Шархдихи, фахмиш, тафсир дар илмхои ичтимои ва гуманитари

1. ШАРҲДИҲИИ ИЛМӢ ВА НАВЪҲОИ ОН

Аз нимаи асри ХХ ин суол васеъ муҳокима карда мешавад: оё усулҳои табиатшиносӣ ягона методҳои илмӣ мебошанду бинобар ин, метавонанд бе қайду шарт барои пажӯҳиши масъалаҳои инсон ва ҷамъият тадбиқ шаванд? Ҳалли ин масъала мантиқшиносон, методологҳо, файласуфони илмро дар давоми зиёда аз ним аср ба ду гурӯҳ «тақсим» намудааст. Як қисми онҳо истифодашавии усулҳои табиатшиносиро дар маърифати гуманитарӣ ва иҷтимоӣ пурра эътироф менамоянд. Қисми дигар фарқ доштани усулҳои маърифати табиатшиносӣ ва илмҳои иҷтимоӣ-гуманитариро иброз кардаанд.

Дар худи табиатшиносӣ ҳалли масъалаи шарҳдиҳӣ ба мушкилот дучор гардида буд. Чунончӣ, Галилео Галилей қонуни афзоиши суръати ҷисмҳоро кашф намуда, сабаби афзоиши мунтазами суръатро шарҳ дода натавонист ва бо он далелнок намуд, ки дар бораи ин сабабҳо ҷавоби саҳеҳ ва мукаммал ёфтан имконнопазир аст. Исаак Нютон навишта буд, ки «сабабро… хосияти қувваи ҷозибаро» ӯ «аз зуҳурот бароварда» наметавонад, «фарзияро бошад, ман хаёл карда намебарорам». Ӯ чунин мешуморид, ки моҳияти қонунҳои кашф кардаашро дар доираи илми мавҷуда наметавон шарҳ дод. Вале ӯ эътироф мекард, ки худи ин қонунҳо дорои вазифаи шарҳдиҳӣ мебошанд: «Кифоя аст, ки ҷозиба воқеан мавҷуд буда, мувофиқи қонуни баёнкардаи мо амал мекунад ва барои шарҳдиҳии ҳамаи ҳаракатҳои ҷисмҳои осмонию баҳрӣ комилан кифоя аст». Ҳамчунин Чарлз Дарвин ибтидои ҳаётро шарҳ надода, иброз карда буд, ки назарияи ӯ бе ин ҳам чандин далелҳоро қаноатбахш шарҳ медиҳад. Гуфтаҳои худро ӯ бо қиёс далелнок мекард: «Кӣ қодир аст, ки моҳияти ҷозибаи умумиҷаҳониро шарҳ диҳад?». Вале «ба муқобили хулосаҳое, ки аз ин ибтидои номаълуми ҷозиба бармеояд, касе эътироз надорад». Вазъияти аҷиб ба миён омад: моҳияти зуҳуроти бо қонун тасвиршаванда (ҷозиба, ҳаракати мунтазам)-ро шарҳ дода натавониста, олимон тавассути онҳо зуҳуроти ҳаракати ҷисмҳоро дар замину осмон шарҳ доданд. Барои бартараф кардани масъалаи сабабҳои ниҳоӣ, минбаъд айниятдиҳии қонун ва моҳият пеша карда шуд.

Вазифаи маърифати табиатшиносӣ, аз ҷумла физикӣ чист, шарҳдиҳӣ аст ё тасвир? Дар ин баҳс майлгирӣ ба «шарҳдиҳӣ»-и илмӣ (М.Планк, А.Эйнштейн) пирӯз гардид. Модел ва парадигмаи беҳад зиёд ва гуногунтобиш пешниҳод карда шуд. Мантиқшинос ва файласуфи фин Г.Х. фон Райт ду анъанаи асосиро вобаста ба масъалаи табиати шарҳдиҳии илмӣ ҷудо карда буд. Мутаносибан ин анъанаҳои «арастуӣ» ва «галилейӣ» мебошанд. Дар анъанаи «арастуӣ» арзиши шарҳдиҳии телеологӣ (аз юнонӣ, telos – мақсад) қайд карда мешавад. Мувофиқи анъанаи «галилейӣ» ҳар кадом шарҳдиҳии илмӣ бояд хусусияти каузалӣ (аз лотинӣ, caғsa – сабаб) дошта бошад, яъне «механизми бавуҷудоваранда», ки ба сифати он сабабҳои «мушоҳидашаванда» ва ҳам «мушоҳиданашаванда (атомҳо, генҳо, вирусҳо ва ғайра)–и зуҳуроти таҳқиқшаванда буда метавонад, бояд муайян карда шавад.

Аз ҷониби Арасту шарҳ додани қатъ гардидани ҳаракати ҷисм, ҳаракати он ба ҷои табииаш – мисоли шарҳдиҳии телеологӣ аст. Г.Галилей барои шарҳ додани ин ҳолат сабабро ҷустуҷӯ намудааст, яъне бо модели каузалӣ кор кардааст. Ҳар дуи ин моделҳои шарҳдиҳӣ бо назардошти он, ки олам бонизом ва маърифатшаванда аст, асос меёбад.

Хусусияти шарҳдиҳии каузалӣ ва навъҳои он

Шарҳдиҳӣ – ин амали мантиқӣ-методологӣ буда, тавассути он моҳияти ягон зуҳурот ё предмет бо ёрии қонун ё дигар донишҳои эътимодбахш эътирофшуда маълум карда мешавад.

Анъанаи каузалӣ аз ҷониби позитивистон баррасӣ шудааст. Онҳо се ғояи ифодакардаи Ҷон Стюарт Милл ва Карл Попперро, ки баъдтар К.Гемпел (1905–1997) ҷонибдорӣ намуда буд, дифоъ мекарданд: 1) шарҳдиҳии хусусияти каузалидошта бояд ошкорсозии на танҳо робитаҳои сабабӣ-натиҷавиро, инчунин робитаҳои генетикӣ, сохторӣ, вазифавиро дарбар гирад; 2) шарҳдиҳӣ бояд бо монизми методологӣ (якхелаю умумӣ будани усули илмӣ барои табиатшиносӣ ва илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ) асос ёбад; 3). физикаи риёзиро ба сифати идеали методологии ҳамаи илмҳо, ҳамчунин илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ қабул карда шавад.

Назариёти шарҳдиҳии илмӣ бояд ба ду талабот ҷавобгӯ бошад: а) далелҳо ва мазмуни мулоҳизаҳо бояд ба зуҳурот, чизҳои шарҳдодашаванда муносибати бевосита дошта бошад; б) натиҷаи дар рафти шарҳдиҳӣ ҳосилшуда бояд ҳатман санҷидашаванда бошад.

Хусусияти шарҳдиҳии каузалӣ, ки дарёфти ҷавобро ба саволи «чаро?» дар назар дорад, аз ҷониби Д.Гилберт, И.Кеплер, Г.Галилей, Гарвей, И.Нютон ва дигарон эътироф карда шудааст. Г.Х.фон Вригт қайд намудааст, ки «масъалаҳои сабабият ҳамчун масъалаҳои марказии фалсафаи илм боқӣ мемонанд» ва хусусан «дар назарияи шарҳдиҳии илмӣ».

Моделҳои шарҳдиҳии илмӣ

I.Модели шарҳдиҳии дедуктивӣ-номологӣ (аз юнонӣ, nomos – қонун). Мувофиқи ин модел шарҳдиҳӣ чунин маъно дорад: а) тасдиқотро дар бораи моҳияти зуҳурот бо як ё якчанд қонунҳои умумӣ, ки дар байнашон қонунҳои оморӣ (статистикӣ) низ буда метавонанд (Карл Поппер, Рудолф Карнап), ҷамъбаст кардан; б) ишорат кардан ба баъзе ҳодисот ё далелҳои ҳамроҳикунанда, ки ба амалӣ кардани ин «ҷамъбастсозӣ» мусоидат кардаанд. Масалан, ҳангоми шарҳдиҳии сабаби вайрон шудани радиатори мошин далелҳои ҳамроҳикунанда (ҳарорати ҳавои атроф, набудани антифриз дар оби радиатор ва ғайра) бо қонуни физикӣ дар бораи васешавии об ҳангоми яхбандӣ, ҳамҷоя карда мешавад. Модели шарҳдиҳии дедуктивӣ-номологӣ ҳамчунин вазифаи пешгӯӣ карданро иҷро мекунад. Чунончӣ, дар мисоли зикршуда пешгӯии имконияти вайрон шудани радиаторро мантиқан натиҷагирӣ кардан мумкин буд.

Сохтори мантиқии модели шарҳдиҳии дедуктивӣ-номонологӣ дарбар мегирад: а) эксплананс – мулоҳиза, ки қазияҳои он иттилооти барои асоснок кардани он зарурро, инчунин аққалан як қонуни илмиро бо худ дорад; б) экспланандум – хулосаҳо аз ин қазияҳо.

Имкониятҳои шарҳдиҳандагии усули дедуктивӣ чанд маҳдудият дорад:

1). Ин усул соф амали мантиқӣ намебошад: а) ба он тарҷеҳи эпистемологӣ ва методологии муҳаққиқ ворид шудааст; б) аксаран шарҳдиҳӣ бо роҳи бевосита «ҷамъбаст кардани зуҳурот дар таҳти қонуни умумӣ» амалӣ нашуда, балки бо воситаи пешбарӣ кардани фарзияҳои бо қонунҳои қабулшуда мувофиқатдошта амалӣ мешавад.

2). Шарҳдиҳии дедуктивӣ ба саволи «чаро?» ҷавоби аниқу дақиқ дода наметавонад, чунки: а) вай хусусияти нисбӣ дорад, дақиқ намудан дар он тадриҷан, баъди гузаштан аз зинаҳои «байнӣ»-и шарҳдиҳӣ амалӣ мешавад. Ғайр аз ин, чуноне, ки Алберт Эйнштейн қайд намудааст, «худи қонун дақиқ буда наметавонад, аққалан барои он, ки мафҳумҳое, ки бо воситаашон қонун ифода карда мешавад, …дар оянда нокифоя буданашон мумкин аст»; б) ҳамон як муайянияти таҷрибавӣ метавонад бо назарияҳои гуногун ва ҳатто баҳамзид шарҳ дода шавад. Байни назарияҳо ва қонунҳои таҷрибавӣ танҳо мувофиқати нисбӣ вуҷуд дорад, ки дедуксияшавии қатъии экпланандумро истисно мекунад. Ин сабаби имконнопазирии санҷиши таҷрибавии назарияҳо мегардад. Аммо илм наметавонад бе нигоҳи танқидӣ ҳамаи назарияҳои мавҷударо барои шарҳдиҳии ҳамон як зуҳурот истифода намояд. Бинобар ин, Паул Фейерабенд пешниҳод кард, ки назарияҳои далелҳоро ғайриқаноатбахш шарҳдиҳандаро ҳамчун хато «сараву сақат» карда шавад: в) шарҳдиҳиҳо абадӣ нестанд: онҳо «вақти зиндагӣ» доранд, ки аз якчанд рӯз то якчанд даҳсолаҳо давом мекунад. Шарҳдиҳии дедуктивӣ қатъиян фарҷомёфта набуда, барои дар оянда саҳеҳ намудан ва ҳатто тағйир додани он асосҳояш, ки бо онҳо бунёд ёфтааст, кушода мебошад.

3). Хулосаҳои дедуктивӣ имкон намедиҳанд, ки алоқамандии назарияи нав бо донишҳои илмии пештара шарҳ дода шавад, яъне, масалан, аз физикаи классикӣ ҳосил кардани механикаи квантиро.

Оё ин модели шарҳдиҳиро дар илмҳои иҷтимоӣ-уманитарӣ истифода кардан мумкин аст? Г.Х.фон Вригт ба ин савол мусбӣ ҷавоб медиҳад. Ӯ дақиқ мекунад, ки дар илмҳои инсоншиносӣ бояд ду навъи детерминизм фарқ карда шавад, ки бо ғояи «пешгӯишавандагӣ ва ғояи маънидодшавандагии равандҳои таърихӣ ва иҷтимоӣ» алоқаманд мебошанд. «Маънидодшавандагии таърих ин детерминизми eҷ post facto (аз лотинӣ, баъди ҳодиса) мебошад». Дар илми таърих ва сотсиология модели шарҳдиҳии дедуктивӣ нисбати ҳодисоти сатҳи азим (макро) истифода мешавад. Зеро аксаран «дақиқтар ва бо дараҷаи баланди эътимодбахшӣ» пешгӯӣ кардани «натиҷаи раванди унсурҳои зиёддошта» муяссар мегардад, вале иштироки ягон унсури алоҳидаро дар ин раванд одатан ба тарзи комил пешгӯӣ кардан номумкин аст.

II. Модели шарҳдиҳии телеологӣ. Шарҳдиҳӣ – чунин маъно дорад: маълум кардани мазмуни сабаби интиҳоии «барои чӣ?», «бо кадом мақсад?». Чунин шарҳдиҳӣ дар тафовут аз шарҳдиҳии дедуктивӣ: 1) на ба ҷустуҷӯи сабабҳое, ки истинод ба гузаштаро истифода мебаранд (чунин шуд, чунки пештар чунон буд), балки ба ҷустуҷӯӣ мақсадҳое, ки ишорат ба оянда доранд (ин барои он чунин шуд, ки дар оянда он ба вуҷуд омада тавонад) самт гирифтааст; 2) аз мавҷуд будани қонуни умумӣ дар сохтори шарҳдиҳӣ вобаста намебошад.

Г.Х.фон Вригт пешниҳод мекунад, ки телеологизми нисбӣ ва мутлақ фарқ карда шавад. Телеологизми нисбӣ ба назар мегирад, ки мақсадҳои фаъолияти инсонӣ транссендентӣ нестанд, бинобар ин, телеологизм аз ҳудуди тадқиқоти таҷрибавии инсону ҷамъият берун нашуда, ба сифати шарҳдиҳии зеҳнии илмӣ боқӣ мемонад. Телеологизми мутлақ мавҷудияти мақсадҳои транссендентии аз ҷониби Худо, Рӯҳи мутлақ муайяншудаи таърих ва пешрафти иҷтимоиро умуман эътироф менамояд ва бинобар ин, чунин телеологизм ба ҳайси илмӣ-зеҳнӣ пазируфта намешавад.

Дар модели шарҳдиҳии телеологии пешниҳодкардаи Г.Х.фон Вригт равшан сохтани мақсадҳои амали фард ва истифодаи мулоҳизот, ки «силлогизми амалӣ» ном дорад, дарбар гирифта мешавад. Нақшаи он чунин аст: а) қазияи калон, ки дар он мазмуни мақсад (натиҷаи дар назар дошташуда) ифода карда шудааст; б) қазияи хурд, ки ба воситаҳои дастраскунандаи ин мақсад ишорат мекунад; в) хулоса, ки аз истифодаи воситаҳои дастраскунандаи мақсад иборат мебошад. Экспланандуми шарҳдиҳии телеологӣ ин амали мақсаднок, яъне амале мебошад, ки водорсозӣ, хоҳиш, мақсад ва инчунин натиҷаи ин амалро дарбар мегирад. Агар инсон бо ягон мақсад ё ният аз амал кардан худдорӣ намояд (масалан, норозигии худро бо хомӯшӣ ифода намояд), пас чунин «худдорӣ» низ амал кардан аст.

Моделҳои телеологӣ гузаштаи таърихро бо дараҷаи баланди эътимодбахшӣ аз он сабаб шарҳ дода наметавонанд, ки: а) дар шарҳдиҳиҳои телеологӣ маъно ва мазмуни воқеаҳои гузашта танҳо дар партави оянда, ки ҳанӯз дақиқ маълум нест, равшан карда мешаванд. Бинобар ин, шарҳдиҳии ҳолатҳои гузашта ҳамеша тағйир меёбад; б) дар партави оянда аксаран далелҳои пештар маълум набудаи таърихи гузашта ошкор карда мешаванд; в) ҳаргуна ҳозира ҳамеша ба гузаштаи «наздик» мегузарад, ки нисбати гузаштаи дур ҳамчун оянда буд. Воқеаҳои ин гузаштаи наздик имкон медиҳанд, ки ба ояндаи дур чунин маъное дода шавад, ки онро воқеаҳои дирӯз надоштанд.

Баъзе позитивистон дар он ақидаанд, ки ҳамагуна шарҳдиҳии телеологиро  ба каузалӣ табдил додан мумкин бошад. Барои ин кифоя аст: а) ҳадафҳои арзишии одамон (ният, мақсад, хоҳиш ва ғайра)-ро ҳангоми шарҳдиҳии изтиробҳои бузург ба мисли ҷангҳо, инқилобҳо, фаношавии давлатҳо, тамаддунҳо ва ғайра ба инобат нагирифта, балки таърихро ҳамчун натиҷаи объективии амали субъектҳои бешахсиятӣ тасаввур намуда, вазифаи шарҳдиҳандагии қонунҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ғайра истифода карда шавад; б) шарҳ додани ҳадафгузорӣ ва маънои рафтори ходимони таърихӣ бо ёрии принсипҳои каузалӣ, яъне маълум кардани вобастагии онҳо бо омилҳои фарҳангӣ, динӣ, сиёсӣ ва бо дигар омилҳо, ки сарчашмаи онҳо низ ба таври каузалӣ шарҳ дода мешавад.

Далелҳо ба муқобили чунин «табдилдиҳӣ»-и шарҳдиҳиҳо: 1) агар манфиатҳои фардӣ, ҳадафҳои онҳо ва ғайра ба инобат гирифта нашавад, дар он ҳолат дониши таърихӣ хусусияти гуманитарии худро гум карда, ба яке аз намудҳои сотсиология табдил меёбад; 2) на танҳо мазмуни ҳадафгузориҳои фаъолияти субъекти таърих, инчунин андозаи айниятии онҳоро ба вазъияти мавҷудаи таърихӣ аз ҷиҳати зеҳнӣ ва каузалӣ шарҳ додан имконнопазир аст.

Пас, таърихро чӣ тарз омӯхт?  Соли 1957 У.Дрей дар асараш «Қонунҳо ва шарҳдиҳӣ дар таърих» хулоса баровард, ки дар шарҳдиҳии таърих қонунҳои умумӣ истифода карда намешаванд, на барои он, ки ин қонунҳо мураккабу ноаниқ (ба ақидаи К.Г.Гемпел) ё бетароватанд (ба ақидаи Карл Поппер), балки барои он, ки шарҳдиҳии таърих умуман ба қонунҳои умумӣ такя намекунад. Ганс Георг Гадамер навишта буд: «мақсади ҳақиқии дониши таърихӣ дар он нест, ки зуҳуроти мушаххасро ҳамчун ифодашавии ҷузъии қонуни умумӣ шарҳ диҳад. Дар воқеъ, ин мақсад – фаҳмидани зуҳуроти таърихӣ дар нотакрориаш мебошад». Ин маънои онро дорад, ки дар илмҳои таърихшиносӣ имкониятҳои моделҳои шарҳдиҳии дедуктивӣ-номологӣ ва телеологӣ маҳдуд аст.

2. ГЕРМЕНЕВТИКА – «ОЛОТИ ИЛМҲО ДАР БОРАИ РӮҲ» (В.ДИЛТЕЙ, Г.Г.ГАДАМЕР)

Герменевтика – ин мактаби фалсафӣ ба мисли экзистенсиализму феноменология намебошад, вай ҷараёни методологӣ ба монанди хирадгароӣ ё таҷрибагароӣ низ намебошад. Вай доираи махсуси масъалаҳои бо донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ вобаста ва методҳои гуногуни бо ҳалли ин масъала вобастабуда мебошад. Истилоҳи «герменевтика», ки дар тарҷума аз юнонӣ маънои «огоҳ кардан», «маълум кардан»-ро дорад, дар асри ҶVII ба фалсафа ворид карда шудааст. Сарчашмаҳои пайдоиши герменевтика ба давраи атиқа, ки дар он масъалаи тафсири «забони Худоҳо» барои одамон ба вуҷуд омада буд, рост меояд. Афлотун дар муколамаи «Ион» шоиронро тафсиргарони нияти Худоҳо номидааст. Дар ибодатхонаҳои атиқӣ барои ин мақсад коҳинони каромотхон ва ғайбдонҳо вуҷуд доштанд. Аммо забони каромотхонҳо барои одамони оддӣ «торик» буд ва дар навбати худ тафсир карданро металабид. Дар давраҳои баъдиатиқӣ герменевтика чунин шаклҳо гирифт: а) герменевтикаи динӣ-догматикӣ (экзегетика – тафсири мантҳои динӣ), ки аз ҷониби схоластикҳои католик офарида шуда, бо тафсири догмаҳои имон, таълифоти падарони калисо, инчунин асарҳои фалсафии Афлотун ва Арасту (аз назари имконияти ворид кардани таълимоти онҳо ба доираи догмаҳои насронӣ) машғул буд; б) герменевтикаи гуманистҳои давраи Эҳё, ки ғояи танқиди Навиштаҷоти Муқаддас ва покгардонии матнҳои атиқӣ аз таҳрифи тафсиргарони насрониро пешбарӣ намудаанд; в) шакли протестантӣ-ислоҳотхоҳонаи герменевтика, ҳангоме, ки Лютер ба мақсади барбод додани ҳуқуқи фавқулоддаи калисо барои тафсири Библия, матни онро аз забони лотинӣ ба олмонӣ тарҷума кард. Пас аз ин ҳар як инсони босавод метавонист мустақилона матни муқаддасро тафсир кунад (рӯҳонӣ танҳо ёрӣ медод). Илоҳиётшиносони протестанӣ авалин шуда масъалаҳои методологии герменевтикаро дарк карданд; г) герменевтикаи филологӣ, ки дар ибтидои ташаккули он файласуфи олмонии асри ХIХ Фридрих Шлейермахер (1768-1834) ҳиссагузор аст. Ӯ формулаи сеунсураро қайд намудааст: тафсиргар – матн – офарандаи матн, ки бо ӯ муоширати бевосита имконнопазир аст. Бо шарофати нигоштаҳои Фридрих Шлейермахер, герменевтика ҳамчун фани мустақил ташаккул меёбад, ки аз нуқтаи назари он герменевтикаи илоҳиёт ва экзегетикаи Библия ҳамчун воқеоти ҷузъӣ фаҳмида мешавад; д) герменевтикаи фалсафӣ, ки асосгузораш Вилгелм Дилтей (1883–1911) буда, ба герменевтика вазифаи органон (олот, усусл)-и «илм дар бораи рӯҳ»-ро муносиб донистааст.

Хусусияти «илм дар бораи рӯҳ»

Фарқияти «илмҳо дар бораи табиат» ва «илмҳо дар бораи рӯҳ»-ро Вилгелм Дилтей (дар пайравӣ ба Вилгелм Винделбанд ва Генрих Риккерт) баррасӣ кардааст. Илмҳо дар бораи табиат – ин табиатшиносии номотетикӣ буда, ба ҷустуҷӯи қонунҳои умуми табиат самт гирифтааст. Ин қонунҳои умумӣ муносибатҳои доимиеро маълум менамоянд, ки миқдоран ченшаванда ва дар озмоиш тасдиқшаванда мебошанд. Илмҳо дар бораи рӯҳ – ин илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ буда, олами ҳаёту фаълияти инсониро меомӯзад, ки ҳар кадом ҳодисоташ нотакрор аст ва бинобар ин, наметавонад бо шакли қонун ҷамъбаст гардад, миқдоран чен шавад, озмоишӣ санҷида шавад. Хусусияти ин илмҳо инчунин дар он аст, ки онҳо майлони арзишии муҳаққиқро ба эътибор нагирифта наметавонанд.

Андешаҳои Вилгелм Дилтейро мухтасар баён мекунем. Таҳкурсии фалсафа ин таҷрибаи ботинӣ, яъне маҷмӯи далелҳои шуур мебошад. Аммо инро ҳанeз Ҷон Локк, Дэйвид Юм, Иммануил Кант эътироф карда буданд. Вале ҳеҷ кадоме аз ин олимони номбаршуда дар бораи таҷрибаи пурра ва томи шуур сухан накарда буд. Иммануил Кант мазмуни онро танҳо аз шаклҳои холии ҳиссиёт ва ақл иборат медонист. «Дар раги субъекти маърифаткунанда, ки Локк, Юм ва Кант таркиббандӣ кардаанд, хуни ҳақиқӣ не, балки шарбати тунуки хирад ҳамчун фаъолияти лучи зеҳнӣ ҷорӣ мебошад». Фалсафаи хирадгароӣ аз инсони мушаххас, аз тарзи ҳастии ӯ дар воқеияти фарҳангӣ-таърихӣ дур шуда, танҳо қобилияти маърифатии мантиқан андешиданро мутлақ месозад. Фалсафаи таҷрибагароӣ низ дар мағзи худ «таҷрибаи порашуда» дошт, аммо «ҳеҷ як инсони комилу томро ба ин таҷриба бо зӯрӣ ҳам ворид карда намешавад».

Шуури том ва пурраро, ки на танҳо ирода, ҳиссиёт ва тафаккури инсони томро, инчунин «ҳам дин, ҳам метафизика, ҳам яқинро» дарбар мегирад, бояд нуқтаи ибтидоии фалсафаронӣ қабул карда шавад. Инсон «мавҷудоти иродадошта-эҳсоскунанда-тасаввуркунанда» мебошад. Аз замони Иммануил Кант инҷониб эътироф мекарданд, ки ҳар кадом маърифат «аз таҷрибаи ботинӣ мерӯяд ва аз ҳудуди он берун баромада наметавонад». Аммо агар ба асоси маърифат таҷрибаро дар фаҳмиши Иммануил Кант гузошта шавад, пас маърифат танҳо ҳамчун қобилияти мантиқии тафаккур, хулосабарорӣ ва баровардани натиҷаҳо аз сабабҳо фаҳмида мешавад. Маърифат дар воқеъ аз таҷрибаи томи инсон, ки аз ибтидо бо томияти табиати инсонӣ вобастааст, пайдо мешавад. Бинобар ин, «мо оламро ҳамон қадар тасаввур ва дарк мекунем, чӣ қадаре, ки вай ба мо таасурот мебахшад». Ҳарчанде, ки инсон нерӯю қобилиятҳои гуногун дорад, аммо асоси шарҳдиҳии ҳатто мафҳумҳои «олами беруна», «вақт», «мабдаъ», «сабаб»-ро бояд таҷрибаи инсон ташкил диҳад, на ин ки онҳоро аз идрок, тасаввур ва тафаккури абстрактии инсон ҳосил карда шавад. Таҷрибаи ботинии субъекти «иродадошта-ҳискунанда-тасаввуркунанда» ба мо на танҳо дар бораи таасуроти ботиниамон, инчунин дар бораи воқеияти беруна маълумот медиҳад. «Якҷоя бо томияти ҳаётамон дар як вақт ба мо ҳам олами берунаи том, ҳам дигар томиятҳои ҳаётӣ дода шудаанд». Бинобар ин, олами беруна набояд (чун аз мавқеи кантӣ) офаридаҳои шаклҳои априории ҳиссиёт ва зеҳн фаҳмида шаванд. Олами беруна ба мо ба сифати ҳаёт дода шудааст, «на ба сифати тасаввурот». Маҳз ин муқаррароти назариявӣ-методологӣ ба маърифати таърих айният дорад. Аз томияти табиати инсонӣ «таркибдиҳандаҳои муҳими образи воқеияти мо ва онро маърифат кардани мо, махсусан томияти зиндаи шахс, олами беруна, фардҳои дигар, ҳаёти онҳо дар вақт, таъсири мутақобилаи онҳо» метавонанд шарҳ дода шаванд.

Инак, маърифати таърих бояд бо таҷрибаи пурраю томи шуури субъект асос ёбад ва аз ин сабаб илм дар бораи ҳаёту фаъолияти ҳозира ё гузаштаи одамон танҳо ба дониши мантиқӣ дар мисоли табиатшиносӣ нисбат дода намешавад.

Оё нисбати илмҳо дар бораи рӯҳ истилоҳи «илм»-ро истифода кардан раво аст? Ба андешаи Вилгелм Дилтей ин мумкин аст, чунки ҳар кадом илм ин маҷмӯи мафҳумҳою «ифодаҳои дар ҳар кадом доираи мазмун доимият ва аҳамияти умумӣ дошта» мебошад, ки бо ҳамдигар мувофиқати асоснок дошта, дар он ҳар як ҷузъ бо том алоқаманд карда мешавад. Илм дар бораи рӯҳ ин хусусияти зикршударо дорад.

Таъсиси дониш дар илми таърих бояд ин омилҳоро ба инобат гирад: а) мазмуни моҳиятии воқеаҳои таърихӣ бо ҳаёт, ки нодир, ҳодисоти нотакрор ва бо ягон принсипи умумӣ шарҳ доданашаванда аст, пайваст мебошад; б) предмети таърихӣ (агарчӣ вай шахс, халқ, замона бо хусусияти динӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайрааш бошад) томияти ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷой такрорнашавандаи фардиятию нодир аст ва бинобар ин, гузаштаи таърихро ба намуди объекте, ки ба он субъект муқобил меистад, тасаввур набояд кард. «Далелҳои ба ҷамъият таалуқ доштаро мо танҳо аз дохил, танҳо дар асоси идроки вазъи худамон фаҳмида метавонем. Бо муҳаббат ва бадбинӣ, бо бозиҳои кулли туғёни рӯҳиамон мо олами таърихиро муроқиба менамоем. Табиат бошад барои мо сокит, ба мо бегона, барои мо – беруна. Ҷамъият – олами мо» (В.Дилтей). Аз ин сабаб маърифати таърихӣ бояд аз методологияи монизми позитивистӣ, ки шарҳдиҳии воқеаҳои таърихро маҳз дар доираи «сабаб – натиҷа» имконпазир меҳисобад, даст кашад.

Мавқеи назариявии Вилгелм Дилтейро файласуф ва таърихшиноси бритонӣ Робин Ҷорҷ Коллингвуд (1889-1943) маъқул дониста, қайд карда буд, ки «таърих – илм аст, аммо илми махсус. Ин илме аст, ки вазифааш омӯзиши воқеаҳои таърихии ба мушоҳидаи мо доданашуда мебошад». Бинобар ин, ҳолати мураккаби маърифатӣ ба миён меояд: фаҳмидани он чӣ, ки шоҳидаш набудем, бо ҳозира зиста гузаштаро дарк кардан. Аз ин ҷо чандин саволҳо пайдо мешаванд: чӣ хел шуури боҳудуди фардӣ, ки мазмунаш аз ҳодисоти замони ҳозира бармеояд, метавонад гузаштаи дурро дар айниятиаш дарк кунад? Чӣ тавр дар баҳогузорӣ ба гузашта аз таъсири арзишу ҳақиқати воқеияти замони ҳозира озод бояд шуд? Худи шакли шуури таърихии муҳаққиқ магар садди роҳи бадастоварии дониши объективии таърихӣ намешавад? Ҷамъи ин саволҳо дар натиҷа ба ҷустуҷӯи дарёфти калиди «Китоби таърих», яъне усули объективонаи дарки гузаштаи таърих, водор менамоянд.

Герменевтика масъалаи фалсафии замони муосир шудааст. Вай мисоли илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки аксар вақт калимаи муайянкунандаи «бофаҳм» доранд (сотсиологияи бофаҳм, психологияи бофаҳм, педагогикаи бофаҳм ва ғайра). Герменевтика оҳиста – оҳиста аз ҳудуди забон ва матнҳо берун мешавад, ба «органон» (олот), ба маҷмӯи усулҳои фаҳмиши таърихи бегона, ҳаёти бегона, маънавиёти бегона табдил меёбад. (Инҷо истилоҳи «бегона» метавонад ҳаммаънои «гузашта», «азони дигарон» қабул карда шавад.) Герменевтика ба феноменология, экзистенсиализм, психоанализ фалсафаи ҳаёт, ва ғайра роҳ ёфтааст. Герменевтика дар ҳамаи ҳолатҳо бо фаҳмиш сарукор дорад. Маҳз дар ҳолати аз мавқеи илмӣ истифода шудани тафсири герменевтикӣ, имкон пайдо мешавад, ки масъалаи «дар осори таърихию фарҳангӣ чиро бояд ҷуст?» – шахсияти муаллиф, вазъи замонаи таърихӣ, ки дар он ин осор эҷод шудааст, анъанаи фарҳангӣ ё дигар – равшан карда шавад, ба муайян кардани мазмуну маънои мушаххасу таърихии осор ва таҳлили ҳаматарафаи он ҳидоят карда шавад.

3. ФАҲМИШ ҲАМЧУН УСУЛИ МАЪРИФАТИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ

Мувофиқи ақидаи Макс Вебер, аз илмҳои иҷтимоӣ дархост мешавад, ки зуҳуротҳои иҷтимоиро фаҳманд, табиатшиносӣ бошад, қонуниятҳои табииро аз назари сабабӣ-вазифавӣ шарҳ диҳад. Фаҳмиш – ин шакли махсуси дарки «предметҳои герменевтикӣ» мебошад, ки чунин хусусиятҳо доранд: а) онҳо «таҷассумёфта», «аломат», «ифода»-и он чиз, ки нисбати муайянияти предметӣ афзалияти мазмуни амиқ ва ботинӣ доранд; б) онҳо хосиятан «наздик» ба инсон мебошанд, чунки ҳаёти одамони дигарро «таҷассум», «ифода» менамоянд.

Файласуфи олмонӣ Фридрих Шлейермахер (1768-1834) ба истилоҳи «фаҳмиш» мақоми фалсафӣ-категориявӣ дода, онро ҳамчун тарзи эҳё кардани маънои аслии ба матн бахшидаи муаллиф муайян кардааст. Намояндагони кантчигии ҷадид, файласуфони олмонӣ Вилгелм Винделбанд (1848-1915) ва Генрих Риккерт (1863-1936) фаҳмишро на ҳамту «барқароркунӣ»-и оддии маъноҳои аслӣ, инчунин ҳамчун амали афзунгардонии донишҳо тафсир намудаанд. Ҳаёт, вобаста ба таассуроти инсон аз он, маъно дорад. Аммо ҳаёт бо олами таасуротҳои ботинии шахс маҳдуд набуда, дар рафтор, матнҳо ва ғайра таҷассум меёбад ва имкон медиҳад, ки бо маъноҳои он шинос шавем, онро дарк кунем ва бо ҳамин маъноҳои нав пайдо намоем. Тамоюли куллӣ сохтани амали фаҳмиш ташаккул ёфт.

Ба масъалаи фаҳмиш рӯ овардани Вилгелм Дилтей сабабҳои худро дошт. Мафҳуми ҳаётро ба сифати предмету усули ягонаи фалсафаронӣ қабул карда ва ҳаётро ба таҷрибаи бевоситаи таасуроти ботинӣ нисбат дода, ӯ ногузир ба хулоса омад, ки усули мувофиқтари фаҳмиши инсону олами ӯ дар «илмҳо дар бораи рӯҳ» ин «таҷрибаи таасурот» буда, ба соҳаи психология таалуқ  дорад. Аммо чӣ тавр ба «таҷрибаи таасуротӣ»-и дигар одамон бояд ворид шуд? Психология танҳо як тарзро пешниҳод мекунад – тарзи «унсгирӣ», «махлутшавӣ» ба таҷрибаи «дигарон». Аммо истифодаи ин тарз дучори мушкилот мегардонад, агар сухан дар бораи одамони дар гузаштаи дур зиста ва одамони ба таърих таалуқдошта равад. Танҳо як роҳ мемонад – бояд худи таасуротҳоро не, балки таҷассуми онҳоро омӯхта шавад, яъне он шаклҳои предметиро, ки ин таасуротҳо дар «дигар» ифода ёфтаанд, ё худ ҳаёти маънавии одамон тавассути зоҳиршавии беруниаш бояд омӯхта шавад. Ин бошад, вазифаи фаҳмиш аст.

Вилгелм Дилтей фаҳмишро ҳамчун усул бо таҷрибаи таасуроти ботинӣ маҳдуд менамуд. Бинобар ин, фаҳмиши ҳаёт аз худи он бо воридшавии бевоситаи як ҳаёт (аз они муҳаққиқ) ба ҳаёти дигар (воқеаи таърихӣ) нисбат дода мешуд. Ғайр аз ин, ба андешаи Вилгелм Дилтей, субъекти фаҳманда тавассути таҷассумгардонии олами таасуроташ дар артефактҳои устувору маъмул (нома, рафтор ва ғайра) худро мефаҳмад. Инҷо Вилгелм Дилтей дар мавқеи психологизм истодааст, чунки ба ақидаи ӯ, фаҳмиши маънавиёти бегона аз рӯи таҷассумҳоро бояд аз фаҳмиши шахсияти дигар ва худфаҳмӣ оғоз намуд. Ҳарчанд чунин аст, аммо ӯ маҷбур шуд, ки аз психологизми «холис» ба фаҳмиш ва тафсири герменевтикӣ гузарад. Ӯ фаҳмишро акнун ба сифати масъалаи методологии маърифати таърихӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ менамуд. Фаҳмиш ҳамчун усули дарк кардан ё ба вуҷуд овардани маъноҳо, ҳамчун азхудкунии торефлексивии (ирратсионалии) маъноҳо, ки аз ҳамаи самтҳои минбаъдаи маърифати таҳлилӣ огоҳ менамояд ва бо таҷдиди ченаки шахсиятии зуҳуроти таҷассумёфта вобаста мебошад, дониста мешуд. Азбаски гузаштаро бо ҳозира чен кардан мумкин нест, бинобар ин, муҳаққиқ бояд аз зери таъсири ғояҳо ва арзишҳое, ки замонааш ба шуури ӯ бор кардааст, озод шавад. ҳамчунин хиради муҳаққиқ ба шарте ба фаҳмиши ҳақиқӣ ноил мегардад, ки агар аз ғаразҳо, манфиатҳои гурӯҳӣ ва ғайра озод бошад. Аммо чӣ тавр шууро аз таҷрибаи мушаххасу таърихии замона, ки дар он муҳаққиқ зиндагӣ дорад ва он ба мазмуни шуури ӯ бетаъсир нест, «пок» карда шавад? Барои ин шуури таърихиро лозим аст, ки ба гузашта на ҳамчун ба як чизи беруна муносибат кунад. Дар муносибати худ ба гузашта вай дар як вақт бояд ба мазмуни худ низ муносибат дошта бошад. Зарур аст, ки фарқияти «вақтӣ»-и байни маърифаткунанда ва маърифатшаванда, байни матни таърихӣ ва тафсиркунанда бартараф карда шаванд. Ин имконпазир аст, чунки дар табиати инсон, новобаста аз гуногунии таасуротҳояш як навъ нақшаи умумии таасурот аз ҳаёт мавҷуд буда, имконияти фаҳмиши фардияти бегонаро таъмин менамояд.

Ганс Георг Гадамер баръакс иброз дошт, ки «фарқитяи вақтӣ», «масофаи вақтӣ»-и байни тафсиркунанда ва тафсиршаванда ба фаҳмиши таърих халал не, балки ёрӣ мерасонад. Ҳозираро нисбат ба гузашта дарк кардан мушкилтар аст. Масалан, мулоҳизаи мо дар бораи рассому нависанда ва шоири ҳамзамонамон одатан худраъйона аст. Аз ин сабаб аксари онҳо аз ҷониби наслҳои оянда эътироф мешаванд. Аҳамияту ҳиссагузории ин ё он эҷодкорро вақт муқаррар менамояд. Дар гузашти вақт он «хаёли воҳӣ»-и шуур, ки тавассути фаҳмиши осор ба вуҷуд меояд, ташаккул меёбад. «Хаёли воҳӣ»-и вақт шуурро бо гузашта мепайвандад, шуурро ба анъанаҳои бетанаффуси таърихӣ махлут месозад ва бо ҳамин онро таърихӣ мегардонад. Бинобар ин, иштибоҳи соддалавҳона мебуд, агар мӯтақид ба он бошем, ки объективияти таърихиро бо бартараф кардани «масофаи вақтӣ» (ҳангоме, ки тафсиркунанда метавонад тавассути мафҳумҳо ва тасаввуротҳои хоси замонаи гузаштаи омӯхташаванда биандешад) ба даст оварда мешуда бошад. Ганс Георг Гадамер ба мисли Мартин Хайдеггер ақида дошт, ки вақт – ин асосе мебошад, ки танҳо дар он эҳёи гузашта имконпазир аст ва ҳозира дар он реша дорад. Ҷараёни фаҳмиш аз нав дида баромадани ақидаю чашмдошти моро аз вохӯрӣ бо гузашта, бо «дигар» пешбинӣ менамояд. Алоқамандии байни «азони ман» ва «дигар» объекти ҳақиқии фаҳмиши герменевтикӣ мебошад. Дар рафти дарки «дигар» а) ақидаҳои ноошкори ҳангоми вохӯрӣ бо «дигар» пайдошуда возеҳ мешаванд; б) гумонҳои худро «ба нохунак гирифта» мо имкон дорем, ки «дигар»-ро дар «дигар»-и худамон беш аз беш дарк намоем. Г.Г.Гадамер масъалаи фаҳмишро аз доираи эпистемологӣ ба онтологӣ интиқол дод, ки он нисбат додани фашмишро ба амали холиси ирратсионалии ҳиссии «махлутшавӣ» ба ҳаёти «дигар» имконнопазир месохт. Ин нисбатдиҳиро мо дар ақидаи Вилгелм Дилтей низ маълум карда будем.

Ганс Георг Гадамер герменевтикаи хайдеггериро дастгирӣ менамуд, ки маънояш «пайвадкунӣ»-и анъанаҳои тафсиркунанда ва тафсиршаванда мебошад. Ин «шабоҳат» худи тарзи дарккуниро таърихӣ мегардонад, чунки дарк карда, мо анъанаи зиндаро давом медиҳем. Бинобар ин, Г.Г.Гадамер шуурро на барои он таърихӣ меномад, ки он гузаштаро дарк мекунад, инчунин барои он, ки тарзи дарккунӣ худаш моҳиятан таърихӣ аст. Шуури мо маҳдуд бо он аст, ки чизеро танҳо дар мувофиқат ба гумону хаёли худ дарк мекунад. Аммо хусусияти таърихии шуур маҳз дар ҳамин маҳдудият мебошад.

Ганс Георг Гадамер «камбудӣ»-и назариёти дилтейии фаҳмишро дар он медид, ки: а) муҳаққиқи таърих аз назари Вилгелм Дилтей бо объекти аллакай «ҳозира кардашуда» сарукор дорад ва аз ин сабаб метавонад ба ҳамаи саволҳои мо ҷавоб гӯяд, ин бошад, объекти маърифати таърихиро бо объекти табиатшиносӣ монанд мекунад; б) танҳо бартараф кардани субъективизм (ё психологизм) дар ҷараёни дастрас кардани донишҳои объективӣ талаб карда мешавад, ки ин ҳамчунин шарти ҳаққоният дар маърифати табиатшиносӣ мебошад; в) эътироф кардани нақши ҳалкунандаи таҷрибаи ботинии субъекти маърифаткунанда фаҳмишро нисбӣ (релятивӣ) менамояд.

Масъалаи фаҳмиш дар донишҳои сотсиологӣ

Бо баъзе роҳҳои ҳалли ин масъала, ки сотсиологи муосир З.Бауман пешниҳод кардааст, шинос мешавем.

1). Фаҳмиш ҳамчун кори таърих. Ин ақидаро Карл Маркс ва Макс Вебер тафсир кардаанд. Карл Маркс бевосита бо масъалаҳои герменевтика машғул нашуда бошад ҳам, аммо ғояи гегелии таърихро, ки пешрафти хирад ба самти худшиносиро ифода мекард, ба забони сотсиологӣ гардонида, ӯ ба чунин хулоса омад: илми иҷтимоӣ метавонад фаҳмиши ҳақиқӣ ва объективиро дастрас намояд, вале барои ин тавассути инқилобҳо муносибатҳои иҷтимоии «шафоф» (ба ақидаи ӯ – коммунизм) сохта шаванд. Аён мешавад, ки худи таърих дар инкишофи объективонаи худ пеш аз ҳама олами «ношафоф»-ро «шафоф» мегардонад ва бинобар ин, роҳ ба маърифати ҳақиқӣ бо воситаи «интиқоли методологӣ» не, балки бо «инқилоби иҷтимоӣ» мебошад. Ин барои герменевтика чӣ маъно дошт? Дар шароити «шафофӣ»-и муносибатҳои иҷтимоӣ мавҷудияти илми иҷтимоӣ бо ҳамаи масъалаҳои комёбшавӣ ба фаҳмиши ҳақиқию объективона барзиёдатӣ мешавад, чунки ҳама чиз дар сатҳи ақли солим фаҳмо хоҳад буд. Аз ин чунин маъно бармеояд: талабот ба герменевтика (инчунин ба донишҳои иҷтимоӣ) танҳо аз он сабаб вуҷуд дорад, ки муносибатҳои иҷтимоӣ «ношафоф» буда, тарзу усулҳои махсуси дарккуниро талаб менамояд; дар ояндаи «шафоф» герменевтика лозим намешавад.

Макс Вебер ба мисли Карл Маркс имконияти фаҳмиши объективонаи равандҳои иҷтимоиро бо инкишофи таърихии онҳо алоқаманд кардааст. Аммо дар тафовут аз Карл Маркс, ӯ ақида дошт, ки сухан на дар бораи инкишофи таърихии муносибатҳои иҷтимоӣ равад, балки дар бораи дар ҷараёни инкишофи таърих ба вуҷуд омадани «шаклҳои эътимодбахштари тафаккур» равад, ки бо мулоҳизоти ақлӣ ва рафтори оқилона-олотии амалкунандаҳои истеҳсолоти капиталистӣ асос ёфтааст. Таърих тарзи тафаккур, хиради олотии нави ҳукмрониро ба миён меоварад, ки қодир аст ҳамаи амалҳои иҷтимоиро фаҳмад. «Фаҳмидан»-и зуҳуроти иҷтимоӣ – маънои ифода кардани мазмуни он дар истилоҳҳои «маънидор»-и категорияҳои таҷрибаи инсониро дорад. Азбаски ҳамаи амалҳои инсонии маънии иҷтимоидошта ифодаи ҳолатҳои далелнок карда шудаи психикӣ мебошанд, аз ин сабаб равандҳои иҷтимоию қонунҳои тасвиркунандаи онҳоро ҳамчун алоқамандии оддии ҳодисоти «беруна» набояд донист. Бинобар ин, олимони иҷтимоъшинос танҳо «моделҳои далелноккунӣ» («навъи идеалӣ»)-ро таҳрезӣ карда метавонанд, ки бо воситаи он кӯшиши «фаҳмидан»-и рафтори ошкорои иҷтимоии иштирокчиёни воқеаҳои иҷтимоӣ пеша карда мешавад. Методологияи герменевтикии Макс Вебер ба далелноккунии субъективӣ ва арзишҳои субъективӣ самтгир набуд. Ӯ имконияти фаҳмиши объективонаро эътироф мекард, аммо дар баробари ин, таърихан ногузир будани субъекту объекти маърифатро эътироф мекард, ки ин ҳолат ҷараёни фаҳмишро зиддиятнок менамуд.

2). Фаҳмиш ҳамчун кори хирад. Эдмунд Гуссерл бо мақсади пок сохтани фаҳмиш аз релятивизм, кӯшиш кардааст, ки шуурро аз унсурҳои тасодуфии таърихӣ пок намояд, яъне тахфифи феноменологӣ гузаронад, ки он ба шуур имконияти «дарк кардани маъниҳоро дар моҳияти ҳақиқии заруриашон» фароҳам месозад. Эдмунд Гуссерл масъалаи фаҳмишро ҳамчун масъалаи дониши мутлақи озод, аз ҳеҷ чиз новобаста, дар олами «субъективияти транссенденталӣ» мавҷуда тафсир намудаааст. Аммо дар чунин ҳолат фаҳмиш, ки тарзи ҳосил кардани дониши объективӣ аст, ба амали аз таърихи мушаххас ва субъекти таърихӣ ҷудомонда табдил ёфта, танҳо дастраси файласуфон мешавад. З.Бауман вобаста ба ин, боадолатона савол медиҳад: чунин фаҳмиш ба кӣ лозим, барои чӣ ба кор меояд?

Сотсиологи америкоӣ Толкотт Парсонс (1902-1979) дар пайравӣ ба Эдмунд Гуссерл кӯшиш кардааст, ки фаҳмиши объективонаи аз доираи иҷтимоӣ-таърихӣ новобастаи амалҳои инсониро баён кунад. Дар натиҷа ӯ ба ҳамон хулосаҳои методологӣ, ки Эдмунд Гуссерл баррасӣ карда буд, мерасад, зеро а) фаҳмишро ҳамчун фаъолияти мутахассисон-аналитикҳои иҷтимоӣ муайян мекунад; б) ба ин савол ҷавоб дода намешавад: чунин тафсир шудани фаҳмиш чӣ тарз ба ҳалли масъалаҳои амалии иртибот ва ҳамтаъсирӣ, ки ба одамони воқеӣ таалуқ доранд, ёрӣ расонида метавонад?

3). Фаҳмиш ҳамчун кори ҳаёт. Ин нуқтаи назар ба фаҳмишро, ки Вилгелм Дилтей ва Ганс Георг Гадамер дар таълимоташон баён карда буданд, ҳамчунин аз ҷониби файласуфи олмонӣ Мартин Хайдеггер (1889-1976) инкишоф дода шудааст. Аз нуқтаи назари ӯ фаҳмиш кори таърих нест (ин эътироз ба Карл Маркс ва Макс Вебер), инчунин кори хирад ҳам нест (эътироз ба Эдмунд Гуссерл ва Толкотт Парсонс), балки кори ҳаёт аст. Бинобар ин, вай нуқтаи назари Эдмунд Гуссерлро доир ба мавқеи назариявии трансседенталӣ доштани фаҳмиш ва бо олами ҳаёту фаъолияти амалӣ алоқаманд набудани фаҳмишро қабул накард. Мартин Хайдеггер қайд менамояд, ки фаҳмиш тарзи ҳастӣ аст, на тарзи дониш: масъалаи фаҳмиш – масъалаи онтологӣ аст, на эпистемологӣ. Баёни фаҳмиш, ки Эдмунд Гуссерл пешниҳод карда буд, барои аз таърихият берун буданаш мавриди танқиди Мартин Хайдеггер қарор гирифт. Мартин Хайдеггер тасдиқ менамояд, ки фаҳмиши таърих – ин воқеаи таърихӣ мебошад: мо таърихамонро танҳо аз дохили он фаҳмида метавонем, чунки инсон имконияти аз таърих ба қуллаи «берун аз таърихӣ» расиданро надорад, ки аз он ҷо ҳама чиз «чуноне, ки ҳаст» намоёну фаҳмо бошад. Агар фаҳмиш тарзи ҳастӣ бошад, пас вай коргузорие мебошад, ки на танҳо элитаи интеллектуалӣ, инчунин ҳар як инсони соҳибхирад дар сатҳи таҷрибаи рeзғорӣ иҷро карда метавонад. Олами ҳаёт – асосу ҷои ягонаи амалӣ кардани фаъолияти фаҳмишу дарк кардан аст. Ҷамоаи одамони бо ҳамдигар робита дошта – ин фазоест, ки дар он фаҳмиш ҳамчун ташаккулёбӣ ва тафсиршавии маънои фаъолият ба иҷро мерасад. Аммо Мартин Хайдеггер дар бораи фаҳмиши вазъияти иртиботи амалӣ саволгузорӣ накардааст, навъҳои фаҳмишро вобаста ба навъҳои муносибатҳои байниинсонӣ ҷудо накардааст ва ғайра.

Ин масъаларо файласуф ва сотсиологи австро-америкоӣ Алфред Шютс (1899-1959) таҳкиқ намудааст. Алфред Шютс дар сотсиологияи феноменологӣ, ки худаш асосгузори он мебошад, таълимоти Эдмунд Гуссерл дар бораи олами ҳаётро истифода намуд. Олами ҳаёт – ин олами рӯзмарраи мо, ягонаи воқеӣ, барои ҳар як инсон таҷрибавӣ (яъне бевосита) ошкоршаванда мебошад. Эдмунд Гуссерл кӯшидааст, ки олами ҳаётро ба сифати «таҳкурсии фаромӯшшудаи маъниҳои табиатшиносӣ» баён намояд. Илм ба олами тафаккури муқаррарӣ муносибати бевосита дорад ва кулли «мафҳумҳои ибтидоӣ», ки маънии соҳаи предметӣ ва назарияҳои онро муайян мекунанд, дар мақсадгузориҳои рӯзмарравӣ пайдо шудаанд». Дар ҳаёти амалии рӯзмарравии худ одамон таҷрибавӣ мефаҳманд, меандешанд, баҳогузорӣ ва амал мекунанд, аммо ин ҳама «беном» амалӣ мешавад: маърифаткунанда ҳеҷ чизро дар бораи ин «кор»-и маърифати таҷрибавӣ «ҳамчунин дар бораи тафаккури ин корро иҷрокунанда намедонад». Дар олами маърифати таҷрибавӣ, ки ҳаёти амалии рӯзмарравиро ҳамроҳӣ менамояд, индуксияи рӯзмарравӣ, муроқибаи таҷрибавӣ мавҷуд аст, ки ба он «ҳам шакли фазоӣ-вақтӣ, ҳам кулли шаклҳои ташкили ҷисмҳо, ки дар байни онҳо мо мувофиқи тарзи мавҷудияти ҷисмонии фард зиндагӣ дорем», тааллуқ доранд. Аммо дар ин муроқибаи бевоситаи таҷрибавии олами физикӣ на моҳиятҳои идеалии геометрӣ, на фазои абстрактии геометрӣ, на вақти риёзӣ вуҷуд надорад. Онҳо дар заминаи маърифати таҷрибавӣ ташаккул меёбанд ва олами ягонаи барои мо воқеии ҳаёти рӯзмарравиро «иваз» менамоянд. Бинобар ин, «…аз худяқинии объективӣ-мантиқӣ… роҳ ба оқиб мебарад, ба яқиние, ки бо он ҳамеша пешакӣ олами ҳаёт дода шудааст» (Э.Гуссерл). Фаҳмиши дастгоҳи категориявии табиатшиносӣ, бе таносуби он бо олами ҳаёти ба мо то мақсадгузории шуур бевосита додашуда, номумкин аст. Вобаста ба ин мо мефаҳмем, на ин ки шарҳ медиҳем. Категорияи фаҳмишро Эдмунд Гуссерл наздик ба маънои дилтейии он истифода бурдааст.

Ин андешаҳои Эдмунд Гуссерлро Алфред Шютс вобаста ба сотсиология истифода намуда, арз кардааст, ки фаҳмиш дар аввал усули илмҳои иҷтимоӣ набуд. Аз ибтидо фаҳмиш ба иртибот ва забони ҳаёти рӯзмарравӣ «махлут» буд. Воқеияти иҷтимоӣ – ин объектҳо ва ҳодисоти олами иҷтимоӣ-фарҳангӣ мебошад, ки одамон дар таҷрибаи ҳаррӯзаи худ дарк мекунанд. Бинобар ин, мазмуни онҳо аз рӯи «чӣ гуна дар таҷрибаи тафаккури муқаррарии одамон, ки ҳамарӯза дар байни дигар одамон зиндагӣ доранд, бо онҳо тавассути муносибатҳо ва алоқаҳо пайвандад, дарк мешавад» ва муайян карда мешавад. Ҳар як инсон олами фарҳангро (ва табиатро) на ҳамчун «хусусӣ, балки байнисубъективона, яъне ҳамчун ба ҳамаи мо умумибуда, ба ҳар нафар воқеию имконӣ дастрасбуда» дарк мекунад. Бо ёрии шуури дар ҳаёти рӯзмарра ташаккулёбанда одамон олами иҷтимоиро, ки дар он зиндагӣ доранд, маърифат мекунанд, медонанд, ки барои чӣ ва чӣ гуна ин ё он ниҳоди иҷтимоӣ фаъолият дорад, дар фаъолияти худ ин ё он шахс кадом ҳадафро пайгирӣ намудааст ва ғайра. Ин донишҳоро тафаккури муқаррарӣ ҳамчун худ ба худ маълумбуда қабул мекунад. Ин бошад, фаҳмиши ибтидоӣ аст, ки новобаста ба «парокандагӣ»-и мазмуни донишҳо дар соҳаи тафаккури муқаррарӣ, имкони «созиш кардан бо одамони дигар, объектҳои фарҳангӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ – хулоса, бо воқеияти иҷтимоӣ»-ро фароҳам месозад. Алфред Шютс се маънии фаҳмишро ҷудо кардааст: 1) «шакли таҷрибавии донишҳои муқаррарии кирдори инсонӣ», ки қобилияти самтгирии тафаккури муқаррарӣ, «мувофиқшавӣ» ба шуурҳои «бегона», ворид шудан ба алоқаю муошират, ҳал кардани масъалаҳои байнисубъективонаро муайян мекунад; 2) масъалаи эпистемологӣ аст, ки ҷавоб ба саволҳои зеринро дар назар дорад: «чӣ хел чунин фаҳмиш имконпазир аст?», чӣ тарз ва барои чӣ одамон дар ҳаёти рӯзмарраи худ амали фаҳмишро, яъне донистани маъною мазмунҳоро «бе ягон мушкилӣ дар ҳар гуна амали рӯзмарравӣ» иҷро мекунанд. Ба ақидаи Алфред Шютс чунин фаҳмиш имконпазир аст. Чунки «мавҷудоти инсонӣ аз модар тавлид меёбад, на ин ки дар пробирка тайёр мешавад» ва бинобар ин, «таҷрибаи мавҷудияти дигар одамон ва маънии амалҳои онҳо, бешубҳа мушоҳидаи таҷрибавии аввалин ва эътимодбахш мебошад, ки инсон ба сомон расонидааст». Фаҳмиши ба таҷрибаи рӯзмарраи одамон таалуқдошта сохтаҳои зеҳнии ба тафаккури муқаррарӣ мувофиқ буда, таҳлилу таркиб ва идеалисозиро дарбар мегирад; 3) усули махсуси илмҳои иҷтимоӣ мебошад, ки ба таҳкурсии фаҳмиши ибтидоии ҳаёти муқаррарии одамон вобастагӣ дорад ва бинобар ин, ташкили дуюмдараҷа мебошад.

Воқеияти иҷтимоӣ пеш аз ҳама маҷмӯи сохтаҳои идеалии фикрӣ ва арзишӣ мебошад, ки бо тафаккури муқаррарии одамони дар ҳамин олами иҷтимоӣ зиндагидошта офарида шудаанд. Аз ин бармеояд, ки назарияҳои дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ (ва табиатшиносӣ) офаридашуда, як навъи шарҳдиҳии «сохтаҳои фикри солим бо воситаи объектҳои идеалии илм» мебошанд. «…Сохтаҳои илмҳои иҷтимоӣ… сохтаҳои дараҷаи дуюм, яъне сохтаҳои сохтаҳое мебошанд, ки аз ҷониби одамони дар саҳнаи иҷтимоӣ амалкунанда офарида шудааст ва рафтори онҳоро олим бояд дар мувифақат ба қоидаҳои амалии илми худ мушоҳидаю шарҳдиҳӣ намояд» (А.Шютс). Олими иҷтимоъшинос сараввал бояд принсипҳои куллиро азбар намояд, ки дар мувофиқа ба онҳо одамон дар ҳаёти рӯзмарраашон таҷрибаи худро ташкил менамоянд. Дар асоси ин бояд модели идеалии иҷтимоиро сохт. Ба ақидаи З.Бауман, худи А.Шютс ҳадафҳои кӯшишҳои ибтидоии инсониро дар фаҳмиш наомӯхт, нафаҳмид, ки «одамон ҳангоми амалӣ нашудани ниятҳояшон, воқеӣ нашудани орзуяҳояшон, ҳангоми бетаъбир мондани азобу аламашон талабот ба фаҳмишро эҳсос мекунанд. Алҳол ин ҳамеша абстрактӣ набуда, балки комилан мушаххас аст: азобу уқубатҳои ман, орзуҳои шахсии ман, талаботу манфиатҳои шахсии қонеънашудаи ман». Вазифаи амалии фаҳмиш иборат аст аз озод намудани инсони мушаххас (на ин ки субъекти трансседенталӣ) «аз ҳисси азиятдиҳандаи ноозодӣ, ки сабабаш фаҳмида натавонистан мебошад». Масъалаи фаҳмида натавонистан аз доираи «сотсиологияи бофаҳм»-и Алфред Шютс берун мондааст.

Ба ақидаи З.Бауман фаҳмиши объективона ба сифати воситаи назорати амалии вазъият буда наметавонад ва бинобар ин, кӯшишҳои фаҳмиши объективона ҳамеша такрор мешаванд ва ҳеҷ гоҳ комилан бомуваффақият нахоҳанд буд. Амали тафсир кардани масъалаи фаҳмиш набояд фаъолияти махсуси аз ҳаёти ҷамъиятӣ фарқкунанда бошад.

Танқиди ҷудопазирии «илмҳо дар бораи табиат» ва «илмҳо дар бораи рeҳ» дар фалсафаи муосири прагматизм

Дар тафсироти масъалаи фаҳмиш, ки дар боло қайд гардид, хусусияти «илмҳо дар бораи рӯҳ» ва фарқияти онҳо аз «имҳо дар бораи табиат» эътироф карда мешавад. Аммо чунин ҷудокунии илмҳо аз ҷониби намояндагони фалсафаи муосири прагматизм, масалан, аз ҷониби файласуфи америкоӣ Р.Рорти (таваллудаш соли 1931) эътироф карда намешавад. Бо далеловарии ӯ шинос мешавем. Ҷудо кардани «илмҳо дар бораи табиат» ва «илмҳо дар бораи рӯҳ», ҷустуҷӯи усулҳои маърифати ба онҳо мувофиқ (шарҳдиҳӣ ва фаҳмиш) аз анъанаҳои фалсафӣ бармеоянд, ки шуурро як навъ дар ботини мо буда, ба воқеияти берунаи берун аз шуур кӯшиши «баромадан» дошта ва айнан онро дарккунанда баррасӣ менамоянд. Дар ин анъанаҳо тасаввурот дар бораи чунин шуур, ки бо кадом як тарзи аҷоиб аз ҷисм ва аз олам новобаста аст, ҳукмрон буд. Ҳам «илмҳо дар бораи табиат» ва ҳам «илмҳо дар бораи рӯҳ» мекӯшанд, то тарзҳоеро дарёбанд, ки тавассути онҳо шуури субъект метавонад: 1) барои «дарк»-и моҳият ё мазмун бо воқеяияти беруна (бо табиат ё таърих) алоқа барқарор намояд; 2).калимаҳое пайдо созад, ки онҳоро айнан ифода карда тавонад. Прагматизм аз ин анъанаи фалсафӣ худро канор мегирад. Прагматизм мавқеи дарвинизмро меписандад, ки мувофиқи он «мавҷудоти инсонӣ ҳамчун як навъ ҳайвонҳо буда, кӯшиш мекунанд, ки ҳарчӣ беҳтар ба муҳити атроф мутобиқ шаванд, онро азхуд намоянд, олотҳое офаранд, то ки ҳузуру ҳаловатро бештар ва азобу уқубатро камтар намоянд. Калимаҳо – ҳамчун олотҳое мебошанд, ки ин ҳайвонҳои боақл офаридаанд». Аммо дар ин ҳолат шуурро «бе алоқа бо воқеият» баррасӣ намудан, ба шуур ва забон мансуб донистани вазифаи ифодагарӣ номумкин мебошад. Р.Рорти ба гуфтаҳои файласуфи австриягӣ Людвиг Витгенштейн (1889-1951) ва мутахассиси забоншиноси америкоӣ Х.Патнэм (таваллудаш соли 1926) такя менамояд. Людвиг Витгенштейн мӯтақид буд, ки ҳеҷ гуна имконияти «расидан ба роғаи байни забон ва объекти он» мавҷуд нест. Х.Патнэм навишта буд: «он чизе, ки мо «забон» ё «шуур» меномем, чунон чуқур ба он чизе, ки мо «воқеият» меномем, дохил мешавад, ки нияти тасаввур кардани худамонро ҳамчун як навъ «харитакаш»-и як чизро «новобаста аз забон» омӯзанда …аз ибтидо шубҳаовар мебошад». Шуур ҳамеша бо воқеият робита дорад, таъиноти калимаҳо ин олоти ҳамтаъсирӣ бо муҳити атроф будан аст. Бинобар ин, вазифаи маърифат ҷустуҷӯӣ ҳақиқат баҳри худи ҳақиқат набуда, балки «ҳосил кардани ризоияти байни одамон нисбати он чизе аст, ки онҳо бояд иҷро намоянд… Кӯшишҳои маърифатӣ, ки ба мутобиқсозии рафторҳо муосидат намекунанд – ин умуман кӯшиши маърифатӣ набуда, балки бозии калима аст». Ҳамаи назарияҳои дар табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ офаридашуда як навъ олотҳое мебошанд, ки ба дастрас намудани ин ризоият имкон медиҳанд. Ҳам назарияи микроолам, ҳам назарияи сиёсӣ ба одамон нақшаҳои амали муайянро пешниҳод менамоянд, ки ба пешрафти техникӣ ва сиёсӣ таалуқ доранд. Бинобар ин, «…барои прагматикҳо байни илмҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ, байни ҷамъиятшиносӣ ва сиёсат, байни сиёсат, фалсафа, адабиёт ҷудокунии қатъӣ мавҷуд нест. Кулли соҳаҳои фарҳанг – ин мураттабсозандагони кӯшиши накӯ сохтани ҳаёт аст».

4. ТАФСИР – УСУЛИ УМУМИИЛМӢ ВА АМАЛИЁТИ АСОСИИ МАЪРИФАТИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ

Фаҳмиш – ин шакли дониш аст, аммо барои ин донишҳоро то ба дараҷаи илмӣ баровардан, баъзе усулҳои моҳиронаи иловагӣ, ки муҳаққиқ ба нақша мегирад, лозим мебошанд. Яке аз онҳо тафсир мебошад. Тафсир дар соҳаи иҷтимоӣ-гуманитарӣ – ин амали зеҳнӣ, вазифаи усули методологӣ дошта мебошад, ки тавассути он маъно ва мазмуни ифодаҳои интихобии мафҳумӣ ва сохторҳо муайян карда мешаванд.

Амали тафсиркунӣ ҳамчун шакли маърифат, ҳанӯз то муҳокимаи масъалаҳои маърифатии донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарии муосир ба вуҷуд омада буд. Чунин марҳилаҳои таърихии таҳаввули тафсиркуниро ҳамчун усули методологии таҳлили матн ҷудо кардан мумкин аст: 1) навафлотуниёни атиқӣ тафсирро барои маълум кардани маъною мазмуни кинояҳое, ки дар осори адабиёти классикӣ ҷой доштанд, истифода мебурданд; 2) дар асрҳои миёна тафсир ба усули асосии методологии экзегетика (тафсири матнҳои Навиштаҷоти Муқаддас) табдил меёбад; 3) дар Замони Нав дарки фалсафии тафсир ва фаҳмиш пеша карда мешавад, ки шаклҳои гуногун гирфтааст: а) маънидоди фалсафӣ-герменевтикии тафсир (Вилгелм Дилтей, Фридрих Шлейермахер), ки тафсир ҳамчун дарки маънои объективии дар матн ҷойдодаи муаллиф баррасӣ мегардад. Муаллиф ҳамчун сарчашмаи асосии маъно фаҳмида мешавад ва бинобар ин, барои тафсири маъно аз шарҳи ҳоли муаллиф огоҳ бояд шуд, зеро ин ба дарки маънои осори ӯ мадад мерасонад; б) маънидоди сохторӣ-семиотикии тафсир. Матн ҳамчун воқеияти худбасанда баррасӣ мешавад, маънои он на аз ҷониби муаллиф, балки бо омилҳои хусусияти объективӣ-сохторӣ дошта, масалан, чун «тартиб» ва «ритмика»-и ташкили сохтори матн, дода мешавад. Сохтори матн – ин хусусияти объективонаи он мебошад. Дар ин ҳолат тафсир ба баррасии таҷрибаи фардӣ-психологии муаллиф эҳтиёҷ надорад, чунки он ба кушодани рамзҳои матн, яъне ба хусусиятҳои асосии сохтори матн марбут дониста мешавад; в) маънидоди постмодернистии тафсир, ки мувофиқи он тафсир – на тарзи дарки маънои дар матн буда, балки тарзи ба он маъно бахшидан мебошад. Барои постмодернистон матн ягон ташкили сохтории объективона надорад, бинобар ин, барои онҳо масъалаи ҷустуҷӯи маънои матн, ки дар назариёти сохторӣ-сеоматикӣ ҷой дошт, маънӣ надорад. Ғайр аз ин, дар баёни постмодернистии тафсир диққат ба муаллиф не, ба мутолеакунанда ҷалб карда мешавад. Мутолеакунанда заминаи субъективии тафсир гардида, ба маънобахшандаи матн табдил меёбад. Худи матн ягон маъно надорад: маъно дар ҷараёни мутолеа, ки ҳеҷ гоҳ ҷараёни объективонаи маълум намудани маъно шуда наметавонад, пайдо мешавад. Мутолеа – ин «даровардан»-и маъно ба матн буда, воқеан ҳамеша тағйир меёбад.

Аммо агар тафсир бо матнҳо сарукор дошта бошад, пас дар кадом асос ин усули методологиро ҳангоми омӯхтани гузаштаи таърих, иртиботи иҷтимоӣ ва ғайра, яъне дар омӯзиши масъалаҳои илмии иҷтимоӣ-гуманитарӣ истифода кардан мумкин аст?

Вилгелм Дилтей даъвои гносеологии «илмҳо дар бораи рӯҳ»-ро доир ба фаҳмиши таърих асоснок намуда, онро дар намуди таърихи рӯҳи дар матнҳо таҷассумшуда, маҳфузгоҳи маъноҳои маълумкардашуда тасаввур кардааст. Агар таърих матне бошад, чун шакли предметии таҷассуми олами таҷрибаи таасуроти ботинии одамон, пас онро чун дигар матнҳо фаҳмидан мумкин аст. Матни таърихӣ зуҳуротҳои ҳаёти гузаштаи одамонро дар шакли хаттӣ маҳфуз медорад.

Илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва таърихӣ аз рӯи таъиноташон герменевтикӣ мебошанд, чунки онҳо бо матнҳо ва фаҳмиши онҳо сарукор доранд. Ин ақидаи намояндагони постструктурализм, аз ҷумла Жак Деррида мебошад, ки гуфтааст: «ҳеҷ чизе берун аз матн вуҷуд надорад». Кулли олам матни беохиру беҳудуди «китобхонаи кайҳонӣ» мебошад. Файласуф ва сеометики итолиёвӣ У.Эко оламро ба «луғат» ва «доиратулмаориф» айният додааст. Матн ҳамчун воқеияти махсус, «воҳид»-и таҳлили методологӣ ва семантикии донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ буда, истифодаи амали тафсиркуниро имконпазир менамояд.

Назариёти гуногун оид ба матнҳо ва маънидоди фаҳмиши онҳо вуҷуд доранд.

1. Дар матн танҳо он ахбороте ҷой дорад, ки муаллиф хостааст, баён кунад (назариёти Фридрих Шлейермахер). Муносибати «матн-мутолеакунанда» бо муносибати «гӯянда-шунаванда», ки муоширати бевоситаи ҳамсӯҳбатонро ифода мекунад, айният дорад. Фаҳмише, ки байни ҳамсӯҳбатон пайдо мешавад, мувофиқи ақидаи файласуфи британӣ, асосгузори мантиқи ғайришаклӣ Ҷон Остин (1911-1960), се ченак дорад: а) фаҳмиши таҳтуллафзии ибораҳо; б) фаҳмиши ифоданокии нутқ, ки баёнкунанда бо сиғаи шартӣ ва амрӣ изҳор кардааст; в) фаҳмиши таъсири он чизи бо ҳиссиёти гуногун (тарс, қаноатмандӣ, шодӣ ва ғайра) гуфташуда ба ҳамсӯҳбат. Ҳамин ченакҳои фаҳмиш ба ҳолати «матн-мутолеакунанда»  низ хос мебошад, ҳарчанд, ки матн ҳамаи нозукиҳои муоширати зиндаро баён карда наметавонад. Фаҳмиши матн маънои фаҳмидани муаллифи онро дорад – чунин аст ғояи асосии назариёти мазкури матн. Фаҳмиш аз ҳисоби «баробаркунӣ»-и маъноии байни матн ва мутолеакунандаи тафсирсозанда ба вуҷуд омада, онҳоро ба ҳамзамонони мутлақ табдил медиҳад, ки «гузашта ҳамчун ҳозира», «бегона (дигар) ҳамчун ба хубӣ шинос» дарк карда мешаванд.

2. Мувофиқи ақидаи файласуфи фаронсавӣ, назариётчии герменевтикаи феноменологӣ Пол Рикёр (таваллудаш соли 1913), матн томияти мустақил буда, вобаста ба он, ки ҳатман аз муаллиф дур, ҷудо, яъне бегона хоҳад шуд, вай ба осори санъат монандӣ дорад. Матн дар худ «семантикаи амиқ» дорад, ки мазмуни ҳикояти муаллифро бартараф карда, мазмуни фалсафии матнро, ки иборат аз маънидодии «ҳолатҳои ҳудудӣ» – тавлиду марг, ҳақиқату иштибоҳ ва ғайра мебошад, инъикос менамояд. Маҳз «семантикаи амиқ» объекти ҳақиқии фаҳмиш ва «наздикӣ»-и байни матн ва мутолеакунандаро муайян мекунад. Матнро фаҳмидан ин маънои муаллифро зиёда аз худогоҳии худи муаллиф фаҳмида тавонистан мебошад – чунин аст ғояи асосии ин назариёти матн.

Чӣ тавре, ки Пол Рикёр қайд менамояд, таҳлили матнҳо ва таҳқиқи зуҳуроти иҷтимоӣ хосиятҳои қиёсшаванда доранд: а) чуноне, ки калима дар матни хаттӣ таҷассум карда мешаванд, ҳамчунин амалҳои инсонӣ дар «Солнома»-и таърих таҷассум карда мешаванд. Дар ин ҳолат маънои амал аз иҷрокунандаи он бегона шуда, дар вақти иҷтимоӣ (таърих) «таҳшин» мешавад, ки он на танҳо давомнокии воқеаҳои иҷтимоӣ ва таърихӣ, инчунин «ҷойи маҳфуздорӣ»-и маъноҳои фаъолияти инсонӣ мебошад. Вақти иҷтимоӣ (ё таърихӣ) навъи махсуси «матн» мебошад, ки дар он ин ё он амали иҷтимоӣ, ин ё он рафторҳои «ғайрипсихологишуда» нақши худро мегузоранд; б) монанди он, ки ҳолатҳои мушаххаси дар матни хаттӣ тасвиршуда яке аз имкониятҳои воқеишавии «ҳолатҳои ҳудудӣ» аст, ҳамин хел ҳамон як амали иҷтимоӣ метавонад дар доираҳои гуногуни иҷтимоӣ ба вуқӯъ пайвандад ва бинобар ин, метавонад на танҳо вақти худро инъикос намояд, инчунин метавонад намунаи амалҳои имконӣ бошад; в) матн ба монанди зуҳуроти иҷтимоӣ томияти маъноӣ буда, дар он сабабҳои асосӣ ва ғайриасосии амалҳо ҷудо карда мешаванд; г) ба монанди матн, инчунин зуҳуроти иҷтимоӣ тафсиргари соҳибимтиёз надорад. Маънои ин ё он воқеаи таърихӣ бо ниятҳои субъективии иштирокчиёни он мувофиқ нест. Бинобар ин, вай хусусияти «кушода будан»-ро дорад. Муҳаққиқони гуногуни таърих мавзӯҳои гуногунро ба сифати асосӣ аз рӯи фаҳми худ интихоб мекунанд, бинобар ин, тафсирҳои ҳамон як воқеаи таърихӣ бо мазмуни худ гуногун буда, мувофиқат надоранд.

Аммо интихоб асосноккуниро талаб менамояд. Барои он, ки чунин асосноккунӣ гузаронида шавад, лозим аст, ки аввалан маънои умумии матн фаҳмида шавад. Вале то интихоби мавзӯи асосии он ин корро кардан мумкин нест. Ҳалқаи герменевтикӣ ба вуҷуд меояд, ки муносибати «мант-мутолеакунанда»-ро баррасӣ менамояд. Ҳалқаи герменевтикӣ дар ҷараёни тафсир ва ҳангоми ҳалли масъалаи таносуби «ҷузъ-том»-и сохтори матн пайдо мешавад: тафсири раванди таърих муайян кардани маънои умумии онро дар назар дорад, ки бе фаҳмиши ҷузъҳои он номумкин аст; ҷузъҳоро бошад, берун аз доираи маънои умумӣ фаҳмидан номумкин аст. Ин вазъиятро чунин баён кардан мумкин аст: барои фаҳмидани чизе лозим аст, ки ин чиз ҳанeз пешакӣ фаҳмида шавад.

Ба фикри Мартин Хайдеггер, аз ин ҳалқаи герменевтикӣ баромадан мумкин аст. Ин дар ҳолате муяссар мегардад, ки агар то тафсири таърихӣ, фалсафӣ ё филологӣ мавуҷуд будани уфуқи як навъ тофаҳмиши ибтидоии торефлексивии самти идрок кардани воқеа-матнро муайянкунанда эътироф карда шавад. Аз тофаҳмиш озод шудан ғайри имкон аст, чунки вай бо олами ҳаёти инсон ташкил карда мешавад. Ганс Генрих Гадамер тофаҳмишро «тоақлӣ»-и қонунӣ номид ва инчунин иброз намуд, ки маҳз онҳо уфуқи идроки маъноҳоро муқаррар месозанд. Мартин Хайдеггер ва Ганс Георг Гадамер аз ҳисоби ворид кардани «ҳастии инсон дар олам» ба фазои кор бо матнҳо ҳалқаи герменевтикиро «кушоданд». Ба инобат бояд гирифт, ки М.Хайдеггер ва Г.Г.Гадамер забонро дигар танҳо маҳсули фаъолияти субъективии шуури инсон баррасӣ намекарданд. Онҳо забонро онтологӣ карданд, яъне ба он ҳастии аз субъект новобастаро муносиб донистанд. Мартин Хайдеггер иброз намуда буд, ки забон маҳсули дасти инсон набуда, балки вай Ҳастӣ аст ва инсон танҳо онро гӯш мекунад. «Бинобар ин, – менависад Никола Аббаняно, – тақдири инсон fatғm om, яъне хулласи калом – Ҳастии иброзшуда мебошад».

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.