Муаммои инсон дар фалсафа
С.1. Табиат, моҳият ва таъиноти инсон.
С.2. Ҷанбаҳои биологӣ ваиҷтимоӣ дар инсон.
С.3. Инсон ва инсоният.Таносуби ҳаёт ва марг.
1. Дар улуми фасафа ва табиатшиносӣ мафҳуми табиат ба маънои мухталиф истифода мешавад. Ин мафҳум барои фаҳмиши фалсафаи инсон низ зарур аст. Тавассути он хусусиятҳои хоси инсонро ҳам ошкор сохтан мумкин аст. Табиати инсон ташаккули тому таркибиест, ки ҷиҳатҳои гуногун дорад ва савияҳои мазмуни инсонии одам ва хосиятҳои онро ифода мекунад.
Муайян намудани хислати умумиинсонӣ сарфи назар аз хислати абстрактии он, шарти зарурии маърифати инсон, вуҷуди мушаххаси воқеии одам мебошад. Бинобар ин маърифати табиати умумиинсонии одам воситаи назариявии таҷдиди хусусиятҳои ҳаётии инсон мебошад. Гузашта аз ин, истифодаи мафҳуми «табиати инсон» барои гузаштан аз мафҳуми умумии «инсон» ба маърифати шахсияти мушаххас имконият медиҳанд.
Дар таърихи фалсафа дар атрофии ин мавзӯъ баҳсу мунозираҳои зиёд ба вуҷуд омада буд. Қариб ҳаммаи файласуфони қадим бар он ақида буданд, ки инсон мавҷуди бепоён аст, хираду тафаккур аломати асосии инсон аст, ки ба туфайли он инсон аз ҳайвони бехирад ва бешуур фарқ мекунад. Масалан, Афлотун хирадро ҳамчун ҷавҳари маънавии инсон,чун ҷон (нафс), Гераклит ва Суқрот бошанд, онро ҳамчун зуҳуроти фаъоли ботинӣ, яъне «рӯҳ» тафсир мекарданд.-
Файласуфони Замони Нав дар хирад ва тафаккур аломатҳоеро ҷудо мекарданд,ки онҳо фақат ба инсон хосанд. Бо райъи Декарт мавҷудияти инсон маҳз дар тафаккури он зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, мувофиқи ақидаи Декарт тамоми табиату моҳияти инсон аз тафаккури он иборат дониста мешавад.
Материалистони франсавии асри ХУ111 бар он ақида буданд, ки инсон субъекти амалкунанда ва арзиши олитарин аст. Онҳо табиати инсонро тағйирнопазир ҳисоб мекарданд.
Файласуфи немис И. Кант дар баррасии инсон бо материалистони франсавии асри ХУ111 ҳамрайъ буд. Ба ақидаи ӯ одам аз дигар ашёҳои моддӣ ва навъҳои дигари биологӣ бо табиати хеш, ки барои вай марому мақсад ва субъекти рафтору амал аст, фарқ мекунад.
Файласуфи дигари немис Ф.В.Гегел асоснок мекард, ки табиати инсонро рӯҳи объективие муайян мекунад, ки он тобеи ҳеҷ гунна қонуни биологӣ нест. Инсон ба туфайли рӯҳи объективӣ хислату хусусияти табиии худро гум мекунад.
Файласуфи дигари немис Л.Фейербах инсонро мавҷудоти воқеии дар олами табиӣ зиндагию амалкунанда мешиносад. Фейербах асоси муайянкунандаи моҳияти инсонро аз хосияту хусусиятҳои табиии он иборат медонист.
Аз нигоҳи фалсафаи муосир табиати инсон дорои се унсур –«тан», «манн» ва «олами инсон» иборат аст. Ин унсурҳои табиӣ- башарии инсон фақат дар пайвастагӣ ба якдигар вуҷуд доранд.Ҳар яки онро дар танҳоӣ бе таҳлили вобастагии ҳамдигарӣ ва функсияҳои иҷро мекардагии онҳо фаҳмидан номумкин аст. Чунки хусусиятҳои дохилӣ- сохтории ҳар яке аз унсурҳои табиати инсон дар ҳамин пайвастагӣ ва вобастагӣ зоҳир мешавад. Масалан, мавҷудияти ҷисмонии инсони воқеӣ чунин заминаи табииест, ки онро худи инсон наофаридааст, вале ин заминаи табиии худро такроран ба вуҷуд меорад ва такмилу инкишоф медиҳад.
Нисбати «ман» тани (бадани) инсон ҳодисаи объективӣ аст. Вале барои «ман» он бегона ҳисоб намешавад, балки дар ҷараёни одамшавии фарди табиӣ он табиати субъективӣ пайдо мекунад, яъне ҷузъи субъекти ҷамъиятӣ мегардад. ҷисми инсон вобаста ба олами инсонӣ пайваст буданаш, ҳамзамон олами табиӣ ва «олами инсонӣ» – ро ба ҳам мепайвандад.
Моҳияти инсон ниҳоят гуногугҷабҳа буда, ҳам хираду ирода, ҳам хислату эҳсосот, ҳам меҳнату маишат ва ғайраро фаро мегирад, ки ҳамаи ин дар раванди ҳаёти ҷамъиятии одамон ташаккул меёбад. Бо таъбири донишманди бузург К. Маркс «…моҳияти инсон муҷарради (абстракти) ба фарди ҷудогона хосе нест. Дар воқеъ моҳияти вай маҷмӯи тамоми муносибатҳои ҷамъиятист».
Фалсафаи материалистӣ дар ҳалли масъалаи моҳияти инсон, ташаккулу инкишофи комили он нақши меҳнатро аз ҳама пеш мегузорад. Меҳнат ин фаъолияти бошуурона, мақсаднок ва эҷодкоронаи одамон мебошад, ки онҳо дар раванди он олотҳои меҳнатро меофаранд ва ин олотҳоро ба узвҳои худ пайваста ба табиат таъсир мерасонанд, онро дигаргун месозанд, неъматҳои моддӣ истеҳсол намуда, талаботи моддӣ ва маънавии хешро аз ин ё он ҷиҳат қонеъ мегардонанд.
Меҳнати якҷоя ва ҳаёти ҷамъиятӣ боиси пайдоишу ташаккули забону нутқ – воситаи муоширати одамон гардид. Бо пайдоиши забон одамон тавассути он муносибатҳои байни авлоду қабилаҳоро ба роҳ монда, таносуби байни табиату ҷамъиятро ба танзим меандохтанд, аз таҷриба, дониш, малака ва маҳорати якдигар истифода бурда, муомилоти молӣ ва пулӣ, муошират, маърифати хешро ташаккул ва такмил медоданд.
Аз тарафи дигар, забон, ки дар ҷараёни меҳнат пайдо гардидааст, воситаи ташаккули маданияти маънавии одамон ва муносибатҳои ахлоқии байни онҳо гардид. Ахлоқ дар ташаккули минбаъдаи инсон мақоми беҳамто пайдо карда, ҷамъияти одамиро аз олами ҳайвонот ҷудо ва фарқияти куллии инсонро аз ҳайвон муайян сохт. Аз ин рӯ, меҳнан, забон, нутқ ва ахлоқ омилҳои асосии антропосотсиогенез (пайдоиши одаму ҷамъият) ҳисобида мешаванд.
Моҳияти инсон сифату хусусиятҳои воқеӣ ва предметшавӣ дорад, ки дар шакли нерӯҳои моҳиятии он зуҳур ёфта амалӣ мегарданд. Нерӯҳои моҳиятии инсон – нерӯҳои иҷтимоии он мебошанд. Инсон ғайр аз нерӯҳои моҳиятӣ, боз нерӯҳои табиӣ – биологӣ дорад, ки ҷиҳатҳои табиӣ – биологӣ, ҳастии ҷисмонӣ, хосиятҳои ирсӣ – наслгузорӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки байни нерӯҳои моҳиятӣ ва нерӯҳои биологии инсон ягонагии диалектикӣ вуҷуд дорад. Яъне онҳо тарафҳои ба ҳам ягона ва дар Айни замон ба ҳам зидди ҳастии инсон мебошанд. Масалан, яке аз нерӯҳои моҳиятии инсон қобилияти бошуурона фаъолият кардан аст. Қобилияти инсон асосан ду навъ мешавад. якум, қобилияти ниҳоӣ – биологист, ки хусусияти ирсӣ – модарзодии онро дар бар мегирад. Дуюм, қобилияте, ки дар ҷараёни меҳнат ва ва ташаккули ҳаёти ҷамъиятии одамон сурат мегирад.
Ҳамин тавр, нерӯҳои моҳиятии инсн гуфта, нерӯҳоеро мегӯянд, ки дар ҷаравёни ташаккули инсонсурат гирифта инкишоф меёбанд ва барои инсон зуҳуроти қонунӣ, ботинӣ – моҳиятӣ, ё худ хосияти доимии инфиродиву ҷамъиятии он мебошанд. Нерӯҳои моҳиятии инсон нерӯҳоеанд, ки ӯ онҳоро дар дар ҷараёни вуҷудияту фаъолияти ҷамъиятӣ ва пеш аз ҳама фаъолияти амалӣ – истеҳсолии хеш пайдо кардааст. Нерӯҳои моҳиятии инсон дар ҷараёни инкишофи ҷомеа ташаккул ёфта, оҳиста – оҳиста ғана гуногунранг мегарданд, шаклан тағйир пазируфта, мазмунан нав мешаванд ва равияи иҷтимоӣ – фаълияти ҳархела пайдо мекунанд. Низоми нерӯҳои моҳиятии инсон ниҳоят мураккаб буда, унсурҳои зеринро аз қабили : ҳиссиёт, хирад, ақл, шуур, нутқ, забон, тафаккур, қобилият, талабот, ирода, озодӣ, идеал, мақсад, эътиқод, рағбат, тасаввурот ва ғайра.
11. Табиати инсон хислати духела дорад. Дар он ду ҷанба – ҷанбаи биологию иҷтимоӣ вуҷуд дорад ва инкишоф меёбад. Инсон аз як тараф ҳамчун вуҷуди биологӣ, ки фаъолияташ бо қонунҳои табиати беруна вобастааст ва аз тарафи дигар, инсон ҳамчун мавҷуди иҷтимоӣ ба қонунҳои иҷтимоӣ тобеъ мешавад. Аз нигоҳи биологӣ инсон мавҷудоти зиндаи биологӣ ва нигоҳи иҷтимоӣ бошад, инсон пеш аз ҳама шахсият , офарандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, маҳсули муҳити иҷтимоӣ мебошад. Ҷиҳатҳои биологӣ ва иҷтимоии инсон дар ягонагӣ буда, аз нигоҳи диалектикӣ робитадор ва алоқаманд мебошанд.
Хосиятҳои биологии инсон мутобиқ аст ба синну соли бардавоми кӯдакӣ, ҷавонӣ, синну соли баркамолӣ ва пирӣ. Дар ҳар давраи ин синну солхосиятҳои зоҳирии инсон тағйир меёбад.Табиати биологии инсон дифферентсиатсияи(тафриқа,ҷудокунӣ) нажодӣ ва ҷинсӣ дар доираи навъи ягона буда, аз нигоҳи биологӣ ҳар як индивид нотакрор, махсус ва аз нигоҳи генҳое, ки аз волидайн мегирад ва аз рӯи равандҳое, ки чун хосиятҳои ахборотӣ аз ҷисми модар мегирад, вобаста мебошад. Хосиятҳои иҷтимоии инсон хеле нотакрор ва пурасрор аст.
Хосиятҳои иҷтимоии инсон «инъоми табиӣ» набуда, ташаккулёбанда аст.Дар ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ одамон хислату хусусиятҳои бардавоми шахсӣ пайдо мекунанд. Хусусан хосиятҳои меҳнатиашон беҳадду канор ааст. Инсон қодир астдар ҷараёни фаъолияти амалии хеш хислату хосиятҳои гуногунҷабҳа пайдо карда, моҳияти инсонии худро боз ҳам ғанитар гардонад. Ба қавли К.Маркс: « инсон тавассути олотҳои меҳнат худро ба табиат муқобил мегузорад ».
Тамоми мавҷудоти одамӣ хосиятҳои зерини иҷтимоӣ доранд:
– Инсон қобил аст мунтазам олотҳои меҳнат тайёр намояд, онҳоро ба узвҳои худ пайваст нмуда ба табиат бо мақсади истеҳсоли неъматҳои моддӣ таъсир расонад;
– Инсон дорои кодексҳои муайяни ахлоқӣ ва меъёрҳои рафтору кирдор буда, бо ёрии онҳо хайрро аз шарр, некиро аз бадӣ ҷудо менамояд;
– Тамоми қобилият, талабот, идроки ҳиссӣ ва малакаи зеҳнӣ, фаъолияти амалии инсон дар раванди инкишофи ҷомеа ташаккул ёфтааст;
– Инсон мавҷудотест, ки берун аз ҷамъият комилан инкишоф ёфта наметавонад. Пас, инсон фақат дар ҷамъият комил мегардад.
– Инсон мавҷудоте нест, ки тамоми хислатҳояш, хусусан хислатҳои моҳиятии он пешакӣ барномарезӣ шуда бошанд. Хусусан ирода, қобилият, виҷдон, озодӣ ва ғ. Ҳамаи хосиятҳои моҳиятии инсон дар ҷараёни истеҳсоли ҳаёти ҷамъиятии он ташаккул меёбад ва амалӣ мегардад.
Дар фаҳмиши фалсафии муаммои инсон доимо бархурди назарҳо байни биологизаторҳо ва сотсиологизаторҳо дида мешавад. Намояндагони равияҳои мутазаккира кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки муайян намоянд чӣ дар инсон зиёдтар аст, хосиятҳои биологӣ ва ё хосиятҳои иҷтимоӣ. Муҳаққиқони равияи дуалистии фаҳмиши инсон, хосиятҳои равонии инсонро дар мутавазият бо ҷиҳатҳои иҷтимоии инсон мебинанд. Тибқи таълимоти равияи мазкур инсон бо нерӯҳои моҳиятии худ мавҷудотибиологию иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ тамоми фаъолияти инсон дар доираи қонунҳои табиат ва ҷамъият ҷараён гирифта, аз мутобиқ шудан ба табиату ба худ мутобиқ сохтани табиат иборат мебошад.
Бояд гуфт, ки хосиятҳои биологии инсон бо хосиятҳои иҷтимоии он дар ягонагӣ буда, ягдигарро пурра месозанд. Ин хосиятҳо бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд, зеро ду тарафи як воҳидро ташкил медиҳанд. Барои ҳамин инсонро мавҷудоти биологию иҷтимоӣ ё худ иҷтимоию биологӣ мегӯянд.
111. Чи тавре ки дар боло қайд сохтем хислату хосиятҳо ва сифатҳои биологию иҷтимоӣ, ки ба инсон мансуб аст дар ягонагӣ буда, ду ҷанбаи ҳаёту зиндагии онро ташкил медиҳанд ва тавассути якдигар вуҷуд доранд.Ҷисм ва рӯҳ ду ҷиҳати тақсимнопазири инсон аст. Одам ҳамчун организми ба табиат алоқаманд, дар доираи қонунҳои табиӣ – биологӣ амал мекунад, вале ҷиҳати рӯҳонии инсон аз ҳаёти ҷамъиятӣ, аз равандҳои ҷамъият вобаста аст.
Мафҳуми одам ифодаи куллӣ, тамоми хосиятҳои аз ҳайвон фарқ кунанда ва намуди биологии инсонро ифода менамояд.
Мафҳуми фалсафии инсон образи кулл ва умумигардонидашудаи онро ҳамчун мавҷудоти башарӣ ва субъекти ҷараёни таърихӣ инъикос мекунад. Мафҳуми инсон ва инсоният як чиз нест. мафҳуми инсоният бо ду маънӣ фаҳмида мешавад :
Дар маънии маҳдуди сухан, инсоният чун мавҷуди табиӣ – биологӣ, маҷмӯи одамони дар рӯи Замин зиндагӣ мекардагӣ аст. Ин фаҳмиш мазмуни томи мафҳуми инсониятро ошкор намесозад.
«Инсоният» – ба маънои васеи сухан мафҳуми табиӣ-биологӣ не, балки мафҳуми табиӣ-таърихӣ, умумиилмӣ ва умумисотсиологӣ аст, ки моҳияту қонуниятҳои инкишофи таърихӣ – иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва тамаддунии ягонагии умумибашариро ифода мекунад.
Инсоният – умумияти таърихии одамон аст, ки дар ҷараёни сурат гирифтану инкишоф ёфтани робитаҳои иқтисодӣ – техникӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ,ва мубодилаи ахбор байни халқу миллатҳои гуногуни сокини қитъаҳои курраи Замин воқеият пайдо кардааст.
Чунин ҳақиқат баҳснопазир аст,ки ҳаёти шахси алоҳида вопасин аст. Вале он як ҷузъи ҷамъиятест, ки дар вақт беохир инкишофёбанда аст. Дар ҳамин беохирии ҷамъият фард метавонад абадияти худро зоҳир намояд. Истеъдоду меҳнатдӯстие, ба нафъи ҷамъият сарф шудааст, меъёри абадзиндагӣ мебошад. Донишмандони гузаштаву имрӯза ( Закариёи Розӣ, М. Иқбол, Шопенгауэр, Л. Толстой, К. Маркс, Ф. Энгелс ва диг.) меъёри абадзиндагӣ ва роҳи аз бими марг халосиро дар истеъдодуу меҳнатдӯстӣ ба нафъи ҷамъият медиданд. Масалан, мутафаккири тоҷик Закариёи Розӣ (нимаи 2-юми асри 1Х ва аввалҳои асри Х) маргро ҳодисаи табиӣ ҳисобида, чунин қайд намудааст: « … беҳтарин роҳе барои нафс, ки он аз паси фикри марг нашавад, он аст, ки нафсро ба фикрҳои рӯзгор, лутфу меҳрубониҳо сафарбар намуд ».
Ба ақидаи файласуфи немис Шопенгауэр, марг – ин ҳақиқати ягонаест,ки вай ҳамагонро ба қаъри нестӣ мепартояд ва тасаввур дар бораи он ақлу хирад, иродаи эҷодии инсонро фалаҷ мегардонад.Роҳи халосӣ аз ин бӯҳрон ба ақидаи ӯ несту нобуд кардани ҳама гунна майли зиндагӣ аст. Маҳз ҳамин ирода решаи ҳам зиндагию ҳам марг мебошад.
Нависандаи бузурги рус Л. Толстой бими маргро чун зуҳуроти бемаънии ҳаёти шахс қайд намуда, роҳи халосӣ аз ин бӯҳрони маънавиро дар пойдоршавии меҳру мухббати хеш нисбат ба дигарон мебинад.Ба ақидаи ӯ инсон маҳз дар робитаҳои ахлоқӣ бо шахсони дигар маънии ҳаётро дарк менамояд. « Инсон, – навиштааст Толстой – баҳри беҳбудии одамони дигар зиндагӣ карда, ба ҷаҳон бо чунин як муносибати наве қадам мегурад, ки барояш фанонопазир аст ва ҳамагон вазифадоранд, ки ин ҷовидониро дар зиндагонии хеш тадбиқ бикунанд ».
Донишманди бузург Ф. Энгелс маргро чун лаҳзаи зарурии ҳаёт баҳо дода чунин мегӯяд: «… инкори ҳаёт, аслан дар худи ҳаёт мебошад, чунки ҳаёт ҳамеша дар таносуби оқибати зарурии худ – марг тасаввур карда мешавад ».
Ҳамин тавр, ҷовидонии инсон дар ҷовидонии ақлу хирад ва инсонгароии ӯ зоҳир мегардад.