Бегонашавӣ ва меҳнати бегонашуда
Омӯзиши вазъияти воқеии иқтисодию иҷтимоии синфи коргар дар миёнаҳои асри 19 ба зарурати коркарди назари наву ѓайрианъанавӣ ба ҷомеаи инсонӣ ва таърихи он овард. Категорияе марказие, ки бо ёрии он Маркс кӯшиш намуд моҳияти муносибатҳои капиталистӣ ва мақоми инсонро дар он муайян намояд, ин категорияи бегонашавӣ буд. Онро истифода намуда, Маркс кӯшиши фаҳмидани сохтори буржуазиро, ки онҷо антагонизми байни меҳнат ва капитал сурат мегирад, анҷом дод. Дар муқоиса ба Гегел ва Фейербах Маркс таваҷӯҳи хосаро ба бегонашавии меҳнат ва худбегонагаштани корманд равона сохт. Аввалан аз корманд маҳсулоти меҳнатии сохтаи ӯ бегона мегардад. Дуюм, раванди бегонашудани фаъолияти меҳнатии коргар сурат мегирад, ки онҷо меҳнати дар маҳсулот таҷассум намудаи ӯ, нерӯи ҷисмонию маънавии дар молу маҳсулот сарфу татбиқ намудаи ӯба соҳиби истеҳсолот таалуқ дорад. Ин протсессро Маркс худбегонашавӣ меномад. Меҳнати бегонашуда «ҳаёти авлодии» инсонро (ин истилоҳро ӯ аз Фейербах мегирад) ҳамчун воситаи қонеъ шудани талабот дар роҳи нигоҳ доштани мавҷудияти ҷисмониаш муқаррар месозад. Аммо дар муқоиса ба Фейербах таҳти «ҳаёти авлодӣ» пеш аз ҳама «ҳаёти истеҳсолӣ», яъне раванди меҳнатро мефаҳмад. Маҳз бо ҳамин сифаташ инсон ҳамчун авлод аз ҳайвон фарқ мекунад. Азбаски аз корманду коргар меҳнати ӯ бегона шудааст, пас аз ӯ ҳаёти авлодиаш, моҳияти инсониаш низ бегона мегардад. Маркс дар ҳамин асос тасдиқ мекунад, ки ҷомеаи буржуазӣ коргарро то ба сатҳи нақши он чун машина, чун ѓуломи капитал поин мефарорад ва ин ҷомеа ҳамчун нерӯи бегонаю истисморкунандаи пролетариат баромад мекунад. Решаи ҳамаи бадбахтӣ ва камбизоатии синфи коргарро Маркс дар ҳукмронии моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот мебинад. « Ҳамин тавр, тавассути меҳнати бегонашуда, инсон на танҳо муносибати худро ба предмету ҳолати истеҳсолот- ҳамчун қувваи барои ӯ бегонаю душман эҷод мекунад, балки он муносибатеро, ки дар он одамони дигар дар баробари истеҳсолот ва маҳсулоти ӯ ҳузӯр доранд ва мутаносибан он муносибатеро, ки худи ӯ онҷо дар нисбати одамони дигар қарор доранд, тавлид месозад. Мисли он ки ӯ фаъолияти шахсии истеҳсолиашро ба ҳолати хориҷ шуданаш аз воқеият, ба ҷазое барои худ табдил медиҳад, маҳсулоти шахсии ӯ фано шуда, ба маҳсулоти тааалуқнадошта ба ӯ мубаддал мегардад, ҳамчунин ӯ ҳокимияти касеро меофарад, ки ҳеҷ истеҳсол накарда ба истеҳсолот ва маҳсули он ҳукм дорад. Фаъолияти хешро ӯ аз худ бегона сохта, имкон медиҳад, ки одами дигар фаъолиятеро , ки ба ӯ тааллуқ надорад, соҳибӣ кунад».[1] Дар натиҷаи аз функсияи худ бегонашудани субъекти фаъолият меҳнат ба шакли манфии худфаъолиятӣ табдил меёбад: аз шакли тасдиқи худ ва зуҳури хеш ба тарзи худзаволёбӣ ё худафтодарӯҳию ошуфтаҳолии шахс истиқрор меёбад. Дар шароити бегонашавии капиталистӣ инсони алоҳида алаккай ба маънои воқеии хеш субъекти фаъолият намегардад, чунки меҳнати ӯ иҷборӣ ё сирф беруниро мегирад. Дар заминаи бегонашавӣ феномени дуюмбора ё такрории бегонашавӣ вусъат меёбад: бегонашавии маҳсули меҳнат аз истеҳсолкунанда ва бегонашавии инсон аз инсон. Бо бегонашавии маҳсули меҳнат ѓановату бойшавии олами предметҳо барои инсон ҳамчун талафотест, ки натиҷаи он аз даст додани соҳибият ба фаъолияти ҳаётии хеш аст.Агар фаъолияти ҳаётӣ барои инсон бегонаю душман гардаду, агар инсон маъюбу афтода бошад, пас олами инсон, муҳити ӯ низ барои ӯ хусуматовару душманона мегардад. Тамоми боигарии предметие, ки инсонро дар муҳити ӯро иҳотакарда фаро мегирад, «табиати дуюм», офаридаи худи ӯст ва нақши ӯ онҷо нуҳӯфта аст. Ҳамон хеле, ки инсон аст – ҳамон тавр муҳити ӯро фарогиранда аст. Дар ҷамъияте, ки онҷо низому тартиби чизҳо ҳукмрон аст, табақабандии одамон, ашёҳо, «неъматҳои моддӣ», раванди бениҳоят бузурги таѓйироту шаклдигаркунии нерӯҳои предметӣ сурат мегирад: робитаи ҷамъиятии байни одамон дар шакли предметҳо ҳамчун нерӯи ҳокиму ѓайримуташаккиле аз болои одамон бодою муқаррар мешавад. Ҳар қадаре, ки инсон ба хотири хештангароию худзуҳурсозӣ дар предметҳои эҷодкардааш, дар техника, дар дастовардҳои илмӣ кӯшиш мекунад, ӯ ҳамон қадар хештанро гум сохта аз субъект ба объекти протсесси таърихӣ табдил меёбад. Сохтору таркиб ва тамоми ҷузъиёти ҷараёни бегонашавиро К.Маркс ҳанӯз дар «Дастхатҳои фалсафӣ-иқтисодии соли 1844» таҳлил намуда, менависад: «Вақте, ки инсон мутазоди хештан аст, ба ӯ инсони дигар низ муқобил меистад».[2]
Натиҷаи ногузири бегонашавии меҳнат, аз нигоҳи Маркс, ин бегонашавии инсон аз инсон аст. Дар ҷамъияте, ки ба истисмор бунёд ёфтааст, ҳолати бегонашавии умумӣ ба ҷаҳонфаҳмии мутаносибе меорад, ки «…ҳар нафаре ба нафари дигар танҳо ҳамчун объект барои истифода бурдан назар мекунад… ва дар ин самт ҳолате рух медиҳад, ки нисбатан нерӯманд нисбатан заифу нотавонро пахш мекунад».[3] Одамон ба олами предметҳое, ки худашон эҷод кардаанд ё аз наслҳои дигар гирифтаанд, ворид шуда, тобеъи ҳамон муносибатҳое мешаванд, ки дар раванди мубодилаю коркарду истифодаи ҳамин предметҳо, эҷод мешаванд.
Меҳнати бегонашуда- муқаррароти муҳими фалсафаи марксизм аст. Маркс онро дар чаҳор самт арзёбӣ мекунад: дар капитализм меҳнат маҷбурист ва чунин меҳнат наметавонад талаботро ба меҳнат қонеъ намояд ва ин меҳнат «танҳо воситаест барои қонеъ намудани ҳамаи дигар талаботҳо»; меҳнати маҷбурӣ аз меҳнаткашон «ҳаёти авлодӣ»-ашро мегирад, зеро ки меҳнат барои ӯ танҳо воситаи нигоҳ доштани ҳаёти фардиаш аст, на ба хотири нигаҳдошти авлодаш; меҳнати бегонашуда байни одамон бегонашавиро эҷод мекунад, зеро ки коргарон барои имконияти меҳнат намудан байни худ рақобат мекунанд; коргар дар раванди меҳнат моводу ашёҳои аз табиат гирифтаро истифода бурда бо натиҷаи меҳнаташ предметҳои зарурии ҳаётиашро аз худ мекунад. Аммо на аввалию на дуюмӣ ба ӯ тааллуқ надошта, барои ӯ бегонаанд. Дар заминаи ҳамин андешаҳо Маркс хулоса мебарорад, ки меҳнат моҳияти инсонро муқаррар сохта, дар шароити капитализм, дар марҳилаи инкишофи пуравҷи моликияти хусусӣ ин меҳнат аз инсон бегона гаштаю бегона хоҳад монд. «Танҳо дар давраи охирин, кулминатсионии инкишофи моликияти хусусӣ аз нав асрори ӯ ифшо мешавад: моликияти хусусӣ аз як тараф маҳсули меҳнати бегонашуда аст ва аз тарафи дигар воситаи ҳамин бегонашавӣ, татбиқи амалии ҳамин бегонашавист»[4] Чуноне, ки мушоҳида кардем, Маркс сабаби бегонашавиро дар моликияти хусусӣ дида, берун аз бегонашавиро ҳамчун нест кардани ҳамин моликияти хусусӣ баҳогузорӣ мекунад. Ва тамоми антропологияи озодкунӣ- ин барномаи мубориза барои аз байн бурдани моликияти хусусӣ аст. Ин мубориза дар саросари сайёра, дар тамоми таърихи умумиҷаҳонӣ бояд амалӣ шавад, зеро ки моликияти хусусӣ ба таърихи умумиинсонӣ таалуқ доштаю онҷо қарор дорад.
Проблемаи инсон
Нуқтаи ибтидоии тадқиқоти Маркс на танҳо «инсони бегонашуда» ва «нерӯҳои моҳиятии он», балки таҳлили тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, қабл аз ҳама муносибатҳои иқтисодию истеҳсолӣ, ки базиси (зербинои) воқеии ҳамаи муносибатҳои баъдию гуногунранги байни одамон аст, қарор мегирад. Ин назари методологӣ имкон медиҳад, ки ҷиҳатҳои муҳими инфародияти инсонро пайдо намуд. Ба сифати бунёди антропологияи Маркс метавон аз «Тезисҳо оид ба Фейербах» ёдовар шуд. Онҷо ӯ аз материализми «кӯҳна», ки нуқтаи назари он ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеаи «фардҳои абстрактӣ», «фардҳои атомарӣ», «фардҳои хусусӣ» буд, даст мекашад ва чанд проблемаҳои муҳимро ба миён гузошта аз нигоҳи назария онҳоро ҳаллу фасл месозад: аввалан ӯ проблемаи антропологияи нав, фаҳмиши нави инсонро ҳамчун маҷмӯи «муносибатҳои ҷамъиятӣ» баррасӣ мекунад; дуюм, фаҳмиши нави таърихи умумиҷаҳониро, ки асоси онро таърихи иқтисодӣ, истеҳсолоти моддӣ ташкил мекунад ва дин, оила, давлат, ҳуқуқ, ахлоқ, илм, санъат ва ѓайра танҳо зуҳури навъҳои истеҳсолот буда, қонунҳои умумиеро тобеъанд баҳогузорӣ мекунад; сеюм таъкид мекунад, ки дар бунёди истеҳсолоти капиталистӣ моликияти хусусӣ қарор дорад ва натиҷаи он меҳнати бегонашуда буда, ҳамеша инсону инсониятро дарҳам шикаста, пахш менамояд; чаҳорум, ногузир бояд вазъияти мавҷуда тавассути «эмансипатсияи инсоният» ва берун шудан аз меҳнати бегонашуда ба воситаи «амалияи инқилобӣ» таѓйир дода шавад; панҷум, зарурати эҷод кардани фалсафаи принсипан наве, материалистию амалие, ( на «муроқибавие», ки онҷо файласуфони «пешин» оламро ба ҳар тарзе шарҳу тавзеҳ медоданд) зарур аст, ки ҳамчун бунёди назариявии таѓйир додани ҳамин олам бошад. « Файласуфон танҳо бо тарзҳои гуногун оламро шарҳ медоданд, аммо гап сари он аст, ки ин оламро бояд дигаргун сохт».[5] Дар асари «Дастхатҳои фалсафӣ-иқтисодии соли 1844» ба дифои гуманизм, ки ба идеяи озодии универсалию эҷодкоронаи инсон такя мекунад, бармехезад. Аз нигоҳи ӯ татбиқ намудани ин моҳияти инсонро бегонашавӣ ҳамчун нерӯи зиддиятноку муқобил, монеият мекунад. Ин бегонашавӣ, ки натиҷаи дар предмет таҷассум шудани фаъолияти инсониро фаро гирифтааст, аз таҳти назорати инсон ва ҳадди салтанати инсон берун шудааст ва ин бошад ба идора намудани инсон аз ҷониби худи ҳамин бегонашавӣ оварда, беқурбшавии инсонро дар ҷомеаи капиталистӣ вусъат мебахшад. Аз мавқеи консепсияи Маркс чанд навъи бегонашавии инсон вуҷуд дорад: бегона шудани инсон аз раванди меҳнат ва аз натиҷаи ҳамин меҳнат, аз табиат, аз моҳияти авлодии хеш, бегонашавии инсон аз хештан ва аз ҷомеа. Дар заминаи ҳама шаклҳои бегонашавӣ меҳнати бегонашуда ниҳон аст, ки ба муносибатҳои моликияти хусусӣ бунёд ёфтааст. Проблема, аз нигоҳи Маркс дар он аст, ки бо роҳи «канда гирифтани» бегонашавӣ ва соҳибияти инсон ба моҳияти воқеии авлодии хеш, ин ҳолат ҳалли худро меёбад. Роҳи ягонаи ҳалли онро дар аз байн бурдани моликияти хусусӣ мебинад. Аз нигоҳи Маркс ин чизе нест, ҷузъ ҳолати ҷамъиятие, ки маънояш «баргаштани инсон ба хештан» хоҳад буд. Нуқоти барқовари андешаҳои Маркс- ин фикр дар бораи он аст, ки оламро наметавон тавассути шуур, идея дигаргун сохт, зеро ки манфиатҳои воқеии инсон аз ҳастии онҳо, аз ҷараёни ҳаёти воқеии онҳо бармеояд. Инсон ҳаёти воқеию ҷамъиятии худро муқаррар сохта, дар тафаккур бошад танҳо ҳамин ҳастии воқеии хешро такрор менамояд ва ҳамин тавр тафаккур ва ҳастӣ аз ҳам фарқ дошта бошад ҳам, дар айни замон дар ягонагӣ бо ҳам қарор доранд. Маркс дар фалсафаи инсоншиносӣ соҳаи фаъолияти амалию дигаргунсозандаи одамонро, ки қаблан файласуфон таваҷҷӯҳи камтаре доштанд, ворид месозад. Инсон ба табиат таъсир расонда онро таѓйир дода, шароитҳои наверо барои мавҷудияти хеш муҳаё месозад. Дар рафти ин дигаргуниҳои амалӣ дар ҷамъият талаботҳои мухталифе аз қабили талаботҳои техникие пайдо мешавад ва «ин илмро дар баробари даҳҳо университетҳо пеш хоҳад бурд».[6]
Фалсафаи Маркс- ин фалсафаи иҷтимоиест, ки ба озодкунии инсон нигаронида шудааст. Инсон дар ин фалсафа пеш аз ҳама мавҷуди фаъолу амалкунанда аст, ки робитаи ӯ ба табиат (яъне инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда) бунёди дигар муносибатҳои мутақобилаи ӯ дар ҷамъият аст. «Фард ин мавҷуди ҷамъиятӣ аст. Аз ин рӯ ҳама гуна зуҳуроти ҳаёти ӯ – ҳатто агар он чун зуҳуроти ҳаётӣ дар шакли бевоситаи коллективие, ки муштаракан бо дигарон амалӣ мегардад, баромад накунад ҳам, ин зуҳуроту тасдиқи тақаррури ҳаёти ҷамъиятӣ аст»[7] Ҳарчанд, ки инсон мавҷуди иҷтимоист, аммо муносибати одамонро дар ҷамъият касе созмон намедиҳад, ин муносибатҳо стихиявӣ (худ ба худ) вобаста ба ин ё он сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда самт мегиранд. Тақсимоти одамон ба синфҳо низ вобаста ба соҳибияташон ё маҳрумияташон аз воситаҳои истеҳсолот стихиявӣ ҷараён мегирад. Тобеияти иддае аз одамон аз одамони дигар ва дар ҷамъияти капиталистӣ тобеияти одамон ба ашёу чизҳо ҳамчун натиҷаи бегонашудаи фаъолияташон низ ҳамин тавр сурат мегирад. Ҳатто раванди тавлиди одамон хам вобаста ба талаботҳои ҳаёти моддии онҳо сурат мегирад. « Эҳтиёҷ ба одамон, ногузир, тавлиди одамонро, мисли ҳар моли дигар ба танзим медарорад»[8] Озод шудан аз ҳокимияти чунин муносибатҳо назорати бошууронаро ба ташкилу инкишофи ҷомеа дар назар дорад- воситаи комёб шудан ба ин- гузаштан ба моликияти ҷамъиятист, ки заминаи онро капитализм эҷод мекунад. Барои инсони алоҳида ин маънои универсалӣ будани талаботҳо, қобилиятҳо, воситаҳои истеъмолӣ, ин «ҳаракати мутлақи ташаккули» инсон аст. Маркс фардро ҳеҷ гоҳ ба маҷмӯи оддӣ, ансамбли иҷтимоӣ ва қабл аз ҳама муносибатҳои истеҳсолӣ айният намедиҳад. Ӯ ҳар инсонро ҳамчун зуҳуроте, ки дар он моҳият баён ёфтааст, дар назар дорад. Аммо ин зуҳурот ѓанитар аст дар нисбати моҳияте, ки онро баён месозад. Одамон – винтике нестанд, ки ким-кадом машинае онро муҳр зада, тавлид созад. Ҳар кадоми он дар инфародияти хеш нотакрор аст. Танҳо инҷо набояд фаромӯш кард, ки хусусияти хоси шахсиятро бидуни маърифати он шароитҳои иҷтимоӣ, ки онҷо шахс ташаккул ёфтааст, фаҳмидан мумкин нест. Зеро, ки фардҳо «шароитҳои муқарраршудаи ҳаётии хешро қаблан пайдо мекунанд: синф ҳолати ҳаётии ӯро муайян месозад ва ҳамҷоя бо он сарнавишти шахсии ӯро тобеи хеш мегардонад»[9]
Нишонаи асосию муҳими «инсон», аз нуқтаи назари марксизм ин қобилияти боандеша ва ҳадафнигорона меҳнат кардан ва сохтани олоти меҳнат аст. Ин нишона танҳо хоси инсон аст ва он инсонро аз олами ҳайвонот ҷудо сохтааст. «Ҳайвон танҳо мувофиқи андоза (ченаки) ва талаботи ҳамон намуде, ки ба он тааллуқ дорад, месозад, дар ҳолате, ки инсон метавонад мутобиқи ченаки ҳар намуд истеҳсол карда, ба предмет андозаи хоси онро гузошта, дар ҳамин замина инсон метавонад, инчунин тибқи қонунҳои зебоӣ биофарад»[10]
Дар баробари он инсон ҳамчун мавҷуди табиию биологӣ дар робитаи генетикӣ ба тамоми олами ҳайвонот хоҳад монд. Албатта, набояд меросияти генетикии ҳар фардро сарфи назар кард. Аммо на қонуниятҳою омилҳои биологӣ, аз нуқтаи назари Маркс, моҳияти иҷтимоӣ ва ҳастии ичтимоии инсонро муайян месозад. Ҳатто дар раванди ташаккули инсон ба қобилияти ақлона меҳнат кардани ӯ низ на натиҷаи интихоби табиӣ, балки омилҳои дигар аст. Инкишофи иҷтимоии инсон на ба қонунҳои генетикӣ, балки тавассути қонунҳои иҷтимоӣ ба меросӣ мегузаранд. Ҳамин тавр моҳияти инсон аз низоми мушаххаси таърихии муносибатҳои ҷамъиятӣ бармеояд, на чизи дигар. Вале фалсафаи марксистӣ дар инсон мавҷуди фаъолеро, ки қобил аст воқеиятро дигаргун созад, мебинад. Шахс-ин воҳиди нисбатан мустақил ва ба маънои маълуме худмухтор буда, онҷое, ки ӯ шароитҳои объективӣ ва қонунҳои инкишофи ҷомеаро маърифат намудааст, собитқадамона амал менамояд. Аммо шахс, таъкид мекунад Маркс, дар танҳоӣ амал намекунад ва дар танҳоӣ наметавонад фаъолияти хешро воқеан татбиқ созад. Танҳо дар доираи коллектив ва ба воситаи коллектив метавонад худро комилан амалию татбиқ кунад. Аз ин рӯ, зикр мекунад ӯ, чунин алтернативае чун: ё коллектив ( ҷомеа) ё фард (шахс) ноустувор аст. Арзиши амалии шахс, арзиши сифатҳои инсон танҳо дар муносибати ӯ бо ҷамъият, бо одамони дигар маълум мегардад. Чунин аст ҷиҳатҳои асосии проблемаи инсон дар фалсафаи марксистӣ: хоҳед, ки инсонро маърифат созед ҷамъиятеро, ки ӯ онҷо зиндагӣ дорад, бояд донед. Ва ин бошад танҳо дар роҳи коркарди фаҳмиши диалектикию материалистии ҷамъият ва таърихи он муяссар мегардад, таъкид мекунад фалсафаи марксистӣ.
[1] К.Маркс. Экономическо- философские рукописи 1844 года. // Маркс К., Энгельс Ф. Соч. том. 42. с.96.
[2] К.Маркс. Экономическо- философские рукописи 1844 года. // Маркс К., Энгельс Ф. Соч.том. 42. с.94.
[3] К.Маркс …………………………..// Маркс К., Энгельс Ф. Соч. том. 2, с.264.
[4] К.Маркс. Экономическо- философские рукописи 1844 года. // Маркс К., Энгельс Ф. Соч.том. 42. с.97.
[5] Маркс К. Тезисы о Фейербахе // Маркс К., Энгельс Ф. Соч. том.3.с.4.
[6] Ф.Энгельс. Письмо В. Боргису.// К.М.Ф.Э.Т.соч.39, с.174.
[7] К.Маркс. Экономическо- философские рукописи 1844 года. // Маркс К., Энгельс Ф. Соч.том. 42. с.119.
[8] К.Маркс. Экономическо- философские рукописи 1844 года. // Маркс К., Энгельс Ф. Соч.том. 42. с.47.
[9]К.Маркс, Ф.Энгельс. Немецкая идеология.// Маркс К., Энгельс Ф. Соч. том.3.с.54.
[10] К.Маркс. Экономическо- философские рукописи 1844 года… с.94.