Фарханг хамчун яке аз шаклхои тачассумкунии хаёт дар вакт

Чун анъана, ба сифати тавсифи ҷамъбастии инкишофи ҷамъият ва инсон чунин меъёрҳо, аз ҷумла давомнокии миёнаи ҳаёт, сатҳи фавти модарон ва атфол, нишондиҳандаҳои саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, ҳисси қаноатмандӣ аз ҳаёт ва ғайра пешниҳод карда мешаванд. Мавзӯи ҳаёт дар доираи антропобиологии он, ба мавзӯҳои низомҳои фалсафӣ ва сотсиологии ба хирадгароӣ самтдошта ворид карда мешавад.

Се тарзҳои маънидоди масъалаи алоқамандии маънои таърих ва маънои ҳаёт ҷой дошта метавонад. Якумаш мекӯшад, ки мафҳуми инсон ва маънои ҳаёти ӯро аз тавсифи умумии ҷамъият ҳосил намояд. Чунончӣ, Карл Маркс гуфтааст, ки моҳияти инсон «маҷмӯи ҳамаи муносибатҳои ҷамъиятӣ» мебошад. Дар чунин ҳолат маънои ҳаёти инсон бо маънои ҳаракати таърих, ки ҳамчун пешрафт ба ояндаи амалисозандаи принсипи «инкишофи озодонаи ҳар як нафар – шарти инкишофи ҳама» фаҳмида мешавад, маълум карда мешавад. Маънои ҳаёти инсонро ба меҳнат баҳри ояндаи дурахшон ва ба мубориза бо душманони он нисбат дода мешуд. Тарзи дуюм баръакс мекӯшад, ки маънои ҳаёти ҷамъиятро аз маънои ҳаёти инсони алоҳида, аз хосияту сифатҳои ӯ «барорад». Гуманисти машҳури асри ХХ Алберт Швейтсер (1875-1965) дар бораи эҳтиром кардани ҳаёт, дар бораи муқаддас будани худи хориқаи ҳаёт новобаста аз мазмуну маънояш, мулоҳиза баён намудааст. Ҳаёти инсон ва ҷамъият набояд ҳамчун воситаи дастоварӣ намудани неъматҳо барои наслҳои оянда баррасӣ гардад. Инсон, ҳаёту таърихи ҳозираи ӯ – мақсади ягонаю ҳақиқии ҷамъият мебошад. Тарзи сеюм худи масъалаи маънои ҳаёти инсон ва маънои таърихро инкор карда, даъвоҳои илму фалсафаро, ки мехоҳанд маънои ҳаётро баён кунанд, рад менамояд (Фридрих Нитсше, Артур Шопенгауэр, Освалд Шпенглер, Арнолд Тойнби, Мартин Хайдеггер, Албер Камю, Эдмунд Гуссерл, Ф.Кафка ва дигарон).

Дар фарҳанги хирадгароёни Аврупои ғарбӣ диққати хосса додан ба қисми субъективии фаъолияти дигаргунсозӣ бартарӣ дорад, ки асоси тарзи таҳқиқи фаъолиятро ташкил медод, тавассути он ҳар он чизи дар фарҳанг ва ҷамъият ба вуқӯъ омадаро маънидод карда мешуд. Шаҳомати фарҳангии фаъолияти дигаргунсозандаи субъект, ки давоми анъанаҳои атиқии юнонӣ буд, бояд он фазоеро, ки ин фаъолият имконпазир аст, фарогир мебуд. Чунин фазо дар анъанаҳои хирадгароӣ ин фаъолияти предметӣ-амалии ақлии одамон буд.

Дар фалсафаи ҳаёт чунин фазо таърих мебошад, ки худро ҳаёти инсони «бедор»-и соҳибшуур, дар вақту фазо амалишаванда, дорои самти муайянбуда баён мекунад. Аввалин мутафаккире, ки таърихро ҳамчун шакли таҷассумшавии ҳаёт дар вақт ва фазо фаҳмидааст, файласуфи олмонӣ Освалд Шпенглер (1880-1936) мебошад. Дар яке аз асарҳои то имрӯз маъруфаш «Ғуруби Аврупо» ӯ назариёти «тамаддунҳои маҳалдошта»-ро коркарду пешниҳод намуда, нишон дод, ки онҳо гарчанде хусусиятҳои фарқкунанда доранд, вале натиҷаи инкишофи «ростхата»-и ҷамъият ва фарҳанг намебошанд. Ҳамаи фарҳангҳо баробарҳуқуқ ва баробарарзиш буда, ибтидои пайдоиш, давраи нашъунамо ва таназзул (нобудшавӣ)–и худро доранд. Ҳар як фарҳанг бошукӯҳ ва дар мустақилиаш аз дигар фарҳангҳо худбасанда аст. Дар ин назариёт мафҳуми «рӯҳ», ки як навъ ҷавҳари ирратсионалии ибтидои ҳаёти ҳар як фарҳанг фаҳмида шудаст, мавқеи марказиро ишғол менамояд. «Рӯҳ» наметавонад худро бе таҷассумшавии берунӣ дар ин ё он шаклҳои фарҳанг дарк намояд. Беназирии «рӯҳ» фарҳангҳои махсус ва гуногунро ба вуҷуд меоварад. «Рӯҳ»-и дар асоси фарҳанги атиқа ҷойгирифтаро ӯ «аполлонӣ» ном гузоштааст. Фарҳанги арабиро «рӯҳ»-и «эъҷозкор» ба вуҷуд овардааст, аз ин рe ин фарҳанг ба фасоҳату рамзият майл дорад. Фарҳанги аврупоиро «рӯҳ»-и «фаустӣ» муайян сохтааст, ки дар он «барпошуда» ба «ташаккулёбанда», яъне ба таърих ҷои худро холӣ мекунад. Освалд Шпенглер қайд кардааст, ки ҳар кадоме аз фарҳангҳои «бузург», на танҳо ғарбӣ, инчунин хитоӣ, бобулӣ, мисрӣ, римӣ, арабӣ, фарҳанги майя, русӣ-сибирӣ, «ба маводи худ – инсоният – шакли худро мегузаронад, ҳар кадомаш ғояи худ, рағбати худ, ҳаёти худ, нияту эҳсос ва охиран, фавтидани худро доранд». Дарк кардани шаклҳои фарҳангӣ, ки таҷассумҳои «рӯҳ»-и фарҳанг аст, тавассути усулҳои илмӣ имконнопазир мебошад. Фаҳмиши маънои ин фарҳангҳо бо «эҳсоси бевоситаи ҳаёт» асос меёбад. Фарҳангҳоро на танҳо макону замони ҳодисот, инчунин айнияти услуб, сиёсат, иқтисод ва ғайра, яъне ҳамаи он чизҳое, ки марбут ба ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангӣ мебошанд, муттаҳид мегардонанд. Ҳар як фарҳанг тимсоли организми зинда буда, беназирии ҳар кадом фарҳанг аз беназирии морфологияи ин организм бармеояд. Олами «ботинӣ»-и ҳар як фарҳанг чунон махсус ва нотакрор аст, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва баҳамгузарии онҳо амалан имконнопазир аст, алоқаҳои воқеии онҳо дар вақту фазо хосияти зоҳирӣ доранд. Ягона чизе, ки ба ҳамдигар қиёс кардани онҳоро имкон медиҳад, ин баъзе назмҳои умумии мавҷудияту инкишофи онҳо ва тақдири умумии онҳо мебошад: ногузирии аз саҳнаи таърих рафтани онҳо дар марҳалаҳои охирин, ки ҳангоми ба итмом расидани нерӯи ҳаётии онҳо ва имкониятҳои эҷодии «рӯҳ»-и маданият фаро мерасад. Вобаста ба ин, Освалд Шпенглер менависад: «Ман умедворам исбот намоям, ки беистисно ҳамаи офаридаҳои бузург ва шаклҳои дин, санъат, сиёсат, ҷомеа, хоҷагӣ, илм дар ҳамаи фарҳангҳо якҷоя пайдо мешаванд, ба итмом мерасанд ва мефавтанд; сохтори ботинии яке пурра ба ҳамаи дигарҳо мувофиқ аст».

Эдмунд Гуссерл ба сифати асос тамоми ҳастии инсонро мақбул донистааст. Пас, мутаносибан, донишҳо дар бораи ин ҳастӣ мафҳумҳои олами ҳаёт мебошанд. Олами ҳаёт дар тафсираш ин а) олами рӯзмарравӣ, додашудаи ибтидоӣ, ки аз «маҷмӯи айёниятҳо» иборат аст; ин ҳамон «доираи дилпурӣ» аст, ки мо ба он боварӣ дорем; вай ба тарзи сунъӣ сохта намешавад: ҳамаи воқеиятҳои он ба инсон ва ҳадафҳои амалии ӯ дахл доранд, вай ба инсон дар модуси (сифати ғайриасосии) амалия, дар намуди ҳадафҳои амалӣ дода шудааст; б) ин олам бевосита ошкор карда мешавад, «бо ҳамаи яқинӣ ба ҳар инсон» дода шудааст ва маҳз барои ҳамин Э.Гуссерл мавҷуд будани онро асоснок накарда, танҳо ба чунин мавҷудият ишорат менамояд; азбаски олами ҳаёт бароямон бевосита кушода аст, пас мо онро мефаҳмем, набалки шарҳ медиҳем; в) олами ҳаёт – ин образи олам аст, ки сабабҳои фарҳангӣ ва таърихӣ дошта, тарзи махлутшавии он ба шуури гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо, тамаддунҳo дар давраи муайяни инкишофи онҳо ба амал меояд; г) олами ҳаёт асосест барои фаҳмиш ва тафсири пайдоиши хирадгароии илмӣ дар фарҳанги аврупоӣ, асоси тарзҳои интихоби объектҳои тадқиқот мебошад. Ин олам, менависад Эдмунд Гуссерл, «доимо пешакӣ додашуда, доимо муҳим ҳамчун пешакӣ мавҷудбуда, аммо муҳимияти он на аз рӯи ягон ният, на аз рӯи ягон мақсади универсиалӣ аст. Ҳар як мақсад, аз ҷумла универсиалӣ ҳам, онро пешакӣ дар назар дорад ва дар рафти кор вай доимо аз нав ҳамчун мавҷуда дар назар дошта мешавад…». Бинобар ин, ҳамаи шаклҳои рафтор ва майлгирии одамон аз «яқиниҳои бевосита», ки мазмуни олами ҳаётро ташкил медиҳанд, ҳосил мешаванд. Аз ҷумла Эндмунд Гуссерл иброз карда, ки категорияҳои абстрактии илмӣ асоси худро дар тағйирнопазирандаҳои «тоилмӣ»-и тотаҷрибавии олами ҳаёт, ба монанди фазо ва вақт, ҷисм, сабабият ва ғайра дорад. Эдмунд Гуссерл кӯшидааст, ки тавассути категорияи «олами ҳаёт» масъалаи ҳамтаъсирию алоқамандии илм ва амалияи иҷтимоӣ-фарҳангии одамонро ҳал намояд. Мувофиқи нуқтаи назари ӯ, аксари шаклҳои ҳаёту фаъолияти одамон ва ҳатто илм ҳамчун дастоварди олии хиради одамон, худбасанда нестанд, балки бо олами ҳаёт, яъне бо кадом як шуури «тоилмӣ»-и ибтидоӣ ва бунёдӣ, ки аз «яқиниҳои бевосита» иборат буда, ба асосноккунӣ ниёз надоранд, муайян карда мешаванд. Истифода аз мафҳуми «олами ҳаёт» ба Эдмунд Гуссерл имконият дод, ки илмро ҳамчун хориқаи иҷтимоӣ баррасӣ намояд. Баъдтар ин ғояҳо дар таълимотҳои намояндагони сотсиологияи феноменологӣ барои фаҳмидани равандҳои иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ибтидои асри ХХI инсоният ҳарчанд, ки зиддияту низоъҳои дохилии худро дорад, дар зери таъсири ҷараёни глобализатсияи иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанг боз ҳам муттаҳидтар мегардад. Пас аз ин инсониятро тақдири умумӣ, ояндаи умумӣ мепайвандад, ки дар ғояҳои лоиҳавии фалсафӣ инъикос меёбанд. Ояндаи инкишофи фарҳанг ва тамаддунро дар доираи глобализатсия пешакӣ дарк намуда, Владимир Иванович Вернадский ва олими фаронсавӣ Тейяр де Шарден дар асоси дастовардҳои илми муосир ҷаҳонбинии том офариданд ва кӯшиш намуданд, ки дар он зиддияти байни илм ва динро барҳам диҳанд, модели кайҳонии «ноосфера»-вии тамаддуни заминиро пешниҳод намоянд. Ноосфера (аз юнонӣ, noos – хирад + sphaiқa – сатҳ, қабат, соҳа) – ин соҳаи ҳамтаъсирии ҷамъият ва табиат буда, дар он фаъолияти хирадии инсоният омили ҳалкунандаи инкишоф мегардад. Ноосфера гуфта, инчунин зинаи олии инкишофи биосфераро мефаҳманд. Биосфера ба қабати «андешанда», ки тавассути шуури инсон ташаккул дода шудааст, табдил меёбад. Ҳар яки ин олимон новобаста аз якдигар ба хулоса омаданд, ки дар маҷмӯъ соҳаи хиради инсон ва амалҳои инсон аз рӯи қонуният, ба таври табиӣ аз соҳаи ҳаёт ба вуҷуд омадаанд. Ҷомеаи мавҷудоти бохирад, ки илмро силоҳи худ кардааст, дар оянда метавонад азнавсозии тарзи сайёравӣ ва коинотии Универсумро, бо истифода аз қонунҳои худи вай, амалӣ намояд.

Ҷанбаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарии мафҳуми «ҳаёт», ки дар боло дида шуда буд, як ҳолати муҳимро намоиш медиҳанд: бе назардошти фарқияти тарзу усулҳои тадқиқот ҳамаи онҳо ҳаётро арзиши мутлақо мефаҳманд. Мутлақо барои асосноккунии худ ба ҳеҷ гуна шарту шароит ниёз надорад, дар ин бобат аз ҳеҷ чиз алоқамандӣ низ надорад. Вале ҳаёт ҳудуд дорад, ки он марг аст.

Эътироф кардани ҳаёт ба сифати ғояи муҳими иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ҳамчунин ҷудо намудани мавзӯи маргу фавтидан тасодуфӣ нест. Дур кардани мавзӯи «марг» аз донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ натиҷаи рӯирости «бинаризм» аст, ки ба фарҳанги хирадгарои аврупоӣ хос мебошад. Мафҳуми «бинарӣ» барои ифодаи мавқеи дугонагӣ ба монанди «субъект-объект», «ҳаёт-марг», «боло-поён» ва ғайра, ки тамоми фалсафа ва фарҳанги хирадгарои Аврупои ғарбиро фаро мегирад, хизмат менамояд. Тарафҳои ин мавқеи дугонагӣ ба таври арзишӣ зинавӣ карда шудаанд. Дар ин пайванди дугона истилоҳи тарафи чап нисбати тарафи рост муҳимтар аст, ки аз назардошти фарҳанг ва ҷамъият бармеояд. Мисол, боло аз поён авлотар аст; ҳаёт – ин арзиши асосию муҳим дар ҳампайвандии мухолифии «ҳаёт-марг» аст ва ғайра.

Бояд қайд намуд, ки дар бинаризми фарҳанги нававрупоӣ «ҳаёт-марг» бевосита бо мухолифии «субъект-объект» алоқаманд аст. Ҳақиқатан ҳам, азбаски дар фарҳанги ғарбӣ-аврупоӣ тарафи субъективии фаъолияти дигаргунсозӣ бартарӣ дорад, аз ин сабаб принсипҳои ҳаёту ибтидои ҳаёт худмухторӣ ва арзиши фарҳанг буданро соҳиб мегарданд. Бинобар ин, дар анъанаҳои фалсафаи нававрупоӣ ҳодисаҳои экзистенсиалӣ-онтологии марги инсон ҳангоми муайян кардани моҳияти инсону ҷамъият ба инобат гирифта намешуд ва ин ба устуворгардии ҷаҳонбинии некдид ва пешравихоҳ мусоидат намуд.

Бартарӣ доштани бинарии «ҳаёт-марг» дар фарҳанги нававрупоӣ яке аз шартҳои ҳолати мӯътадили инкишофи иқтисоди капиталистӣ мебошад, ки дар он ҳаёт яке аз вазифаҳои муносибатҳои арзишӣ гардидааст. Дар «бартарафу дур кардан»-и марг решаи ҳамаи шаклҳои бегонашавӣ, ки ба ин муносибатҳои иқтисодӣ хос аст, вуҷуд дорад, навиштааст Ж.Батай. Ҳаётро ҳамчун силсилаи беохири ҷамъоварӣ кардан ва маргро ҳамчун ҳодисаи хотимадиҳанда ба чунин беохирӣ фаҳмида мешуд. Дар чунин доира марг ба шарри мутлақ табдил ёфта, ҷараёни аз дин дуршавии аъзоёни ҷамъиятро метезонад. Андеша дар бораи марг аз соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ берун карда шуд, аммо аҷибият дар он буд, ки ҳамзамон капитализм ба табақаҳое, ки дар раванди офариниши арзиши изофӣ иштирок карда наметавонистанд, мақоми «фавтидаҳо»-ро муносиб донист. Инҳо – атфол, занҳо, пиронсолон, маризон, бечорагон; баъзан нажодҳо, халқиятҳо ва ғайра.

Фалсафаи хирадгарои нававрупоӣ масъалаи «марг»-ро дар доираи «тафаккури олӣ» муҳокима кардан нахост. Рост аст, ки дар асри ҶVII дар бораи марг ҳамчун хориқаи онтологӣ файласуф, нависанда, физик ва риёзидони фаронсавӣ Блез Паскал (1623-1662) ёдрас намуда буд. Аммо афкори асри ҶVII некдиди хирадгароиро ҷонибдорӣ мекард ва андешаҳои Блез Паскал ҳамчун маҳсули «тасаввуроти нодуруст» қабул карда мешуд. Файласуфони хирадгаро ба офаридани лоиҳаи таъминсозандаи хушбахтонаю камолоти инсоният мекӯшиданд, некдидро меъёри ҷаҳондарккунӣ эълон доштанд, ки сабаби пурра истисно кардани мавзӯи марг аз муҳокимаҳои фалсафӣ шуд.

Ба инобат бояд гирифт, ки мухолифии сахти бинарии «ҳаёт-марг», ки дар он танҳо ҳаёт арзиши мутлақо дорад, на ҳамеша дар фарҳанг бартарӣ дошт. Дар асотир баргардандагии даврии маросимию рамзии «ҳаёт-марг» вуҷуд дошт, бинобар ин, ҳаёт арзиши асосӣ набуд. Дар атиқа ва асрҳои миёнаи насронӣ принсипҳои асосии ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ мутаносибан ҳамчун «momento moқi» (маргро фаромӯш накун) ва «media vita in moқte sғmғs» (дар ними ҳаёт мо ҳамагон аллакай дар панҷаи марг мебошем) тасвият карда мешуд. Фарҳанги насронии Аврупои асримиёнагӣ ба шакли баргардандагии даврии маросимию рамзии «ҳаёт-марг» такя мекард: инсони «фартутшуда» бояд «мефавтид» ва ба одами нави хуштинат ҳаёт мебахшид, ки принсипҳои динӣ-ахлоқии вай асоси ташаккулёбии ҷамъияти асримиёнагии аврупоӣ бо ҳамҷоягии фазои иҷтимоӣ-фарҳангӣ (ахлоқ, сиёсат, иқтисод, санъат ва ғайра) мебуд.

Мутафаккирони давраи Эҳё, ки дар замонашон ғояи холизм (аз юнонӣ, холос – том, ҳамҷояи таҷзиянашаванда, яклухт) ҳукмфармо буд, ҳанӯз муҳимияти иҷтимоӣ-фарҳангии баргардандагии маросимии «ҳаёт-марг»-ро дар лавҳаи «хотир» нигоҳ медоштанд. Бинобар ин, онҳо ҳангоми таҳлили масъалаҳои ба ҷамъият алоқаманд аз мавзӯи марг канораҷӯӣ карда наметавонистанд. Дар ин бобат утопияҳои иҷтимоии Томас Мор ва Томмазо Кампанелла намунаҳои равшан аст. Утопистон, аз як тараф, гӯё анъанаи фарҳанги насронияи асримиёнагиро, ки дар он доир ба ҳаёт бо назардошти марг сухан карда мешуд, давом медоданд, аммо, аз тарафи дигар – дар онҳо идроки марг ҳамчун ҳодисаи манфии биологӣ ташаккул меёфт ва охиран, аз баррасии ҷиҳати маросимии марг даст кашидани онҳоро муайян намуд. Дар давраи Эҳё инсон эҷодкори таърих ва тақдири худ шинохта шуда, накӯию хуштинатии ӯ меъёри баҳогузорӣ ба ҳамаи ниҳодҳои иҷтимоӣ гардид.

Ҳамин тавр, хаёли хоми гуманистии (башардeстонаи) эътирофи ҳаёт ҳамчун арзиши асосӣ тавлид ёфт. «Ҳарчанд, ки марг ва фикр дар бораи он дар ҳаёти ҳаррӯза мавҷуд аст, аммо ақидаи ҳукмфармо он буд, ки ҳар як уқубат охир дорад, вақт захмҳоро табобат мебахшад, Муҳаббат ва дигар арзишҳои заминӣ пурра Маргро мағлуб менамоянд» – менависад М.М.Федорова дар асараш «Образи марг дар фарҳанги ғарбӣ-аврупоӣ».

Мутафаккирони давраи Эҳё сараввал муносибати худро ба марг дар рӯҳияи шуҷоатмандии атиқӣ ифода намуданд. Чунончӣ, мутафаккири фаронсавӣ Мишел Экем де Монтен (1533-1592) навишта буд, ки «ҳамаи ҳикмат ва ҳамаи мулоҳизаҳо дар олами мо охиран, ба он нисбат дода мешавад, ки моро аз марг натарсиданро омӯзонанд». Вай тасдиқ менамуд, ки нафаре, ки ба одамон фавтиданро меомӯзонад, ҳамон нафар ба онҳо зистанро низ меомӯзонад. Аммо дар куҷо ва чӣ хел фавтиданро омӯхтан мумкин аст? – «Дар амали фалсафаронӣ кардан» – посух додааст Мишел Монтен. Барои далелнок кардани ин ҷавобаш вай ба файласуф ва сиёсатмадори римӣ Ситсерон (106-43 то милод) истинод кардааст. Ин гуфтаҳо ба Ситсерон таалуқ доранд: «фалсафаронӣ кардан – ин ҳамон аст, ки худро ба мурдан тайёр намоӣ. Ҳақиқатан ҳам чунин аст, зеро тадқиқот ва мулоҳиза рӯҳамонро аз ҳудуди «ман»-и фонӣ берун намуда, онро аз тан ҷудо мекунанд, ин бошад пешакӣ пай бурдани марг ва ҳамшабоҳати марг мебошад». Ин суханони Ситсеронро Мишел Монтен дар рӯҳияи гуманизми Эҳё тафсир намудааст: хиради фалсафӣ ба шарте, ки ба ҳоли мо намехандида бошад, бояд баҳри як мақсад кӯшиш намояд – «бароямон муҳайё кардани имконияти некӣ намудан ва накӯаҳволона зистан», чунки «ҳатто дар накӯкорӣ мақсади ниҳоӣ – ҳаловатбарӣ аст». Ба одамон дар накӯкорона зистан ва аз ҳаёт баҳра бурдан чӣ халал мерасонад? – Тарсу ҳарос аз марг. Бинобар ин, дар назди файласуфон вазифа гузошта шудааст: фаъолияти хирадро ба ҳосил намудани «нафрат ба марг» равона карда шавад. «Бинобар ин, ҳамаи таълимотҳои фалсафӣ, – менависад Мишел Монтен, – дар ин нуқта бо ҳамдигар вомехӯранд ва пайваст мешаванд». Фалсафаронӣ кардан – ин маънои нишон додани онро дорад, ки ҳарчанд аз марг ҷои гурез нест, аммо «бо он муҳориба кардан» мумкин аст, моҳияти он дар бартараф кардани «асрорангезии марг» ва одат кардан дар андешидани он мебошад. Маргро дар ҳар соат, ҳатто дар дақиқаю сонияҳои хушу пурфароғаттарин аз хотир дур накарда, мо ба он одат карда метавонем.

Танҳо дар фазои иҷтимоӣ-фарҳангии нававрупоӣ ҳаёт пурра ба марг зид гузошта мешавад ва арзиши асосӣ мегардад. Принсипҳои атиқӣ ва асримиёнагии «momento moқi» ва «media vita in moқte sғmғs» дархост карда нашуданд. Аз асри ҶIҶ мавзӯи марг танг карда шуда, ба романтизми «манфӣ»-и эстетикӣ марбут гардонида мешавад.

«Бинаризм»-и фарҳанги нававрупоӣ предмети танқиди фалсафаи баъдиғайриклассикӣ гардид. Чунончӣ, файласуфи фаронсавӣ Ж.Батай (1897-1962) қайд намудааст, ки худро ба Табиат (Модар-Замин) зид гузошта, «инсон таслими ҳокимияти ноумедиҳои хузнангез шуд. Ҳаёти инсон худро як навъ нобасанда, бо азобу уқубат пахшгардида, то ҳадди бесарусомонии серташвиш расида тасаввур менамояд. Замин зери пояш мисоли партов аст. Дар боло – Осмони холӣ». Фалсафаи баъдиғайриклассикӣ кӯшидааст, ки зидгузории қатъии ҳаёт ва маргро бо принсипи баҳамгузарӣ иваз намоянд. Дар чунин амал файласуфонро натурализм, физиологизм ва биологизми воқеаи ҳаёт ва марг ҷалб наменамояд, балки шаклҳои мушаххасӣ-таърихии тафсири алоқаи онтологии ҳаёт ва марг, инчунин таъсири ин тафсирот ба мавҷудияти инсон дар ченаки фардӣ-шахсиятӣ ва иҷтимоӣ-ҷамъиятии ӯ муҳимтар мегарданд.

Мувофиқи ақидаи файласуфони баъдиғайриклассикӣ, дар бораи ҳаёт, ҳатто дар ченаки иҷтимоӣ-фарҳангии он, бе муроҷиат ба мавзӯи марг сухан кардан номумкин аст. Чунончӣ, Мартин Хайдеггер эътироф менамояд, ки инсон ба ҳадди ҳастии ҳақиқӣ танҳо он вақт мерасад, ки агар «ҳастӣ – ба – марг» будани ҳаётро фаҳмад. Чандин мутафаккирон таҳлили иҷтимоӣ-фарҳангии мавзӯи «марг»-ро амалӣ намуданд. Ҳамчунин файласуфи фаронсавӣ, постмодернист Ж.Бодрийяр (таваллудаш соли 1929) таъсири омили марг ба нишондиҳандаҳои иҷтимоиро омӯхта нишон дод, ки таърихи ҷамъият ин таърихи тадриҷан берун кардани андешаҳо дар бораи марг аз соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Жак Деррида, файласуфи фаронсавӣ (таваллудаш соли 1930) менависад, ки «агар ҳаётро омӯхтан ҳам мумкин бошад, танҳо аз марг ва аз дигар, яъне дар ҳолати байниҳудудии нисбат ба ҳаёт беруна (марг) ё дохила (дигар)». Сухан дар бораи мавҷудияти ҳатмии марг дар худи ҳаёт меравад, ки дар он нишонаҳои гузашта – далели чунин ҳузур аст. Ҳамин тавр, мафҳумҳои «ҳаёт» ва «марг» алоқаи ҷудонопазир дошта, тамоми ҷараёни зиндагии инсонро фаро мегиранд.

Фалсафаи баъдиғайриклассикӣ, дар тафовут аз фалсафаи хирадгароёна, маргро ҳамчун ҷузъи зарури фаҳмиши кулли зуҳуротҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ меандешид. Ба туфайли асарҳои Ж.Батай, Ж.Лакан, М.Хайдеггер, М.Фуко, З.Фрейд ва дигарон ҳамчунин принсипи навшавии нерӯии ҳаёт маънидод карда мешавад. Дар истиораи «андешидан ба марг» аслан қадимӣ, маросимӣ будани пайвастагии марг бо ҳаёт хотиррасон карда мешавад. «Андешидан ба марг» – маргро ҳамчун лаҳзаи ногузири ҳаёти бошууронаи худ қабул кардан аст; тайёр будан ба марг «инҷо» ва «ҳоло» ҳамчун соҳибтафаккури фарҳангӣ ин тайёр будан ба имконияти тавлид шудан дар дигар фазои фарҳангии андешаи худ мебошад. «Марг» – ин гӯё нуқтаи гардиш дар ҳолномаи тафаккурӣ-хирадӣ аст. Бинобар ин, «андешидан ба марг» – ин маънои фавтиданро ва дар як вақт эҳё шудан дар фазои нави ҳолномаи хирадии худро дорад. Аз ин бармеояд, ки марг ба сифати рамзи «гузариш ба ҳолати дигари мавҷудият буда, аммо ҳудуди онро тарк намекунад». Фаҳмиши маросимӣ-коллективонаи марг бо шакли дигаргуни он иваз карда мешавад: субъект худаш бояд «дар иҷрои рафтораш фавтидани худро андешад».

Асоси чунин муносибати «мусбӣ»-и фалсафаи баъдиғайриклассикӣ ба марг дар чӣ буд? – Эътирофи азалияти марг: «Марг дар мо дар сатҳи бешуурона, дар маҷмӯи беохири худноогоҳиҳо, азмҳо, таассуротҳо ҳамеша мавҷуд аст; дар ҳама ҷо мо ба нақш (из)–и он дучор мегардем, ки нутқ, имову ишора, тани моро печидааст; онҳоро маълум насохта, мо аз онҳо истифода мекунем, гӯё ки онҳо «дар зери даст» бошанд». Постмодерн мекӯшад, ки ба марг нерӯи мусбиашро баргардонад, онро шарик-эҷодкори ҳаёти фард гардонад. «Фавтидан» баҳри ҳаёт бо гузаришҳои беохир ба ҳолати нав, – чунин буд шиори Сёрен Керкегор. Яъне фавтидан маънои гузаштан ба ҳастии нави экзистенсиалиро ва таҷрибавӣ маълум кардани ногузирии нуқтаро – танаффус, нуқтаи марг дар ҳаракат – такрортавлидшавиро дорад. «Андешидан ба марг» маънои иваз кардани «ман меандешам»-и декартӣ бо «ман мефавтам» мебошад. Ин дар навбати худ, тарзи тафаккури қадимро ба хотир меоварад, ки дар он марг ҳам нишонаи «таваққуфи вақт дар ҳастии экзистенсиалӣ», он таваққуфе, ки ҳамчун пули ноаён «ман»-ро бо марг мепайвандад, ҳам нишони «ман»-и оянда, ки аз қабзаи таҷрибаи марги худ гузашта, табиати худро сифатан тағйир медиҳад, мебошад.

Фалсафаи баъдиғайриклассикӣ бинаризми аврупоиро танқид намуда, ба хулоса меояд, ки дар фарҳанг мақоми арзиши инсон аз мақоми арзиши ҳастӣ баланд буда наметавонад; боло аз поён бартарӣ надорад; ҳаёти аз марг ҷудо тасаввуршуда арзиши асосӣ намебошад ва ғайра. Ин бошад масъалаҳои фалсафаи ҳаётро мубрамтар месозад.

test

Добавить комментарий