Марксизми Аврупои Ғарбӣ

Марксистон – назариётчиёни Интернатсионали

 Барои фалсафаи асри 20  чунин идеяҳои  К.Маркс  аз    қабили назар ба қонунҳои иҷтимоӣ ҳамчун раванд,  тадқиқи танқидии меҳнати бегонашуда, шарҳи озодӣ ҳамчун раҳо   ёфтану озодшавӣ аз муқаррароти тоқатфарсо дар шароити феълан  вуҷуддоштаи объективӣ, нуқтаи назари он ки илми иҷтимоӣ хамчун назарияи интиқодии ҷамъиятӣ аст  ва ғ. маҳбубият пайдо карданд.  Муҳаққиқонро тамоили мутаззоде  дар фалсафаи  К.Маркс   ҷалб мекард,  ки  моҳиятан чунин  аст: сотсиализм ҳамчун салтанати зебоию истеъдод баррасӣ мешавад,     вале   таълимоти ӯ дар бораи субъекти инқилоби пролетарӣ бошад ин идеали гуманизми инсондӯстонаро ба шубҳа мегузорад. Ё ин ки  зарурати ногузири  таркиши инқилобӣ бо  нақши пролетариат ҳамчун мунодию мубаллиғи тамаддуни инсоният  бо ҳам дар зиддият қарор гирифтаанд.  Дар эволютсияи  фалсафаи марксизм баъд аз фавти  бунёдгузорони он  марҳилаҳои зайл мушоҳида мешавад: аввалан инкишофи марксизм дар Ғарби Аврупо ниммаи дуюми асри 19  асосан ин назариётчиён ва ходимони Интернатсионали 2  буданд, дуюм инкишофи марксизм аз ҷониби Ленин,  Плеханов ва пайравони он то миёнаҳои асри 20 ва марҳилаи сеюм ин неомарксизм ва марксизми ғарбии ниммаи дуюми асри 20.  

Ҳаракати коргарии аврупоии  охири асри 19-ро назариётчиёни   Интернатсионали дуюм роҳбарӣ  мекарданд, ки дар миёни онҳо нақши  марксистон хело қавитар аст. Зеро ки дар рафти омодагӣ ба ташкили Интернатсионали 2  ва конгресси таъсисдиҳандаи он  соли 1889,   бевосита Ф.Энгелс саҳм дошт    ва даҳсолаи аввали фаъолияти  Интернатсионали 2 таҳти таъсири идеявии марксизм ва иштироки мустақими назариётчиёни марксизм сурат гирифта буд.  Шинохтатарин назариётчиёни марксизм Ф.Меринг, К.Каутский, П.Лафарг, А.Лабриола ва ғайра дар ҷараёни фаъолияти Интернатсионали 2 ширкат варзиданд ва ҳамзамон дар тақвияти идеяҳои марксизм, инчунин дар тағйиру  табдили гуногунназару ихтилофмазмуни  фаҳмиши таълимоти К.Маркс  бо осорашон,   нигоҳи тоза  ворид сохтанд. 

Франс Меринг (1846-1919)

   Франс Меринг (1846-1919)   назариётчии марксист, яке аз доҳиёни қаноти чапи сотсиал-демократия ва яке аз  бунёдгузорони Партияи Коммунистии Германия. Дар марҳилаи аввали фаъолияти эҷодии худ аввал идеалист,  пайрави Фейербах  ва сипас ба қатори ихлосмандону  алоқамандони К.Маркс ворид шуда, дар ташаккулу тавсиаи марксизм  нақши хосса бозидааст. Ба қалами ӯ мақолаҳои зиёде доир ба проблемаҳои фалсафаи классикии  олмонӣ, хусусан И.Кант тааллуқ доранд. Таваҷҷӯҳи ӯро осори Гартман, Шопенгауэр, Нитсше ҷалб кардааст ва оид ба материализми илмию табиатшиносӣ, дарвинизм,  махизм,  назарияи навкантианӣ ва навгегелчигӣ, инчунин   доир ба муносибати марксизм ба дин, ба масеҳият  мақолаҳои зиёде  навиштааст.  Ба  тадқиқи проблемаҳои фаҳмиши материалистии таърих ҳанӯз дар давраи зинда будани Ф.Энгелс  машғул гашта,  асари   ӯ « Қиссаҳо  дар бораи Лессинг» ҳамчун беҳтарин тадқиқоти таърихӣ  оид ба ташаккули давлати Пруссия,  аз ҷониби Энгелс баҳогузорӣ шудааст.  Мақолаи ӯ «Дар бораи материализми таърихӣ»  ба муқобили  П.Барт навишта шуда, онҷо таълимоти Марксро аз ҳамлаҳои ӯ ҳимоят менамояд  ва   фаҳмиши вулгарии  материализми таърихиро, ки баъзе аз файласуфон  ҳамчун схема, қолибу нусха фаҳмида,  фаъолияти мураккаби ҳаётии инсонро онҷо ҷой карданӣ мешаванд, танқид мекунад. Ӯ зикр мекунад, ки материализми таърихӣ  ба  ҳама гуна лоиҳаи сар-сарию худсарона таҳияшуда  комилан  оштинопазир буда,  бо формулаҳои урён  ва  бо  як  шона   қайчӣ задани  ҳаёти ҳамеша  тағйирёбандаи  инсоният номумкин аст.  Назари  Франс Меринг дар баҳои иҷтимоӣ- сиёсӣ  додан ба моҳияти синфии консепсияҳои фалсафӣ, ки ҳамзамон тобиши идеологӣ доранд, зоҳир шудааст.  Тибқи андешаи ӯ  танҳо  аз мавқеи муборизаи синфӣ метавон ба беназмию  нопайдоканории системаҳои фалсафӣ равшанӣ андохта,  дар тобиши шӯълаи он  ҷузъиётбандӣ ва тартибандозии ин  таълимотҳои фалсафӣ ба роҳ монда шавад. Дар асарҳои тадқиқотиаш хидмати И.Кантро дар ташаккули фалсафаи классикии  олмонӣ  (хусусан назария небуляриро)    қайд  карда,  таълимоти баъдии «чизҳои дар худ»-ро, ки  маърифатнашавандаанд, ҳамчун яроқе зидди материализм баррасӣ мекунад. Меринг моҳияти пессимистии назарияи Шопенгауэрро натиҷаи муҳити навмедонае медонад, ки  баъди шикасти инқилоби соли 1848,   байни интеллигенсияи олмонӣ эҷод шуда буд.  Ӯро яке аз аввалин муҳаққиқони марксисте медонанд, ки  таълимоти нитсшеаниро бо идеологияи агрессивии империализми  Германия дар робитаи мутақобила қарор медиҳад.  Асари ӯ «Карл Маркс.  Таърихи ҳаёти ӯ»  Karl   Marx. Geschichte seines Lehens»1918.) беҳтарин асари тарҷумаиҳолӣ  дар бораи Маркс эътироф шудааст. Вале назариётчиёни марксизм-ленинизм ӯро барои қотеона зикр накардани фарқияти принсипалии методи Гегел ва Маркс танқид намуда, дар осораш камтар истифода бурдани истилоҳи «материализми таърихӣ»-ро ҳамчун дур шудан аз диалектика ва заиф сохтани марксизм ҳукм намуданд. Баъди вафоти Ф.Меринг    файласуфони олмонӣ  Брандлер ва Тальгеймер  осори ӯро зимни ҳимояту татбиқи назарияҳои Маркс  ҳамчун «диалектики ҳақиқӣ» дар баробари  «хидматҳои» Ленин гузоштанд, ки боиси норозигию рашки роҳбарони Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ гашт  ва  ҳатто дар мактуби И.В.Сталин «Дар бораи баъзе масъалаҳои таърихи болшевизм» (1931)  фаъолияти пассивонаю манфии  нерӯҳои чапгарои олмонӣ – зимни  тадқиқотҳои марксистиашон,  мавриди танқид қарор гирифт.

Карл Каутский.  (1854-1938)

   Карл Каутский.  (1854-1938) Инкишофи идеявии К.Каутский аз андешаҳои томарксистӣ  ба  марксистӣ  ва аз он ба сентризм ва оппортунизм ҷараён гирифтааст. Шиносоии ӯ дар ибтидо ба идеяҳои Лассал, сипас афкори анархистӣ ва пайравӣ аз назарияи позитивизм  сурат гирифта, дар  таҳияи таълимотҳои ӯ таъсири ин ғояҳо эҳсос мешавад. Ҳатто дар таъсири  андешаҳои Малтус соли 1880 асари «Таъсири афзоиши аҳолӣ ба прогресси ҷамъият»-ро менависад. Танҳо соли 1881 бо Маркс ва Энгелс шинос шуда, алоқаманду пайрави идеяҳои онҳо мегардад.  Аммо новобаста аз таъкидҳои Энгелс ӯ майл ба афкори рӯҳияи опортунистона дошта, мекард. Ҳарчанд, ки дар таълимоти ӯ унсурҳои эклектикӣ ва софистика ҷой дошта бошанд, ҳам  ӯ ба қатори марксистони ортодоксалӣ дохил мешавад. Сухани машҳури  Энгелс дар бораи Каутский  маҳз оид  ба ҳамин  ишора аст:  «…педант ва схоласт, ба ҷои он ки масъалаҳои мураккабро ҳалу фасл кунад, баръакс соддаро чигил месозад»[1] Ба хотири таблиғи марксизм солҳои 80-90-уми асри 19 чанд асаре дар бораи таълимоти марксизм менависад: «Таълимоти иқтисодии Карл Маркс» (1887), «Масъалаи аграрӣ» (1900). Дар асари аввал,  ӯ  тавзеҳи осонбаёни «Капитал»-ро анҷом медиҳад, ки ба хотири тарғибу ташвиқи марксизм  нақши мусбӣ бозидааст. Дар  тафсири  қисмати назариявии «Программаи Эрфурт» (1892)    муқаррароти  муҳими  марксизмро тавзеҳи оммафаҳм дода, ногузирии иваз шудани истеҳсолоти капитализмро  ба сотсиализм  таъкид намуда, аммо дар масъалаи забт кардани ҳокимияти сиёсӣ аз ҷониби пролетариат шубҳа гузошта,  ба қавле аз марксизм  «ақибнишинӣ»  кард. Воситаи асосии инқилоби иҷтимоиро дар муборизаи парламентӣ медид.  Ба танқиди Энгелс оид ба ҷой надоштани диктатураи  пролетариат дар «Программаи Эрфурт» нигоҳ накарда,  дар асари «Парламентаризм, қонунгузории халқӣ ва демократияи иҷтимоӣ» (1893), ӯ идеяи муборизаи парламентариро дифоъ намуда,  оид ба  диктатураи пролетариат ба қавли Ленин «бузургтарин дастоварди синфи коргар» хомӯш меистад. Гумон меравад  ин мутафаккир даҳшати татбиқи диктатураи аз номи пролетариат ҷорӣ кардаи болшевиконро қаблан тасаввур  мекард, ки баъдҳо ҳам идеяи диктатураи пролетариатро қатъиян напазируфта,  ба меншевикон, ки  мухолифони болшевикон  буданд, бештар таваҷҷӯҳ мекунад.  Бо вуҷуди опортунизми Бернштейнро танқид карданаш,  « танқиди ленинии махизмро» низ ҳамовоз нашуд.    Дар брошюраи  «Қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва дурнамои  инқилоби рус» (1906-1907) тактикаи шӯриши мусаллаҳонаи болшевиконро маҳкум намуд.  Дар   асари дигараш «Этика ва   фаҳмиши  материалистии таърих»  муқаррароти  марксистии ин масъаларо дастгирӣ намуда,  пайдоиши ахлоқро ба шароитҳои моддӣ вобаста медонад. Аммо назарияи факторҳоро «омилҳоро) пазируфта, ба сӯи назарияи сотсиал-дарвинизм қадам мегузорад.       Дар асари «Роҳ ба сӯи ҳокимият», ки баъди шикасти инқилоби буржуазии солҳои   1905-1907  навишта мешавад,  воситаи ба даст овардани  ҳокимияти сиёсиро  бо   роҳи муборизаи синфӣ ва инқилоби пролетарӣ  имконпазир медонад,  вале дар нақшаи аввал шаклҳои   осоиштаи  муборизаи синфиро таъкид намуда, идеяи  шӯриши яроқноки болшевикиро инҷо ҳам дастгирӣ намекунад. Ғайр аз ин дарҳам шикастани машинаи давлатии буржуазиро низ напазируфта,   дар раванди инқилоб ҳамчун иттифоқчӣ, дастгирӣ ёфтани  пролетариат аз ҷониби буржуазияи хурд ва деҳконони камбизоатро  низ ба шубҳа мегузорад. Солҳои ҷанги якуми ҷаҳон ба муқарароту мафҳуми империализм  чунин назар  пешниҳод мекунад, ки империализм шакли махсуси сиёсати кишварҳои аз ҷиҳати  саноатӣ пешрафтае  мебошад, ки ба хотири тобеъ намудани  соҳаи аграрӣ кӯшиш намуда, бо роҳи омехта сохтани картелҳо ва трестҳо ба як фавқулиттиҳодияе табдил ёфта,    манфиати гурӯҳҳои мухталифи капитализми байналхалқиро  ҳимоя  карда,   бенизомиро дар истеҳсолот монеъ шуда,  ба ҳамин восита пеши роҳи  ҷангҳоро бозмедорад.  Андешаҳои баъдии Карл Каутский нисбати назарияи сотсиализм тағйир мехӯранд ва ӯ дар асари «Фаҳмиши материалистии таърих» («Die materialische Geschichtsauffassung» Bd  1-2, 1927) зикр мекунад, ки  наметавон идеяи сотсиализмро танҳо ба як материализми  диалектикӣ пайваст намуд. Ҷараёнҳои дигари фалсафие ҳастанд, ки аз таълимоти материализми диалектикӣ хело  дур буда,  фаҳмиши материалистии таърихро напазируфтанд,   вале идеяи сотсиализм ва принсипҳои сотсиал-демократияро  тараннум мекунанд.  Ӯ назари оштинопазири Ленинро нисбати позитивизм,  эмпириокрититсизм ва дигар ҷараёнҳои  фалсафаи  аврупоии аввали асри 20  ки онҳоро чун «ҷараёни идеалистӣ» ҳукм мекунад, норозист  ва  мувофиқати онҳоро ба марксизм таъкид менамояд.  Фаҳмиши материалистии таърих ба ҳамаи андешаҳои дигари фалсафӣ, ки методи диалектикаро қабул намудаанд ё дар зиддият ба он қарор надоранд,  метавонад оштипазиру дар ҳамоҳангӣ   бошад, менависад  К. Каутский.  Ленин  Каутскийро барои принсипҳои муборизаи сиёсии ӯро қабул накарданаш сахт маҳкум мекунад ва асари  «Инқилоби пролетарӣ ва муртад (маслакфӯруш) Каутский»-ро менависад, ки солҳои побарҷой будани Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ  конспект ва аз худ кардани он барои донишҷӯёни тахассусҳои гуманитарӣ тавсия мешуд.

Поль Лафарг (1842-1911)

   Поль Лафарг (1842-1911), яке аз назариётчиён ва мубаллиғи марксизм, дӯст ва шогирди Маркс ва Энгелс. Ба таблиғи идеяҳои марксизм  дар газетаи « Egalite», ки онҷо фаъолият дошт шурӯъ намуда, бо  мақолаҳои «Муборизаи синфӣ»,  «Партияи коргарӣ ва давлати капиталистӣ», «Эволютсия – револютсия» ва ғайра ташвиқу  тарғиби  муназзами  марксизмро дар Франсия  оғоз кард.  Дар асарҳои ба муқобили  мунаққидони Маркс навиштааш  «Ҳуқуқ ба коҳилӣ»(1880), « Иштиҳои фурӯхташуда»(1884),  «Пийи 9 дар биҳишт»(1891)  тамоми низоми ғуломии  капиталистиро, аз ҷумла динро  ҳамчун ҳимоятгари истисмори капиталистӣ сахт танқид мекунад.  Солҳои 90-уми асри 19,  вақте, ки оппортунизм  бо нерӯи афзоянда ҳизбҳои дар доираи Интернатсионали 2-ро таҳти таъсири худ медароварданд, Лафарг қатъиёна ба муқобили ҳама гуна ревизияи марксизм мубориза мебарад.  Ӯ   ҳама  шаклҳои фалсафаи идеалистиро душмани материализм ҳисобида, ҳамагуна «оштидиҳии» марксизмро бо идеализм  рад менамояд. Хусусан кӯшиши Бернштейнро, ки марксизмро бо фалсафаи кантианӣ «синтез» кардан мехост  инкор намуда,  ҳамзамон лаҳзаҳои материализмро дар таълимоти Кант эътироф карда,  идеализм ва  агноститсизми кантианиро  ба  зери танқиди сахт мегирад.  Ӯ алоҳида тасаввур кардани «ашёҳои дар худ» -ро аз инъикоси он дар шуури инсон  ва  муқобилгузории моҳияту  зуҳӯротро  ғайриилмӣ баҳогузорӣ мекунад.  Назарияи кантиании донишҳои априориро рад карда, нисбияту вобастагии ҳамаи шаклҳои маърифатро аз олами моддӣ зикр мекунад.  Дар асари соли 1910 навиштааш «Проблемаи маърифат» агноститсизмро танқид намуда, ба асоси гносеологии  он- кандашавии тарафи  ҳиссию  мантиқии маърифат,ба ҳадди  мутлақ расонидани ҳар як тарафи он, аз робитаҳои воқеии он  ва аз    амалия ҷудо донистани онро ишора мекунад.  Ӯ мавқеи Жоресро, ки марксизмро бо идеализми майлони афлотунӣ дошта созиш доданӣ мешуд  ва кӯшишҳои мӯҳаққиқони дигарро, ки фалсафаи Маркс ва Гегелро  шабоҳати ҳам медонанд  (хусусан ҳукми А.Раппопортро оид ба он ки  барои Маркс  «айнияти  воқеият мавҷуд аст»),  қатъиёна қабул надорад ва  зикр  мекунад, ки  идея низ ҳамчун  объект  воқеист,  зеро ки он  инъикоси дар майнаи сар  будаи ҳамин объект аст.   Аммо Маркс ҳеҷ  вақт айнияти инъикосшаванда  ва инъикос,  воқеияти объективӣ ва идеяро тасдиқ накардааст, таъкид мекунад П. Лафарг дар асараш « «Идеализм ва материализм дар шарҳи таърих».   Марксизм ягонагии ҳастӣ ва тафаккурро таъкид намуда, ҳеҷ гоҳ айнияти онҳоро  эътироф намекунад, идома медиҳад ӯ. Дар осори П. Лафарг масъалаи қонунияти  инкишофи забон тадқиқ шуда, зарурияти забони умумихалқиро  таъкид  мекунад ва ғановату ташаккули забонро вобаста ба сатҳи инкишофи   тафаккур медонад. Инкишофи тафаккурро бошад дар робита инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, боигарию гуногунии алоқаҳою муносибатҳо, мубодилаю муколамаҳо дар назар дорад. Ӯ андеша дорад, ки дар марҳилаҳои инқилобӣ  таркиботи забон ва фонди луғавӣ  тағйироти бештареро соҳиб шуда, жаргони табақотӣ вобаста ба муҳити иҷтимоӣ ба забон дигаргуниҳо ворид месозад. Ташреҳу тавзеҳи нодурусти ин андешаҳои Лафарг боиси он шуд, ки андешаҳои лингвистии ӯро  ҳамчун хусусияти синфӣ доштани забон (дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳатто дар муҳокимаҳою баёнияҳои И.Сталин) баҳогузорӣ карданд.  Лафарг проблемаи ахлоқи марксистиро  ба қавле  «ҳимоя намуда» дар заминаи «далелҳои зиёд» характери синфӣ доштани ахлоқу хулқияти инсониро дар ҷомеаи синфӣ нишон медиҳад. Дар соҳаи криминалистика ва асотиршиносӣ низ Лафарг андешаҳои худро баён кардааст, ки инҷо метавон хулосаи ӯро дар бораи он ки кушта шудани Ҳобил аз ҷониби Қобил (фарзандони аввали банни Одам)  инъикоси  тахаюлии зиддияти оштинопазири қабилаҳои чорводор ва зироаткор аст.

Антонио Лабриола  (1843-1904)

     Антонио Лабриола  (1843-1904)- файласуфи итолиявӣ, назариётчӣ ва таблиғгари марксизм,  ходими ҳаракати сотсиалистӣ.  Дар марҳилаи аввали фаъолияти эҷодӣ   Лабриола  пайрави    фалсафаи Гегел буд ва рисолаи илмии ӯ  таҳти  унвони  «Ҳимояи диалектикаи Гегел…» дифоъ шуд. Сипас Лабриола  мухлиси ақидаҳои гегелчиёни чап  мешавад ва ба мавқеи сотсиализм мегузарад. Ба осори бунёдгузорони марксизм шинос шуда, таълимоти баъдии худро бо марксизм пайваст. Дар таълифоти солҳои 90-ум навиштааш  андешаи онро, ки ҳаракати сотсиалистиро наметавон берун аз назарияи марксизм тасаввур дошт, дастгирӣ мекунад ва аҳамияти таърихию умумиҷаҳонии  фахмиши материалистии таърихро таъкид намуда онро ба назарияи позитивистии инкишофи ҷамъият муқобил мегузорад. Ӯ маърифати материализми таърихиро бе  омӯхтану  фаҳмидану  методи диалектикӣ номумкин мешуморад. Консепсияҳои мухталифи фалсафаи таърихро  таҳлил намуда, ӯ «назарияи муҳити географӣ» ва «назарияи омилҳо»-ро сахт танқид менамояд, инчунин фарқияти сифатии идеяҳои сотсиализми утопиявӣ (хаёлӣ) ва сотсиализми илмиро  нишон дода, ҳамзамон робитаи онҳоро ифшо мекунад. Аз мавқеи таълимоти Маркс оид ба давлат ва муборизаи синфӣ,  назарияи гегелии давлат ва ҳуқуқро танқид мекунад. Муқаррароти ӯ ки инкишофи халқҳоро хусусияти нажодиашон халалдор месозад аз ҷониби Плеханов ҳамчун шарҳи биологии ҷараёни таърихӣ баҳогузорӣ мешавад ва ин андешаро Плеханов  ба фаҳмиши материалистии таърих номувофиқ арзёбӣ мекунад.   Энгелс ӯро барои айният сохтани методи диалектикӣ ва маҷмӯи усулҳои танқидие, ки  ҳам идеализм ва ҳам материализм истифода мебаранд, коҳиш медиҳад.  Ғайр аз ин муҳокимаҳои ӯро  дар рӯҳияи агноститсизми  навкантианӣ баҳогузорӣ карда, таъсири таълимотҳои томарксистиро дар осори ӯ мушоҳида мекунанд.  Нақши арзишманди А. Габриоларо  дар ташвиқи идеяҳои Маркс миёни коргарону равшанфикрони итолёвӣ  қадр карда, ходимони баъдии ҳаракати сотсиалистии Италия ҳиссаи сазовори ӯро дар вусъат ёфтани рӯҳияи инқилобии табақаи коргар зикр мекунанд.


[1] Маркс К. и Энгельс Ф.  Соч. том  27,  с.150

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.