Фаҳмиши материалистии таърих

Таҳияю ба назми муайян ворид сохтани идеяҳои фаҳмиши материалистии таърих кӯшиши аввалини Маркс ва Энгелс дар роҳи эҷод намудани илми позитивӣ дар бораи ҷамъият ва таърих буд, ки муқобили фалсафаи пешин ва умуман фалсафа қарор дошт. «Заминаҳое, ки мо аз он шурӯъ мекунем беасос набуда, онҳо догма нестанд: онҳо заминаҳои воқеие ҳастанд, ки танҳо дар тасаввур метавон аз он дур шуд. Онҳо-фардҳои воқеӣ, фаъолияти онҳо ва шароитҳои моддии ҳаёти онҳост, мисли ҳамон муҳите, ки онҳо аллакай тайёр пайдо мекунанд ва оне, ки фаъолияти ҷамъиятии онҳо эҷод кардааст»
Ҷавҳари дигаргунсозиҳои таърихӣ тарзи истеҳсоли боигариҳои моддӣ буда, ба сифати майлони пешбари таърих инкишофи тадриҷӣ –прогреси ҷамъиятӣ баромад мекунад. Моҳиятан прогрессии ҷамъиятӣ- ин ҳаракат ба сӯи озодист, ки онҷо афзоиши боигариҳои маънавию моддӣ бо гуногунию куллияташ, мувофиқатию ҳамоҳангиаш ва боло шудани имкониятҳои гуногуни интихоби тарзи ҳаёт дар назар дошта шудааст. Асоси ин прогресс инкишофи истеҳсолоти моддӣ аст, ки нерӯҳои табиатро аз худ намуда, вақт ва воситаро барои инкишофи маънавӣ ва меҳнати эҷодкоронаи инсон таъмин менамояд. Инкишофи талаботҳои инсон, инчунин дархостҳои маънавии инсон низ мувофиқ ба қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият шакл мегирад. Ҳамин тавр, омили моддӣ дар ҳадди охир омили муайянкунандаи низоми иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ҷиҳати муҳими фалсафаи таърихи Маркс ин характери қонунии инкишофи таърих аст. Дар заминаи бозёфти Гегел манзараи бо ҳам мувофиқ наомадани ҳадафу мақсадҳои бошууронаи фаъолияти одамон бо оқибатҳои иҷтимоии ин амалҳо, Марксро ба хулосаи назариявие овард, ки қонунҳои объективии инкишофи ҷамъиятӣ дар барномаи субъектҳои эҷодкунандаи таърих гузошта нашудаанд. Ин идеяи махсуси қонуниятҳои иҷтимоӣ аст, ки дар фаъолиятҳои одамон қарор дорад. Тасдиқи ин бартарафсозии ду камбудии ҷиддии материализми кӯҳан – зиддитаърихият ва фаҳмиши натуралистии инсон ва ҷомеаро дар назар дорад. Идея ва муқаррароти фаҳмиши материалистии таърихро К. Маркс якҷоя бо Ф.Энгелс дар асари муштарак эҷод кардаашон «Идеологияи немис» тарҳрезӣ намудаанд, ки он самти меҳварии фалсафаи марксистӣ ба ҳисоб меравад. Беҳтар аст, оид ба моҳияти ин фаҳмиш аз худи муаллифони он пурсон шавем: «Ин фаҳмиши таърих дар муқоиса ба фаҳмиши идеалистӣ дар ҳар марҳила ин ё он категорияеро ҷӯё намешавад, балки ҳама вақт дар заминаи таърихи воқеӣ қарор гирифта, амалияро на аз идея, балки маърифати идеявиро аз амалияи моддӣ шарҳ медиҳад ва тавассути он ба чунин натиҷае меояд, ки ҳамаи шаклҳо ва маҳсули шууро на бо интиқоди руҳониёт, на бо омехта кардани он «дар худшуурӣ» ё ин ки табдили он ба «шабаҳу рӯъё», ё «хаёлоти ѓароибе» ва ѓайра, балки танҳо ба табдили амалии муносибатҳои воқеии ҷамъиятӣ, ки ҳамаи ин ҳаёҳӯи идеалистӣ аз он бармеояд, маҳв кардан мумкин аст. На интиқод, балки инқилоб нерӯи ҳаракатдиҳандаи таърих, дину фалсафа ва инчунин дигар назарияҳо ба ҳисоб меравад».
Мундариҷаи комилтари фаҳмиши материалистии таърихро К. Маркс дар сарсухан «Оид ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» баён мекунад: «Дар истеҳсолоти ҷамъиятии ҳаёти хеш, одамон ба муносибатҳои муайяну зарурии ба иродаашон вобаста набудае ворид мешаванд, ки ин муносибатҳои истеҳсолӣ ба зинаи муайяни инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи моддии онҳо мувофиқ меояд. Маҷмӯи ин муносибатҳои истеҳсолӣ сохтори иқтисодии ҷамъият, базиси (зербинои)воқеиеро, ки ба он надстройкаи (рӯбинои) ҳуқуқию сиёсӣ гузошта шудааст, ташкил медиҳад, ки он бошад ба меъёрҳои муайяни шуури ҷамъиятӣ мувофиқанд. Умуман тарзи истеҳсоли ҳаёти моддӣ равандҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии ҳаётро мусоидат менамояд. Шуури одамон на ҳастии онҳоро, балки баръакс ҳастии ҷамъиятии онҳо шуури онҳоро муайян мекунад». Ба назари Маркс ин фаҳмиши таърих ҳамеша дар заминаи таърихи воқеӣ қарор дошта, амалия на аз идеяҳо, балки таркиботи идеявӣ аз амалияи материалӣ бармеояд. Чӣ тавре, ки фаъолияти ҳаётии фардост, худи онҳо ҳам ҳамон тавранд. Он чӣ ки тасвиру ифодаи онҳост, ҳамин тавр ба истеҳсолоти онҳо, ба он ки онҳо чӣ истеҳсол мекунанд ва ба он ки чӣ тавр истеҳсол мекунанд, мувофиқ аст. Фардҳо дар хеш чиро ифода мекунанд – ин бешубҳа вобаста ба шароитҳои моддии онҳост. «Одамонро аз ҳайвонҳо бо шуурашон, бо динашон, умуман ба ҳар чизе, ки хоҳед метавон фарқ кард. Худи онҳо бошанд аз ҳайвонҳо ҳамон замоне, ки нав ба истеҳсол намудани воситаҳои зарурии ҳаётиашон шурӯъ менамоянд, хешро фарқ мекунонанд. Воситаҳои зарурии ҳаёти хешро истеҳсол карда, одамон ѓайримустақим ҳаёти моддии худро низ тавлид месозанд».
Дар таърих ва ҷомеа таѓйиротҳо, умуман ва куллан аз моддиёт ба сӯи идеалиёт, аз бунёди иқтисодӣ ба рӯбинои идеологӣ ҷараён гирифта, ҳастии ҷамъиятии одамон шуури онҳоро муайян мекунад. Аз лиҳози назариявӣ ҷомеаи нав аз зиддиятҳои худи ҷамъият, қабл аз ҳама аз зиддиятҳои байни қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолии мавҷуда дар марҳилаи мазкур шакл мегирад. Дониш дар бораи ҷамъият на тавассути муҳокимаҳои спекулиятивии фалсафӣ, балки ба таври эмпирикӣ, мисле, ки онро «илми позитивӣ» анҷом медиҳад, таҳияву эҷод мешавад. Ҳадафи онҳо, зикр мекунанд бунёдгузорони ин фалсафа, эҷод намудани таълимот дар бораи ҷамъият ва таърихи он ҳамчун илм аст, ки мустақиман зидди тамоми фалсафаи гузашта бошад. Ва ин илм на танҳо таърихи ҷамъиятро ба форматсияҳо ва ҳар форматсияро ба элементу синфҳои он ҷудо мекунад, балки шарҳи онро, ки чаро ин ё он форматсия чунин шакл гирифтаю, муҳимаш-чаро ҷамъият инкишофи худро дар гузариш аз як форматсия ба форматсияи дигар дармеёбад, ба миён мегузорад. Форматсияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ – ин организми инкишофёбандаи иҷтимоӣ-истеҳсолиест, ки қонунҳои махсуси пайдоиш, татбиқшавӣ, инкишоф ва табдилёбии худро ба шакли нисбатан олитару мураккабтари организми иҷтимоию истеҳсолӣ дорад. Ҳар як чунин организм тарзи махсуси истеҳсолот, типи муносибатҳои муайяни истеҳсолӣ, характери хоси ташкили ҷамъиятии меҳнат ( ва дар форматсияҳои антагонистӣ синфҳои махсус ва шаклҳои махсуси истисмор), сабабияти таърихӣ ва шаклҳои устувори умумияти одамон ва муносибати байни онҳо, шаклҳои махсуси идоракунии ҷамъиятӣ, тарзҳои хоси ташкили оила ва муносибатҳои оилавӣ, идеяҳои махсуси ҷамъиятиро доро аст. Нишонаи ҳалкунандаю меҳварии форматсияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ, ки дигар ҷузъиёти онро муайян мекунад, тарзи истеҳсолот мебошад. Иваз шудани тарзи истеҳсолот иваз шудани форматсияҳоро ба амал меорад. Дар фалсафаи марксистӣ панҷ форматсияҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ: обшинаи ибтидоӣ, ѓуломдорӣ, феодалӣ,капиталистӣ ва коммунистӣ ном бурда мешавад. Муносибатҳои иқтисодӣ, ки таркиби иқтисодии форматсияҳои иҷтимоӣ – иқтисодиро эҷод мекунанд, дар ҳадди охир амалу рафторҳои одамонро, фаъолияти оммаҳоро, муносибату муноқишаи байни табақаҳои иҷтимоиро, ҳаракату ҷунбишҳои иҷтимоӣ ва инқилобҳоро муайян месозанд. Протсесси таърихию умумиҷаҳонӣ дар марҳилаи муайяни таърихӣ дар муқоиса ба протсесси инкишофи кишварҳои алоҳида нисбатан зуҳуроти мураккабу мутазодеро дорост. Раванди умумиҷаҳонии инкишоф халқҳои зиёдеро, ки дар сатҳи мухталифи инкишоф қарор доранд, фаро мегирад. Ҳар як форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодӣ форматсияи пештараро инкор намуда, дастовардҳои гузаштаро дар соҳаи ҳаёти моддию маънавӣ нигоҳ доштаю инкишоф медиҳад. Гузаштан аз як форматсия ба форматсияи нави дигар, ки қобил аст нерӯи мустаҳаками истеҳсолӣ, муносибатҳои комилтари низоми иқтисодию сиёсӣ ва идеологиро эҷод созад, мундариҷаи прогрессии таърихӣ мебошад. Албатта доир ба назарияи форматсионии Маркс ва Энгелс мубоҳисаҳои гуногун авҷ гирифтаанд ва аксари муҳаққиқони муосир бар он ақидаанд, ки ин назария омилҳои фарҳангӣ, тамоили анъанаю одатҳои миллӣ, таъсири шиддатноки тасаввуротҳои динию мазҳабӣ ва чанд омили дигарро дар ташаккули инкишофи ҷомеа камтару заифтар ба эътибор гирифта, ин назария татбиқи амалии худро дар ҷараёни таърих пайдо накардааст. Аммо ҳаминро зикр карданием, ки маҳз фалсафаи марксистӣ таърихро ҳамчун ҷараёни табиию таърихӣ тасвир сохта, механизми табдилу таѓйири истеҳсолоти моддӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро комилтару илмӣ исбот сохт. Маркс исбот сохт, ки ҷамъият на агрегати хаотикӣ ва на «кристали сахту қоим», балки куллиятест, ки қобил ба худинкишофёбӣ буда, ҷузъиёту қисматҳои гуногуни он бояд ба якдигар мутобиқат дошта бошанд. Чунин мутобиқатию мувофиқатӣ метавонад байни қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ бошад. Дастоварди муҳимтарини тадқиқоти иқтисодӣ дар «Капитал» анҷом дода шудааст, ки Маркс онро кашфи характери духелаи меҳнат: тадқиқи қувваи коргарӣ ҳамчун навъи махсуси мол ва кашфи арзиши изофа медонад. Дар «Капитал» низ Маркс дастоварди дигари таълимоти хешро ин фаҳмиши материалистии таърих медонад. Моҳияти ин кашфиёт оддӣ аст: қабл аз он ки одамон ба илм, сиёсат, дин, фалсафа ва ѓайра машѓул шаванд, бояд онҳо хӯрок бихӯранд, бинӯшанд, либос бипушанд ва манзил дошта бошанд ва ҳамаи ин дар натиҷаи меҳнат ба даст омада, меҳнат бошад дарнавбати худ бе истифодаю истеҳсоли олоти меҳнат ва воситаҳои истеҳсолот номумкин аст. Аз ҳамон маҷмӯи робитаҳою муносибатҳои мураккабу гуногуншакли ҷамъиятӣ Маркс муносибатҳои моддӣ, истеҳсолиро алоҳида тасвир мекунад. Ин муносибатҳои аввалию бунёдии базисӣ (зербиноӣ) аз шуури одамон нагузашта, таҳия мегарданд. Онҳо ҳама муносибатҳои дигарро, ки тавассути шуур мегузаранд, муайянд месозанд. Ва онҳоро Маркс муносибатҳои идеологӣ меномад. Мунақиддони баъдии Марксро ҳанӯз дар пеш аст, муайян созанд, ки чӣ тавр чунин идеяи элементарӣ (муқаррарию оддӣ), ки онҷо сохтори мураккаби рӯҳонияти инсон ба сифати бунёди худ талаботи инсонро дар хуроку нӯшокӣ ва фарди ҷинси дигар медид, тавонист ҳатто шубҳаро ба вуҷуд наоварда, баръакс ҳазорон одамонро дар олам мусаххару мафтун созад.
Фалсафаи марксистӣ ҷамъиятро на танҳо аз мавқеи материализм, балки аз мавқеи диалектика низ арзёбӣ мекунанд. Робитаи диалектики қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолиро тавсиф дода, Маркс зикр мекунад, ки муносибатҳои истехсолӣ бояд ба зинаи муайяни инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда мувофиқат дошта бошад. Аммо ин мувофиқатӣ набояд статикӣ ( орому беҳаракат) бошад, ҳамчун унсури нисбатан фаъолу динамики тарзи истеҳсолот қувваҳои истеҳсолкунанда дар ин ё он марҳилаи инкишофи худ ба муносибатҳои ақибмондаи иҷтимоӣ дар ҳолати зиддиятнок қарор мегиранд. Он вақт муносибатҳои истеҳсолӣ аз шакли инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ба монеа ё фашанги боздошти он табдил меёбад. Диалектикаи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ манбаи дохилии худҳаракатии тарзи истеҳсолот, дар ҳадди охир тамоми организми ҷамъият ба ҳисоб меравад. Аҳамияти хосаро дар материализми таърихӣ зимни форматсияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ чунин муқаррарот касб кардааст: « Ҳеҷ як форматсияи ҷамъиятие қаблан фано нахоҳад шуд, агар қувваҳои истеҳсолкунандаи барои ӯ ҳудуди васеъро муайянсозанда, вожгун нагардад ва муносибатҳои нисбатан наву баландтари истеҳсолӣ пайдо нахоҳад шуд, агар қаблан шароитҳои моддии мавҷудияти он дар ниҳоди ҷомеаи кӯҳна пухта нарасад. Аз ин рӯ инсоният ҳамеша пеши худ ҳамон вазифаҳоеро мегузорад, ки агар аз ӯҳдаи ҳал кардани он барояд»
Ҳар як форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодӣ, таъкид мекунад Маркс ин организми зиндаи иҷтимоист, ки сохтори муайяне дошта, функсияҳои гуногунро соҳиб аст ва таҳлили мушшахасро талаб мекунад. Дар баробари он қонуниятҳои умумитаърихӣ ё умумисотсиологие вуҷуд доранд, ки ягонагию воҳидияти таърихи умумиҷаҳониро таъмин месозанд. Категорияи форматсияҳои иҷтимоию иқтисодӣ имкон медиҳад, ки марҳилабандии таърихро илман асоснок намуда, дар он давраҳои асосӣ ё марҳилаҳои таърихиро алоҳида тасвир сохт. Агар мафҳуми форматсия моҳияти зинаи муайяни инкишофи иҷтимоию иқтисодии инсониятро муайян созад, пас мафҳуми «давра» («марҳила») ҳама мундариҷаи мушаххаси таърихиро фаро мегирад. Материализми таърихӣ на танҳо таълимоти умумисотсиологиро, балки фалсафаи таърихи марксистиро низ дар назар дорад. Ҳадафи он иборат аз ҷавоб ҷӯстан ба чунин саволҳост: аз куҷо, ба куҷо ва чӣ тавр инсоният дар самти ҳаракат қарор дорад? Дар робита ба он масъалаи мундариҷа ва меъёри прогресси ҷамъиятӣ пайдо мешавад. Дар шакли фишурдае ҷавоб ба он чунин аст: фаровонии маҳсулоти меҳнат дар нисбати хароҷоту сарфи нигаҳдошти қобилият ба меҳнат- ин асоси ҳама гунна прогресси ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва фикрӣ мебощад. Истилоҳи материализми таърихиро ба фалсафа Ф.Энгелс ворид сохтааст. Материализми таърихиро ҳанӯз замони зинда будани бунёдгузорони он ба фатализм, провиденсиализм, эсхатологияи ботили динӣ ва ѓ. айбдор месохтанд. К. Маркс дар яке аз мактубҳояш эътироз ба он мекунад, андешаҳои ӯро « ба назарияи таърихӣ-фалсафӣ доир ба роҳи умумие, ки ба таври фалокатбор тамоми халқҳо бояд онро новобаста аз шароитҳои таърихие, ки онҳо ҳузур доранд, тай намоянд, табдил медиҳанд. Набояд ҳеҷ гоҳе ҳалли проблемаҳоро бо истифода аз қулфкушоии умумие, ки ин ё он назарияи таърихию фалсафӣ, ки шуҷоати олии он фавқултаърихияти он аст, ҳаллу фасл сохт» Чуноне, ки мебинем К.Маркс ба муболиѓаю мутлақ гардондани ҳама гуна назарияи таърихию фалсафӣ муқобил аст ва хосатан агар ин муболиѓа ба идеяҳои ӯ дахл дошта бошад, ӯ қатъиян норозист. Нақши на камтареро аз нигоҳи фалсафаи марксизм омили субъективӣ мебозад, аз ҷумла, хислату хусусияти одамоне, ки роҳбари давлат, ҳаракат, ҳизб ё ѓайраро ба ӯҳда доранд. Омили субъективӣ ба рафти ҳодисот унсури тасодуфиро ворид месозад, ки онро набояд нодида гирифт. Таърих хело ҳам хусусияти ирфониро мегирифт, агар «тасодуфҳо» ягон нақшеро намебозиданд, зикр мекунад Маркс. Ин «тасодуфҳо» худ ба рафти ҳодисот дохил шуда, дигар тасодуфҳоро ба мувозинат меоранд. Вобаста ба он, бисёр вақт суръати ҷараёни ҳодисоти таърих меафзояд ё заиф мегардад. Вале, аз тарафи дигар набояд нақши омили субъективиро дар ташаккули чамъият мутлақ ва ҳалкунанда тасвир сохт. Инкишофи ҷомеа дар шакли раванди табиию таърихӣ, ба назари Маркс ҷараён дорад. Қонунҳои инкишофи ҷамъият объективӣ буда, аз ҳамин мавқеъ ба қонунҳои табиӣ монандӣ доранд. Онҳо новобаста аз шуури инсонҳо, бо зарурати иҷборӣ амал мекунанд ва онҳоро наметавон таѓйир дода, нобуд сохт. Ин на қонунхои оддии табиӣ, балки қонунҳои табиию таърихӣ мебошанд. Онҳо дар ҳаёт танҳо ба воситаи фаъолияти одамон татбиқ мешаванд ва ба маънои дигаре ин одамон таърихи худро худашон меофаранд. Вале одамон аз тарафи дигар наметавонанд ин қонунҳоро дигар кунанд. Ин қонунҳоро маърифат намуда, метавонанд ба он таъсир расонанд, ё ҷараёни ҳаракати онро заиф созанд ё баръакс тезонанд. Ин хусусияти раванди таърихиро Маркс чунин баён мекунад: «Ҷамъият… наметавонад аз болои ин марҳилаҳои инкишоф ҷаҳида, ё онҳоро ба воситаи декретҳо дигар созад. Аммо метавонад азияти тавлидшавиро ё кӯтоҳ ё нарм созад» »
Солҳои 80-90-уми қарни 19 Ф. Энгелс кори бузурги шарҳдиҳиро дар хусуси мундариҷаи воқеии материализми таърихӣ анҷом дода, муқобили назарияи «материализми иқтисодӣ», ки нақши муборизаи сиёсию идеологиро дар раванди таърих паст зада ё инкор мекард, мубориза мебарад. Дар муқобили он Энгелс нишон медиҳад, ки нақши муайянкунандаи базиси иқтисодӣ ҳаргиз таъсири фаъоли надстройка (рӯбино), қабл аз ҳама давлатро ба иқтисодиёт сарфи назар намекунад. Энгелс масъалаи мустақилияти нисбии надстройка ва шаклҳои шуури ҷамъиятиро таҳия намуд. Ин мустақилият қабл аз ҳама дар таъсири баръакси надстройка ба базис зоҳир мегардад.

test

Добавить комментарий