Мазмуни иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарии категорияи «ҳаёт»

Категорияи «ҳаёт» дар номгӯи категорияҳои асосии фалсафаи классикӣ ҷой надошт. Сабаби чунин муносибати «ноҳурматона» ба чунин, гӯё ки шакли универсиалӣ ва бунёдии ҳастии инсонӣ дар чӣ буд? Сухан дар сари он аст, ки категорияҳо гуфта, дар фалсафа мафҳумҳоеро дар назар дошта мешавад, ки робитаю муносибатҳо ва хосиятҳои умумитарин, муҳимро инъикос менамоянд. Мазмуни категорияҳо, ҳамчун инъикоси олами воқеӣ дар шуури инсон, хосияти объективӣ доранд. Бар замми ин, категорияҳо субъективӣ ҳам мебошанд, чунки онҳо зинаҳои муайяни маърифат кардани олам аз ҷониби инсон мебошанд. Ин табиати дугонаи категорияҳоро Арасту қайд карда онҳоро, аз як тараф, ҳамчун «асолатҳо ва намудҳои ҳастӣ» (пеш аз ҳама, ҳастии табиӣ) ва аз тарафи дигар, ҳамчун «намудҳои ҳикоят дар бораи ҳастӣ» қаламдод намудааст. Аз давраи Арасту ба категорияҳои асосӣ инҳоро мансуб донистаанд: «субъект», «объект», «материя», «ҳаракат», «вақт», «фазо», «сифат», «миқдор» ва дигарҳо. Маълум аст, ки ҳаёт танҳо ба ҷадвали асолатҳо ва шаклҳои ҳастии табиӣ ҷойгир нест, зеро онро танҳо хориқаи табиӣ дониста намешавад: вай дар худ як чизи фавқултабиӣ дорад, ки бо роҳи таҷрибавӣ офаридани зиндаро аз ғайризинда имконнопазир мегардонад. Ҳаёт объекти маърифат нест, аз рӯи мазмунаш ба дигар объектҳои табиат монанд нест, пас мафҳуми «ҳаёт» мақоми хоси категориявӣ дошта наметавонист. Ин сабаб гардид, ки дар фалсафаи классикӣ ҳаёт ё ба шаклҳои оддитарини ҳаракати материя (ба биологӣ, физиологӣ ва ҳатто ба механикӣ) тафарруҷ карда мешуд, ё хориқаи ҳаётро ба қатори падидаҳои ғайриилмӣ мансуб дониста мешуд.

Дар охири асри ХIХ илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ кӯшиш намуданд, ки мавзӯи ҳаётро ба тадқиқотҳои худ ворид созанд, аммо дарҳол дучори чандин мушкилот гардиданд. Яке аз мушкилот дар он буд, ки ҳарчанд дар забони муқаррарӣ, дар адабиёт, санъат ва ғайра истилоҳи «ҳаёт» бисёр истеъмол мешуд, аммо мазмуни иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарии ҳаёт ба хубӣ равшан сохта нашуда буд. Таърифоти илмӣ-табиатшиносии ҳаёт ҳамчун тарзи мавҷудияти низомҳое, ки бо онҳо ивазшавии моддаҳо, мутаассиршавӣ, қобилиятҳои худтанзимкунӣ ва инкишоф, афзоиш ва мутобиқшавӣ ба муҳит хос аст, афзалияи калон дошт. Тафсири махсус ва умумиэътирофгардидаи фалсафии мафҳуми ҳаёт вуҷуд надошт. Дар фалсафаи хирадгароёнаи классикӣ мафҳуми «ҳаёт», чун қоида, аз биология қабул карда мешуд ва ҳамчун тарзи ҳастии низомҳои мураккаби органикии фаъолнокии ботинӣ дошта, маънидод карда мешуд. Намояндаи материализми диалектикӣ, файласуфи олмонӣ Фридрих Энгелс (1820–1895) ҳаётро ҳамчун тарзи мавҷудияти ҷисмҳои сафедадор фаҳмидааст. Бар замми ин, имконияти бо тарзу усулҳои илмӣ омӯхтани ҳаёт таъқид карда мешуд.

Бешубҳа, чунин таърифи натуриалистӣ маънои ҳаётро ҳамчун хориқаи иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ифода карда наметавонад. Фалсафаи классикӣ масъалаи ҳаётро аз доираи омӯзиш берун месохт, чунки ҳаётро ба сифати объекти ба субъект муқобилистода ва ҷалбсозандаи диққати субъект баррасӣ карда наметавонист. Мураккабии маърифат кардани ҳаёт дар он буд, ки субъекти маърифаткунандаи ҳаёт худаш вориди воқеиятест, ки «ҳаёт» номида мешавад. Равшан буд, ки зеҳнӣ дар доираи мантиқии мафҳумҳо баён кардани маънои зуҳуроти «ҳаёт», дар ҳолате, ки дар дохили ин зуҳурот худи баёнкунанда ҷойгир аст, басо мушкил мебошад.

Аз ҷониби инсон донистани он чӣ, ки «ҳаёт» номида мешавад, таҷрибаи шахсии зистанро тақозо дорад. Аммо барои он, ки таҷрибаи ҳаёт дониста шавад, бояд ҳатман аз доираи он берун шуд. Беруншавӣ аз доираи таҷрибаи ҳаёт ин марг аст, ки дар тасаввуроти файласуфони қадим вай ақлӣ идрокнашаванда мебошад, зеро то дами зинда буданамон марг нест, баъди маргамон мо нестем. Воқеан, бояд қайд кард, ки файласуфони атиқа ин далелро асосан барои мубориза бо тарс аз марг, аз «ҷонсупорӣ» истифода мебурданд. Тафаккури мантиқӣ мазмуни предметии ҳаётро маълум сохта наметавонад, чунки дар акси ҳол лозим меояд, ки маънии мантиқии ҷараёни тавлидшавӣ ва фавтидан, масъалаҳо дар бораи рӯҳ ва тақдири он, дар бораи ҳаёт ва ғайра баён карда шаванд.

Ҳаёт ҳамчун ҳодисоти экзиcтенсиалӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии мавҷудияти инсон, дар охири нимаи дуюми асри ХIХ–ибтидои асри ХХ масъалаи фалсафа гардид. Ба ин аз бисёр ҷиҳат бӯҳрони фарҳангии аврупоӣ мусоидат намуд, ки дар ирратсионалӣ гардонидани ҳаёти ҷамъиятӣ, афзудани шиддатнокӣ дар муносибатҳои шахс-ҷамъият, куллишавии ҷомеаи аврупоӣ ифода меёфт. Дарк карда шуд, ки инсон на танҳо дар фазои муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, ҳамчунин дар фазои масъалаҳои воқеии ҳаётии ба ҳаёту марг алоқаманд зиндагӣ дорад. Ирратсионалӣ будани зуҳурот ва ҷараёнҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоӣ тавассути ирратсионалӣ будани худи инсон, ки решаҳои абадӣ ва амиқ «чун худи ҳаёт» дорад, маънидод мешуд. (Ирратсионалӣ – ғайрихирадӣ; дар мафҳуму қазияҳои мантиқӣ баённашаванда, ба фамиши ақлӣ дастнорас). Ҷӯшу хурӯши рӯҳияи иратсионалистӣ ғояеро тавлид намуд, ки мувофиқи он барои офаридани ҷаҳонбинии том бояд аз табиатшиносӣ сарфи назар карда шавад, ба хиради илмӣ нерӯҳои худи ҳаёт, ки барои дарки зеҳнӣ-мафҳумӣ дастнорас аст, зид гузошта шавад.

Ҷараёни ғайриклассикӣ дар фалсафа ташаккул ёфт, ки фалсафаи ҳаёт ном гирифт. Сарчашмаи он аз Фридрих Нитше (1844–1900) оғоз гардид ва дар оянда ғояҳои ин ҷараён аз ҷониби Вилгелм Дилтей, Георг Зиммел, Освалд Шпенглер, Анри Бергсон ва дигарон инкишоф дода шудаанд. Фалсафаи ҳаёт мафҳуми «ҳаёт»-ро бо мазмуни дигар нисбат ба фаҳмиши классикӣ, саршор гардонид. Ҳаёт ҳамчун воқеияти ибтидоии пеш аз тақсимшавии олам ба моддиёт ва рӯҳониёт вуҷуддошта, як намуд томии мавҷудият, ки тавассути фаросат дарк карда мешавад, фаҳмида мешуд. Ин – ҷиҳати онтологии фаҳмиши ҳаёт аст, ки дар як вақт мавҷудияти вазифаи гносеологии мафҳуми «ҳаёт»-ро тақозо менамояд: вай ба сифати олоти ягона ва асосии маърифати олам қабул карда шуд. Аммо мафҳуми «ҳаёт» на танҳо мақоми онтологӣ ва гносеологӣ дошт: вай ба тарзи лоиҳавӣ маънои зиндагии инсон, арзишҳои дорои ин маъноро муайян намуд ва бинобар ин, ҳамчунин мақоми танзимгари арзиширо низ соҳиб гардид. «Мафҳуми ҳаёт» дар як вақт принсипҳои ҳам онтологӣ, ҳам гносеологӣ, ҳам аксиологии созмондиҳии ҷаҳону ҷаҳонбинӣ гардид.

Файласуфони ҳаёт дар кӯшиши баррасии маънои иҷтимоӣ-фарҳангии ҳаёт маҷбур буданд, ки ба ғайр аз фаҳмиши худи ҳаёт, инчунин дар масъалаи муносибати инсону ҷамъият ба он эътибор диҳанд. Ин амал ду тарзи мулоҳизаро доир ба ҳаёт ба миён овард: а) шахсиятӣ-экзистенсиалӣ; б) иҷтимоӣ-фарҳангӣ. Тарзи шахсиятӣ-экзистенсиалии мулоҳизаронӣ дар бораи ҳаёт на танҳо тарзи мантиқӣ-мафҳумии дарки он, инчунин усули дарки таасурот «дар бораи он» мебошад. Дар бораи ҳаёт мулоҳизаронӣ намуда, инсон онро на дар шакли мафҳумҳо, балки дар шакли эҳсосӣ-таасуротӣ, ки муносибати эҳсосӣ-психикӣ ва экзистенсиалӣ-арзиширо фаро мегирад, инъикос менамояд. Муносибати экзистенсиалӣ ба ҳаёт лоиҳаи дарки мантиқиро амалӣ карда наметавонад, чунки ин шакли муносибат ба ҳаёт аз эҳсосот ва ҳиссиёт, аз ҷумла аз тарс, ғаму андӯҳ, умедворӣ ва ғайра озод буда наметавонад.

Аммо дар дораи иҷтимоӣ ва гуманитарӣ хусусиятҳои субъективӣ-экзистенсиалии шахсии инъикоскунандаи таҷрибаи ҳаётро, ҳолати эҳсосотӣ-таасуротии вайро бартараф намуда, дар бораи ҳаёт ва муносибат ба ҳаёт мулоҳизаронӣ намудан мумкин аст. Дар ин ҳолат бояд шаклҳои умумии ҷой доштани муносибат ба ҳаёт, ки дар фарҳангҳои гуногун мавҷуд аст, таҳлил карда шаванд, сабабҳо ва асосҳои чунин муносибат муайян карда шаванд, робитаи байни навъҳои муносибат ба ҳаёт ва навъҳои тамаддун таҳқиқ карда шаванд ва ғайра. Чунин тадқиқоти масъалаҳои муносибат ба ҳаёт имконияти истифодаи кулли усулҳо ва тарзҳои тафаккури мантиқиро аз эътибор соқит намекунад.

Намояндагони фалсафаи ҳаёт кӯшиш намудаанд, ки мафҳуми «ҳаёт»-ро ба доираи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ ворид намоянд. Бинобар ин, Фридрих Нитсше, Иоганн Волфганг Гёте ва дигарон танқиди лоиҳаи Маорифпарвариро, ки дар он афзалияти хиради қонунгузор нисбати ҳамаи шаклҳои маърифат ва амали инсон, ҳамчунин зиддияти «субъект-объект» эътироф мегардид, оғоз карданд. Чунончӣ, шоир ва мутафаккири олмонӣ И.В. Гёте (1749-1832) даъват менамуд, ки «яккаҳукмронии ақл» бояд бо «нафосати бевоситаи мафкура ва номуташаккилии эҳсосоти ҳаётӣ» пурра гардонида шавад. «Исён» бар зидди лоиҳаи Маорифпарварӣ оқибати он гардид, ки зидгузории хирад бо номуташаккилиҳои худ ба худи ҳаёт, эътирофи дастнорасии он ба ҳар гуна шарҳдиҳии зеҳнӣ-хирадӣ ба ҳукми анъанаи мӯди нав дохил гардид.

Фалсафаи ҳаёт дар пеши худ вазифа гузошт, ки дар такя ба мафҳуми ҳаёт, ки воқеияти ибтидоӣ, ҷараёни томи органикии таъминкунандаи ягонагии субъективӣ ва объективӣ, инсон ва ғояҳо, хоҳишҳо, корҳояш ва ғайра мебошад, як ҷаҳонфаҳмии томе офарад. Дар ин ҳолат худи ҳаёт ба сифати субъекти маърифати худаш баромад мекард. Вазифаи дар асоси мафҳуми ҳаёт офаридани ҷаҳонбиниро пеша намуда, ҳамаи намояндагони фалсафаи ҳаёт дар як ақида буданд: худи ҳаёт дар борааш худаш бояд фалсафаронӣ кунад, худашро ҳамчун моҳияти олам фаҳмад, дар як вақт олоти махсус ва ягонаи маърифати олам бошад. Аз рӯи моҳияташ ин ақида ба фалсафаи классикӣ хотима мегузошт.

Чуноне, ки дар боло зикр кардем, бунёдгузори фалсафаи ҳаёт Фридрих Нитсше буд. Дар асараш «Тавлиди фоҷиа ё худ Эллинӣ ва шаккокия» (1872) ду ибтидои ҳаётро бо ҳам зид мегузорад, ки мувофиқи ақидаи ӯ, онҳо ба тамоми инкишофи таърихи инсоният асар кардаанд: а) дионистӣ (аз номи Дионис) – қабули мамнунонаи ҳаёт ва нерeбахшӣ ба зиндагихоҳии инстинктивона якҷоя бо афзоиши ибтидои фоҷиавӣ-ишратӣ; б) апполонӣ (аз номи Апполон), ки инстинкт ва ибтидои ишратии ҳаётро, ғояи рӯҳафоянда ва некдидро, ки бо эътиқод ба зебоию арзиши меъёрҳои мантиқии баҳодиҳӣ ба ҳаёт асос ёфтаанд, бо ҳамдигараш мутобиқ мегардонад.

Фридрих Нитсше ҳастии воқеиро ба сифати асос ва моҳияти ҳамаи чизҳо қабул накарда, эътироф менамояд, ки чунин асос ҳаёт бо абадияти ҳаракаташ, ташаккулёбиаш, бо имконияти тавлид кардани одамони «абарқудрат»-аш, фавқулинсонаш мебошад. Аммо худи ҳаёт қисми раванди олам аст, ки дар он ибтидои ягонаи ҳаракатдиҳандаи кулли мавҷудот ин ирода ба ҳокимият мебошад. Ҳаёт – яке аз зуҳуротҳои ин ирода мебошад. «Ҳаёт – ирода ва ҳокимият аст» ва ин ирода принсипи асосии он мебошад. Равандҳои моддӣ ва маънавиро Фридрих Нитсше ҳамчун шаклҳои гуногуни зоҳиршавии ирода ба ҳокимият донистааст. Азбаски ирода ба ҳокимият ирратсионалӣ мебошад, бинобар ин, дар инсон вай инстинктҳо, ҳаяҷону рағбатҳо, ки хирад дар бартараф кардани онҳо аз сохторҳои зеҳнӣ (ақлонӣ) мекӯшад, зуҳур меёбад. Дар натиҷа хирад инстинктҳои ҳаётиро, ки асоси ирода ва ҳокимиятро ташкил медиҳанд, мутеъ месозад. Аммо аз хоҳишҳо, рағбатҳо ва инстинктҳои инсонӣ сарфи назар намуда, хирад ҳамчунин ҳаётро, ки таҷассумгари ирода ба ҳокимият аст, сарфи назар менамояд. Вай аҳамият ва нақши тани инсонро ба инобат намегирад, рӯҳониётро мутлақ месозад, ҳарчанд ки вай танҳо рамзи ҳолати ҷисмонии тан аст, чунки ҳаётро на рӯҳониёт, балки инстинкт идора менамояд. Дар натиҷа хирад ҳаётро қашшоқу беранг баррасӣ менамояд. Бинобар ин, фарҳанги муосири аврупоӣ, ки дар он хирад ва илм бартарӣ доранд, ба ҳаёт муносибати саҳлгирона дорад.

Фридрих Нитсше ҳамчунин назари манфӣ ба ҳаёт доштани дини насрониро, ки зоҳидиро тарғиб менамояд, қайд менамояд. Маҳз ҳамин танқиди нитсшеии фалсафаи классикӣ ва дини насронӣ самти инкишофи фалсафаи ғайриклассикии асри ХХ-ро муайян намуд.

Намояндаи дигари фалсафаи ҳаёт, файласуфи олмонӣ Вилгелм Дилтей (1833–1911) ҳаётро ба сифати тарзи ҳастии мушаххасан таърихии инсон баррасӣ намудааст. Ба Вилгелм Дилтей, чуноне ба Фридрих Нитсше, ҳолати бӯҳронии дар ҷаҳонбинии фалсафии охири асри ХХ фароомада, ки сабабаш мутлақсозии хирад буд, таъсир расонид. Маҳаки асосии фалсафаи Вилгелм Дилтей ғояе буд, ки мувофиқи он объекти фалсафа бояд ҳаёт ҳамчун нерӯи ҳамаро фарогиранда, аз худаш шаклҳои нави рӯҳониро офаранда қабул карда шавад. Фалсафа бояд на инсони абстрактии транссенденталиро, балки инсони эҳсоскунанда, хоҳишдошта, иродадор ва ғайра, яъне инсонро бо ҳама пуробурангии ҳаёташ омӯзад. Бинобар ин, танҳо муносибати маърифатии инсон ба оламро мутлақ сохтан, кадоме, ки дар фалсафаи классикӣ ҷой дошт, мумкин нест. Чунин мутлақсозӣ як лаҳзаи ибтидоӣ ва бунёдитарини муносибати томи ҳаётии инсон ба олам мебошад. Фалсафа набояд барои худ намудҳои гуногуни асосҳои абстрактӣ ихтироъ намояд, балки таҷрибаи ботинии ҳаёти инсонро, ки тарзи ибтидоии идроки воқеият аст, ба асос гирад, яъне «метафизикаи воқеии ҷаҳони инсониро омӯзанда» гардад. Дар таҷрибаи ботинӣ бошад, таасурот бартарӣ дорад, на мантиқ. Бинобар ин, маҳз таасурот бояд олоти фаҳмиши инсон ва олами ӯ гардад. Таасурот – соҳаи психикаи инсон аст. Аз ин сабаб, дар бобати фаҳмиши ҳаёт дар ақидаҳои Вилгелм Дилтей маънидоди психологӣ бартарӣ дорад: «ҳаёт – ин пеш аз ҳама таасуроти бевосита, ҳамеша ҳаёти инсонӣ мебошад». Агар чунин мавқеъ қабул гардад, пас хулоса бармеояд, ки гӯё ҳамаи воқеиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аз психологияи шахс, аз «робитаи зиндаи рӯҳи инсонӣ» сарчашма мегирифта бошанд. Сараввал Вилгелм Дилтей мӯътақид буд, ки ҳаётро бо ҳамаи ғоятҳояш танҳо психология, ки бояд асоси «илмҳо дар бораи рӯҳ» гардад, дарк карда метавонад. Дар оянда Вилгелм Дилтей психологизми ошкороро дар фаҳмиши ҳаёт нармтар гардонида, ду зинаи пайдарҳаму алоқаманди ҳаётро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад: а) таасурот ва б) ифодаи он дар шаклҳои предметӣ таҷассумкардашудаи зоҳирӣ. Маърифат кардани қисми дуюм (яъне б)) на усули психологияро, балки амали герменевтикиро, масалан, фаҳмишро тақозо дошт.

Файласуф ва олими фаронсавӣ Анри Бергсон (1859-1941) барои созмондиҳии модели «эҷод»-и олам аз мафҳуми «хурӯҷи ҳаёт» истифода кардааст. Маънои ин мафҳумро ба тарзи зерин шарҳ додан мумкин аст. Оламро на Мутлақо, на Худо, балки ҷараёни силсилавии ҳаёт меофарад, ки ҳеҷ муносибате на ба биология, на ба психология надорад. Ин ибтидоест, ки ченаки кайҳонӣ дорад. Силсилаи ҷараёни ҳаёт дар тапидани худ тадриҷан ба пораҳо, зарраҳо таҷзия мегардад. Нерӯи онҳо ҷисмҳоро ташкил дода, онҳоро фарогир мешавад. Вай ҳамшабоҳат бо судур (офариниш) аст, ки ин ғояро намояндаи навафлотунӣ Плотин (асри III то милод) мукаммалтар баррасӣ намуда буд. Плотин кулли оламро офаридаи Яккаю Ягона, Мутлақо ҳисобидааст. Анри Бергсон бошад, вазифаи судурро ба «хурӯҷи ҳаёт» муносиб донистааст, ки сарчашмаи он Худо (фавқулшуур) мебошад. Худо дар фаҳмиши Плотин Ягона, Абадӣ ва Тағйирнаёбанда аст. Фавқулшуур (Худо) дар тасвири А.Бергсон ин «ҳаёти қатънагарданда, амал, озодӣ» мебошад. Худо ба мисли олам дар ҳолати таҳаввули эҷодӣ қарор дорад ва бинобар ин, чуноне, ки Анри Бергсон қайд менамояд, кулли олам «томияти ҳамоҳангӣ» аст. Судури ҳаёт тамоми оламро фаро гирифта, нерӯи худро ба ҷисмҳо тақсим мекунад, дар байни фардҳо парешон гардида, аз насл ба насл мегузарад. Аммо нерӯи вай коҳиш наёфта, балки дар рафти пайдоиши шохаҳои нави таҳаввулоти оламу инсон «баръакс босуръат меафзояд». Тапиши эҷодкоронаи «хурӯҷи ҳаёт» баъзан суст мешавад, хомӯш мегардад. Аз қӯраи хомӯшгардидаи «хурӯҷи ҳаёт» материяи ғайриорганикии карахт ташкил мешавад, ки дар зери асари ҷараёни ҳаёт боқӣ мемонад ва ин имкони давомёбии таҳаввулотро таъмин менамояд. Аммо материяи карахту беҷон кӯшиш мекунад, ки ин равандро халалдор намояд, «хурӯҷи ҳаёт»-ро боздорад, томияти ҳаётро ночиз созад. Аммо ҳаёти давомёбанда худаш аллакай томияти озод, барнагаранда ва эҷодкор аст, ки дар баргардии доимии материя ба ҷараёни ҳаёт, дар ташаббусҳои «хурӯҷи ҳаёт» дар раванди таҳаввулоти эҷодкорона зуҳур меёбад. Яъне томияти воқеияти тӯлкашидаи ҳаёт, бе назардошти муқовимати материяи беҷон, ба худинкишофёбӣ қобилият дорад. Маҳз дар муборизаи «хурӯҷи ҳаёт» бо материяи беҷон шаклҳои нави ҳаёт тавлид мешаванд. Таърихи таҳаввулоти эҷодкорона ин таърихи оламро аз карахтӣ ва ғайрифаъолии материя озод кардан, мусоидат кардан ба пайдоиши фаъолнокиҳoи гуногун, аз ҷараёни фотосинтез сар карда то ташаккулёбии хиради инсонӣ, мебошад.

Иловатан ба фалсафаи ҳаёт, файласуфони немисзабони солҳои 20-и асри ХХ ҷараёни наве дар фалсафаи ғайриклассикӣ офариданд, ки антропологияи фалсафӣ ном гирифт. Асосгузорони он Макс Шелер (1874-1928), Арнолд Гелен (1904-1976), Хелмут Плеснер (1892-1985) байни антропологияи фалсафӣ ва фалсафаи ҳаёт фарқ мегузоранд. Чунончӣ, мувофиқи нуқтаи назари яке аз классикони антропологияи фалсафӣ Арнолд Гелен, маҳз антропологияи фалсафӣ «ҳаёт»-ро махсус ба мадди назар мегирад, дар ҳолате, ки фалсафаи ҳаёт муҳаққиқонро аз ҳаёт ба сӯи экзистенсияҳо мебарад. Ба ақидаи ӯ чунин «гардиш» аз ҳаёт ба экзистенсияҳо ҳанӯз аз Фридрих Нитсше ва Вилгелм Дилтей оғоз ёфтааст.

Ҷараёни антропологияи фалсафӣ дар атрофи мақсади асосӣ – дарёфт кардани «чӣ будан»-и инсон, яъне таҳқиқ кардани сохтори хусусиятноки таҷрибаи инсонӣ, фаҳмидан, маълум ва маънидод кардани он – ташаккул ёфтааст. Мувофиқи ақидаи намояндагони антропологияи фалсафӣ инсонро дар асоси худи ӯ фаҳмидан мумкин аст. Аз ин бармеояд, ки антропологияи фалсафӣ фақат ҳамчун илми синтетикӣ (аз гуногун таркибёфта), ҳамарофарогирифта доир ба инсон буда, комёбиҳои ҳамаи илмҳои инсоншиносиро (психология, антропобиология, тиб, антропология, фарҳангшиносӣ ва дигарро) истифода мебарад. Мувофиқи ибрози намояндагони антропологияи фалсафӣ инсон аз азал ба олам махлут аст. Азбаски инсон «мавҷудоти аз ҷиҳати биологӣ норасоидошта», «махлуқи бемор», «носозкори ҳаёт» (сифатҳои муносибдидаи Арнолд Гелен) аст, бинобар ин, табиати ӯро дар асоси ин олам муайян кардан номумкин мебошад.

Аз ин сабаб инсон маҷбур аст, ки худро дар худ не, дар берун ҷустуҷӯй намояд. Бинобар ин, ҳастии инсон фоҷиавӣ аст: аз як тараф, вай маҷбур аст, ки аз худ ва аз муҳити табиии худ канораҷӯӣ кунад, аз тарафи дигар, тан дорад ва барои олам кушода аст. Чунин аҳвол барои пайдоиши баъзе қобилиятҳои инсон сабаб гардид: а) мутобиқшавӣ ба ҳаргуна муҳит; б) гузаштан аз як муҳит ба муҳити дигар; в) на ҳамту зистан, балки «ҳаётро пешбурдан», аз ҳамагуна муҳитҳо боло будан; г) тағйир додани сифати зиндагии худ бо роҳи соҳибтаҷрибашавӣ дар амалияи фаъол.

Ҳамин тавр, намояндагони фалсафаи ҳаёт мафҳуми «ҳаёт»-ро ба доираи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарӣ ворид намуданд. Ҳарчанд, ки ҳар яки онҳо мазмуни махсуси ин мафҳумро қайд кардаанд, аммо дар он ҳамақида буданд, ки ба хирад дар фаъолияти маърифатӣ нақши ёрирасон муносиб дида мешуд, муҳимияти «шарҳдиҳии ҳаётӣ», самтгирӣ ба «витализм» авлотар дониста мешуд. Ин бошад, дар «авзоъ»-и эпистемологии психология, дин ва ғайраҳо дастгирию хайрхоҳӣ карда мешуд. Ҳаёт на танҳо моҳияти бевоситаи таасуротӣ дар бораи олами тому ягона ва асоси ташаккулёбии тасаввурот дар бораи олам, арзишҳои инсонию маънои ҳаёт мегардад, инчунин вай асоси бунёдёбии онтологии кулли мавҷудият мегардад.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.