар таърихи афкори фалсафӣ ба сифати меъёрҳои ҳақиқати илмӣ ҷудо карда шудаанд: умумият ва зарурат, соддабаёнӣ, худҳамоҳангӣ ва безидиятии мантиқӣ, инчунин суднокӣ ва сарфанокӣ. Чунончӣ, Иммануил Кант умумият ва заруратро меъёри ҳақиқат меҳисобид; Рене Декарт ба нақши меъёри ҳақиқат талаботи фаҳмо ва саҳеҳ будани мулоҳизаҳо, яъне шубҳаомез набудани онҳоро пешбарӣ намудааст; Эрнст Мах – физики австриягӣ, намояндаи эмпириокритисизм (як намуди идеализми субъективӣ) меъёри ҳақиқатро дар комёбшавӣ ба алоқаи соддатарин ва сарфавии эҳсосот дида, бо ҳамин масъалаи муносибати донишҳо ба воқеияти айниро баратарф менамояд; прагматизм меъёри ҳақиқатро ба суднокӣ ва самаранокии донишҳои истифодашаванда нисбат медиҳад.

Дар донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ меъёри маъмултарини ҳақиқат ин дорои аҳамияти умум будан аст. Ҳақиқат ҳамон аст, ки аксарият ё аҳли ҷомеаи илмӣ қабул ва эътироф карда бошад. Аммо агар ин меъёр ба асос гирифта шавад, пас ҳаққоният ба иштибоҳҳо низ марбут дониста шуданаш мумкин аст, аз ҷумла ба лоиҳаҳои ормонӣ (утопиявӣ), догмаҳои идеологӣ, инчунин ба хурофотҳои сершумор дар бораи ғӯл (бало), аҷинаи хона, дев, ҷину парӣ ва ғайра, ки дар психологияи омма арзи вуҷуд доранд.

Меъёри эстетикии ҳақиқатро махсус бояд қайд кард, ки мувофиқи он ҳақиқат камолоти ботинии назарияҳо, набудани фарзи изофӣ, зебоии баён, нафосати далелҳо ва исботро дарбар мегирад. П.Дирак дар ин хусус гуфта буд: «Зебогии баробариҳо муҳимтар аст, нисбати мувофиқати онҳо бо озмоиш». А.Эйнштейн ҳамчунин нисбати назарияи илмӣ истифода кардани меъёри камолоти ботиниро пешниҳод намуда буд.

Дар иртибот ба ин, дар маҷмӯи воқеии қонунҳо, назарияҳо ва таълимотҳо, аз ҷумла дар маҷмӯи донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ қонуни асоси басанда амал мекунад. Мувофиқи ин қонун ҳеҷ як назария ҳақиқӣ шуморида намешавад, агар вай асоси басанда надошта бошад. Моҳияти меъёри мантиқии ҳақиқат дар ҳамин аст. Дар ҳаҷми меъёри мантиқӣ талаботҳои шаклӣ-мантиқии безиддиятӣ, мукаммалӣ, мустақилӣ низ ҷой гирифтаанд. Қонуни безиддиятӣ, ки ҳанeз аз ҷониби файласуфи атиқӣ Арасту ифода карда шудааст, чунин мазмун дорад: мумкин нест, ки як чиз дар ҳамон як вақт ба ҳамон як чиз дар ҳамон як муносибат ҳам мансуб бошад ва ҳам мансуб набошад. Талаботи мукаммалӣ ин талаботи мукаммалии семантикӣ ва синтаксисӣ мебошад, ки ҳамчун идеали дархостии тафсири ҳаматарафаи воқеият фаҳмида мешавад. Бо талаботи мустақилӣ ҳолати аз як аксиома набаровардани аксиомаи дигар алоқаманд карда мешавад. Аммо мустақилӣ ҳамчун ҷузъиёти меъёри мантиқӣ, охиран ба созиш, ба ризоияти олимон дар қабул кардани ин ё он низоми ҳисоб ба сифати ибтидою асос такя мекунад.

Дар шароити мураккабшавии дастгоҳи илмӣ-мафҳумӣ ва саршорию пурбории иттилоотӣ меъёри соддабаёнӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад. Меъёри соддабаёнии синтаксисӣ тавассути тасаввурот дар бораи мувофиқу қулай будани рамзҳои истифодашаванда, дастгоҳи мафҳумӣ, тарзҳои ифода ва интиқол муайян карда мешавад. Меъёри прагматикии соддабаёнӣ бо тасаввуротҳо дар бораи самаранокии азхуд намудани хулосаҳои озмоишӣ, технологӣ, техникӣ, назариётӣ ва натиҷаҳои фаъолияти илмӣ муқаррар мегардад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *