Маориф дар асри 20

Инкишофи босуръату вусъатноки ҷомеаи сармоядорӣ, рақобати кишварҳои мутараққӣ барои дигаргунсозии ҷаҳон, бо ду ҷанги ҷаҳонӣ, ташаннуҷи масъалаҳои иҷтимоӣ ва тағйир додани афзалиятҳои иҷтимоӣ дар олам мӯҷиб гаштанд. Идеологикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, рӯҳияи душманона дар давраи «ҷанги сард» манфиатҳои сиёсикунонидашударо асоси мӯҳтавоии таълиму тарбия карданд, ки ин манфиатҳо равандҳои интиқолоти тағйирии рамзҳои иҷтимоиро ба худ тобеъ ва онҳоро аз инсонандозагии табиӣ маҳрум намуданд.

Масалан, дар ИҶШС (СССР) мактаби тоинқилобии касбӣ аз ҷониби «мактаби пролетарӣ», ки ба принсипи коллективизм (П.П.Блонский, В.Н.Сорока-Росинский, А.С.Макаренко) асос ёфта, мақсадаш тарбияи «бинокорони коммунизм» (модели шӯравии инсонандозагӣ) буд. Вале саноатикунонӣ ашхоси кордонро талаб мекард. Зарурат афтод то ба низоми Гербарт бозгашта шавад, ки он натиҷаҳои устувор ва эътимодбахш медод (беҳуда нест, ки мутахассисони дар мактаби шӯравӣ таълимгирифта то ҳол дар хориҷа арҷгузорӣ мешаванд). Аммо усули роҳбарии нақшавии ҳамагонӣ низоми маорифи шӯравиро ба бӯҳрон оварда расонд, масалан, «нақша оид ба муваффақият» сабаби «фоизгирифторӣ» ва идеологикунонии ҳамагонӣ боиси ҷамоатҳои «ғайрирасмӣ»-и ҷавонон гардид. Кӯшишҳои маориф «аз боло» (соли 1985) бо ёрии фармонҳо, инчунин оммавикунонии ҳаракати устодон-навовар масъалаҳои таҷдиди низоми маорифро, ки печидатару амиқтар гардонда буданд, ҳал карда натавонистанд; имрӯз педагогика  ва маориф дар Россия ва кишварҳои муштаракулманофеъ дар ҳолати ҷустуҷӯи идеали ҷадиди инсонандозагӣ қарор доранд.

Дар Америка низоми маориф, баръакс, ба таъсири пурзӯри ғояҳои хусусияти мухолифдошта дучор гашт. Он ҷо дар асоси идеалҳои «ҷомеаи озод» солҳои 60-ум ба истилоҳ таҳсили озодона ҷорӣ карда шуд, ки талабагон худашон метавонистанд на танҳо фанҳо, балки тарзҳои таълимро интихоб кунанд. Ин ба касодшавии мактаби классикӣ, маориф ва ҳамчун натиҷа, ба коҳиши шадиди ахлоқ дар муҳити ҷавонон, афзоиши ҷинояткории онҳо, бемаънавиятӣ ва ғайра оварда расонд. Аз миён рафтани назорат бар равандҳои интиқолоти тағйирии рамзҳои иҷтимоӣ ҷой дошт; дар натиҷа инсонандозагӣ то дараҷаи исмӣ-шахсиятӣ поён фароварда шуд, ки бисёр субфарҳангҳо, (масалан, хиппи, яппи, панки ва ғ.)-ро ба вуҷуд овард. Оқибат хатари харобшавии фарҳанг дарк карда шуд ва бозгашт ба анъанаву суннатҳои классикӣ ногузир гашт.

Дар Аврупо дар шароити ҷанг ва харобиҳои баъдиҷангӣ талаботи сахт ба арзишҳои маънавӣ-башарпарварӣ пайдо шуд, ки он дар педагогика равияҳои навро тавлид кард. Ин ҷо дар фаҳмиши инсонандозағии интиқолоти тағйирии рамзҳои иҷтимоӣ ба ҷои аввал сабабҳои башарпарварӣ (табиатшабеҳ ва фарҳангшабеҳ) баромаданд. Масалан, таҷрибаи нодири Януш Корчак (Генрик Голдшмидт) шӯҳрат пайдо кард, ки ӯ дар шароити ғасби Лаҳистон аз ҷониби олмониҳо «Хонаи наврасон» барои бепарастонро, ки худ таъсис дода буд, идора менамуд. Я.Корчак ҳамроҳи онҳо дар конслагер ҳалок гашт. Принсипҳои педагогии ӯ аз муқаррароти оддӣ – муносибати нек бо наврасон дар ҳама ҳолат бармеомаданд ва асарҳои сершумори ӯ, ки оламро аз нигоҳ ва мавқеи наврас тасвир мекунанд, (масалан, «Шоҳ Матиуши Якум»), саҳми пурарзише дар фарҳанги педагогӣ ва умумиинсонӣ, фаҳмиши инсонандозагӣ мебошанд, (пайравони ӯ дар Россия – В.А.Сухомлинский, Ш.А.Амонашвили) буданд.

Низоми педагогӣ, ки маънавиётро дар инсон ҳамчун асоси ҳамагонии инсонандозагӣ инкишоф додан мехоҳад, Рудолф Штайнер (Олмон, охири асри ҶIҶ – ибтидои асри ҶҶ), муассиси «педагогикаи валдорфӣ», ташаккул дод. Ӯ зимнан маънавиётро ба диндорӣ мутааллиқ намедонист, балки онро хеле васеъ, ба маънои фалсафӣ-эзотерӣ (махфӣ, пӯшида) (муттако ба фалсафаи И.Кант, Г.Ф.В.Гегел ва ғ.) ҳамчун қобилияти инсон оид ба дарк кардани мавҷудият ва фаъолияти худ на ҳамту аз лиҳози фардӣ ва иҷтимоӣ, балки инчунин ҳам дар вусъати глобалӣ ва ҳам дар вусъати кайҳонӣ мефаҳмид. Р.Штайнер (монанди Л.Толстой) чунин меҳисобид, ки маҳз маънавият асоси муҳимтарини камолоти инсон, пас ҳамаи ҷомеа ва ҳамаи тамаддун мебошад. Моҳияти маънавият ҳамчун сифати шуур, ба ақидаи Р.Штейнер, аз қобилияти ҳама гуна зуҳуротро чун зуҳури ҳаёт ва чун ҷузъи кулли ҳастии кайҳонӣ («тафаккури зинда») дидан иборат аст. Чунин нишондоди шуур онро на ба касодкунии ҳастӣ, балки ба ҳифз ва эҳёи он равона мекунад. Бинобар ин, талаба дар рафти таълим бояд худро ба маънои васеъаш ва дар ҳама соҳаҳои фаъолият офаранда эҳсос кунад: танҳо бо ҳамин роҳ ҳисси масъулияти инсононро барои ҳама гуна амалиёташон ташаккул додан мумкин аст (дар Россия чунин ақидаҳоро Н.К.Редрих инкишоф медод). Дар ин гуна низом тарбия ба дараҷае ба таълим афзалият меёбад, ки худи масъалаи ба шогирд чиро ва чи тавр омӯзонидан на аз тариқи қобилиятҳои ӯ, балки аз тариқи хоҳиши ӯ, ки аз маънавияташ бармеояд, муайян карда мешавад.

Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки бӯҳрони фарҳангӣ дар асри ХХ дар назди педагогика масъалаи таҳияи на ҳамту низомҳои маориф, балки парадигмаҳои навро гузошт, яъне механизмҳои инсонандозагии таъмини интиқоли рамзҳои иҷтимоӣ ва назоратро аз болои интиқолоти тағйирии онҳо, ки ба талаботи замон ва идеалҳои пайдея ҷавобгӯянд. Таърихи иҷтимоии инкишофи маориф васеъшавии мундариҷаи инсонандозагиро нишон медиҳад: масалан, маорифи оилавӣ маҷбур буд бартариятро ба маорифи миллӣ-динӣ дода, ба он тобеъ шавад; маорифи миллӣ-динӣ-ба касбӣ, касбӣ ба илмӣ, илмӣ ба иқтисодӣ-ҳуқуқии муосир. Зимнан инкишофи асосҳои мундариҷавӣ ва шаклҳои усулӣ-методологии маориф ба таври диалектикӣ сурат мегирад: дар ҳар марҳалаи таърихии инкишофи худ маориф бо масъалаҳои ҳалнопазир (бо воситаҳои мавҷудаи худ) дучор мегардад, масалан, ба масъалаи он, ки инсон, маълумоти мактабиро соҳиб шуда, бо вуҷуди он ҷинояткор мешавад. Ғайр аз ин, дар замони мо масъалаҳое пайдо гаштанд, ки онҳоро дар чорчӯбаи ягон намуди дар боло зикршудаи маориф ҳал кардан мумкин нест, (масалан, масъалаҳои ҷангҳои ҷаҳонӣ, вайроншавии муҳити атроф, ҷинояткории ҷавонон ё нашъамандӣ). Гап дар сари он, ки ҳалли ин масъалаҳо мустақиман аз манфиатҳои муайяни миллӣ-динӣ, илмӣ ва иқтисодие вобаста аст, ки онҳо қобилияти назорат кардани афкори умум ва маорифро доранд. Бинобар ин, ба чунин масъалаҳо танҳо дар вусъати маорифи глобалистӣ, умумибашарӣ муқобилият кардан мумкин аст. Маориф аз чунон фаҳмиши инсонандозагӣ бармеояд, ки вай инсонро ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ алоқаманд мекунад. Танҳо дар чунин шароит омезиши муваффақонаи рамзҳои иҷтимоӣ мумкин аст. Инкишофи маорифи муосир ҳам умуман ба ҳамин самт равона мебошад.

Мувофиқан, талаботи ҷомеа ба муаллим низ тағйир меёбанд: аз вай тарафи на муносибати ғайришахсиятонаи технологӣ (фардӣ ё оммавӣ), балки муносибати башарпарваронаро ба таълим интизор мешаванд, ки асоси онро муносибат ба шогирд на ҳамчун ба калонсоли инкишофнаёфта, (ки вайро зудтар «инкишоф додан» лозим аст), балки ҳамчун ба калонсоли дигари бо худ баробаре ташкил медиҳад, бо ӯ робитаи хайрхоҳона ва ҳамафарогирро ба роҳ мондан зарур аст: иртиботи инсонандозагие, ки мақсадаш таълими мутақобила мебошад. Маънои ин дар васеъкунии минбаъдаи мӯҳтавои инсонандозагӣ аст: тарбияро дар асоси нобаробарии наврас ва калонсол ба роҳ мондан мумкин нест, мақсади аслии тарбия – барҳам задании ин нобаробарӣ бо кӯшишоти муштараки наврас ва калонсол аст. Дар ҳақиқат, танҳо шахси калонсол метавонад наврасро ба фарҳанг шомил гардонад, лекин танҳо наврас (навраси мушаххас) метавонад калонсолро омӯзонад, ки чи тавр ин амалро самаранок ба ҷо вардан лозим аст, (дар ҳолате, ки калонсол қобилияти омӯзиши онро дошта бошад). Дар акси ҳол таълим ба доираи сарбастаи зӯрии (аз ҷониби муаллим) бемаънӣ ва муқобилият (аз ҷониби талаба), яъне ба ҷанги аён ё ноаёнии наслҳо, ки фарҳангро вайрон месозад, ба иртиботи ғайриинсонандозагӣ табдил меёбад.

Мафҳуми инсонандозагӣ инчунин бо ғояи ҳуқуқҳои наврасон ҳамчун шаҳрвандони бо калонсолон баробарҳуқуқ, новобаста аз сину сол, (яъне бе маҳдудият оид ба балоғатоасӣ) ғанӣ гашт. Ин ғояро бори аввал К.Н.Вентсел (ИҶШС (СССР), солҳои 20-ум) баён ва танзим кард, ки ӯ кафолатҳои ҳуқуқии ҳифзи кӯдак (наврас) аз худсарии калонсолонро омили зарурии инқилоби иҷтимоӣ меҳисобид. Маҳз ӯ лоиҳаи аввалини декларатсияи ҳуқуқҳои наврасро навишт, ки онро СММ танҳо дар соли 1948 қабул кард.

Дар замони мо ҳеҷ кас шубҳа намекунад, ки ҷомеа дар марҳалаи ҳалкунандаи инкишофи худ дар вусъати сйаёравӣ қарор дорад. Дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти ҷомеа тағйироти куллӣ ба вуқӯъ мепайванданд, ки дигаргуншавии шуури фардию ҷамъиятӣ ва вайроншавии механизмҳои интиқоли рамзҳои иҷтимоиро бо худ ҳамроҳ дорад. Масъалаҳои ҷадиди қаблан диданашуда ба вуҷуд меоянд, ки барои ҳаллашон роҳҳои тайёр нестанд, – ин роҳҳоро бояд аз нав таҳия кард. Ин чунин маъно дорад, ки равандҳои интиқоли рамзҳои иҷтимоӣ аз ҷониби равандҳои интиқолоти тағйирии онҳо танг карда мешаванд, ки бояд идора намудани онҳо омӯхта шавад. Наслҳои нави инсонон, ки дорои шуури нав ва қобилиятҳои идора кардани ин равандҳоянд, зарур мебошанд. Шаклу усулҳои пешинаи маорифи мактабӣ, ки инро пурра таъмин намекунанд, аллакай наметавонанд қаноатбахш ва ҷоиз ҳисобида шаванд. Дар ин ҳолат масъалаи ворид сохтани тағйироти сифатӣ ба ҳама унсурҳои омодасозии муаллимон – ҷиҳатҳои  мундариҷавӣ, равонӣ, усулӣ, ташкилии онҳо мутобиқи тақозои шароити имрӯзаи ҳаёт ба миён меояд. Зарурияти рӯ овардани доимӣ ба мӯҳтавои маориф дар мутобиқат бо шароити тағйирёбандаи ҳаёти иҷтимоиро педагогҳои пешқадам ҳанӯз дар асри ҶIҶ дарк карда буданд, вале танҳо дар асри ҶҶ ин масъалаи бунёдӣ мавриди таҳқиқи муназзам қарор гарифт.

Ҳамин тавр возеҳ шуд, ки мутлақгардонии низомҳои педагогӣ дар чорчӯбаи муносибатҳои «таълими фардӣ – таълими коллективӣ» аз ҷиҳати қобили пазироӣ нест, зеро он навъҳои шуури фардгароӣ ё тоталитарӣ (ҳукмфармоии мутлақ)-и шахсиятро тавлид мекунанд (ин ба худи муаллимон низ дахл дорад). Мутлақгардонии тамоюли илмӣ-назариявӣ ё иҷтимоӣ-амалии маориф, аз як тараф, олимони амалан ғайрифаъолу, аз тарафи дигар, ашхоси фаъол, вале манфиатпарасту бемаънавиятро меофарад. Интихоб бар манфиати шакли ҳам ихтиёрӣ ва ҳам озодонаи маориф бошанд, аз бамиёноии шахсиятҳои бадахлоқе, ки танҳо ба дараҷа ва шакли фаъолӣ-нофаъолӣ (аз маргинал-хиппиҳо то терррористон) фарқ мекунанд, эмин дошта наметавонанд. Ин маъное дорад, ки барои ҷомеаи муосир парадигмаҳои педагогӣ, низомҳо ва омӯзгороне заруранд, ки шаклҳои нави таносуби ҳамоҳангии се лаҳзоти арастуиро дар шуур (зеҳн, лаёқатҳои амалӣ ва сифатҳои ахлоқӣ) татбиқ намоянд, ба идора кардани интиқолоти тағйирии рамзҳои иҷтимоӣ қобилият дошта бошанд; пайдеяи мувофиқи замони мо зарур аст, ки ҳама ченакҳои инсонандозагиро дар фазои ягона муттаҳид кунад, барои таҳияи онҳо ҳам педагогика ва ҳам илм кор карда истодаанд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.