Фалсафаи Гегел
Моҳияти фаъолиятию талаботии қобилият дар « Фалсафаи
ҳуқуқ»-и Гегел
Фалсафаи Гегел, ки андешаю арзёбии моҳиятии таърихи умумиҷаҳонӣ аст, дар баробари муайян кардани роҳи инкишофи афкори фалсафӣ мутазоддии мавҷудияти инсонро ҳамчун проблемаи марказии фалсафа баҳогузорӣ мекунад. Дар робита ба ин фаъолиятро ҳамчун самти бунёдии олами худинкишофёбанда ҳисобида, меҳнати инсонро дар ташаккули марҳилаҳои таърихӣ чун фаъолият ба қалам медиҳад. Масъалаи бегонашавиро яке аз қисматҳои таркибии робитаи инсон ба олами муҳит дониста, дар бегонашавӣ (отчуждение) далели бунёдии ҳаётро ифшо сохта, мафҳуми бегонашавиро ба мафҳуми марказии фалсафаи хеш боло бардошт. Дар таълимоти Гегел, зикр мекунад М. Хейдеггер, exisehtial, яъне шакли ҳастӣ танҳо хоси инсон аст ва ҳамчун идеяи худогоҳонаи субективияти мутлақ муайян мегардад. Инсон дар муқоиса аз ҳайвон, тавассути фаъолияти хеш бояд ҳокими ҷисмаш бошад. Инсонияти одам бояд дар моҳияти ӯ бошад. Ҷисми инсон моҳиятан чизи дигарест, нисбат ба ҳайвон. Рӯҳ ҷисмро арзишманду қобил ба истифодаи ҳамешагии олот месозад.1 Дар баробари таҳлили фаъолият, меҳнат ва протссеси бегонашавӣ, Гегел масъалаи қобилияту талаботи инсонро ҳамчун зуҳури таърихию марҳилавии ҷомеаи инсонӣ шуморида, ӯ моҳияти таърихию фарҳангиро ҳамчун «ченаки зарурию асосии моҳияти инсонӣ, ҳамчун сутуҳи муҳими барқароршавӣ ва инкишофи инсон»2 мефаҳмад. Дар робита ба ин, зикр бояд кард, ки идеяи таърихият-таълимоти Гегел аст. Барои Гегел инкишофи ҳар инсон- танҳо лаҳзаи инкишофи маънавии тамоми ҷомеаи инсонӣ аст, ки дар таърих тадриҷан, мутобиқи конуниятҳои муайян татбиқ мегардад. Инсон наметавонад берун аз ҷамъият, балки танҳо дар ҷамъият ва бо ҷамъият озодиро ба даст орад.3 Проблемаи қобилияту талабот, озодӣ ва фаъолияти инсон дар баробари нерӯҳои дигари моҳиятии инсон ба низоми таълимоти
1.Хайдеггер М. Письмо о гуманизме.// Проблема человека в западной философии. М., 1988.с.319, 323.
2. Пушкин В.Г. Философия Гегеля: абсолютное в человеке.Санкт-Петербург.2000.с. 277.
3. Волков Г. Сова Минервы.М., «Молодая гвардия»,1985. с.224.
антропологии Гегел дохил шуда, таҳлили фундаменталию моҳиятии хешро соҳиб гаштааст. Оиди ин масъалаҳо, метавон андешаҳои зиёдеро
дар осори гаронмояи Гегел мушоҳида намуд. Вале мавзӯи омӯзиши моҳияти таърихию талаботии қобилияти инсонро дар мисоли асари ӯ
«Фалсафаи таърих» барасӣ намуда, механизми зуҳури қобилияту талаботро дар ин асар тадқиқ мекунем. Дар асари зикршудаи Гегел масъалаи таърихнигорӣ ҳамчун проблемаи мубрами фалсафаи таърих таҳлил ёфта, онҷо мақоми таърихии одамон ва дар ин робита назари таърихшиносоне, ки баҳои хешро дар шароиту марҳилаҳои мухталифи таърихӣ нисбати воқеоти гузаштаю замони худ баён мекунанд, тасвир мешавад. Дар доираи таҳлили масъалаҳои таърихнигорӣ ва тавсифи ҳодисоту воқеъаҳои таърихӣ, Гегел оид ба зуҳури қобилияти таърихшинос ҳарф зада, назари алоҳидаи онҳоро тақозои марҳилаи муайяни таърихӣ медонад: «дар нутқҳои одамон, ки аз ҷониби таърихшиносон навишта мешаванд, на шуури бегонаю дури онҳо, балки маданияти худи онҳо баён мегарданд.»1 Тасвири маданияти маънавӣ ва зуҳури замонии воқеот ба осори мутафаккирон ворид шуда, аз боби қобилияти ба шароитҳои таърихӣ вобаста будани онҳо дарак медиҳад. Ҳарчанд, ки дар амалӣ шудани рӯйдодҳои олам зуҳури Рӯҳи ҷаҳонӣ таъкид гардад ҳам, шаклҳои амалӣ шудани фаъолияти инсонҳо то андозае мустақил мемонад. Ба тарзи тасвири воқеанигорони замонҳои таърихӣ, Гегел баҳо дода, қайд мекунад, ки ин воқеанигорон аз мавқеи таърихию маданияти муайяне, ки хоси ин фардҳост, бо истифода аз қобилияте, ки бозгӯи замонии онҳост, ҳукм меронанд. Воқеанависонро рӯҳи замони хеш- дар инъикоси замони гузашта пайгир аст ва « ҳамон рӯҳе, ки вориди таърихшинос гаштааст, аз рӯҳи замони тасвиргашта фарқ мекунад.»2 Гегел Ливийро мисол меорад, ки ҳангоми нутқи консулҳо, шоҳон ва сарлашкарон, ҳодисаро тарзе тасвир мекунад, ки гӯё аз забони адвокати болаёқати замони хеш гуфта шуда бошанд. Гегел робитаи таърихӣ ва муносибати мутақобилаи ҳодисоти тарихиро таъкид намуда, чунин баён мекунад: «Ҳодисаҳо гуногунанд. вале ҷиҳатҳои умумии онҳо, ботинияту моҳияти онҳо дар алоқаи ягонаанд.»3 Ба таҳлили қобилияту ҳадафи муҳаққиқони таърихи гузаштаи инсоният даст зада, Гегел дар тафсири матнҳо, рӯҳи
1.Гегель В.Ф. Философии истории, СПБ, «Наука»,2000. с. 59.
2.Ҳамон ҷо. с.62.
3.Ҳамон ҷо.с.61.
муаллифи онро пайхас намуда, замони тасвиршударо ба замони муаллифи матн, муқоиса мекунад. Қобилияти муаллифи матн, ки хонандаро ба навиштаи хеш ворид сохта, ӯро пурра вориди
ҷараёни мантиқи замони матн мегардонад, ҳамчун равияи муосири
герменевтика эътироф гаштааст. Ва ба сифати пешомади ин равияи фалсафӣ Ф. Шлейермахерро (1768-1834), ки мунаққиди Гегел буд, ном мебаранд. Зикр мекунем, ки дар қисмати «Сарсухан»-и «Фалсафаи таърих» Гегел ба тавзеҳи масъалаҳо оид ба тафсири матнҳо хело ҳам таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, ки метавон ӯро низ дар баробари дигар саромадони герменевтика ном гирифт. Ҳарчанд, ки ҳадафу ҳувияти фалсафаи Гегел масъалаҳои Системаи Бузурги идеалистии ӯ буд. Беҳуда нест, ки намояндаи шинохтаи герменевтикаи муосир Х.Г. Гадамер оид ба аз андешаи субъективии муаллиф берун шудани фаҳмиши матнҳо ҳарф зада, мегӯяд, ки кӯшиш дорад, «дар ҳадди бештаре пайрави Гегел бошад, на Шлейермахер.»1 Малакаю қобилияти муаллифи матнҳо ва нигоришҳо, хусусияти ба замон вобаста будани рӯҳи онҳоро инъикос менамояд. «Аз рӯҳияи худи муаллиф вобаста аст, ки чунин рефлексияҳо ҳаётӣ ва аҷоиб буда метавонанд…Ҳикояти онҳо аз гузашта ҳаёти имрӯзаро пурратар месозад.»2 Гегел таъсири муносибатҳои ҷамъиятиро ба эътибор гирифта, истеъдоду лаёқати таърихнигоронро зуҳури рӯҳи замон ва ба замми он ташаккули рӯҳи фардии онҳо медонад. Эътирофи қобилияти фардӣ ҳамчун ҷанбаи қобилиятҳои умумӣ ёдрас мешавад, вале ҳоло дар бораи сарҳади амалӣ шудани онҳо ва тавсифи моҳиятии қобилият сухан намеравад. Инҷо оид ба меросияти афкори маънавии ҷамъиятӣ ҳарф зада, шароити мушаххас ва нотакрори ҳар марҳилаи таърихӣ зикр мешавад. Қобилияту талабот дар доираи муносибатҳои ҷамъиятии муқарраршуда сурат мегиранд ва одамон наметавонанд аз воҳидияти сохтори ҷамъиятии ин ё он марҳилаи таърихӣ берун бароянд. «Ҳокимон, одамони давлатӣ ва халқҳоро хоссатан маслиҳат медиҳанд, ки аз таҷрибаи таърихӣ сабақ гиранд. Вале таҷриба ва таърих сабақ медиҳад, ки ҳокимон ва ҳалқҳо ҳеҷ гоҳе аз таърих чизе наомӯхтаанд ва ҳеҷ гоҳе мувофиқи сабақҳое, ки аз он метавон чизеро гирифт, истифода набурдаанд».3.Гегел хусусияти хоси ҳар давраи таърихиро, ки онҷо нақши замони муайян ва муқаррароти сифатии он пойдор аст, зикр 1.Гадамер Х.Г. Истина и метод. М., 1988.с.221.
2.Гегель В.Ф. Философии истории, с. 61.
3.Ҳамон ҷо.
намуда менависад: «Ҳар давра чунин шароити махсус,чунон ҳолати
инфародиеро фаро мегирад, ки зарурат ва имконияти қабул намудани қарорест, ки танҳо аз ҳамин ҳолат бармеояд.»1 Пазируфтани назари кӯҳан ба ҳодисоти нав , боисрор аз ҷониби Гегел инкор гашта, пайдоиши муносибати нав, муқаррароти навро вобаста ба тақозои замони муосири таърихӣ таъкид мекунад. Ва талаботҳои таърихии нав, тарзи ҷадиди қонеъ гардондани ин талаботҳоро мехоҳад ва табиист, ки ин раванди таърихӣ ба фаъолияту қобилияти нав эҳтиёҷ дорад. Заминаи эҷоду ташаккули қобилиятҳоро ба талаботҳои замон вобаста намуда, Гегел нақши мундариҷаи иҷтимоияту таърихияти қобилияту талаботҳоро таъкид менамояд. Ба чунин фаҳмиши иҷтимоиятию таърихии моҳияти нерӯҳои инсонӣ, дар доираи системаи идеалистӣ омадани Гегел қадами қотеонаест дар роҳи маърифати воқеии зуҳури қобилияту талаботҳои инсон. Доир ба кашфиётҳои бузурги географии Замони Нав ва кашфи воситаҳои техникӣ, хусусан ақрабаки магнитӣ, ки тавонист баҳрнавардии наздисоҳилиро ба сайри гирди олам раҳнамоӣ кунад, ӯ менависад:« Такмили техникӣ ҳамон вақт пайдо мешавад, ки талабот ба он пайдо шавад.»2 Таъкид бояд кард, ки Гегел оид ба заминаи фаъолияту талабот хусусан дар баҳогузориҳои идеявиаш ҳамчун намояндаи системаи идеалистӣ баромад мекунад. Андешаи зайл, тасдиқи ин нуқта аст: «..ҳамон замоне, ки шуур бедор гашт, фаъолияти инсон низ дар самти ахлоқ амалӣ мегардад.» Ё инки «..эҳсоси оғози худовандӣ дар ботини хеш, ӯро (яъне инсонро) комил сохта, фаъолияти ӯро барои дарёфти ҳадафҳои умумии соҳибхирадию зебоӣ ҳидоят намуд.» Тафаккури инсонро Гегел ситоиш карда зикр мекунад, ки маҳз тавассути тафаккур мо бо дониш, эҳсос, маърифат, кӯшиш ва иродаамон аз ҳайвон фарқ мекунем ва тафаккури инсон ба ҳузури Кулл алоқаманд аст. Ӯ оид ба хираде, ки ҳукмрони олам аст ҳарф зада, раванди таърихию ҷаҳониро тобеъи хирад месозад. Хирад ҷавҳар ва нерӯи беохир буда, мундариҷаи беинтиҳои ҳамаи ҳаёти табиию рӯҳонист. Хирад нахуст мабдаест, ки тавассути он ҳама воқеият ҳастии худро соҳиб аст. Хирад предметест, ки барои коркарди он фаъолияти худи он равона гаштааст. Амалӣ гаштану табдили он аз олами ботинии хеш ба зуҳуроти на танҳо олами табиӣ, балки олами рӯҳонӣ низ ҳадафи ниҳоии хирад аст.Гегел
1. Гегель В.Ф. Философии истории, с. 61.
2.Ҳамон ҷо.с.419.
олами рӯҳониро ном гирифта, онро маҳз таърихи умумибашарӣ
медонад. Фалсафа илме дониста мешавад, ки қобилият дорад идеяи ҳақиқию абадиро бо тамоми шаҳомате, ки дар олам зуҳур мекунад, кашф намояд. Андешаҳо оиди гуногунҷиҳатии қобилият ва дастраси авлоди башар шудани он, инчунин ҷараёни аз насл ба насл гузаштани дастовардҳои қобилияти инсон на танҳо дар «Фалсафаи таърих», балки дар «Фалсафаи ҳуқуқ» ва «Илми мантиқ» низ ба чашм мерасад. Дар «Фалсафаи ҳуқуқ» ибораҳоеро мехонем, ки аз ҳамоҳангии қобилияту талабот гувоҳ буда, ташаккули қобилиятро на зуҳури қаблан дар ниҳоди инсон ҷой дошта, балки нерӯи инсоние медонад, ки тадриҷан бо амри зарурати замонӣ, шароитҳои мувофиқи муҳити иҷтимоию таърихӣ инкишоф меёбанд ва он раванди ҳамешагии инкишофи таърих аст. Масалан: « Мӯҳтоҷӣ, дасту панҷаҳоро мекушояд.»( «Нужда, открывает конечности.»)1, ё ин ки «Ҳар қонеият (қонеияти талабот- Ф.А.» боз ғайриқонеиятҳои худро дорост ва ин ихтироъкориҳоро ҳадди охир нест.»2 ва ғайра. Зимни омӯзиши илм таъкид мекунад Гегел, на ба захираю дастоварди донишҳо, балки ба моҳияту талаботи амиқи фаҳмишу маърифат бояд ноил гашт. Гегел дар раванди муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусиятҳои характерноки фардӣ, такрорнашаванда, мутазод ва фарқкунандаи ҳар марҳилаи таърихиро таъкид кунад ҳам, вуҷуду зуҳури хиради ҷаҳониро дар ҷараёни таърих таъкид намуда, табиист, ки аз системаи фалсафаи идеалистиаш дарак медиҳад. Бо вуҷуди ин,назари Гегел ба фаъолияти ҷамъиятии одамон, зиддиятҳои таърихӣ ва истеҳсолоти моддию маънавии ҷамъият, аз мавқеи принсипи таърихият ба қалам омада, инкишофи замонии ҷамъият- аз зинаи поён ба боло, аз сатҳи номукаммал ба сатҳи комил тасвир мешавад. Инсон пешбарандаи идеяи мутлақ аст ва шуури ӯ бошад ҳиссае аз Рӯҳи ҷаҳонист. Маҳз дар инсон рӯҳи абстрактӣ иродаю шахсият, характер ва фардиятро соҳиб мегардад. Тавассути инсон, ба воситаи сухан, нутқ, забон Рӯҳи ҷаҳонӣ худро зуҳур мекунад. Ба воситаи фаъолияти маърифатии инсон худро шинохта, дар ҷамъи маданияти моддию маънавие, ки инсон эҷод кардааст, хешро меофарад.
1.Гегель В.Ф. Философии права. М.,Изд-во «Мысль», 1990.с171.
2.Ҳамон ҷо. с.236.
Ҳамзамон масъалаи қобилияти фикрӣ ва донишу малакаи маърифатпазирии одамон аз назари Гегел дур намондааст. Қобилиятро дар низоми ташаккули таърих ҷуста, шакли такомулёфтаи қобилияту фаъолиятро ба инкишофи талаботи ҷамъиятӣ вобаста медонад. Берун аз ҷараёни мутаасили инкишофи ҷамъият, новобаста аз талаботу фаъолиятҳои ҳаётии хеш, инсон ё ин ки халқу кишвари алоҳидае наметавонад дастоварди моддию маънавӣ, пешравии техникию прогрессро ноил гардад. Ӯ он таърихнигоронеро, ҳар гуна бофтаю сохта ва андешаҳои априориро ба таърих ворид сохтанӣ мешаванд, мавриди танқиду тамасхур қарор медиҳад. Ӯ менависад: «Фикри бофтае бисёр паҳн гаштааст, ки гӯё халқи нахустин ва қадимие будааст, ки худи Худо фаҳмиш ва ҳикмати мукаммалро, инчунин дониши пурраи қонунҳои табиат ва ҳақиқати маънавиро ба онҳо дода будааст…чунин соҳибмақомҳоро мо ба мутахассисон-таърихшиносони соҳибзавқ, ки дар мо кам нестанд, ҳавола мекунем.» Қобилият ба озодиро низ дар «Фалсафаи таърих» мавриди таҳлил қарор дода, аз як тараф онро ҳадафи ниҳоии хиради ҷаҳонӣ донад, аз тарафи дигар онро ба низоми марҳилавии тараққиёти таърихии ҷамъият тобеъ месозад. Сатҳи таърихии фаъолияти ичтимоӣ, ҳудуди қобилияти инсон бевосита ба озодии ӯ вобаста аст. Озодӣ бошад, меҳвари таълимоти Гегел дар бораи инсон аст. Ин нуқтаро муҳаққиқи шинохтаи проблемаи қобилият С. Наврӯзов хело бамаврид таъкид мекунад. « Ба вуҷуд омадану инкишоф ёфтан ва ташаккули қобилияти инсон вобаста ба ченаки ташаккули озодии ӯст. Қобилият ва озодии инсон узван бо ҳам пайвастаанд.»2 Қобилияти ба даст овардани озодиро, Гегел молик будан ба шахсияти хеш дониста, тобеиятро ба чизи дигар истиснои озодӣ медонад. « Ман озод ҳастам, вақте ки дар вуҷуди хеш ҳузур дорам» (« Я свободен тогда, когда я есть у самого себя.») Озодӣ ва қобилияти ба даст овардани онро ба марҳилаҳои дар амал татбиқ шудани иродаи рӯҳи ҷаҳонӣ дониста, Гегел аз халқҳои Шарқ ёдовар мешавад, ки ҳанӯз қобилияти аз озодӣ огоҳ шуданро
1.Гегель В.Ф. Философии истории. с.65.
2. Наврузов С. Человеческие способности (Общественно-
жизненный и деятельностный смысл). Душанбе, 2001.с.62.
надоранд. Дар «Фалсафаи таърих» ӯ танҳо сохтори ҷамъиятии
Хитой ва Ҳиндустонро дар назар дорад. Вале аз боби Форси қадим ҳарф зада, таъкид мекунад, ки Рӯшноии Воҳид бори аввал дар Форс ( Персия) пайдо шудааст ва Рӯшноӣ байни инсонҳо фарқ намегузорад. «Халқҳои Шарқ ҳанӯз намедонанд, ки рӯҳ ё ин ки инсон озоданд. Азбаски онҳо инро намедонанд, пас озод нестанд. Онҳо медонанд, ки танҳо як нафар озод аст. Пас, чунин озодӣ-худсарӣ, ваҳшигӣ, кундии завқ… буда, як нафар ҳокими ҷоҳил аст, на инсони озод.» Марҳила ба марҳила, вобаста ба давраҳои ташаккули таърихи умумиҷаҳонӣ инсоният қобилияти пазируфтани рӯҳияи озодиро соҳиб мешавад. Шуури озодӣ, аз нигоҳи Гегел дар Юнон пайдо шуд, вале онҳо низ мисли румиҳо медонистанд, ки баъзеҳо озоданд, на инсон. Афлотун ва Арасту низ ба дарки рӯҳи озодӣ нарасидаанд. Танҳо халқҳои германӣ дар масеҳият ба шуури озодии инсон расидаанд. Инҷо Гегел дарки моҳияти озодӣ ва қобилият ба озодиро, дар хусусияту сифатҳои дин низ меҷӯяд, ки то андозае аз принсипи қобилиятҳои фаъолиятии ӯ дур шудан аст. Гегел зимни тавсифи озодӣ табиист, ки онро ҳамчун ҳадафи ниҳоии олам, муайянияти олами рӯҳонӣ медонад. Аз тарафи дигар «Ин ҳадафи ниҳоии чизест, ки ба хотири он дар таърихи умумиҷаҳонӣ корҳо самт гирифтаю амалӣ мегарданд: ба хотири он муддати хело тулонӣ дар доманаи васеи замин қурбониҳои гуногун оварда мешаванд.»2 Масъалаи мувофиқати қобилият бо талаботҳои ҷамъиятӣ, ки дар доираи фаъолияти таърихию ҷамъиятӣ сурат мегиранд, мавзӯи мубоҳисаҳои солҳои 70-80 уми асри 20 қарор гирифтанд. Одатан зикр мекунанд, ки фаъолияти субъект танҳо ҳамон ҷо сурат мегирад, ки талабот ва қобилияти мувофиқро соҳиб гашта бошад. Ва ҳамзамон масъалаи он , ки талаботҳои мазкур дар заминаи чӣ пайдо шудаю чӣ гуна ва дар кадом шароит ба инсон ноил мешавад, пӯшида мемонад. Ҳақ ба ҷониби муҳаққиқи шинохтаи проблемаи қобилият ва талабот профессор С. Наврӯзов аст, ки таъкид мекунад: « …ҳама гуна фаъолият, чӣ материалӣ ва чӣ маънавӣ баъзе қобилиятҳои таҳияшударо чун талабот ҳамчун омодагӣ ба татбиқи ин фаъолият дар назар дорад.»3
1.Гегель В.Ф. Философии истории. с.70..
2. Ҳамонҷо. С. 72.
3.Наврузов С. Человеческие способности. ( Социалъно-философский аспект.) Душанбе, 1990.с.109.
Пайдоиши қобилияти мушаххас ба фаъолияти мазкур дар як
вақт ҳам талаботи ҷамъиятӣ ва ҳам талаботи фардҳои алоҳида аст. Ва идеалисти бузург Гегел низ талабот ва фаъолиятро дар мутобиқату айнияти онҳо арзёбӣ карда, амалӣ шудани мафҳуми идеяро дар низоми фаъолият тасвир мекунад. «Фаъолияте, ки онро ( мафҳуми идеяро) татбиқ намудаю ҳастии воқеи мебахшад, ин талабот , кӯшиш , таваҷҷӯҳ ва завқи инсон аст … ҳуқуқи беохири субъект дар он зоҳир мегардад, ки дар фаъолияти хеш ва меҳнаташ қонеияти худро дарёбад.»1 Қобилият ва талабот робитаи узвӣ дошта, дар протссеси мутақобилаи ҳамдигар шарти ба вуҷуд омадани якдигаранд. Нуқтаи назари он, ки талабот то андозае нисбат ба қобилият нақши регулятивӣ дошта, заминаи алоқамандии онҳост, дар ҳолате қабул аст, ки агар қобилият ҳамчун шакли ташаккул ва татбиқи талабот пазируфта шавад. Бартарияти талабот ба қобилият ё ин ки қобилият ба талаботро метавон аз шаклҳои зуҳуршавии фаъолияти ҷамъиятӣ , ки бо тақозои ин талаботу қобилият сурат гирифтааст, мебояд ҷӯст. Чунки талабот «Дар якҷоягӣ бо воситаҳои қонеъгардонии он ва тобеияти бевоситаи он аз инкишофи ин воситаҳо»2 пайдо шудаю ташаккул меёбад. Яъне қобилият «воситаест»,ки дар тарзҳои мушаххаси қонеъ гардонидани талаботҳо нақши муҳим дорад. Дар тавзеҳи марксистии ин масъала, ки солҳои 80-уми асри 20 мавриди мубоҳиса қарор гирифтааст, талабот самти мақсаднокро иҷро кунад, қобилият функсияи бевоситаи фаъолиятиро ё ин ки талабот нерӯи эҳёкунанда бошад, қобилият нерӯи эҷодкунанда аст.3 Фаъолияти одамон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи Гегел қарор дошт ва азбаски қобилияти инсонҳо самти марказии ташаккули фаъолият аст, дар доираи ин фаъолияти ҷамъиятию таърихӣ қобилиятҳои мухталифи инсон низ инкишоф ёфтаю такомул меёбанд. Самти эҳёкунандаи талаботу завқият ва манфиатро дар раванди фаъолият Гегел таъкид менамояд: «Арзёбии наздиктарини таърих моро эътимод мебахшад, ки фаъолияти одамон аз талаботҳо , шавқу завқ, манфиат, характер ва қобилияти онҳо сар зада, ҷанбаи эҳёкунанда дар ин драма танҳо ана ҳамин талаботу ҳавас (завқ) ва манфиат буда, танҳо онҳо нақши асосӣ мебозанд… завқу ҳавас,
1.Гегель Г. Философии истории.с.76.
2.Маркс К. Капитал.// Маркс К,Энгелс Ф.Соч.2-изд.Т.23,кн.1.с. 529.
3. Наврузов С. Человеческие способности. ( Социально-
философский аспект.) с. 125.
мақсадҳои худбинона, қонеъ гардондани эгоизм ( худхоҳию
худпарастӣ ) нерӯи зиёдеро соҳибанд; қонеъ гардонидани эгоизм (худхоҳию худпарастӣ) нерӯи зиёдеро соҳибанд; нерӯи онҳо ин аст, ки ҳеҷ як ҳудуду сарҳадеро эътироф намекунанд…» Принсипи моҳиятии мафҳуми рӯҳ, ки бояд шакли воқеиро гирифта худро амалан татбиқ намояд, тибқи иродаю фаъолияти одамон анҷом мепазирад ва таъкид мегардад, ки «танҳо тавассути ҳамин фаъолият … мафҳум татбиқу амалӣ мешавад.» Гегел ҳуқуқи беинтиҳои субъектро дар он мебинад, ки ӯ дар фаъолияту меҳнаташ қаноатмандии хешро дармеёбад. « Ҳеҷ чизе ба амал намеояд ва ҳеҷ ашёе истеҳсол намегардад, агар индивидуумҳои амлкунанда аз он қаноатмандӣ ба даст наоранд, … ҳеҷ чизи бузурге дар олам бидуни ҳавас ба вуқӯъ напайвастааст.»2 Ҳавасу завқ қабл аз ҳама тарафи субъективӣ, расмии энергия, ирода ва фаъолият буда, мундариҷа ва мақсад ҳанӯз номуайян аст, идома медиҳад Гегел. Ва инҷо талаботу ҳавас ва шавқу манфиати инсонҳоро ба идея вобаста медонад. Агар идея заминаи зуҳури лаҳзаи талаботу завқ бошад, пас ҳавасҳои инсонӣ қолини густурдаест, ки онҷо таърихи умумиҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Дар тасвири Гегел нуқтаи мушаххасу марказии бо ҳам омадани лаҳзаи идея ва лаҳзаи ҳавасҳои инсонӣ ин озодии ахлоқ дар давлат мебошад. Дар ин бора муҳаққиқи эҷодиёти Гегел А. А. Гулыга менависад: «Ҳеҷ чизи бузурге дар олам бидуни ҳавас ба вуқӯъ напайвастааст… ин афоризми Гегел нишон медиҳад, ки ӯ дур аст аз нуқтаи назари он ки таърих як раванди автоматикиест, ки онҷо одамон чун лухтак баромад мекунанд. Ва ҳатто давлат низ чун як чизи кулл худро дар ирода ва фаъолият зуҳур менамояд.»3 Боиси қаноатмандист, ки Гегел тавонист дар доираи фаҳмиши идеалистии инсон ҳамчун «рӯҳи инкишофёбанда» нақши таърихию иҷтимоӣ ва талаботиро дар таҳияи фардияти инсонӣ арзёбӣ кунад. Чунин нуқтаи назарро танҳо дар осори Вико то замони Гегел мушоҳида кардан мумкин аст, вале Гегел ин нуқтаи назарро мундариҷаи комил бахшид. Гегелро метавон яке аз бунёдгузорони назарияи фаъолият ҳисобид, чунки ӯ ҳанӯз дар «Феноменологияи рӯҳ» қонеияти талаботҳоро
1.Гегель Г. Философия истории.с.74.
2.Ҳамон ҷо. с.75-76.
3. Гулыга А.В. Гегель. М., Соратники,1994.с. 154.
дар доираи фаъолияти ҳаётӣ арзёбӣ намуда, шакли аввали фаъолиятро қонеъёбии талаботҳои узвӣ медонад. «Ҳастии ҳақиқии инсон …ин фаъолияти ӯст.»
Инсонро аз оламе, ки ӯ онҷо зиндагӣ мекунаду аз он вобастагӣ дошта, айни замон онро тағйир медиҳад, набояд берун тасаввур
кард. Ва агар «ин воқеиятҳои берунӣ нопадид шаванд, он вақт инсон ҳам маҳв мешавад.»2. Ҷолиби диққат аст, ки Гегел дар муқоиса ба дигар мутафаккирони фалсафаи классикии немис (ва умуман фалсафаи аврупоии замони Нав ) инсонро берун аз робитаҳои иҷтимоӣ тасаввур накарда, танҳо дар доираи ҷараёни бевоситаи ҳаётӣ, ба таҳлили шахс машғул мегардад. Ҳаётро, ӯ ҳамчун пайдоиши ҳамешагии зиддиятҳою ҳал шудани ҳамин зиддиятҳо медонад. Қонеияти талаботҳоро маҳз воситаи аз байн бурдани ҳамин зиддиятҳо дониста, ҷараёни инкишофу қобилияту талаботҳоро дар робитаи ногусастанӣ ба ташаккулу такомули ҷамъияти инсонӣ медонад.
1.Гегель Г. Феноменология духа. Соч. Том.4.с.172.
2.Гегель Г. Энциклопедия философских наук. Соч. Том.3 с. 145.