Афкори фалсафии асримиёнагӣ ва эхё

1. Фалсафаи масеҳии асримиёнагӣ: патристика ва схоластика. Реализм ва номинализм.

2. Фалсафаи мусулмонии асримиёнагии Шарқ.

3. Хусусиятҳои асосии фалсафаи давраи Эҳё.

1. Фалсафаи масеҳии асримиёнагӣ: патристика ва схоластика. Реализм ва номинализм.

          Фалсафаи масеҳии асримиёнагии Ғарб қариб 1000-сол, аз асри V то XV тул кашидааст. Асрҳои I-IV давраи гузариш аз антиқа ба асрҳои миёна мебошанд.

Намояндагони машҳури асримиёнагӣ-Августин(354-430), Иоанн Скот Эриугена (810-877), Анселм Контерберийский (1033-1109), Пиер Абеляр (1079-1142), Фомаи Аквинагӣ (1225-1274), Иоанн Росселин (1050-1123), Иоанн Дунс Скотт (1266-1308), Уилям Оккам (1285-1349) ва дигарон мебошанд.

Дар давраи аввали фалсафаи масеҳияти асримиёнагӣ таъсири давраи эллинистии юнон хеле зиёд аст. Ин давра меросияти давраи антиқа ва асримиёнаро таъмин кард. Мутафаккирони бузурги ин давра Ориген (185-254), Плотин (204-270), Боэтсӣ (480-524), Иоанн Дамаскин (700-750) ва дигарон мебошанд.

Хусусияти аввалиндараҷаи ин давра дар он зуҳур мешуд, ки дин ва калисо ҳокими ягона буданд. Дин ва калисо тарзи фаъолияти одамон, маросимҳо, ахлоқ, муҳаббат ба Худо ва ғайраҳоро муайян мекард.

Дар маркази тасаввуроти онтологии он масъалаи Худо қарор дошт. Мувофиқи он офарандаи олам ин Худо мебошад ва инро креатсионизм (акл. лотинии creatio – офаридан, сохтан) меноманд.

Онтологияи асримиёнагӣ хислати теосентрӣ (худомарказӣ), антропологияш – дуалистӣ, гносеологияш – ирратсионалӣ (дар баъзе мавридҳо ратсионалӣ) ва фарзияи иҷтимоиаш – тоталитарӣ (бо элементҳои демократӣ) доштанд.

Фалсафаи асри миёна ба ду давраи асосӣ тақсим мешавад:

  1. Патристика;
  2. Схоластика.

Патристика қарнҳои I-VII-ро дарбар мегирад. Дар ин давра коркард ва ба расмият даровардани мазмуни асосии фалсафаи масеҳият дар асоси таълимоти динии Исои Массеҳ ва низоми фалсафии Афлотун амалӣ шуд.

Намояндаи давраи патристика Августин ба ҳисоб меравад. Ӯ теологияи масеҳиятро кор кард, ки дар тули тамоми давраи асримиёнагӣ давом кард. Асарҳои маъруфи ӯ «Омурзиш» («Исповедь») ва «Перомуни дӯли Худованд» («О граде Божьем») мебошанд.

Мувофиқи онтологияи ӯ, Худованд оламро аз ҳеҷ офарид.

Давраи дуввум схоластика асрҳои IX-XV-ро дарбар мегирад.

2.Фалсафаи мусулмонии асримиёнагии Шарқ.

 Аз асри VII сар карда дар мафкураи халқҳои Шарқи Наздику Миёна тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад ва ба ҷойи динҳои кӯҳан дини нав – дини ислом зуҳур кард, ки мекӯшид тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиро зери итоати худ дарорад. Маҳз дар ин давра як зумра таълимотҳо аз қабили асҳоби ҳаюло, машшоъ, калом, исмоилия, тасаввуф, ихвон-ус-сафо ва ғайраҳо вуҷуд доштанд.

 

Фалсафаи асҳоби ҳаюло

Фалсафаи асҳоби ҳаюло ҳикмати он мутафаккиронест, ки ба азалият ва абадияти ҳаюло, макон ва замон муътақид буданд. Ин фалсафаро дар асрҳои IX-X Ибни Ровандӣ, Эроншаҳрӣ, Закариёи Розӣ ва дигарон ҷонибдорӣ мекарданд.

Ибни Ровандӣ (816/820-897/899) дар маҳалли Рованди Исфаҳон таваллуд шудааст. Вай дар ибтидои фаъолияташ мӯътазилӣ буд, лекин аз он мӯътамад нашуда, ба мазҳаби шиа рӯ овард ва аз он ҳам қонеъ нашуда, аз ислом ва фалсафаи он даст кашида, бо афкори илҳодии (атеистӣ) худ бо номи Аҳмади Зиндиқ шӯҳрат ёфт.(Ровандӣ зиёда аз 114 асар, аз қабили «Китоб-ут-тоҷ», «Китоб-уз-зумуррад», «Наът-ул-ҳакима», « Китоб-ул-домиғ», «Китоб-ул-касаб», «Китоб-ул-фарид», «Китоб-ул-марҷон», «Китоб-ул-лӯълӯ», «Фазиҳат-ул-мӯътазила» ва ғайраҳоро таълиф кардааст.)

Усули асосии Ровандӣ чунин аст:

  1. Ибни Ровандӣ чун зурвониёну даҳриён ва табоиён ба қадимии олам қоил буда, ҳастии офаридгорро эътироф намекард.
  2. Ровандӣ ба ҳеҷ яке аз динҳои маъмулӣ эътимод надошт ва аз ин рӯ, усули динии тавҳид ва ҳакиму раҳим будани худоро бо далелҳои ақлӣ ва мантиқӣ рад мекард.
  3. Аз сабабе, ки Ровандӣ ба ақоиди динӣ боварӣ надошт, китобҳои диниро китобҳои муқаддас ва осмонӣ ҳисоб намекард. 

Фалсафаи асҳоби ҳаюлоро Закариёи Розӣ давом додааст. Усули асосии фалсафаи Розӣ аз исботи қадимияту абадияти панҷ ҷавҳар – модда, замон, макон, офаридгор ва нафс иборат аст.Асоси таълимоти ӯро исботи ҳастии ҳаюло ва азалияту абадияти он ташкил медиҳад. Розӣ шакҳои ҳастии ҳаюло – макон, замон ва ҳаракатро низ қадим меҳисобад. Ба ақидаи Розӣ ҳаюлои мутлақ аз ҷузъи фард (атомистӣ) иборат аст.

 

Фалсафаи машшоъ

Машшоъ калимаи арабӣ буда, маънояш одами тезгард, тезрав аст. Аз сабабе, ки Арасту бо шогирдонаш дар боғ баҳсҳоро мегузаронид дар лотинӣ пайравони ӯро – перипатетикҳо ва дар арабӣ – машшоиён мегӯянд. Бунёдгузори фалсафаи машшоияи Шарқи исломӣ Абуюсуф Яъқуб бинни Исҳоқ ал-Киндӣ мебошад. Яке аз намояндагони барвақти маъруфи машшоия Павлуси Форс мебошад. Рушди фалсафаи машшоъ ба асрҳои IX- XV рост меояд. Дар ин давра бисёр файласуфон ба монанди ал-Киндӣ, Форобӣ, Сино, Ибни Мискавейҳ, Н.Тусӣ ва ғайраҳо фаъолият кардаанд.

Ал-Киндӣ назарияи арастуии азалият ва абадияти оламро ҷонибдорӣ намекард. Форобӣ дар бисёр мавридҳо ба созиш додани фалсафаи Афлотун ва Арасту машғул шуда, бештар ба таҳқиқи масъалаҳои иҷтимоӣ машғул шудааст.Назарияи Арастуро Сино ҷонибдорӣ мекунад. Муҳимтарин асарҳои Сино «Китоб-уш-шифо», «Ишорот ва танбеҳот», «Донишнома», «Алқонун-фит-тиб» ва ғайраҳо мебошанд. Масъалаҳои фалсафии таносуби Худо ва табиат, шаклҳои ҳастӣ, сурату модда, нафсу тан, сабабият, донистани олами моддӣ ва таҳқиқи масоили гуногуни мантиқ мазмун ва муҳтавои таълимоти ӯ буд. Оиди пайдоиши олам Сино мегӯяд, ки олам аз моҳияти илоҳӣ судур карда, дараҷаҳои гуногунро гузашта, намуди ҳозираашро гирифтааст. Вале таносуби Худо ва табиат, на чун таносуби холиқ ва махлуқ, балки чун таносуби иллат (сабаб) ва маълул (натиҷа) мебошад. Ба ақидаи Сино Худо оламро на аз рӯи иродаи худ, балки ба ҳукми зарурат офаридааст.

Фалсафаи КАЛОМ

Калом калимаи арабӣ буда, маънии сухан, нутқро дорад. Калом дар асри VII ба вуҷуд омада, асосгузори он Ҷад ибни Дирҳам (ваф. 742-743) буд. Бунёди аввалин мактаби каломро Ҷаҳим ибни Сафвон (ваф.745) гузоштааст. Мақсади асосии калом дифоъ ва пуштибонии дини мубини ислом ва ихтилофоте буд, ки бидъатҳои мухталиф пеш меоварданд.

Калом, ки сирф зодаи афкори арабист, дар тули таърихи худ чанд марҳилаи такомулро тай кардааст. Каломи мӯътазилӣ, каломи ашъарӣ ва каломи фалсафиро чун марҳилаҳои тараққиёти ин мактаби ҳикмат метавон ном бурд. Оғози пайдоиши каломи фалсафӣ ба номи Ал-Аълаф (753-851) ва Иброҳим Ан-Низом (777-845) марбут аст. Баъдан дар такомул ва густариши каломи фалсафӣ мутафаккирони тоҷику форс Муҳаммад Ғаззолӣ, Мотуридии Самарқандӣ, Фахриддини Розӣ, Муҳаммади Шаҳристонӣ, Тафтозонии Самарқандӣ ва дигарон саҳми калон доранд.

 

Фалсафаи тасаввуф

Истилоҳи тасаввуф аз калимаи суф (матои сафеди пашмина) гирифта шудааст.  Тасаввуф яке аз ҷараёнҳои динию  фалсафии маъруф ва бузургу сершохаи ислом мебошад ва ин асари зӯҳд ва тарки дунёст ва дар истилоҳи аҳли ирфон покиза кардани дил аст аз муҳаббати мо сӯи Оллоҳ ва рост кардани зоҳир аст ва дур будан аз манҳиёт ва мувозибат намудан ба фармудаи расули Худо мебошад. Намояндагони тасаввуф Робияи Адвия, Мансури Ҳаллоҷ, Саноӣ, Аттор, Румӣ, Айнулқузот ва дигарон мебошанд.

Аҳли тасаввуф камтар ба зоҳирии ислом диққат дода, бештар масъалаҳои ботинӣ: шинохти ирфонии Худо ва зимни он масоили маърифат: ҳастишиносӣ ва равоншиносиро мавриди омӯзиш қарор медоданд.

Шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат дараҷаҳои асосии такомулоти тасаввуф ба ҳисоб мераванд.

Афкори фалсафии тасаввуф бештар аз ташреҳи олами маънавӣ робита дорад. Тасаввуф ба олами маънавӣ рӯ оварда, роҳу усулҳои камолоти маънавии инсон ва дарки холиқи онро мақсади асосии худ медонанд. Агар фалсафаи машшоъ тарзи зина ба зина ба вуҷуд омадани оламро мавриди баҳс қарор дода, ҷиҳати онтологии масъалаи мазкурро матраҳ карда бошад, намояндагони тасаввуф ҷиҳати гносеологии онро асоси таълимоти худ қарор додаанд. Аз ин ҷо бар меояд, ки агар фалсафаи машшоъ зебоии табиату инсонро дар мадди аввал гузорад, тасаввуф кашфу завқ, шуҳуд ё худ мушоҳидаю маърифати мабдаи асосии табиату инсон, ки онро ҳақиқати азалӣ медонанд, дар мадди аввал мегузоранд. Ба ақидаи онҳо ҳақиқати азалӣ аз содири аввал – ақл ё худ ҳусн иборат аст. Вале маърифат бо ин ба итмом намерасад.

Намояндаи барҷастаи фалсафаи тасаввуф Абдулмаҷиди Саноӣ мебошад. Яке аз масъалаҳои муҳими фалсафаи Саноӣ таълимот дар бораи ҳастӣ мебошад. Саноӣ ҳастиро ба ду гуруҳ тақсим намудааст:

1. Воҷиб ул-вуҷуд;         2. Имкон ул –вуҷуд.

  • воҷиб ул-вуҷуд – Худо офаранда буда, нахустсабаби ҳама гуна ашёҳо мебошад.
  • Имконон ул-вуҷуд – олами моддӣ, ҳастиест, ки ба воҷиб ул-вуҷуд зич вобастагӣ дорад.

Яке аз масъалаҳои дигари фалсафаи Саноӣ таносуби ҷисм ва рӯҳ аст. Ба ақидаи Саноӣ рӯҳ ибтидои фаъол буда, бо рӯҳи ҷаҳонӣ алоқаи зич дорад.

Намояндаи дигари барҷастаи фалсафаи тасаввуф Ҷалолиддини Румӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз масъалаҳои муҳимтарини фалсафаи Румӣ масъалаи илоҳиёт аст, ки на танҳо аз нуқтаи назари онтологӣ, балки аз нуқтаи назари гносеологӣ низ таҳлил карда шудааст. Румӣ оламро таҷассуми Ақли Кулл дониста, савол мегузорад, ки оё Инсон қобил аст, ки Ақли Куллро дарк кунад ё на?  ва тасдиқ мекунад, ки Ақли Кулл мушаххас набуда, асоси олами моддӣ мебошад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1384) ҳамчун яке аз симоҳои намоёни тасаввуф ва хосатан силсилаи кубравияи он баҳисоб рафта, масъалаи ҳастиро аз нуқтаи назари таълимоти ваҳдати вуҷуд ҳал кардааст.

Ақидаҳои Алии Ҳамадонӣ доир ба инсон дар доираи таносуби нафсу рӯҳ ҷолиби диққат мебошанд. Вай инсонро аз рӯи чанд нишонаҳо – ақл, дониш, нутқ, даст, муҳаббат аз ҳайвон фарқ кардааст.

Фалсафаи Ихвон-ус-сафо (Бародарони пок)

Дар садаи чоруми ҳиҷрии қамарӣ гуруҳе аз донишмандони мусулмон, махсусан дар Эрон ва Ироқ анҷумане сохтанд, ки бо номи Ихвон-ус-сафо машҳур аст. Намояндагони асосии ин ташкилот Абусулаймон Муҳаммад ибни Маъшар Басатӣ ал-Муқаддасӣ, Абуҳасан Алӣ ибни Ромис Авфӣ, Зайнуддини Рифоа буданд.

Ҷаҳон дар назари онҳо ҳақиқати воҳид аст, ки табақоту қисматҳои мухталифи он дар натиҷаи интибоҳе, ки байни онҳо вуҷуд дорад, ба ҳам пайваста аст. Ба қавли ихвон «чунон, ки шаҳр ё як ҳайвон ё як инсон воҳид аст, олам низ воҳид аст». Табақоти поёнии олам монанди узве ба табақоти олӣ пайваста аст ва ҳама ба калимаи илоҳӣ боқиянд ва ҳастии худро аз он касб мекунанд. Ихвониён худро пайрави Файсоғурис меҳисобанд.

 
Фалсафаи исмоилия

Исмоилия яке аз ҷараёнҳои бонуфузи мазҳабӣ-фалсафӣ дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ҳисоб мешавад, ки дар қарни VIII-и милодӣ ба вуҷуд омадааст. Саромади ҷараёни исмоилия Исмоил ибни Ҷаъфари Содиқ-ҳафтумин имоми аҳли шиа мебошад. Дар рушди фалсафаи исмоилия нақши ғояҳои Афлотун, навафлотуния, масеҳият ва Арасту мушоҳида мешавад. Мабдаи ягонаи ҳодисаҳои бешумори олам Худо-ал Ғайбут-Таъоло мебошад. Вай ҳеҷ гуна сифат надорад ва барои одамон номуайян ва шинохтанашаванда аст. Аз ин рӯ, ба ӯ ибодат кардан лозим нест. Ба ақидаи онҳо Худо зоти кулл дар ҳолати оромии абадист. Вай холиқу офаридгори олам нест.

Худо – Зоти Кулл бо иродаи азалии худ ҷавҳари созанда Ақли куллро ҷудо мекунад. Ин нахустин файзи Худост. Ақли Кулл тибқи ин таълимот, дорои ҳама гуна сифати илоҳист ва яке аз аломатҳои асосии он илм аст, ибодатро бояд ба ӯ кард.

Исмоилия ҳафт зинаи файзон (эманатсия) Зоти Кулл, Ақли Кулл, Нафси Кулл, Ҳаюло Макон, Замон ва Инсони комилро муқаррар кардааст.

3.Хусусиятҳои асосии фалсафаи давраи Эҳё.

Дар таърихи инкишофи зеҳнӣ ва илми башар замони Эҳё ё Ренессанс марҳилаи басо муҳимро ишғол мекунад. Эҳё калимаи арабӣ буда, маънои аз нав зинда кардан, аз нав барқарор карданро дорад. Мафҳуми ренессансро бори аввал дар соли 1550 наққош ва муаррихи итолиёӣ Ҷорҷо Вазарӣ истифода кардааст.

Дар замони эҳё муносибатҳои диниро нисбат ба табиат ва инсон муносибатҳои механикию  математикӣ иваз мекунад. Феодализм оҳиста-оҳиста аз байн рафта, сармоядорӣ пайдо мешавад. Дар ин давра дар Аврупо монархияҳои бузург, давлатҳои миллӣ ба вуҷуд омада, ба мақоми диктатураи папа зарба мезанад. Фарҳанги юнонро зинда мекунанд ва санъат рушд мекунад. Ҳамаи ин ба давраи кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ ва дастовардҳо дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ рост меояд. Рушди эҳё дар Италия оғоз мешавад ва баъдтар ба дигар давлатҳои Аврупо интиқол меёбад. Фалсафаи ренессанс ба низоми илми схоластикии асримиёнагӣ зид буд. Дар ин давра пантеизм пайдо мешавад, ки мувофиқи он худо ва табиат як чиз дониста мешаванд.

Дар фалсафаи замони эҳё се ҷараёни асосиро ҷудо кардан дуруст аст:

  1. Гуманизм (антропосентризм, аз миёнаи қарни XIV то миёнаи қарни XV);
  2. Навафлотуния (онтологизм, аз миёнаи қарни XV то миёнаҳои қарни XVI);
  3. Натурфалсафа (механитсизм, миёнаи дуюми қарни XVI то ибтидои қарни XVII).
test

Добавить комментарий