Муносибати антропологӣ: шахсият дар маркази таваҷҷуҳи маориф

Тараққиёти иқтисод, илм ва саноати ҷамъиятӣ дар назди маориф ва педагогика талаботе гузошт, ки онҳо ҳамзамон бо универсалияту гуногунҷонибагиашон фарқ мекунанд: инсони бомаърифати мутахассиси як соҳаи муайяни донишҳо буда, дар айни ҳол донад, ки дар дигар соҳаҳо чи кор шуда истодааст, то ин ки ба онҳо хуб сарфаҳм рафта тавонад. Ин тасаввуроти мукаммал на танҳо роҷеъ ба шуури инсон, балки умуман дар бораи инсон (ҳамчун асоси басандаи мафҳуми инсонандозагӣ ва пайдейя) зарурат дорад, ки онро ҳанӯз Иммануил Кант, ҳангоме «Антропология»-и худро менавишт, фаҳмида буд. Аз ин рӯ, вазифаи таҳияи «инсоншиносии педагогӣ», ки дар замони мо зиёдтар дархост мешавад, барои К.Д.Ушинский хеле муҳим буд.

К.Д.Ушинский аз ибтидо педагогикаро ҳамчун асли худи санъат бо илм муқобил мегузошт, зидди тахассусияти маҳдуду танг дар таълим эътироз намудааст, ки ин маънои аз методологияи илмӣ ба идеалҳои ҷаҳонбинӣ, фарҳангӣ ва фалсафӣ майлондодани педагогикаро дар назар дошт. Вазифаи маориф на маъмулан омода кардани мутахассис, балки ташаккули инсон дар мутобиқат бо идеалҳои қаблан муайяншуда бояд бошад. К.Д.Ушинский ин ҳолатро чунин баён намудааст: хушбахт намудани инсон тавассути такмилдиҳии ӯ тибқи табиаташ сурат гирад. Дар ин таърифи мӯъҷаз тамоми комёбиҳои пешинаи педагогика муттаҳид шудаанд: ғояи инкишофи шуури талаба, ғояи башарпарварона ва муносибати муназзамона ба таълим ва тарбия. К.Д.Ушинский чунин меҳисобид, ки маҳз тарбия – бад ё хуб – инсонро ҳамоне мекунад, ки ӯ он мешавад ва агар низоми идеалии тарбия таҳия карда шавад, пас инсони идеалӣ ҳам ба вуҷуд меояд. Аммо барои ин педагогика, пеш аз ҳама, бояд инсонро ҳаматарафа дар ҳама муносибаташ бо олам ва одамони дигар омӯзад, ба ҳамин хотир бояд дастовардҳои тамоми илмҳоро (ба дараҷаи лозимӣ) истифода барад. Педагогика бояд ба физиология, психология ва мантиқ, ки инкишофи дурусти шуури инсон маҳз бо онҳо вобаста аст, такя кунад.

Вале комёбиҳои соҳаҳои физиология ва мантиқро қайд карда, К.Д.Ушинский бевосита камбудиҳои донишҳои психологии барои педагогика матлубро низ нишон додааст. Ноомодагии психологии омӯзгорон ба он оварда мерасонад, ки онҳо дар шогирдон, умуман дар наврасон, танҳо норасоии таассуфангезеро мебинанд, ки барои рафъи он ҳама воситаҳо ба кор меоянд, ин бошад, шакли ҳақбарории зӯроваиро дар таълим мегирад. Кӯшишҳои омӯзгорон барои аз шогирдон омода кардани шахсони шабеҳи худ – мутахассисону носеҳон ва ғайра, ки ба ҳама чизи ба онҳо бегона муносибати душманона доранд, – на камтар зиёновар ҳастанд. Ба ин К.Д.Ушинский принсипи «шогирд бояд аз устод пеш гузарад»-ро ҷонибдорӣ мекард. Вале шогирд бояд худаш инро хоҳад, муаллим бошад, бояд чунон кунад, ки ин амалӣ гардад. Устод бояд иродаи талабаро дуруст бедор карда тавонад, то ки инкишофи зеҳнии вай ва умуман худинкишофёбиаш таҳрик дода шавад. Ушинский одобу муомилаи педагогиро сифати асосии муаллим, ки ин равандҳоро таъмин мекунад, меҳисобид: қобилияти фитрӣ ё модарзодии муаллим (ки моҳияти санъати педагогиро ташкил медиҳад), муносибати беғаразона ба шогирд, яъне мутобиқат кардан ба имкониятҳои равониву зеҳнии ӯ ва шаклҳои ташаккулёфтаи шуураш дар ҳар марҳалаи инкишофи он, ҳам ба он масъалаҳое, ки дар пайвандии лаҳзаҳои инкишоф (бӯҳронҳои синнусоли гузариш) пайдо ва ҳал мешаванд.

«Антропологияи педагогӣ»-и К.Д.Ушинский ба ин тариқ аз замон пеш гузашта, қаринаи тасаввуроти инсонандозагиро ба дараҷаи ниҳоӣ васеъ карда, мекӯшид то тамоми илмҳоро барои бадастоварии ҳадафҳои педагогӣ истифода барад. Ҳамин тавр, вай принсипи «табиатшабеҳӣ»-и Песталотсси ва принсипи «фарҳангшабеҳӣ»-и Дестервегро назариявӣ тадбиқ кард. Ин муносибат ба тағйироти куллии дар охири асри ХХ рӯйдодаи нуқтаи назар ба нақшу вазифаи фарҳангии педагогика ва маориф комилан мутобиқат мекард: аз таъмини манфиатҳои касбӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ (тавассути такрористеҳсол кардани ниҳодҳои дахлдор) ба таъмини мавҷудияти фарҳанг (тавассути инкишофи ниҳодҳои он). Ба ин маъно «принсипи фарҳангшабеҳӣ» ҷамъбасти нав меёбад: сухан акнун на танҳо оид ба фарҳангҳои миллӣ, балки роҷеъ ба фарҳангҳои умумибашарӣ меравад. Педагогика бошад, ба сатҳи баландтар мебарояд ва «метапедагогика» мешавад, яъне назарияе, ки имкон медиҳад дар бораи таҳияи меъёрҳои устувори фарҳангшабеҳи интиқолоти тағйирии рамзҳои иҷтимоӣ гуфта шавад.

Масъалаҳои имрӯзае, ки дар назди тамоми башарият меистанд, барои ҳалли худ инсони наверо тақозо мекунанд, ки соҳиби малакаҳо ва лаёқатҳои дахлдор бошанд. Тамоюлҳои муосири глобалии маориф талаботи зеринро дарбар мегиранд: 1) омӯхтани кору зиндагии ҳамҷоя дар даста, гурӯҳ, ҷомеа, сайёра, бидуни маънии душманона додан ба ҳама гуна фарқиятҳо, масъулият ба дӯш гирифтан, низоъҳоро ҳал ва пешгирӣ кардан; 2) омӯхтани омӯзиш, яъне тамоюлбахшӣ ба фаъолиятҳои маърифатӣ дар азхудкунии фаъолонаи тарзҳои дарёфт, фаҳмиш ва интиқоли иттилооти нав аз ҷониби инсон; 3) таъмини ҳавасмандгардонии дархосту талаботи маърифатии шахсият зимни мутобиқшавии ҳамзамони ҷараёни маърифатӣ ба сохтори психикии аллакай ташаккулёфтаи шахсият; 4) мусоидат кардан ба худфаъолшавӣ ва худмуайянкунии таълимгиранда дар раванди таълим ҳамчун нишондоди муваффақиятнокии фаъолияти маърифатӣ ва ҳамин тариқ, таъмин кардани омодагӣ ба азхудкунии фаъолонаи ҳолатҳои дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва ғ.

Мувофиқи ибрози Н.Б.Крилов (яке аз ходимони шоистаи маориф дар ФР), зарурияти «фарҳангшиносии маориф» пайдо шудааст, зеро маҳз фарҳанг ба фаҳмиши масъалаҳои маориф вусъати тоза мебахшад. Барои он ки маориф вазифаҳои аслии худро иҷро кунад, бояд вай ба вазифаҳои фарҳанг дар ҷомеа тобеъ гардонда шавад, ки онҳо чунинанд: 1) ташкил ва таъмини алоқаю иртиботҳо дар ҷамоатҳо, пеш аз ҳама, байнинаслӣ; 2) ҳифз ва инкишофи ҷомеаи инсонӣ ва инсон, инчунин тарзи ҳаёт ва технологияи фаъолият; 3) ташаккул додан ва мерос гирифтани низоми арзишҳои ҷомеаҳои гуногун; 4) таҳияи арзишҳо, меъёрҳо, намунаҳо барои таъмини ҳаёти инсон ва гуногуншаклии ҷомеаҳо. Педагогикае, ки дар пеши худ ин гуна ҳадафҳо мегузорад, аслан яке аз масъалаҳои муҳимтарини башарият – масъалаи худи инсон ва тарбияи наслҳои наврасро ҳал мекунад.

Дар ҷомеае, ки аз марҳалаи бӯҳронӣ мебарояд, вазифаи ҳифз ва интиқоли тамоми гуногуншаклҳои меъёрҳои фарҳангӣ, намунаҳои рафтори иҷтимоӣ ва тарзи ҳаёт (аҳамияти онҳо коҳиш наёбад ҳам), ба ҳар ҳол дар мадди дуюм мемонанд. Ба мадди аввал бошад, вазифаи ташкили намунаҳои нави фарҳангии инқоли тағйири мақсаднок мебарояд. Бинобар, ин ваифаҳои фарҳангии маорифи муосир чунинанд: 1) таъмини таъсири мутақобила ва иртиботи байни насли нав ва ҷамоатҳо, байни наврас ва калонсол; 2) дастгирии иҷтимоии ташаккул ва худинкишофёбии фарҳанги шахсияти наврас (фарҳанги шахсият яке аз ҳадафҳои маориф аст); 3) таъмини инкишофи инсон (фард, шахсият, фардият) ҳамчун субъекти фарҳанг; 4) ташкили шароити фарҳангшабеҳ барои ҳифз кардан ва ворисигирии арзишҳои башарпарварона ва демократии ҷомеаҳои гуногун тавассути маориф баҳри ташаккули шахсият ҳамчун ҳомили ин арзишҳо; 5) иштирок дар таҳияи меъёрҳо ва намунаҳои нави фарҳангӣ, ки фаҳмиши маорифро чун фаъолияти эҷодӣ, (аз ҷумла алтернативӣ) дар назар дорад. Танҳо ҳамин гуна самт ё стратегияи маориф ба инсонандозагии аслӣ ҷавобгӯ мебошад ва метавонад аз инсон субъекти ҳақиқии фарҳангро ташаккул диҳад. Зимни чунин муносибат мақсад аз мутаносибкунонии (на ҷудокунии) равандҳои интиқол ва интиқолоти тағйирии рамзҳои иҷтимоӣ иборат мешавад.

Хусусияти он шахсият, ки дар шароити озод зиндагӣ мекунад, низ тағйир меёбанд. Тавре педагоги машҳури рус О.С.Газман менависад, барои ин гуна шахсият педагогикае лозим аст, ки ба инкишофи «худият»-и инсон, олами ботинии мухтори ӯ («воқеияти субъективӣ») мусоидат кунад: чунин педагогика бояд воситаҳоеро, ки ба инсон барои худмуайянкунӣ, худамалигардонӣ ва худинкишофёбиаш мадад мерасонанд, инчунин тарзҳои худи омӯхтани инсонро таҳия созад; идеали чунин педагогика озодқобилиятии шахсияте аст,ки мустақилона ҷои худро дар ҷаҳон ва ҷомеа меёбад ва онҳоро тағйиру инкишоф медиҳад (бо тафовут аз педагогикаи анъанавӣ, ки аз тағйирнопазирии қонуниятҳои асосии манзараҳои илмӣ-табиӣ ва иҷтимоии олам бармеояд). Худинкишофёбии инсон ҳангоми рефлексияро азхуди кардани ӯ имконпазир мебошад (дар ин ҷо рефлексия: қобилияти «нақшаи дохилӣ»-и амалиёти худро таҳлил кардани инсон, ки шуури ӯро ба дарки амалиёти маърифатӣ ва амалиёти дигар равона месозад). Зимнан дар инсон худидроккунӣ ташаккул меёбад, ки шайъи он шуури ӯ бо ҳама паҳлӯи зуҳурёбӣ, амалкунӣ ва пайдоишаш мебошад. Лаёқати фаҳмидан, таҳлил кардан ва ҳал намудани ҳама гуна масъалаҳо (на аз ҳисоби барҳамзании «омилҳои монеъшаванда» (ки ҳамеша сабабгори низоъҳо мегардад) бо ёрии дигаргунсозӣ, такмилдиҳӣ ва инкишофи шуури худаш аз ҷиҳати равонӣ, зеҳнӣ ва ахлоқӣ, пайдо мешаванд. Тавре О.С.Газман менависад, чунин нигоҳ ба худогоҳӣ маҷбур мекунад ба он шубҳа карда шавад, ки ҷаҳонбинӣ ва шуурнокӣ ҳамчун таркиби шуури шахс ва ташаккули шуур гeё танҳо аз омилҳои беруна вобаста бошанд. Аз ин зарурияти васеъкунии фанни тарбия, интихоби равияи махсус дар назария ва амалияи маориф, ки онро «педагогикаи худогоҳӣ» номидан мумкин аст, пайдо мегардад. Он бояд дар ташаккули «Ман – консепсия», ҳавасмандии худфаҳмӣ, худбаҳодиҳӣ, худшиносӣ, сохтани «чеҳра ё образи Ман»-и воқеӣ, лаёқати баҳодиҳии фаъолияти фикронии худ, аз ҷумла мақсадгузорӣ, тарҳрезӣ, нақшакашӣ, рефлексия ва ғайра ба таъмини худинкишофдиҳии шогирд мадад расонад. Зимни чунин муносибат инсон метавонад худаш барои худ шароити омезиши равандҳои интиқол ва интиқолоти тағйирии рамзҳои иҷтимоиро муайян созад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.