Ҷомеа ҳамчун низоми худинкишофёбанда
С.1. Мафҳуми ҷомеа. Фаҳмиши материалистӣ – диалектики ҷомеа.
С.2. Мафҳуми истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва тарзи истеҳсолот.
С.3. Диалектикаи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои
истеҳсолкунанда.
С.4. Мафҳуми форматсияи ҷамъиятӣ- иқтисодӣ ва аҳамияти илмӣ-
методологии он.
С.5. Мафҳуми базис ва надстройкаи ҷамъиятӣ. Диалектикаи
инкишофи онҳо.
С.6. Мафҳуми сохтори иҷтимоии ҷомеа ва унсурҳои он.
С.7. Навъҳои таърихии умумияти одамон.
С.8. Тарзҳои инқилобӣ ва таҳаввулии инкишофи ҷомеа.
С.9. Моҳияти пешрафти (прогресси) ҷамъиятӣ ва моҳиятҳои он.
С.10. Мафҳуми сохтори сиёсии ҷомеа ва унсурҳои он.
С.11. Мафҳуми субъект ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи инкишофи
таърихӣ.
С.12. Таносуби зарурат ва фаъолияти бошууронаи одамон дар
раванди таърих.
* Проблемаи ҷомеа дар таърихи фалсафа хусусан, фалсафаи иҷтимоӣ яке аз мушкилоти фундаменталӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробарои ин, проблемаҳои ҷомеа аз тарафи илмҳои гуногун омӯхта мешавад. Хусусан, сотсиология, назарияи иқтисодӣ, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, аксиология, таърих, этика ва эстетика ва ғайра бевосита ба ба таҳқиқу баррасии проблемаҳои ҷомеа сару кор доранд. Бояд гуфт, ки ҳар яке аз илмҳои зикршуда проблемаҳои ҷомеаро аз нуқтаи назар ва қонунҳои мушаххасу ҷузъии фаннии хеш меомӯзанд. Масалан, назарияи иқтисодӣ муносибатҳои иқтисодӣ ё истеҳсолӣ, тавлид ва инкишоф ёфтани тарзҳои истеҳсоли неъматҳои моддиро тадқиқ мекунад. Илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ бо омӯхтани пайдоиши институтҳои гуногуни сиёсӣ ва юридикӣ, давлат ва ҳуқуқ, вазифаҳои онҳо машғуланд. Эстетика қонунҳои пайдоиш ва равнақ ёфтани санъат, муносибати санъат ба воқеият, методҳои эҷодиёти бадеиро меомӯзад. Этика соҳаи ахлоқ, муносибатҳои маънавии байни одамонро тадқиқ менамояд. Ҳамин тавр, ҷомеа объекти омӯзиши илмҳои гуногуни иҷтимоӣ бошад ҳам, ҳар яке аз илмҳои номбаршуда танҳо ин ё он ҷиҳати ҳаёти ҷамъиятӣ, ин ё он намуди муносибатҳо ва ҳодисаҳои ҷамъиятиро еомӯзад. Фалсафа низ проблемаҳои ҷомеаро меомӯзад, фақат фалсафа ҷомеаро дар шакли том тадқиқ менамояд.
Дар таърихи фалсафа доир ба пайдоиши ҷамъият ақидаҳо ва назарияҳои гуногун вуҷуд дорад. Масалан, дар таълимоти Афлотун пайдоиши ҷамъият(давлат) бо шарофати он аст, ки одамон барои қонеъ гардонидани талаботи худ ба якдигар эҳтиёҷ доранд. Арасту мавҷудияти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатро ба амалиёти душманонаи одамон, нобаробарии қобилият, инчунин гуногунии функсияҳои иҷтимоӣ вобаста медонад. Ба ақидаи Т.Гоббс ва Ж. Ж. Руссо одамон дар таҳти фишори шароитҳо маҷбуранд, ки назоратро аз болои амалиёташон ба дасти ҷамъият (давлат) диҳанд ва боиси бегонашавии оздии худ гарданд. Чунин таълимот бо номи назарияи «Шартномаи ҷамъиятӣ» машҳур аст. А.Смит зарурияти ҷамъиятро (давлатро) дар тақсими меҳнат, мубодила ҳамчун аломати хос ва асоси зиндагии умумии одамон медид. Гегел назарияиит шартномавиро ( аз мавқеи соҳибихтиёри давлат дар муносибат ба фардҳо) рад карда, идеяи «ҷамъияти гражданӣ»- ро дар соҳаи иқтисодӣ, муносибатҳои меҳнатӣ, ки соҳаҳои ба ҳам алоқаманду вобаста барои ҳама мебошанд, ба миён гузошт. Ба ақидаи И. Кант ҷамъият ва давлат маҳсули амалиётҳои қонунҳои умумӣ мебошанд, ки ба ташаккулу низомҳои нисбатан мураккабтар бурда мерасонанд.
Бояд қайд кард, ки тамоми таълимотҳои фалсафии то миёнаи асри Х1Х доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҷомеа характери теологӣ, илмӣ- табиӣ- натуралистӣ, механикӣ- метафизикӣ ва идеалистӣ доштанд. Мувофиқи таълимотҳои теологӣ низоми ҷомеа, муносибатҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби қувваҳои фавқуллода ба танзим андохта мешавад. Дар таълимоти метафизикӣ – механики ҷомеа бошад, ҷомеаи инсонӣ ҳамчун зуҳуроти механикӣ ифода шуда, инкишофи ҷомеа, ҳастии он мутаалиқ ба қонунҳои механика шуморида мешавад. Ин таълимот дар фалсафаи замони нав ба вуҷуд омадааст. Дар таълимоти идеалистӣ инсон барои ҷомеа аст, на ҷомеа барои инсон. Моҳияти ин таълимот аз он иборат аст, ки макети ҷомеаро пеш аз ҷомеа муайян намудаанд. Инсон дар доираи ҷомеа мувофиқи таълимоти идеалистӣ лухтакеро мемонад, ки ҳеҷ хел мустақилият ва озодӣ надорад.
Людвиг Фейербах ҳамин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, дар китоби «Моҳияти дини насронӣ» навишта буд: « Вақте, ки ман ба қафо менигарам ман бо материалистонам, аммо вақте, ки ман ба пеш менигарам ман бо идеалистонам».
Бояд гуфт, ки фаҳмиши материалистӣ- диалектики ҷомеа дар солҳои 40-уму 50- уми асри Х1Х ба вуҷуд омадааст, ки асосгузоронаш К. Маркс, Ф. Энгелс мебошанд. Ҷиҳати характерноки фаҳмиши материалистӣ – диалектикӣ ҷамъият аз он иборат аст, ки фаъолияти ҷамъиятӣ натиҷаи тамоми алоқаҳои гуногунсоҳаи иҷтимоии муносибатҳои истеҳсолии моддӣ мебошад, ки новобаста ба ирода ва шуури одамони алоҳида ба вуҷуд меоянд. Асосан, консепсияи мазкурро К. Маркс дар китоби «Капитал» ва сарсухани китоби « Доир ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» гирд овардааст. Агар ҳамаи онро дар шакли мушаххас ифода намудан хоҳем, чунин тавзеҳ додан мумкин аст:
– одамон дар ҷараёни истеҳсоли ҳаёти ҷамъиятии худ ба як гурӯҳ муносибатҳои ҷамъиятие рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин муносибатҳо новобаста ба аз хоҳишу иродаи онҳо вуҷуд доранд;
– маҷмӯи ҳамаи ҳамин муносибатҳо базиси иқтисодии ҷомеаро ташкил медиҳанд, ки дар болои он надстройкаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ сохта мешавад;
– на шуури ҷамъиятии одамон ҳастии онҳоро, балки баръакс ҳастии ҷамъиятии одамон шуури ҷамъиятии онҳоро муайян месозад;
– дар зинаи таърихан муайяни инкишофи ҷомеа муносибатҳои истеҳсолӣ ба характер ва зинаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда мувофиқат намекунанд. Дар натиҷа давраи инқилоби иҷтимоӣ фаро мерасад.
Аз ин рӯ, асоси инкишофи ҷамъиятро қонунҳои умумии он ташкил медиҳанд. Қонунҳои инкишофи ҷамъият – ин робитаи объективии муҳиму зарур ва такрорёбандаи ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд, ки самти асосии инкишофи иҷтимоиро аз поён то ба олӣ нишон медиҳанд.
Асосгузорони материализми таърихӣ чунин қонунҳои умумииҷтимоиро муайян намудаанд:
– қонуни робитаи диалектики ҷамъият ба табиат;
– қонуни шуури ҷамъиятиро муайян намудани ҳастии ҷамъиятӣ;
– қонуни роли муайянкунанда бозидани базиси иқтисодии ҷомеа нисбат ба надстройкаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ;
– қонуни мувофиқ будани муносибатҳои истеҳсолӣ ба характер ва дараҷаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда;
– қонуни дар зинаи муайяни инкишоф мувофиқат накардани муносибатҳои истеҳсолӣ ба характер ва зинаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда.
Бояд қайд кард, ки ҷомеа аз чор унсур (дар навбати худ сохтор) иборат аст: – иқтисодӣ; – иҷтимоӣ; – сиёсӣ ; – маънавӣ.
Соҳаи ҳаёти иқтисодии ҷомеа нисбат ба дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа роли муайянкунандагӣ дорад.
* Бе ҷараёни доимии истеҳсол ҷамъият вуҷуд дошта, пеш рафта наметавонад. Маҳз дар рафти истеҳсолоти моддӣ фаъолияти инсон ҳамчун мавҷудоти ҷамъиятӣ сурат мегирад. Истеҳсолоти ҷамъиятӣ дорои сохторе мебошад, ки вай дар худ ҳам истеҳсолоти моддӣ, ҳам истеҳсолоти маънавӣ ва ҳам истеҳсоли худи одамро дар бар мегирад. Дар ин сохтор асоси истеҳсолоти ҷамъиятиро истеҳсолоти моддӣ ташкил медиҳад. Ҷараёни истеҳсоли неъматҳои моддӣ ҳамеша характери ҷамъиятӣ дорад, зеро ки он натиҷаи меҳнати якҷояи одамон аст. Бинобар ин, меҳнати якҷояи онҳо асоси аввалину характери ҷамъиятии истеҳсолот ба ҳисоб рафта, дар заминаи он шаклҳои коллективонаи робитаҳои ҷамъиятӣ ва тамоми тарзи ҳаёти мардум пайдо мешавад ва тадриҷан такмил меёбад.
Аз ин ҷост, ки истеҳсолоти моддӣ – раванди фаъолияти меҳнатии одамонест, ки бо ёрии воситаҳои муайян , бо мақсади офаридани неъматҳои моддӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ табиатро дигаргун месозанд.
Истеҳсолоти маънавӣ – маҷмӯи тасаввурҳои ҷамъбастӣ, идеяю эҳсосот, одобу оин, ва ғайра мебошанд, ки дар заминаи ҳаёти моддӣ ташаккул меёбанд ва ба дараҷаи шуури ҷамъиятӣ вобастагии сахт доранд.
Шакли анъанавии истеҳсолоти ҷамъиятиро истеҳсоли худи одам ё худ такрористеҳсолкунии насли одамиро мегӯянд. Зеро, пеш аз он ки ҷомеаи одамӣ вуҷуд дошта бошад, онро бояд истеҳсол намуд. Ҷамъиятро худи одамон истеҳсол мекунанд. Аз ин рӯ, бе истеҳсолу такрористеҳсолкунии худи инсон ҳеҷ гунна ҷамъият вуҷуд надорад. Дар ин хусус, К. Маркс навиштааст: « … чунон ки худи ҷамъият одамиро чун одам тавлид мекунад, айнан ҳамин тавр, одам низ ҷамъиятро тавлид мекунад». Хулосаи ин гуфтаҳо чуни наст, ки тағйирот, ташаккулу камолоти одам аз як тараф, натиҷаи тағйироти муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад ва аз тарафи дигар, одам дар навбати худ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсир мерасонад ва онҳоро такмил медиҳад.
Тарзи истеҳсолот – гуфта сохтори таърихан мушаххаси истеҳсолоти неъматҳои моддиро меноманд, ки дорои қувваҳои истеҳсолкунанда ва ба характери он мувофиқи муносибатҳои муайяни истеҳсолӣ аст.
Таркиби тарзи истеҳсолот аз қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ иборат аст.
Воситаҳои истеҳсолот ва одамоне, ки онҳоро ба кор медароранд, дар якҷоягӣ мазмуни мафҳуми қувваҳои истеҳсолкунандаро ташкил медиҳанд.
Предмети меҳнат ва воситаҳои меҳнат дар якҷоягӣ — воситаҳои истеҳсолотро ташкил медиҳанд.
Предмети меҳнат- гуфта ҳамаи он чизҳоро меноманд, ки инсон ба онҳо таъсир мерасонад, онҳоро бо меҳнати худ истифода мебарад.
Воситаҳои меҳнат – маҷмӯи олотҳои меҳнат ва ҳамаи чизҳое, ки ҷараёни истеҳсолот бе онҳо номумкин аст, ба ҳисоб мераванд.
Тарафи дигари истеҳсолотро муносибатҳои истеҳсолӣ ташкил медиҳад.
Муносибатҳои истеҳсолӣ – гуфта маҷӯи муносибатҳоеро меноманд, ки дар рафти муносибат ба шаклҳои моликият, муносибати одамон дар ҷараёни истеҳсолотва тақсимоти неъматҳои моддӣ сурат мегиранд.
Асоси муносибатҳои истеҳсолиро шаклҳои моликият ба воситаҳои истеҳсолот ташкил медиҳад. Характери шаклҳои моликият ба воситаҳои истеҳсолот сабаби муносибатҳои байни одамон дар ҷараёни истеҳсолотмешавад, ки ин муносибатҳо фаъолияти худро бо ҳамдигар мубодила кардани одамон мебошад. Шаклҳои моликият:- гурӯҳии ҷамоавӣ – дар форматсияи ҷамъияти ибтидоӣ, моликияти хусусӣ – дар орматсияҳои ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ, моликияти ҷамъиятӣ – дар форматсияи сотсиалистӣ шаклҳои тақсимоти неъматҳои моддии дар ҷараёни истеҳсолот ба даст овардаи одамонро низ муайян мекунанд.
* Инкишофи истеҳсолот аслан аз тағйироти қувваҳои истеҳсолкунанда оғоз меёбад. Таҷрибаи таърихии инсонӣ гувоҳ аст, ки дар доираи қувваҳои истеҳсолкунандапеш аз ҳама, олотҳои истеҳсолот бештар тараққӣ мекунанд. Тараққӣ ва такмили олотҳои истеҳсолӣ, пешрафти техникӣ натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ ва амалии одамон мебошад, ки бо пешравии истеҳсолот худи одамон низ тағйир меёбанд. Бо тағйир ёфтани олотҳои меҳнат ва коркунони истеҳсолот муносибатҳои одамон низ дар ҷараёни истеҳсолот тағйир меёбанд.
Аз ин ҷост, ки қувваҳои истеҳсолкунанда муносибатҳои нави истеҳсолиро тавлид ва муайян мекунанд.Қувваҳои истеҳсолкунанда на ҳама гуна муносибатҳоро, балки муносибатҳоеро тавлид мекунанд, ки ба характер ва дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда мувофиқ бошанд.
Дар навбати худ муносибатҳои истеҳсолӣ ба қувваҳои қафомонии онҳо мегарданд.
Агар муносибатҳои истеҳсолии пешқадам ва нав ба дараҷа ва характери қувваҳои истеҳсолкунанда мувофиқат кунанд, пас боиси пешравии муносибатҳои ҷамъиятӣ мегарданд ва ҳамчун қувваи бузурги тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда баромад мекунанд ва агар муносибатҳои истеҳсолии кӯҳна аз тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда қафо монанд, пас ба пешравии ҷамъият монеа мешаванд.
Мувофиқати муносибатҳои истеҳсолӣ ба дараҷа ва характери қувваҳои истеҳсолкунанда шарти муҳими тараққиёти истеҳсолот ба ҳисоб рафта, моҳияти диалектики байни онҳоро ифода мекунад.
* Мафҳуми «форматсия» (аз кал. лот. Formatio – навъ, ташкилкунӣ) дар илми ҷамъиятӣ аввалин маротиба аз ҷониби Маркс ворид карда шудааст.
К. Маркс мафҳуми форматсияи ҷамъиятӣ- иқтисодиро маънидод намудааст, ки онро бо чунин таъриф баён кардан мумкин аст:
– Форматсия – гуфта ҷомеаро дар зинаи таърихан муайяни инкишофаш ё худ зинаи муайяни инкишофи ҷомеаро мегӯянд.
Форматсияи ҷамъиятӣ- иқтисодӣ – маҷмӯи ҳодиса ва равандҳои мушаххаси таърихӣ- ҷамъиятӣ мебошад, ки асоси онро тарзи муайяни истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ташкил медиҳад ва мувофиқи қонунҳои ба худ хос амал намуда, инкишоф меёбад.
Аҳамияти илмӣ- методологӣ ва амалии фаҳмиши форматсияи ҷамъиятӣ- иқтисодӣ аз он иборат аст, ки ҳар кадом форматсия ба сифати зинаи қонунии инкишофи ҷамъият баромад мекунад. Вай дар марҳалаи муайяни пешравии ҷамъият зарур аст ва асоси муҳими ба вуҷудоии зинаи баландтару прогрессивитари форматсияи нав ба ҳисоб меравад. Инкишофи ҷамъият бошад, ҳамчун ҷараёни ногузир ва қонунии ивазшавии як форматсияи ҷамъиятӣ- иқтисодӣ ба дигар форматсияи наву пешқадамтар зоҳир мегардад.
Маҳз ҳамин хусусияти тараққиёти таърихӣ дар қонуни умумисотсиологии ивазшавии форматсияҳои ҷамъиятӣ- иқтисодӣ зоҳир мегардад, ки моҳияти он чунин аст: тараққиёти ҷамъиятӣ ба воситаи иваз кардани як форматсияи ҷамъиятӣ- иқтисодии имкониятҳояш таърихан аз байн рафта ба форматсияи дигари прогрессивитар ба амал меояд.
Таърихи инсонӣ то ин дам дар иникишофи худ 5- форматсияи ҷамъиятиро паси сар намудааст: ҷамъияти ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодаоӣ, капиталистӣ ва сотсиалистӣ.
Бояд қайд кад, ки форматсияҳои ҷамъиятӣ вобаста ба характеру хусусияташон ба: антогонистӣ(оштинопазир) ва ғайриантогонистӣ (оштипазир) ҷудо мешаванд.
– Ба форматсияҳои антогонистӣ форматсияҳое дохил мешаванд, ки асоси онро моликияти хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот ташкил медиҳад ва вобаста ба он мавҷуд будани истисмори одам аз тарафи одам, муборизаи синфӣ дида мешавад. Масалан, ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ.
– Баръакс, ба форматсияҳое, ки асоси онро моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот вап вобаста ба он мавҷуд набудани истисмори одам ва муборизаи синфӣ дида мешавад. Масалан, ҷамъияти ибтидоӣ, сотсиалистӣ.
* Форматсияҳои ҷамъиятӣ- иқтисодӣ сохтори мураккаб дорад, ки он асосан азду унсуриборат аст:
– базиси (зербинои) иқтисодӣ;
– надстойкаи (рӯбинои) ҳуқуқӣ ва сиёсӣ.
Базис – сохтори иқтисодии ҷамъият, маҷмӯи муносибатҳои истеҳсолии ҳамин ҷамъият мебошад.
Надстройка- маҷмӯи идеяҳои ҷамъият, муассиса ва муносибатҳое мебошад, ки дар асоси базиси иқтисодии мазкур ба вуҷуд меоянд.
Надстройкаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ се гурӯҳи ҳодисоти ҷамъиятиро дар бар мегирад:
– якум, идеяҳои ҷамъиятӣ, табъу завқ, ҳиссиёти иҷтимоӣ, яъне идеология ва психологияи ҷамъиятӣ.
– дуюм, ташкилоту муассисаҳои гуногун – давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ.
– сеюм, муносибатҳои соҳаи надстройка (идеологӣ).
Диалектикаи инкишофи инкишофи базис ва надстройка чуни наст, ки дар байни онҳо робитаи мутақобилаи канданашаванда вуҷуд дорад. Ар ин робитаи мутақобила базис роли асосиро мебозад. Вай надстройкаро ба вуҷуд меоварад, сабаби он мешавад. Бинобар ин базиси ҷамъият чи гунна бошад, надстройкаи он низ ҳамон тавр аст. Албатта, чунин вобастагии надстройкаро бо базис яктара фаҳмидан мумкин нест. Надстройкаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар инкишофи базиси иқтисодӣ ҳамеша роли фаъолона мебозад ва инкишофи нисбатан мустақилона дорад.
Базис ва надстройка ҳам ба мисли дигар ҳодисаҳои ҷамъиятӣ инкишоф ва тағйир меёбанд. Базис вобаста ба инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда тағйир мсеёбад, надстройка бошад, вобаста ба инкишофи базис тағйир меёбад, ин ҷараёни тағйирёбӣ чӣ дар дохили ҷамъияти муайян, чӣ дар вақти гузаштан аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохти дигар ба амал меояд. Дар мавриди аз як сохти ҷамъиятӣ ба дигар гузаштан базис ва надстройка ба таври қатъӣ тағйир меёбанд.
* Сохти иҷтимоӣ- низоми таърихан ташаккулёфтаю устувори робитаи байниунсурони ҷудогонаи ҷамъияти том аст. Дар идораи ин низом таркиби иҷтимоии ҷамъиятро аслан синфҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Дар ҳар кадом зинаҳои муайяни таърихии ҷамъият вобаста ба тарзи истеҳсолот муҳити муносиби иҷтимоӣ вуҷуд дорад. Унсури муайянкунандаро дар сохтори иҷтимоӣ синфҳо мебозанд.
В.И. Ленин дар асараш «Ташаббуси бузург» (с. 1919) синфро чунин таъриф додаст: « Синфҳо – гуфта гурӯҳҳои калони одамон номида мешаванд, ки ин гурӯҳҳо аз рӯи мақоми дар низоми таърихан муайяни истеҳолоти ҷамъиятӣ доштаашон, аз рӯи муносибате, ки ба воситаҳои истеҳсолот доранд, аз рӯи роле, ки дар ташкили ҷамъиятии меҳнат мебозанд ва пас, аз рӯи тарзҳои ба даст овардан ва миқдори он ҳиссаи сарвати ҷамъиятӣ, ки дар ихтиёрашон ҳаст, аз якдигар фарқ мекунанд. Синфҳо чунин гурӯҳҳои одамон мебошанд, ки яке аз ин гурӯҳҳо ба туфайли мавқеи дар сохти муайяни хоҷагии ҷамъиятӣ доштааш меҳнати гурӯхи дигарро аз они худ карда метавонад».
Ду протсес ё худ раванд омили асосии ташаккули синфҳо гардиданд:
– тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда;
– тақсими меҳнат.
Синфҳо ба синфҳои асосӣ ва ғайриасосӣ ҷудо мешаванд. Синфи асоси синфе мебошд, ки дар низоми инкишофи ҷомеа мақоми асосӣ доранд. Масалан, ғӯлом ва ғуломдор , деҳқон ва помешик, коргар ва капиталист, коргар ва деҳқон. Аммо дар ҳар як форматсия синфҳое мавҷуданд, ки ғайриасосианд ва роли муайянкунандагӣ намебозанд. Масалан, дар ҷамъияти капиталистӣ муддати дароз ҳамчун синфи ғайриасосӣ помешикон- заминдорони калон вуҷуд доштанд.
Дар ҳар кадом ҷамъият дар баробари синфҳо гурӯҳҳои иҷтимоие низ вуҷуд доранд, ки аз рӯи мақомашон дар низоми истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва муносибаташон ба ҷамъият ба ҳайати ин ё он синф дохил набуда, балки тоифаҳою гурӯҳҳо, кастаҳои махсуси иҷтимоӣ ва ғайраро ташкил медиҳанд. Масалан, дар як қатор мамлакатҳои Шарқ аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҷудошавии аҳолӣ шакли ба кастаҳо ҷудокуниро гирифт. Аз ҷумла, дар Ҳиндустони қадим аҳолии озод ба чор каста тақсим карда мешуд: -браҳманҳо (ашрофон, рӯҳониён); – кшатриҳо (ҳарбиён); – вайшъҳо (оммаи асосии обшиначиёни озод); – шудрҳо (табақаи пасти аҳолӣ- одамоне, ки аъзоёни ҷомеа нестанд, аз авлоди худ ҷудо шудаанд ва ғайра, аз онҳо пастар ғуломон меистанд).
Сохти иҷтимоии ҷамъияти ҳозира ҳам синфҳои асосӣ, гурӯҳҳои муайяни иҷтимоиро (зиёиён, маъмурон) нниз дар бар мегирад. Ҳадди байни синфҳо ва гурӯҳҳои дигари иҷтимоии ҷамъият ҳамеша нисбию тағйирёбанда мебошад.
* Навъҳои таърихии умумият ё иттиҳоди одамон- гуфта онро меноманд, шаклҳои зиндагонии якҷоя ба таври таърихӣ, бо ҳамроҳии инкишофи ҷамъият ба амал меоянд ва мазмуну моҳияти онҳоро драҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ муайян мекунанд, яъне ҳамаи наъҳои таърихии умумияти одамон ба инкишофи тарзи истеҳсолот вобаста мебошад. Таърихи инсонӣ то имрӯз чор навъи умумияти одамонро медонад: қавм, қабила, халқият, миллат.
Қавм – гурӯҳи алоҳидаи ҷамъиятӣ- истеҳсолии одамонеро меноманд, ки бо ҳамдигар бо риштаҳои хешутаборӣ, бо меҳнати якҷоява муҳофизати якҷояи манфиатҳои умумӣ, ҳамчунин умумияти забон, хулқу атвор, анъанаҳо алоқаманданд. Қавм маҳсули зинаи аввали ҷамъияти ибтидоӣ мебошад.
Қабила – маҳсули зинаи баландтарин ва охирини ҷамъияти ибтидоӣ буда, ҳамчун навъҳои умумияти этникӣ ва ташкили иҷтимоии одамони ҷамъияти тосинфӣ пайдо мешавад. Умумияти ҳудуди ба даст овардани воситаҳои рӯзгузаронӣ, фаъолияти меҳнатӣ, ёрии ҳамдигарии аъзоёни қабилаи муайян, умумияти забон, насаб ва робитаҳои хешӣ – хусусиятҳои асосии қабилаанд.
Халқият – умумияти забон, ҳудуд ва мадании одамон аст, ки дар заминаи тарзҳои истеҳсолоти ғуломдорӣ ва феодалӣ пайдо шудааст. Умумияти ҳудуд фарқияти халқро аз қабила ифода мекунад.
Миллат – маҳсули тарзи истеҳсолоти капиталистӣ ба ҳисоб рафта, асоси онро умумияти ҳаёти иқтисодӣ, ҳудуд, забон, баъзе хусусиятҳои психологии одамон, анъанаҳои маишӣ ва маданӣ ташкил медиҳад. Умумияти устувору пойдори ҳаёти иқтисодии одамон ҷиҳати фарқкунандаи миллат аз халқият аст.
Навъҳои иттиҳоди таърихии одамон ибасе гуногун мебошад ва бо қавм, қабила, халқият ва миллат маҳдуд намешаванд. Яке аз чунин навъҳои иттиҳод оила мебошад.
Оила – организми иҷтимоиест, ки онро норма ва қоидаҳои ҳуқуқӣ, маънавӣ- этикӣ ва ғайра ба тартиб медароранд. Инкишофи оиларо низ монанди дигар умумиятҳои таърихии одамон қонунҳои объективии инкишофи ҷамъияти инсонӣ муайян мекунад.
* Бояд қайд кард, ки дар тараққиёти ҷамъият ҳам тағйиротҳои мунтазами эволютсионӣ ва ҳам ҷаҳишҳое ҷой доранд, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ – дар илм ва техника, дар воситаҳои истеҳсолот, дар ҷаҳонбинии одамон ва ғайра ба амал меоянд ва мафҳуми «инқилоб» нисбат ба яке аз баръалотарини онҳо ба кор бурда мешавад. Вале тағйиротҳои ҳатто муҳимтарини соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ инқилоби иҷтимоиро ташкил дода наметавонад.
Инқилоби иҷтимоӣ – маънои тағйироти куллии тамоми соҳаи ҳаёти ҷамъиятиро (сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ) дар аснои гузариш аз як форматсияи ҷамъиятӣ- иқтисодӣ ба форматсияи дигари пешқадамтар дар нзар дорад.
Инқилоби иҷтимоӣ ҳодисаи тасодуфӣ набуда, балки ҷараёни табиӣ- қонунӣ мебошад, ки аз вазъияти шароити моддии ҳаёти ҷамъиятӣ дар зинаҳои муайяни тараққиёташ ва зиддиятҳои дохилии ба он хос сар зада мебароянд.
К. Маркс дар сарсухани асараш «Доир ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» сабабҳои объективии инқилоби иҷтимоиро чунин шарҳ дода аст: «Қувваҳои истеҳсолкунандаи моддии ҷамъият дар зинаи муайяни инкишофи худ ба муносибатҳои нави истеҳсолии мавҷуда, ё худ—ки ин фақат ифодаи ҳуқуқии ҳамин аст—ба муносибатҳои моликият, ки дар дохили ҳамин муносибатҳо он қувваҳо то ҳол ташаккул меёбанд, зид меоянд. Ин муносибатҳо, ки пештар шакли инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда буданд, акнун монеаи онҳо мегарданд. Он гоҳ давраи инқилоби иҷтимоӣ фаро мерасад».
Бояд гуфт, ки ҳодисаи табиӣ—қонунӣ ҳисобидани инқилоби иҷтимоӣ маънои худ ба худ ба амал омадани онро надорад. Барои ҳал намудани зиддиятҳои мавҷудаи тарзи истеҳсолот ва сифатан мувофиқ кунонидани муносибатҳои истеҳсолӣ ба дараҷа ва характери қувваҳои истеҳсолкунанда, яъне дигаргун сохтани муносибатҳои ҷамъияти ба воситаи инқилоби иҷтимоӣ заминаҳои объективӣ ва омилҳои субъективӣ лозиманд, ки равишҳои ба вуҷуд омадаро ба ҳаракат дароранд. Инчунин маълум аст, ки зиддиятҳои объективии тарзи истеҳсолот дар муборизаи шадиди синфӣ зуҳур меёбанд. Муборизаи синфӣ асоси сиёсии инқилоб аст. Ба ҳам бархӯрдани манфиатҳои синфӣ, саъю кӯшиш ва ғояи синфҳо шакли субъективии ифодаи ин мубориза аст. Муборизаи синфӣ шакли олии муборизаи синфи мазлумон аст. Маҷмӯъҳои шароитҳои объективие, ки бӯҳрони иқтисодию сиёсии ҷамъиятиро ифода мекунанд, вазъияти инқилобиро ба вуҷуд меоранд.
Ба вазъияти инқилобӣ аломатҳои зерин хосанд: — ҳукмронии худашонро дар як ҳолат нигоҳ доштани синфҳои ҳукмрон номумкин мегардад; –дар натиҷаи пайдо шудани ин ё он бӯҳрони «табақаҳои болоӣ», дар бӯхрони сиёсати синфи ҳукмрон рахнае пайдо мешавад ва норозигию ошӯби синфҳои мазлум аз ҳамин рахна берун зада мебароянд.
Барои ғалабаи инқилоби иҷти моӣ мавчудяти танҳо вазъияти инқилобӣ кифоя нест. Ин ғалаба ҳамон вақт амалӣ мегардад, ки ба омилҳои объективӣ омилҳои субъективӣ ҳамроҳ шаванд. Чуноне ки Ленин мегуфт: «агар ҳукумати кӯҳна ғалтонда нашавад, худаш намеафтад».
Инқилоби иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, дар назди худ вазифаҳои муайян мегузорад, ки муҳимтарини онҳо чунинанд:
– дар соҳаи иқтисодӣ—барҳам доданимуносибатҳои истеҳсолии кӯҳна, шакли кӯҳнаи моликият ба олот ва воситаҳои истеҳсолот, барпо намудани муносибатҳои нави истеҳсолӣ, низоми нави хоҷагидорӣ, ки нисбат ба пештара дараҷаи баланди ҳавасмандӣ ва тараққиётро таъмин кунад.
– дар соҳаи иҷтимоӣ-—ҳукмронии синфҳои дорои воситаҳои истеҳсолот барҳам дода шуда, тадриҷан аз арсаи таърих мераванд ва ба ҷои онҳо синфҳои нави ҳукмрон меоянд.
– дар соҳаи сиёсӣ—ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ.Масъалаи аз ҳама муҳими ҳар инқилоб масъалаи ҳокимият мебошад. Ба ин муносибат Ф.Энгелс менависад «…инқилоб амали олии сиёсат аст».
Характери инқилоби иҷтимоӣ аз рӯи он муайян карда мешавад, ки он чи гуна мақсаду вазифа гузоштааст, кадом муносибатҳо барҳам дода мешаванд ва барои инкишофи муносибатҳои нав чи гунна шароитҳо муҳаё карда шудааст, то чи андоза қувваҳои ҷамъиятӣ дар он иштирок мекунанд. Ба асос гирифтани ин меъёр ба мо имконият медиҳад,чунин навъҳои инқилоби иҷтимоиро нишон диҳем.
Навъҳои инқилоби иҷтимоӣ—аз рӯи он муайян мешаванд, ки инқилоб кадом сохти ҷамъиятиро сарнагун месозад ва чӣ хел сохти ҷамъиятии нав барпо мекунад. Аз ин нигоҳ таърихи ҷамъияти инсонӣ 4—навъи инқилоби иҷтимоиро медонад: инқилоби ғуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ ва сотсиалистӣ.
Дар ҷараёни гузаштан аз сохти ҷамъияти ибтидоӣ ба сохти ғуломдорӣ ва аз он ба феодалӣ инқилоб дар аксарияти мавридҳо ба таври стихиявӣ сар зада, одатан дар ҳаракату шӯришҳои ҷудогонаи маҳаллии оммавӣ ифода меёфт.
Масалан, олими амрикоӣ Л. Морган чунин мешуморид, ки ивазшавии ҷомеаи ибтидоӣ ба ғуломдорӣ бо роҳи эволютсионӣ, бе инқилоб ба амал омадаст. Ф. Энгелс дар асари худ «Ба вуҷуд омадани оила, моликияти хусусӣ ва давлат» нишон додаст, ки ҷудошавии синфҳо, ки тадриҷан дар дохили сохти ҷомеаи ибтидоӣ ба амал меомад, ниҳоят ба табаддулоти инқилобӣ оварда расонд ва боқимондаҳои муносибатҳои авлодиро барҳам дод.
Аз ҷомеа ғуломдорӣ ба ҷомеаи феодалӣ гузаштан инқилоб дар шакли шӯришҳои алоҳидаи ғуломон бар зидди истисморкунандагони худ буд. Яке аз калонтарин шӯришҳои ғуломон шӯриши Спартак (с.74—71 то милод) буд, ки дар он зиёда аз сад ҳазор ғуломон иштирок намуда буданд.
Инқилоби буржуазӣ—чунин инқилобест, ки мақсади барҳам додани муносибатҳои феодалӣ, аз сари ҳокимият дур кардани феодалон ва ба сари ҳокимият овардани буржуазияро дорад.
Инқилоби сотсиалистӣ, –ки дар рафти он гузариш аз капитализм ба сотсиализм ба амал бароварда мешавад. Инқилоби сотсиалистӣ моликияти хусусӣ ва истисмори синфи ҳукмронро барҳам мезанад, ҳокимияти сиёсиро ба дасти синфи коргар медиҳад. Вай ба манфиати ҳамаи синфҳои меҳнаткашмувофиқат мекунад.
Навъҳои махсуси инқилоби иҷтимоӣ низ вуҷуд доранд, ки мамлакатҳои ҷудогона дар зинаҳои муайяни инкишофашон вобаста ба сабабу мақсадҳои иҷтимоию сиёсӣ вазифаҳои муайяни инқилобиро иҷро мекунанд. Аз ҷумла, инқилоби буржуазӣ-демоккратӣ, демократӣ, миллӣ-озодихоҳӣва ғайра.
Инқилоби буржуазӣ- демократӣ—дар даврае оғоз гардид, ки маҳдудиятҳои таърихии ҷамъияти буржуазӣ вуҷуд доштанд. Ин инқилоб дар зери шиорҳои қалбакии буржуазӣ тартиботи кӯҳнаи умрашон ба охир расидаро шикаста партофт ва дар рафти мубориза оммаи меҳнаткашонро ба фаҳмиши зарурияти инқилоби сотсиалистӣ наздик сохт.
Инқилоби демократӣ—ба давраи ҳозира хос буда, дар рафти он гузариш аз муносибатҳои навъи омехта сурат мегирад. Дар ҳаёти ҷамъият дар баробари моликияти давлатӣ моликияти хусуси ҷорӣ карда мешавад.
Инқилоби миллӣ-озодихоҳӣ—мақсади мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти миллиро дорад.
* Дар таърихи афкори фалсафӣ-иҷтимоӣ оид ба пешрафт(прогресс) ақидаҳои мухталиф баён шудаанд. Идеяи пешрафти ҷомеа бори аввал аз ҷониби намояндагони афкори пещқадами ҷамъияти буржуазии асри ХУ111, ба монанди А.Тюрго, Ж.Кондерсе, И.Герден, Ф.Гегел ва дигарон ифода шудааст ва дар асри Х1Х афзалият пайдо кард. Файласуфони мазкур сабабҳои пешрафти ҷомеаро аз мавқеи идеализм дар мабдаи рӯҳӣ меҷустанд. Масалан, иқтисодчӣ, файласуфи Фронса Трюго хираду заковати инсонро мавриди арзёбӣ қарор дода, таъкид карда буд, ки миллатҳо метавонанд тавассути хирад ба ҳам наздик бишаванд. Мутафаккир ва файласуфи Фаронса Кондерсе таҳти пешрафт ҳаракати тадриҷию беинтиҳои инсонро ба пеш номидааст.
Гегел ҳаёти иҷтимоиро дар инкишофи худ ба худи идеяи мутлақ дидааст. Ба ақидаи ӯ, идеяи мутлақ орӣ аз ҳаракати пасрафт ё регресс аст.
Фаҳмиши марксистии пешрафти иҷтимоӣ аз фаҳмиши олимони буржуазӣ дорои тавофути куллист.
Назарияи марксистии пешрафт дорои мазмуни йнию илмӣ ва аслиҳаи тавонои дигаргунсозии ҷамъият аст. Аҳамияти мафҳуми илмии пешрафт ин аст, ки сохти ҷомеаи мавҷудаю ҳаракатҳои иҷтимоиро арзёбӣ карда, ояндаи ҷамъиятро пешгӯӣ мекунад.
Таълимоти марксистӣ ба қонунҳои айнию қувваҳои муҳаррики инкишофи ҷамъият такя ва камбудии назарияҳои пешинро раду ислоҳ карда, назарияи сипиралмонанди рушди таърихро ба миён гузоштааст Ба ақидаи он, пешрафт тибқи спирал сурат мегирад ва сатҳи инкшофи ҷомеа бо формацияи ҷамъиятию иқтисодӣ мувофиқат мекунад.
Фалсафаи марксистӣ ба қонунҳои айнию қувваҳои муҳаррики инкишофи ҷомеатакя намуда, самту моҳият ва меъёри пешрафти иҷтимоиро ошкор месозад. Тибқи таълимоти марксизм, будёди пешрафти иҷтимоиро тарзи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ташкил медиҳад. Тавре ки маълум аст тарзи истеҳсолот иборат аз ду унсур: қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолист. Агар қувваҳои истеҳсолкунанда вуҷуд надошта бошанд, неъматҳои моддӣ низ офарида намешаванд. Ҳамчунин агар муносибатҳои истеҳсолӣ ба дараҷаю хислати қувваҳои истеҳсолкунанда мувофиқат накунанд, форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодӣ низ тағйир ва табдил меёбанд.
Агар ба таърих нигарем, инсоният панҷ форматсияи ҷамъиятию иқтисодиро, ки ҳар кадомаш дар пешрафти ҷомеа зинаи муайянест, аз сар гузаронидааст. Аммо суръати инкишофи форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодӣгуногун аст. Масалан, сохти ибтидоӣ даҳҳо, ғуломдорӣ ду- чор ва феодализм якуним ҳазор солро дар бар гирифтаанд.
Ҳамин тавр, пешрафти ҷамъиятӣ марҳалаҳои зиёди таърихиро сипарӣ кардааст.