Фалсафа, ҳудуд, таъинот ва мақоми он дар ҷомеа

Фалсафа ҳамчун ҷаҳонбинӣ

  С.1  Мафҳуми ҷаҳонбинӣ. Хусусиятҳои ҷамъиятӣ- таърихии ҷаҳонбинӣ.

  С.2  Таркиб ва зинаҳои ҷаҳонбинӣ.

  С.3  Шаклҳои таърихии ҷаҳонбинӣ (асотир, дин ва фалсафа).

         Ҷаҳонбинӣ- маҷмӯи ақидаҳои умумӣ роҷеъ ба воқеият: табиат, ҷамъият, мақоми инсон дар ҷомеа, тазоҳури ақидаҳои мазкур дар рафтору амалиёти онҳо мебошад.

         Ҷаҳонбинӣ – умуман чун полудаву фишурдаи худшиносӣ ва ҳастишиносии инсон иборат аз маҷмӯи назарҳо; эътиқодҳо, арзёбиҳо; меъёрҳо; хостҳо ва армонҳоест, ки муносибати инсонро ба ҳастӣ- олам муайян намуда, роҳнамои ҳаррӯзаи зиндагии вай мебошад.

       Ҷаҳонбинӣ дорои ду миқёс аст: васеъ ва маҳдуд.   

      Чун сухан дар бораи миқёси васеъи ҷаҳонбинӣ биравад, дар ин ё он марҳилаи инкишофи таърихӣ бартарӣ пайдо кардани ин ё он эътиқод, усули маърифат, мақсад ва меъёрҳои куллии зиндагӣ дар назар дошта мешавад.   

      Маънии танг ё маҳдуди ҷаҳонбиниро дар шуури мушаххас ташаккул ёфтан ва аз ҷониби шахсияту гурӯҳҳои иҷтимоӣ истифода шудани он

   ташкил медиҳад.

      Аз ин рӯ, дар ҷомеа дар паҳлӯи ҷиҳатҳои кулл нусхаҳои зиёди гурӯҳӣ ва фардии ҷаҳонбинӣ ҳам вуҷуд доранд. Ҷаҳонбинии одамон аз лиҳози аломатҳои табақотӣ, вазъи иҷтимоӣ, савияи маълумот, ихтисос в. ғ. аз якдигар фарқ мекунад.

     Ҷаҳонбинӣ дорои сохтори мураккаб мебошад.  Аз он ҷумла:

  1. Донишҳои ҷамъбастшуда, яъне донишҳое, ки аз амалияи ҳаррӯзаи фаъолияти корӣ, касбӣ ва илмӣ пайдо шудаанд. Ҳар қадар захираи илмии ин ё он марҳилаи таърихи ғанӣ бошад, ҳамон қадар муттакои ҷаҳонбинӣ ҳам қавитар мешавад. Аз ин рӯ, унсури муҳими таркиби ҷаҳонбинӣ дониш ба ҳисоб меравад.
  2. Унсури дигари таркиби ҷаҳонбиниро арзиш ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки дониш ва арзиш бо ҳам зиданд. Зеро ки маърифатро сайъ ҳамеша сӯи ҳақиқат аст, яъне вай мехоҳад, ки олами воқеиро дар бикунад. Аммо ҳадафи арзишро шуури ахлоқию эстетикӣ ташкил медиҳад. Хайру шарр, ва зебоию зишт аз ҷумлаи мафҳумҳои шуури арзишианд.
  3. Ҳиссу ақл, фаҳмиш, амал, эътиқод, шак, таҷрибаи назарию амалии инсонҳо, андешаи гузаштаю оянда в. ғ..   

            Ҷаҳонбинӣ аз ду дараҷа иборат аст. Аз нуқтаи назари психологӣ ҷаҳонбинӣ ба дараҷаҳои зерин ҷудо мешавад:

       – ҷаҳонбинии  ҳиссӣ- равонӣ;

       – ҷаҳонбинии маърифатӣ- ақлӣ.

    Ҷиҳати ҳиссӣ- равонӣ – эҳсоси рӯҳию ҳисро дар бар гирифта, дар шаклҳои зерин зоҳир мегардад: хурсандӣ, рӯҳбаландӣ, рӯҳафтодагӣ, хушбахтӣ, бадбахтӣ в. ғ..

     Ҷиҳати маърифатӣ–ақлӣ – донишҳо, арзишҳо буда, дар робита бо ирода ба эътиқод табдил меёбад. Эътиқод ақидае, ки одамон фаъолона қабул мекунанд ва ба мақому мақсади онҳо мувофиқанд.

     Аз нигоҳи гносеологӣ(маърифатӣ) бошад, ҷаҳонбинӣ аз чунин дараҷаҳо иборат аст:

     – ҷаҳонбинии рӯзмарра( ё фалсафаи ҳаёт);

     –  чаҳонбинии назариявӣ.

      Ҷаҳонбинии рӯзмарра – хоси бештари мардум буда, тасаввуроту арзишҳое, ки аз гузаштагон мерос гирифтаанд, фаро мегирад. 

      Ҷаҳонбинии иазарявӣ – хоси олимон ва файласуфон аст, ки бештар ба илм ва мантиқ такя карда, тавассути хулосабарориҳои илмӣ- назариявӣ, мушаххас дар бораи инсон ва ҳастӣ ба вуҷуд оварда мешавад.

      Ҷаҳонбинӣ чунин шаклҳои таърихиро дар бар мегирад:

     – асотир; – дин; – фалсафа.

 1.  Асотир – калимаи арабӣ буда, маънояш афсона, қисса, ривоят аст. Асотир шакли соддатарини ҷаҳонбинӣ буда, хоси дунёи қадим аст ва дар он ҳодисаю падидаҳои олам, муносибати инсону ҳастӣ ба таври афсонавӣ таҷассум меёбад. Яке аз хусусиятҳои асотир дар он аст, ки ба тамоми ҳодисаю воқеаҳо хислати инсонӣ медиҳад. Дар ҷаҳонбинии асотирӣ Худою қаҳрамонон роли асосиро мебозанд. 

        Асотир дар ду шакл зуҳур меёбад:

а)  Асотир дар бораи пайдоиши оламу одам;

б)  Асотир дар бораи қаҳрамонони ин ё он халқу кишвар.

        Асотир дорои вазифаҳои гуногун аст. Тавассути он робитаи замонҳои пешину имрӯз ва оянда пойдор шуда, тасаввуроти якҷояи ин ё он мардум ташаккул ёфта, пайванди маънавии наслҳо таъмин мегардад.

      Дин – чунин шакли ҷаҳонбиниест, ки дар он олам тавассути ба ду тақсим намудани он – индунёӣ ва ондунёӣ сурат мегирад.                     

         Ҷаҳонбинии динӣ инъикоси хаёлии олами воқеӣ буда, ба аҳкому ақидаҳое асос ёфтааст, ки онҳоро аз рӯи ақлу мантиқ исбот кардан номумкин аст. Асоси ҷаҳонбинии диниро эътиқоду имон ба Худо ташкил медиҳад.

         Вазифаи дин: чун воситаи ба назму низом даровардан ва ҳифз намудани рафтор, урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ, меъёрҳои рӯзгор ва орзӯю омоли ахлоқиро, ки имрӯз ҳам барои одамон лозиманд, нигоҳ медорад.

        Ҷаҳонбинии фалсафӣ типи охирин ва мураккаби ҷаҳонбиниро ташкил медиҳад, ки шомили ҷаҳонбинии назариявӣ аст. Ҷаҳонбинии фалсафӣ баръакси ҷаҳонбинии динӣ оламу инсонро аз назари дониш ва ақлу илм акс менамояд. Фалсафа донишҳои мушаххаси илмӣ, фарзия ва санадҳоро таҳлил ва муқоиса намуда, онҳоро ба низом дароварда, аз ҷиҳати назарӣ ҷамъбаст менамояд ва манзараи мукамали оламро то андозае таҷассум намуда, ҷаҳонбинии воҳидро ифода мекунад. Ҷаҳонбинии фалсафӣ дорои ду қутби асосӣ –  олам ва инсон аст.            Фалсафа  мақоми инсонро дар олам  ва муносибати вайро ба олам шарҳу эзоҳ медиҳад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.