Фанни Фалсафа

Иштироки илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар санҷиши барномаҳо ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ

Ибтидои асри ХХ бо инқилоб дар физика хотирмон гашт, ки зарурати аз нав дида баромадани принсипҳои асосии парадигмаҳои илми классикиро ба миён гузошт. Чунин мафҳумҳо, ба мисли «дониш», «эътимодбахшӣ», «ҳақиқат» даъвои объективӣ буданашонро акнун гум карданд, зеро пас аз ин объективият маҳз дар истилоҳҳои байнисубъективият муайян карда мешуд. Категорияи «моҳият» аз доираи пешрафти назариётӣ бароварда шуд. Стандартҳои навини илмият мазмуни гносеологии принсипи сабабиятро дигаргун сохтанд: вай на бо истилоҳҳои детерминизм, балки бо вазифа, ки ҳудудҳои салоҳияти назариясозии илмиро дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ маълум менамояд, баён карда мешуд. Вобастагии вазифавӣ ба инобат мегирад, ки: а) пайдарҳамии дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ танҳо хусусияти робитаи хронологӣ (яъне таърихӣ) дорад; б) назарияҳо қудрати аниқ пешгӯӣ кардани натиҷаи (ояндаи) дигаргунсозиҳои иҷтимоиро надоранд. Тафсири тағйиротҳои иҷтимоӣ дар истилоҳҳои вобастагии вазифавӣ тарзи нави назариясозиро муайян намуд: шарҳдиҳӣ на бо ёрии назариёти диахроникӣ, ки дар он пайдарҳамии воқеаҳо дар вақт сабабияти худро доранд, балки бо воситаи назариёти синхроникӣ, ки дар он ҳолатҳои тасодуфан дар вақт баҳамомада сабаби дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ мегарданд, амалӣ карда мешавад.

Дар назариёти синхроникӣ лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз заминаҳои пешгӯикунанда маҳрум мешавад, дар хубии кор метавонанд ба яке аз манзараҳои имконии тағйиротҳои ҷамъиятӣ довталаб бошанд, ки самараи воқеии онҳоро пешгӯӣ кардан амри маҳол аст. Ҳамин тариқ, ғояи ягонагии навъҳои маърифатӣ ва иҷтимоии хирадгароӣ, ки дар бунёди донишҳои иҷтимоии классикӣ ҷойгир буданд, дар шароитҳои нав беасос будани худро маълум карданд. Эътиқод ба пешрафти ҷамъият робитаи мазмуниашро бо донишҳои илмӣ тамоман гум кард. Пешгӯӣ кардани ояндаи дур, ки ба ғояи пешрафт такя мекунад, дар доираи стандартҳои нави илмҳои ҷамъиятшиносӣ имконнопазир шуд.

Иваз шудани стандартҳои назариявӣ дар илмҳои иҷтимоӣ боиси иваз шудани мақоми донишҳои илмии иҷтимоӣ дар ҷамъият шуд. Аз ҷониби илмҳои иҷтимоӣ дарк карда шудани ҳудудҳои салоҳияти худ, яъне дарки он, ки донишҳои иҷтимоӣ ояндаи воқеаҳоро аниқ пешгӯӣ карда наметавонанд, барои дур шудан аз ғояе, ки мувофиқи он одамон қобилияти аз рӯи хоҳиши худ сохтани ояндаи «дурахшон»-ро доранд, замина гузошт. «Ба тахмини ман, – менависад Иля Пригожин, – моҳияти ҳодисот дар он ифода меёбанд, ки вай байни он чӣ, ки пешгӯишаванда аст ва он чӣ, ки пешгӯинашаванда аст, фарқ мегузорад… Мавҷудияти ҳодисот дар миқёси инсонӣ аён менамояд, ки дар ин миқёс сохторҳои иҷтимоӣ аз детерминизм дур мемонанд… Мо метавонем ҳодисаи гузаштаро «шарҳ» диҳем… Аммо мо наметавонем ҳодисоти ояндаро пешгӯӣ кунем». Мо намедонем ва дониста ҳам наметавонем, ки кадом вазифаҳо дар ояндаи наздик ба ҷамъият пеш меоянд, дар ҳалли ин вазифаҳо ҷамъият кадом донишҳоро дар ихтиёр хоҳад дошт.

Моҳиятан ҳам, хирад ҳудудҳои иддаои худро дарёфт. «Нодонии олимона» (Николайи Кузанӣ) моро ба ғояҳои Суқрот (асри VI-V пеш аз милод) бармегардонад, ки нисбӣ будани донишҳои инсонро таъкид карда буд. Аммо иштибоҳнок будани дониш асоси ба релятивизм рӯй овардан шуда наметавонад. Боварӣ ба хирад, мувофиқи ҳукми Суқрот, шакли ҳаёт аст, чунки қарори худро зери шубҳа гузошта, онҳоро танқид намуда, мо бо ҳамин тарз ҳаёти худро маънидор мекунем.

Парадигмаи ғайриклассикӣ аз далели «назари Илоҳӣ» (Х.Патнэм), яъне аз далели беиштибоҳии дониш даст кашида, донишҳои иҷтимоиро аз нав таҷдид месозад. Пешниҳод мешавад, ки аз баъзе ҳадафҳои дигаргунсозиҳои ҷамъиятӣ даст кашида шавад, мувофиқ наомадани ният бо натиҷаи фаъолият, вобастагии равандҳои иҷтимоӣ аз ҳодисоти тасодуфӣ, мавҷуд набудани тарзҳои универсиалии эътино ба талаботҳои иҷтимоӣ эътироф карда шаванд. Донишҳои иҷтимоӣ дар чунин шароит парадигмаи нави маърифатиро ба миён меоваранд: табдил додани масъалаи маърифати қонунҳои инкишофи ҷамъият ба вазифаи фароҳамоварии шароити иртиботи ақлониятӣ. Муроҷиат ба иртиботи ақлониятӣ пешниҳод менамояд, ки боварӣ ба хирад нигоҳ дошта шавад, чунки вай ба умедвориҳои мо қувват мебахшад, ба душворию ноадолатиҳо ва ноумедиҳо зид меистад. Дар доираи чунин парадигма илмҳои ҷамъиятшносӣ лоиҳаҳои дарозмуддати тағйиротҳои ҷамъиятиро пешгӯӣ карда наметавонанд ва чун натиҷа, ба иштироки бевосита дар дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ, ки барои амалигардонии ин лоиҳаҳо нигаронида шудаанд, даъво карда наметавонанд. Илмҳои иҷтимоӣ ба дарки он расиданд, ки пешгӯиҳои аниқ пешниҳод кардан номумкин аст. Чунки ҳеҷ нафаре наметавонад пешгӯӣ кунад, ки маҳз кадом натиҷаҳои беғаразонаи иҷтимоӣ аз амалҳои мақсадноки фардии сабабҳои гуногундошта, махсусан дар шароити ноустувори арзишмандшавӣ, ҳосил хоҳад шуд. Иқтисодшиноси австро-англис Ф.Хайек (1899-1992) менависад, ки «танҳо дар он сатҳе, ки дар он навъи муайяни тартибот ҳамчун натиҷаи воқеии рафторҳои алоҳида намудор мегардад, ҷиҳати ғайричашмдоштии он масъалаи шарҳдиҳии назариявӣ мешавад». Донишҳои назариявӣ ҳамчун тафсири амалҳои интихоби қарорҳои муносиб дар шароитҳои номуайянӣ, зуҳур меёбанд.

Маҳдуд будани имкониятҳои назариявии илмҳои иҷтимоӣ онҳоро аз имконияти иштирок доштан дар санҷиши барномаҳои иҷтимоӣ боздошт нахоҳад кард. Онҳо қудрати маърифатии худро дар ҳалли масоили мубрамтарини ҳаёту фаъолияти ҷамъият метавонанд истифода баранд: муайян кардани он, ки дар шароити мавҷуда кадом амалро анҷом додан заруртар аст; иштирок дар барпо кардани сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ояндаи наздик, ки бо масъалаҳои иҷтимоии таъҷилан ҳалталаб алоқамандӣ доранд. Инҳо масъалаҳои камбизоатӣ, тандурустӣ, маориф ва ғайра мебошанд. Гузашта аз ин, ҳал кардани ин масъалаҳо водор мекунад, ки кӯшишҳои илмҳои иҷтимоӣ барои дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ дар амали иртиботӣ равона карда шаванд. Иштироки илмҳои иҷтимоӣ дар ҳалли масъалаҳои кӯтоҳмуддати иҷтимоӣ ниҳодишавии онҳоро асоснок менамояд. Илмҳои иҷтимоӣ бояд масъулияти ақлониятро намоиш дода, бо далел нишон диҳанд, ки эътиқод ба пешрафти беҳудуди иқтисодӣ ва ба накӯкории ниҳодҳои демократӣ асосе надорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо бояд аз иқтисоди бозоргонӣ ва ниҳодҳои демократӣ даст кашем. Онҳо ҳамчун «лоиҳа»-и якҷоя амалигардонидашуда, натиҷаи ғайричашмдошти кӯшишҳои мо барои ҳаёти накeаҳволона мебошанд.

Аз ҷониби некдиди иҷтимоӣ дарк карда шудани ҳудудҳояш ин то дараҷае натиҷаи муносибати танқидии хирад ба салоҳияти худаш буд. «Хирадгароии асил, – менависад Карл Поппер, – дарк кардани он шароитеро пешниҳод мекунад, ки барои ақл на онқадар дастрас буда, исбот на ҳамеша масъаларо ҳал мекунад…». Ин равишҳои назариявӣ на танҳо ҳудудҳои гносеологии илмҳои иҷтимоиро муайян мекунанд, инчунин ҳудудҳои дахолат кардани онҳо ба дигаргунсозиҳои иҷтимоиро муайян месозанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *