Муносибати инкишофёбанда: равоншиносии педагогӣ

Дар асрҳои 19-20 дар равоншиносӣ З.Фрейд равияи психоанализро ба вуҷуд овард. Дар он ҳама гуна рафторро, махсусан ғайримуқаррарии инсонро, вобастабуда бо асабонияти модарзодӣ (фитрӣ) ё ногузир бадастовардааш мефаҳмонд, ки онро ҷуброн кардан мумкин аст, вале нест кардан имкон надорад. Ин тасдиқи имконнопазирии мақсаднок идора кардани интиқол ва интиқолоти тағйирии рамзҳои иҷтимоиро ифода мекард. Муқобил ба фрейдизм, равияи дигаре пайдо шуд (Амрико, охири асри 19 ва ибтидои асри 20, А.Адлер, А.Маслоу, Э.Фромм), ки ғояи инкишоф ва худинкишофёбии инсон бо самти беҳшавиро тасдиқ ва таҳия кард. Мавзӯи асосии таҳқиқи ин равия масълаи инкишофдиҳандаҳои берунӣ, дохилӣ ва ботинии шуури инсон қарор гирифт.

 Бузургтарин комёбиҳо дар ин ҷода бо фаъолияти бунёдгузорони равоншиносии педагогии рус Д.Н.Узнадзе, (назарияи нишондодаро чун тадбиқи принсипи фаъолият дар таълим, ки аз ҷониби Песталотсси ворид гардидааст, пешниҳод кард ва назарияи идоракунӣ дар таълимро таҳия намуд) ва Л.С.Виготский, (принсипи марҳаланокиро дар инкишофи шуур ҳамчун гузариши аз «минтақаи инкишофи рӯзмарра» ба «минтақаи инкишофи наздиктарин» муайян кард), алоқаманд мебошанд. Ғояҳои Л.С.Виготскийро шогирдонаш инкишоф доданд: Т.Я.Галперин (мафҳуми асоси тамоюли амалиётро ворид сохт, ки он дар худ омилҳои объективию субъективии инкишофи шуурро дарбар гирифта, муайян менамояд, ки «чӣ» ва «чи тавр» инкишоф меёбад); Д.Б.Элконин (муқаррар кард: фаъолияти кӯдак, ки шуури ӯро муайян менамояд, дар ду марҳалаи инкишоф, яъне амалиётӣ-олотӣ ва иҷтимоӣ-нақшӣ, сурат мегирад ва дар инкишофи шуури ӯ фаъолияти бозингарии ӯ пешбар аст); В.В.Давидов (ҷадвали методии мафҳумҳоро дар раванди таълим дар асоси мантиқи мазмунӣ-назариявӣ, на расмӣ-таҷрибавӣ таҳия намуд); А.И.Леонтев (шаклҳои вобастагии мутақобилаи инкишофи шуури фардӣ ва ҷамъиятиро тадқиқ кард).

Ин коркардҳои назариявӣ дар кори амалии педагогӣ истифода бурда шудаанд. Равияҳо ва марҳалаҳои асосии ин истифодабариро метавон чунин ҷудо намуд: 1) В.Ф.Шаталов усули сигналҳои муттакоиро эҷод кард; он ба шогирд имконият медиҳад, ки маҳдудкунӣ ва кушоиши аломатӣ-нақшавии ҳама гуна маводи таълимиро мустақилона иҷро кунад. 2) А.М.Матюшкин, М.И.Махмутов ва дигарон «методи проблемавии таълим»-ро пешниҳод карданд, ки дар чорчӯбаи он масъалаи таълимӣ ҳамчун масъалаи соддакардашудаи илмие ҳисобида мешавад, ки кадом вақте ҳал карда шудааст, вале барои ба вуҷуд овардани шароити асосии ҳалли он ва натиҷаҳои аз лиҳози шахсӣ муҳим истифода мегардад: эҳсоси комёбӣ ва некӯаҳволии шахсӣ, қаноатмандии маънавӣ ва эътимод дар мӯҳтавои амалии донишҳо ва малакаҳои истифодашуда, – яъне маҳз ончи, ки аз инсони бомаърифат ва фаъол талаб карда мешавад. 3) Қадами навбатӣ дар коркарди усулҳои амалии инкишофи шуур «бозиҳои корӣ» ҳамчун шакли махсуси (фардӣ ва ҳамагонии) таълим (алоқаманд бо таҷрибаи ғарбии «тренингҳо»), ки ҷанбаҳоеро чун ҳолатҳо, ҳавасмандиҳо, воситаҳо ва фанҳои фаъолияти таълимӣ муттаҳид месозад (В.М.Розин). 4) Қадами сифатан нав дар коркарди усулҳои коллективонаи кори зеҳнӣ муносибати низомӣ-фикрӣ-фаъолиятӣ ва таҷрибаи ба он асосёфтаи «бозиҳои ташкилӣ-фаъолиятӣ» (Г.В.Шедровитский) шуд. Ин навовариҳо дар педагогикаи назариявӣ асоси таҳияи мафҳумҳои умумие ҳамчун «муҳити маърифатӣ» (В.Я.Ясвин) ва тарҳҳои мафҳумӣ-ҷадвалие ҳамчун «бакордарории ҷараёни худмаърифатӣ» гаштанд. Ҳамин тавр, ин равия, дар асоси тадқиқоти механизми интиқол ва интиқолоти тағйирӣ, имконпазирии мавҷудияти интиқолоти тағйириеро тасдиқ мекунад, ки инкишофи бомақсададонаи фарҳангшабеҳи шуури инсонро ҳамчун унсури рамзи иҷтимоӣ таъмин менамояд.

МУНОСИБАТИ ГУМАНИСТӢ:МУТАККО БА МАЪНАВИЯТ

Инкишофи муносибати гуманистӣ дар педагогика, ки аз Песталотсси, Монтессори ва Корчак оғоз меёбад, дар Россия бо номҳои В.А.Сухомлинский ва Ш.А.Амонашвили марбут аст. Маънои ин муносибат дар сабуктар намудани ҷиддияту серталабии методӣ аст, ҳарчанд, ки аз он пурра даст кашидан имкон надорад. Ҳадафҳои маориф дар ин ҷо дар омезишашон бо илмиятӣ, соф касбиятӣ ва умумимаърифатӣ, (ки ҳадди аққал ба инсон дар зиндагӣ мавқеёфтанро имкон медиҳанд) тамоюл меёбанд. Гап дар сари он аст, ки ҳадафи навъи якум аз шогирд иродаи устувор, мақсаднокӣ, зеҳн, қобилият ба худмаҳдудкунӣ ва худсайқалдиҳиро тақозо мекунанд, – маҳз аз ҳамин гуна афрод олимон ба камол мерасанд (дар ин ҳолат маориф танҳо воситаи интихоби олимони оянда барои илм мешавад). Вале чунин касон аққалият мебошанд, дар аксарият бошад, бо сабаби эҳсоси нопурраи натиҷаҳои таълим як дараҷа нисбати илму фарҳанг бадбинӣ ва бепарвоӣ пайдо мекунанд.

Мақсадгузории навъи дуюм низ ба қонуниятҳои табиии инкишофи шуури шогирд, ки онҳоро тезонидан мумкин нест, такя мекунад. Ин маънои дар таълим ба асос гирифтани қобилиятҳои шогирдро дорад, яъне аз ӯ тақозо кардани танҳо ончи, ки ӯ аз ӯҳдааш мебарояд, ба ӯ имкон додани интихоби предметҳои мавриди тава20ӯҳаш, санҷидани муваффақиятҳои вай на аз рӯи меъёрҳои идеалии умумӣ, балки аз натиҷаи худаш ҳосилкарда ҳувайдо мегардад. Дар ин ҳолат ҳадафи таълим аз комёбшавии маҳдуду танги касбӣ ба идеали худтакмилдиҳӣ тамоюл меёбад (тибқи ғояҳои А.Адлер ва А.Маслоу), ки мӯҳтавои он на аз рӯи китобҳои таълимӣ ё сабақҳои муаллим, балки бештар аз ҷониби худи шогирд, дар асоси таҷрибаи ҳаётии вай ва баҳодиҳии дурнамоҳои худ муайян карда мешавад. Дар ҳамин аст муносибати ҳақиқии гуманистӣ ба шогирд, бо тафовут аз ҳамдардии худнамоёна ба шогирди ақибмонда, ки ӯро таҳқир мекунад ва эҳсоси худнобовариашро меафзояд.

Маҳз аз ин рӯ В.А.Сухомлинский муаллимонро даъват мекард, ки дар ҳамаи афкору рафтори талаба фақат хубиро бинанд ва дар асоси ин муносибат ба роҳ монанд. Ш.А.Амонашвили бошад, дар солҳои 70-ум бо муборизааш барои рафъ сохтани низоми расмии баҳодиҳӣ дар мактаби ибтидоӣ, ки «ҷадал барои баҳо»-ро ба миён овардааст, шӯҳрат ёфт. Баъди бозсозӣ Ш.А.Амонашвили, ғояи асоси маънавии гуманизмро инкишоф дода, асосгузори равияи «педагогикаи гуманистӣ» дар Россия шуд. Дар Ғарб зери мафҳуми маънавият чун асоси гуманизм, пеш аз ҳама, маънавияти динӣ – сифати шуури инсон, ки муроҷиат ба Худоро фарогир аст, (Р.Штейнер) фаҳмида мешуд. Аммо алакай дар асри 19 консепсияҳое пайдо гаштанд, ки маънавиятро на ҳамту муносибати фард ба Худо, балки, пеш аз ҳама, ба ҳаёт ва олам ҳамчун ба офаридаи Худо (Гегел ва дигарон) мешумориданд. Дар асри 20 чунин тафсири маънавият чун масъалаи бо тамоми иқтидор ҳаёти рӯи заминро бо ҳама зуҳуроташ ҳимоя ва ҳифз намудан (принсипи «эҳтироми ҳаётӣ»-и А.Швейтсер; Швейтсария, охири асри 19-20) тамоюли амалӣ касб намуд. Аз солҳои 90-ум дар давлатҳои баъдишeравӣ бӯҳрони маориф ва бозсозӣ кӯшишҳои зиёдеро барои иқтибоси ғайританқидии методҳо ва курсҳои таълимии педагогикаи Аврупои Ғарбӣ (бо ғарази дар хориҷа ба кор таъмин шудан) ба бор оварданд. Сабаби ин амал интиқоли маориф ба шароити тиҷоратӣ ва талабот ба ҳама падидаҳои ғарбӣ буд. Вале имрӯз, ки вазъият дар ин давлатҳо рӯ ба эътидол овардан мекунад ва дар афкори ҷомеа роҷеъ ба манфиатҳои ҳақиқии миллию суннатӣ бартарӣ меёбанд, ба маориф низ талаботи дахлдор пайдо мегарданд.

Яке аз ҷавобҳо ба онҳо, ки маънои амиқи фарҳангию фалсафӣ дорад, рeовардан ба маънавият, истифода аз мафҳумҳои «рамзи иҷтимоии миллӣ» ва «инсонандозагӣ» мебошад. Масалан, А.С.Хомяков мафҳуми «ҷомеъӣ соборӣ будан», (яъне «рамзи иҷтимоии мили рус»-ро ворид кард, ки онро «қолиби тартиботӣ»-и инсони рус меҳисобид; И.В.Киреевский асоси «ҷомеъӣ («соборӣ») будан»-ро дар «томият» медид, ки онро дар қаринаи ахлоқӣ-арзишшиносӣ ҳамчун ягонагии озодӣ, баракат ва муҳаббат баррасӣ мекард ва чунин тафсир менамуд: а) маърифатӣ (гносеологӣ) – дар таълимот роҷеъ ба дониши зинда ва мукаммал; б) илоҳиётӣ – дар ғояи ҷомеъӣ (соборӣ) будан; в) антропологӣ –тавассути принсипи «рӯҳияи комил»; г) таърихсофистӣ – бо дарназардошти асоси ягонаи ахлоқии «динҳои озодӣ»; «ҷустуҷӯи маншаи дохилии хирад, ки аз ҳама нерӯҳои алоҳида як басирати зиндаву комили ақлро меомезанд»; В.С.Соловев консепсияи «ҳамаягонагӣ»-ро (чун назарияи фалсафии инсонандозагӣ) ба миён овард, ки онро дар се ҷанба медид: маърифатӣ (гнсеологӣ) – ҳамчун ягонагии се намуди дониш: таҷрибавӣ (илмӣ), ақлӣ (фалсафӣ), ирфонӣ (муроқибати динӣ), ки на дар натиҷаи фаъолияти маърифатӣ, балки бо ғариза ё эътиқод ба даст меояд; иҷтимоӣ-амалӣ – чун ягонагии давлат, ҷомеа, калисо дар асоси омезиши ислом, католитсизм, протестантизм, православия; арзишӣ (аксиологӣ) – чун ваҳдати се арзиши мутлақ: некӣ, ҳақиқат, зебоӣ, зимни афзалияти некӣ (чунин фалсафаро Н.К.Рерих инкишоф дода, бо анъанаҳои динӣ-фалсафии Шарқ такя менамуд). Дар асоси ин ғояҳо Л.П.Карсавин мафҳуми «шахсияти симфонӣ»-ро ворид кард, ки гуногуншаклӣ, баҳамалоқамандӣ, баҳамвобастагии маънавият, шуур, тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти шахсиятро чун воҳиди комилу том ифода менамуд. Ба ақидаи Л.П.Карсавин, ҷаҳон чун шахсияти симфонии ҳамавоҳидест, ки ягонагии мартаботи шахсиятҳои зиёди дараҷаҳои гуногунро дарбар мегирад. Дар идеали шахсият чун ҳамавоҳидии ҳамазамонаю ҳамафазои комил амал карда, ба принсипи сеягонагӣ низ тобеъ аст, ки мувофиқи он ташаккули шахсият се марҳаларо мегузарад: нахустягонагӣ, худҷудошавӣ, худпайвастшавӣ, (яъне дар назди мо шахсияте меистад, ки ба дарки мӯҳтаво ва раванди инкишофи инсонандозагии худаш қобилият дорад).

Инкишофи тасаввурот роҷеъ ба мӯҳтавои инсонандозагӣ бо фаъолияти «кайҳонгароёни рус» (Н.Ф.Фёдоров, А.Л.Чижевский, К.Э.Сиолковский, Н.А.Умов ва дигарон) вобаста аст, ки ба алоқаи амиқи инсон бо Кайҳон, Замин бо Коинот ишора мекарданд ва ба ин алоқа аз мавқеи маънавияту ахлоқ менигаристанд, ки ин вобаста ба ҷараёнҳои муосири глобалӣ хеле муҳим аст. Китоби С.Франк «Асосҳои маънавии ҷомеа» ба масъалаи ягонагии таносиби шахсият ва ҷомеа бахшида шуда, дар он ҳалли ин масъала дар шакли консепсияи «хизмат ба ҷомеа» пешкаш мегардад.

Н.А.Бердяев, В.В.Розанов, И.А.Илин ва махсусан В.В.Зенковский асарҳое навиштаанд, ки дар он моҳияти тарбияи гуманистӣ ва «наҷотдиҳӣ»-и насли нав, яъне меъроҷи дастёбии вай ба озодӣ, ниъикос ёфтаанд: «Маориф бояд на танҳо ақлро ташаккул диҳад, на танҳо донишҳо ва малакаҳоро ба кори ақлонӣ пайванд диҳад: ҳамчунин бояд ба он худфаъолиятии шаҳрвандӣ, ки имрӯз ҳаёт аз ҳамаи мо тақозо дорад, тайёр созад»

МУНОСИБАТ АЗ ЛИҳОЗИ ФАРҳАНГШИНОСӢ: МАСЪАЛАИ ТАНОСУБИ АРЗИШҳОИ МИЛЛӢ ВА УМУМИБАШАРӢ ДАР МАОРИФ

Давраи муосир дар назди башарият масъалаҳое мегузорад, ки қаблан ҳеҷ гоҳ ба вуҷуд наомада буданд: пас аз ду ҷанги ҷаҳонии асри 20 зарурияти пешгирии бечунучарои ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дарк гардид, ки он метавонад ҳамаро ба коми худ кашад. Сухан дар бораи ҳалли глобалии масъалаи интиқоли ғайриинсонандозаи рамзҳои иҷтимоии миллӣ меравад: ташкили низоми инсонандозаи интиқоли онҳо дархост карда мешавад. Барои ин бояд халқҳо низоми байналмилалии амният ба вуҷуд оваранд, бо ҳамдигар дар ҳолати сулҳу осоиштагӣ ва рафоҳияту суботи комил зиндагӣ карданро омӯзанд. Аз ин рӯ, ҳамдигарро аз лиҳози фарҳангӣ хуб донистан зарур аст, то нияту ҳадафҳои ҳамдигар дуруст фаҳмида шаванд. Танҳо ҳамин тавр барҳам додани анъанаи низоъу ҷангҳо мумкин аст, то ки наслҳои нав ин анъанаи манфиро бегона донад. Ташаккул додани таълими бомароми насли нав танҳо дар ҷараёни тарбияи бомақсадонаи масъулиятмандона сурат гирифтанаш имкон дорад.

Яке аз масъалаҳои умумибашарӣ, ки аз гузашта мерос мондааст, низоъҳои байналмилалӣ ва терроризм мебошанд, ки «тимсол ё образи душман»-ро дар ҷанбаъҳои гуногун, пеш аз ҳама, миллӣ ва динӣ истифода мебарад. Чунин зуҳурот дар Россия низ, махсусан дар Кафкази Шимолӣ, ҷой доранд. Масалан, низоъи Чиченистон бештар аз 15 сол давом дошт, аммо ҳалли он масъалаи оддӣ набуд. Маълум аст, ки сабабу асосҳои низоъ, (яъне таҷрибаи манфии миллӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ) аз насл ба насл мегузаранд, ҳисси душманиро эҳё мекунанд ва агар механизмҳои ин интиқол шикаста нашавад, пас низоъ бе охир давом меёбад. Чунин «шикастан» ба дараҷае тавассути низоми маориф амалӣ мегардад.

Муқобилият ба таҷдиди истисноияти миллӣ ё динӣ (фанатизм), бетаҳаммулӣ ба ҳама чизи бегонаю ношабеҳ (ксенофобия), душманӣ ва бадгумонӣ – бо ёрии педагогика ва тавассути навовариҳои маориф, дар чорчӯбаи интиқоли инсонандозагӣ дар Ғарб таърихи муайян дорад. Сухан роҷеъ ба ҳаракати ғайризӯроварӣ меравад, ки Муҳандас Карамчанд Ганди асос гузошта, озодшавии ғайризуроварии Ҳиндустонро аз ҳокимияти истеъмории англисҳо дар нимаи асри 20 сарварӣ кард. Баъдтар нерeи ин ҳаракат дар мубориза барои ҳуқуқҳои афроамерикоиҳо (Мартин Лютер Кинг) ва ғайризуроварона супоридани ҳокимият ба аксарияти сиёҳпустони ҶАҶ (ЮАР) (Нелсон Мандела) зуҳур ёфт. Дар Россия таблиғи ғайризӯроварӣ бо номи А.А.Гусейнов вобаста аст. Дар педагогикаи рус оид ба ғайризӯроварӣ танҳо Ю.М.Орлов асарҳо навиштааст; умуман бошад, коркардҳо танҳо аз нигоҳи назариявӣ сурат мегиранд. Ҳамин тавр, консепсияҳои низоъшиносии педагогӣ таҳия мегарданд (В.И.Журалёв, М.М.Рибакова), ки хусусиятҳои «низоъҳои педагогӣ»-ро аз мавқеи омӯзгор таҳқиқ мекунанд; педагогикаи муошират (И.И.Риданова) хусусияти нисбатан умумӣ дорад, ки дар шароити муоширати бенизоъи омӯзгор бо шогирдонро баррасӣ менамояд. Қадами навбатӣ консепсияҳое мебошад, ки ифодаҳои мушаххаси ин шароитро пешниҳод мекунанд, роҷеъ ба мутобиқати таносубӣ ва хусусияти муназзамии онҳо масъала мегузоранд. Инҳо: педагогикаи тамоюли шахсиятидошта (Е.В.Бондаревская) шароитро тасдиқ мекунад, ки инкишофи шахсиятро дар раванди таълим таъмин месозад; акмеология (А.А.Деркач, В.Г.Зазикин), ки низоми шароити инкишофи касбии мақсадноки талабаро таҳия мекунад; ювентология (В.В.Павловский) – илми комил оид ба ҷавонон; «педагогикаи муҳаббат» (Г.Н.Волков), ки принсипҳои педагогикаи халқиро дар асоси тадқиқоти мардумшиносӣ танзим менамояд ва ғ.

Консепсияҳои бештар қатъитаре низ ҳастанд, ки на танҳо ба талаботҳои меъёрии ҳамоҳангияти шароити маориф асос ёфтаанд, инчунин ба талаботи таъмин кардани ин шароит дар ҳама ҳолатҳо аз ҷониби муаллим дар муттако ба ин ё он арзиши умумиинсонӣ, ки бо чорчӯбаҳои касбӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ, фарҳангӣ ва ғайра маҳдуд карда нашудаанд, муқобилистии ҳомилони онҳо ва манбаъҳои низоъҳоро ба қайд мегиранд. Сухан дар бораи консепсияҳое меравад, ки ғояи таҳаммулкорӣ – истифодаи муносибати аслан ғайридушманонаи миллатҳо ва динҳо яке ба дигаре мебошад. Ба сифати мисол, «усули педагогии таълими сулҳдӯстӣ»-и педагоги америкоӣ М.Липманро, ки аз арзиши ақлу хирад бармеояд, овардан мумкин аст. Зери мафҳуми «оқилона» чунин муносибат ба низоъҳо фаҳмида мешавад, ки бешак онҳоро воситаи мутлақо бесамари ҳалли ҳар гуна масъалаҳо эътироф мекунад (ба он маъно, ки низоъ ҳеҷ гоҳ ҳалли масъаларо пеш намеорад, балки одатан масъалаҳои нав эҷод менамояд). Аз ин нигоҳ низоъро ҳаводорӣ кардани одамон ин танҳо натиҷаи тарбияи анъанавии онҳост ва метавонад комилан тавассути пуррагардонии объективии он аз байн бурда шавад. М.Липман пешниҳод мекунад, ки бахши махсуси фанҳои тарбиявӣе таҳия шавад, ки бо усули тадқиқотии машқӣ-бозигии коллективӣ асос ёфтаанд: шогирдон дар шароити мушкилии хусусияти ахлоқидошта тавассути муҳокимаву тадқиқи он бояд ҳалли дуруст ёбанд. Фаҳмост, ки зимнан аъзоёни гурӯҳ дар амал рафъ намудани низоъҳоро ба таври табиӣ ҳангоми муҳокима пайдо мекунанд, меомӯзанд; ҳамин тариқ, тарбия барои онҳо танҳо омӯзиши оддӣ, балки бо ҳаёти онҳо пайваста мешавад.

Дар байни муҳаққиқони рус ғояи таҳаммулкориро равоншинос А.Г.Асмолов ва педагог Б.С.Гершунский инкишоф додаанд. Онро чун воситаи тарҳрезии фарҳангии робитаҳои мутаносиб ва сохтори шуури ҷамъиятӣ мефаҳманд, ки хусумати байниҳамдигариро истисно мекунад. (Масалан, байни фанҳои табатшиносӣ ва гуманитарӣ, маърифати илмӣ ва динӣ ва ғайра).

Вақтҳои охир ғояи ворид кардани маълумоти динӣ ба чорчӯбаи маорифи дунявӣ, ҳамчун боз як варианти татбиқи ғояи таҳаммулкорӣ, густариш меёбад. Имрӯз иқтидори тарбиявии анъанаҳои динӣ дар ҷомеа боиси шубҳа намегардад. Аммо аз ибтидои бозсозӣ нуфуз пайдо кардани беназоратӣ ба фирқаҳои тоталитарӣ дар мактаб ҷой дошт ва бо мақсадҳои боғаразона ва сиёсӣ одамонро ба сафҳои худ ҷамъ карда, аз онҳо мутаассибонро тайёр мекарданд, ки фаъолияти ин фирқаҳоро дар ҷомеа мустақилона баҳо дода наметавонистанд. Ҳамин тавр, субфарҳангҳое ташкил меёбанд, ки рамзҳои иҷтимоии онҳо меъёри иртиботи ғайриинсонандоза – муносибати душманона ба «бегонаҳо», ҷудокунии «худиҳо-бегонаҳо» аст. Акнун иштироки чунин фирқаҳо дар маорифи давлатӣ мамнӯъ аст, лекин эътибори онҳо дар ҷомеа то ҳол меафзояд (қонун оид ба озодии виҷдон ба ин монеъ шуда наметавонад) ва воситаи ягонаи маҳдуд кардани он – ташкили маълумотдиҳии дунявии динӣ мебошад. Ин имкон медиҳад ҳар як инсон дар интихоб кардан ё накардани дину мазҳаб мустақил бошад, аҳамияти диндорӣ дар ҷомеаро фаҳмад, мақсадҳои фарҳангӣ ва тамъаҷeии иттиҳодиҳои диниро фарқ созад, ба муносибатҳои мураккаби конфессияҳои гуногуни динӣ сарфаҳм равад.

Ф Е Ҳ РИ С Т

А) Китобҳо ва маводҳои таълимӣ

  1. Алоқамандии фалсафа ва табиатшиносӣ /мураттиб: Назаров М.А.,ДДМТ, -Душанбе: «Хумо», 2003.
  2. Асадуллоев И.К. Новые категории философии и философия политики. –Душанбе, 2006.
  3. Бергсон  В.Ф. Философия науки : Учеб. пособие.-М.: Новое знание, 2004.
  4. Введение в философию.: Учеб. пособие для вузов/Авт. колл.: Фролов И.Т. и др.-3-е изд., прераб. и доп.-М.:Республика, 2005.
  5. Войтов А.Г. История и философия науки: Учебное пособие для аспирантов.-М.: Издательско-торговая корпарация  «Дашков и К0», 2005.
  6. Гайденко П.П. Эволюция понятия науки.- М.,1980.
  7. Горохов В.Г. Концепции современного естествознания: Учебное пособие.-М.: Инфра-М, 2003.
  8. Диноршоев М. Натурфилософия Ибн Сины.-Душанбе: Дониш, 1985.
  9. Додихудоев Х.Д. Культура и цивилизация: истины, пападоксы, традиции (кн.1;2.) – Душанбе: Российско-Таджикский (славянский) университет, 2007.
  10. Донолд Гилис. Фалсафаи илм дар қарни бистум. Тарҷимаи Ҳасани Миёндорӣ.-Қум-Теҳрон 1381.
  11. Дуктур Алии Шариатмадорӣ. Фалсафа:Масоили фалсафӣ. Мактабҳои фалсафӣ. Мабонии улум.- Теҳрон: Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1377.
  12. Ивин А.А. Современная философия науки.-М., 2005.
  13. Канке В.А. Философия. Исторический и систематический курс: Учебник для вузов.-М., 2002.
  14. Канке В.А. Философия экономической науки: Учеб. пособие.-М.: Инфра-М, 2007.
  15. Колин Рунон. Таърихи илми Кембриҷ. Тарҷимаи Ҳасани Афшор.-Теҳрон, 1366.
  16. Комилов Р. Фалсафаи ҳуқуқ.-Душанбе: Ирфон, 2005.
  17. Комилов Р.,Нуралиев М. Фарҳанги мухтасари ҷаҳонбинӣ. – Душанбе, Пайк, 2002.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.