Маорифи инсониятпарварона

Пайдоиши низомҳои педагогӣ дар чорчӯбаи равияи дуюм – ғайриклассикӣ дар маориф, (ки ба инкишофи шахсӣ ва эҷодӣ нигаронида шудааст), пеш аз ҳама, бо зарурияти барқарору собит кардани ягонагии таълим ва тарбия вобаста аст. Ин масъала аз ҷониби ҷараёни маорифпарварии фаронсавӣ гузошта шуда буд, ки вай кӯшишу ибтикороти инқилобии истиқрори ҷомеаи нави озод аз ихтилофоти хоси асрҳои миёнаро, ки равандҳои интиқолоти тағйирӣ рамзҳои иҷтимоиро аксаран аз ҳудуди инсонандозагӣ берун мебароварданд, дошт. Ғояи интиқолоти тағйирии мақсадноки рамзҳои иҷтимоӣ, ки татбиқи он бевосита ба фаҳмиши инсонандозагӣ марбут аст, пайдо мешавад.

Жан Жак Руссо (Фаронса, миёнаи асри ҶVIII( дар коркарду таҳияи маорифи нав комёбиҳои бузургтаринро ба даст овард, ки ӯ аз масъалаи шаҳрванди аз маҳдудиятҳои иҷтимоӣ-мақомӣ озод, дар ҷомеа ҳаёти худро мустақилона барпокунанда ва кӯшиши ҷомеаро мутобиқи манфиатҳои худ ва умум созанда (ғояи шартномаи ҷамъиятӣ) бармеомад. Руссо таҷрибаи исёну ошӯбҳоро ба асос гирифта, мантиқан ҳама гуна муқобилияти инсон (ва шогирд)-ро вокуниши табиӣ ва маҷбуркунонӣ, ки аломати асосии маҳрумияти инсон аз озодӣ аст, меҳисобид. Ӯ нахустин бор гуноҳро барои таълиму тарбияи номуваффақона бевосита на ба шогирдон, (ки анъанаи педагогӣ буд ва то ҳол ҳаст), балки ба омӯзгорони беқобилият бор мекард. Инчунин ӯ аввалин шуда, ғояи зарурияти ташкили низоми маорифи аз ҳеҷ кадом навъи маҷбуриятсозӣ истифода набарандаро баён намуд. Чунки иҷборсозиро монеаи асосӣ барои шогирд дар роҳи бадастоварии комёбиҳо дар инкишофи худ мешуморид. Ҳатто барои ислоҳи саркашҳо ва нофармонбардорон Руссо пешниҳод мекард, ки на ҷазодиҳӣ, балки дучоркунии шогирд бо оқибатҳои ҳам мусбату ҳам манфии амалиёташ истифода бурда шавад. Мақсад аз он иборат буд, ки шогирд худаш рафтори дурустро интихоб кунад. Зимни чунин низом омӯзгор барои шогирд намуна мешавад, зеро ба шогирд дар таҳсил кӯмаки воқеӣ мерасонад ва бо ҳамин зина ба зина боварии комили ӯро (дар асоси созиш ва гузашткунӣ) – асоси ҳақиқии таълиму тарбияи ояндаро ба даст меоварад. Аммо, ба ақидаи Руссо, чунин низом бояд танҳо дар реҷаи фардӣ истифода гардад ва наметавонад асоси мактаби оммавӣ, яъне халқӣ шавад (ин низомро бо ҳамин сабаб Клод Анри Гелветсий танқид карда буд).

Падидаҳои инқилобии асри ҶVIII – ибтидои ҶIҶ дар Аврупо ва фаъолияти маорифпарварон тадқиқоти фалсафии инкишофро умуман ва инкишофи шуурро қисман таҳким бахшиданд. Дар асарҳои И.Кант, И.Г.Фихте, Ф.В.Й.Шеллинг, Г.В.Ф.Гегел, К.Маркс гуфта мешавад, ки шуури инсон худро мукаммалан танҳо дар фаъолият ҳувайдо месозад; инкишофи инсон, бо тафовут аз инкишофи табиат, бе муносибати бошуурона ва фаъолияти худ, бе дарки зарурияти тағйирдиҳии он (махсусан дар ҳолатҳои нобарорӣ), бе кӯшишҳои иродавию зеҳнӣ имконнопазир аст. Инкишофи шуур дар реҷаи худвасеъшавӣ, бо фарогирии ҳаҷми зиёди арзишҳои фарҳангӣ (алалхусус шаклҳои муоширати инсонӣ), на аз ҳисоби инкори онҳо ва душманӣ бо инсон сурат гирад.

Худи тасаввуроти инсон роҷеъ ба ашё бояд аз лиҳози ғанигардонии бутунияти онҳо инкишоф ёбанд. Бинобар ин, моҳияти инкишоф умуман ва аз ҷумла шуури инсон дар ҳаракати номаҳдуд ба сӯи яклухтии ҳамафарогири ҳастӣ (на дар ҷудогонагии он) мебошад. Майли бошууронаи инсон ба ин самт, боварӣ ба тобиши маъноии он, ҳамин аст ошкорсозии маънавиятнокии худ. Ин ғояҳо оид ба асосҳои инсонандозагии интиқолоти тағйирдиҳии рамзҳои иҷтимоӣ масъала ба миён гузошта, ба афкори педагогии Аврупо таъсири бузург расонданд.

Педагоги маъруфи швейтсарӣ Иоганн Генрих Песталотсси (охири асри ҶVIII) ҳаминро ба назар мегирифт. Ӯ ғояи Руссоро роҷеъ ба усули зина ба зинагии таълиму тарбия то ғояи мутобиқати марҳалаҳои инкишофи шуури шогирд ва марҳалаҳои таълимро ҷонибдорӣ намуда, ба дараҷаи камолот расонид; вай инро принсипи табиатшабеҳӣ меномид ва ҳамаи нобаробариҳоро дар таълим бо сабаби фасодшавии ин принсип мефаҳмонд: ба шогирд омӯзондани малакаҳои бештаран мураккаб мумкин нест, агар вай малакаҳои соддатарро наомӯхта бошад, (ғояи «маорифи муқаррарӣ»); ҳар касе ин корро мекунад, кӯдак, шогирд, инсонро маҳв месозад; ҳама гуна сабабҳое, ки чунин таҷрибаро ҳақ мебароранд, мунофиқона мебошанд ва бояд онҳо аз миён рафъ карда шаванд. Ҳар кӯдак аломатҳои қобилиятии таълими муваффақона дорад, вале аз муҳиту шароити бегона вобаста аст, ки онҳо ба қобилият табдил меёбанд ё не ва мактаб бояд барои ин инкишофи қобилиятҳои талабагон шароити мусоид фароҳам созад (ғояи «таълими инкишофёбанда»), барои ин бошад, донистани хусусиятҳои равонии (психологии) шогирдон, муттако ба саъю кӯшиши онҳо баҳри комёбӣ зарур аст.

Песталотссии ба муқобили таълими тангу маҳдуди касбӣ баромад, ки он яктарафа асту шогирдро ба машинаи ҷисман ва амалан инкишофнаёфтаи зеҳнӣ табдил медиҳад. Аммо ӯ донишҳоеро низ эътироф намекард, ки онҳоро шогирд дар амал истифода намебурд. Песталотсси вазифаи асосии маорифро дар омодасозии шогирдон барои ҳаёти мукаммал, ки на он қадар ба фаъолияти касбӣ вобастагӣ дорад, медонист. Бинобар ин, ӯ ба принсипи аёният дар таълим ҳамчун асоси универсалии тамоми маориф аҳамияти калон медод. Танҳо вазъиятҳои ҳаётан муҳим (на ҳамту масъалаҳои таълимӣ) барои азхудкунии қобилиятҳои зеҳнии баҳри таҳлил ва ҳалли ҳама гуна масъалаи зарурӣ таваҷҷӯҳи хос медиҳанд, ки ин дар навбати худ, ба аҳамиятнокӣ ва арзишмандии донишҳо шогирдро бовар мекунонад. Низоми Песталотсси дар таърихи Аврупо (баъди Юнони Қадим) нахустин низоми педагогие шуд, ки таъмимро ба тарбия вобаста кунонд (дар Россия ғояҳои ӯро А.Н.Толстой, инчунин педагогҳои рус П.Ф.Лесгафт, П.Ф.Каптерев ҷонибдорӣ мекарданд).

Қадами муҳимтаринро дар муайянкунии мақоми умумифарҳангии маориф ва омезиши ҷадиди таълиму тарбия Фридрих Адолф Вилгелм Дистервег (Олмон, миёнаи асри ҶIҶ) ниҳодааст. Мафҳуми инсонандозагиро ӯ аз ҳисоби васеъ намудани принсипи табиатшабеҳии Песталотсси то принсипи фарҳангшабеҳӣ инкишоф дода ва ғанӣ гардонд. Аввал ғояҳои Гегелро ба асос гирифта, ӯ принсипи табиатшабеҳиро ба таълили касбӣ-фаннӣ шомил кард: усули таҳияи фанни таълимӣ бояд, аз як тараф, ба марҳалаҳои табиии инкишофи шуури шогирд, аз тарафи дигар, ба марҳалаҳои инкишофи тасаввуроти илмӣ роҷеъ ба ин фан мутобиқат кунад, (ки ин ба ақидаҳои Гербарт мувофиқ аст); дуюм, ӯ ба шароити иҷтимоӣ ва фарҳангии татбиқи принсипи табиатшабеҳӣ, ки барои кишварҳо, халқҳо ва давраҳои гуногун мухталиф мебошанд, таваҷҷӯҳ мекард, дар ҳар ҳолат низоми махсус ҷой дорад. Бо ҳамин Дистервег дар назди педагогика ҳамчун илм масъалаи тадқиқи бунёдии раванди таълиму тарбияи инсонро, ҳам аз лиҳози шахсиятӣ, психофизиологӣ ва ҳам аз нуқтаи назари иҷтимоиву фарҳангӣ, гузошт. Ӯ аллакай шаклҳои табиии таваҷӯҳмандии таълимро, ки ба кунҷковӣ, хаёлот, рағбат ба бозӣ такя доранд, ба шаклҳои сунъӣ, ки бо ин ё он гуна ҳавасмандиҳо маҳдуд мекунанд, сареҳан муқобил гузошт ва худаш ба муайян намудани марҳалаҳои табиии пайдоиши қобилиятҳои шогирд (мушоҳидавӣ, фикрӣ, ахлоқӣ) бисёр корҳоро анҷом дод. Чунин муносибат дар талаба бевосита мустақилият ва худфаъолиятӣ – асосҳои худинкишофёбиро ҳавасманд мегардонад (ин боз як принсипест, ки Дистервег пешниҳод кардааст), ба инкишоф ва ташаккулёбии шахсиятии ӯ мусоидат менамояд. Ҳамин тавр, низоми маориф на танҳо ба манфиатҳои касбӣ ё иҷтимоӣ, балки ба манфиатҳои умумибашарӣ низ мутобиқ мешавад, муаллим бошад, худро набояд ҳокими шогирд, балки аз шогирд созондани инсонро (ки инсонандозагии худро мефаҳмад) эҳсос бикунад, дар ҳамин моҳияти муносибати башарпарварона ба педагогика ҳувайдо мегардад.

Ибтикороти собиту ҳалкунандаро дар ташаккули ин муносибат Мария Монтессори (Италия, охири асри ҶIҶ-миёнаи асри ҶҶ) ба вуқӯъ овард. Кори ӯ бо кӯдакони дорои нуқсони ақлӣ мӯҷиби эътироф ва инкишофи ғояҳои Песталотсси роҷеъ ба хусусияти назарраси шуури кӯдак (нисбати шуури калонсолон) ва зарурияти омӯзиши махсус гардид. Ба ақидаи М.Монтессори, инкишофи шуури кӯдак бештар ба равандҳои табиӣ-биологӣ вобаста аст, ки ҳама гуна дахолат ба онҳо ин инкишофро бозмедорад. Ин чунин маъно дорад, ки зимни таълим ба манфиатҳои шахсии шогирд, онҳоро инкор накарда, балки ба ҳадафҳои таълим мутаносибан пурра намуда, такя бояд кард ба ин, ки: 1) ин ҳадафҳо ба манфиатҳои ӯ мухолиф набошанд ва 2) онҳоро ба таври ғайрииҷборӣ васеъ кунанд. Зимнан муаллим дар худинкишофёбии кӯдак кӯмакрасон мешавад ва ба ин вазифаи ӯ ҳама усулҳо ва кораш оид ба мушоҳидаи шогирд бо мақсади ошкорсозии сифатҳои фардӣ ва муайянкунии самти ҳаракати шахсиаш дар рафти таълим бояд мутобиқат кунанд. Маҳз чунин муносибатро М.Монтессори асоси ташаккулёбии озодии ҳақиқӣ ва мустақилияти шогирд ва инсон меҳисобид. Ҳама гуна каҷравӣ аз он ба каҷравӣ аз меъёр (дар тафаккур ва рафтор) меорад, ки онҳоро баъдан рафъ кардан зарур меояд («ба меъёрдарорӣ»). Бинобар ин, предмети тадқиқ дар педагогика ҳамчун илм бояд фаъолияти табиии озодонаи кӯдак бошад, ки он аз ибтидо фаъолияти бозингарии ӯст ва дар он ба таври табииву тавозунӣ ҷанбаъҳои фаъолиятӣ, аломатӣ-зеҳнӣ ва шахсиятии инсонандозагӣ омезиш ёфтаанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.