Фанни Фалсафа

Маърифат ва эҷодиёти илмӣ

                   С.1.      Мафҳуми маърифат. Субъект ва объекти маърифат.

                   С.2.      Ваҳдати маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ.

                   С.3.      Масоили ҳақиқат дар фалсафа.

  1. Маърифат (кал. ар. шинохтан, донистан) – ҷараёни иҷтимоӣ – таърихии фаъолияти эҷодии одамон буда, дониши онҳоро дар асоси инъикоси фаъоли олами воқеӣ ташаккул медиҳад ва дар заминаи он марому мақсади фаъолияти одамон муайян мешавад.  

     Маърифат- гуфта бо донишҳои нав ба нав саршор гардидани инсонро мегӯянд.   

      Назарияи маърифат ё ин ки теория гносеология (кал. юн. «gnosis»- дониш ва «logos» – таълимот) яке аз фаслҳо асосӣ ва бунёдии ҳамаи илмҳо, хусусан илми фалсафа ба ҳисоб меравад. Чун ки назарияи маърифат таносуби донишу маърифати инсон ва воқеияти моро фарогирифтаро омӯхта, заминаҳои мушаххаси умумии маърифатро таҷдид мекунад. Он табиати маърифати инсон, шаклу қонуниятҳои аз тасаввури сатҳии ашё (ақида) ба дарки моҳияти он (дониши ҳақиқӣ) гузаштанро тадқиқ менамояд.

       Мафҳуми «назарияи маърифат» соли 1854 аз ҷониби файласуфи шотландӣ Ҷ. Феррер ба фалсафа ворид карда шудааст. Аммо проблемаҳои назарияи маърифат баробари пайдоиши фалсафа ба вуҷуд омадаанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим таҳлили табиати маърифатро файласуфони Юнони қадим ба монанди Демокрит, Афлотун, Арасту ва дигарон оғоз карданд, баъдан дар таҳлили хусусиятҳои маърифат Ф. Бекон, Р. Декарт, Ҷ. Локк, Б. Спиноза, Г.Лейбниц, И. Кант, Д. Дидро, К. Гелвеций, Г. Гегел, Л. Фейербах, А.И. Герцен, Н.Г. Чернышевский ва дигар файласуфон саҳми калон гузоштанд.

     Масалан, файласуфи барҷастаи Юнони қадим Афлотун андеша баён мекунад, кимаърифат кардан, донистан – ба хотир овардан, аз нав эҳё намудани донишҳои фаромушшуда аст. Ӯ гумон мекунад, ки маърифатпазирии олам хосияти инсон аст ки, на ба ҷисм, балки ба рӯҳи инсон вобаста аст.Чун рӯҳи инсон аз Рӯҳулқудс оғоз меёбад ва чун Рӯҳулқудс дониш аст, аз ин ру, нафси инсон – яъне ҷони инсон табиатан маърифатнок аст. Ҷон, мегӯяд Афлотун, донишҳоеро ба хотир меоварад, ки то вақти ба тан ворид шуданаш онҳоро медонист.

      Бояд қайд кард, ки дар таърихи фалсафа ва илм донишмандоне буданд, ки донисташавандагии оламро эътироф мекарданд ва ё онро рад менамуданд ва ё ин ки донисташавандагии оламро эътироф намоянд ҳам ба донишҳои инсон бо шубҳа назар менамуданд. Аз ин рӯ, онҳое, ки оламро донисташаванда қабул кардаанд — реалистон, онҳое, ки донисташавандагии оламро рад мекарданд —  агностикҳо, вале онҳое, ки ба донишҳои инсон бо шубҳа назар кардаанд – скептикҳо (шаккокон) ном доштанд.(Бақавли Р. Такур хиради инсон чароғро мемонад: нури он ҳар қадар баланд бошад, сояи шубҳа ба ҳамон андоза ғафс мешавад). Скептицизм – равияи фалсафаи идеалистӣ, ки ба идроки ҳақиқати объективӣ шак дорад.   

      Сохтори маърифат хеле мураккаб буда, он аз субъект ва объект иборат аст.

    Мафҳуми «объект» – аз калимаи лотинии objectum – гирифта шуда, маънои предметро дорад. Он предмет ё ҳодисаю падидаест, ки берун аз мо ва новобаста ба дарки олами беруна вуҷуд дорад. Объект ин предмети маърифат ва фаъолияти инсон аст.  

     Мафҳуми «субъект» низ аз калимаи лотинии subjectum – гирифта шуда, дар маъноҳои гуногун истифода мегардад. 

     Дар фалсафа субъект гуфта инсонро мегӯянд. Аммо инсон дар он маврид ба ҳайси субъекти маърифат баромад мекунад, ки фаъолияташ бошуурона, бомақсадона ва эҷодкорона бошад.

    Ҳамчун чизи воқеӣ инсон баробари тамоми олами воқеӣ ба сифати объект баромад намуда, худ объекти тадқиқ қарор мегирад.  

       Бояд қайд кард, ки субъект ва объекти маърифат танҳо дар робитаи диалектикӣ вуҷуд доранд. 

   2.   Фалсафа кайҳо боз ду унсурро, ки маърифатро ташкил медиҳанд, ҷудо кардааст: ҳиссиёт( эҳсос, идрок ва тасаввур) ва ақлониёт ( тафаккур дар се  шакли асосиаш: мафҳум, ҳукм ва хулосабарорӣ).

     Шаклҳои маърифати ҳиссӣ:

  –  эҳсос – образ, инъикоси хосиятҳои алоҳидаи ашё ва ҳодисаҳои олами объективӣ.

   –  идрок – инъикоси нусхаи томи ашёҳо ва ва хусусиятҳои онҳо.

   – тасаввур – нақшаи ҳиссии он предмету зуҳуротест, ки мо пештар онҳоро дарк намуда будему алҳол бевосита онҳоро дарк наменамоем. Маҳз аз нав дар майна пеши назар овардани ҳамон предмету зуҳуротҳое, ки дар гузашта чандин маротиба инъикос ёфта дар хотир нақш бастаанд, тасаввурро чун шакли мобайнии маърифати ҳиссию ақлӣ қарор медиҳад. 

      Шаклҳои мърифати ақлӣ (тафаккур):

  –  мафҳум – шакли тафаккурест, ки тавассути он инсон маҷмӯи хусусият ва аломатҳои муҳими ашёҳоро инъикос менамояд.

  –  ҳукм – шакли тафаккурест, тки тавассути робитаи мафҳумҳо ин ва ё он андеша дар дар бораи предметҳо тасдиқ мешавад ва ё инкор мегардад. Ба ҳамин тариқ мазмуни мафҳумҳо ошкор карда мешавад. 

   –  хулоса – ҷараёни муқоиса намудани ҳукмҳои пештара буда, дар натиҷаи вай дониши нав бароварда мешавад ва бо ҳамин барои пайдоиши назарияи нав ё инкори назарияи пешин имконият пайдо месозад.

     Масъалаи мақоми ақлу ҳисро дар ҷараёни маърифат файласуфону мутафаккирон ба таври гуногун ҳал намудаанд.

      Файласуфони замони қадим Пратагор, Эпикур, Арасту, намояндагони фалсафаи шарқи мусулмони асрҳои миёна (машшоъиён), асрҳои  ХУ11 – ХУ111 – и Аврупо Гассенди, Гоббс, Локк, Беркли, Ламетри, Гелвеций, Дидро, Голбах ҳама ҳиссиётро манбаи ягонаи дониш меҳисобанд ва дар таърихи фалсафа чун сенсуалистон ( кал. лот. маъ. эҳсос ҳис, дарккунӣ) ном гирифтаанд.

   Сенсуализм – чунин ҷараёни маърифатиест, ки ҳиссиётро манбаи ягонаи дониш ё худ маърифат меҳисобад.

     Тезиси сенсуализм («дар ақл чизе нест, ки он қаблан дар ҳиссиёт набошанд»), ки онро Эпикуру Арасту ва баъдан Ҷ. Локк баён карда буданд. Сенсуалистон аз рӯи ақидаи хеш ба ду гурӯҳ – идеалистӣ ва материалистӣ ҷудо мешаванд. 

      Дар асри ХУ11 намояндагони барҷастаи сенсуализми митериалистӣ Гассенди, Гоббс ва Локк буданд. Масалан, ақидаи Ҷ Локк бар он буд, ки тамоми мазмуни шуури инсонро аз нигоҳи таҷрибаи ҳиссӣ маънидод намудан мумкин аст, ақл қувваеро раво мебинад, ки ба таҷрибаи ҳиссӣ вобаста нест.

    Сенсуалистони материалистии асри  ХУ111 – Ламетри, Гелвеций, Дидро, Голбах эҳсосҳоро бо олами беруна пайваста, онҳоро манбаи дониш медонистанд.

     Намояндагони сенсуализми идеалистӣ бошанд тамоми таҷрибаи берунаро як сӯ гузошта, ҳиссиётро танҳо сарвати шуури инсонӣ номидаанд. Сенсуализми идеалистии Беркли ва Юм воқеияти объективиро бо назардошти табиати мураккаби эҳсос инкор менамояд. Онҳо робитаи объектро, ки берун аз эҳсосҳо вуҷуд дорад ва субъектро яктарафа маънидод менамоянд.

     Агар сенсуализми материалистӣ инъикоси оламро натиҷаи фаъолияти ҳиссии инсон, робитаи вай бо олами беруна ва нишондодҳои узвҳои ҳис шуморад, пас сенсуализми идеалистӣ дар фаъолияти ҳиссӣ соҳаи худмоҳиятии(самосушую) шуурро мебинад.     

   Бар хилофи сенсуализм ратсионализм ( кал. лот rationalis – маъ. хирад, ақл) ақлу хирадро манбаи ягонаи дониш ё худ маърифат медонад.  Намояндагони барҷастаи ратсионализм (Декарт, Спиноза, Лейбниц) бар хилофи сенсуализм тасдиқ менамоянд, ки донишҳои илмӣ хусусияти мантиқӣ дошта, танҳо бо роҳи хирад ба даст меоянд. Хирад манбаъ ва меъёри дониш аст. Масалан, Лейбниц ба тезиси « дар ақл чизе нест, ки пештар дар эҳсос набошад», илова кардааст, «ғайр аз худи хирад».

    Камбудии ҷиддии чи ратсионалистон ва чи сенсуалистон дар он аст, ки онҳо ақлро аз эҳсосу эҳсосро аз ақл ҷудо карда, робитаи диалектики ҳиссу ақлро бо эътибор нагирифтаанд.

   Мувофиқи таълимоти фалсафии муосир ҷараёни маърифат аз дараҷаҳои ҳиссӣ ва ақлӣ иборат аст, ки зинаи поёнии онро маърифати ҳиссӣ ва зинаи болоии онро маърифати ақлӣ ташкил медиҳанд.

Агар мо ҷараёни маърифатро таҳқиқ намоем, мебинем, ки маърифат аз муроқибаи зинда оғоз ёфта ба сӯи тафаккури абстрактӣ майл мекунад ва тафаккури абстрактӣ ба амалия рафта , дар амалия тасдиқи худро ё ин ки ҳақиқати худро меёбад.

    Амалия ин меъёри ҳақиқат аст. Пас, ҳақиқат чист?

   3.  Ҳақиқат (ар – ҳақ будан),(рус. истина) – шакли таърихан муайяни инъикоси мутобиқати объект дар шуури субъекти маърифакунанда аст, ки ба дараҷаи инкишофи амалия, хусусияти муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста мебошад.

   Ҳақиқат– инъикоси объективии (айнии) воқеият ва дар амалияи ҷамъиятӣ санҷидашудаи субъекти маърифаткунанда аст.

    Донишҳои оид ба олами беруна ҳосилгашта ва дар амалия санҷидашуда ҳақиқати объективӣ аст, чун ки онҳо хусусияти объективӣ дошта, аз хоҳишу иродаи одамон вобаста нестанд.

      Тасаввури ҳақиқат ҳамчун инъикоси дурусту ба ҳастӣ мувофиқ аз осори файласуфони атиқа, аз ҷумла Арасту, ибтидо мегирад. Ин гунна ақида баъдтар дар таълимоти машоъиёни Шарқ(Ибни Сино, Насируддини Тӯсӣ ва ғ.) исбот карда шуд ва дар фалсафи Замони нав вусъату такомул пайдо кард.

      Масалан, Декарт зимни ҳақиқат чунин ақида дошт: «Ҳақиқат ба маънои аслиаш мувофиқати фикр бо предмет аст».

       Идеализм (чи объективӣ ва чи субъективӣ) ҳақиқатро на дар мувофиқати дониш ба ҳастӣ, балки дар худи шуур меҷӯяд.

    Ҳол он ки мазмуни ҳақиқат аз воқеияти объективӣ гирифта шуда, дар ҳиссиёт, мафҳум, назария, таълимот, манзараи томи олам ва диалектикаи инкишофи онҳо таҷдид мегардад. Аз ин рӯ ҳақиқатро,ки хусусияти дониш аст, дар навбати худ аз шуури субъект ҷудо кардан номумкин аст.

      Ҳақиқат як ҷараёни ботинан зиддиятнок буда, дар категорияҳои ҳақиқати мутлақ ва ҳақиқати нисбӣ ифода мешавад. Ҳақиқатҳои мутлақ ва нисбӣ ду лаҳзаи зарурии як ҳақиқати объективианд.

        Ҳақиқати нисбӣ- қатъи назар аз дурустиаш дониши номукаммал, ҷузъӣ ва тақрибист.Ин маҳдудиятро шароитҳои таърихии ҳаёти иҷтимоӣ ва савияи инкишофи амалияи ҷамъиятӣ муайян мекунанд.

         Аз ин нуқтаи назар материализми диалектикӣ нисбияти ҳамаи донишҳои моро эътироф мекунад, лекин на дар маънои инкор кардани ҳақати объективӣ, балки дар чунин маъное эътироф мекунад, ки ҳудуди ба ин ҳақиқат наздик шудани донишҳои мо таърихан шартӣ мебошад. Материализми диалектикӣ дар байни ҳақиқати нисбӣ ва ҳақиқати мутлақ ҳади қатъӣ намегузорад.Дар ҳар ҳақиқати нисбӣ ҷузъи дониши мутлақ ҳаст.

        Ҳақиқати мутлақ – дониши мукаммалу қатъиест, ки дар инкишофи минбаъдаи маърифат рад карда намешавад.

         Муҳимтарин усулҳои муносибати диалектикӣ ба маърифат эътирофи конкретияти ҳақиқат мебошад, ки аниқ ба назар гирифтани ҳамаи шаротиҳои объекти маърифат , таъини хосиятҳои асосӣ, робита ва тамоюлҳои инкишофи онро тақозо мекунад .

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *