Ташкилшавии маҷмуоти фаннии илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар қаринаи дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ (асрҳои 19-20)

Барои фаҳмидани он, ки барои чӣ маҳз дар асри ҶIҶ баъзе фанҳои доираи иҷтимоӣ-гуманитарӣ ташкил ёфтанд, бояд ҷараёни гузариш аз ҷамъияти анъанавӣ ба капиталистиро дида мебароем, ки ҳамчун ивазшавии фаъолияти арзишӣ-оқилона бо фаъолияти ҳадафӣ-оқилона баррасӣ карда мешавад. Мувофиқи ибрози Макс Вебер, кeшиши оқилонатар гардонидани амали иҷтимоӣ нақши муҳиме дар ташаккули капитализм бозидааст. «Рӯҳи капитализм» ҳамчун сохти муайяни тафаккур, дар амали ҳадафӣ-оқилона тарзи муносиби мавқегирии иҷтимоиро дарёфт: дар натиҷаи кӯшиши оқилона ва бо назардошти даромаднокии корхона ба фоидаи қонунӣ ноил шудан мумкин аст. Ин тарзи рафтор ба ҷадвали нави арзишҳо самтгир буд: инсон барои кор вуҷуд дорад, на балки кор барои инсон. Арзишҳои динӣ, ки ягонагии фазои маънавии иҷтимоиро дастгирӣ менамуданд, дар доираи ҳаёти шахсӣ маҳдуд монданд. Арзишҳои моддӣ ба муҳимтарин арзишҳои ҷамъиятӣ табдил ёфтанд. Фоидаҷӯии беҳадди шахсӣ дар сифати арзиши муҳим сабаби тағйироти ниҳодӣ, табақабандии иҷтимоӣ, ташаккулёбии муҳити нави аз ҷамъияти анъанавӣ фарқкунанда гардид. Ҷамъиятҳои анъанавӣ баҳри он неъматҳои иҷтимоӣ мекӯшиданд, ки бо арзишҳои динӣ сахт алоқаманд буданд, ҳаёти рӯзмарраи фардро «дар майдони шиддати динӣ» нигоҳ медоштанд. Меъёрҳои динӣ-ахлоқӣ на ҳамеша бо рафтори мувофиқи мақсад ҳамоҳангӣ доштанд. Илова бар ин, дар баъзе ҳолатҳо ин меъёрҳо талаб менамуданд, ки аз фоида ва манфиати шахсӣ даст кашида шавад. Ҳамин тавр, ахлоқ дар ҷамъияти анъанавӣ сарҳади иҷтимоии умумӣ эътирофшудаи майлгирӣ ба фоидаи шахсиро муайян менамуд.

Капитализм ҳадафҳои фардиро ба арзиш табдил дода, онҳоро аз бори гарони масъулияти ахлоқӣ озод менамояд. Фоидаи шахсӣ ҳамчун мақсади асосии фаъолият маъқул дониста шуд. Ҳадафӣ-оқилонагӣ стандарти куллии ҳаёти ҷамъиятӣ гардид ва бо воситаи истилоҳоти он ҳар фард ба ҳастии иҷтимоиаш худбаҳогузорӣ менамояд. ҳуввияти фард дар доираи ахлоқ, ки барои ҷамъияти анъанавӣ муҳим буд, дар ҷамъияти капиталистӣ аҳамияти иҷтимоиашро гум кард.

Дар шафоти фоидаҷӯии беканор озодии фардӣ дуюмин арзиши муҳими ҷамъияти капиталистӣ гардид. Муносибати байни фардҳо мазмуни нави арзишӣ ба худ гирифт. Амали фардӣ бо ҳадафгирии хислати хусусидошта маҳдуд шуд, иродаи коллективона дар навбати худ, охиран ба муҳайё кардани шароитҳо барои қонеъ кардани манфиатҳои хусусӣ нисбат дода мешуд.

Ба ҷои ахлоқи масъулиятшиносӣ ахлоқи майлпешакунӣ, ризоият омад, ки бо итоати шаҳрвандӣ маҳдуд буд. Дин баъди «аз ҷоду халос шудан»-и олам нақши  афзалиятноки пешинаашро дар ҷамъият тамоман гум кард. Таҳаввули бунёдҳои арзишии ҳаёти ҷамъиятӣ мақоми пешинаи фанҳоро тағйир дод. Илоҳиёт (теология) мавқеи худро пурра ба фалсафа холӣ намуд. Донишҳои илмӣ, ки амалан тадбиқшаванда буданд, аҳамияти калони иҷтимоӣ пайдо карданд. Аз таъсири дин озод шудани донишҳо ба хусусияти демократӣ пайдо кардани донишҳо асос гузошт: пас аз ин муаллифони эътирознопазири донишҳо нахоҳанд буд. На танҳо илоҳиёт, инчунин фалсафа акнун илми афзалиятдошта ҳисобида намешуд.

Қадр карда шудани аҳамияту нақши табиатшиносию кашфиётҳои бо донишҳои илмӣ асосёфтаи он омили ҳалкунандаи нафъоварии истеҳсолот шуданд ва ин дар як вақт бо беқурб шудани аҳамияти фалсафа дар ҷамъият сурат мегирифт. Аммо агар фалсафа ба мисли дин вазифаи маҳфуздорандаи ҳам ҳақиқат ва ҳам неъматро иҷро менамуд, пас табиатшиносӣ, ки танҳо ба дарки донишҳои ҳақиқӣ дар бораи табиат равона шудааст, ин алоқаи ботинии байни ҳақиқат ва неъматро, ки ҳанӯз аз атиқа сарчашма гирифтааст, қатъ намуд. Ин ҳолати баамаломада мусоидат намуд, ки илмҳо аз рӯи предмети худ ҷудо шаванд. Фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ ба таҳқиқи неъмат машғул шуданд, ҳақиқат монополияи табиатшиносӣ шуд. «Рӯҳи капитализм» ба ҳақиқат даъво доштани фалсафаро рад намуд. Дар фазои иҷтимоӣ вакууми майлгириҳои арзишӣ ба вуҷуд омад.

Ғояи капиталистии пешрафт (pқogқessғs) охиран ба самаранокии меҳнат ва мукаммалсозии техникӣ нисбат дода мешуд, ки ин нақш ва мавқеи табиатшиносиро пурзӯртар мегардонид. Инқилоби фаронсавӣ ғояи пешрафти беҳудуди технологиро бо мазмуну мундариҷаи сиёсӣ пурратар намуд. Дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ба сифати амалҳои муқаррарию меъёрии ҳаёти ҷамъиятӣ маъқул дониста шуда, халқ субъекти ин дигаргунсозӣ эълон карда шуд. Неъмат ба арзиши сиёсӣ табдил ёфт. Ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва қонунӣ будани ҳокимияти сиёсӣ хати асосии равандҳои ҷамъиятӣ мегарданд.

Шиорҳои сиёсии Инқилоби Фаронса аз ғояҳои Жан Жак Руссо сарчашма мегирад, ки тезиси асосии он – ғайриқонунӣ ва ноҳақ будани нобаробарӣ дар байни одамон – уфуқҳои нави амали иҷтимоиро кушод, ки мазмуни сиёсӣ доштанд. Ҷамъияти беадолатона бояд бо ҷамъияти адолатпарвар иваз карда шавад, ки дар он нобаробарии байни одамон бартараф карда шуда, озодии табиии иродаи фард бо иродаи омма иваз карда мешавад. Фард озодии худро гум намекунад, балки онро дар иродаи омма хоҳад дарёфт. Бартараф кардани нобаробарии сиёсӣ дар идеология далелнок карда мешавад, ки дар «Декларатсияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд» (1789) ба қайд гирифта шудааст: «Одамон аз тавлидашон озод ва баробарҳуқуқ мебошанд. Фарқиятҳои иҷтимоӣ метавонанд танҳо бо нафъи умум асоснок карда шаванд». Тамоюле пайдо шуд, ки вакууми майлгириҳои арзишии амалҳои иҷтимоиро бо мазмуни сиёсӣ пур кард.

Ғояи нобаробарии иҷтимоӣ дар се идеология инъикос гардидааст: дар консерватизм, либерализм ва сотсиализм. Онҳо дар фаҳмиши сарчашмаҳои нооромии иҷтимоӣ, тарзҳои бартараф кардани онҳо ва ояндаи таърихии капитализм аз ҳамдигар моҳиятан фарқ мекунанд. Аммо барои ҳар сеи онҳо умумӣ ин аст: а) эътиқоди некбинона ба имконпазирии беҳтаргардонии аҳволи зиндагӣ дар оянда; б) ҷаҳонбинии эгалитаристӣ (аз фаронсавӣ, – баробарӣ). Пешрафти ҷамъият робитаи маъноияшро бо ахлоқ қатъ менамояд ва пас аз ин ба соҳаҳои сиёсат ва иқтисодиёт майл мегирад. Ҳуқуқи умумии интихобот ва зиндагии накӯаҳволона доштан меъёри «саломатӣ»-и иҷтимоии ҳаёти ҷамъиятӣ шуданд.

Либерализм ҳамчун равияи озодихоҳу тарғибгари озодандешӣ нисбати капитализм идеологияи некдидро мураттабтар ва пурратар ифода кардааст. Доктринаи сиёсии либерализм ғояи идораи бо илм асосёфтаи дигаргунсозиҳоро маркази таваҷҷeҳи худ қарор додааст. Роҳ ба қуллаҳои ҳокимият барои ҳама ва ҳар нафар кушода, шарти ягона ин доштани маҳорати касбӣ дар истифодаи усулҳои илмии идораи равандҳои иҷтимоӣ мебошад. Идоракунӣ акнун имтиёзи сулолавӣ, ки дар анъанаи монархистии меросгирии тахту тоҷ вуҷуд дошт, шуда наметавонад. Чунин маҳорат дар натиҷаи омӯхтани донишҳои илмӣ доир ба технологияҳои идоракунӣ ҳосил мешавад. Мувофиқи ақидаҳои либералистӣ расидан ба ҳадафҳои ҷамъиятӣ дар шароити капитализм танҳо тавассути донишҳои илмӣ имконпазир аст ва бинобар ин, бояд қонунҳои куллии инкишофи ҷамъияту истеҳсолоти ҷамъиятӣ кашф карда шаванд. Аммо вазифаи кашф кардани қонунҳои куллӣ танҳо дар доираи модели назариясозии табиатшиносӣ ҳалшаванда аст: стандартҳои сабабиятӣ будани зуҳурот дар омӯзиши равандҳои ҷамъиятӣ тадбиқ карда шуд. Илмҳои иҷтимоӣ аз аввал мавқеи номотетикӣ доштанд.

Оё дар асоси ақлонияту оқилонагӣ ҳадафи куллии ҷамъиятиро тавсиф кардан мумкин аст, ки дар як вақт маънобахши ҳам ҳастии фардӣ ва ҳам ҳастии ҷамъиятӣ бошад? Ин масъалаи бунёдиест барои илмҳои ҷамъиятшиносӣ. Либерализм ин масъаларо аз мавқеи фардгароии методологӣ ҳал менамояд. Неъмати ҷамъиятӣ ба талаботҳои фардӣ, ки дар доираи зоҳирёбии нерӯҳои инсон баррасӣ карда мешаванд, тафарруҷ мегардад. Идеологияи либерализм ба шахс ҳамчун ба мавҷудоти соҳибхирад боварии беназир ифода намуда, стратегияи маърифатиро дар ду самт ривоҷ медиҳад: илман асоснок кардани пешрафти иқтисодӣ ва шароитҳои инкишофи озодии фард. Либерализм кӯшидааст далелҳое пеш оварад, ки орзуҳои неки капитализмро ҳақ барорад. Бинобар ин, либерализм равандҳои ҷамъиятиро аз назари пешрафти минбаъда таҳлил менамуд, неъматро дар истилоҳҳои тақсимоти боадолатонаи неъматҳои моддӣ, баробарҳуқуқии шаҳрвандӣ ва барҳам додани имтиёзҳои иҷтимоӣ тафсир мекард.

Ҳаёти ҷамъияти капиталистӣ дар се соҳаи нисбатан мустақил ҷараён дорад: сиёсӣ, иқтисодӣ ва шаҳрвандӣ. Бинобар ин, барои идораи равандҳои ҷамъиятӣ донишҳои махсусгардонидашуда лозим шуданд, то ки қонунҳои амалу мавҷудияти ин тарафҳои организми иҷтимоӣ муайян карда шаванд. Маҳз эҳтиёҷи иҷтимоӣ ба донишҳои махсусгардонидашуда дар асри ХIХ сабаби ташкили фаннии зерини илмҳои иҷтимоӣ гардид: иқтисодшиносӣ, сиёсатшиносӣ, сотсиология. Иқтисодшиносӣ қонунҳои фаъолияти бозорро, сиёсатшиносӣ – ниҳодҳои давлатиро, сотсиология – ҷомеаи шаҳрвандиро меомӯзанд. Ин илмҳо идораи илмии дигаргунсозиҳои иҷтимоиро бояд таъмин менамуданд. Ҳамин тавр, либерализм мӯътақидӣ нисбати имконпазирии идораи равандҳои ҷамъиятиро ба асоси назариётисозии илмҳои ҷамъиятшиносӣ гузошт. ҳамин тариқ, илмҳои ҷамъиятшиносие, ки дар боло зикр кардем, ба дархости идеологияи некдид, яъне ба идеологияи либерализм мувофиқ буданд.

Ниҳодишавии илмҳои иҷтимоӣ роҳи тӯлониро гузаштааст. Мувофиқи ибрози сотсиологи муосири америкоӣ И.Валлерстайн, ин раванд давраи аз соли 1850 то 1945 -ро фаро мегирад. Дар нимаи дуюми асри ХХ низоми капитализми ҷаҳонӣ мубталои тағйироти сохторӣ гардид. Ба ҷои иқтисоди мубодилаи воқеӣ иқтисоди молиявӣ (пулӣ) омад. Саноатчиён мавқеи пешоҳангиро дар иқтисодиёт ба мутахассисони молияшинос гузоштанд. Дар иқтисодиёт ҳиссаи бузурги даромади миллӣ ба соҳаи хизматрасонӣ рост меояд. Хизматрасониҳои иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба қабули қарорҳо дар интихоби самтҳои дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ таъсири калон мерасонанд. Иттилоот ва иртибот тағйирёбандаҳои асосии ташкилдиҳандаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ шудаанд. «Иттилоотсозӣ»-и ҳаёт омезиш ёфтани соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҳаёти ҷамъиятро ба миён овард. Ин ҳолат, ки постмодерн (баъдиимрӯзӣ) номгузорӣ шудааст, аз ҷониби аксарияти намояндагони илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ хотимаи қарни иҷтимоиёт ҳисобида мешавад. Чунончӣ, файласуф ва ҷомеашиноси муосири фаронсавӣ Ж.Бодрийяр (таваллудаш соли 1929) ҳар кадом тафсири назариявии имрӯзро (яъне воқеияти ҳозираро) дар мафҳумҳои сотсиологияи классикӣ рад менамояд.

Низоми мақомии илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар марҳилаи муосир беш аз беш хусусияти иҷтимоӣ-иқтисодии ҳастии ҷамъиятро инъикос мекунад. Мақоми пешоҳанг доштани чунин фанҳо ба монанди ҳуқуқ ва иқтисодиёт, аз бартарӣ доштани идеологияи либерализм дар сиёсати давлатии аксари давлатҳои аврупоӣ вобаста мебошад. Вобаста ба фарогиршавии таъсири раванди глобализатсия на танҳо ба фазои робитаҳои байнидавлатӣ, ҳамчунин ба равандҳои иҷтимоӣ, дар ояндаи наздик чуноне, ки баъзе мутаҳаққиқон қайд мекунанд, мақоми чунин фанҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ба мисли сотсиология, психологияи иҷтимоӣ, муносибатҳои байналхалқӣ бояд баланд шавад. Фалсафа, филология, фарҳангшиносӣ ва педагогика алҳол дар нақши фанҳои камэътибордошта қарор доранд. Ин тамоюл, албатта, ояндаи ягонаю имконии таҳаввули мавқеъ ва нақши илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар ҷамъият намебошад. Ҳамчунин дигар пешгӯиҳо вобаста ба тақдири илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ арзи вуҷуд доранд. Чунончӣ, собиқ президенти Ассотсиатсияи байналхалқии сотсиологӣ И.Валлерстайн ташкили анъанавии фаннии илмҳои ҷамъиятшиносиро ба зери шубҳа гузошта, қайд менамояд, ки ҳанӯз аз солҳои 1970 –ум вайрон шудани сарҳадҳои сохтори предметӣ-фаннии илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ оғоз ёфтааст. Ин вайроншавӣ «чунон пурзӯр гардид, – менависад ӯ, – ки аксарият (ва ман ҳам аз он ҷумла) дифои ҳам аҳамияти назариявӣ, ҳам худи самарабахш будани номҳои кӯҳнашуда ва фарқиятгузориро номумкин мешуморидем. На танҳо мафҳуми «иҷтимоёт» мутақобилиятнокии таҷрибавии анъанавиашро гум кард, инчунин сиёсат ҳарчӣ бештар қисми таркибии иқтисодиёт мегардад».

Дурагакунии иқтисодиёт аз ҷониби идеологҳои неолиберализм (озодандешии ҷадид), ки аз анъанаҳои сиёсии либерализм дур шуда, идораи равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро имконнопазир меҳисобиданд, ба зерии танқид гирифта шуд. Аз ҷумла, асосгузори мактаби иқтисодии Вена К.Менгер (1840-1921) собит гардонид, ки чунин ниҳодҳои бунёдӣ ба монанди пул, давлат, бозор ва ғайра новобаста аз лоиҳаҳои инсонӣ инкишоф меёбанд. Ҳамчунин ниятҳои лоиҳавии сиёсатшиносиро сотсиологи англис Ҷ.Скотт танқид намуда, дар китоби худ «Бо ниятҳои неки давлат: чаро ва чӣ тавр баъзе лоиҳаҳои накӯсозии шароитҳои ҳаёти инсонӣ барбод рафтанд» асосҳои назариявии шикасти идеологии ислоҳотҳои либералистиро маълум менамояд.

Дар шакли анъанавӣ мавҷуд набудани захираҳои назариявии лоиҳавӣ дар сотсиология ва сиёсатшиносӣ ҷавобгeи дархости ниҳодӣ будани ин илмҳоро ба зери шубҳа мегузорад, ки дар қаринаи глобализатсия бараъло намудор мешавад. Глобализатсия ояндаи нави таърихиро пешкаш мекунад: давлатҳои миллӣ аз саҳни таърих мераванд, ҳаёти ҷамъиятӣ ба бозор нисбат дода мешавад. Вобаста ба ин, неолиберализм – ҷорчии идеологии глобализатсия – тасдиқ мекунад: бозор – хуб аст, давлат – бад.

То ҳадди имкон кам кардани нақши давлат дар ҳаёти ҷамъият неъмату комёбӣ эълон мешавад, ҳуввият бо ниҳодҳои демократӣ ҳамаҷониба муаррифӣ карда шуда, робитаи маъноияшро бо иҷтимоӣ (коллективона) тамоман гум кард. Муҳити иҷтимоӣ ба доми бесарусомонии бозор афтод. Фард бо иштирокдорони мубодилаи иқтисодӣ созиш барқарор мекунад, то ки ба талаботҳои худ як шакли муайяни ҷамъиятӣ бахшад. Давлат дигар маркази қабулкунандаи қарорҳо намебошад, бозор ҳуқуқҳои худро илқо мекунад.

Дар ин шароит ташкили анъанавии фаннии илмҳои иҷтимоӣ, ки бо иқтисодшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва сотсиология муаррифӣ карда мешуд, маҳдудияти таърихии худро нишон дод. Илмҳои иҷтимоӣ барои дархостӣ будани худро нигоҳ доштан, бояд ба талаботҳои замона, ки тағйироти мазмуну мақоми онҳоро муайян кардааст, посух дода тавонанд. Илмҳое, ки ҷамъиятро меомӯзанд, аз қабили ҳуқуқ ва иқтисодиёт пешоҳанг шуданд, сотсиология, психология, муносибатҳои байналхалқӣ ҳамчун фанҳои ояндадор эътироф шудаанд ва баъди онҳо фанҳои инсоншиносӣ мақом гирифтаанд. Таърих, фалсафа, филология, педагогика, фарҳангшиносӣ ҳоло ҳам мақоми фанҳои камэътиборро соҳибанд.

Дар бораи ояндаи ҷамъиятшиносии классикӣ сухан карда, И.Валлерстайн қайд мекунад, ки «…дар оянда эҳтимоли сохтани фарҳанги нави кушоди самарабахш вуҷуд дорад, аммо ин сотсиология набуда, балки ҷамъиятшиносӣ мебошад, ки дар дохили олами ягонаи эпистемологии донишҳо ҷудонопазир хоҳад буд (ва ин муҳим аст)». Сухан дар бораи ҳамҷояшавии илмҳо меравад, чунки равиши ҷараёнҳои ҷамъиятӣ аз гум шудани сарҳади байни ҷанбаҳои он далолат мекунад. Дар бораи байнифанниятӣ сухан карда, И.Валлерстайн ягонагии табиатшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ ва илмҳои гуманитариро дар назар дорад, ки ҳангоми амалӣ намудани он чунин нуқтаҳо ба инобат гирифта шаванд: а) илм – пешниҳодшудаи арзишӣ мебошад; б) назарияи безамина вуҷуд дошта наметавонад; в) ҳақиқатҳо умумӣ ва куллӣ намебошанд, онҳо сершумор ва таърихӣ мебошанд; г) ҳақиқат ва ғояи пешрафт ҳосили мутлақсозии асосҳои зеҳнии дониш мебошанд. Ақлоният дар бунёди худ лоиҳавӣ буда, бинобар ин, дар ҳар як шаклаш ҳадафи интиҳоиро пиндошт мекунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.