Мафхуми «эътикод», «эътимодбахшӣ», «шубха» дар маърифат

Яке аз қисмҳои муҳими фалсафа назарияи маърифат (гносеология) мебошад, ки принсипҳои куллии маърифат, сарчашмаҳо ва шартҳои эътимодбахшӣ ва ҳақиқӣ будани донишро меомӯзад. Чиро дар назар дорем, вақте мегӯем, ки чизеро медонем? Агар мо дар сари ин савол андеша кунем, пас маълум менамоем, ки: ҳамаи он чӣ, ки ба сифати дониш муайян карда мешавад, ба таасурот ва андеша нисбат дода мешавад. Яъне мазмуни шуури мо – ин тарзи ҳастии донишҳои мо мебошад. Файласуфи рус И.Т.Касавин донишро «ҳамчун ченаки эҷодӣ ва тағйирпазири шуур» таъриф додааст. Тавассути образҳои фикрии худ мо робитаи маъноиро бо олами беруна барқарор мекунем. Зиёда аз ин, мо мeътақид ҳастем, ки фикру андешаҳои мо ин образҳои предметҳои берун аз мо вуҷуддошта мебошанд. Хулласи калом, донишҳои мо иродаамонро, ки дар эътиқодамон ҷой дорад, нерӯ мебахшад. Эътиқод кардан – бе исбот ҳамчун ҳақиқат эътироф кардани ягон чиз ё образҳои шууру олами ашёҳо маънидод шудааст.

Ҳатто, агарчӣ мо дар бораи мавҷудияти олами беруна тавассути ҳиссиётамон маълумот ба даст меоварем, вале барои ба дониш мубаддал шудани он шаҳодати эътимоди шуури мо лозим аст.

Назарияи маърифат бояд ба ин савол ҷавоб диҳад: то кадом ҳадд эътимодамон ба мазмуни шуурамон дуруст аст. Аз ин назария даъват ба миён оварда мешавад, ки тарзи робитаи шуури мо бо олами берунаро муайян намояд, бомаврид будани эътиқодамон нисбати робитаи мазмуни шуурамон бо олами ашёҳоро асоснок намояд. Объект чӣ гуна андешида шавад, ки дар бораи эътимодбахшии дониш, яъне донише, ки барангезандаи шубҳа набуда, ҳолати воқеии ашёҳоро баён мекунад, сухан карда шавад. Назарияи маърифат бояд ҳамаи шубҳаҳоеро, ки нисбати дониш пайдо мешаванд, бартараф намуда, онро эътимодбахш гардонад.

Дар назарияи маърифат таърихан ду ҷараёни афзалиятдошта ташаккул ёфтанд, ки бо тарзи ҳалли масъалаи сарчашмаи дониш ва эътимодбахшии он аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин ҷараёнҳои таҷрибагароӣ ва хирадгароӣ (эмпиризм ва ратсионализм) мебошанд. Мувофиқи ақидаи таҷрибагароӣ ҷамъи донишҳои инсонӣ аз ҳиссиётамон пайдо мешавад ва мо зиёда аз имкониятҳои ҳиссиёти худ чизеро эътимодбахштар дарк карда наметавонем. Хирадгароён ақлро сарчашмаи дониш ҳисобида, эътимодбахшии онро бо қобилияти исботсозандаи он алоқаманд донистаанд. Аз ин сабаб инъикоси фалсафии масъалаи дониш аз нигоҳи пок будани ақл баррасӣ мешуд.

Файласуфи Юнони қадим Парменид (асрҳои VI-V то мелод) аввалин шуда ба асоснок будани шаҳодати ҳиссиёт шубҳаи худро иброз намуд. Мувофиқи ақидаи ӯ тағйирнопазирӣ асоси ҳастӣ мебошад. Ҳастӣ дар маърифат дар ду шакл баён карда мешавад: дониш (episteme) ва ақида (doҷa). Дониш тавассути логос (ақл) дастрас мегардад, аммо ҳиссиёт ақидаро (тасаввуроти таҳрифшуда дар бораи ҳастиро) ба миён меоварад. «Роҳи ҳақиқат»-ро Парменид ба эътимодбахшии ягонаю тағйирнопазир айният додааст. «Роҳи ақида»-ро ӯ ҳамчун ғарқшавӣ ба олами рӯзмарраи гуногунтобиш ва тағйирпазир айният додааст. Ҳақиқати тағйирнопазирии оламро тасдиқкунанда – ин ҳақиқати ақли холис мебошад: «андеша ва он чизе, ки андеша дар бораи он аст, ҳардуаш як аст». Ҳамин тавр дар назариёти Парменид эътимодбахш будани донишҳо ба айнияти тафаккур ва ҳастӣ нисбат дода мешавад.

Таълимоти Парменид дар бораи дониш дар фалсафаи Афлотун (асрҳои V-IV то мелод) инкишоф дода шуд. Дар муколамаи «Менон» Афлотун назариёти донишро баён намудааст. Ӯ ба мисли Парменид донишро ба ақида муқобил гузоштааст. Ақидаро ба эътиқод айният дода, донишро ҳамчун ақидаи ҳақиқӣ маълум кардааст. Арзандагии ақидаи ҳақиқӣ дар он аст, ки вай бояд барои эътиқоди худ асоси ақлӣ дошта бошад. Аз нигоҳи Афлотун «ақидаи ҳақиқӣ» бояд чунин талаботҳоро қонеъ гардонад: 1) дониш бояд ҳақиқӣ бошад; 2) субъект ба ҳаққонияти дониш бояд боварӣ дошта бошад; 3) субъект бояд асоси боварӣ ба ҳақиқӣ будани донишро дошта бошад.

Назариёти афлотунии дониш ба фишори ҷараёнҳои гуногуни фалсафӣ тоб овард: ҳам ба фишори онҳое, ки ба қобилияти ҳақиқатро дарк кардани ақл шубҳа доштанд, ҳам ба фишори онҳое, ки ба дониш намуди ҷиддӣ додан ва эътиқодро ба сифати асосёбии дониш инкор кардан мехостанд.

Назариёти афлотунии дониш бо анъанаи баррасии эътимодибахшӣ маҳз дар истилоҳи «асоснокшавӣ» оғоз бахшид (асоснокшавӣ – шарте, ки мувофиқи он эътимодбахшии дониш эътироф мешавад; вобастагии сабабии як ҳодиса аз дигараш).

Файласуф ва олими машҳури фаронсавӣ Рене Декарт (1596-1650) кӯшиш намудааст, ки назариёти хирадгароёнаи донишро, ки Парменид ва Афлотун ба он поя гузоштанд, мустаҳкам намояд. Бинобар ин, вазифаи истисно кардани эътиқодро аз номгӯи асоснокшавии ҳатмии дониш пеш гузошт. «Асосҳои шубҳаоварро баратараф карда, ба таҳкурсии маърифат нахустасосҳои нав гузошта шавад, то ки дар илм як чизи дақиқ ва доимӣ муқаррар бошад». Ин изҳороти барномавии Рене Декарт сарахбори хирадгароии нававрупоӣ гардид. Барои «бартараф кардани асосҳои шубҳаовар», ки ба он эътиқодро таалуқдошта меҳисобад, Рене Декарт усули шубҳаи куллиро ихтироъ намуд. Ӯ менависад: «Ҳеҷ гоҳ ҳақиқӣ нашуморидани он чизеро, ки ман онро бе шубҳа чунин эътироф накарда бошам». Усули шубҳа далолат мекунад, ки мо бояд аз қабули он чизе худдорӣ кунем, ки алҳол ба эътимодбахшии он боварии комил надорем. Ҳатто агар камтарин шубҳа нисбати эътимодбахшӣ вуҷуд дошта бошад, пас мо набояд онро қабул намоем. Вақте, ки Рене Декарт даъват мекунад, ки ҳеҷ чизи номуайян қабул карда нашавад, он гоҳ ҳатман савол пайдо мешавад: шояд маърифат аз ягон чиз бояд оғоз шавад. Оё канораҷӯӣ аз истифодаи усули шубҳаи куллӣ амали қатъ кардани шубҳа намебошад? Ин саволҳоро, ки асоси мантиқӣ доранд, Рене Декарт ба доираи интроспексия махлут месозад (интроспексия – ба ботин нигаристан; усули худмуоинакунӣ, омӯзиши психика дар асоси мушоҳидаи субъективонаи фаъолияти психикаи худ). Ба ҳама чиз шубҳа кардан мумкин аст, аммо ба шубҳаи худ шубҳа кардан мумкин нест. Ҳангоме, ки дурӯғ будани ҳамаи донишҳо андешида мешавад, зарур аст, ки худи амали андешидан мавҷуд бошад. Ин далел ба асоси якумин тасдиқоти мусбӣ, ки Рене Декарт ифода кардааст, ҷой дода шудааст: «Ман меандешам, пас вуҷуд дорам». «Gogito (далел, тарзи қатъ кардани шубҳаи куллӣ; асоси эътимодбахшии дониш) – ин далели ворид кардани асоси нав ба назариёти дониш мебошад ва ин асос «Ман» мебошад, ки ба сифати ҷавҳари андешанда қабул мегардад. Алоқаи «Ман»-и новобастаю бесабаб бо олами моддӣ барои тасдиқи эътимодбахшии худ зиёдатӣ аст. «Ман» ҳамчун ҷавҳари худбасанда мебошад ва барои ҳақ баровардани худ аз берун эҳтиёҷ надорад.

Рене Декарт натавонист, ки гносеологияро бе қазия офарад. Қабул кардани «Ман» ба сифати ҷавҳари андешанда, моҳиятан, амали эътиқод мебошад. Худбасандагии андеша танҳо дар олами сабабдошта имкон дорад ва дар ҳузури мутлақо (чизе, ки барои эътимодбахшиаш асос лозм нест. Масалан, Худо, Рӯҳи Мутлақ ва ғайра). Асоси чизи сабабдошта, бинобар инкор накардани манъкунии мантиқӣ, наметавонад сабабдошта бошад. Бинобар ин, асос дар мутлақо аст, ки дар эътиқод шакли эътимодбахшро мегирад ва ҳақ бароварда мешавад. Худи эътиқод ташкили мураккаб аст. Вайро ба қобилиятҳои зеҳнӣ (андешавӣ) нисбат додан мумкин нест. Бертран Рассел қайд кардааст: «Саволи чист он чизе, ки ҳангоми дар ҳолати эътиқод будани организм ба он бовар мекунанд, одатан як дараҷа нофаҳмо аст». Тахмин кардан мумкин аст, ки дар эътиқод мувофиқати ирода ва ақл ҷой дорад, аммо дар ҷодаи пайдоиш вай хислати тохирадӣ дорад.

Барномаи декартии асосёбии дониш, ки бо эътиқод вобаста нест, сустии худро ошкор намуд. Интроспексия дар доираи сабабдошта маҳдуд буда, дар бораи мутлақо (Худо) андешида наметавонад. Интроспексия эътиқодро на рад карда метавонад, на асоснок карда метавонад, чунки эътиқод аз он пештар вуҷуд дорад. Людвиг Витгенштейн (1889–1952) иброз дошт, ки «ҳар як санҷиш, ҳар як тасдиқ ва рад кардан алҳол дар доираи ягон  низом ба вуҷуд меояд». Мӯътақидӣ ҳамеша ягон низомро ташкил мекунад.

Шубҳа натиҷаи далеловарии ақл аст ва охиран, вай барои ҳақ баровардани худ ғайр аз эътиқод чизеро далел оварда наметавонад. Маҳз эътиқод ба ақл қазияҳое пешниҳод менамояд, ки онҳоро на исбот, на танқид карда мешавад. «…Ҳамаи эътимодҳои бунёдӣ ҳар қадар нотакрор бошанд, ҳамон қадар исботнашаванда мебошанд» – қайд намудааст Макс Полани (1891–1976). Рене Декарт нақши ҳалкунандаи эътиқодро дар гносеология дарк мекард, аммо ӯ ба ғояи бартараф кардани ин анъана дода шуда буд. Принсипи шубҳа, ки ӯ пешкаш намудааст, ҳатто камтарин ишорат ба эътиқодро истисно мекунад. «Феълан ман аз куҷо донам, ки ӯ чунон накарда бошад, ки умуман на замин, на осмон, ҳеҷ гуна тӯлнокӣ вуҷуд надорад…, лекин ҳамаи ин дар тасаввуроти ман чуноне, ки ба ман аён аст, вуҷуд дорад». Бо ин шубҳа Рене Декарт воқеан эътироф мекунад, ки мавқеи шаккокия танҳо бо воситаҳои зеҳнӣ бартарафнашаванда мебошанд. Далели қатъ кардани шакли ифротии шубҳа, ки ӯ пешниҳод намуд, аз маҳдудияти чораҳои усули интроспексия шаҳодат медиҳад. Худи эътимодбахшии «Ман»-и андешанда – ин атои илоҳӣ аст: Худои олиҳиммат моро фиреб намедиҳад. Далеловарии Рене Декарт эътироф мекунад, ки қатъшавии мантиқии алоқамандии олами ашё ва дониш (масъалаи эътимодбахшии дониш) танҳо тавассути эътиқод бартараф карда мешавад. Чунин амал пурра мантиқӣ аст. Чунин асосмандкунии меъёри эътимодбахшӣ дар назариёташ ба ояндаи шаккоконаи усули шубҳаи куллӣ қувват мебахшад. Ба назари Рене Декарт фаросати зеҳнӣ эътиқодро аз сохтори муносибатҳои гносеологӣ истисно менамояд. Ӯ менависад: «Аз он, ки ман метавонам дар шуурам иедяи ягон ашёро ҷудо созам, ки аз вай воқеан ҳамаи хосиятҳои ба ин ашё таалуқдоштаи бароям равшан идрокшаванда бармеоянд, магар ман наметавонам, ки аз ин дар бораи мавҷудияти худо далел биёрам?». Бо суханони дигар, аз як тараф, Худои олиҳиммат ба мо мӯътақидии ботинӣ оид ба худбасандагии чунин меъёрҳои донишҳои ҳақиқӣ, ба монанди аниқӣ ва саҳеҳӣ ато менамояд, аз тарафи дигар, ин меъёрҳо барои асосмандкунии худи Худо хизмат мекунанд. Ҳалқаи мантиқӣ ҳосил мешавад (хатогии мантиқӣ, ки ҳақонияти ҳолат тавассути далеле асоснок карда мешавад, ки ҳаққонияти он бо тезиси исботшаванда асоснок мешавад). Аз ин «ҳалқа» натиҷагирӣ чунин аст: мутлақоро бо истилоҳҳои сабабдошта асоснок кардан имконнопазир аст. Макс Полани қайд мекунад, ки эътиқодмандӣ ва мӯътақидии умдатарини мо дар ҳолате метавонанд безиддият бошанд, ки агар онҳо хулосаҳои худро дошта бошанд. Ҳар кадом кӯшишҳои далелноккунӣ бояд ҳалқаи мантиқӣ дошта бошад.

Ҳамин тавр, кӯшиши Рене Декарт (ва тамоми хирадгароёни классикӣ) вобаста ба истисно кардани эътиқод аз сохтори дониш ба муваффақият комёб нашуд. Тафаккури холис дар интихоби асосбахшандаҳои худ ҳатман ба зиддият дучор мешавад: вай ё шарти таназзули асосҳоро қабул намояд (ҳама гуна дониш бо асосҳо нопурра вобаста аст ва бинобар ин, зарур аст, ки васеъ карда шавад) ё дар ҳолати ҳалқаи мантиқӣ боқӣ монад. Таърихи хирадгароии классикӣ шаҳодат медиҳад, ки ғояи безаминагии назарияи маърифат бояд дур карда шавад. Ба заминаҳо роҳ додан ё надодан ба эътиқод вобаста аст. Асосноккунии назариётии доктринаҳои гуногуни маърифатӣ ба таносуби байни эътиқод ва шубҳа нисбат дода мешавад. Бинобар ин, намояндаи шаккокия ба қазияҳои хирадгароӣ бовар накарда, тавассути далелҳои хирадгароёна шубҳаҳои худро дифоъ мекунад. Аз назари ӯ шубҳа кардан бо он чизе, ки боварӣ дорем, бохирадона нест.

Ноқисиҳои назариявии барномаи донишҳои мутлақан эътимодбахш стратегияи нави гносеологиро ба миён оварданд, ки дар таҷрибагароӣ баён ёфтааст. Мувофиқи доктринаи таҷрибагароӣ гносеология бояд бо ҷустуҷӯи фарзияҳои ҳақиқатмонанд дар бораи олами моро иҳотакарда машғул шавад. Маҳз ҳамин масъала дар маркази таҳлили фалсафии файласуфи шотландӣ Дэйвид Юм (1711–1776) ҷой дода шудааст. Ӯ эътиқодро заминаи ҳатмии ба миён оварандаи натиҷаҳои интроспексия на танҳо аз нуқтаи назари хирадгароӣ, инчунин тавассути таҷриба меҳисобид. Дэйвид Юм далелҳои боварибахш пешниҳод намуда, баён кард, ки муносибати эҳсосоти ҳиссӣ ба таасуротҳо, ки образи олами беруна мебошанд, ҳалли гносеологӣ надорад. Муқаррар кардани алоқаи мазмунии байни онҳо бо воситаи эътиқод имкон дорад.

Чуноне, ки Дэйвид Юм нишон медиҳад, масъалаи эътимодбахшии дониш дар таҷрибагароӣ аз мавқеи «таҷрибаи холис» ҳалли худро ёфта наметавонад, яъне барои ин кор танҳо узвҳои ҳисс басанда намебошанд. Дар ташаккулёбии образи гносеологӣ ғайр аз механизмҳои психологии идрок, инчунин принсипҳои танзими фаъолияти фикрӣ истифода мешавад. «Ақида дар мавҷудияти мутассил ва алоҳида ҳеҷ гоҳ аз ҳисси беруна пайдо намешавад» – менависад Дэйвид Юм. Вай бо воситаи ғояи айнияти таасуротҳои баҳаммонандамон ташаккул меёбад. Вобаста ба ғояи айният мо метавонем номутассилиро барҳам дода, ҳастии мутассилро тасаввур кунем. Аммо чунин тарзи ҳастӣ мавҷудияти объективона, берун аз шуури мо надорад. Дэйвид Юм қайд намудааст, ки чунин мавҷудияти мутассили ашёро мо «хаёл карда баровардаем» ва муҳимаш он аст, ки ба мавҷудияти мустақилонаи он мо боварӣ дорем. Дэйвид Юм мӯътақид аст, ки на таҷрибаи ҳиссӣ, на исбот воситаҳои зарурӣ асосноккунии эътимодбахшии донишро дар худ надоранд. Шаккокия ба мустақилияти назарияи маърифат шубҳа мекунад. Дэйвид Юм қайд мекунад, ки эътимодбахшӣ далели эътиқоди мо буда, ҳеҷ гоҳ дар донишҳои мо асосманд шуда наметавонад.

Аммо инкори имконияти дастрас кардани донишҳои эътимодбахш, яъне мавқеи ишғолкардаи шаккокия, ин як навъ шакли тасдиқот аст ва бинобар ин, дар худ зиддиятро ошкор менамояд. Ҳеҷ кадом тасдиқоти шаккокия асоси эътимодбахш надорад. Дар воқеъ, сухан на дар бораи боварибахш будани далелҳои он меравад, балки дар бораи боварӣ ба асосҳои он сухан меравад. Шаккокия тавассути усули шубҳаи куллӣ тасдиқоти худро ҳимоя мекунад. «Ба дастгирии дигар шубҳаҳо, ки мо дар асоси назари илмиамон ба олам оқилона пиндошта, ҳоло ҳимоя мекунем, ғайр аз эътиқодамон ба ҳақконияти ин назар чизи дигареро, мутаасифона, пеш оварда наметавонем» – навиштааст Макс Полани.

Ҳамин тавр, на танҳо назариёти хирадгароӣ ва таҷрибагароӣ, инчунин шаккокия низ барои асоснок кардани заминаҳои худ ҳатман ба эътиқод муроҷиат менамояд. Эътимодбахшии донишро на танҳо асоснок кардан, инчунин рад кардан имконнопазир аст. Олами беруна мумкин вуҷуд дорад, мумкин вуҷуд надорад: «агар мавҷуд ҳам мебуд, пас вай мумкин тамоман чунин нест, мумкин маҳз чуноне, ки ба мо аён аст, ҳамин хел бошад, мо имконияти дар бораи он ягон чизи муайяне гуфтан надорем» (Т.Начел).

На танҳо инъикоси метафизикӣ (яъне фалсафӣ) дар масъалаи эътимодбахшӣ бо номуайянӣ рӯ ба рӯ шудааст. Илм низ масъалаи асосҳоро дар доираи консептуализатсияи худ ҳал  карда  наметавонад (консептуализатсия – ин маҷмӯи мавқеҳои назариявӣ ва методологии қабулгардида, ки хусусияти тадқиқоти илмиро муайян мекунанд; назариётишавӣ, тасаввуротишавӣ). Вале илм вуҷуд дорад ва масъалаҳои эътимодбахширо тавассути «фикри солим» бомуваффақият ҳал менамояд. («Фикри солим» – ин маҷмӯи ақидаҳои одамон дар бораи воқеияти иҳотакарда ва дар бораи худашон, ки дар фаъолияти амалии рӯзмарра истифода мешаванд ва асоси принсипҳои ахлоқиро ташкил медиҳанд). Дар сатҳи фикри солим шубҳа кардан ба мавҷудияти олами моро иҳотакарда номумкин аст. Мо на танҳо эҳтимоли мавҷудияти олами берунаро рад намекунем, мо боварӣ дорем, ки вай ҳақиқатан вуҷуд дорад. Ин мӯътақидӣ бо боварии мо ба олам асос ёфтааст ва ин боварӣ табиӣ, инстинктӣ аст. Чунин эътиқод «аз устохонаи табиат баромадааст, вай мӯҳру имзои онро дорад…». Ин суханони бомавқеъро файласуф, асосгузори мактаби шотландии «фикри солим» Томас Рид (1710–1796) иброз намуда буд. Дар воқеъ, агар хирад ноқисии худро маълум карда бошад, пас барои чӣ мо бояд ба ин қобилияти худ нисбати дигар қобилиятҳоямон бештар бовар кунем?

Дар ҳаёти рӯзмарраи худ мо эътиқодамонро ба мавҷуд будани дониши эътимодбахш дар шакли тайёр дарёб мекунем. Мо тахмин мекунем, ки дар интихоби қарори худ иштибоҳ мекунем. Маълум кардани хатогӣ бартараф кардани онро дар назар дорад. Дар акси ҳол худи хатогӣ маънои муайянияташро гум мекунад. Ин вазъиятро худи Дэйвид Юм нағз дарк мекард ва тафсир ҳам намудааст. Мувофиқи ақидаи Дэйвид Юм шахс дучори зиддияти ҳалнашаванда мегардад: аз як тараф, ақли ӯ ба бешахсиятӣ ва кулл мекӯшад, аз тарафи дигар, ӯ кӯшиш мекунад, ки фазои мазмунии олами рӯзмарравиро нигоҳ дорад. Дэйвид Юм на танҳо нуқтаи назари фикри солимро эътироф мекард, инчунин онро шакли ҳаёт медонист. Дар бораи эътимодбахшии донишҳо гуфтан мумкин, танҳо дар ҳолати ҷалб шудани мо ба фазои мазмунҳо, бинобар ин, ҷустани асосҳои дониш берун аз ин низом лозим нест.

Илм низ фикри солим, тасаввуротҳои табиию муқаррариро дар бораи олам тарафдорӣ мекунад. Бар замми ин набояд истисно кард, ки онҳо ба олам мувофиқат надоштанашон мумкин аст ва муҳимаш, мо ба ин монеъ шуда наметавонем.

test

Добавить комментарий