Ҳудудҳои салоҳияти муҳандисияи иҷтимоӣ (лоиҳасозии иҷтимоӣ): мавқеи идеологияи либерализм

Идеологияи либерализм дар шароити ҳозира тарзи нигариш ба дигаргунсозиҳои иҷтимоиро муайян намуда, ҳам ба илмҳои иҷтимоӣ, ҳам ба амалияи ҷамъиятии кишварҳои Аврупои ғарбӣ ва ИМА таъсири калон мерасонад. Дар боло мо дида гузаштем, ки либерализми асри ХIХ ҳамчун идеологияи некдиди иҷтимоӣ муносибати худро ба пешгӯиҳои ояндаи дур куллан тағйир дод: дар асри ХХ ва ибтидои асри ҶҶI вай дигар бо пайғамбарӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ машғул нашуд.

Либерализми иқтисодӣ назариёти худро дар асоси фардгароии методологӣ барпо намудааст: «Синфҳо, ҷомеа вуҷуд надорад, танҳо фардҳо вуҷуд доранд» (Ф.Хайек). Равандҳои иҷтимоӣ ва арзишҳои ҷамъиятӣ дар доираи робитаҳои мутақобилаи фардҳо, ки сабабҳои асосии рафторашон ин рағбат ба тиҷорату мубодила мебошад, ҳосил мешаванд. Ин рағбат а) дар шакли рафтори оқилона амалӣ гардонида мешаванд ва б) танҳо бо манфиати худпарастӣ, ки арзиши муҳимтарини ҳар кадом сохти ҷамъиятии бо моликияти хусусию муносибатҳои бозоргонӣ асосёфта мебошад, дастгирӣ меёбад. Вале чӣ хел дар натиҷаи робитаҳои мутақобилаи фардҳо, ки манфиатҳои худпарастиро пеша намудаанд, ташаккулёбии арзишҳои коллективона сурат мегирад? Ин масъалаи бунёдӣ аз ҷониби либерализми иқтисодӣ тавассути назариёти манфиатҳои худпарастӣ ҳал карда мешавад. Ҳар як фард, мувофиқи ақидаи яке аз поягузорони либерализм А.Смит (1723-1790), «танҳо фоидаи худро таъқиб мекунад, …дасти ноаён ба сӯи мақсаде раҳсипор менамояд, ки тамоман дар нияташ набуд… Аз паси манфиатҳои худ шуда, вай аксаран бо тарзи амалӣ ба манфиатҳои ҷомеа хизмат мерасонад, назар ба он, ки бошуурона ин корро кардан мехост». Яъне арзишҳои коллективона натиҷаи беғаразонаю ғайриихтиёрии раванди таъсири мутақобилаи байни фардҳои манфиатҳои худпарастидошта мебошанд. «…Хориқаҳои иҷтимоӣ, – менависад К.Менгер, – ҳамчун натиҷаи ғайриихтиёронаи кӯшишҳои фардӣ (манфиатҳои фардиро домангирбуда) аст, бе ягон иродаи умум, ки ба пайдоиши он нигаронида шуда бошад». Ғояи худтавлидкунии худ ба худ рӯйдиҳандаи тартиботи иҷтимоӣ муносибати либерализми иқтисодиро ба масъалаи нақши дониш дар ҳаёти ҷамъиятӣ муайян менамояд: пешгӯии назариявии оянда номумкин аст; вобастагии вазифавиро дар мафҳумҳои вобастагии сабабӣ тафсир кардан мумкин нест. Алоқаи иҷтимоиёт бо рафтори фардҳо ба сифати стандарти куллии шарҳдиҳӣ қабул карда мешавад, ки бо ёрии донишҳои назариявӣ муайян кардани ҳадафҳои умумиро, ки бо равандҳои воқеии дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ пайвастагии таҷрибавӣ дорад, номумкин мегардонад. Аниқ муайян кардани чунин ҳадаф номумкин аст, зеро ҳаракат ба самти он бо тағйирёбандаҳои сершумор, ки ба манфиатҳои худпарастии фардҳо хос аст, саҳеҳ мешавад. Одамон хоҳони ояндаи нек мебошанд, аммо нафаре муайян карда наметавонад, ки он чигуна бояд бошад. Аз нуқтаи назари либерализми иқтисодӣ иҷтимоишавии меъёрҳои ниҳодӣ имконнопазир мегардад. Ҳамин тавр, либерализми иқтисодӣ алоқаи махсуси байни фардгароӣ, хирадгароӣ ва иҷтимоиётро маълум менамояд: арзишҳои коллективона ва тартиботи иҷтимоӣ натиҷаи ҳамтаъсирии фардҳои манфиатҳои худпарастидошта мебошанд.

Идеологияи либерализми сиёсиро анъанаҳое давом медиҳанд, ки масъалаҳои иҷтимоиро аз мавқеи ҷамъияти адолатпеша ҳаллу фасл менамоянд. Яке аз асосгузори чунин анъана файласуфи фаронсавӣ Жан Жак Руссо (1712-1778) буд. То давраи капитализм одоби муошират ба сифати стандартҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар дин, ки ҳокимияти сиёсии сулолаҳои монархиро қонунӣ эълон дошт, асоснокшавии худро меёфт. Капитализм ҷараёни аз дин озод шудани ҳаёти ҷамъиятиро тезонида, ҳуқуқи сулолаҳои монархиро, ки аз номи Худо иродаи худро ба дӯши раият бор мекарданд, ба зери шубҳа гузошт. Ин ҳуқуқ ба принсипҳои хирад вогузор гардид. Танҳо хирад метавонад ба накӯгардонии ҳаёти ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо арзишҳои гуманистӣ мусоидат намояд.

Ҳамин тавр, лоиҳаи Маорифпарварӣ бо эътиқодаш ба хиради дар ҳаёт тадбиқкунандаи стандартҳои гуманистӣ пайдо шуд. Вобаста ба ин, зарурати муайян кардани асосоҳои қонунисозандаи худи ҳокимияти сиёсӣ ба миён омад. Барои чӣ ҳокимияте, ки акнун монархӣ нест, ба мисли пештара ҳуқуқи қонунгузорӣ ва талаби иҷрои онҳоро дорад? Дар баррасиҳои Жан Жак Руссо шароите тасвир мегардад, ки дар он гурӯҳи одамон худашонро давлат номида, метавонанд ин ҳуқуқро соҳиб шаванд. Жан Жак Руссо мустақилияти шахси оқилона амалкунандаро ҳамчун арзиши асосии ҷамъият ба инобат гирифта, дучори гӯё масъалаи ҳалнашаванда гардид: чӣ хел қонунӣ будани итоати фард ба талаботҳои давлатро бо озодии фард ҳамҷоя кард, дар он шароите, ки «ҳар нафар ба ҳамагон якҷоя шуда, вале танҳо ба худ итоат мекунад ва дар ҳамон сатҳи пештара озод мемонад»? Ин мушкилотро Жан Жак Руссо бо тарзи зерин бартараф менамояд. Аъзоёни ҷамъият бо ҳамдигар аҳдномаи ҷамъиятӣ мебанданд (ихтиёрӣ, ризоияти якдилона байни ҳамаи аъзоёни ҷамъият бо мақсади иттиҳодгардӣ дар ҷамоати сиёсӣ), коллективона ҳукуматро интихоб мекунанд ва ба қонунҳои ирсолкардаи он итоат мекунанд. Аҳдномаи нав дар назар дошт, ки нафари ба қонун итоаткунанда дар як вақт қонунгузор аст. Ҳамин хел, ҳар як аъзои ҷамъият баранда (субъкт)-и ҳокимияти олӣ мешавад ва аҳдномаи ҷамъиятӣ бошад, ниҳоди иҷтимоии баёнкунандаи соҳибихтиёрии халқ мегардад. Асоси қонунӣ будани ҳокимиятро соҳибихтиёрии халқ, раъйбаёнкунии озоди аъзоёни ҷамъият ташкил медиҳад. Дарки он, ки ҷамъият на ҳамеша нисбати лоиҳаҳои иҷтимоӣ ҳамраъй аст, Жан Жак Руссоро бо чанд масъала дучор кард: чӣ тавр қарор қабул карда шавад, агар мухолифат пайдо шавад; чӣ хел озодии аққалият дифоъ карда мешавад, агар қарор дар асоси раъйи аксарият қабул гардад. Пешниҳоди ҳалли ин масъалаҳо аз ҷониби Жан Жак Руссо шаҳодат медиҳад, ки назариёти ӯ на танҳо бедалел аст, илова бар ин, аз масъалаҳои ҳалнашавандаи фалсафаи сиёсат аст. Мувофиқи ақидаи Жан Жак Руссо қонунӣ будани итоат ба раъйи ҷамъият имконпазир аст, дар ҳолате, ки агар ҷамъият ба нафъи умум кӯшад. Накӯхоҳии омма ҳадафҳои ниҳоӣ надорад. Бинобар ин, диққати давлат ба ҳалли лоиҳаҳои миёнамӯҳлат, ки дар раъйи умум баён гардида, озодии фардро кафолат медиҳанд, равона карда мешавад. Ҳамин тавр, озодии фард арзиши ниҳоии ҷамъиятӣ мегардад, ки бо воситаи он қонунӣ будани ҳокимияти сиёсӣ таъмин карда мешавад.

Чуноне, ки дар боло дида баромадем, дар либерализм ду ақидаи гуногун доир ба фаҳмиши ҷамъият ташаккул ёфтанд. Либерализми иқтисодии А.Смит парадигмаҳои таҳаввулотро асос намуда, изҳор менамуд, ки тартиботи иҷтимоӣ натиҷаи ғайринақшавӣ, ғайричашмдошти рафтори фардҳои манфиатҳои худпарастидошта мебошад. Намояндагони либерализми сиёсӣ (Ж.Ж.Руссо, Волтер ва дигарон) ғояҳое ба вуҷуд оварданд, ки мувофиқи онҳо дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ дар асоси лоиҳаҳои аз ҷониби одамон коркардшуда бояд амалӣ карда шаванд. Ин ғояҳо баъдтар дар сотсиологияи классикӣ (Карл Маркс, Огюст Конт, Эмил Дюркгейм ва дигарон) инкишоф дода шудаанд.

Таҷрибаи воқеии дигаргунсозиҳои ҷамъиятӣ дар мамлакатҳои демократӣ аз ҳамдигарнопазирӣ ва зидмавқеии ин нуқтаи назарҳо шаҳодат медиҳад. Нимаи дуюми асри ХХ давраи авҷи болоравии либерализми иқтисодӣ буд. Он дар намуди нави худ ҳамчун идеологияи неолиберализм тамоми фазои иҷтимоиро мутеъ гардонид. Тарзи тафаккури бозоргонӣ дар ҷамъият афзалият дошт: моделҳои рафтори иқтисодӣ ба сифати стандартҳои универсиалии иҷтимоӣ эълон карда шуда, фоидаи шахсӣ (ҳамчун барангезандаи рафтори оқилона) ба сифати арзиши ягонаи иҷтимоӣ баррасӣ карда мешавад, ки он мутаносибияти такрористеҳсоли ҷамъиятӣ, нигоҳдории тартибот ва таҳкимёбии ҷамъиятро таъмин менамояд. Мутаносибият дар истилоҳҳои самаранокӣ ҳисоб карда шуда, ба миқдори талаботҳои қонеъгардидаи фардӣ нисбат дода мешуд, арзишҳо ба соҳаи афзалдонии шахсӣ вогузор карда мешуданд, ки бо ғояҳои либерализми сиёсӣ мувофиқат карда наметавонист. Ин дар ҳолате, ки ҳарду ҷараён дар эътирофи арзишҳои умумӣ, аз қабили озодии сухан ва матбуот, ақидаи ягона доштанд. Аммо, чуноне, ки Ф.Хайек қоил мешавад, «мафҳумҳои асосӣ – озодӣ, баробарӣ – комилан гуногун фаҳмида мешуданд».

Самти неолибералӣ гирифтани илмҳои иҷтимоӣ иловатан ба мӯътақидие сурат мегирифт, ки мавҷуд будани салоҳияти донишҳои илмиро дар соҳаи иҷтимоиёт эътироф мекард (дар ин бора мо дар боло қисман гуфта будем). Дар ин бобат Ф.Хайек чунин навиштааст: «Амал кардан дар такя ба он эътиқод, ки мо донишҳои қавъӣ дорем (баростӣ мо ин хел дониш надорем) ва қобилияти ташкилкунии равандҳоро дар ҷамъият дорем, ки мувофиқи ниятҳои мо аст – маънои онро дорад (ба ҳар сурат), ки моро ба беш аз беш зарари бузург расонидан водор созад». Ниятҳои нек бо «хориқаи мураккабияти ташкилкардашуда»-и равандҳои ҷамъиятӣ, яъне бо натиҷаҳои ғайричашмдошти амалҳои мақсадноки одамони сершумор дучор шуда, ба утопия (ормон)-и иҷтимоӣ табдил меёбад. Намунаи чунин утопия мавқеи пешакардаи иқтисодшиноси америкоӣ, барандаи ҷоизаи нобелӣ Г.Беккер (таваллудаш соли 1930) мебошад, ки иброз дошт: «баррасисозиҳои иқтисодӣ аз рӯи қудраташ беҳамто аст, чунки вай метавонад шаклҳои гуногунранги рафтори инсониро ҳамҷоя созад». Аммо ин мӯътақидии Г.Беккер нисбати беҳамтоиву беназирии рафтори иқтисодӣ, мутаассифона, дар таҷриба исбот намешавад.

Нисбат ба нуқтаи назари Г.Беккер дар ин масъала Бюкенен мавқеи муқобилро ишғол мекунад: «аз бозор талаб кардани ба вуҷуд овардани афзалиятшиносии ахлоқан қонеъгардида маънои онро медошт, ки дар назди он вазифаи ношоиста гузошта бошанд». Зиёда аз ин, дар шароити капитализм бозор модели математикии мутаносубии хароҷоти интиҳоӣ ва фоидаи интиҳоиро «такрор намекунад», баръакс ба ҷои таносуб вай нооромии иҷтимоиро ба вуҷуд меоварад, ки дахолати берунаро талаб мекунад. Худтанзимкунии бозор, дар ҳадди аққал, ниҳодҳои ҷудогона будани соҳаҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҳаёти ҷамъиятиро дар мадди назар дорад. Ғояи неолибералии маҳдуд сохтани нақши давлат дар идораи равандҳои иҷтимоӣ стратегияи иҷтимоии баланд бардоштани накeаҳволии ҳамагон шуда натавонист. Вай тамоюлеро ба миён овард, ки ноадолатиро на танҳо дар соҳаи даромади моддӣ, инчунин дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ (маориф, тандурустӣ ва ғайра) афзуд. Давлат ҳамчун ниҳоди иҷтимоии идораи дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ҳамаи имкониятҳои худро то охир сарф накардааст. Даъвоҳои неолиберализм ба универсиалӣ будани модели рафтори иқтисодиаш барзиёдатӣ буданашонро нишон доданд. Дар ин бобат Карл Поппер қайд мекунад, ки «принсипи бедахолатии давлат ба иқтисодиёт – принсипи асосёбии қонунгузории низоми иқтисодии капитализм бояд бартараф карда шавад». Ҳамаи мушкилот дар он аст, ки тарзҳо ва ҳудудҳои дахолати давлат ба иқтисодиётро муайян карда шаванд. Карл Поппер ба мавҷудияти ду тарзи идораи давлатии равандҳои иҷтимоӣ ишора намудааст: ниҳодӣ ва бевосита. Идораи ниҳодӣ ба ниҳодҳои демократӣ такя мекунад. Қарорҳои сиёсии бо роҳи демократӣ қабулгардида имкон фароҳам месозанд, ки бо харҷи камтарин дар шароитҳои махсуси замону макон донишҳо ҷамъоварӣ карда шаванд. Роҳу амалҳои демократӣ интихоби беҳтаринро кафолат намедиҳанд, аммо моро аз қабули қарорҳои ношоиста нигоҳ медоранд. Тарзи бевоситаи идораи давлатии равандҳои ҷамъиятӣ механизмҳои ниҳодиро истифода намебарад, балки дастгоҳи давлатӣ-амалдориро ба кор мебарад, ки мансабдоронро ба соҳибилм будани худ ва қобилиятнок буданашон дар илмӣ пеш бурда тавонистани банақшагирию идора мӯътақид месозад. Тарзи бевоситаи идораи давлатӣ чандин камбудиҳоро ба миён меоварад. Яке аз онҳо, мувофиқи ақидаи файласуф ва психологи америкоӣ Ҷон Дюи (1859-1952), дар он аст, ки амалдорон истифода аз ҳокимиятро «ҳамчун кори шахсии худ мешуморанд. Дар ин ҳолат дар корҳои идоракунӣ ришвахӯрӣ ва худсарӣ зуҳур мекунад».

Ҳамин тариқ, на бозор ва на ниҳодҳои демократӣ наметавонанд, ки ба марказонидани донишҳои иҷтимоӣ дар ҳолатҳои махсуси замонию маконӣ мусоидат кунанд. Барои амалигардонии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳатто дар вазъияти «инҷо ва ҳоло», назорати ҷамъиятӣ зарур аст, ки метавонад дар ҷомеаи шаҳрвандӣ арзи вуҷуд дошта бошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ арзишҳои фардиро бо иродаи коллективонаи воқеии иҷтимоӣ ниҳодӣ мегардонад, онҳоро дар истилоҳҳои баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ баррасӣ менамояд. Танҳо таҷрибаи рӯзмарравӣ, ки бо истифодаи принсипҳои демократии идоракунӣ ва бозор тарзи беҳтари ҳалли масъалаҳои мубрамро нишон медиҳад, метавонад ҷомеаи шаҳрвандиро созмон диҳад. Ҳамаи шахсиятҳоро ба як хел фикр кардан, хоҳиш доштан ва баҳогузорӣ кардан маҷбур намудан имконнопазир аст. Эҳсоси ҳамбастагӣ дар оламе, ки ақлоният мақоми воло дорад, ин пеш аз ҳама дарки мансубият ба «кори умум» аст, ки дар доираи он ҳар нафар ҳадафҳои фардии хешро амалӣ мегардонад. Табиист, ки ин тарзи ҳамкорӣ ҳисси масъулияти иҷтимоии фардҳоро ташаккул медиҳад. Мо ба натиҷабахшии ҳамкориамон масъул ҳастем ва ин шароитҳоро ҳеҷ кас ба мо ҳадя намекунад, мо худамон онҳоро дар ҳаёти рӯзмарраи худ ба вуҷуд меоварем. «Демократия, – менависад Карл Поппер, – худ аз худ шаҳрвандонро бо тамоми неъматҳо баҳраманд намесозад, инро аз вай набояд умедвор шуд». Вай ба моён барои амалӣ намудани ҳадафҳои мубрамтарин имконият фароҳам меоварад. Ниҳодҳои демократӣ метавонанд арзишҳои коллективонаи дар ҷараёни ҳамтаъсирию муҳити рақобати иҷтимоӣ ташаккулёфтаи шаҳрвандони озодро танҳо риоя ва дастгирӣ намоянд. Арзишҳои озодӣ, бошарафӣ, эҳтироми моликияти хусусӣ ва ғайра ченаки иҷтимоӣ гардида, таҷрибаи коллективонаи онҳоро барои ҳама ва ҳар нафар муфид месозад.

Илмҳои иҷтимоӣ дар қаринаи неолиберализм ба пешгӯии ояндаи дури соҳаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ даъво надоранд. «…Стратегияи сиёсӣ ва пешниҳодот доир ба амалӣ кардани ин ё он чорабиниҳои иҷтимоиро бояд ҳамчун фарзияи корӣ баррасӣ карда шавад, на ҳамчун барномаҳое, ки ҳатман риоя карда шуда, бечунучаро амалӣ сохта шаванд», – менависад Ҷон Дюи. Аммо стандартҳои илмият дар илмҳои иҷтимоӣ чунон аст, ки онҳо на танҳо ҳудудҳои коршоямии амалии ин илмҳоро муайян месозад, инчунин иштироки онҳоро дар санҷишҳои барномаҳои иҷтимоӣ зарур мегардонад. Донишҳои иҷтимоӣ мумкин аст, ки воситаи танқиди ниҳодҳои ҳокимият бошанд, инчунин ниҳодҳои иҷтимоиро «таъмири ҷӯзъӣ» (Карл Поппер) намуда, бо ҳамин ба баландшавии самаранокии иҷтимоии онҳо мусоидат кунанд. Таҷрибаи давлатҳои демократӣ шаҳодат медиҳад, ки чунин стратегияи иштироки илмҳои иҷтимоӣ дар дигаргунсозиҳои ҷамъиятӣ қобили қабул ва натиҷабахш мебошад.

Имкониятҳои назариявии донишҳои илмӣ ҳудудҳои салоҳияти «муҳандисияи иҷтимоӣ» (дахолати илм ва ҳокимият ба ҷараёни ислоҳсозии меъёрҳои ниҳодӣ)-ро, ки метавонад танҳо мушаххасу мавзеъӣ бошад ва тарафҳои алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятро муназзам гардонад, муайян мекунанд. Инҳо метавонанд барномаҳое бошанд, ки ба масъалаҳои тандурустӣ, маориф, бехатарӣ, бекорӣ, тафриқаандозии динию нажодӣ ва ғайра дахл дошта бошанд. Фалсафа, ки ба маърифати принсипҳои умумии ҳар кадом шакли ҳастӣ, аз ҷумла ба маърифати ҳастии иҷтимоӣ даъво дорад, аз ҷониби идеологияҳои неолиберализм дархост карда намешавад. Чуноне, ки Ҷон Дюи қайд мекунад, «образи мутахассис, коршиноси идоракунӣ» соҳиби эътирофи умум гардид. Ҳукми ҳайати коршиносон (экспертҳо) нисбати идораи давлатӣ бояд дар зери назорати ниҳодҳои демократӣ бошад ва танқиди онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир бошад. Дар ҷараёни мубодилаи афкори умум барномаҳои иҷтимоӣ воқеан мазмуни иҷтимоӣ мегиранд. Дар ҳолати бесамара будани фаъолияти ниҳодҳои демократӣ ҳукмҳои коршиносон хосияти холисонанигории худро гум карда, воситаи ифодаёбии манфиатҳои гурӯҳӣ мегардад. Он гоҳ, коршиносон манфиатҳои амалдорони давлатӣ ва соҳибкории калонро дастгирӣ намуда, биниши масъалаҳои иҷтимоиро бо ғубори манфиатҳои гурӯҳӣ маҳдуд мекунанд. Таназзули ниҳоди баҳодиҳии коршиносон стратегияҳои сиёсиро ба изҳороти барномавӣ табдил медиҳад. Вобаста ба ин Карл Поппер қайд мекунад: «холист (пайрави холизм)-и бо банақшагирӣ машғулбуда пайбурда наметавонад, ки ҳокимиятро муттамарказонидан осон аст, аммо донишҳои дар ақлҳои сершумор парокандашударо, ки барои хирадмандона саришта кардани ҳокимияти муттамарказ марказонидан зарур аст, марказонидан номумкин аст». Моҳияти шакли демократии идоракунӣ на дар он ифода меёбад, ки беҳтарин ходимони давлатӣ интихоб карда шаванд (ба ин мақсад дар аксар ҳолатҳо ноил шудан имкон надорад), балки дар он ифода меёбад, ки вай ба ҳокимият барои иҷрои кадом амалҳо ваколат медиҳад.

Ниҳодҳои демократӣ ва бозор маҳсули инкишофи таърихии ҷамъият мебошанд. Онҳо ҳамеша дар зери санҷиши замона қарор доранд. Дар кадом самт давом кардани таҳаввули онҳо аз талаби замонаи мо, аз паст кардани нерӯи харобиовари онҳо аз ҷониби ҷамъият вобаста мебошад. Илмҳои иҷтимоӣ, мувофиқи идеологияи неолибериалистӣ, суратгирии аниқи дигаргунсозиҳои иҷтимоиро пешниҳод карда наметавонанд. Онҳо танҳо воситае буда метавонанд, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ «инҷо ва ҳоло» аз рӯи имконият ёрӣ расонанд.

test

Добавить комментарий