Масъалаи шуур, назарияи маърифат ва мантиқ

 Бунёди  методологии ҳалли масъалаи  шуур  ва  консепсияи «масъалаи асосии фалсафа»-ро  метавон дар осори  муштаракан  навиштаи К.Маркс ва Ф.Энгелс  «Идеологияи немис», «Хонадони валиён…» ва ѓайра  дарёфт намуд.  Ташаккули  инсон ба  марҳилаи  аз худ намудани  предметҳои  тайёр  ва  гузаштан ба  меҳнат алоқамандии зич  дорад.  Дар   ҷараёни  меҳнат  таназзули  инстинктивии (ѓаризаи) бунёди  психикаи  ҳайвон  сурат  гирифта,  механизмҳои  фаъолияти  бошуурона эҷод  мешаванд. Дар  ниҳоди  меҳнат шуур пайдо шудаю  инкишоф ёфта, онҷо  татбиқ гашта, олами  табиати инсонӣ  ва олами  маданиятро  ба  вуҷуд  меорад.   Аз нигоҳи  марксизм  шуур  метавонист   танҳо  ҳамчун  функсияи  майнаи  мураккабсохтае бо андозаи боз  ҳам  мураккаб гаштани таркиботи ҳиссию предметии фаъолият  ва  муносибатҳои  иҷтимоӣ     дар  ҷараёни       шаклҳои мухталифи мубодилаю муносибату муованат,  пайдо  шавад.  Маҳз дар ҳамин  раванд  инсон бо ёрии олот   предметҳоро  ба  шаклҳои сунъии робитаи мутақобила  ҷалб месозад.   Истифодаи олот ва  низоми  нишонаҳои  нутқ  дар шакли ишора, садою савтҳо, яъне  гузаштан  ба  фаъолияти на  танҳо амалӣ, балки фаъолияти     рамзӣ  дар  шароиту муҳити   муқарраршудаи  тӯдаҳои  ҷомеаи  ибтидоӣ  ва  баъд  ҷомеаи авлодӣ  тамоми  сохтори рафтори  инсонро дигаргун сохт.   Мантиқи  фаъолияти эҳсосӣ-предметӣ  ва  системаи ишораҳо дар амалҳои  коммуникатсионии  онро эҷодкунанда,  ки  зарурати меҳнати муштаракро    тақозо  дошт, ба ҳолати  интериоризатсия, яъне  ба нақшаи ботинии фаъолияти фикрӣ табдил ёфтанро  мусоидат намуд. Ҳамчун  олоти фаъолияти ботинӣ ва усулу воситаи    низоми ишораю нишонаҳо- забон  баромад мекард. «  Забон   танҳо   аз   талабот, аз  зарурати ногузири муносибат  бо одамони дигар  пайдо мешавад.  Шуур   низ   аз аввал    маҳсули  ҷамъият  аст  ва    ҳамин тавр   хоҳад   монд   то   замоне, ки   одамон   мавҷуданд.  Шуур,   албатта,   аз   аввал  маърифати муҳити наздиктарини  эҳсосан муроқибашаванда  ва   дарки  робитаи  маҳдуди    фардҳои  акнун ба дарки хештан сарфаҳм раванда- бо   шахсону  ашёҳои дигар,  мебошад»[1]  

       Соли  соли  1886  Ф.Энгелс асари  « Л. Фейербах ва хотима ёфтани фалсафаи классикии немис»-ро навишта онҷо ба мавзӯи  шуур таваҷҷӯҳи махсус медиҳад: « Масъалаи бузургу асосии ҳама фалсафа, хусусан фалсафаи навтарин, менависад, ӯ- ин масъалаи муносибати  тафаккур  ба ҳастӣ мебошад»  Мундариҷаи муҳими онро алтернативаи «чӣ аввал меистад: рӯҳ ё табиат» ташкил мекунад. Дар робита ба ҳалли ин масъала проблемаҳои боқимонда, ки ба майдони фалсафа ворид мешаванд, аз қабили худи ҳамин проблемаи шуур, фаҳмиши он  ва дигар  проблемаҳое, ки аз ҳамин проблемаи асосӣ бармеояд, арзёбӣ мегашт.  Энгелс  танҳо фаҳмиши проблемаро, ки мундариҷаи онро ҳанӯз К. Маркс дар осори аввалаи худ тарҳрезӣ карда буд, устувортар  муқаррар месозад. Ҳастӣ аввал буда, шуур дуюм аст – ин принсипи фаҳмиши монизми  материалистӣ   ҳамзамон принсипи  фаҳмиши марксистии шуур ба шумор меравад.      

          Муҳимтарин мафҳуми назарияи марксизм оид ба шуур  ин мафҳуми «инъикос» мебошад. Дар раванди фаъолияти ҳаётию  таърихӣ,  дар рафти амалияи таърихӣ ташаккул ёфта, инсон шуури хешро таҳия сохтааст, ки малакаю тарзҳои фаъолияти ҷамъиятии инсонҳоро дар шаклҳои махсуси инъикос фаро гирифта, ҳамчун функсияи хотираи иҷтимоии инсон баромад мекунад.  Характери фаъоли шуур, қувваи идеяҳоеро, ки «оммаҳоро соҳиб шудааст», таъкид намуда марксизм шуурро ҳамчун инъикоси ҳадафхоҳонаю мақсадноки  воқеият баҳогузорӣ мекунад. Энгелс таъкид менамояд, ки набояд «шуур» ва «тафаккур»-ро сирф натуралистона, оддиёна, қаблан мутазоди ҳастию табиат арзёбӣ кард. «Масъаларо тавре гузорем, ки тафаккур ва шуур чист, аз куҷо онҳо бармеоянд, он вақт мебинем, ки онҳо-маҳсули майнаи инсон ва худи  инсон бошад маҳсули муҳити муайянест ва бо он муштаракан ташаккул меёбад».[2] Бунёдгузорони марксизм қотеъона ба муқобили скептикҳо ва агностикҳо, ки мекӯшиданд ҳадди касногузареро барои  тафаккур ва маърифат бунёд созанд, баромад карданд. Аз ҷумла  Энгелс андешаи  физики шинохтаи олмонӣ  Гелмголсро  (материалисти ноустувореро, ки ба агноститсизми накантианӣ  майл дошт)  дар хусуси  навоқиси биноии инсон ва  заифии таркиботи узвии чашми инсон  дар муқоиса ба  биноии  мавҷудоти дигар,  танқид мекунад. Инчунин Энгелс аз асари Ҷ. Леббок ( тавассути тақризи  Ҷ. Роменс) иқтибос меорад, ки онҷо  мухтассар зикр мешавад:   ҳассосияти мурчаҳо ба шуъоҳои  ултрабунафш баланд буда, дар ҳамин замина  Ҷ.Леббок андеша пеш меорад, ки мурчаҳо ин шӯъоҳоро мебинанд дар сурате, ки инсон онро намебинад ва ба хулосаи он ки баъзе аз зуҳуротҳо маърифатнашавандаанд,   меояд. Энгелс ба чунин хулосаи тамоили кантгароӣ дошта, розӣ намешавад. Аввалан норасоии чашми мо зарур аст: чашме, ки ҳама гуна  нуру  шуъоро мебинад, аслан ҳеҷ чизро  дида нахоҳад тавонист.  Ва баъд дар маърифати ин нурҳои барои мо ноаён  дар муқоиса ба мурчаҳо мо  хело  пеш рафтаем. Чунки мо исбот месозем, ки мурчаҳо чизҳоеро мебинанд, ки мо намебинем ва исботу ҳаққонияти  ин ба муроқибаи чашми мо асос ёфтааст, ин бошад нишон медиҳад, ки сохтори махсуси чашми инсон наметавонад сарҳаде барои маърифати инсонӣ бошад. Зеро ки ба чашми мо на танҳо дигар эҳсосҳоямон, балки  фаъолияти  тафаккури мо ки ба асбобҳои  нерӯманду мукаммал такя дорад, ҳамроҳ аст.[3] 

      Материализми диалектикӣ  ҳақиқатро  ҳамчун ҳақиқати объективӣ  дониста,  шаклан онро субъективӣ  ҳисобад ҳам, мундариҷаи онро объективӣ медонад ва  нақши объективӣ будани онро муайянкунанда баҳогузорӣ мекунад.  Мундариҷаи ҳамаи назарияҳои ҳақиқӣ  ба ин маъно объективианд, ки аз  инсону инсоният  новобастаанд.

        Назарияи маърифати марксизм  аз материализми муттасилу собитқадам  манша гирифта, дар баробари он аз анъанаҳои назарияи маърифати   диалектикии  фалсафаи классикии  немис интиқодона истифода мебарад ва нақши фалсафаи классикии  немисро дар такмили назарияи маърифат қадр мекунад. «…тадқиқи шаклҳои тафаккур, категорияҳои мантиқӣ вазифаи хело ҳам  наҷибу бошарафонаю  заруриест, ки барои ҳаллу фасли системавии он баъд аз Арасту,  танҳо Гегел даст зад»- зикр мекунад, Энгелс дар ҳамон қисмати ба маърифат бахшидаи «Диалектикаи табиат».

Назарияи маърифати  марксизм диалектикаи субъективӣ ва диалектикаи объективиро дар назар дошта,  диалектикаи субъективӣ ё ин ки  диалектикаи маърифат диалектикаи олами объективиро бо шаклҳои  хоси он инъикос менамояд. Аммо ин инъикос механикию оинавӣ набуда, балки робитаи фаъолонаю мутақобилаи субъекти маърифаткунанда ва объекти маърифатшаванда аст. Дуюм, ѓайр аз қонунҳои умумӣ,  дар ҷараёни маърифат қонуниятҳои махсуси диалектикӣ  ва усулҳои хоси маърифатие амал мекунанд, ки  наметавон онро ба чизи баробарқиёси моддие пайваст кард, таъкид мекунанд  Маркс ва Энгелс. Маърифати ҳақиқат ё ин ки инъикоси дурусти олами объективӣ, аз нигоҳи онҳо раванди мутазоди диалектикӣ аст. Ҳақиқат бошад нисбӣ ва мутлақ буда, материализми диалектикӣ ҳақиқатро ҳамчун раванди  инъикоси  мутаносибан таърихии  воқеият  медонад. Нисбӣ будани ҳақиқат ба он хотир аст, ки дар ҳар марҳилаи инкишофи таърихӣ  объектро  сирф дар ҳадди маълуме, шароиту муносибатҳои таѓйирёбандае мавриди омӯзиш  қарор   медиҳад.  Бо андозаи  прогресси маърифат  инсоният нисбияти ҳақиқатро бартараф  намояд ҳам, вале комилан онро бартараф карда наметавонад. Вале дар ҳар ҳақиқати нисбӣ ба хотири он ки он объективӣ аст, қисман ҳақиқати мутлақ нуҳӯфта аст. Ва беҳуда нест, ки  Энгелс қабл аз ҳама зиддияти байни ҳақиқати мутлақ ва ҳақиқати нисбиро зикр мекунад. Агар таҳти ҳақиқати мутлақ  маърифати комили ҳама мавҷудотро фаҳмем, дар ин ҳолат табиист, ки на инсон ва на инсоният ба он қобил нест. Зеро олам беҳудуд паҳною   васеъ ва  беохир амиқ буда, ҳамеша таѓйир меёбад. Маърифати пурраи он дар кадом як лаҳзае, агар чунин як ҳолати ѓайриэҳтимолие  рух диҳад ҳам,  лаҳзаи дигар алаккай кӯҳна шудааст. Агар  таҳти  ҳақиқати мутлақ  ҳақиқати объективие, ҳақиқате, ки дуруст буда, инъикоси кадом ҷузъиёте, порчаи раванди воқеияти аз инсон новобастае бошад, он вақт маърифат имконпазир аст. Аз нигоҳи Энгелс ҳадду сарҳади касногузари байни  ҳақиқати ҷузъию нисбию нопурра ва ҳақиқати пурраю мутлақ вуҷуд надорад. Раванди  маърифат ба андешаи  бунёдгузорони  марксизм, диалектикӣ буда, ҳақиқат- натиҷаи шахшудаю карахтгашта нест, балки раванди муттасилу беҳудудест ва ҷараёни ҳамешагию пай дар паи  гузаштан аз як ҳақиқати нисбӣ ба дигаре  буда, ҳар дафъаи гузариш  ҳиссаи бештари ҳақиқати мутлақро дар  худ  мегирад. Маърифат нисбӣ, релятивӣ аст, вале набояд онро ба релятивизми  холису урёну беҳудуде айният донист. Назарияи маърифати материализми диалектикӣ релятивизми ҳақиқатро  ба маънои бартараф нашудани  гумроҳи  тақдирсозандае,  ки гӯё дар нокомилии биопсихологии инсон ё   табиати антропологии  ӯ  нуҳӯфта бошад, инкор мекунад. Маърифат зиддиятнок буда, ягонагии мутазодҳоро, яъне оѓози  нисбият ва мутлақро ифода менамояд. Масъалаи ҷиддии назарияи маърифат ин асоснок намудани меъёри ҳақиқат аст. Бунёдгузорони марксизм дар роҳи ҳалли ин масъала, консепсияи амалияи ҷамъиятию таърихиро таҳия  сохтанд. Дар фаҳмиши онҳо  амалия ин фаъолияти моддӣ, эҳсосӣ, предметӣ, ҳадафнигоронаи инсони ҷамъиятӣ аст.  Ҳанӯз дар «Тезисҳо дар бораи Фейербах» амалияро ҳамчун «фаъолияти эҳсосии инсонӣ», «фаъолияти предметӣ»  тасвир сохта, нишонаи асосии онро фаъолияти амалию бевоситаи дигаргунсозӣ дар раванди робитаи мутақобилаи инсону табиат медонад. Амалия заминаи ҳамаи шаклҳои фаъолияти ҳаётии инсон буда, «Одамон истеҳсолоти моддӣ ва муносибатҳои моддии худро инкишоф дода,   ҳамзамон бо ин  воқеияташон, инчунин тафаккур ва маҳсули тафаккури хешро таѓйир медиҳанд»[4]  Мундариҷаи маърифатро аз худ намудану омӯхтан ва дигаргунсохтани объектҳою низоми табиию иҷтимоӣ ташкил мекунад.  Шакли асосии амалия аз нигоҳи бунёдгузорони марксизм  истеҳсоли боигариҳои моддӣ ва олоти меҳнат, фаъолияти иҷтимоие, ки ба таѓйироти воқеии муносибатҳои ҷамъиятӣ, низомҳои сиёсӣ меорад, инчунин экспериментҳои илмие, ки бо истифодаи таҷҳизоту асбобҳо сурат мегирад, ба ҳисоб меравад.  Мустақилияти нисбии фаъолияти маънавиро, ки Маркс ва  Энгелс дар «Капитал», «Назарияи арзиши изофа», дар мактубҳо ва ѓайра зикр мекунанд, ҳаргиз маънои мустақилияти назарияро надошта, маънои онро дорад, ки робитаи онҳо мустақиму ростхата набуда, балки мураккабу мухталифест дар шаклҳои гуногуни шуур ва марҳилаҳои гуногуни таърих.  Амалия ба чунин категорияҳо аз қабили фаъолият, меҳнат, истеҳсолот алоқаи ногусастанӣ дорад. Аммо дар низоми ин категорияҳо амалия мақоми махсусро ишѓол карда, фаъолияти ҷамъиятро аз мавқеи махсус ифшо месозад.  Агар меҳнат фаъолияти фардро (дар шаклҳои гуногуни он:  ҳиссӣ – моддӣ ва маънавӣ) ҳамчун субъекти муносибатҳои иқтисодӣ дар назар дошта бошад,  амалия бошад фаъолияти ҳиссӣ – моддии   фарогири  шаклҳои мухталифи муносибатҳои ҷамъиятист, ки онҷо мақсад, воситаҳои фаъолият, предмет ва маҳсули фаъолияти  амалии инсон ва  худи раванди фаъолият ҳузур дорад. Дар таркиби амалия бунёдгузорони марксизм талабот ва дар заминаи он пайдо шудани мақсад ва ҳавасмандии фаъолият, худи фаъолияти мақсаднок, воситаҳои татбиқи  он ва натиҷаҳои ба даст омадаро ҷудо мекунанд. Бартарияти бевоситаро соҳиб шуда, амалия аз нуқтаи назари онҳо ҳамчун меъёри олии ҳақиқат баромад мекунад. Ҳеҷ бадӣ надорад агар   ибораи машҳури В.И. Ленинро инҷо ба мавқеъ мисол биёрем: «Аз муроқибаи зинда ба тафаккури абстрактӣ ва аз он ба амалия,    чунин  аст,  роҳи диалектикии  маърифати ҳақиқат…». Ҳамин тавр амалия дар марксизм на танҳо меъёри ҳақиқат, балки нерӯи ҳаракатдиҳанда ва дар дараҷаи муайяне – мақсади маърифат баромад мекунад. Хусусияти муҳими фалсафаи марксизм ин ягонагии диалектика, назарияи маърифат ва мантиқ мебошад. Таҳти мафҳуми мантиқ, Маркс ва Энгелс (чун Гегел) на мантиқи шаклӣ, балки мантиқи диалектикиро, яъне диалектикаи субъективӣ, диалектикаи тафаккурро мефаҳмиданд. Ягонагии диалектика, мантиқ ва назарияи маърифатро набояд мутлақ ҳисобид. Диалектика қонунҳои умумитарини инкишофро новобаста ба соҳаи амали он омӯхта, назарияи маърифат- амали ин қонунҳоро дар раванди маърифат тадқиқ мекунад, ки онҳо хусусияти хоси хешро соҳиб мешаванд ва мантиқи диалектикӣ бошад, диалектикаи объективиро инъикос намуда, таълимотест дар бораи амали қонунҳои диалектикӣ дар тафаккур, дар бораи усулҳои тафаккур, ки дар заминаи ин қонунҳо таҳия мешаванд. Аз нуқтаи назари мантиқи диалектикӣ, шаклҳои тафаккур, категорияҳо шаклҳои умумитарини фаъолияти предметии инсони иҷтимоӣ, воқеияти дигаргункардашуда дар шуур аст, ки Ф.Энгелс хело ҷолиб тасвир мекунад: «…муҳимтарин ва наздиктарин бунёди тафаккури инсон ин маҳз таѓйир ёфтани табиати инсон ва на танҳо сирф табиати он, балки хиради инсон аст, ки вобаста ба омӯхтани дигаргунсозии табиат аз ҷониби инсон, он низ инкишоф меёбад». Субъекти тафаккур на фард, балки шахс дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ аст. Ҳама шаклҳои фаъолияти ҳаётии инсонро табиат надода, балки инсон ин шаклҳои фаъолиятро дар ҷамъият, дар раванди ташаккули маданияти инсонӣ  соҳиб   мешавад. Принсипҳои муҳимтарини мантиқи диалектикӣ ин тасдиқи робитаҳои умумитарин ва ба ҳамалоқамандии зуҳуротҳо ва инкишофи он аст, ки тавассути зиддиятҳо амалӣ мегардад.  Ба қавли яке аз марксистони шинохта В.И. Ленин  мантиқи диалектикӣ  тақозо дорад, ки предметро дар рафти инкишофи он, «худҳаракатию» таѓйироти он бояд дар назар дошт.  Ленин  шонздаҳ унсури диалектикиеро, ки  тасвири мантиқи диалектикӣ аст, ном мебарад. Ин унсурҳои тасвири мантиқӣ инҳоянд: объективият, куллият, инкишоф, зиддияти дохилӣ, чиз (ашё) ҳамчун ягонагии мутазодҳо, мубориза,  пайвасти анализ ва синтез,  робитаи универсалӣ, ки на танҳо ягонагии мутазодҳоро, балки  алоқамандии ҳар ашёро бо дигараш дар назар дорад,  ифшои беохири раванди муносибатҳои нав – аз зуҳурот ба моҳият, аз мавҷудият ба сабабият, такрори сифату хосиятҳои сатҳи поёнӣ дар  инкишофи сатҳи олӣ, баргаштан ба шакли кӯҳна ( инкори инкор ), муборизаи мундариҷа бо шакл ва баръакс, гузаштани миқдор ба сифат ва ѓайра.[5]   

 Сохтори мантиқи диалектики марксистӣ бо фарогирии ҷиҳатҳои умумии хеш манзараи воқеии инкишофи маърифати инсониро, раванди ҳаракати онро аз ҳастии бевоситаи чиз ба моҳияти он инъикос мекунад.  

     Ф.Энгелс «Барои мо ҳама гуна андешае, ки файсалаҳои хотимавӣ ва ҳақиқатҳои  абадиро тақозо мекунад,  ҳоло ва ҳамеша гум  хоҳад шуд; Мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард, ки донишҳои аз худ намудаи мо ногузир    вобаста  ба шароитҳое, ки мо онро дарёфт кардем, маҳдуд ва шартӣ мебошанд»[6] Ба хулоса омадан мумкин аст, ки характеристикаи ҷомеаи капиталистӣ, ки дар заминаи воқеияти охири асри 19 ва аввали асри 20 таҳия шуда буд, табиист, ки  дигар  гаштаю таѓйир ёфта ва баҳогузории наву хулосабарории фарқкунандаро мехоҳад. Симои иҷтимоӣ, идеявӣ, ахлоқӣ ва психологии табақаи коргар  ҳамчун пешбарандаи прогрессии ҷамъият ва  қувваҳое, ки дар шароити таърихии замони муосир чунин нақшро иҷро мекунанд, ба куллӣ таѓйир ёфтааст. Аммо, ҳатто саҳифаҳои кӯҳнашудаи  китоби бузурги Марксро набояд барканд. Осори Маркс абадӣ ба таърихи фарҳанги аврупоӣ ва ҷаҳонӣ сабт шуд. Мутаассифона,  нафароне аз қабили А. Гангнус дар  «Литературная газета» (25 декабри 1996, саҳ.3)   менависанд: «…Коммунизм фавтид – ҳамчун ба сифати матни даҳшатангези фарҳанги ҷаҳонӣ гум шудаву меросхӯронро низ боқӣ нагузошт». Ин маънои онро дорад, ки нисбати  Афлотун, Арасту,  Гераклит, Гегел, Фейербах ва  мутафаккирони зиёде, ки осори онҳо аз нигоҳи замони муосир кӯҳна шудаанд, чунин ҳукмро додан мумкин аст. Ин маънои онро дорад, ки тамоми сутунҳою пойдеворе, ки донишҳои инсон болои он гузошта шудаанд, шикаста гаштаю танҳо «сарпӯши» тасаввуротҳои буруазию либералие, ки  ба  нақшҳои ба назар дилфиреби тартиботҳои  ҷомеаи   сармоядории муосир  зеб дода шудаанд, боқӣ монаду халос. Ѓайр аз ин дар ҳама ҷамоаи обрӯманди илмӣ  ин ё он олимро на барои он ки чӣ  кашфиёту назарияеро ифшо накардааст, балки барои он  эътирофу қадр мекунанд, ки  чӣ кореро анҷом додаю чӣ идеяеро, ки  таҳкимбахшандаи  низоми ҷаҳонбинии инсоният аст, ба миён гузоштааст.  Аз лиҳоз Маркс ва таълимоти бузурге,  ки ӯ эҷод кардааст, дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ саҳифаи   дурахшонест, ки онҷо танҳо шумораи маҳдуди мутафаккирон ҷой доранд. 

      Муҳаққиқине ҳастанд, ки ба назарияи културологию тамаддунӣ такя карда, дар амал татбиқ нашудани назарияи форматсионии   Марксро ҳамчун ҷиҳати ноустувории назариявии он баҳогузорӣ мекунанд. Ҳаминро бояд гуфт, ки шикасти низоми сиёсию иқтисодии Шуравӣ ҳаргиз маънои ноустувории  назарияи форматсионии Марксро надорад. Ҷомеаи капиталистӣ, ки Маркс онро таҳлили амиқу илмӣ кардаю  ҷиҳатҳои характернок, асрори инкишофи  онро  ифшо кардааст, ҳанӯз побарҷой боқӣ мондааст. Вале ин сохти ҷамъиятӣ, ки имрӯзҳо рӯ ба инсон овардааст, дар бештаре аз самтҳои ҳаёти ҷамъиятии  хеш аз барномаи иҷтимоии марксизм  баҳрабардорӣ намудааст. Ѓайр аз ин Маркс дар  осори баъдии худ аз роҳҳои осоиштаи гузаштан ба коммунизм ҳарф мезанад, ки дар ин ҷомеа  озодии инсон, ҳуқуқи инсони коргар ҳифз мешавад.  Вазъияти синфи коргар  дигар шуда, симои иҷтимоии ӯ низ таѓйир ёфтааст. Прогресси ҷамъиятӣ  инсони заҳматкаши ҷомеаи постиндустриалию  замони технологияи ахбориро эҷод кардааст.

Вале дар ҳар сурат таълимоти иҷтимоии Маркс, самтҳои асосии  назарияи ҷомеаи капиталистиро, ки Маркс анҷом додаст, аҳамияти худро гум  накардааст.   Ҳафтаномаи  «Эхо планеты»   таҳти сарлавҳаи «Ба ҳар ҳол Маркс ҳақ буд» менависад, ки   «Мӯйсафеди  Карл, агар зинда мебуд, метавонист ба пешгӯии худ ифтихор мекард: монополизатсияи капиталу бозор дар ҷаҳони муосир айнан ба ҳамон нақшаи кашидаи ӯ пеш меравад.

 «Фольксваген», «Рол- Ройс», «Крайслер»,  «Даймлер – Бенц»,  «Дойче-Телеком», «Франс-Телеком»: иншоотҳои бузурги олами саноат  бештар иттиҳодияҳое месозанд, ки   пеши онҳо бозорҳои ҷаҳонӣ сар мегузоранд» [7]


[1] К.Маркс, Ф.Энгелс.  Немецкая идеология. //К.Маркс, Ф.Энгельс. Соч.  Т.3, с.29.    

[2] Ф. Энгельс.     Анти-Дюринг. //Маркс  К., Энгельс Ф. Соч.том.том. 20, с.34-35

[3] Ф. Энгельс. Диалектика природы. М. Политиздат, 1982, с.207.

[4] К.Маркс,  Ф.Энгельс.  Идеологияи немис // Маркс  К., Энгельс Ф. Соч.том.3.с.25.   

[5] Ленин В.И. Соч.т. 38,  с.213-225. 

[6] Ф.Энгельс. Людвиг Фейербах и конец классической немецкой философии// К.Маркес, Ф.Энгельс. Соч. Том, 21, с.302.

[7]         «Эхо планеты». 7-13 августа 1998 года.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.