Забон, «бозихои забони», манзараи забонии олам

Дар бораи «чӣ будан»-и сухану калима ҳанӯз дар замони атиқа масъалагузорӣ шуда буд. Аз замони Демокрит (асри V-IV то мелодӣ), ки калима-номро аз ашёҳо ҷудо карда буд, баҳс дар атрофи ин масъала ривоҷ гирифт: худи номи ашё чист? Афлотун дар муколамаи «Кратил» барои наслҳои ояндаи файласуфон вазифа-саволро ифода намуд: калима – ин натиҷаи қарордоди байни одамон, яъне артефакт аст ё ин ки вай ба ашёҳо мутаалиқ буда, пайдоишаш аз Худо аст? Софистҳо ва киникҳо усули суқротиро истифода карда мепиндоштанд, ки калима ин «номи мустаор» – и пурасрор буда, онро одамон ихтироъ намудаанд ва бинобар ин, вай бо мазмуни предмети номидашаванда ҳеҷ гуна алоқамандӣ надорад. Натиҷаи чунин мавқегирӣ ин релятивизм ва шаккокияи маърифатӣ мебошад, ки то ба имрӯз расидааст. Арасту баръакс алоқаи забону ҳастиро эътироф менамуд. Ӯ махсус онтологияро («асолати умумии ҳастӣ» ва «асолати умумии гуфтор дар бораи ҳастӣ» – ро) дар асоси таҳлили луғати атиқӣ ҷудо намуд ва бо ҳамин вазифаи ифодагарии забонро тасдиқ намуд. Мавқеи Арасту дар фалсафаи Георг Вилгелм Фридрих Гегел сазовори эътирофу асосмандкунӣ гардидааст.

Дар тамаддуни насронӣ дар ин ё он шакл алоқамандии ботинии калимаро бо он чизе, ки он номида ё ифода карда шудааст, эътироф карда мешуд. Масалан, Владимир Соловев забонро ҳамчун унсури муҳими ҳаёти ҷамъият эътироф намуда, қайд кардааст, ки ташкилёбии он «аз иродаи бошууронаи шахсони алоҳида комилан новобаста аст», вай истеҳсолшуда нест, «аз фаъолияти бошууронаи фардӣ» сохтаю бофта нашудааст. Мартин Хайдеггер бо исрор таъкид менамуд, ки ба калима ҳастӣ ато кардан кори ягонаи фикр аст, чунки «забон – хонаи ҳастӣ аст».

Дар анъанаи насронияи ибтидоӣ бо калима маккорию ҳиллагарӣ кардан на ҳамту ноҷоиз, балки гуноҳ дониста мешуд. А.Кураев ба гуфтаҳои Василии Бузург ишора карда менависад, ки бутпарастон одатан ба насрониҳо гапи худро маъқул кардан мехостанд: «Танҳо бо сухан мункир шав, аммо дар дил кадом имоне, ки мехоҳӣ бипарвар. Худо ба гуфтор не ба андешаи гӯянда эътибор медиҳад. Ин тавр ҳам қозиро нарм кардан ва ҳам Худоро меҳрубон кардан мумкин аст». Аммо азбаски барои насронӣ номи предметҳо, зиёда аз ин номи Худо – муқаррароти худсарона ё «номи мустафо» нест, бинобар ин, онҳо маргро аз мункиршавии шифоҳӣ, ки маънои дасткашидан аз имонро дошт, авлотар медонистанд.

Дар фарҳанги тоҷику форс низ доир ба арзиши сухан, лафзи пок, муқаддас будани забон ҳикматҳои пурбаҳо нигошта шудаанд, ки дар давоми асрҳо наслҳои сершумори одамонро ба гиромидошти онҳо даъват менамуданд ва ҳоло низ он андешаҳо мубрамияти худро гум накардаанд. Эҳтиёткорӣ бо сухан («захми сухан аз зарби табар гарон аст», «якеро садро нагeй…», «беҳуда қасам набояд хeрд…»), эҳтиромона ҳарф гуфтан бо ҳамсeҳбатон ҳамчун ҷузъиётҳои муҳими маданияти муошират ва нишони ҳурмат дар ҷамъияти мо пазируфта мешаванд, забондонӣ василаи ҷаҳондонӣ эътироф карда мешавад ва ғайра. Ин масъала доманадор аст ва бинобар ин, мо лозим мешуморем, ки ба мавзeи сeҳбати худ баргардем.

Агар дар сухан ҳастии моҳият зуҳур ёбад, агар мо, одамон ба ашёҳо ном намедода бошем, агар сухан ирфонӣ бошад, пас мо ҳукуқ надорем, ки бо ном-калимаҳо худсарона муносибат намоем. Чунин муносибат ба Калом ва Пайғом инсонро водор менамояд, ки ба он «гӯш кунад», онро дар гуфтораш бо ҳисси масъулият истифода намояд, гӯяндаро маҷбур месозад, ки бо тарзи муайян, бо пайравӣ ба меъёрҳои догматикӣ ва лингвистӣ суханронӣ кунад. Грамматика дар ин доира на ҳамчун муқаррарсозии худсаронаи навиштани калимаҳо ва шаклҳои пайвасти онҳо аст, балки ҳамчун мутаносиб бо мантиқи тафаккур буда, бинобар ин, мутаносиб бо мантиқи ҳастӣ баҳогузорӣ мешавад. Равшан аст, ки алоқамандии грамматика, мантиқ ва онтология яке аз ғояҳои марказии таълимоти файласуфи номӣ Георг Вилгелм Фридрих Гегел буд.

Дар фарҳанги аврупоии асри ХХ тамоюли дуршавӣ аз онтологияи забон, яъне дуршавӣ аз эътирофи маъмулшавии он дар ҳастӣ, бартарӣ ёфт. Хатари ин аҳволро мутафаккирони сершумор дарк намудаанд. Николай Бердяев ин вазъиятро бемории ҷамъият номида, менавсисад: «Мо ҳамагон гуфтугузор дорем, ки калимаҳои маънои бевоситаашон гумшуда чӣ маънӣ доранд». Калимаҳо ба ном, ба овози холӣ табдил ёфтаанд ва «калимаҳои холӣ, маънои воқеиашонро гум карда, одамонро ба ҳамдигар наздик шудан намемонанд». Ба фикри Николай Бердяев, барои он, ки маънои воқеии калимаҳо барқарор карда шавад, бояд алоқаи калима бо Сухан – Логос барқарор карда шавад. Ба тарзи ноуменалӣ Логос ба Падархудо айният дода мешавад. («Дар ибтидо Сухан буд ва Сухан дар Худо буд ва Сухан Худо буд»). Бо Писархудо муносибат тамоман ғайримуқаррарӣ аст (ва Сухан тан шуд ва бо мо зист, файзбору ҳақиқати комил»). «Барои худошабоҳатиаш ба инсон суханварӣ ато шуд. Чунин фаҳмиши сухани инсонӣ ба ихтирои шитобкоронаи калимаҳои сарду сангдилонаи ҳамчун як навъи талошкорӣ бо Худо сабаб  шуд». Тасодуфӣ нест, ки нависандаи рус Николай Гогол навиштааст: «Бо сухан шӯхӣ кардани нависанда хатарнок аст. Сухани фосидшуда нашояд, ки аз даҳони шумо барояд!»

Ғайрионтологӣ шудани забон мусоидат намуд, ки он аз вазифаи ифодакунӣ озод шавад. Дар натиҷа тамоюли фаҳмиши ҳақиқат ҳамчун хосияти шаклсозии лингвистӣ, аз ҷумла матн, зуҳур ёфт. Эътироф мешуд, ки ҳақиқат берун аз матн мутаносибҳо дошта наметавонад. Чунин фаҳмиши калима ва ҳақиқатро файласуфи фаронсавӣ, асосгузори назариёти деконструктивизм Жак Деррида (таваллудаш соли 1930) барои беэътиборкунии матни Вайҳи Юҳаннои Муқаддас (Апокалипсиси Иоанни Муқаддас) ва инкор кардани эътимодбахшии мазмуни он истифода бурдааст. Жак Деррида мӯтақид ба он аст, ки матни ин пайғом на Вайҳи Ҳақиқат, балки худсарона иқтибос кардани иттилоотӣ дар фазои иртиботӣ парешонгашта мебошад. Дар ин ҳолат матни Навиштаҷоти Муқаддас мазмунан бебақо мешавад, аммо чуноне, ки файласуф ва илоҳиётшинос А.Кураев арз мекунад, «тамаддуне, ки барояш сухан беарзиш аст, ҳуқуқ надорад, ки насронӣ номида шавад». Шояд ин назари ахлоқӣ бошад, вале новобаста аз ин, дар он хавотирӣ аз беқурбшавии сухан эҳсос мегардад.

Дастурамали хирадгароии классикӣ, ки мувофиқи он забон олами воқеиро ифода мекунад ва тафаккур танҳо тавассути забон метавонад табиати ботинии оламу одамро дарку баён намояд, ба тасаввурот дар бораи офариниши илоҳии олам такя дошт. Дар воқеъ, агар эътироф карда шавад, ки Олам офаридаи E (Мутлақо, Худо), ки нияти офаридан дошт ва ин ниятро ба забоне «навишт», ки худаш сухан мекард, пас бояд эътироф карда шавад: а) мавҷуд будани «табиати ниҳонӣ»-и «ботинӣ»-и кулли ашёҳо ва зуҳуротҳои офаридашуда, ки ба қонунияти куллӣ тобеъ мебошанд; б) имконияти забон, ки мазмуни ин ниятро айнан ифода карда тавонад. Дар доираи ғояи судур ихтирои истилоҳу мафҳумҳои нави илмӣ ҳамчун «бурро кардан»-и воситаҳои забонии дарки айниятии воқеият зуҳур меёбад.

Эътироф шудани мавҷудияти Сухан-Логоси ҳамарофарогиранда имкон дод, ки ҳастӣ ҳамчун дорои мантиқи мазмунии ботинӣ андешида шавад. Ин муқаррароти фарҳанги хирадгароӣ дар фалсафаи постмодернистӣ «логосентризм» (суханмарказӣ) ном гирифта, ба яке аз объектҳои асосии танқиди он табдил ёфт. Ин танқид чунин далелнок карда мешуд: логосентризм шакли зеҳнии зӯроварӣ ба олам буда, ба ҳокимияти ақл таваҷҷӯҳ дорад ва қудрати «империализми Логос»-ро (Жак Деррида), ки озодии ассотсиативии тафаккурро манъ мекунад, намоиш медиҳад. Файласуф, фарҳангшинос ва таърихшиноси фаронсавӣ Мишел Пол Фуко (1926-1984) қайд менамояд, ки логосентризм як шакли логофилия (сухандӯстӣ) аст, ки  афзалияти аксиологии ақлонияту мантиқро эътироф менамояд. Ҳақиқатан ҳам Мишел Фуко иловатан қайд намудааст, ки логофилия натиҷаи логофобия (сухантарсӣ)-и дар батни фарҳанги хирадгароӣ ниҳонгашта мебошад. Моҳияташ дар он аст, ки логосентризм (ва умуман хирадгароии классикӣ) дар назди имкони зуҳуроти ногаҳонии худ ба худу бетартиби тафаккур, ҳангоме, ки он дар ҷараёни таҷассумкунии интихобии мазмуни худ метавонад аз ҳудуди меъёру қонунҳои грамматикӣ, лингвистикӣ ва услубшиносӣ берун шавад, тарси истиробомез дорад. Азбаски чунин амалиёту рафтори пешгӯинашавандаи тафаккур тарзи ҳастии навъи хирадгароиро ба зери хатар мемононад, бинобар ин, «ҷунунӣ»-и тафаккурро, «ҷӯшу хурӯш»-и онро дар истифодаи беҳудудии семантикӣ «хомӯш» мекарданд. Ба чунин усулҳо Мишел Фуко таснифкунӣ, танзимкунӣ, тақсимкуниро марбут медонад. Ба чунин «мутеъкунӣ» ҳамчунин дастуруламали қатъии фарҳанги хирадгароӣ оид ба қонунӣ будани танҳо андешаҳои «баланд», ки дар бар ҷавшани мантиқӣ-мазмунии бенуқсон дошт, мадад расонид. Ҳамон чизе, ки ба «кати прокрустӣ»-и «андешаҳои баланд» ҷойгир шуда наметавонист, ҳамчун яке аз намудҳои ҷунун (шизофрения)-и фикр ва суханварии бемаънӣ баҳогузорӣ карда мешуд. (эзоҳ: Прокруст – номи яке аз қаҳрамонони манфии асотири Юнони қадим. Ривоят меравад, ки ин роҳзан қомати роҳгузаронро бо кати ҷойхоби худ чен мекард ва пойи нафаронеро, ки қомати аз кат дарозтар доштанд, мебурид.)

Файласуфон-постмодернистон ба хулоса омаданд, ки барои бартараф кардани бемаънигии вазифае, ки логосентризм дар назди тафаккур ва забон гузоштааст (яъне фаҳмидани маъноҳои худоофарида), бояд оламро аз Худо ҷудо кард. Он гоҳ забон вазифаи ифодагарии худро гум мекунад, чунки ифодакунанда аз ифодашаванда озод мешавад. Жил Делез на танҳо вазифаи ифодагарии аломати забониро, ҳатто мавҷудияти онро инкор мекунад. Ба ақидаи файласуфи дигари фаронсавӣ Жан Лиотар манзараи оламро танҳо ҳамчун қиссаҳои сохтаю бофтаи мардум маънидод кардан мумкин аст.

Аммо агар забон воситаи муносибати байни инсон ва воқеияти объективӣ набошад, пас додани чунин саволҳое, ки ҷавобашон барои фалсафа муҳим аст, маънӣ надорад. Аз ҷумла: «Забон бо андеша чӣ таносуб дорад?», «Оё забони истифодашаванда табиати ҳаққонии воқеиятро айнан ифода карда метавонад?» ва ғайра. Дар пайравӣ ба лингвисти швейтсарӣ Фердинанд де Соссюр (1857-1913), муаллифони постмодернист аломатҳои интихобиро бекора ҳисобиданд. Фердинанд де Соссюр тасдиқ менамуд, ки маъно таносуби ҳатмии маънидодшаванда ва маънидодкунанда набуда, балки сароби маънидодкардан аст. Ӯ ва постмодернистҳо забонро танҳо ҳамчун низоми семиотикӣ тасаввур мекарданд. Дар ин низом сохторҳои забонӣ пешакӣ маълум намебошанд, чунки ҳеҷ гуна нақшаи низомнокгардонии ин сохторҳо вуҷуд надорад. Бақайдгирии воқеии муайяният дар забон бо машғулияти забон дар ҷараёни иртибот, ки танҳо дар доираи он маъною маънии ҳар кадом аломати интихобӣ маълум мегардад, вобаста аст. Матн дар реҷаи аз муаллиф новобаста буданаш баррасӣ мегардид.

Таърихи фарҳанг ва ивазшавии луғатҳо

Андешаи Людвиг Витгенштейн дар бораи он, ки «ҳудуди забон» ин «ҳудуди олам»-и фард аст, ҳамчунин асарҳои психоаналитики фаронсавӣ Жак Лакан (1901-1981), ки дар онҳо сохтори шахс тавассути сохтори забони ӯ муайян карда мешавад, ба дарк кардани фарҳангу ҷамъият ҳамчун ба зуҳуроти тавассути амалияи забонӣ имконпазирбуда ибтидо гузошт. Ба тафсири амалҳои забонӣ ҳамчун ба шаклҳои фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, инчунин таълимоти Фердинанд де Соссюр дар бораи худсарона будани алоқаи маънидодшаванда ва маънидодкунанда таъсир расонид. Андеша дар бораи он, ки бо тағйири луғат, яъне тарзи сухангӯӣ, дар як вақт тағйироти арзишӣ ва гузоришҳои андешавӣ дар фарҳанг ба амал меояд, аз Фридрих Нитсше оғоз мегардад. Ин мавқеро файласуфи муосири америкоӣ Р.Рорти (таваллудаш соли 1931) пазируфта, чунин мисолҳои алоқамандии луғат ва фарҳангро пешниҳод мекунад: 1). Дар луғат мавҷуд будаи чунин калимаҳо ба монанди «воқеияти ҳақиқӣ», «ҳақиқат», «моҳият», «қонун» ва ғайра аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар фарҳанги мазкур олам офаридаи Худои як навъ лоиҳадошта тафсир карда мешавад. Ин лоиҳаи илоҳӣ тавассути забони илмӣ маълум карда мешавад. Аммо ин луғати ихтироъ намудаи Галилео Галилей ва Исаак Нютон бо луғати алкимиё баробарарзишанд, чунки ҳеҷ яки онҳо ба воқеият ягон муносибат надорад. Г.Галилей дучори олоти забонӣ шуд, ки тасодуфан ҷавобгӯи мақсадҳои муайяне буд; 2). Сухани Фридрих Нитсше «Худо фавтид» аз пайдоиши чунин фарҳанге далолат мекард, ки дар он одамон хизматгузориро ба ғояҳои олии комёбшавӣ ба Хайр, Ҳақиқат, Зебоӣ хотима доданд ва ба ҷои образи инсонияти ҳамеша ба Ҳақиқат ва Нур равоншаванда образи «наслҳои гуруснаи ҳамдигарро поймолкунанда» (Ф.Нитсше), ба ягон мақсад наздик нашаванда, ҳамту куркӯрона ва тасодуфӣ ҳамдигарро ивазкунанда омад.

Мишел Фуко истиораи Фридрих Нитсше «Худо фавтид»-ро ҳамчун ишора ба озодшавии фазои фарҳангӣ ва фалсафӣ аз инсон тафсир намудааст: «марги Худо» дар як вақт марги худи инсон аст, «маҳз дар марги инсон марги Худо иҷро мешавад». Ба қавли Мишел Фуко, луғати ихтироъ кардаи Фридрих Нитсше имкон дод, ки вазъияти асосӣ дар фарҳанг ифода карда шавад: «Инсон бе Худо монд». Аммо луғати навро ҳамчун пурра мувофиқат дошта ва пешниҳодсозандаи манзараи айниятии олам баррасӣ набояд кард. Ин луғат ба тарзи оддӣ воқеиятро аз нав тасвир менамояд, аммо ба дарки пурратари он мусоидат намекунад.

Ба ақидаи Р.Рорти, пайдоиши луғати нав аз ихтироъ ва истифодаи истиораҳое сарчашма мегирад, ки дар каллаи одамони алоҳида тайёр мешаванд. Истиора, калимаҳои маълумро ба тарзи ғайриодатӣ истифода карда, имкон медиҳад, ки ҷанбаҳои бо истеъмоли муқаррарии калимаҳо диданашавандаи ҳодисоту зуҳурот равшан карда шаванд. Дар бораи истиора гуфтан мумкин нест, ки он дуруст аст ё хато, ба фарҳанг махлут мешуда бошад ё не. Онро инкор ва исбот кардан ё асоснок кардани сабаби пайдоиши он дар каллаи эҷодкораш имконнопазир аст. Чунончӣ, дарёфт кардани сабабҳои пайдоиши истифодаи истиоравии калимаҳои «қувва», «ҷозиба», ки Исаак Нютон баррасӣ намудааст, номумкин аст. Вале, аз назари Р.Рорти, дар ин бора танҳо тахмин кардан мумкин аст, ки ҳар яки ин тахмин ҳуқуқи вуҷуд доштанро соҳиб аст. Масалан: таъсири нурҳои кайҳонӣ ба сохтори мағзи сари И.Нютон, ба тафаккури ӯ таъсир кардани ҳодисаи аҷоибу хотирмон, ки бо ҷароҳатҳои психологӣ вобаста аст ва ғайра. Умуман, менависад Р.Рорти, муҳим нест, ки чӣ тавр ва барои чӣ ба И.Нютон ихтироъ кардани истиораҳо муяссар шудааст. Муҳим он аст, ки дар натиҷа олоте пайдо шуду тавассути он дар бораи олами воқеӣ тавре меандешиданд, ки дар гузашта ба ин минвол имконпазир набуд.

Тартиббахшии истиоравӣ ба ҳодисоту зуҳуроти воқеиро худи постмодернистҳо васеъ истифода бурда, ба луғат чунин истиораҳоро, ба монанди «ризома», «пай», «хомӯшӣ», «ҷин» ва ғайраро ворид карданд. Маънии истиораофариро онҳо пеш аз ҳама дар фараҳбахшии истиораҳо медиданд. Жан Лиотар онро ҳамчун эҳсоси ғалаба «аз болои ҳадалимкон як рақиби хатарнок – забони маъмулшуда, коннотатсияи устуворшудаи он» тафсир кардааст (эзоҳ: коннотатсия – ифодаи робитаи маъно ва ном). Тасодуфӣ нест, ки файласуф-структуралисти фаронсавӣ Р.Барт (1915-1980) оид ба «шаҳвонияти забон» сухан кардааст. Эҷодкунандагони истиораҳо зиёданд, аммо на ҳамаи онҳо дар фарҳанг маълум мешаванд. Толеъи Исаак Нютон баландӣ кард, истиораҳои ӯ дар фарҳанги асри ҶVII маълум гашт ва дар асоси онҳо қоидаҳои бозиҳои забонии илмӣ пайдо шуд. Лозим мешуморем, ки бо андешаҳои дар атрофи ин масъала иброзшуда шинос гардем.

«Бозиҳои забонӣ» дар илм

«Бозиҳои забонӣ» – ин мафҳуми фалсафаи баъдиклассикӣ барои ифодаи низоми иртиботи нутқии дар асоси қоидаҳои муайян ташкилшуда мебошад. Истиораи «бозиҳои забонӣ»-ро Людвиг Витгенштейн ворид кардааст. Ин «бозӣ» аз назариёти референтсиалии аломат даст кашиданро намоиш медиҳад. Чунин дасткашӣ имкон медиҳад, ки соҳаи интихобӣ ҳамчун бозии худихтиёронаи маънидодшавандаи беиброзкунанда (бемаърeзачӣ) ва бинобар ин, дар ҷараёни худташкилии ботинӣ мавҷудбуда баррасӣ гардад. Дар истиораи «бозӣ»-и постмодернистӣ ду ғоя якҷоя шудаанд: дасткашӣ аз Худо ва эътирофи мақоми бунёдии «тасодуфи пешгӯинашаванда».

Истиораи «бозии забонӣ» тарзи куллии тасвири ҳамаи шаклҳои фаъолияти инсон, аз ҷумла илм гардидааст. Бо тафсири мафҳуми «бозиҳои забонӣ дар илм», ки Жан Лиотар пешниҳод намудааст, шинос мешавем. Илм бозиҳои забонии худро дар асоси ин эътирофҳо ташкил мекунад: а) олам ва инсон табиати моҳиятии ботинӣ доранд; б) ҳақиқат ва олам дар муқобили субъекти маърифаткунанда истодаанд; в) забон дар байни инсон ва олам мавқеи мобайниро ишғол намуда, оламро чӣ хеле, ки ҳаст ҳамон тавр ифода менамояд: ҳастӣ ва ҳастии маърифатшуда ба ҳамдигар айният доранд. Бинобар ин, илм аз ҷумлаи бозиҳои забонӣ якеро – баёнҳои денотативиро (аз лотинӣ, denoto – маънидод кардан) интихоб намудааст, ки вобаста аз чунин шароиту қоидаҳо имконпазир аст: а) предмете, ки сухан дар борааш меравад, бояд мушоҳидашаванда (бевосита ё бавосита) бошад; б) бояд меъёри ҳақиқати мулоҳизаи баёншуда мавҷуд бошад.

Ба ақидаи Жан Лиотар, ба шакли ягонаю ҳақиқии иртибот будан даъво доштани бозии забонии илмӣ ба васеъшавии фазои робитаҳои иҷтимоӣ ва озодии иҷтимоӣ мусоидат намекунад.Илм бояд қоидаҳои «бозиҳои забонӣ»-и худро қонунӣ гардонад. Жан Лиотар қонунигардиро ҳамчун ҷараёне муайян мекунад, ки дар он ба кадом як «қонунгузор» иҷозати таъин кардани шартҳо дода шудааст, то ки тавассути онҳо ҷомеаи илмӣ ин фикрҳои баёншударо ҳамчун илмӣ қабул намояд. Аммо ногузир саволҳои иловагӣ дар бораи қонунӣ будани худи «қонунгузор» ба миён меоянд: кӣ ҳал мекунад, ки шартҳои баёни илмӣ чӣ гуна бошанд ва кӣ медонад, ки ин қарор боадолатона аст? Қоидаҳои бозиҳои забонии илмӣ дар худ шартҳои қонунигардии худро надоранд. Ин қонунигардиашон тавассути фалсафа имконпазир мегардад. Фалсафа асоснок намуд, ки ин «кӣ» хиради қонунгузор дошта бошад. Қонунигардии хирадро низ асоснок бояд кард. Ин корро Георг Вилгелм Фридрих Гегел иҷро намуда, асосноккунии ақлӣ бо ёрии Рӯҳи Мутлақро истифода бурдааст. «Хулосаи ақлӣ», ҳамчун шакли махсуси бозиҳои забонии фалсафӣ, шакли қонунигаштаи баҳсҳои илмӣ шуданд ва ин имкон дод, ки омӯзонидани фалсафа ҳамчун таҳкурсии маълумоти донишгоҳӣ сазовори эътирофи умум гардад, эътироф мекунад Жан Лиотар.

Дар ибтидои асри ХХ баррасӣ кардани масъалаҳои сотсиологияи дониш ва маърифат (Карл Манхейм, Макс Шелер, Питирим Сорокин, Томас Лукман ва дигарон) оғоз гардид. Дар ин марҳила ба дониш ва маърифат таъсир доштани талаботҳои иқтисодӣ, мақсадгузориҳои иҷтимоӣ, идеология, интихобҳои динӣ, ахлоқӣ, эстетикии муҳаққиқ ва ғайра омӯхта мешавад. Дар чунин вазъият бозиҳои забонии илмӣ шарти қонунигардии худро дар фалсафаи зеҳнӣ-ақлонӣ ҷустуҷӯ карда наметавонист. Зеро рӯҳи мутлақ имкониятҳои маърифатии худро амалӣ намуда, сабаби имкони бозиҳои забонии илмӣ мешавад. Ҳамин тавр, рӯҳи ақлонӣ не, балки субъекти мушаххаси таърихӣ ба сифати субъекти дониш баромад мекунад. Робитаи дониш бо ҷамъияту давлат ба инобат гирифта мешавад. Илм воситаи амалисозии мақсадҳои давлат ва ҷамъият мешавад. Дар чунин хизматгузорӣ ба мақсадҳои пешбиникардаи субъект, қонунигардии интиҳоии илм баён мешавад. Жак Деррида вобаста ба ин вазифаеро баён кардааст: «Ҳамаи он чизеро, ки тасаввуроту меъёрҳои илмиро бо онтология, логосентризм, фонологизм мепайвандад, бартараф карда шаванд… Бояд дар як вақт аз позитивизми метафизикӣ ва стсиентизм берун шуда, ба он чизҳое, ки барои аз фарзияҳои метафизикӣ озод шудани кори илмӣ воқеан мусоидат мекунанд, диққат дода шавад…».

Азбаски, «бозиҳои забонӣ»-и илмиро танҳо мутахассисон-олимон истифода мебаранд, бинобар ин, вай фазои аз ҷониби ҷомеаи олимон маҳдудкардашуда дорад. Аз нуқтаи назари фалсафаи баъдиклассикӣ бозиҳои забонӣ дар соҳаи иртиботи рӯзмарравӣ, яъне берун аз доираи инъикоси зеҳнии покшуда, аҳамияти бештар пайдо мекунад. Забон ҳамчун «иҷтимоиёти тадбиқшуда» фаҳмида мешуд.

Ибораи «забон ҳамчун иҷтимоиёти тадбиқшуда»-ро лингвисти фаронсавӣ Э.Бенвенист барои ифода кардани падидаи махлутии нутқ ба доираи иҷтимоӣ истифода кардааст. Лингвистикаи ғайриклассикӣ ва дар пайравӣ ба он, фалсафаи баъдиғайриклассикӣ он ҷиҳатҳои забонро ба эътибор гирифтанд, ки вайро «ҷузъи муҳими ҳамтаъсирии иҷтимоӣ-фарҳангӣ» месозанд: вазну қофия, тағйирпазирии семантикӣ, тобишҳои эҳсосотӣ-баҳодиҳӣ ва ғайра. Маълум карда шуд, ки худи истифода аз нутқ – ин шакли ҳамтаъсирии иҷтимоӣ мебошад, чунки вай дар як вақт ифодакунандаи ҳамтаъсирии гӯяндаву шунаванда ва инчунин иброзкунанда (шахсе, ки дар бораи ягон чиз ё шахс чизе гуфтааст) мебошад. Яъне забон робитаи иҷтимоиро муайян карда, ба сифати яке аз шаклҳои амалияи иҷтимоӣ баромад мекунад. «Робитаҳои иҷтимоӣ аз «гаштҳо»-и забонӣ иборат мебошанд» (Жан Лиотар). Робитаи иҷтимоӣ ба «усулҳо»-и нутқӣ асос меёбанд, аммо «бозиҳои забонӣ барои мавҷудияти ҷамъият кӯчактарин муносибатҳо мебошанд» (Жан Лиотар).

Людвиг Витгенштейн ба баён кардани иртибот ҳамчун маҷмӯи бозиҳои забонии қоидаю маҳдудияти семантикӣ-прагматикидошта ибтидо гузашт. То Людвиг Витгенштейн забонро танҳо чун воситаи иртибот, ки тавассути он ахбор интиқол дода мешавад, фаҳмида мешуд. Дар фазои иртиботи забонӣ ҷудо мекунанд: а) баёнҳои денотативӣ (мулоҳиза дар бораи предметҳои алҳол мушоҳидашаванда); б) баёнҳои прескриптивӣ (дастурӣ), ки шаклҳои амр, фармон, пешниҳод, хоҳиш, дархост, арз кардан ва ғайраро дорад; в) баёнҳои перформативӣ («шикофкунанда»), ки дар он гуфтори иброзкунанда дар як вақт иҷро кардани амали ба ин гуфтор мувофиқро тақозо дорад. (масалан, агар вазири мудофиа гӯяд, ки «даъват сар шуд», пас даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ оғоз мегардад, чунки дар бораи он шахсе эълон кард, ки ба гуфтани ин сухан ваколат дошт); г) баёнҳои деонтикӣ, ки бо предмети баёнкардашуда чӣ кор карданро ифода мекунанд; д) баёнҳои саволӣ; е) баёнҳои баҳодиҳанда ва ғайра. Ҳамаи баёнҳои номбаршуда шарти зарури амалисозии ҳадди кӯчаки робитаҳои иҷтимоӣ дар ҷамият мебошанд.

Людвиг Витгенштейн худи иртиботро ба сохтори забон ҷойгир карда, ҷараёни иртиботро ҳамчун ҷараёни ташаккули фазои маъниҳои иҷтимоии барои ҳар кадом ҷамъият махсусбуда баррасӣ намуд. Ин ташаккулёбӣ аз он ҳисоб ба амал меояд, ки ҳар як инсон ҳамеша дар нақши интиқолдиҳанда ё гирандаи иттилоот дар бораи ин ё он шахс, зуҳуротҳои табиӣ ва фарҳангӣ буда метавонад. Бозиҳои забонӣ чун дигар бозиҳо, лаҳзаи муборизаро дарбар мегиранд. Бинобар ин, қабулкунанда (гиранда)-и иттилоот на танҳо ин ахборро ба инобат мегирад, балки аксар вақт ғайри чашмдошти интиқолдиҳанда ба он ҷавоб медиҳад ва бо ҳамин онро ба нуқтаи дигари фазои иттилоотӣ «мекӯчонад». Дар натиҷа тағйироти робитаҳои иҷтимоӣ падид меоянд, ки ба тағйироти фарҳангӣ мебаранд. Хабарҳои забонӣ одамонро «мепайванданд». Масалан, ҳар кадом саволи додашуда ҳатман шахси пурсандаро, шахси посухдиҳандаро ва он чизе, ки дар борааш пурсидаанд, ҷудо мекунад. Хулоса, савол, ки тавассути гузориши он пурсанда посухи шахси дигарро интизор аст, як шакли робитаи иҷтимоӣ мебошад.

Бозиҳои забонӣ ҳамчун тарзи амалисозии ҳастии иҷтимоӣ баррасӣ карда мешаванд. Постмодернистҳо мавҷудияти интиқолдиҳанда ва гирандаи ахборотро дар тӯри печони бозиҳои забонӣ эътироф намуда, ба хулоса меоянд, ки дар ҷамъияти озод «бозиҳои забонӣ»-и илмӣ ва баёну мулоҳизаҳои хоси он набояд ҳукмрон бошанд. Дар ҷамъияти озод набояд масъалаю мавзӯҳое вуҷуд дошта бошанд, ки дар бораи онҳо гуфтан ҷоиз набошад. Намунаи мушаххаси озодии иҷтимоӣ сӯҳбати ду рафиқ мебошад, ки ҳамаи намуди баёнро истифода мебаранд ва ҳеҷ гуна муқаррароти қатъиро оид ба чӣ гуфтан, чӣ тавр гуфтан ба инобат намегиранд. «Бетартибияти забонӣ» ҳамчун шарти зарури озодии инсон дар ҷамъият баррасӣ мегардад. Аммо чуноне, ки постмодернистҳо таъкид мекунанд, ҳоло ягон ҷамъият тайёр нест, ки ба фазои иртибот ҳамаи забонҳоро бо ҳамаи хоҳишҳои истеъмоли онҳо роҳ диҳад. Чунин навъи «ноомодагӣ» ба ақидаи онҳо аз ду сабаб вобастагӣ дорад: 1) алҳол ниҳодҳои ташаккулёфтаи иҷтимоӣ (аз масҷид то донишгоҳ) вуҷуд доранд, ки афзалияти танҳо гурӯҳҳои муайяни баёнҳоро (масалан, фармон дар қувваҳои мусаллаҳ, ибодат дар масҷид, нутқи далелноки олим ва ғайра) эътироф менамоянд; 2) забон баёнкунандаро маҷбур мекунад, ки меъёрҳои грамматикӣ ва услубиро риоя намояд, аз рӯи қоидаи муайян ҷумла созад ва ғайра.

Барои кушоду ба озодии иҷтимоӣ мусоидаткунанда сохтани иртибот, мувофиқи ақидаи постмодернистӣ, зарур аст, ки суст карда шаванд: а) ҳудудҳое, ки ба забон ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ гузоштаанд, зиёд кардани маҷмӯи бозиҳои забонӣ дар илм, мактабу маориф,адабиёт, масҷид, қӯшун ва ғайра; б) вазифаҳои ҳокимияти худи забонро. Дар бораи ҳокимияти махсус доштани баёнҳо Мишел Фуко чанд карат таъкид намуда, ҳатто навишта буд: «Гуфтан – ин маънои ҳокимияти гуфтанро доштан аст». Бо маслиҳати ӯ соли 1977 дар Коллеҷ де Франс кафедраи сотсиологияи адабиёт ташкил карда шуд, ки кӯшиши асоси он ба баратараф кардани талаботи ҷиддияти дониш буд. Мудири кафедраи мазкур Р.Барт ба хулоса омад, ки дар амалӣ кардани ин ният ҳокимияти дар забон маҳфузбуда монеъаи асосӣ мебошад, чунки «кулли забон саросар шакли маҷбурсозии ба ҳама ҳатмӣ» мебошад. Ҳокимияти забон фазои озодии инсонро маҳдуд мекунад, ки он «на танҳо қобилияти аз зери ҳокимият дур шудан, инчунин, пеш аз ҳама, қобилияти пахш накардани дигарон аст». Бинобар ин, чунин «озодӣ танҳо берун аз забон имконпазир аст». Озодшавиро аз ҳокимияти забон, мувофиқи гуфтаи Р.Барт, аз адабиёт бояд оғоз кард. Адабиёт бояд аз дохил забонро тағйир дода, даъвои онро ба маҷбурсозӣ, ки бо роҳи табдил додани матн ва бозии калимаҳо амалӣ мешавад, фош намояд. Забонро беҳокимият намудан мумкин аст, «агар бевосита ба синаи забони хушомадгӯй гуногунномии ҳақиқӣ ҷойгир карда шавад».

Аз чунин амал ҳокимияти забон дар матни хаттии адабӣ мумкин аст, ки суст гардад. Аммо чӣ гуна дар нутқи шифоҳӣ ҳокимияти забонро суст бояд кард, масалан, ҳангоми дарс додан ба донишҷӯён? Мувофиқи пешниҳоди Р.Барт аломатҳо аз ҳамдигар ҷудо карда шаванд, барои ин баёни порчагӣ, ба мавӯҳои гуногун баргаштан истифода карда шаванд. Бояд ба додани сабақ не, балки ба шаклҳои мунозиравии дарс, ки ба воситаи онҳо дониш дода мешавад, аҳамият дода шавад. Ҳамасола бояд диди зеҳнии худро иваз кард, онро бо тахаюлоти забонӣ рангин кард. Ин вазифаро Р.Барт иҷрошаванда меҳисобад, чунки амалияи забонӣ имкон медиҳад, ки ба фазои маъниофариҳои бепоён ва гуногунмаъноии семантикӣ гузашта тавонем.

Ҳамин тавр, постмодернистҳо тасдиқ менамоянд, ки шарти асосии ғалаба аз болои нерӯи маҷбурсозандаи забон – ин омодагии ҷамъият ба бетартибияти забонӣ мебошад. Ин «бетартибият» ба кадом оқибатҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мерасонида бошад? Ин мавзӯи баҳси дигар аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.