Фалсафаи ирратсионалии Нитсше

Яке аз симоҳои шинохтаи фалсафаи охири асри 19-и Аврупо,ки ирратсионализм  ва «фалсафаи ҳаёт»-ро муаррифӣ мекунад, Фридрих Нитсше мебошад. Фаъолияти эҷодии ӯро одатан ба се давра ҷудо мекунанд. Ба давраи аввал асарҳое дохил мешаванд,ки  ба фарҳанги юнонӣ ва умуман фалсафаи аттиқа алоқамандӣ доранд,ки  «Тавлиди фоҷиа аз рӯҳи мусиқӣ», «Фалсафа дар марҳилаи фоҷиавии Юнон», «Андешаҳои бемаҳал» аз қабили асарҳои ҳамин давраанд. Дар марҳилаи дуюми фаъолияти эҷодӣ(1876-1882) чунин асарҳо эҷод шудаанд: «Одамият, беҳад одамият», «Шафақи субҳ», «Илми сурурбахш».Дар асарҳои марҳилаи дуюм  Нитсше ҳамчун  философ, скептик, мунаққиди фарҳангу санъати аврупоӣ ва дини масеҳият баромад мекунад.Асарҳои асосии фалсафии ӯ дар  марҳилаи сеюми эҷодии ӯ, марҳилае,ки ӯро бемории сахти дарди сар ва меъда азият медод, навишта шудаанд ва  номгӯи ин асарҳо чунин аст:   «Чунин гуфта буд Зардушт», «Дар он тарафи некию бадӣ», «Ба насабшиносии (генеалогияи) ахлоқ», «Шоми бутҳо, ё ин ки чӣ тавр хирманкӯбона фалсафагароӣ мекунанд», «Антихрист», «ECCE HOMO. Чӣ тавр дар хештан қарор гирифт» ва «Ирода ба ҳокимият». Новобаста аз мундариҷаи мухталифи асарҳояш Ф.Нитсше, дар ҳамаи марҳилаҳои эҷодиаш таълимоти асосии хеш-ирода ба ҳокимиятро инкишоф медиҳад. Ба сифати манбаи бевоситаи ин таълимот волюнтаризми Шопенгауэр хизмат мекунад. Ирода-бунёди ҳаёт,оғози инстинктии (ғаризаи) ирратсионалӣ аст,ки дар ҳама зуҳуротҳои ҳаёт қарор дорад. Олам абадияти беоғозу беанҷом дар таълимоти Нитсше тасвир шуда, ҳамчун ташаккул  ё барқарор шуданаст,ки  онҷо муборизаи нерӯҳо ва ҳузури ирода ҷой дорад ва раванди ташаккул ба ҳеҷ қонуне  ё ҳадафу самте нигаронида нашудааст. Онҷо на воҳидият, на низом ва на маъноест.Ин равандест,ки  « ба ҳеҷ куҷое» нахоҳад бурд.Олами таҳаввулёбандаю ташаккулгирифта қобил ба хирад нест ва онро метавон ҳамчун  натиҷаи задухӯрди иродаҳо ба хотири бартарият қаламдод кард.Ташаккул, аз нигоҳи Нитсше, набояд чун чизи воқеӣ, ё ин ки ботил,  нек ё бад, ягонаю бомақсад баҳогузорӣ шавад. Ҳаёт ҳамчун ҳаракати абадӣ, ҷараёни доимию ташаккулёбандаест,ки аз атрибутҳои  «ҳастӣ» холӣ буда,  ҳамаи равандҳо, чӣ рӯҳонию чӣ ҷисмонӣ ҳамчун шакли мухталифи «ирода ба ҳокимият» арзёбӣ мешаванд. Андешаи фалсафаи классикӣ,ки онҷо «ҳастӣ» ягонаю ҳақиқӣ, мутобиқ ба хирад  ва нерӯи муназзаму тобеъ ба қонунҳои инкишоф тасвир мешуд, аз ҷониби Нитсше ҳамчун зуҳури берун аз хирад, инкишофи бенизому бетартиб тавзеҳ меёбад. Ирода, ки онро Шопенгауэр ирода ба ҳаёт меномад, дар осори Нитсше на ҳамчун иродаи ягонаи олам, балки иродаи мушаххас ба қудрату ба ҳокимият баҳогузорӣ мегардад. «Мубориза ба хотири зиндагӣ танҳо истисно ва маҳдудияти муваққатии ирода ба ҳаёт аст: муборизаи бузургу хурд ҳамеша ба хотири бартарият, барои инкишоф ва тақсимот, барои қудрат, мутаносибан ирода ба ҳокимият аст,ки айнан ҳамин ирода ба хаёт хоҳад буд.»1Агар дар низоми фалсафии Шопенгауэр зиддияти байни иродаи абарқудрат ва этикаи узлатнишинӣ ҷой дошта бошад, дар консепсияи Нитсше чунин тазод  ҷой надошта, таълимоти ирода ба ҳокимиятро собитқадамона ва устувортар ба пой мегузорад.Ҳаёт дар раванди абадии ташаккул буда, муборизаи ҳамешагии иродаи заифу иродаи тавоно моҳияти он аст.Мафҳуми ҳаёт қабл аз ҳама ба маънои кӯшише ба  худсозию худтаҳкимёбию нерӯмандӣ-ирода ба ҳокимият аст,ки ҳамагуна тавзеҳу ишораро ба раванди пайдошавии он сарфи назар мекунад. Идеяи ирода ба қудрату ба ҳокимият,чунонки ҳамшираи ӯ Элизабет Фёрстер-Нитсше ёдовар мешавад, ҳамон вақте ба сари Нитсше омад,ки ӯ ҳуҷуми қушунҳо, қадамзании қотеъу бардам , хуруҷи муштараки ҳангома, ғалаёну садои таҳлукаангез,худфидосозии комил, омодагӣ ба зарба ва ҳатто ба маргро боре ӯ мушоҳида намуд. Ҳар чизе,ки зинда аст,бояд дар ниҳоди нерӯмандии хеш барқарор гардад, бояд ба хотири мавқею мақоми хеш, барои дарёфти ҷое дар зери офтоб мубориза барад. Ирода ба ҳокимияту қудрат ин ба маънои хештанро муқаррар сохтан, худро таҳияю лоиҳа кашидан ва мавҷуди хешро таъсис додан аст.Инҷо сухан дар бораи нерӯи худсозандаю худмуқарраркунандае меравад,ки ҳаракати ӯро

1.Ф. Ницше.Веселая наука. Злая мудрость.М., «Эскимо», 2007.   с.321.

метавон ба сӯи  эътибору шаъну шараф ва арзишҳои ҳама мавҷудоти зинда, таъмин месозад.Ирода ба ҳокимият, иродаи бартарафкунанда- иродаест,ки иродаи дигареро мағлуб сохтаю

аз миён мебардорад. Ғолибият ва ҳолати иртифою болошавиро Нитсше тараннум мекунад. Ирода ба ҳокимият ҳаргиз ба сӯи холигӣ самт нагирифтааст ва нерӯи содае нест,ки барои ӯ муқовимату муқобилият фарқияте надошта бошад.Ирода ба ҳокимияту қудрат ҳамон вақт зуҳур мекунад,ки муқобилияту муқовимати дигареро дучор меояд. Аммо ирода ҳамчун оғози худсозандаю бебунёд, на танҳо тавассути муқобилияту муқовимате,ки аз иродаи ғайр  бармеояд,авҷ мегирад, балки аз шиддати муқовимати хештан низ суръат мегирад,ки  он бартараф намудани  монеаҳои ҳувияти хештан аст.Ирода ба қудрат,  қабл аз ҳама ба маънои худро ғолиб гаштан ва қобилият  ба бартараф намудани иродае дигареро  дар назар дорад. Ирода ба ҳокимият зуҳури дар ботини инсон паноҳёфтаи  кӯшиши худмуҳофизатӣ буда, қувваи ҳаракатдиҳандаи бисёре аз рафтору амалҳои инсон аст. Ҳамин тавр дар замони вусъат ёфтани тамоилҳои ирратсионалӣ, позитивистӣ ва релявистии фалсафаи нимаи дуюми қарни 19 таълимоти волюнтаристӣ-ирратсионалии Фридрих Нитсше эҷод шуд, ки то имрӯз таваҷҷӯҳи мутафаккирон, олимони соҳаҳои мухталифи илм ва эҷодкоронро бо ҷаззобияти хосааш ба худ мекашад. Идеяҳои хешро дар шакли истиораю маҷоз, панду ҳикмату андарзҳо ҷомапӯш карда, мафҳумҳои асосии фалсафаи ӯ «олам», «ҳаёт», «ашё», «инсон», «ташаккул» ва ғайра дар барномаҳои муҷтамеъ ва бонизоме таҳия шудаанд. Таваҷуҳи Нитсшеро на дуализми зуҳуротҳо ва «ашёҳои дар худ»-и И. Кант, ки он ҳам идомадиҳандаи анъанаи ратсионализми асри 17-18 буд, балки фалсафаи тосуқротия ҷалб мекард, ки он ҷо андеша ва ҳастӣ ба ҳам комилтар мувофиқат доштанд  ва ҳанӯз гирифтору побанди майлонҳои   таҳлилӣ ва низоми муҳокимаҳои абстрактӣ  нагашта буданд.

«Ҳаёт»- мафҳуми марказии фалсафаи Нитсше буда, маҳз тавассути таҳлили моҳияти ҳаёт, ӯ ҳамчун бунёдгузори  «фалсафаи ҳаёт» эътироф шудааст.  Ҳаёт-дар фалсафаи ӯ оламест, ки онҷо субъекти маърифаткунандаро  фарогир аст, оламест, ки чун узве арзёбӣ гашта, ахиран ин ҳақиқат ва воқеияти ягонаест, ки ба он бояд оғози рӯҳонияти инсон тобеъ бошад. Инсонро Нитсше чун узви биологие медонад, ки дар раванди инкишофи хеш шаклҳои мухталифи мутобиқшавиро бо олами муҳит коркарду таҳия месозад. Инсон ин қабл аз ҳама ҷисм, ин то ҳадде сохтори зинаворест, ки дар ӯ интеллект қабати олию зарурии нигаҳдошти ҳаёт ва  ғаризаи ҳаётиро ташкил мекунад. Вобастагии генетикии сутӯҳи мухталифи психикаи инсонро зикр намуда, Нитсше ҳузур доштани ҳама сатҳҳои эволютсияро дар инсони алоҳида таъкид мекунад. Албатта Нитсше биологиятро дар баробари арзишҳои масеҳият, ки аҷсоми инсонро ба ҳеч баробар сохтаанд, арзёбӣ мекунад. Аммо ҳузури пешбарандаи иҷтимоиятро низ дар  осори Нитсше бисёр дидан мумкин аст, ки далели мутлақ гардонидани ҷанбаи биологиро  аз ҷониби ӯ, ба шубҳа мегузорад:  «Ёздаҳ нафаре аз ҳамаи дувоздаҳ одами                   бузурги таърих сирф намояндаи ин ё он кори бузурге будаанд.»1а- менависад ӯ  ва чунин андешаҳоро метавон хело зиёд аз осори Нитсше пайдо кард, ки аз афзалият  шуморидани муҳити иҷтимоӣ ва фаъолияти ҳаётии инсон дар таълимоти ӯ, дарак медиҳад.

Ҳар инсон, хоҳ бошуурона ва хоҳ бешуурона  ба васеъ шудани таъсири «Ман» ба олами берунӣ кӯшиш мекунад ё ин ки мисли давлат мехоҳад, ба тасарруфи ҳудуди беруна даст занад. «Бетолеъон низ  ҳокимият мехоҳанд ва ҳокимонро маҷбур мекунанд,ки қотилони онҳо бошанд»2-мегуяд Нитсше. Инсоният, хусусан инсонияти мутамаддун,аз нигоҳи Нитсше дар марҳилаи таназзул, декаданс- ноумедию рӯҳафтодагӣ қарор дорад. Ба ин марҳила инсон хело ҳам барвақт, бо роҳҳои гуногун ворид шудааст. Ва марҳилаи замони муосир ва хусусан даҳсолаҳои баъдиро Нитсше  бо эҳсоси ғамоварона посух медиҳад.  «Замоне,ки ҳақиқат ба дурӯғи ҳазорсола ба мубориза бармехезад, дар мо ҷунбишу ҷонгудозию заминларзае  хоҳад шуд,ки кӯҳҳою водиҳо ҷой дигар мекунанд,ки ҳатто хоб

надаромада …тамоми шаклҳои ҳокимияти   ҷомеаи кӯҳна,ки ба дурӯғ бунёд ёфтаанд, ба ҳаво бармехезанд;  ҷангҳое

1а.Ф. Ницше.Веселая наука. Злая мудрость.с. 423.

2.К. Лёвит. От Гегеля к Ницше. Революционный перелом в

мышление 19 века. СПБ, «Владимир – Даль»,2002.с.22.

мешаванд,ки  ҳанӯз дар замин ҳеҷ гоҳе набуда…»3. Мутаассифона, чунин пешгӯии  баён намудаи Нитсше тасдиқи  таърихии худро пайдо кард ва баъд аз чаҳордаҳ  соли фавти ӯ  ҷангҳое дар сайёраи Замин ба амал омаданд,ки мислашро  инсоният надида буд. Ҳанӯз соли 1903 файласуфи рус Е.Н.Трубетской менависад,ки «Дар ҳадду сарҳади ду садсола фалсафаи Нитсше чун пайғоми пурғӯссаю ғамгинонае садо медиҳад.Шахсиятҳои пайғомоваранда ( пайғамбарҳо) қабл аз ҳама моҳияти шахсиятҳои дилсӯзу ҷафо кашидаанд: истеъдоди ояндаро пешгӯи кардани онҳо манбаи азияти онҳост». Ва  гӯё ба тасдиқи ҳамин бошад,ки  Нитсше менависад: « Дер боз инкишофи фарҳанги аврупоии мо дар миёни шиддат  ва шиканҷае, ки ҳар даҳсола авҷ мегирад,ташаккул меёбад…мисле, ки фалокат наздик омада бошад»4.Воқеан, андешаҳои хело ҳам қотеона, нешзанандаю  ба изтироб оварандаро дар асарҳое,ки як-ду сол пеш аз мубталои бемории рӯҳӣ гаштанаш, навишта буд, мо дучор меоем. Ин ҳамон асари  «Антихрист» ва «ECCE HOMO» мебошанд,ки  баъзе фаслҳои ин асарҳоро ҳатто чанд рӯзе пеш аз гирифтори бемории рӯҳӣ шуданаш, таҳрир карда буд. Муҳаққиқон бар ҳамин андешаанд,ки нишонаҳои парешонии иллати рӯҳӣ дар баъзе навиштаҳои охирини Нитсше нақши худро гузоштаанд. Дар ҳар ҳолат ҳам пешгӯиҳою пайғомовариҳои Нитсше оид ба фалокатҳои хунинбори қарни 20 тасдиқи худро ёфтанд. Ин ҳодисаҳои драмавӣ баёнгари  моҳияти таълимоти  ирратсионалии Нитсше ба шумор рафта, тасвири ҷараёну инкишофи хирадхоҳонаи ( ратсионалии) оламро ба шубҳа гузоштаанд.

Ҳаётро, ҳамчун зуҳури  ирратсионалӣ муайян сохта, Нитсше ба хотири дарёфти тасдиқи баҳогузории хеш ба фоҷиаи ( трагедия) аттиқа  муроҷиат менамояд ва маҳз дар ин осори  асотирию адабӣ  манбаи нерӯмандӣ, хӯшҳолиҳои  масткунандаи ҳаётро  пайдо месозад. Эҷодиёти мутафаккирони фалсафаи классикии Юнонро  аз қабили Суқрот, Афлотун, Арасту, фоҷианависон ва хусусан файласуфони тосуқротияро таҳлил намуда, ба мутафаккирони

3.Ф. Ницше.ECCE HOMO.Как становятся сами собою// Ф.Ницше.   Сочинения в двух томах.Том 2.М.,Изд-во «Мысль»,1990.с.763.

4Ницше. PRO ET KONTRA. Антология. СПБ, Изд-во РХГИ, 2001.с.675.

тосуқротия (марҳилаи аввали фалсафаи аттиқа, ки онро

«токлассикӣ» ё «тосуқротия»меноманд, асрҳои 6-5 то милод) таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мекунад ва онҷо  «рӯҳи дионисӣ»-ро,ки он ифодаи ҳавасҳои ҳиссӣ,саломатӣ, туғёну  нерӯи эҷодӣ ва татбиқи шахсият аст, пайдо мекунад. Рӯҳи «дионисӣ» комилан  аз рӯҳи  «апполонӣ»,ки сарояндаи он фалсафаи ратсионалӣ, фалсафаи классикии Юнон дар симои Суқрот буд, фарқ мекунад. Ба андешаи А.Ф. Лосев « Дар Суқрот  ва диалектика, Нитсше оптимизми (андешаи некхоҳона) сард ва мағруру худписандро мебинад,ки аз ҳаёти зинда дур буда, танҳо дар қарни таназзул ва суқути ҳикмати қадим имкон дорад»5.   Суқротро ӯ аввалин инсони замони таназзул, аввалин декадент ва нахустин баёнгари  рӯҳи апполонӣ баҳо гузошта, дар аксари асарҳояш ёдовар мешавад.Аз як тараф, қобилияти мутаяқин сохтани мусоҳиб, малакаи ба инсони зарурӣ соҳибият ёфтани Суқротро,ки тавонист дар Афина мақоми баланд пайдо кунад, таърифу тавсиф менамояд, аз тарафи дигар фалсафаи ӯро баёнгари таназзулу пастравии эллинизм маънидод мекунад.Оғози  таърихи масеҳиятро ӯ барвақтар, аз андешаҳои Суқрот медонад. Дар осори Афлотун назарияи мукаммали «тӯҳмат ба олам»-ро,ки аз ҳаёт ҳама зуҳуроти ғайриақлонаю (ирратсионалӣ) бидуни хирадро сарфи назар мекунад, Нитсше дармеёбад. Фарҳанги ҳақиқиро Нитсше дар Юнони тосуқротия, ки аз нигоҳи ӯ он вақт баробарии ду оғоз: дионисӣ (титанизм, бозии озодонаи нерӯҳои ҳаётӣ) ва аполлонӣ ( мувозиннату муназзамияту тартиб) эътироф мешуд, дидан мехоҳад.Аполлонизм, дини Аполлон, ин кабл аз ҳама кайфияти хоббинӣ аст,ки оҷилан бояд ба кайфияти экстаз (ҷунунию ваҷд), ки онҷо ҳеҷ хаёлу шабаҳе ва ҳеҷ мадҳушию сархӯшию бехудӣ нест, муқобил гузошт.Аполлинизм-«тахаюли зебои  рӯъё, асрори оғозу мабдаи шоирӣ» буда, он «зарурияти хушҳолонаи манзараҳои хоб»-ҳаловатест дар фаҳмиши бевоситаи образҳо, мусаввараест,ки дар ҳама шаклҳои он  чизи нодаркор ва бетафовуте ҷой надорад. Дионисизм-дини  Дионис муқобилу акси аполлинизм аст.Ба ҷои ҳамоҳангию мутаносибӣ ва мавзунию мунтазамии  мушоҳидаю мулоҳизаи аполлонӣ, инҷо  мо шубҳаро пайдо карда, ҳатто   фаноёбфии манзараҳои хушҳолонаю бомуҳаббати ин  тахаюлоту

5.Ф.Ницше. PRO ET KONTRA. Антология.с.967.

 хоби аполлониро дар андешаи  дионисӣ дучор мешавем. Зимни ба шаклҳои маърифат шубҳа пайдо намудани инсон, ӯро воҳимаи пурдаҳшате фаро мегирад, ки чунин ҳолат хоси андешаи дионисӣ аст ва сипас дионисизм он муттаҳидӣ ва он ҳадду миёндевореро,ки байни инсону муҳити ӯ қарор дорад,аз даст медиҳад. Инсон инҷо ба ваҷд омада, мутаассири ҳаловату роҳати бехудонаю фидокорона ва раҳоӣ ёфтан аз ҷаҳони мавзуну мунтазам ва муқарраршуда мегардад.Дионисизм- ин ваҷди хушҳолона аст, ки ба ҳувияти инсон ва умқи табиат боло мешавад, ҳолати сайру самоъ, рақсу нишот аст,ки фарорасии баҳорро мужда медиҳад, таронаҳои вакхиналии юнониёну бобулистониҳоро хотирмон сохта, тавассути он инсонро ба инсон ва бо табиат дар заминаи берун шудан аз ҳадди фардияташ, мепайвандад. Бо афсуну дилрабоии Дионис, аз нав инсонҳо муттаҳид гашта, табиати бегонашудаю азияткашида аз нав ба писари саркашу фосиқи хеш- инсон оштӣ мегардад. Аполлон ва Дионисе, ки Нитсше дар назар дорад, бешубҳа муҳру нақши ҷаҳонфаҳмии аврупоӣ аст, ки дар зуҳури «романтизм» ва «класситсизм» баён мешавад. «Романтизм» ин кӯшиши беохиру ташаккули идея аст,ки дуриҳои ноаён раҳсипор буда, таскинияту тасаллиро дар ноаёнию ғафлати пурасрор меҷӯяд, дар сурате,ки  «класситсизм» идеяест,ки атрофии маънои хеш давр зада, дар меҳвари хеш қарор дошта молики абадияти саодатманду ҳаловатбахшандаест. Бешубҳа дар тамоми консепсияи  Нитсше ворид шудани ҳамин «романтизм»-ро дидан мумкин аст.Маълум аст,ки фалсафаи классикӣ ба сифати нерӯи созандаю эҷодкунандаи инсон хирад, хулқият,мубодила, меҳнат, инчунин фаълияти мақсаднок ва арзишҳои фарҳангию таърихиро эътироф намуд. Идеали гуманизмро,ки инкишофи озодии ҳар як нафарро  шарти озодии ҳамагон медонист, боло бардошт.Моҳияти ахлоқро дар озодии шахсӣ дида, қарзи инсониро ҳадафи этика ва мақому таъиноти ҳаётии санъату фарҳангро дар тақвияти арзишҳои инсони мутараққӣ, медид.Охири асри 19 тағйиротҳои куллии ҳаёти ҷамъиятӣ, прогрессии илмию техникӣ, раванди зиддиятноки муносибатҳои ҷамъиятӣ, хатари ба сари ҷомеаи инсонӣ омадани рӯйдодҳои фалокатовар ва яккаю танҳо мондани  фарди алоҳида, ин арзишҳои анъанавиро халалдор сохт.Инкишофи илмҳои ҷамъиятӣ аз ба вуҷуд омадани тамаддуне дарак доданд, ки онҷо арзишҳои дигари ахлоқию иҷтимоӣ амал мекунанд.Пешрафти илми психология назарияеро ба миён гузошт, ки мувофиқи он рафтори инсон ба сабабҳое алоқаманд   аст, ки онҷо ҳолатҳои ғайриихтиёрӣ ва бешуурӣ бештар сурат мегиранд. Ҳадди зуҳуротҳои бешуурият нисбати ҳудуди шуур ва сарҳади хирад, ақл хело васеътар буда, шуур ва хирад наметавонанд, баҳогузори ягонаю дурусти воқеият бошанд. Ва дар заминаи ин зуҳуротҳо бояд меъёрҳои сифатии муносибати инсон ба олам тағйир ёбад.Тағйирёбии ин таҳаввулоти фикру андешаро аввалин шуда, бунёдгузори «фалсафаи ҳаёт» Фридрих Нитсше дарк намуд. «Магар мо дар оғози даврае нестем,ки онро метавон қабл аз ҳама бо истилоҳи манфии беруназахлоқӣ ном гирифт.»6. Ирратсионализм робитаи мантиқию ҳузури хирадро дар табиат низ инкор намуда, муроқибаи олами атрофро ҳамчун системаи кулл ва қонунии идеяи инкишофу диалектикаи Гегел танқид мекунад. «Заифии мавқеи фалсафаи классикии немисро дар он мебинад,ки он  протсесси таърихиро дар инкишофи  идеяи мутлақ қаблан муайян сохта,инсон , ҷомеа ва таърихро танҳо шакли дигаргуншудаи он медонад»7.Идеяи асосии ирратсионализм  дар он зуҳур меёбад, ки олами атроф, ҳамчун мавҷуди кулл эътироф нагашта, аз қонуниятҳои дохилӣ, қонуни инкишоф маҳрум буда, тахти назорати хирад нест ва вориди як ҷараёни бенизому парокандаю печида (хаос) аст ва ба нерӯҳои ҳаракатдиҳандае аз қабили беихтиёрӣ (аффект), ирода итоат мекунад.Аз нигоҳи принсипи нав,  мегӯяд Нитсше, мебояд  ба ҷои назарияи маърифат «таълимоти перспективӣ оид ба аффект»-ро гузошт. Маҳз бо таъсири ҳавасу талаботҳо инсон оламро аз нав шарҳ медиҳад, зеро ки ҳама гуна рағбату ҳавас ин  «намуди маълуми ҳокимиятхоҳӣ»буда, ба хотири ояндаи хешро бо меъёрҳои ин ҳавасу рағбатҳо алоқаманд сохтан, нигаронида шудааст. Беадолатӣ, монеият, истисмор наметавонад  дар баробари шаклҳои дигари ҳаёти иҷтимоӣ имтиёз дошта бошад.Фарҳанги аврупоӣ дар инкишофи баъдии хеш бо роҳи пахш намудани оғози дионисӣ аз ҷониби «хирад» ё ин ки «ҳақиқат»сурат гирифт. Ҳаёти муқаррарӣ, қотеона ботартиб тасвир шуда, онҷо барои қаҳрамонию худсозӣ ҷой намонда, маъмулияту муқаррарият тантана пайдо намуд. Фалсафаи спиритуалӣ (фалсафаи идеализми объективӣ,ки рӯҳро ба ҳайси бунёди воқеият,ҳамчун ҷавҳари бе ҷисми бидуни материя ва новобаста ба он медонад), дини масеҳият  ва ахлоқи зоҳидона (аскетӣ), инсонро аз бунёди мавҷудияти хеш-яъне аз «ҳаёт»  дур сохта, маҷбур месозад ӯ «сарро ба  анбӯҳи корҳои

————————————————————————————-

6. Ницше Ф. По ту сторону добра и зла. Соч. в двух томах. Т.2. М.,

«Мысль» 1990.с.267.

7. Миголатьев А. А.  Классическая немецкая философия 18-19 вв. Г.В.Ф. Гегель. М., 1998.с.39.

осмонӣ халонад» («Зарыват голову в песок небесных дел»). «Инак, ҳеҷ кас то ҳол ҳанӯз қадршиносии шӯҳратёфтаеро аз ҷамъи давоҳо,ки ахлоқ ном дорад, санҷидаю тасдиқ накардааст: барои ин бояд,аввалан ин арзишро ба шӯбҳа гузошт.Хайр чӣ ҳам мебуд! Ин албатта кори мо хоҳад буд.»8-менависад Нитсше. Дар асари «Дар он тарафи некию бадӣ» (« По ту сторону добра и зла») Нитсше оид ба ахлоқ ҳарф зада,таъкид мекунад,ки дар тамоми таърихи мутамадуни инсоният, на худи ахлоқро, балки нияти некеро, ки ба сӯи ахлоқ барад,тавсиф намудаанд. Дар асари «Ирода ба ҳокимият» бошад, аз нав ба масъалаи таъиноти ахлоқ баргашта инҷо андешаи хело ҳам нешзанандаеро баён мекунад,ки наметавон ба он розӣ шуд. «Ахлоқ- ин маҳсули бадахлоқию фосиқист, зеро ки : 1.Ба хотири он ки арзишҳои ахлоқӣ тавонанду ҳукмфармо бошанд, онҳо бояд қатъиян ва фавқулодда ба нерӯ ва аффектҳои хусусияти бадахлоқӣ дошта, такя кунанд. 2. Пайдо шудани арзишҳои ахлоқӣ кори мулоҳизаю аффектҳои бадахлоқист.»9.Умуман, наметавон ҳар матни навиштаи  ӯро  фориғболонаю бепарвоёна хонд. Хонандаро андешаи мухталифе аз қабили напазируфтани фикри  Нитсше, инкори андешаи ӯ ё баръакс бо шавқу ба ваҷд омадан, зимни  тахаюлу  парастиши баёнияи ӯ, фаро мегирад. Баъзан ғазаб низ вақти таҳлили осори Нитсше ҷойгири андешаи солим мегардад.Дар ҳама ҳолат ва ба ҳар маъное набошад,  Нитсше касро «гирифтору мубтало» месозад, зеро ки ӯ беҳавсалагию бепарвоӣ   ва тамаллӯқкорию чоплусиро тоб надорад ва ҳамаю ҳама чизро бахшишу гузашту мағфират нахоҳад кард. Дар асари «Шомгоҳи бутҳо…» оид ба баробарии иҷтимоӣ ҳарф зада, онро падидаи харобкоронае тавсиф медиҳад: « Таълимот дар бораи баробарӣ!… Аммо заҳри заҳрогунтаре аз ин нест,ки бо он адолатро тарғиб мекунанд, дар сурате,ки он хотимаи адолат аст…»10.

Сарахбори асосии эҷодиёти Нитсше , назари нав ба анъанаҳои  пешин ва  кӯшиши баҳогузорӣ ба арзишҳои ба қавли ӯ, фарсудашудаи  миёни садсолаҳост. Тарошидану сабти арзишҳои нав ва кандану буридану мӯҳрзадан дар лавҳаи ҷадид кори саҳл нест. Арзишҳое,ки ба

8.Ницше Ф. Веселая наука. Злая мудрость.М.,«Эскимо»,2007.с.312.

9.Ницше Ф. Воля к власти.  М., Refi- Book,1994, с.110.

10.Ницше Ф. Сумерки идолов// Ницше Ф.Сочинение …Т.2.с. 622.

 «пӯсти» тафаккуру тахаюли инсон давоми муддатҳои тӯлонӣ, чун «тан» рӯстаанд, хело ҳам қоиму устуворанд. Ин арзишҳо фармонравою омиронаю ҳукми иҷборӣ доранд ва итоату тасмимоти бечунучарою  бидуни шартеро тақозо доранд. «Туро мебояд!», ё ин  ки  «Ту муаззаф ҳастӣ!» ва ё  « Қарзи туст!» ибораҳое ҳастанд,ки  ҳамчун амри иҷрошаванда ба ту нигаронида шудаанд. Вале ту аз кӣ қарздору барои чӣ муаззафӣ? Ҳамин  амру фармону супоришҳоро мутафаккири олмонӣ  мехоҳад  сару кор гирад ва системаи нави арзишҳоро пешбинӣ кунад.  Карл Лёвит менависад,ки   аз нигоҳи Нитсше   « Ахлоқ муқобили ҳаёт аст. Он аз тарс дар муқобили нерӯмандӣ пайдо    шудааст ва бар зидди ирода ба ҳокимият равона гардидааст.»11.Албатта, арзишҳои ахлоқие,ки Нитсше дар назар дорад  ба арзишҳои анъанавии ҷомеаи аврупоӣ номувофиқ ва дар тасаввури анъанавӣ оид ба ахлоқ ғунҷоишнопазиранд.Мисли он ки нигилизми нерӯманд ва нигилизми заифу суст  вуҷуд дорад, арзишҳо ҳам аз якдигар фарқ доранд. Арзишҳое ҳастанд, ки ба «иродаи қудрату ҳокимият» созгор буда, баръакс арзишҳое мавҷуданд,ки ба татбиқу амалӣ шудани ҳамин «ирода» монеият доранд. Табиист,ки арзишҳои ба ҳаёт татбиқшавандае,ки дар моҳияташон нерӯи ғолибияту пазируфтанро доранд, зарурати баҳогузории нав надоранд. Азнавбаҳогузорӣ ҳамон арзишҳое доранд,ки тамоилу ҳаракат ба сӯи заволу таназзуланд ва ҳолати декаданс (ҳолати ноумедию рӯҳафтодагӣ,дунёбезорӣ) онҳоро ба вуҷуд овардааст. Ин арзишҳо иродаи ҳаётӣ,ирода ба ҳокимиятро шиканҷаю зулм карда, на ғаризаи қобил ба ҳаётро, ки хоси  фавқулодам аст, балки ғаризаи қасосхоҳонаю интиқомгиронаи издиҳомро таҳким мебахшад, ки маҳз тавассути бартарияти теъдодашон аз болои арзишҳое,ки  воқеан бояд муқаррар бошанд, ҳоким гаштаанд. «Чизи хубе дар издиҳом (толпа) нест, ҳатто вақте, ки аз дунболи ту медаванд.»12- дар истиораҳои асари ӯ «Ҳикмати талх», чунин суханони нешдорро мехонем. Ҳамин тавр, арзишҳое ҳастанд,ки

————————————————————————————

11.Лёвит К. От Гегеля  к Нитсше .с.22.

12.Ницше Ф. Веселая наука.Злая мудрость.с.429.

аз нигоҳи Нитсше бояд аз нав тарҳрезӣ ё таҷдиди назар гарданд. Ин ҳамон арзишҳоест,ки издиҳоми авомунноси фаттоҳу нусратёфта зӯран овардаанд.Ин арзишҳо моҳияти «қоидаи бозӣ», сотсиум, тӯдаҳо,  «охирин одамон», ахлоқи онҳое,ки идораи мӯътадили «пода»-ро таъмин сохта, ҳама фардҳоро,ки  аз суфуфи онҳо берун мешаванд, пахш менамояд.

« Дар масеҳият,-зикр мекунад  Нитсше,- дар нақшаи аввал ғаризаи мазлумону ғуломон меистад. Онҷо наҷоти табақаҳои поёниро меҷӯянд».13.Масеҳият-ин адёни хидматгузорон, ғуломон ва ахлоқи ӯ бошад- қасду интиқом ба зуҳури нерӯмандию солимии авлоди саодатманди инсон аст. Психологияи насоро-ин психологияи ғулом, ҷамъан психологияи коҳинон аст.  Мафҳумҳое,ки коҳинони яҳудӣ бофтаю баровардаанд-ин гуноҳ, ҷазо, азият,сазою қасос на ба созандагӣ,балки ба таҳкими туфайлихӯрию муфтхӯрӣ мебарад.  «Наздиктарини худро дӯст бидор»- ин қабл аз ҳама чунин маъно дорад: «наздиктарини  худро ором гузор.» Ва ин айнан ҷузъи чунин неккирдориест,ки ба мушкилиҳои бештар алоқаманд аст»14. Андешаҳои то андозае нешзанандаю барқосоро,ки Нитсше оид ба ахлоқу анъанаи издиҳом баён мекунад, мутафаккирони ӯро таҳлил кардаро ба нороҳатӣ тела медиҳад. Ин ҷиҳати таълимоти ӯро ҳанӯз аввали асри 20 файласуфи рус Е.Н.Трубетской дар мақолааш «Фридрих Нитсше. Очерки танқидӣ.»,ки дар журнали « Вопросы философии и психологии» соли 1903 ба табъ расида буд, мавриди танқид қарор медиҳад ва аз тарафи дигар шиддати баёнияҳои тундравои Нитсшеро то ҳадде, ҷомаи  мусолиҳат мепӯшонад. Ҳадафи ташаккули инсоният, чун дигар намуди ҳайвон ё рӯстанӣ на дар оммаҳо ифода меёбад, шарҳ медиҳад  Е.Н. Трубетской андешаҳои Нитсшеро,- балки дар он нусхаҳои  нодиру ягонаанд,ки нисбат ба сатҳи умумӣ болотар баромада, пешраву раҳнамои гузаштан ба типи олии ҳаёти инсонианд… Оммаҳо ҳамчун нусхаи одамони бузург, мисли он ки дар коғази матбаа, нақши хираи лавҳаи дастгоҳи  ҳарфзанӣ базӯр намудор

———————————————————————————–

13.Ницше Ф. Воля к власти.  М., 1994, с.139.

14.Ницше Ф. Веселая наука… с.448.

аст,  тасвир шуда, муқобилиятро ба одамони бузург анҷом медиҳанд ва дар ҳадди охир яроқу воситаи одамони бузург мегарданд.15.Матнҳои навиштаи Нитсше халандаю нешдору талх ва ғавғоангезу ноҳинҷору захмзанандаанд ва  хонандаи

захмгирифта танҳо «тасвири хунини» зиндагии ин бузургвори  «сарнагунсозандаи бутпарастон»-ро такрор мекунаду халос. Бале, матнҳои Нитсше захмӣ месозанд. Ба қавли муҳаққиқи шинохтаи осори Ф. Нитсше Б.Г. Соколов, ин танҳо хуни худи Нитсше аст. Зеро,ки ӯ бо хуни хеш ва ҳаёти хунборонаи худ навиштааст. Тамоми зиндагии ӯ ҷараёни пурғалаён,ошуфтагию азияту дарди бошиддате буд,ки комилан нерӯи ҳаётии ӯро вожгун сохт ва ӯро ба партовгоҳи «ҷунунияту девонагӣ» тела дод. Мавҷуди ҷисмонии ӯро машаққату азоби ҷонгудозу ҷонкоҳе фарогир буд ва худи ӯ дусад рӯзи як солро мешуморад,ки он рӯзҳо ӯро беҳузурии меъда,  заиф шудани чашм ва дарди тоқатнопазири сар то ҳадде азоб медоданд,ки омадани маргро раҳоӣ аз азияту шиканҷаи дард мебинад. «Мо файласуфон, ихтиёр надорем байни рӯҳу ҷон ҳад бигузорем,чуноне ки инро мардум анҷом медиҳанд… мо бояд андешаҳои худро аз дардҳоямон тавлид сохта,модарона ба онҳо ҳар чизе ки дар мо ҳаст: хун, қалб, оташ, хушҳолӣ, ҳавас, азият,виҷдон, сарнавишту тақдири сиёҳро бидиҳем»16.Ҳамон рӯзҳою ҳафтаҳои камшумори солимӣ Нитсше фидокоронаю хунсардона, ҳамчун эҷодкори воқеию самимӣ, андешаҳои худро ба қоғаз меандохт.  Асари «ECCE HOMO.Чӣ тавр дар хештан қарор гирифт »-ро 15октябри соли 1888 оғоз кард (рӯзи таваллудаш) ва 4 ноябр дастхатро ба анҷом расонд.Тасаввур кунед, то сактаи майнаи ӯ  ( зарбаи апоплексӣ),ки 3 январи соли 1889 рух дод, танҳо ду моҳе мондаасту халос. Навиштаҳою матнҳои  ӯ ба мо дарду азияти ӯро, муборизаи  ӯро ба хотири ҳаёт, муборизаи ӯ ба хотири салтанат ёфтан ба хешро гувоҳ аст.

——————————————————————————–

15.Трубецкой Е.Н. Философия Ницше. Критический очерк.

//Ф. Ницше. PRO ET KONTRA. Антология.с.682

16.Ницше Ф. Сочинения. Том 1. с.495.

«Муҳаббат ба ҳаёт- ин тақрибан мутаззоди муҳаббат ба дарозумрист.Ҳама гуна муҳаббат, оид ба лаҳзаи ҷовидону абадият андеша дорад-на ҳеҷ гоҳе дар бораи «бардавомият»17. Набояд фориғболона ва бе шавқу рағбат оид ба Нитсше навишт. Наметавон ӯро яктарафаю бе завқ, илмию кабинетӣ хонд. Нитсше файласуфест,ки услуби адабиётнигорӣ дорад, на академикӣ  Дар консепсияи фалсафии ӯ амалан ба онтология ва гносеология ҷои камтаре ҷудо шудааст.  Этика ва танқиди динро афзал донист. ( Инҷо бояд таъкид сохт,ки ӯ догмаҳои дини насрониро  оиди табиати пургуноҳи инсон ва ба худо табдил додани Исои масеҳро танқид мекунад. Ба анъанаҳои исломӣ ва ахлоқи муҳаммаддия, ки бевосита аз рӯзгори инсони солеҳ бармеоянд, таваҷҷуҳи эҳтиромона дошт, ки мо баъдан бо иқтибосҳо аз худи Нитсше ин андешаро тасдиқ менамоем.) Маҳз ҳамин фаслҳои фалсафааш ӯро машҳур сохт ва нақши ӯро дар таърихи фалсафа муайян намуд. Омӯзиши Нитсше ва навиштан дар бораи ӯ эҳсоси бархурди тарафайн ва сӯзиши аксро талаб мекунад. Нитсше ба ҳамэҷодию ҳамандешегӣ даъват намуда, хонандаро ба худ мекашад, маҷбур месозад,ки на танҳо «чашмандозӣ» кунед, балки  онро амиқан назар кунед. Хонанда эҳсос мекунад,ки Нитсше ҳар андешаю идеяи ба қалам додаашро бо азияту шиканҷаи тоқатфарсое тавлид месозад. Ва беҳуда  нест,ки раванди тавлиди андешаҳоро ӯ ҳолати ҳомилагии эҷодкор медонад. «Чӣ чизе манро такягоҳу мададгор аст? Танҳо ҳамеша ҳамл. Ва ҳар вақт, бо пайдоиши ( зуҳури) таълифоте ба олам,ҳаёти ман дар қили мӯе овезон меистад.»18. Маърифат сохтан ё пазируфтани андешаи муаллифе чун  Нитсше хонандаро ба сӯи ҳамфикрию эҷодкорию шарикӣ ба ҳамин эҷодиёт раҳнамун месозад. Муҳаққиқин ба он ақидаанд,ки муҳим нест  Нитсше  чӣ гуфтааст,балки он аст,ки ӯ инро чӣ тавр гуфтааст. Инҷо чанд истиораи ӯро  аз асари «Ҳикмати талх» меорем,ки қобили таваҷҷӯҳ аст:                                       « 250.Камбӯдиҳои мо беҳтарин устодони моанд: аммо ба устоди беҳтарин ҳамеша носипос хоҳӣ монд.»

—————————————————————————————

17.Ницше Ф. Веселая наука. Злая мудрость.с.458.

18. Ҳамон ҷо.с.414.

«254. Барои каси танҳо ҳатто ғавғою мағал ҳам таскинию тасаллият меорад.»

«166. Ба ҳар кас хостаашро додан, чунин маънӣ дорад: адолатхоҳӣ ва ноил шудан  ба бесарусомонӣ.»

«304. Фарҳанг- ин танҳо пӯсти тунуки себеро мемонад,ки бесарусомонии тафсону доғгардидаро печонидааст.»

Ба ин ва даҳҳо андешаҳои Нитсше метавонӣ мувофиқ набошӣ  ва ҳато ӯро қабул накунӣ. Вале инкори Нитсше ҳаргиз наметавонад муҳимтарин ҷузъиёти  ҳаёти  ӯро-яъне холисӣ, оштинопазирӣ, воқеъбинӣ, хоҳиши то ҳадди охир рафтанро, мавриди беэътирофию напазируфтан созад. Ҷодае,ки ӯ раҳсипор буд, роҳ ба ба сӯи ҳадди интиҳо буд ва тасодуфӣ нест, ки то ҳадди ниҳоии имкониятҳои нерӯи инсонӣ меҳнат карда ба ҳадди хавфноки  ниҳоӣ меравад ва ӯро даҳ соли ҷунунӣ дар охири ҳаёташ интизор аст.Яке аз симоҳои шинохтаи фарҳанги Россия   П.Струве оид ба ҳамин масъала менависад: «Нитсше хиради ҷасур ва бошуҷоат аст ва ман фикр мекунам, ки ба ӯ даст задан  ва аз ошноӣ ёфтан ба беҳтарин рангинкамони андешаҳои ӯ набояд хавф бурд. Ӯ танҳо одамони хело ҳам заифро,ки  тиннату аслияташон аллакай ба декадент ва бандагию ғуломӣ маҳкум шудаанд, гумроҳ месозаду халос.»19.  Фридрих Нитсше файласуфе дар шеър ва шоире дар фалсафа, шоири ҳакими шайдою маҷнунгашта, ки дар осораш нидоҳои шатҳгӯёнаю ошуфтанаворо тараннум мекунад, набояд мавриди истеҳзо ё хӯрдагирие қарор гирад. Ҳатто мунаққиди ӯ Е.Н.Трубетской, дар мақолаи болотар зикршуда заҳмати воқеии ӯро қадр карда, таъкид мекунад:Нитсше дар фалсафа қабл аз ҳама  ҳақ баровардани фардро, ширкати фаъолиятноки ӯро дар раванди таърихӣ меҷӯст. Ва гӯё ба тасдиқи ин Мирзо Бедил « узри ҳарзадароён бипазир … бар ғафлаткаломон хӯрда магир» гуфта бошад.Нитсше тавассути истеъдоди беназири хеш қабатҳои ирратсионалии  ғанабрафтаи фарҳанги аврупоиро  ба изтиробу ҳаяҷон овард.Ӯ ҳамон мутафаккирест,ки дар эҷодиёти ӯ ва тақдири шахсиаш ҳодисоти драмавии «давраи гузариш»- охири қарни 19 ва арафаи

————————————————————————————-

19.Жукоцкий В.Д., Жукоцкая Э.Р. О тождестве противоположностей: к диа-логика ницшеанства и марксизма в России // Общественные науки и современность. 2002,№ 4,с.133.

 қарни 20, нақши худро гузоштааст. Аз тарафи дигар  Нитсше идомадиҳандаи мустақилназари  фалсафаи классики Ғарб аст,ки эҷодкорона ва комилан соҳибкасбона  манобеъ ва оғози фарҳанги  Ғарбро (чӣ замони аттиқа ва чӣ асрҳои баъдӣ ) амиқтар мулоҳиза карда, марҳилаҳои муҳими ташаккули масеҳият, Замони Эҳё ва Замони Навро  ба назари хоси хеш арзёбӣ кардааст.Бархӯрди ин тамоилҳои мухталифбунёд баёнгари офаридаҳои гуногунсамт ва мутазодди эҷодиёти худи Нитсше  ва аз тарафи дигар боиси таъсири ихтилофангези он аст.

Андешаҳои Нитсше таҳаввули хешро аз марҳилаи эстетизатсияи  романтикии  «азнавбаҳогузории тамоми арзишҳо» ва интиқоди «нигилизми аврупоӣ» ба сӯи консепсияи ҳамаро  фарогирандаи волюнтаризм ва перспективизм тай намудааст. Карл Лёвит менависад: « Нитсше танҳо як роҳи муборизаро мебинад, яъне қабули он … Танҳо нигилизмро танқид намуда, ҳама зинаҳои онро пушти сар намуда, аз он боло шуда ва танҳо ин роҳро тай намуда, метавон  ба бартараф намудани он ноил гашт.»20.Ӯ шоҳиди бевоситаи пайдо шудани ин падида-«нигилизми аврупоӣ»,ки нимаи дуюми қарни 19 авҷ гирифт, мебошад. Нитсше онро «мантиқи то охир фикр намудаи арзишҳо ва идеалҳои мо» меномад. Мавзӯи муҳимтарини он арзёбии чунин мафҳумҳое аз қабили мақсад, ягонагӣ ва ҳақиқат аст,ки ҳамчун хосияти асосии « ҳастӣ» баромад мекунанд. Ғайр аз ин  Нитсше оид ба нигилизме ҳарф мезанад,ки  ногузирӣ, ҳамаро фарогирӣ  ва мутлақ будани он чун тарафи баръакси он  муборизаи ҳамешагии инсони аврупоӣ ба хотири озодӣ- аз мақому таъсири рӯҳониён ва сохторҳои иҷтимоӣ, зуҳур мекунад. Аз ин мавқеъ Нитсше нигилизмро ихтиёрона, ҳамчун тақдири шахсии хеш қабул намуда, кӯшиш дорад онро ҳамчун «фалсафаи минбаъда» бартараф созад. Қобили зикр аст,ки баҳогузории нигилистию риндии Нитсше оид ба баъзе саҳифаҳои таърихи фарҳанги аврупоӣ ва ришханд задан ба соире аз мутафаккирони гузашта хонандаро ба ҳолати раъшаю ларзишонае гирифтор месозад. Андешаҳои нигилистии ӯ ибораҳое дорад,ки онҷо ахлоқ  ва гуманизми классикӣ мавриди тамасхӯр қарор мегирад. А.В. Персев асаре дорад бо номи «Андешаҳои маҳзунонаи файласуф» ва онҷо андешаҳои

20.Лёвит К. От Гегеля к Ницше. с.21.

нигилистии Нитсшеро,ки ахлоқ ва гуманизми классикиро мавриди тамасхур қарор медиҳад, таҳлил  мекунад.Яке аз бобҳои ин китобро паёми моҳвораи  Донишгоҳи  Москва ба номи М. В.Ломоносов нашр кардааст,ки андешаҳои нигилистии Нитсшеро иқтибос меорад: «Назарияи ахлоқӣ-сафсатаи Канти пиронсол…», «Оҳ, Волтер! Оҳ инсонпарварӣ…оҳ заифақлӣ!» ё ин ки «Ин рондашудаҳои ҷамъият, ин таъқибшудагони ҳамешагӣ, бадқаҳрони заҳрзананда… ин Спиноза ва Ҷордано Бруно дар ҳадди охир қасосгирандаю заҳрзананда мешаванд»21.Ҳатто Афлотуну Суқрот, Августину Гегелро,ки ҷараёни ба хирад бунёдёфтаи ташаккули оламро таъкид мекунанд, мавриди интиқод қарор медиҳад.  Ба хирад  мувофиқ будани  рӯйдоду ҳаводисоти оламро, ки асосгузорони адёни маъмулии олам  ва ҳакимони бостонию  баъдӣ  таъкид мекарданд, Нитсше танҳо чун дурӯғ ва  хукми ботил арзёбӣ мекунад.  Ва табиист, ки ҳар  муқаррароту лоиҳасозие,ки хаёли бофтаю тахмини беасосу дурӯғ аст, аз нигоҳи Нитсше наметавонад ба ахлоқ созгор бошад.  « На Ману (Монӣ- бунёдгузори монавия), на Афлотун, на Конфутсий, на муаллимони  яҳудияву масеҳӣ ҳеҷ гоҳе дар ҳуқуқу ҳақонияти  хештан  ба дурӯғ шак надоштанд. Онҳо ба ҳуқуқҳои тамоман дигар низ шубҳа надоштанд… Инро (ҳамин андешаро. Ф.А.) ба тасвиб расонида, мумкин аст чунин гуфт: тамоми воситаҳое,ки то ҳол  мебоист инсонро хушахлоқ  созад, комилан берун аз ахлоқ буданд.»22. Таваҷҷӯҳ кунед,ки Нитсше афкори  конфутсионӣ, яҳудияю масеҳият ва ақоиди Афлотун-бузургтарин файласуфи аттиқаро ҳамчун таълимотҳои дур аз воқеияту ҳақиқат  баҳогузорӣ мекунад, вале ба муқаррароту  низоми таълимоти  исломӣ дар ҳеҷ куҷое хӯрдагириеро раво намебинад. Ба таҳаввули ҷомеаи инсонӣ ва маданияти ҷаҳонӣ назар андохта Нитсше интеллект ва

————————————————————————————–

21. Перцев А. В.   Ф.Ницше.  Дела семейные.// Вестник МГУ,серия   7,

                                                  Философия, 2001, №4.с.23.

22. Ницше Ф. Сумерки идолов, или  как философствуют молотом.// Ф.          

Ницше. Соч. Т.2. с.588.

тахаюлро ҳамчун хосияти асосии «намуди ҷисман  заифи биологӣ»

 ( яъне инсон ) тавсиф мекунад,ки инсон онро инкишоф дода, вазифҳои амалиеро, ки бунёди онро қобилият ёфтан ба ҳаёт ташкил мекунад, ӯҳдабароӣ кунад.  Рӯ овардан ба хирад ва ҳақиқатро танҳо маҷбурсозии ҷисмонӣ ва таъсиррасонии  як шакли ирода ба иродаи дигар медонад. Далеловарии  ратсионалӣ, умуман ҳама гуна мулоҳизакорӣ, мувофиқи андешаи ӯ ҳамон вақт аҳамият доранд,ки ба хотири зуҳури иродае сафарбар шуда, барои васеъ шудани нерӯи хеш нигаронида шудааст. Ҳама мубоҳисаю мунозираҳои фалсафӣ на ба хотири ҳақиқат, балки барои тобеъ сохтани иродаи ғайрие ба иродаи  хеш  кӯшиш ба харҷ медиҳад.  Ин ба мулоҳизаҳо оид ба  арзишҳо, ҳукмҳо доир ба олами объективӣ дахл  дорад. Ҳамаи ин моҳияти  « тавзеҳдиҳиест», ки  дар паси он кӯшиши нигоҳ доштани шакли муайяни ҳаёт қарор дорад.  Нитсше танқиди метафизикаро ба танқиди забон алоқаманд месозад. Таҳияи «воситаҳои фарҳанг», аз қабили забон ва мантиқ ба таҳрифу ғалатсозии принсипҳои воқеият мебарад, ки ба  мушобеҳияту айнияти ҳаводисот асос ёфтааст. Ҳарчанд, тафаккур аз забон ҷудонопазир ҳам, ки бошад, вале забон ноилоҷ воқеиятро таҳрифу ғалат месозад. Воқеиятро ҳамчун ҷараёни бенизоми ташаккул баррасӣ намуда, Нитсше беқиёсии схемаҳои категориалии эҷодшудаи образи забонии оламро  бо вазъи воқеии мавҷуда ифшо сохта, ноқобилии забонро, инчунин  тафаккурро зикр мекунад, ки берун аз забону тафаккур донише дода наметавонанд. Итминони  Нитсше ба табиати сохтакоронаю  қалбакии забон  ва тафаккури бохирадона,  дар бунёди назарияи ӯ оид ба афзалияти амал ва ирода бар ҳамаи  сифату хосиятҳои дигар қарор дорад.

Бо ёрии сухан-истиораҳо одамон  аз аввал  бенизомиеро, ки дар тасаввуроти таҷрибаи хому нимкола  нақш гузоштаанд, ба муназзамият медароранд. Истиораҳои тасодуфии тадриҷан  «шах» шудаю қолабӣ гашта, манбаи пайдоиши он фаромӯш мегардад ва дар рафти истифодаи бениҳоят зиёд ба «мафҳумҳо» табдил меёбанд. Ин мафҳумҳо берун аз фард шуда, ҳамчун мафҳумҳои кулл (универсалияҳо)  пазируфта мешаванд ва гӯё кафили мавҷудияти ҷомеа гашта, имконияти «муоҳидаю мусолиҳа»-ро  ба аъзоёни ҷомеа фароҳам меоранд. Тафаккури инсон тамоили маҷозӣ дошта, рамзиёт инсонро ба воқеият алоқаманд месозад. Дар заминаи ҳамин андеша Нитсше ноқобил будани мафҳумҳои илмиро дар алоқамандӣ ба воқеият баррасӣ мекунад.  Мувофиқи андешаи ӯ сабаб, муназзамият, нисбият, шумора, қонун, озодӣ, асосу бунёд, мақсад ва дигар категорияҳо моҳияти ҳарзагӯӣ буда, ба олам пайванд сохтани он танҳо асотире асту халос. Ташаккули  ирратсионалии олам, ки ҷараёни беҳадафу бесабабу бемақсад аст, ногузир дар таълимоти Нитсше ин мафҳумҳои фалсафаи классикиро сарфи назар мекунад. Дар назарияи маърифат Нитсше идеяи «перспективизм»-ро инкишоф медиҳад, ки ба ҳамин маъно шарҳ меёбад: бо таъсири ҳавасу талаботҳо инсон оламро бо тарзи муайян шарҳ медиҳад,  зеро ки ҳама гуна ҳавас «намуди маълуми ҳокимиятхоҳӣ» аст, ки дурнамои  ( перспективаи)  худро  ба болои дигар ҳавасу  завқҳо бор карданӣ мешавад. Инчунин, субектҳои гуногун  ба як чиз баҳогузории зиёде медиҳанд, ки ҳеҷ кадоми онҳо ноҳақии хешро қабул надоранд ва ҳаққонияти   танҳо худро эътироф мекунанд. « Ҳар як маркази нерӯю  қувва, тамоми олами боқимондаро аз мавқеи хеш тарҳрезӣ кардаю лоиҳа месозад.»

Нигилизми Нитсше мавқеъ ва идеяи умумии Шопенгауэр-                   «бемаъноӣ»-и   оламро пуштибонӣ кардаю идома дода, муқобили ғурубу хомӯш сохтани  «ирода ба ҳаёт» исён бардошта, нигилизмро  ҳамчун  « аз нав баҳогузории ҳамаи арзишҳо» таҳким бахшида, онро яке аз роҳҳои  рафъи ахлоқи  «ноқобил ба ҳаёти» масеҳият  ва ҳамчун марҳилаи раҳоӣ аз тахаюлоту образҳои маъмулии  гуманизм  ( ки таъкиди устуворию тағйирнопазирии табиати инсон аст.) дар ҷараёни ҳаракат ба сӯи  « фавқулодам»,ки  «дар он тарафи некию бадӣ»меистад,арзёбӣ мекунад.

Ҳамин тавр дар фалсафаи Нитсше идеяи «Фавқулодам»  намоён мегардад, ки маҳз ҳамин   идея,баъдтар ва ҳатто имрӯзҳо ҳам мавриди  мубоҳисаҳои мухталифоҳангу ихтилофмазмун аст.Дар асари «Чунин гуфта буд,Зардушт», ӯ менависад:  «Инсон-ресмонест (танобест), ки  байни ҳайвон  ва Фавқулодам кашида шудааст, ресмонест,ки болои вартаи  бетаге (ғоре) қарор дорад»23.Ин роҳест,ки хавфнок, роҳест,ки ба ақиб назар натавонист кардан, ҳатто тарсидану истодан хавфнок аст.  Инсон  танҳо  пулест (яъне купрукест) ва  наметавон гуфт, ки  ӯ мақсад аст.  Инсонро ба хотири он бояд дӯст дошт, ки 

23.Ницше Ф. Соч. Т. 2. с. 9.

  ӯ  ҳам гузаштан асту ҳамзамон  ҳалокат.  Нитсше ба аксари  қаҳрамонҳои  (персонажҳои) асотирию динӣ, таърихӣ ва симоҳои фарҳанги умумиҷаҳонӣ  шинос буд, вале ӯ маҳз ба хотири тавзеҳи  идеяи « фавқулодам»-и хеш  Зардуштро   ( пайғамбари тоисломии мо,ки аслан тоҷик буд) интихоб мекунад.  Дар миёни ҳазорон қаҳрамонҳои гузаштаи инсоният  интихоби Зардушт  ва зардуштия –ин оини форсиёни қадим бесабаб набуд. Усули имон  доштан ва  таълимоти Зардушт дар робита ба  мақоми инсон дар кайҳон комилан ҷавобгӯи андешаҳои Нитсше буд. Худи Нитсше зикр мекунад,ки ибораи Зардушт «малакаи камондорӣ ва рост гуфтан»-ҳамчун  ифодаи мардию мардонагӣ  таваҷҷӯҳи ӯро ҷалб кардааст. Зардушт шуҷоатро дар ҷанг, ҳақгӯиро новобаста ба талху воҳиманок буданаш, тарғиб мекунад. Дар мактубаш ба          Э. Роде менависад, ки дар навиштани китобаш  оид ба Зардушт ӯ ҳамчун мутахасиси филологияи  классикӣ аз тамоми нозукиҳои  забони олмонӣ истифода бурда, ҳатто ин забонро такмил сохтааст. « Ба назарам чунин менамояд, ки бо ин Зардушт ман  забони олмониро комилтар сохтам. Услуби ман-рақс аст;бозии таносуби мухталиф,  дар айни ҳол тамасхуру рафъи ҳамин ҳамоҳангию мутаносибист.»24 Албатта Зардушти воқеӣ,  бунёдгузори дини зардуштия аз Зардушти Нитсше,ки  ҳакими  форсро мунодии  ҳақониятнигории  хеш пазируфтааст, фарқ дорад. Зардушти Нитсше ин муждадиҳандаю пайғомовари идеяҳо ва ҳамсафарест,ки ба самти  сайре мебарад, ки истгоҳи ниҳоияш – фавқулодам аст. Бояд гуфт,ки  Зардушт на фавқулодам, балки ҳидояткунандае ба сӯи  фавқулодам аст. Гумон меравад, ки Зардушт ғолибан ба фавқулодам боло хоҳад шуд, вале ин берун аз сарҳади китоб аст, ҳамон замон аст, ки ҳаким охирин дилбастагию ихлосу муҳаббаташро, охирин «одамият, беҳад одамият»-ро бартараф сохта, ба сӯи фавқулодам гом мениҳад. Дар тасаввури Нитсше ин ҷодаи бисёр мутазод аст ва метавонад ботилу тахаюлӣ намояд. На ҳамаи бузургон ба сӯи фавқулодам боҷуръатона қадам зада, қуллаи ниҳоии онро  фатҳ мекунанд. Одамони тасодуфӣ низ мехоҳанд, дар сафи бузургон бошанд. Баъзан ин бузурманишон худро қалбакӣ ба ҳисоби фавқулодам дохил месозанд. Дар робита ба омӯзиши равонияту ҳувияти ин одамон, Нитсше барҳақ хешро  равоншинос

24. Ницше Ф. Соч. Т. 2. с.771.

арз медорад ва майлони андешаҳои ӯ аксаран бозгӯи воқеии итминони ӯст. Ӯ зикр мекунад, ки дар роҳи дарёфти бузургӣ бештаре аз одамон сифатҳои бузургии худро аз даст дода, побанди хаёлоти ботил мегарданд. Ба таърифу тавсифҳои маддоҳона чунон одат мекунанд, ки ҳатто ҳамеша интизории ҳамин мадҳияҳоро мекашанд. Хело ҳам мушкил аст, барои онҳое, ки чунин одамонро сарфаҳм рафтанӣ  мешаванд.  «… аз дасти маддоҳони сармаст хӯрдани «итминону боварӣ ба хештан»;  чӣ азиятест барои онҳое, ки  танҳо як маротиба мехоҳанд  ин эҷодкорони бузург ва  умуман одамони бузургро пай баранд.»25. Ё ин ки дар роҳи иртиқои бузургии хеш дигаронро зери пой гузошта, ба тақдиру қисмати онҳо бепарвою бетарафанд. «Инсоне, ки ба бузургӣ талош дорад, ба ҳар нафари дар роҳи ӯ дучоромада чун воситае, ё чун таваққуф ё монеият- ё ин ки чун бистари мувақатие барои роҳат назар меандозад.»-таъкид мекунад Нитсше. Беҳтарин таҳлили равонияти бузургманишону раҳнамохоҳону мансабталошонро  Нитсше анҷом дода, ҳаракат ба сӯи фавқулодамро,  ин ҳаракат ба сӯи худмуқаррарсозӣ, ҳаракат ба сӯи танҳоӣ медонад,ки онҷо дӯстону пайравон нест.

Дар « Чунин гуфта буд  Зардушт» мо ибораи зайлро аз Зардушт     мешунавем:   «Агар хоҳед,ки маро дарёбед, бояд манро аз даст диҳед.»   Сарояндаи фавқулодам на дар бораи зӯроварӣ, балки дар бораи худмуқаррарсозӣ ҳарф мезад. Роҳ ба сӯи фавқулодам – ин на  роҳи худсозӣ бо истифода аз заифону бечорагон, балки роҳи мубориза ба ҳарифи ягонаю сазовор- бо хештан аст. Одамони пастфитрат мехоҳанд бузургии хешро дар тасарруфи иродаи дигарон ҷӯянд. Онҳо қасосгиру    интизори  лаҳзаи муносибанд. Рӯзҳои муқаррарӣ аз дигарон фарқ намекунанд, вале ҳамон вақте,ки устувории «иродаи» муқарраргаштаи  муҳиту замонашон  «ба ҳокимият» заиф гашт, ё итминон ёбанд,ки ҷинояту амали нопокашонро касе намефаҳмад, тинати бадкирдории хешро барқвор нишон медиҳанд. Вале хушбахтона ҳар қадаре,ки онҳо бераҳманд, ҳамон қадар онҳо тарсӯю буздиланд. «Бисёранд одамони бераҳме,ки барои бераҳмӣ тарсӯю буздиланд.»26  Роҳ ба сӯи фавқулодамро  бо тарзи тамсилу   аллегорӣ  ба қалам медиҳад. Рӯҳ дар аввал шутур мегардад ва шутур бидуни шубҳа  ҳама вазниниҳоро бар дӯш дорад. Ҳар қадаре

25.Ницше Ф. PRO ET KONTRA. Антология.с.389.

26.Ницше Ф. Веселая наука.Злая мудрость.М.,«Эскимо»,2007.с.446.              

бор вазнин бошад, ҳамоно беҳтар аст. Чунки нерӯи шутур маҳз ба хотири бурдани вазниниҳост. Агар дар назарияи маърифати Френсис Бэкон 

 таассуб ҳамчун монеаи маърифат дар шакли шабаҳи бозор тасвир шавад, дар андешаи Нитсше  таассубу ваҳм, ана ҳамин  вазнинии  бору боғоҷ аст. Табиист,ки бори шутур-бори худи ӯ нест.Балки борест,ки ба ӯ мегузоранд. Тасаввур кунед, ки бар души инсон чӣ азиятҳою машаққатҳое гузошта мешаванд, ки маҳсули гузаштаю имрӯза буда, аслан фароҳам омадани он ба инсони мушаххас ҳеҷ алоқамандие надорад. Танҳо азияту шиканҷаи сарбориест,ки  мавҷуди инсонро пахш мекунад ва моҳияти ӯро фано месозад. Зинаи дигар тавлиди шер аз рӯҳ аст ва ҳадафи он кӯшишест ба хотири дарёфту запти озодӣ. Дар ин ҷодаи дарёфти озодӣ мубориза  ба муқобили аждаҳои бузурге идома меёбад. Дар ҳар пулакчанақши пӯсти аждаҳо навишта шудааст: «Ту муаззаф ҳастӣ!» Аждаҳо ин рӯҳи вазнини ҳамон борест,ки ба шутур мегузоранд. Вале шер танҳо сарбоз аст ва сарбоз ҳамон вақт моҳияте дорад,ки  муқобилият ва душмане онҷо бошад. Ба пирӯзии шер душман нобуд

мешавад  ва агар шер ҳамчун шер боқӣ монад, чизи созандаю тавсиъадиҳандае нахоҳад эҷод кард.  Ӯ  танҳо  метавонад харобу вайрон созад. Дар   сатҳу зинаи охирин, рӯҳ ба   тифли кӯчак  табдил меёбад. Ҳадафи фавқулодам – ин  на мубориза ба «муқобиле», балки тавлиди нав аст. Рамзи тифл на танҳо фаромӯш кардани вазниниҳо, азияту  шиканҷаҳо,  балки тавлиди наву ҷадид аст. Яъне тавлиди арзишҳои нав – дар лавҳаю манзараи нав. Тифл- ин «Бале» -и муқаддас аст, бидуни инкору иштибоҳ. Нерӯи нави тасдиқу муқаррар ва ҳоким. Роҳи мушкил ва пуразоб ба сӯи фавқулодам пайдарҳам  ҳама вазниниҳоро, ки ба сӯи машаққатҳо моро тела медиҳад, бартараф кардан аст. Дар ин ҷода фард бояд «таассуби» хирад ва шаклҳои ҳаётро, ки ҷиҳати априорӣ ва иҷборӣ доранд, рахна созад. Дар ҳамин ҷараён идеяи «бозгашти абадӣ»- Нитсше аз худ дарак медиҳад, ки ба ногузирии азнавтаваллудёбии ин ё он шакли ҳаёт ва таҷриба далолат мекунад. Ин идеяи фаталистӣ дар ҷаҳонбинии Нитсше ба идеяи фавқулодами ӯ то андозае муқобил истода, қабл аз ҳама ба зарурати рафъи ( аз ҷумла ба воситаи низоми муайяни тарбия) бештаре аз сифатҳои инсонӣ, аз қабили хусусиятҳои эҳсосӣ,  тавассути «аниқ» сохтани муроқиба барои эҷод намудани шаклҳои комилтари ҳаёт, ишора мекунад. Олам дар ҷараёни ташаккул беҳадаф муқаррар шуда, идеяи  «бозгашту даврзании абадии ҳамон як чизе»-ро мушаххас месозад.  Идеяи «бозгашти абадӣ»-ро метавон ҳанӯз дар андешаҳои пифагориҳо дарёфт намуд (ва на танҳо пифагориҳо), вале Нитсше ин идеяро дар робита «ирода» таҳлил  мекунад, ки ба гуфти худи ӯ кашфиёти тозаест. Ташаккул ё эъморро ҳамчун ҳаракати холис, на ҳаракати ин ёон ҷавҳари муайяне арзёбӣ карда, ба мутазодие рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, ки онҷо «ашё» ҳолати устуворро дар бесарусомониҳои ҷараёни ташаккул ( ё эъмор)  соҳиб мешавад. Ирода  дар  бунёди олам қарор дорад, ки ба маънои гуногун тавзеҳ  меёбад: ҳамчун теъдоди нерӯи  ҳаракатдиҳандаи  «ташаккул», воқеияти имманентӣ, ҳамчун «мавҷуде» («сущее») дар рафти камолоташ, ҳамчун  ҳавас, эҳсос, аффект бо ҷилваҳои гуногун; ҳамчун  «ирода ба ҳокимият», ирода  ба васеъ шудани паҳноияти худи «Ман»,  ирода  ба дахолату ирода ба дохилшавӣ ва ғайра.   Дар  ҳувияти инсон «ирода ба ҳаёт» ин ҳамон «ирода ба ҳокимият», инстинкти (ғаризаи) худнигаҳдорӣ дар мубориза ба хотири мавҷудияту ҳузур доштан аст. Идеяҳои Дарвинро ба ҷомеаи инсонӣ низ нисбат дода, муборизаи инсонро ба хотири мавҷудияташ дар рӯҳияи интихоби табиӣ тасвир месозад. Бартараф намудани арзишҳои кӯҳан, ки тобеъу тасарруфи мафтунияти издиҳом аст, амали қотеонаю ҷасуронаро тақозо дорад. Амали беиштибоҳи  фавқулинсон фавқулақлона аст, ки дар баъзе осори Нитсше ин фавқулоқилӣ ба инстинкт ( ғариза) ва савқи табиӣ табдил меёбад. Беиштибоҳияти ғариза, ки инсон онро гум  кардааст, бояд дар фавқулодам аз нав барқарор гардад. Фавқулодам, ки фавқулоқилиятро соҳиб аст, аз низоми арзишҳои кӯҳан берун шуда, дар лавҳаи ҷадиду мусараъ арзишҳои навро хоҳад навишт.  Арзишҳои фавқулодам – ин ҳамон арзишҳоест, ки ҳаракатро ба пеш таъмин намуда, инсонро мутобиқ ба баланд шудани ирода ба сӯи салтанат ё ин ки мувофиқи таъиноти воқеияш раҳнамою ҳидоят месозад. Ҳамин тавр, ҳанӯз дар ибтидои анъанаҳои навини аврупоӣ, аз замони Рене Декарт  инҷониб, тамоили назари шубҳа гузоштан ба арзишҳо ва аз сари нав дида баромадани бисёре аз муқаррароти фарҳанги иҷтимоӣ, мавзӯи мубоҳисаи системаҳои фалсафӣ буд. Агар Огюст Конт анъанаи гузаштаро манфӣ, теологӣ ё метафизикӣ арзёбӣ кунад,  Людвиг Фейербах бошад, дини наверо тарҳрезӣ мекунад, ки ба куллӣ арзишҳои анъанавиро ба шубҳа мегузорад.  Карл Маркс дар «Тезисҳо  оид ба Фейербах» баёнияи машҳури худ : «Файласуфон танҳо бо тарзҳои гуногун оламро шарҳ медоданд, вале гап сари он аст,ки ин оламро тағйир бояд дод.» 27-ро дар роҳи вайрон сохтани « олами кӯҳан» пешниҳод мекунад. Фалсафаи Нитсше бошад, ба қавли Е.Н. Трубетской даъвати тундгаронае ба замони муосир буда, эътирози сахте ба муқобили ҳамаи он чизе, ки инсони муосирро иҳота кардааст, инчунин муқобили эътиқоди динӣ  ва идеяҳои фалсафӣ, муқобили илму санъати муосир аст. «Фалсафаи ман, мегӯяд ӯ, дар худ андешаи зафаровареро фаро гирифтааст, ки бояд ҳама дигар образи андешаҳоро вожгун созад.»28. Ӯ зикр мекунад, ки фалсафаи ӯ на ба ҳама , балки танҳо ба интихобшудагон- – «фавқулинсонҳо» нигаронида шудааст. Вақти худро барои «коркарди оммаҳо» сарф накарда, ҳама гуна  популизмро           ( шӯҳратхоҳиро ) бо истифода аз «ҳақиқатҳои» анъанавии масеҳӣ, сарфи назар мекард.

27. Маркс К., Энгельс Ф. Соч. Том. 3. М., 1955, с.4.

28. Ницше Ф. PRO ET KONTRA. Антология.с.673.

Як мавзӯе, ки таваҷҷӯҳи  ҳамагонро ҷалб намуда, дар робита ба он осори Нитсшеро харобсозандаи эътиқод ба худованд эълон мекунанд, муносибати нисбии ӯ ба масеҳият аст. Ва ибораи «худо фано шуд», ки Нитсше борҳо таъкид мекунад, боиси маломатҳои чӣ аҳли дин ва чӣ эҷодкорон гаштааст. Ба хотири дарёфти  ҳақиқати комил оид ба ин андешаи Нитсше лозим омад,  то осори ӯро оид ба ин масъала чанд дафъае  паиҳам варақ занем. Ва ба хулосае омадем, ки ибораи  «худо фавтид»-и Нитсше ҳаргиз   ба худованди ягонаю тавҳидии мо , ки аҳли муваҳҳид мепарастанд, алоқаманд нест. Баръакс Нитсше ҳама хаёлоти соддалавҳонаро  оид ба мавҷудияти худо,ки аҳли адёни ғайриисломӣ боло бардоштаанд, мавриди тамасхур ва интиқод қарор медиҳад.Аввалан, назари аҳли масеҳиро, ки аз пайғамбар Исои Масеҳ худо оростанд ва мафҳуми  «падархудою  писархудо»-ро бофта баровардаанд, билкулл  қабул надорад. Ҳамон андешаеро,ки ҳанӯз баъзе аз мутафаккирони асримиёнагию баъдӣ,хусусан Пийер Абеляр дар сӯҳбаташон      бо архидиакони реймсӣ Алберик   (дар асари  « Таърихи  мусибатҳои ман») ва иқтибосу далели  овардаи Абеляр аз «Троитса»-и  Августини муқаддас, ки онҷо   боэҳтиёт ва пардапӯшона оид ба  шӯбҳа гузоштани назарияи  воҳиди салоса (« сегона будани худованди воҳид.»дар  «Пролог» к «Да и Нет») ҳарф мезанад ва Гегел дар осори ба масеҳият бахшидааш (хусусан дар мавриди кароҳияти ҷисм ва тавбаи муҷаррадӣ, инчунин хати рафъи гуноҳҳо- индулгенсия, муҳимтараш пешниҳоди назарияи «Идеяи мутлақ»,ки ба сифати «Рӯҳи ҷаҳонӣ»,куллан аз муқаррароти масеҳият оид ба худованд фарқ мекунад.) баён доштанд, аз ҷониби  Нитсше хело боҷуръатона ва рахшандаю оштинопазирона садо медиҳад. Ибораи ӯ ба ин маъност,ки андешаи устуворгаштаи масеҳият  оид ба худо, тасаввуроти издиҳом дар бораи ахлоқу арзишҳои масеҳӣ танҳо далолати он аст, ки чунин тахаюлот фано ёфтааст ва худое, ки онҳо дар назар доранд, мурдааст.

Муҳаммад Иқбол ба осори Нитсше ошно буд ва аз нидою даъватҳои  ин  «сарнагунсози бутҳо» илҳом низ гирифтааст:

Кӯҳна  шуд афрангро ойину дин,

Сӯи он дайри кӯҳан дигар мабин.

Кардаи кори худовандон тамом,

Бигзор аз ло ҷониби илло хиром.

Ё ҷои дигар мегӯяд:

Аз замираш ҳарфи ло омад бурун,

Ло салотин, ло калисо, ло илаҳ…

Дар робита ба фано шудани тасаввуроти ботил оид ба худои худсохт Нитсше доир ба «сояи Будда»  дар ғоре нақл мекунад, ки чанд  садсолае эътиқодмандонро ба тарсу ваҳм меовард.  Дар рафти  андешааш оид ба хаёли ваҳмангез будани ин соя, таъкид мекунад, ки чунин худо танҳо хаёлоти ваҳмангезест ва  баъди рафъи  тасаввурот инҷо ҳам «худо»- албатта худое, ки дар тахаюлоташон одамон бофтаанд, фано хоҳад ёфт. Дар ҷои дигар ӯ аз саргузашту саргардонии ҷавони ҷунуние ҳикоят пеш меорад, ки дар ин ривоят ҷавони ақлгумкарда  ба сӯи издиҳом рафта, бозпурси худояшро мекунад, ки ӯро бо тамоми дарду ранҷҳо ва мушкилиҳояш танҳо гузоштаю рафтааст.  Издиҳом ба ҷавон ҷавоб мегӯяд, ки  «худо инҷо буд ва ҳоло рафтааст.»  ё «худо мурдааст» ва ғайра. Нитсше ҳикоят мекунад,ки ҷавон ба  дурӯғи одамон бовар карда, фиғон мебарорад, ки онҳо худои ӯро куштаанд ва  бори чунин гуноҳи вазнин бар дӯши онҳост. Масъалаи дар миёни инсонҳо ҷустани нури худовандӣ хоси анъанаи тасаввуроти шарқӣ буд, ки Нитсше аз он хело хуб огоҳ буд ва дар баёни ҳамин ривоят оид ба хира шудани таҷаллии нури худовандӣ миёни издиҳоми  ҷоҳилу якхелу якнавохт посух медиҳад. Ё ин  ки дар « Чунин гуфта буд Зардушт » парастиши худо дар образи хар аз ҷониби пирамарде, ки ӯро Зардушт хело сарзаниш мекунад,  тасвир мешавад  ва тасаввуроти   соддаю  «худои худсохти» одамонро, Нитсше мавриди такфиру танқиди хеш қарор медиҳад. Муносибати Нитсше ба анъанаю таълимотҳои исломӣ  хело ҷолиб аст ва беҳтар мебуд аз ҷониби худи Нитсше  нақл кунем. Таваҷҷӯҳи ӯро маданияти тараққикардаи исломии то ҳуҷуми муғулҳо (хусусан дар манотиқи Осиёи Сағир) ҷалб мекунад, ки борҳо ҳадафи ҳамлаҳои  харобкоронаи салибдорон гашта буд.      Ҳамин тавр дар асари        « Алайҳимасеҳ» («Антихрист») чунин мулоҳизаю ҳукмҳоро мехонем:

« Масеҳият ҳосили фарҳанги аттиқаро, баътар бошад ҳосили фарҳанги исломиро нобуд сохт. Фарҳанги муъҷизаосо ва ҳайратангези мавританӣ (яъне исломӣ-А.Ф.), ки моҳиятан ба мо бештар қаробат дорад ва дар муқоиса ба Рим ва Юнон, аз эҳсосу завқи мо ҳарф мезанад, помол гардид. ( Ман нахоҳам гуфт, ки бо чӣ пою қадаме… ).    Салибдорон баъдҳо он чизеро нобуд сохтанд, ки беҳтар мебуд, пеши он дар турбате мехобиданд,-маданиятеро нобуд сохтанд, ки дар муқоиса ба он қарни нӯздаҳи мо хело ҳам ғарибонаю фақирона, бисёр ҳам  «дермондаю таъхиркарда» аст,  …албатта онҳо ғанимате мехостанд:  Шарқ хело сарвате дошт… Аммо ҳиҷолат набояд кашид (яъне аз ин ҳукм-Ф.А.). Походҳои салибӣ танҳо роҳзании усули олие буд, на чизи дигаре!»29.

Ӯ даъват ба амал меорад, ки олмониҳо бояд ба олами ислом дӯстӣ кунанд ва таъкидҳои  Фридрихи бузургро,ки мехост бо аҳли ислом дӯстиро қоим бахшад, ба некӣ ёд мекунад: « Ҷангу хусумати теғзане ба Рим! Сулҳу дӯстӣ бо  ислом: чунин эҳсос мекард ва чунин амал мекард, ҳамон рӯҳи бузургу озод, нобиғае миёни императорҳо- Фридрихи дуюм.»30

Исломро ӯ дини покизакорону равшанзамироне медонад,ки ба воқеияти аҷсоми инсонӣ муносибати махсуси эҳтиромонаеро раво мебинад.  Рӯҳи мардиятро, ки онҷо идомаи наслҳо дар ҷои аввал аст, тавсиф мекунад. Дар сурате, ки масеҳият ҳувияти мардиро пахш сохта, нафси ҷисмонии инсонро ба ҳеҷ баробар мекунад.  « Дар масеҳият самимияту ошкор гуфтан камӣ мекунад: маҳали торик ва паскӯчаю тангкӯча- ин мувофиқи рӯҳи ӯст. Ҷисм инҷо ҳақиру нафратомез буда, беҳдошти озодагӣ (гигиена) ҳамчун зҳсосият инкор мешавад; калисо ҳатто ба назофату покизагӣ кароҳату бадбинӣ дорад    ( аввалин иқдомоте, ки масеҳиён баъд аз ронда шудани маврҳо   ( яъне мусулмонҳо. Ф.А.) анҷом доданд, ин баста шудани ҳаммомҳои  ҷамъиятӣ буд. ки танҳо дар як худи Кордова шумораи онҳо то дусаду ҳафтод мерасид).»31-менависад Нитсше.

Мавзӯи дигаре, ки борҳо мавриди мубоҳисаю мунозираи муҳаққиқон  гаштааст, ин мавзӯи ба яроқи идеологии фашизм табдил ёфтани  фалсафаи нитсшеанӣ аст. Дар адабиёти фалсафии Шуравӣ  ба Нитсше ва осори ӯ аз мавқеи муносибати синфӣ ва идеологияи ленинизм баҳои ғайриодилона гузошта,  фалсафаи ӯро  ҳамчун таълимоти  инсонбадбинона,  буржуазию реаксионӣ тавзеҳ доданд. Масалан, назарияи «ирода ба ҳокимият»-и ӯро, ки сирф тавсифи воқеъбинонаи табиату ҳувияти инсон ва дигар аҷсоми

29. Ницше Ф. Соч. Том.2.с.689-690.

30. Ҳамон ҷо. С. 690.

31. . Ницше Ф. Соч. Том.2.с.647.

зинда буд, намунаи идеологияи  синфи истисморгар баҳогузорӣ

карданд. «Нитсше боқатъият муқобили демократия ва сотсиализм

ба хотири ҳимояи «ахлоқи ҷанобон» мубориза мебурд. Идеали        Нитсше «фавқулодамест», ки иродаи ӯ «ирода ба ҳокимият» аст дар роҳи истисмори меҳнаткашон. Идеяҳои инсонбадбинона, ваҳшиёнату хунхӯронае, ки бо ирфон ва ҷаҳолатхоҳӣ таркиб ёфтааст, аз ҷониби фашизми хунхори Германия васеъ истифода шуда, дар дасти фашистон шакли  ба ҷаҳолатпарастӣ теладиҳандаро соҳиб гаштааст»32.                                                                     Аввалан, ба як нуқтае, ки ӯро айбдор мекунанд, яъне аз ирфон таркиб ёфтани андешаҳои Нитсше, ба ҳеҷ як шаку  шубҳае розӣ набояд шуд. Беҳтар аст  аз осори худи ӯ ҷавоб меҷӯем: « Шарҳи ирфонӣ. Шарҳи ирфониро тавзеҳи чуқур меҳисобанд;ҳақиқат дар он аст, ки онҳо ҳатто рӯякӣ ҳам нестанд.»-менависад дар  асараш «Илми сурурбахш». 33   Чуноне ки мебинем, Нитсше андешаи ирфониро  ҳатто ба таълимоти худ  наздик ҳам намесозад. Магар месазад,  мутафаккирро  мутолиа накарда, дар бораи ӯ ҳукми бебунёдро ба тасвиб расонд?   Дуруст аст, адолате, ки Нитсше дар назар дорад батамом аз «баробарии иҷтимоие», ки онҷо ҳама гуна ташаббусу ибтикору ғайрате ба хотири беҳ сохтани шароити ҳаёти «оммаҳо» пахш карда шуда,  ба  ифшои қобилиятҳои дигаргунсозандаи инсон монеият гузошта мешавад, фарқ дорад. Вале ӯ ҳаргиз ба тараннуми  ҷомеаи сармоядорӣ даст назадааст. Баъдтар доир ба андешаҳои инсондӯстонаи Нитсше, албатта иқтибос оварда  ва ҳукми беадолатонаро нисбат ба он ки ӯ инсонбадбин аст, фош хоҳем кард.  Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як матн, ҳар асару ҳар таълимот  дар дасти наслҳои баъдӣ, бе ҳимоят аст. Фашизм ҳар чиро, ки хост дар осори Нитсше пайдо кард ва ҳар чизе, ки ба ӯ зарур буд, онҷо диду дарёфт. Аз Гёте, аз Гегел ва аз Кант низ идеологҳои фашизм «баҳрабардорӣ» мекарданд, вале ин ҳеҷ маънои онро надорад, ки нақши бузургони зикршуда дар ташаккулу  такомули фарҳанги ҷаҳонӣ кам шудааст. Яке аз самтҳои муборизаи идеологии фашизм ба хотири  маҳви яҳудиён-ин миллате, ки гӯё ба харобии ҳувияти аврупоиҳо, махсусан олмониҳо овардааст, равона шуда буд. Дар асл муносибати Нитсше ба яҳудиён ҷавобгӯи эҳтиром ва муносибати неки ӯ ба ин мардум аст. Ӯ менависад: « Дар омади гап бояд гуфт: Аврупо муаззаф аст

32. Краткая советская энциклопедия.М..ОГИЗ РСФСР,1943.с.955.

33.Ницше Ф. Веселая наука.Злая мудрость.М.,«Эскимо»,2007.с.187.           

яҳудиёнро дар қисмати мантиқшиносӣ ва хислати бештари  покизакорию назофати майна сипосгузори кам набошад; қабл аз ҳама олмониҳо, таасуфангез аст, ки нажоди (ирқи)  deraisohhable (беандешаю бемулоҳиза-фр.), ки имрӯз ҳам бад намебуд «сарзанишу танбеҳ» дода шавад. Ҳар куҷое, ки яҳудиёнро таъсир расонидан муяссар шудааст, онҳо фарқ гузоштани бонафосату боназокатиро    таълим дода, натиҷагирии бурротар ва навишти равшану пухтакоронаро анҷом доданд: вазифаи онҳо ҳамеша

мардумро « k  raisoh» (ба сӯи хирад) бурдан буд.»34  Баъд аз вафоти Нитсше тамоми осор ва архиви ӯ хамчун мерос ба ихтиёри хоҳараш  Элизабет  Фёрстер- Нитсше гузашт. Роҳбарии архивро Элизабет ба ӯҳдаи худ гирифт. Акнун тақдири таърихии осори безаволи мутафаккир ба дасти  фрау Фёрстер-Нитсше, ки худро « хоҳари дӯстдошта», «ҳамақидаю ҳамфикр», «конфидентка», қариб  ягона «шогирд» муаррифӣ мекард, вогузор шуд. Элизабет- хоҳари Нитсше,  завҷаи  Бернгард Фёрстер – ҳамон муаллими шовинисти  гимназия буд,ки антисемитизмро ҳадафи худ қарор дода, ҳатто дар кӯчаҳо яҳудиёнро дошта мезад. Юлиус  Ленгбен ва  Алфред Шулер- саромадони миллатчигии немис ба воситаи хоҳари Нитсше  Элизабет ба архиви Нитсше роҳ  ёфта, кӯшиш карданд фалсафаи Нитсшеро ба хидмати идеологияи натсионал-сотсиализм вогузор созанд.  Ин ҳамон Шулер  аст,  ки   лексияҳои ӯро, ҳанӯз соли 1922  Адолф Гитлер ташриф меовард ва ӯ яке аз  падарони маънавии гитлеризм,  эътироф шудааст.

Антисемитизмро Нитсше чашми дидан надошт ва сабаби канда шудани робитаҳои дӯстиаш бо Вагнер (Рихард Вагнер илҳомбахши асарҳои аввалааш буд.) низ ҳамин аст. Дар мактубҳояш аз хулқияти ҳамширааш Элизабет шикоят мекард:  «Одамоне аз қабили хоҳари ман- ногузир мухолифони оштинопазири тарзи андешаҳои ман хоҳанд гашт.»  Ё  ин ки « Чӣ тавр мо метавонем ҳамхун ( хоҳари ҳамтан ) бошем-ана масъалае, ки ман  ҳамеша дар бораи он андеша мекунам.»35   Ва ҳатто хоҳарашро   «антисемити қасосгири аблаҳ» ( дар мактубаш ба М. фон Мейзенбуг, моҳи майи соли 1884) меномад.

34. Ҳамонҷо.  С. 320.

35. Ницше Ф. Сочинение.В 2 т. Том 1. с. 38.

Доктори антисемит Фёрстер аз дасти қаллобиҳои молиявиаш ба танг омада,  худкушӣ кард. Завҷаи  ӯ бошад, Элизабет Фёрстер-Нитсше ба қаллобиҳои маънавие даст зад, ки сарнавишти фалсафаи нитсшеианиро муддати тулонӣ раҳгуму доғдор сохт.  Фритс Кёгел-муҳаррири   осори Нитсше, ки  таҳрири  дувоздаҳ ҷилди асарҳои ӯро ба анҷом расонида буд, бо изҳори норизогӣ аз қаллобиҳои  Элизабет Фёрстер, архиви Нитсшеро тарк намуд.  Штейнер           ( Рудолф Штейнер (1881-1925), бунёдгузори антропософия )  солҳои зиёд дар архиви Нитсше кору фаъолият дошт, аз  нағмаҳои Элизабет, ки осори Нитсшеро идеологизатсияи тақаллубию ботил мекард, оламиёнро огоҳ кард ва аз фаъолияти муҳаррирӣ даст кашид. Тирамоҳи соли 1934 архиви Нитсшеро  «фавқулинсон»-и фёрстерӣ Адолф Гитлер ташриф овард ва фрау Элизабети 90-сола тавонист бо маддоҳии хоссае  таваҷҷӯҳи Гитлерро ба осори Нитсше ( осоре, ки дар ҳошияҳояш мутобиқ ба натсизм  тағйироти зарурие ворид шуда буд) ҷалб созад ва муаллифи  «Ирода ба ҳокимият» низ дар қатори  Лютер, Гёте, Бетховен, Гёлдерлин, Вагнер ҳамчун падари маънавии натсионал-сотсиализм номнавис шуд.

Танҳо соли 1956 Карл Шлехт асари « Ирода ба ҳокимият»-ро аз нав нашр намуд ва мундариҷаи воқеии асар, ба нитсшеании тобиши миллатгароӣ дода шуда,  зарбаи ҳалокатовар зад.

Масъалаи никоҳ ва оиладорӣ низ дар асори Нитсше баҳогузорӣ шудааст, ки институти никоҳ аз назари ӯ ҳамчун зуҳуроти ихтилофмазмуне барқарор аст. Ӯ ба чӣ гуна сурат гирифтани раванди  никоҳ ҳеҷ гоҳе ҳукми худро содир намекунад,  вале ҷузъиёти мотивҳою манфиатҳоеро, ки аз ин  институти иҷтимоӣ бармеояд, таҳлил мекунад.  Ба  баъзе андешаҳои ӯ, албатта аз мавқеи муқаррароти ахлоқию мазҳабии мо   наметавон  розӣ шуд, вале мутафаккир ҳақ дорад муносибаташро новобаста ба он ки  ба касе маъқул мешавад ё не, арз дорад. « Мардон издивоҷ мекунанд, то ки эҳсоси ҳокимиятро соҳиб шаванд; Занҳо ҳам, то ки мустақил  бошанд. Вале ҳам ину ҳам он иштибоҳ мекунанд. Муҳаббат наметавонад, барои никоҳ чун    асос  хидмат бикунад, баръакс аксуласос аст; эҳсоси амиқ худро пинҳон медорад.»36. Никоҳ ва оиладориро масъулияти хело бузурге медонад,ки на ҳама метавонанд, қодир ба пеш бурдани зиндагию ҳамзистии оилавӣ

36.Ницше Ф. Веселая наука.Злая мудрость. с.524.

 бошанд. Танҳо одамони хело нодире, ки ҳам қобилият ба муҳаббат ва ҳам ба дӯстӣ доранд, ҷавобгӯи воқеии низоми оиладорӣ буда метавонанд. Аз тарафи дигар, бисёре аз ноилоҷону ноқобилон худро саропо ба оғӯши никоҳ партофта, онҷо тасаллияту таскиниятро  ҷӯё мешаванд. « Никоҳ барои одамони оддию ноилоҷ бофта бароварда шудааст, ки чӣ дар муҳаббати бузург ва чӣ дар дӯстии бузург қобилият надоранд,- метавон гуфт барои аксарият:  ва ҳам барои одамони нодире, ки қобилият ба муҳаббат ва ҳам ба дӯстӣ доранд.»37  

Муҳаббату дӯстиро падидаи камёфт ва зуҳури эҳсосияти баланди рӯҳонию ҷисмонӣ арзёбӣ карда, ноқобилии одамонро ба он таъкид месозад. Масъалаи издивоҷ  ба сари ӯ ҳам омада буд. Хонум Мальвида фон Мейзенбуг пуштибону кӯмаккунандаи  ӯ,  ба хотири издивоҷ  ҷавондухтари генерали  петербургӣ фрейлин Луиза ( Лу ) Густавовна Андреас- Соломеро тавсия медиҳад. Лу Соломе ба ӯ  шинос шуда, аз муҳаббати хеш ба осори фалсафию адабии Нитсше арз мекунад. Нитсше хело ба риққат омада, мубталои муҳаббати ин духтари ҷавон мегардад.  Лу Соломе комилан ба маҳбубаи идеалии ӯ монанд буд. Духтари  дӯстдоштаи ӯ бояд  ҳамеша хӯшҳол, ҷавон, зебо, кӯтаҳи гап ӯ бояд мавҷуди боҷуръати майдаҷӯссае бошад, ки Лу Соломе пурра мувофиқи ҳамин орзӯҳояш буд. Бо мақсади дидорбинии  наздик,   апрели соли 1882 Нитсше аз Мессини ба Рим омад. Ва сӯбҳи дигар  рассо ҳамон соати муқарраршуда ба калисои ҷомеи Пётри Муқаддас ба вохӯрӣ  шитофт.Ва  сӯҳбати ин духтараки  борикмиёну лоғарандоми зебо,  қалби шоири шаҳир ва файласуфи равшанзамирро ба ларза овард. Лу Саломе бо тамоми ҳастиаш ҷолибияту ҷаззобияте, ки Нитсше мехост бубинад, ҷавобгӯ буд. Вале, барои фрейлин Лу  ӯ   танҳо як одами оддие буд ва  ҳаргиз истеъдоди бузургаш наметавонист  паҳлӯи  муқаррарию симои  хоксоронаи ӯро пурра созад. Лу Соломеро модараш ва Нитсшеро дӯсташ  Паул Рэ   ҳамсафар  буданд.   Паул низ саропо дилбохтаи фрейлини ҷавон гашта буд.   Вақте аз  Рим  ба шаҳри швейсарии Лютсерн омаданд, Нитсше ба  Паул муроҷиат кард, ки арзи муҳаббати Нитсшеро ба Лу бирасонаду иҷозаи издивоҷро аз ӯ хоҳон шавад. Ба ҳар эҳтимол,  худаш ба шаҳри Базел рафта, онҷо   ҷавоби фараҳбахшандаеро интизор шуд. Ҳакиме, ки  асрори олами  инсониро бо тамоми нозукию ҷузъиёташ тагу рӯ мекунад,

37. Ҳамон ҷо. с.465.

дар кори худ ночор аст.  Ӯ ҳеҷ  шубҳае нисбати Паул надорад ва пайғоми ошиқиашро ба ӯҳдаи ошиқи на камтар аз худаш  вомегузорад. Дар Базел бо як ҳассосияти мутантане дар бораи маҳбубаи интихобкардааш нақл карда, интизори ҷавоби  ӯ мешавад…  Кош ҳамон ҷавоб намеомад. Ҳайҳот, муҳаббати дар ҳазор хаёл гиреҳкардаи ӯро рад намуданд. Ин муҳаббати аввалину охирини ӯ ба нокомӣ анҷом ёфт. Ва чуноне, ки дар ин ҳолатҳо одат шудааст, ба ӯ танҳо «дӯстии ҳамешагиро» пешниҳод карданду халос. Муҳаққиқи тарҷумаи ҳоли ӯ, франсавӣ Даниэл Галеви ин саҳнаи зиндагии Нитсшеро ва ин муҳаббату  орзӯи ба бод рафтаро омӯхта, дар  омади гап ҷумлаи олиҷаноберо ба забон меорад: «Аз ин никоҳи маънавӣ фарзанди маънавӣ- пайғамбар Зардушт  таваллуд шуд.» (Китоб дар бораи ҳакими мағрур ва тундсухане, ки ҳавои тозаи баландкӯҳҳоро нафас мекашад.)  Ва Нитсше бо муҳаббату танҳоию бемориаш сирф худаш мемонаду халос: «Тамоми Зардушти ман қасидаи танҳоист.»-менависад ӯ. Муҳаббат ин шӯълаест, ки бояд моро дар роҳи болою олӣ  рафтанамон равшанӣ кунад, васият карда буд  Зардушт. Ва Нитсше ин муҳаббати дар қалбаш нуҳуфтаро дар асарҳои фалсафию шеърҳо ва   созҳои мусиқиаш  тараннум мекунад.  Маҳбӯси  ғамгинхона (  яъне, беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ),  шоири ҷунунгаштаро вақте ба назди роял мегузоштанд, оҳангҳои ғамгин менавохт ва  бе  ягон  иштибоҳ  онҳоро  иҷро мекард…

Ҳамин тавр, ӯ  ба хулосае меояд, ки муҳаббат ва никоҳ ду қутби бо ҳам омезишнаёбанда буда, издивоҷ  шӯълаи ишқро хомӯш ва гулғунчаи меҳру муҳаббатро пахш мекунад. «Касе, ки ба муҳаббат ва ба дӯстӣ қобил нест, ӯ  интихоби худро ба никоҳ қарор медиҳад.»-менависад Нитсше. Издивоҷро васф накардану напазируфтани никоҳ аз ҷониби Нитсше ҳаргиз маънои онро надорад, ки ӯ тарафдори робитаи ғайриахлоқии ҷинсӣ бошад. Баръакс ӯ хело покизарафтору хушахлоқ буда, ҳама гуна  алоқаҳои берун аз муҳаббатро комилан қабул надошт. Нақл мекунанд, ки ҳангоми ҷавонӣ дар шаҳри Кёлн мусофир мешавад. Мехоҳад, ки аз хидмати сокини маҳаллӣ, ҳамчун роҳбалад  истифода барад. Баъди шом аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ҷое барад, ки ба хубӣ хӯроки шом тановул кунад  ва ҳам хуб истироҳат намояд. Роҳбалад ё овози ӯро  пурра намешунавад ё ибораи истироҳатро ба хости худ мефаҳмад, ки меҳмонро  ба ҳарамхонаи занҳои сабукрафтор мебарад. Духтарони нимбараҳнаро дида, ӯ ба даҳшат меафтад ва ягона роҳи халосиро дар роял, ки гӯшае гузошта шуда буд, мебинад. Ӯ мусиқанавоз ва бастакори шинохтае буд.  Чанд навои ҷолибе навохта, сипас бо баҳонае номаълум аз он ҷо мегурезад.38. Шароити касифу ифлос барои ман марг аст,-мегуфт ӯ. Покию тозагии ҷисм барои ӯ мавзӯи ҳамешагӣ буд. Доир ба қатъиян қабул надоштани шаробнӯшӣ дар « ECCE  HOMO» чанд дафъае боисрор зикр мекунад. Пурхӯрӣ бошад,  метавонад нобиғаро ба ноқобилию кундзеҳнӣ барад, таъкид мекунад ӯ.

Издивоҷро воситаи тасаллии дил аз нокомиҳои  муҳаббат дониста, аз дигар тараф анъанаҳои  неки  оиладориро тавсиф мекунад.  Фахр кардан аз оила  ва гиромӣ доштани номӯси оилавӣ ба ӯ низ  бегона набуд. Ӯ бо ифтихори хоссае аз модаркалонаш (модари падараш)  Эрдмуте Доротея, ки замоне ҳамсӯбати  Наполеон ва Гёте буд ва дар солунҳои ашрофон бо ҳусни зебою ҷаззобаш ҷилва медод,  ба некӣ ҳарф мезанад. Аз падараш, ки муаллими се ашрофдухтари машҳур: шоҳдухтари гоноверрӣ-герсогиняи Олденбургӣ,  шоҳдухтар Тереза Саксен  ва хонуми князи бузург Константин буд, ёдовар мешавад. «Афзалияти бештареро эҳсос мекунам, ки чунин падар доштам.» 39  Вале бемории бармаҳали падарашро бо таасуф ёд мекунад  ва хатари ба чунин бемории бармаҳал гирифтор шудан,  ӯро низ ба ташвиш меовард. Илова мекунем, ки Фридрих Нитсше дар хурдӣ аз падар ятим монда, дар фасли «Рӯзгори оила» оид ба касалмандии падараш менависад: « Ӯ заифу нотавон ва мавҷуди нексиришту азияткашидае буд, ки баъд аз худ нақше нагузошт. Ҳаёти ӯ дафъатан зиндагӣ набуд, балки хотираи неке аз зиндагӣ буд.»40.

Инҷо месазад, дар бораи ин марди нексиришт, ки ба кавли Нитсше аз худ чизе нагузошт, чанд  андешаеро бигуем. Падари файласуф, Карл Людвиг Нитсше  кашиши  дарбор, падари рӯҳонии фарзандони хонадонҳои аъёну ашроф, мусиқанавозе, ки қалбҳоро муҷалло ва маҳфилу маҷлиси дарбору хиргоҳро  таҳти навою ғанои идроку ишроқи орифонаю самоъи мусалсал рангин месохт,   бо рафтори бозарофату бонафосату маҳини худ,бо хулқияти  намунавӣ,  хоксорию фурутанӣ, ҳамчун фақеҳи ботамкину орифи ботаскин   ҳатто аз меҳрубонии шоҳ Фридрих Вилгелм 4 низ бархӯрдор  буд.  Рӯзи таваллуди шоҳ,   15 октябр ( соли 1844)  писари ӯ ба дунё меояд, ки ба шарафи шоҳ- Фридрих

38. Ф.Ницше.Прототипы любви.// Огонёк. 1999, №37-39.

39.Ницше Ф. ECCE  HOMO. Как становятся сами собой.// Ницше Ф. Соч. в 2     т. Т.2.с.701.

40. К. Лёвит. От Гегеля к Ницше. Революционный перелом в

мышление 19 века. СПБ, «Владимир – Даль»,2002.с.33.

номгузорӣ мекунанд. Вақте бо сабаби беморӣ дарборро тарк карда, бо хоҳиши худаш  ба шаҳри музофотию ороми Рёккен  ҳамчун               

роҳиби дайри ( калисои) маҳаллӣ таъин мешавад, ӯ онҷо ҳам  беҳтарин либоси зебои  аз   моҳути тунук, мутобиқи мӯд дӯхта шударо,  мепӯшид. Дар маҳалли дурдаст маскун гашта,  аз одамон дурӣ ҷӯста,  ӯ оромию танҳоиро ихтиёр мекунад. Фритси хурдакак, ки фақат дар дуюнимсолагиаш гапзаниро ёд гирифта буд, ҳамсафари хомӯшу дӯстдоштаи ӯ ҳангоми  сайри тӯлониаш дар атрофи маҳали шуғлу иқоматаш буд. Шомгоҳон то дер гоҳе ба калисо даромада,  дар  арғунун (орган),  бадеҳатан навоҳои дилошубу  ғамгине  менавохт, ки ягона мухлису баҳогузори санъати волояш писараки хурдсолаш буд. Ҳанӯз дар тифлӣ Фридрих Нитсше ба дунёи дилнавозу сурурбахши мусиқӣ ворид шуда буд  ва табиист, ки дилбастагию қобилияти  созандагию навозандагиро ӯ на ба воситаи меросияти биологию ҳукму муқаррароти генҳояш,  балки бо  ширкати бевоситааш дар ҷараёни фаъолияти иҷтимоияш  ва муҳайё будани омилҳои мусодаткунандаи муҳиташ  аз худ кардааст. Ҳанӯз дар дувоздаҳсолагӣ ба матни сураҳои Инҷил оҳангҳои мӯъҷизаосое нақш мебаст, ки композиторони ботаҷрибаро ба ҳайрат меовард. Маърифати  нафосату нафисӣ, савтҳои рангинхаёлу навои  шарарангезу сурурбахш ӯро ба дарки асрори  ноаёни  олами пуршаҷараёну дар ғалаён,  ҳидоят сохт. Ва тасодуфӣ нест, ки аввалин асари фалсафии ӯ «Тавлиди фоҷиа аз рӯҳи мусиқӣ.» ном дорад. Ҳамеша рӯҳи навою савтҳои дилнавозу ғамангези мусиқӣ ҳамрадифу ҳамсафари эҷодиёти ӯст ва ҳузури ҳамин рукнҳои мусиқии баланпоя  дар масоили ҷаҳонбиниву ҳастишиносӣ, маърифату ҳақиқат, ифшои рози оламу одам  таълимоти Нитсшеро ба сутуҳи хосу беқиёс устувор кардааст. Магар падари ӯ,ин   « мавҷуди нексиришту азияткашида» баъд аз худ   «нақше» нагузоштааст ? Мо гумон  ва итминон дорем, ки дар ташаккулу такомули маънавияти Нитсше падарашон саҳми аввалро гузоштаанд ва ҳамчун падар беҳтарин «нақши» муассиру носутурдание,  дар симои фарзандашон ба дунёи маънавии инсоният боқӣ мондаанд.

Модари Нитсше низ саропо саршори муҳаббати беҳудуд ба писари бемораш буд.  Баъд аз мубталои ҷунуният шудани Нитсше модари меҳрубонаш ҳафт соли дигар дар болини фарзанди ақлгумкардааш  парасторӣ кард. Китобҳои писарашро, ки аслан аз онҳо огоҳу ошно набуд,   ҳар замон бо навбат пок карда,  болои ҳам мечид. Се сол пеш аз вафоти Нитсше, модараш оламро падрӯд гуфт.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.