Эътиқод ва ҳақиқат

Ҳақиқат – ин категорияи арзишӣ-назариявӣ мебошад. Дар ҷиҳати гносеологӣ вай идеали донишро ифода намуда, стратегияи фаъолияти маърифатиро муайян менамояд. Назарияи ҳақиқат бояд ҳалли ду вазифаи асосии гносеологияро дастрас намояд: 1) мо чиро дониста метавонем; 2) мо чигуна дониста метавонем.

Ҳақиқат ҳамчун категорияи фарҳанг ба ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъият дахл дорад. Ба комилӣ самт доштани он ба ҳадди зарурӣ ҷаҳондарккунӣ, умедҳои иҷтимоӣ ва завқи зебошиносии моро муайян мекунад. Ҳанӯз дар асарҳои Афлотун ҳақиқат, зебоӣ ва хайр дар алоқамандӣ, чун чеҳраҳои гуногуни Ягона баён шудаанд. Ҳақиқат на танҳо майдони баҳсҳои тезутунди илмӣ, инчунин майдони муқобилиятҳои ҷиддии идеологӣ ва динӣ гардидааст.

Ба шакли банизомдаровардашуда назариёти ҳақиқат бори аввал дар «Метафизика»-и Арасту (асри IV то мелод) баррасӣ шудааст. Дар он ҳақиқат ҳамчун мувофиқати ҳақиқат ба воқеият таъриф шудааст. Таърифи ҳақиқат, ки Арасту пешниҳод кардааст, хусусияти хулосаи ақлонӣ (спекулятивӣ) дорад, бинобар ин, байни мафҳумҳои «воқеият» ва «мувофиқат» ягон фарқияте намегузорад. Новобаста аз ин моделҳои тафсири ҳақиқат ба сохтори ягонаи мантиқӣ нисбат дода мешавад: 1) дониш бояд чизе берун нисбат ба худ дошта бошад; 2) дониш ба объекти худ бояд мувофиқат дошта бошад. Таълимоти арастуӣ дар бораи ҳақиқат классикӣ, ё худ корреспондентӣ (мукотиботӣ) ном гирифтааст.

Яке аз аломатҳои муҳими назариёти классикии ҳақиқат – ин объективият мебошад. Объективияти ҳақиқат маънои онро дорад, ки эътимодбахшии он аз хоҳишу иродаи одамон вобаста намебошад. Масъалаи таносуби эътиқод ва ҳақиқат вобаста ба ин хусусияти зикршудаи ҳақиқат ба миён меояд. Мувофиқ ба хосияти объективӣ доштани ҳақиқат мо бояд эътироф кунем, ки халқҳо ва таммаддунҳо донишҳои бардурӯғро ба ҷои ҳақиқат дониста, метавонанд онро интихоб кунанд ва ба иштибоҳ роҳ диҳанд. Дар асоси иштибоҳро ҳамчун ҳақиқат қабул кардан, боварӣ (эътимод) ҷой дорад. Ғайр аз эътиқод ба ҳаққонияти донишҳои мавҷудаи мо дигар асосҳои онро маълум кардан номумкин аст. Ҳамин тарз ҳақиқат ва эътиқод бо ҳам печ дар печ мегардад. Ҳақиқат бояд чунин далелҳое пеш оварад, ки ба эътимодбахшии на танҳо дониш шубҳа оварда шавад, инчунин, ба як маъно, ба тағйирнопазирии анъанаҳои фарҳангӣ шак оварда шавад.

Ин далелҳо бояд барои ҳамаи одамон, халқиятҳо ва тамаддунҳо таъсири боварибахш дошта бошад. Нерӯи мӯътақидсозандаи ҳақиқат алалхусус ба қобилиятҳои ақлии фард нигаронида шудааст. Маҳсули мӯътақидсозандаи он илм мебошад. Чунин аст ҷиҳати расмии стратегияи назарияи ҳақиқат.

Дар ҳаёти рӯзмарравӣ оқил будани фард асоси басандаи фарқ кардани ҳақиқат аз иштибоҳ шуда наметавонад. Мувофиқи ҳақиқати илмӣ анъанаҳои бисёрасра, ҳарчанд аксари онҳо дар тӯли садсолаҳо тарзи ҳаёти одамонро муайян мекарданд, хурофот эълон карда мешаванд. Даст кашидан аз арзишҳои анъанавӣ доимо мушкил аст, аммо дар ҳар сурат одамон маҷбуранд, ки аз онҳо даст кашанд. Ҳақиқат ҳамчун арзиш ба одамон орзуи ҳаёти хушро ҳадя мекунад. Боварӣ нисбати ояндаи беҳтари иҷтимоӣ ҳозираро камарзиш мекунад. Интизории фарорасии ояндаи хуб соҳиби эътимодбахшии бузург мегардад, қадри он аз ҳаёти ҳозира болотар мешавад. Ҳамин тариқ шубҳа, нобоварӣ ба ҳозира ин амали эътиқод аст, на ин ки дониши ҳақиқии тасвиркунандаи ояндаи хуб. Оё назарияи ҳақиқат танҳо дар такя ба ақл ҳаёти моро боз ҳам пешгӯишаванда сохта метавонад? Оё назарияи ҳақиқат донишҳои беасос, алоқаманд бо эътиқодро бартараф карда метавонад? Оё умедҳои одамон ба ояндаи дурахшонро, ки аз боварӣ ба ҳақиқат вобаста аст, ҳақ шуморида мешавад? Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки ақл, ба сифати асоси безаминаи назарияи ҳақиқат, пурфайзии худро маълум намудааст.

Назарияи ҳақиқат бояд на танҳо мавҷудияти объективонаи олами берунаро асоснок намояд, инчунин ҳаммувофиқатии байни олами ашё ва донишро асоснок намояд. Чӣ тавр метавон тасдиқ кард, ки воқеият ва донишҳои мо мувофиқанд, дар он ҳолате, ки ҳастии олам ба донишҳои мо нисбат дода мешавад? Агар мо қоидаи қазияофариро то фаъолияти маърифатӣ қабул намоем, пас назарияи мутобиқат қазия дар бораи бохирадии воқеиятро ҳамчун эътиқод бояд қабул намояд, яъне бе назардошти эътирофи айнияти тафаккур ва ҳастӣ. Тафовути байни дониш ва предметро бо воситаҳои ақлонӣ бартараф кардан номумкин аст. Ин ҳолат аз ноқисии назарияи ҳақиқат шаҳодат медиҳад. Вай ба сифати асос эътиқодро пешниҳод менамояд, чунки эътиқод «далели ягонаи бартарафсозандаи шубҳа ба эътимодбахшии айнияти тафаккур ва ҳастӣ фаҳмида мешавад». Ҳамин хел, ҳақиқат ба қисми таркибии низоми эътиқоди мо, ки асосҳои ғайримантиқӣ дорад, дохил мешавад. Танҳо дар доираи низоми эътиқоди мо ҳақиқат асоснок карда мешавад. «…Мо шаҳодати низоми муқобилро, ки ба ҳаққонияти он боварӣ надорем, ба сифати ҳалкунанда қабул менамоем, аммо нисбати оне, ки боварӣ дорем, чунин рафтор намекунем» (М.Полани). Бинобар ин, танқиди ҳамдигарии илму дин асос надорад. Ин танқид он гоҳ мазмуни предметӣ медошт, ки агар яке аз онҳо асоси аз эътиқод озод медошт.

Мушкилотҳое, ки дар назариёти классикии ҳақиқат доир ба асоснок кардани ҳаммувофиқатии олами ашёҳо ва дониш ҷой доштанд, дар назарияи ҳамбастагии (когерентии) ҳақиқат ба инобат гирифта шудааст ва аз муқаррароти онтологӣ (аз принсипи айнияти тафаккур ва ҳастӣ) даст кашида мешавад. Дар ин назариёт ҳақиқат то ҳадди ҳамоҳангии мулоҳизаҳо маҳдуд мешавад. Мувофиқи назариёти ҳамбастагӣ: а) дар байни истилоҳҳои забонӣ ва референтҳои онҳо (предмет, ки сухан ё аломат нисбати он баён шудааст) робитаҳои ботинӣ вуҷуд надоранд; б) мазмун ва ҳаҷми истилоҳҳои истифодашаванда дар нақшаҳои назариётӣ ошкор карда мешаванд.

Ифоданокии дониш дар доираи мувофиқшавии ақидаҳои ҷамоати илмӣ ҳал мешавад, «на бо вазъи аз шууру нутқ новобаста» (Х.Патнэм). Ризоият бо интихоби стандартҳои илмият ва барномаҳои тадқиқотии алтернативӣ пайвастагӣ дорад. Ин интихоб на ҳамеша тавассути амалҳои назариявӣ ба сомон расонида мешавад. Ба сифати асосе, ки интихобро муайян мекунад, арзишҳои эстетикӣ, ахлоқӣ ва ғайра буда метавонанд.

Назариёти ҳамбастагии ҳақиқат низ масъалаи эътимодбахшии донишҳоро ҳал карда наметавонад, ҳарчанд, ки аз муқаррароти онтологӣ даст мекашад. Кӯшиши ҳал кардани масъалаи худбасандагии назариётсозии зеҳнӣ бо масъалаи ҳалнашавандаи таназзули асос ё ҳалқаи мантиқӣ дучор мешавад. Ба он муяссар нашуд, ки эътиқодро аз сохтори дониш истисно кунад. Даст кашидан аз муқаррароти онтологӣ ба он эътимодбахшии бештаре надод.

Охиран, ҳар дуи ин назарияҳои ҳақиқат асосмандшавии худро дар эътиқод дармеёбанд. Агар қазияи оқилона будани олами беруна қабул карда шавад, он гоҳ назарияи классикии ҳақиқат эроднопазир хоҳад буд. Бояд эътироф кард, ки барои асоснок кардани ақидаи илмӣ дар бораи олами мо ғайр аз эътиқод чизи дигареро пешбарӣ карда наметавонем. Меъёрҳои умумии зеҳнӣ (интеллектуалӣ) танҳо дар ҳолате қабул шуда метавонанд, ки агар мо ҳақ будани ҳокимияти онҳоро нисбати мо ба сифати арзишҳои сохторбахшандаи муҳити зистамон ва ояндаи таърихӣ эътироф намоем. Ҳақиқат ҳамчун ташкили иҷтимоӣ-фарҳангӣ даъвоҳои мутлақгароёнаашро гум мекунад, ки ба ин таҳаввули афзалиятҳои арзишӣ, ивазшавии назариётҳо таъсир мерасонад.

Рад кардани ҳақиқат дар фаҳмиши классикиаш аз он далолат мекунад, ки дар низоми эътиқоди мо дигаргуниҳо ба вуҷуд омадаанд. «Мо дар марҳалаи барбодшавии назарияе қарор дорем, ки тахмин ду ҳазор сол вуҷуд дошт. Чунин мавҷудияти тӯлонӣ ва гуногуншаклии назария… аз соддабаёнӣ ва хоҳиши донистани Нуқтаи Назару Нигоҳи Илоҳӣ вобаста буд» – менависад Х.Патнэм. Бартараф кардани ботилии назариёти классикии ҳақиқат, бӯҳрони эътино ба хирад охиран универсалӣ ва устувории стандартҳои бунёдии арзишҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар зери шубҳа гузошт. Гуногунии самтгириҳои арзишӣ ва таҳаммулпазирӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоии нобоварӣ ба хирад гардиданд. Фиқравӣ кардани ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷониби назариётҳои «универсалӣ» муайян карда натавонистани робитаи маъноӣ бо олами ҳаётӣ, охиран, дар стандартҳои нави назариявӣ инъикос гардиданд.

Дар чунин давраи танқиди хирад Карл Поппер (1902–1994) ба назарияи ҳақиқат саҳми муҳим гузошт. Барномаи назариявии азнавсозии асосҳои назариётии ҳақиқат, ки Карл Поппер пешниҳод намуд, мутаносибии таҷрибавиро бо назариётҳои либералии (озодандешонаи) ҷамъият дарёфт. Карл Поппер ду стандарти илмиятро мавриди истифода қарор дод, ки анъанаҳои тафсири догматикии назариёти классикии ҳақиқатро шикаста гардонид: а) фаллибилизм  (таълимот дар бораи иштибоҳ дар дониш); б) фалсификатсия (амали рад кардани назарияҳои нодуруст). Мувофиқи фаллибилизм ҳамаи донишҳои мо тахминӣ мебошанд, «назария нисбати дигар назарияҳо метавонад ба ҳақиқат наздик бошад, ҳамчунон метавонад нодуруст бошад» (Карл Поппер). Пас илм барои чӣ мекӯшад, агар ҳақиқат чунин дастнорас бошад? Карл Поппер ҳақиқатро инкор намекунад, аммо ба фаҳмиши он таълимот дар бораи иштибоҳро ворид месозад. Иштибоҳӣ, яъне фаллибилизмӣ будани донишҳо, мувофиқи ақидаи Карл Поппер, шаҳодат медиҳад, ки «якум, мо аз раҳгумзанӣ эмин нестем ва дуюм, кӯшидан ба эътимодбахшӣ (ё ҳатто ба эҳтимолияти бузург) нораво аст». Дар назариёти фаллибилизм рушди донишҳои илмӣ на аз ҷиҳати ҷамъшавии онҳо, балки аз ҷиҳати пазироии оқилонаи онҳо матраҳ сохта мешавад.

Амали бохирадонаи ҳақбардории донишҳо дар он вақт мукаммал мегардад, ки агар дар онҳо вазифаҳои шарҳдиҳӣ гум шаванд. Ба ҷои назарияҳои кӯҳна назарияҳои нав меоянд ва ивазшавии назарияҳо тавассути амали радкунӣ, ки тарзи асосии мукаммалсозии амалҳои хирадӣ мегардад, ба ҷо оварда мешавад. Зеро аз аввал мавҷуд будани саҳву иштибоҳ дар донишҳо аз радшавии қатъии онҳо (фалсификатсияшавӣ) далолат мекунад. Амали радкунӣ дар методологияи илм ҳамчун принсипи фалсификатсионизм номгузорӣ шудааст. Назариёти фаллибилизм ҳақиқатро салоҳияти муваққатии назарияҳои илмӣ меҳисобад. Ҳукмҳои ҷузъӣ берун аз доираи назариётишавӣ мутаносибияти таҷрибавиашро гум мекунад. Яъне дар бораи ҳаққонияти ҳукм берун аз низоми референтсионӣ (низоме, ки муносибатҳои маънидодшаванда ва маънидодкунандаро муайян менамояд) ҳарф задан номумкин аст. Факти ивазшавиҳои беохири назарияҳоро ба инобат гирифта, худи сохторҳои шарҳдиҳандаи хирадиро ба низоми эътиқодамон мансуб донистан мумкин аст. Ҳақиқат амали ҳамеша навшаванда мегардад, ки натиҷаҳои он ба худрадкунӣ равона шудаанд. Карл Поппер факти мавҷудияти ҳақиқат ва дар тасарруфи худ доштани воситаҳои муайянкунии онро фарқ кардааст.

Таърихи таҳаввули асосёбии консептуалишавии (яъне тасаввуротишавии) назариявии ҳақиқат шаҳодат медиҳад, ки на танҳо назарияи мутаносибият, инчунин ҳаргуна тарзҳои меъёрӣ ҳатман ба шаккокия оварда мерасонад. Карл Поппер назарияи классикии ҳақиқатро танқид карда, онро ҳамчун намуди махсуси эътиқод сифат кардааст. Аммо худи ӯ асири ин эътиқоди фалсафӣ шудааст. «…Эътироф кардани иштибоҳнок будани донишҳо маънои онро дорад, ки – менависад ӯ, – ҳарчанд мо ташнаи ҳақиқат ҳастем ва қодирем, ки онро маълум сохта тавонем (ман боварӣ дорам, ки дар аксар ҳолатҳо ин ба мо даст медиҳад), аммо мо ҳеҷ гоҳ то охир бовар нахоҳем дошт, ки воқеан ҳақиқатро дастрас кардаем». Дар тақвияти ақидаҳои худ Карл Поппер на ба далелҳо, балки ба ихлосмандӣ рӯй овардааст. Дар акси суханпардозии Карл Поппер, таълимоти ӯ ба устуворшавии «назариётҳои зидди воқеинигорӣ, алҳол на назариётҳои воқеинигорандаи фалсафӣ, балки ба вусъатёбии субъективизм, ба ҷои музаффар шудан аз болои он» (Ҷ.Пассмор) сабаб гардид.

Назариёти фаллибилизм инчунин илмҳои мантиқӣ-риёзиро фаро гирифта, эътиқод ба иштибоҳнопазирии риёзиётро суст намуд, боварӣ ба усули мутлақан бехато будани дедуксияро дар азми комёбшавӣ ба ҳақиқат коста намуд. «Мо, – менависад Г.Вейл, – аз ҳарвақта дида камтар ба устувории таҳкурсиҳои амиқтарини (мантиқии) риёзиёт боварӣ дорем. Чун дигарон ва кулли чизҳои олам имрӯз мо бӯҳрони худро дорем».

Хирадгароии танқидии Карл Поппер иштибоҳнокии худро эҳсос намуда, онро бо мазмуни тоза пурра мегардонад. Аммо ба он ҳам муяссар намегардад, ки муҳити шӯрандози шаккокияро бартараф намояд. Некдиди зеҳнии вай бо эътиқод асос ёфтааст ва натиҷаи тарҷеҳи фарҳангиаш мебошад. Карл Поппер қайд менамояд, ки «масъалаи воқеӣ ин на интихоби байни эътиқод ва дониш аст, балки интихоби байни ду шаклҳои эътиқод аст. Ин интихоби байни эътиқод ба хиради фардии инсонӣ ва эътиқоде, ки мувофиқи он одамон ба дӯстон ва душманон, ҳокимон ва соҳибон бояд ҷудо карда шаванд».

Шаккокия аз танқиди беандоза нисбати мавқеи худ озод нест. Вай на танҳо ба ҳақиқат, инчунин ба мӯътақидии худ шубҳа дорад. Дар акси ҳол доктринаи шаккокия хусусияти худзиддиятӣ хоҳад дошт. Шубҳаи он – ифодаи надоштани ирода дар қабул кардани эътиқод ҳангоми асосноккунии донишҳо мебошад. Дар шаккокия шубҳа аз эътиқод боло гузошта мешавад. Дар ҳадди охир худи шубҳа низ асос дорад, пас он ҳам эътиқод аст.

Дар ояндаи инкишофи донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ масъалаи таносуби эътиқод ва хирад мавқеи тақдирсоз пайдо менамояд. Дар давраи ноустуворӣ ва номуайянӣ эътиқод ба ҳақиқат ёрӣ медиҳад, ки мушкилотҳои барои инсоният хатарнок паси сар гарданд. Идеологияи некдиди иҷтимоӣ, агар вай ояндаи худро дошта бошад, собитшавии худро танҳо дар эътиқод ба хирад дарёфта метавонад. Маҳз дар ҳамин доира эътиқод ба хирад ченаки ахлоқиро соҳиб мегардад, чунки дар шароити муосир вай ҳурмати шахс ва баробарихоҳӣ (эгалитаризм)-ро дастгирӣ менамояд. Ниҳодҳои демократӣ мувофиқ будани худро бо фаллибилизми донишҳои иҷтимоӣ намоиш медиҳанд: ғояҳои мо набояд танҳо бо воситаҳои хирадӣ асоснок карда шаванд, онҳо инчунин ба муҳокимаи оммавӣ гузошта шаванд, то ки мақбулии иҷтимоии онҳо ва баҳои ҳамраъйсозандаи онҳо маълум карда шаванд. Инҷо ҳамраъйӣ ҳамчун ифодакунандаи самтгирии тафаккур барои иттиҳоду ҳамҷоя гардонии мубоҳисаҳои гуногуни фалсафӣ, фарҳангшиносӣ ва рӯзмарравӣ дар асоси айнияти онҳо набуда, балки дар асоси тафовуташон фаҳмида мешавад. Ин тафовутҳо, масалан, чӣ тавре, ки файласуфи америкоӣ Р.Рорти қайд кардааст, бояд ба интихоби озод шароит фароҳам оваранд, ба ҳаргуна низоъ (динӣ, сиёсӣ, ҷаҳонбинӣ ва ғайра) водор насозанд.

Ҳамин тариқа, масъалаи таносуби эътиқод ва ҳақиқат бо доираи гносеология маҳдуд нашуда, аҳамияти калони иҷтимоӣ-фарҳангӣ пайдо мекунад. Ҳалли ин масъала бо ҳалли чандин мушкилотҳои пешбининашудаи таърихӣ ва фарҳангӣ алоқамандӣ дорад. Шубҳаовар ҳам нест, ки таносуби эътиқод ва ҳақиқат тағйир меёбад, таъсири омилҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ин ҷараён эҳсос мегардад.

test

Добавить комментарий